tgindex
КАНЗИ ШИФО. ДОРУХОНАИ ТАБИӢ.

КАНЗИ ШИФО. ДОРУХОНАИ ТАБИӢ.

Статистика

📖📖📖 ДАР САҲИФА БЕҲТАРИН НАМУНАҲОИ ДАВОӢ АЗ КИТОБҲОИ ТИББИИ ТОҶИКИЮ ФОРСӢ ДОХИЛ ГАРДИДААНД. 📚📚📚 ИН САҲИФА БАРОИ ХОНАНДАГОНИ УМУМ ПЕШНИҲОД МЕГАРДАД. ✋✋✋ БО МО БОШЕД ВА ДӮСТОНАТОНРО ҲАМ БА САҲИФА ТАКЛИФ НАМОЕД. БАРОИ ИШТИРОК ТАШАККУР! @KANZI_SHIFO

Последний пост
15 авг.
Последнее чтение
15 авг.
Постов за неделю
92
Всего постов
136
Тип
открытый
Язык
tg
В каталоге с
12 авг.
Подписчики
2 178
−5 за 4 дн.
Сутки
−3
−0,14%
Неделя
 
Месяц
 
Просмотров на пост
8
40 постов
Вовлечённость
0,4%
к подписчикам
Постов в день
13,1
всего 136
Упоминаний
5
каналов
Охват размещения
оценка
1/24сутки в ленте
47
1/48двое суток
53
1/72трое суток
58

Оценка по просмотрам недавних постов: пост набирает почти всё за первые сутки.

Посты

  • без подписи

  • без подписи

  • без подписи

  • без подписи

  • без подписи

  • #Шифохонаи_табиат Зирк Растании бутагии сершох, дарозиаш то 1,5-2,0 метр, шохчахояш хордор. Зирк дар дараҳои Қаратоғ, Варзоб ва кӯҳҳои Фон, хусусан дар гирду атрофи Искандаркӯл вомехӯрад. Барои муолиҷа асосан реша, барг ва меваҳояшро истифода мебаранд. Нушобаашро барои касалиҳои ҷигар, шошадон, талха, сил, дарди меъда, дар вақти бемории зардпарвин истифода мебаранд. Тарзи истифода: маҳлули оби ҷӯшонида ё дар дохили зарф дамкардаи баргҳои меваашро 20 – 40 чакрагӣ истеъмол мекунанд. ©ovozisamarqand http://t.me/KANZI_SHIFO

  • Узве аз бадан, ки бидуни шоколад бемор мешавад! Шоколад ба далели ғанӣ будан аз антиоксид муҷиби ба таъхир андохтани мушкилоти дил ва рагҳо мешавад, ки ин масъала марбут ба моддаи аслӣ ва муфиди ин моддаи хурокӣ аст. Тамомии шоколадҳое, ки  аз қаннодӣ ва супермаркетҳо харидорӣ  мешаванд, дорои  қанди сода, равғани сершуда   ва нигаҳдорандаҳо ҳастанд. Ин шоколадҳо, ки дорои  маводи нигаҳдоранда ҳастанд, бадтарин  навъи шоколад  маҳсуб мешаванд, ки  муҷиби афзоиши вазн, фарбеҳӣ  ва мушкилоти  дил  ва рагҳо мешавад. Хӯрдани  як  ё ду бор шоколад, дар ҳафта зараре надорад, аммо агар ашхос  ҳар субҳ шоколад истифода кунанд, муҷиби  афзоиши  қанди хунашон мешавад ва  мунҷар ба бурузи  пурхурӣ ва дар ниҳоят  фарбеҳии  беш аз ҳад  мешавад. @KANZI_SHIFO https://t.me/KANZI_SHIFO

  • 5 сабаб ҳаст, ки асло картошка бирён нахӯред: Бо ин ки картошка бирён яке аз хӯрокҳои машҳури хӯрданиҳои мо аст, дар таркиби он кам нестанд маводҳое, ки барои саломатӣ зарари калон дорад. Ва ин 5 сабаб вуҷуд дорад, ки картошка бирёнро аслан нахӯред! 1. Он вазни шуморо зиёд мекунад. 2. Диабети қандро боло мебарад. 3. Биноии чашмро кам мекунад. 4. Умри инсонро кам мекунад. Олимон баъд аз тадқиқот муайян намуданд, ки умри инсонро кам мекунад. 5. Он хатари мубтало шудан ба бемории саратонро зиёд мекунад. http://t.me/KANZI_SHIFO

  • Ба хотири чанд дона хӯрдани ин доначаҳои зебо, Шумо бемории саратон мехӯред, мушкили пӯстӣ ва вокунишҳои ҳассосиятӣ пайдо мекунед! http://t.me/KANZI_SHIFO

  • Андозаи мувофиқи масрафи шакар рӯзона 1- 2 қошуқча мебошад! http://t.me/KANZI_SHIFO

  • Зарарҳои асосии шириниву шоколадҳои санъатӣ : 1. Хунро ғафс намуда, калсийи баданро кам мекунад. 2. Бемориҳои дил ва рагҳои дил. 3. Пӯсидагии дандонҳо 4. Диабети қанд. 5. Осеби ҷиддӣ ба ҷигар ва рӯдаҳо 6. Осеб ба мағзи сар. Акнун, ки ширкатҳои санъатӣ фаҳмиданд, ки одамон ба зарарҳои шакар пай бурдаанд, дар таркиби маҳсулоти худ номи шакарро тағйир додаанд. http://t.me/KANZI_SHIFO

  • #Шифохонаи_табиат. 📍Ҳар рӯз як каф мавиз бихӯред! 80 фоизи витаминҳо дар ангури хушк нигоҳ дошта мешаванд. Дар таркиби он миқдори зиёди калий мавҷуд буда, барои фаъолияти мӯътадили рагҳои дил ва гурдаҳо муҳим аст. ✔️ Инчунин, мавиз барои аз бадан хориҷ кардани токсинҳо низ мусоидат мекунад. 🔹Ғайр аз ин, дар таркиби ангури хушк витаминҳои гурӯҳи В мавҷуданд, ки системаи асабро мустаҳкам месозад. Мавиз назар ба ангур беҳтар хазм мешавад. Пеш аз истифода бурдан, мавизро шустан лозим аст. Зеро, организм миқдори максималии моддаҳои муфидро аз пӯсти он мегирад. ©ovozisamarqand http://t.me/KANZI_SHIFO

  • #Шифохонаи_табиат. Фоидаҳои анҷирқоқ: 6 дона анҷири хушкро бурида дар оби гарм тар карда 10 рӯз саҳар истеъмол кунед, шуморо аз як қатор бемориҳо ҳимоя мекунад: — Шифо дар қабзият; — Бар зидди варами сипурз хеле муфид аст; — Гадуди простатаро табобат мекунад; — Анҷир рӯдаро тоза мекунад; — Яке аз беҳтарин меваҳо барои рафъи қабзият аст. ©ovozisamarqand http://t.me/KANZI_SHIFO

  • Ёрии таъҷилии Канада таҷҳизот дорад, ки метавонад ба таври худкор ранги чароғҳои роҳро тағйир диҳад. http://t.me/KANZI_SHIFO

  • Дар дохили смартфони худ, шумо метавонед тақрибан 30 миллиграмм тилло пайдо кунед. http://t.me/KANZI_SHIFO

  • •••┈┈┈••●◆●❁❁●◆●••┈┈┈•••       Чун барги хушки онро нимкӯфта ва каме об бар он пошида, гарм карда, баъд ба рӯйи барги гармкар- даи беданҷир гузошта, ба хоя банданд, ба ҷурра (дабба)-и обӣ дору мешавад ва варамҳои онро таҳлил медиҳад. Миқдори як бор хӯрдан дар як рӯз он 3,5 грамм аст, вале агар зиёда аз ин бихӯранд, хусусан аз ка- нафҳои бадфиол биёшоманд, мекушад. Дар ҳолати ин гуна зарар рӯй додан илоҷаш равғани гов ва оби гарм ошомида қай кардан аст, то он ки дар меъда ҳеҷ чиз намонад. Инчунин дар ин маврид нӯшидани шароби туршак (щавель) бисёр судманд аст. Тухмашро бихӯранд, беҷо (беҳузур) шудани дилро таскин медиҳад, бодҳоро пароканда месозад, вале моддаҳои бадфиоли башиддат хушккунандаро дар бадан пайдо мекунад, дарунро мебандад ва дар шикам боду бухор пайдо менамояд; маниро аз равон шудан нигоҳ медорад ва ҳатто онро хушк мегардонад. Зарарҳои тухмаш: дарди сар меоварад, чашмро торик мекунад, ба меъда ҳам зарар дорад. Вале агар онро бирён карда бихӯранд, безарар мегардад. Ва агар ин тухмашро беҳад бихӯранд, дар узвҳои дохилӣ захмҳоро ба амал меоварад. Ин зарари онро бо хӯрдани кӯкнор, шароби лиму, сиканҷабини шакарӣ ислоҳ додан мумкин аст, инчунин мегӯянд, ки оби хунук, барф ва шароби меваҳои турш низ бинӯшанд, ислоҳпазир аст. Равғани тухми канаф, ки онро аз кӯфтааш фишурда мегиранд, дар мизоҷ гарм ва хушк аст. Инро бичаконанд ва бимоланд, барои дарди гӯш ва асабҳо, таҳлил додани варамҳои сахт ва сахтии бачадон, ки онро дар тибби ҳозира ноболиғии бачадон меноманд, даво мешавад. Агар инро биёшоманд, маниро хушк мекунад. Як ақидаро хотиррасон намоем, ки як қисм одамони, хусусан фуқарои Ҳиндустон, инро бисёр мехӯранд ва онҳо дар гумони онанд, ки гӯё нашъа (маҳсулоти канафӣ) умрро дароз, фикрро равшан мекарда бошад, вале истеъмолкунандагони зирактар дар хулоса ин байтро гуфтаанд: Банге задему сирри аналҳақ шуд ошкор, Моро ба ин гиёҳи заиф ин гумон набуд. Аксаре аз ин тоифа одамон ҳар субҳу шом барги онро сойида, дар об ҳал карда, соф намуда, аз он об як қадаҳ менӯшанд. Агар ҳар кӣ назди онҳо ояд, ба ӯ низ таклифи нӯшидан менамоянд. Баъзеи онҳо онро хушк карда, андак бирён намуда, муддати дароз мехоянд ва ё бо кунҷиди бепӯст кӯфта, бо шакар даромехта, каф зада мехӯранду бисёртараб ва фараҳнок мешаванд. Зеро ки ин дар ибтидо ва аввалҳо қуввати ҳайвонии онҳоро ба ҳаракат меоварад ва хӯрокҳои бисёру гуногунро мехӯронад, лаззат меёбонад, ҳазм мекунонад ва бинобар ҷамъ шудани рутубат аз ин бадани онҳо фарбеҳ мегардад ва баъд ба аксари бемориҳои шадид мубтало мешаванд, аз ҷумла: сустии узвҳои ҳозима, боднокшавии бисёр, қароқури шикам, суулқиня (сустии ҷигар), варами дасту поҳо ва рӯй, вайронии ранги башара, сустии боҳ, афтидани дандонҳо, бадбӯйии даҳан, ланҷии ҳоли бадан, тарсончакӣ, хаёлҳои беҷо, вайронии фикр, худкушӣ ва ғайра. Инчунин барои ҳар гуна ҷиноятҳоро содир кардан ва номутеӣ ба қоида ва қонунҳо бурда мерасонад. Баъзе касон ҳатто аз он маъҷунҳо сохта мехӯранд, баъзеҳо барои кам кардани хушкии мизоҷи он дар шир андохта меҷӯшонанд ва баъд қаймоқи онро ҷудо карда меошоманд. Низ равғани онро бо усулҳои дигар ҳосил мекунанд. Баъзеашон барои қавӣ гардонидани қувваташ шираи онро дохили таркиби он маъҷун мекунанд, ки он ба шерзодхонӣ машҳур аст — як ҳаби онро бихӯранд, мастии шадид меоварад. Хуллас, аз истеъмоли қисмҳои канаф дар хӯрдан ва чун тамоку кашидан ҳеҷ некӣ намеояд, балки боиси разолат ва вайронии мизоҷи бадану ахлоқи инсон мегардад, инчунин боиси дарозии умри инсон гаштани он дар таърихи башар қайд наёфтааст ва алҳол ҳам маълум нест. •••┈┈┈••●◆●❁❁●◆●••┈┈┈••• Ба ин саҳифа ҳамроҳ шавед: 👉@KANZI_SHIFO https://t.me/KANZI_SHIFO

  • •••┈┈┈••●◆●❁❁●◆●••┈┈┈••• 8⃣7⃣.       #К_А_Н_А_Ф... Ин растаниест, ки зироат мекунанд, гиёҳаш то ба ҳадде баландтар аз қадди одам ҳам мехезад. Аз пӯсти пояаш монанди зағир нах мегиранд. Аммо пӯшидани либоси аз он тайёр кардашуда ҷоиз нест, зеро ки ҳоли буғумҳои баданро бад месозад ва лоғар мекунад. Вале аз он коғази хуб сохта мешавад. Гул, ғубори пашмакранг ва шабнаме, ки бар он менишинад, ғафс ва часпак аст — ҳамаашро ҷамъ намуда, бангиҳо чун тамоку мекашанд, ки карахтӣ ва мастии шадиди ба худаш хосе меоварад. Хусусан шабнами он, ки ҳар чӣ қадар ғализтар, часпандатар ва шахтар бошад, қавитар мешавад, басост, ки бо сабаби камоли қувваташ кашандаашро ҳалок месозад. Ин растанӣ дар аксари мамлакатҳо мерӯяд: навъҳои саҳроӣ ва бӯстонӣ дорад. Қисми бӯстониаш дар ҳақиқат канаф аст, зеро ки пӯсти пояаш ҷудо мешавад, инчунин пояаш миёнхолӣ мебошад. Гулаш сафедранг, тухмаш монанди мурч кулӯла аст, ки шоҳдона номида шудааст. Кашидани ин касро аз ақл бегона мекунад, ҳатто девона мегардонад. Хуллас, ки чизи бадфиол аст. Мизоҷи баргаш мураккабқувват ва дар дараҷаи саввум сард ва хушк аст, гармии сабук ҳам дорад. Мизоҷи тухмаш гарм ва хушк дар дараҷаи саввум, мизоҷи пӯсташ сард ва хушк дар ғояти бадӣ мебошад. Хислатҳои шифобахши он: баргаш бинобар мураккаб будани қуввати он аввалан фараҳ ва сурур меоварад, ранги рӯйро некӯ мегардонад, маст мекунад— ин аз сабаби гармии сабуки мизоҷаш мебошад, вале аз сабаби ҷузъи сардии мизоҷаш карахтӣ меоварад. Баъд аз барҳам хӯрдан ва таҳлил ёфтани ҷузъи гармии сабукаш хислати ҷузъи бади сардмизоҷиаш зоҳир гашта, феълҳои (таъсири) раддиаш ба амал меоянд. Низ аз сабаби ҷузъи гармиаш хаёл ва фикрро сабук ва дақиқ мегардонад, ташнагӣ ва иштиҳои таом меоварад, дар аввал шаҳвати боҳро зиёда менамояд ва дар охир аз он акси ҳамаи ин хислатҳо зоҳир мегарданд, боиси тира гаштани рӯҳи майна, торикӣ ва камқувватии чашм мешавад; ба иллатҳои девонагӣ, молихулиё, тарсончакӣ ва истисқо гирифтор месозад, қуввати боҳ, яъне пушти камарро суст мегардонад ва оқибат барҳам медиҳад. Зеро ки хушккунандаи манӣ мебошад. Чизҳои ширин қуввати онро меафзояд, вале ашёи турш нобудкунандаи қувватҳои он мебошанд. Барги хушки канафи саҳроиро кӯфта, дар бинӣ бирезанд ё бикашанд, майнаро аз олойишҳо пок месозад Барги тари канафи саҳроиро кӯфта, фишурда, обашро гирифта, дар офтоб ғафс гардонанд — инро усорааш меноманд, баъд бо он бишӯянд, сабӯсак ва шапуши сарро дафъ мекунад. Усораи барги канафи саҳроӣ ва равғани онро чаконанд, дарди гӯшро таскин медиҳад ва кирми даруни онро низ мекушад. Баргашро бихӯранд, рутубати меъдаро хушк мегардонад, дарунро мебандад, пешобро меронад ва барои ҷаранги гӯш даво мебошад, маниро аз зуд омадан нигоҳ медорад ва ҳатто онро хушк мекунад. Пӯсти гиёҳашро бихӯранд, қуввати боҳро қатъ мегардонад ва маниро мехушконад. Канафи пӯсидаро, ки хушк бошад, кӯфта бипошанд, захм ва ҷароҳатҳои тарро хушк мекунад ва даҳани онҳоро ба ҳам оварда сиҳат мебахшад. Решаи канафи саҳроиро пухта гузошта банданд, инчунин баргашро низ кӯфта гузошта банданд, варамҳои гарм ва ҷамра (карбункул)-ро таҳлил медиҳад ва дарди узвҳои асабониро, ки дар онҳо моддаҳои зиёдатии мурдор бозмонда ба дард оварда бошанд, таскин медиҳад... •••┈┈┈••●◆●❁❁●◆●••┈┈┈••• Ба ин саҳифа ҳамроҳ шавед: 👉@KANZI_SHIFO https://t.me/KANZI_SHIFO

  • Мӯйҳои худро бо Coca-Cola бишӯед! 📜 ФОИДАҲОЯШ: Мӯй фавран аз сабаби шустан бо Кока-Кола: • ғафс мешавад; • равшан мешавад; • дарозтар мешавад. ⚙ТЕХНИКАИ ИҶРО: Эҳтиёт бошед, ки кола ба чашм ё рӯи шумо нарасад. Саратонро хам кунед ва мӯйҳои худро баробар як хел бишӯед. Баъди бо Кола шустани мӯй 5 дақиқа интизор шавед. Сипас мӯи худро бо оби ширгарм (вале на гарму сӯзон) бодиққат бишӯед. Муддати дароз дар мӯйи сар мондани Кока-Кола зараровар аст. @KANZI_SHIFO

  • Давомаш...       Истеъмоли зардоб ба кори ҳозима таъсири хуб мерасонад, меъдаро тоза мекунад, флораи онро ба эътидол меорад, токсинҳо ва хилтҳоро хориҷ мекунад, кори ҷигар ва гурдаҳоро беҳтар мекунад. Он ба ғадудҳои рӯйи гурда таъсири мусбат мерасонад. Кислотаҳои аминокислотаҳои арзишманде, ки дар зардоби ҷурғот мавҷуданд, барои организм хеле заруранд ва дар мубодилаи сафедаҳо ва ташаккули хун фаъолона иштирок мекунанд. Зардоб барои бемориҳои меъдаву рӯда, захми меъда, қабзият, панкреатит, энтероколит, дисбактериоз, дамкунии шикам хеле муфид аст. Он атеросклерозро пешгирӣ мекунад, инчунин барои фишори хун, норасоии ишемияи дил ва ихтилоли гардиши мағзи сар тавсия дода мешавад. Зардобро дар ороиш истифода мебаранд, мӯи бо он шусташуда хуб мерӯяд, намерезад. Ба шифо ёфтани захмхо кӯмак мекунад, пӯсти офтобхӯрдаро шифо мебахшад. ⛑ @KANZI_SHIFO - Шабака барои нигаҳбонии саломатии Шумо!

  • Дар дунё чунин нӯшокӣ ҳаст, ки 1 литраш ​​5000 ҳазор сӯм аст, аммо барои ҳазорон бемориҳо даво аст❗️ Ин нӯшокӣ барои табобати фишори хун, гастрит, бавосир, диабети қанд ва саратон кӯмак мекунад. Агар мунтазам нӯшида шавад, дар як рӯз 3-5 кило вазни одамони фарбеҳро кам мекунад. Ин нӯшокии мӯъҷизавӣ дар ҳар хонавода ҳаст ва он зардоби ҷурғот аст! Як литр зардоби ҷурғот талаботи якрӯзаи калонсолонро ба калсий ва 40%-и ниёзи калийро таъмин мекунад. Зандоб инчунин аз намакҳои маъдании нодир ба монанди фосфор ва магний бой аст. Дар ин моеъ 200 моддаи фаъоли биологӣ мавҷуд аст, ки ба фаъолияти тамоми узвҳои бадан таъсири мусбат мерасонанд... Маълумоти пурра дар поён: 👇👇👇 @KANZI_SHIFO