tgindex
Хирад

Маркази «Хирад» ба тарҷума ва нашри китобҳои мотиватсионӣ, фалсафӣ ва равшоншиносӣ машғул аст.📚 Тамос: @khiradbot; @khiradmin

Последний пост
10 авг.
Последнее чтение
13 авг.
Постов за неделю
0
Всего постов
20
Тип
открытый
Язык
tg
В каталоге с
13 авг.
Подписчики
6 175
−2 за 5 дн.
Сутки
0
0,00%
Неделя
 
Месяц
 
Просмотров на пост
1 873
20 постов
Вовлечённость
30,3%
к подписчикам
Постов в день
0,0
всего 20
Упоминаний
4
каналов
Охват размещения
оценка
1/24сутки в ленте
1 325
1/48двое суток
1 518
1/72трое суток
1 637

Оценка по просмотрам недавних постов: пост набирает почти всё за первые сутки.

Посты

  • Туро, ки ҳиммату иқболу фарру бахтест Ба ҳар чӣ саъй кунӣ давлатат диҳад ёре... Саъдии Шерозӣ Агар чизе аз таҳти дил мехоҳӣ, агар фикри расидан ба он туро ором намегузорад, зуд ноумед нашав. Шояд роҳаш дароз бошад, шояд чанд бор хаста шавӣ, ҳатто шояд лаҳзаҳое бирасанд, ки фикр кунӣ дигар намешавад. Аммо ин ҳанӯз охири қисса нест. Ҳар чизе, ки арзиши расидан дорад, одатан сабр, талош ва чанд бор аз нав оғоз кардан мехоҳад. Муҳим он аст, ки дар миёнаи роҳ аз худат даст накашӣ. Пас агар орзуе ба дилат нишастааст, барои он қадам гузор. Кӯшиш кун, омӯз, сабр кун ва идома деҳ. Шояд охири қиссаи ту маҳз ҳамон чизе бошад, ки имрӯз танҳо орзуяшро дорӣ.

  • 9 авг.993286

    Баъзе чизҳоро намешавад аввал шикасту баъд бо як «бахшиш» дубора мисли рӯзи аввал сохт. Намешавад ҳар чизе, ки дар вақти хашм ба забон омад, бигӯӣ, дили касеро озор диҳӣ, эҳтиромашро бишканӣ, баъд ором шавӣ ва фикр кунӣ, ки ҳама чиз фаромӯш мешавад. Одам метавонад туро бубахшад, метавонад дигар чизе нагӯяд, ҳатто метавонад боз табассум кунад… аммо ин маънои онро надорад, ки дар дарунаш чизе нашикастааст. Баъзе суханҳо захме мегузоранд, ки дида намешавад. Баъзе рафторҳо деворе месозанд миёни ду дил. Баъд аз он инсон шояд ҳанӯз дӯстат дорад, аммо дигар мисли пештара озодона дӯст дошта наметавонад. Шояд туро бовар кунад, аммо дар гӯшае аз дилаш ҳамеша як тарс мемонад: «Боз ҳамин ҳолат такрор нашавад…» Муносибат танҳо дӯст доштан нест, нигоҳубин кардан ҳам ҳаст. Яъне дар лаҳзаи хашм ҳам бояд бидонӣ, ки кадом суханро набояд гуфт. Ҳар эҳсосеро набояд ба сари касе рехт ва ҳар асабониятро набояд баҳона кард. Зеро на барои ҳар иштибоҳ фурсати ҷуброн ҳаст. Баъзан чизе мешиканад, ки номи он «эҳтиром» аст. Ва вақте эҳтиром шикаст, на ҳар узрхоҳӣ онро бармегардонад, на ҳар оғӯш ва на ҳар «ман туро дӯст медорам». Пеш аз он ки сухане бигӯӣ, ки баъд пушаймон мешавӣ, як лаҳза фикр кун: шояд ту баъдтар ором шавӣ, аммо он сухан дар дили касе солҳо бимонад.

  • 7 авг.1 177488

    Мегӯянд: «Бо ҳар кас ҳамон гуна рафтор кун, ки ӯ бо ту рафтор мекунад». Аммо ман фикр мекунам, агар ин қоидаро қабул кунем, оҳиста-оҳиста аз худи мо чизе боқӣ намемонад. Агар касе дағал буд, мо ҳам дағал шавем? Агар касе хиёнат кард, мо ҳам хиёнат кунем? Агар касе беэҳтиромӣ кард, мо ҳам беэҳтироми кунем? Пас фарқи мо аз ӯ дар чӣ мемонад? Инсон будан маънои онро надорад, ки ба ҳар рафтор бо рафтори монанд ҷавоб диҳем. Баръакс, бузургии инсон дар он аст, ки ҳатто дар баробари бадрафторӣ ҳам асолати худро аз даст надиҳад. Ҳар кас метавонад бо ту он гуна рафтор кунад, ки тарбия, ҷаҳонбинӣ ва ахлоқи худаш иҷозат медиҳад. Аммо ту бояд он гуна рафтор кунӣ, ки шахсият ва тарбияи худат талаб мекунад. Нагузор беэҳтиромии дигарон туро беэҳтиром кунад. Нагузор хашми дигарон оромии туро бигирад. Нагузор бадии касе сабаб шавад, ки ту ҳам аз некии худ даст кашӣ. Баъзан ҷавоби беҳтарин ба бадӣ бадии дигар нест. Баъзан беҳтарин ҷавоб он аст, ки оромона роҳи худро идома диҳӣ ва ҳамон инсоне бимонӣ, ки ҳамеша будӣ.

  • 4 авг.1 5172313

    Зиндагӣ танҳо аз рӯзҳои равшан ва танҳо аз шабҳои торик ҳам иборат нест. Рӯзҳое мешаванд, ки ҳама чиз мувофиқи орзуҳоят пеш меравад ва рӯзҳое ҳам меоянд, ки гӯё тамоми дарҳо баста шудаанд. Аммо маҳз ҳамин пастиву баландиҳо моро қавитар, оқилтар ва пуртаҷрибатар месозанд. Агар ҳамеша офтоб мебуд, мо қадри сояро намедонистем. Агар ҳамеша осонӣ мебуд, муваффақият дигар лаззате надошт. Пас на аз душвориҳо ноумед шав ва на аз комёбиҳо мағрур. Ҳар ду муваққатиянд ва ҳар ду барои омӯхтани дарсе ба зиндагии мо меоянд. Ҳунари зиндагӣ дар он нест, ки танҳо рӯзҳои хубро дӯст дорӣ, ҳунари зиндагӣ он аст, ки ҳатто дар рӯзҳои 🔤🔤🔤🔤 низ умедро аз даст надиҳӣ. Зеро зебоии зиндагӣ аз омезиши рӯзу шаб, шодиву ғам ва талошу пирӯзӣ офарида мешавад.

  • 3 авг.1 8732711

    Баъзан бузургтарин душмани оромии мо воқеият нест, балки хаёлҳои худи мост. Як фикри манфӣ меояд... Мо онро калон мекунем. Ба он ҳодисаҳои дигарро зам мекунем. Дар зеҳни худ даҳҳо сенария месозем, ки шояд ҳеҷ кадомашон рӯй надиҳанд. Чанд рӯз худро ғамгин мекунем, шабҳо бехоб мемонем ва аз чизҳое метарсем, ки танҳо дар тасаввури мо вуҷуд доранд. Ҳақиқат ин аст, ки зиндагӣ бисёр вақт аз фикрҳои тарсовари мо меҳрубонтар аст. Пас пеш аз он ки худро бо фикрҳои беохир хаста кунӣ, аз худ бипурс: «Оё ин воқеият аст ё танҳо тахмини ман?» Зиндагӣ барои нигаронии беохир нест. Он барои зиндагӣ кардан, кӯшиш кардан ва лаззат бурдан аз ҳар лаҳза аст. Фикрҳои худро идора кун, вагарна онҳо зиндагии туро идора мекунанд.

  • 2 авг.1 521294

    Одамон монанди фаслҳои соланд... Баъзеҳо мисли баҳор меоянд: бо ҳузурашон умед, табассум ва нерӯи нав мебахшанд. Баъзеҳо мисли тобистонанд: гармӣ медиҳанд, аммо агар аз ҳад наздик шавӣ, метавонанд бисӯзонанд. Баъзеҳо мисли тирамоҳанд: бо рафтанашон ба ту меомӯзанд, ки на ҳама чиз барои ҳамеша мемонад. Ва баъзеҳо мисли зимистонанд: сард, хомӯш ва дур, аммо маҳз онҳо қадри гармии муҳаббатро ба ту мефаҳмонанд. Дар зиндагӣ ҳар кас бо ҳадафе меояд. Яке дарсе меомӯзонад, дигаре захме мегузорад, саввуми қуввати аз нав бархостанро мебахшад. Муҳим он нест, ки чанд нафар аз зиндагии ту гузаштанд. Муҳим он аст, ки кадоме аз онҳо баъди рафтанашон туро инсони беҳтар карданд. Пас одамонро на аз рӯи муддати ҳузурашон, балки аз рӯи таъсире, ки дар қалбат мегузоранд, арзёбӣ кун. Зеро баъзан як дидори кӯтоҳ метавонад дарси тамоми умр бошад.

  • 1 авг.1 348233

    Баъзан пеш аз он ки дигаронро арзёбӣ кунем, беҳтар аст лаҳзае назди оинаи виҷдони худ биистем. Аз худ бипурс: «Агар имрӯз бори аввал бо худ шинос мешудам, оё дӯст медоштам бо чунин инсон дӯст шавам?» Оё бо суханонам оромиш мебахшам ё ранҷ? Оё ҳузурам ба дигарон нерӯ медиҳад ё хастагӣ? Оё шахсе ҳастам, ки мардум ба ӯ бовар мекунанд? Ҷавоби ин саволҳо барои айбдор кардани худ нест, балки барои шинохтани худ аст. Зеро бузургтарин тағйирот аз ҳамон рӯз оғоз мешавад, ки 🔤🔤🔤🔤🔤 ҷуръат мекунад бо худ ростқавл бошад. Ҳар рӯз кӯшиш кун нусхаи беҳтари дирӯзаи худ бошӣ. Зеро муҳимтарин инсоне, ки тамоми умр ҳамроҳи туст, худи ту ҳастӣ.

  • 1 авг.1 494344

    Ба ҳамон дӯсти наздикат фикр кун, ки орзу доштӣ рӯзе ӯро дар либоси арӯсӣ ё домодӣ бубинӣ, аммо туро ба тӯяш даъват накард. Ба ҳамон муносибате фикр кун, ки гумон мекардӣ бе ту як рӯз ҳам давом намекунад, аммо имрӯз мебинӣ, ки зиндагии худро хеле ором идома дода истодааст. Ба ҳамон орзуе фикр кун, ки солҳо ҳангоми хомӯш кардани шамъҳои зодрӯзат барои амалӣ шуданаш дуо мекардӣ, вале имрӯз орзуҳои дигар ҷойи онро гирифтаанд. Азизи дили бародар, як ҳақиқатро фаромӯш накун: мо одамон танҳо қисме аз саргузашти якдигар ҳастем, на тамоми он. На касе, ки дар оғози роҳ ҳамроҳи ту буд, имрӯз ҳатман дар паҳлӯят аст ва на касе, ки имрӯз ҳамсафари туст, аз аввал бо ту будааст. Зиндагӣ туро он қадар ба пастиву баландӣ мебарад, он қадар одамонро вориди зиндагият мекунад ва баъд онҳоро аз он хориҷ месозад, ки дар ниҳоят як ҳақиқатро биомӯзӣ: Ягона шахсе, ки то охири роҳ ҳамеша бо ту мемонад, худат ҳастӣ. Шояд захм бихӯрӣ. Шояд ҳасрат кашӣ. Шояд дили ту барои касе танг шавад. Аммо ин маънои поёни ту нест. Ту аз ҳама сахтиҳо қавитар ҳастӣ ва ҳар бор имкони аз нав оғоз карданро дорӣ. Пас худро дӯст дор, қадри худро бидон ва ҳамеша ғами худро бихӯр. Зеро муҳимтарин муносибате, ки дар тамоми умр ҳамроҳи ту мемонад, муносибати ту бо худат аст.

  • 31 июл.1 4383615

    Дар охир мефаҳмед, ки дар ин дунё ҳеҷ кас ба андозаи шумо 🔤🔤 нафар ба ҳамдигар наздик нест. Бо ҳам аз хонаҳои иҷора мегузаред, қисту қарз ва душвориҳои сохтани зиндагиро паси сар мекунед. Бо дидани ду хати рӯи як санҷиш, тамоми дунёятон дигар мешавад. Шабҳои бехобиро дар паҳлуи ҳам сипарӣ мекунед, рӯзҳои тангдастиро таҳаммул менамоед ва лаззати муваффақиятро низ якҷоя мечашед. Бо ҳам сафар мекунед, дар нишастҳои хонаводагӣ иштирок мекунед, тӯйи фарзандонатонро ҷашн мегиред, чанд бор ҷойи зистатонро иваз мекунед. Баъзан аз ҳам меранҷед, баъд боз оштӣ мекунед. Бо хабарҳои хуш якҷоя механдед ва ҳангоми шунидани хабарҳои талх, пуштибони ҳамдигар мемонед. Ва рӯзе, вақте мӯйҳоятон сафед шудаанду дар як шоми ороми тобистон паҳлуи ҳам нишастаед, ба чашмони якдигар нигоҳ карда, аз таҳти дил мегӯед: «Ташаккур, ки то охири ин роҳ ҳамроҳи 🔤🔤🔤 мондӣ...» Он вақт мефаҳмед, ки зеботарин қисми зиндагӣ худи роҳе буд, ки якҷоя тай кардед, на танҳо расидан ба манзили ниҳоӣ.

  • 31 июл.1 449225

    Агар ту натавонӣ бихандӣ, бирақсӣ ё суруд бихонӣ, зиндагият ба биёбони хушки беҳаёт мемонад. Зиндагӣ бояд ба боғе монанд бошад, ки дар он парандаҳо месароянд, гулҳо мешукуфанд ва дарахтон бо насими зиндагӣ ба рақс меоянд. Ҷое, ки офтоб ҳар субҳ бо шодӣ тулӯъ мекунад. Яке аз бузургтарин иштибоҳҳои инсоният ин аст, ки дар ҳеҷ донишгоҳе ҳунари зиндагӣ кардан, ҳунари дӯст доштан, ҳунари хушбахт будан ва ҳунари мулоҳизаю худшиносиро ба одамон намеомӯзанд. Ҳама донишҳое, ки дар донишгоҳҳо тадрис мешаванд, наметавонанд ба ту ҳисси шӯхтабъӣ, лаззат бурдан аз зиндагӣ ва шодии ҳақиқиро бахшанд. Зеро берун аз муҳаббат, ҳеҷ ибодате волотар нест. (Ошо)

  • 30 июл.1 599337

    Баъзан мо ин қадар ба як роҳ одат мекунем, ки ҳатто намефаҳмем он дигар роҳи мо нест. Дар коре мемонем, ки солҳост дигар дӯсташ намедорем. Дар муносибате мемонем, ки дигар эҳтиром ва оромӣ надорад. Бо одамоне роҳ меравем, ки кайҳо аз мо дур шудаанд, вале мо ҳанӯз умеди тағйир ёфтани онҳоро дорем. Мо фикр мекунем: «🔤🔤🔤🔤 🔤🔤🔤🔤🔤 🔤🔤🔤🔤🔤🔤 🔤🔤🔤🔤🔤 ...» Аммо аксар вақт фардо танҳо маънои як рӯзи дигарро дорад, ки дар ҷои нодуруст гузаронидем. Ҳар қадар бештар дар роҳе бимонӣ, ки ба ту тааллуқ надорад, ҳамон қадар тарки он душвортар мешавад. На аз он сабаб, ки роҳ дуруст аст, балки аз он сабаб, ки ту аллакай вақт, нерӯ ва эҳсосоти зиёдеро сарф кардаӣ. Баъзан ҷасорати ҳақиқӣ идома додан нест. Ҷасорати ҳақиқӣ он аст, ки иқрор шавӣ: «Ин роҳ дигар роҳи ман 🔤🔤🔤🔤». Зеро зиндагӣ хеле кӯтоҳ аст, ки тамоми умр мусофири қаторе бошӣ, ки ҳеҷ гоҳ туро ба орзуҳоят намерасонад. Баъзан беҳтарин қарори зиндагӣ на савор шудан, балки дар аввалин истгоҳ фаромадан аст. Аз он ҷо, ту метавонӣ роҳи наверо интихоб кунӣ, ки воқеан ба дили ту тааллуқ дорад.

  • 28 июл.1 9564610

    Ҳеҷ кас намедонад, ки инсон барои раҳо кардани худ аз як давраи торик чӣ қадар нерӯи равонӣ сарф мекунад. Баъзан касе танҳо табассуми туро мебинад, аммо аз шабҳое, ки бо изтироб, андешаҳои вазнин ё ашк сипарӣ кардаӣ, хабаре надорад. Ҳеҷ кас намебинад, ки чанд бор худро аз нав ҷамъ кардаӣ, чанд маротиба умедатро дубора зинда кардаӣ ва чӣ қадар ҷасорат лозим буд, то боз як рӯзи дигарро идома диҳӣ. Агар имрӯз ё ҳар рӯзи дигар тавонистӣ аз он торикӣ як қадам дуртар шавӣ, агар бо вуҷуди ҳама душвориҳо боз аз ҷой бархостаӣ ва ба зиндагӣ идома додаӣ, ин пирӯзии хурде нест. Пас ба худ ифтихор кун. Зеро баъзе аз бузургтарин ғалабаҳои зиндагӣ оромона ба даст меоянд: бе кафкӯбӣ, бе тамошобин, аммо бо қуввате, ки танҳо худат аз он огоҳӣ.

  • 23 июл.2 539447

    Одамоне, ки зебо меандешанд... Бо дигарон бо меҳрубонӣ рафтор мекунанд. Шукргузоранд. Худро дӯст медоранд. Ба зиндагӣ бо табассум менигаранд. Бахшандаанд. Онҳо ҳатто дар сахттарин шароит талош мекунанд паҳлуи мусбати воқеаҳоро пайдо кунанд. Ин гуна инсонҳо бо рӯҳи зиндагӣ ва муҳаббат ҳамоҳанганд. Онҳо дар ҳар ҷо ва дар ҳар шароит тухми умед, некӣ ва шодиро мекоранд. Чунин одамон мисли оҳанрабои муҳаббатанд. Ва муҳаббат нерӯи бузурги ҷазбкунанда дорад. Аз ҳамин сабаб, некиҳо, одамони хуб, имкониятҳои арзишманд ва лаҳзаҳои зебои зиндагӣ бештар ба сӯи онҳо меоянд. Зеро инсон ҳамон чизеро бештар ба зиндагии худ ҷалб мекунад, ки онро дар дили худ мепарварад.

  • 14 июл.3 036324

    Бисёр вақт мо на аз худи воқеаҳо, балки аз муқовимате, ки нисбат ба онҳо нишон медиҳем, бештар ранҷ мекашем. Ҳар қадар бештар кӯшиш кунем ҳама чизро мувофиқи хоҳиши худ назорат намоем, ҳамон қадар оромии ботиниамон камтар мешавад. Қабул кардан маънои таслим шуданро надорад, қабул кардан маънои онро дорад, ки воқеиятро ҳамон гуна, ки ҳаст, бипазирем ва сипас бо хирад роҳи дурусти пеш рафтанро интихоб кунем. Вақте бо зиндагӣ вориди ҷанг намешавем, нерӯи худро барои сохтани фардои беҳтар нигоҳ медорем. Оромӣ он вақт ба дил роҳ меёбад, ки дигар барои ҳар чизе мубориза бурданро зарур надонем. Баъзе чизҳоро бояд раҳо кард, то ҷой барои нур, муҳаббат ва умеди нав боз шавад. Озодии ҳақиқӣ дар он нест, ки ҳама чизро зери назорат дошта бошӣ, озодии ҳақиқӣ дар он аст, ки бидонӣ барои чӣ бояд талош кард ва чиро бо оромӣ ба ҷараёни зиндагӣ супурд.

  • 14 июл.2 653415

    Бузургтарин нишонаи камолот ин аст, ки инсон биомӯзад ба ҳар чизе посух надиҳад. На ҳар сухан сазовори ҷавоб асту на ҳар рафтор арзандаи сарфаи вақт. Баъзе одамон танҳо мехоҳанд шуморо ба баҳс, ранҷиш ё асабоният кашанд. Аммо хирадманд медонад, ки оромии ботинӣ аз исбот кардани ҳаққонияти худ муҳимтар аст. Хомӯшӣ дар баробари беҳурматӣ на ҳамеша аз нотавонӣ аст, бисёр вақт он нишонаи қувват, худшиносӣ ва эҳтиром ба арзиши вақти худ мебошад. Дар зиндагӣ нерӯи худро барои одамон, корҳо ва орзуҳое сарф кунед, ки арзиши онро доранд. Зеро оромии дил гаронбаҳотар аз пирӯзӣ дар ҳар баҳс аст.

  • 13 июл.2 4636615

    Чаро мо чашмонамонро мепӯшем, вақте ки: мебӯсем, оғӯш мегирем, дуо мекунем, гиря мекунем, Руъё мебинем, гӯш медиҳем ва бӯй мекашем? Зеро зеботарин чизҳои зиндагиро бо чашм дидан наметавон, балки онҳоро танҳо бо дил эҳсос кардан мумкин аст!

  • 11 июл.2 264312

    📌 Агар аз тарси доварии дигарон ва ниёз ба тасдиқи онҳо ранҷ мебаред, ин роҳҳоро санҷед: Пеш аз анҷом додани ҳар кор аз худ бипурсед: «Оё воқеан худам инро мехоҳам ё танҳо кӯшиш мекунам, то дигаронро розӣ нигоҳ дорам?» Тамрин кунед, ки дар ҳолатҳои одӣ ва хурд «не» бигӯед ва барои вақт, нерӯ ва ҳудудҳои шахсии худ марзҳои равшан муайян намоед. Ба қувваҳо, қобилиятҳо ва арзишҳои дарунии худ такя кунед ва арзиши шахсии худро ба андеша ё тасдиқи дигарон вобаста насозед. Бипазиред, ки розӣ нигоҳ доштани ҳамаи одамон ғайриимкон аст. Комилан табиӣ аст, ки на ҳама шуморо дӯст доранд ё аз шумо хушашон ояд. Ҳар боре ки мустақилона қарор қабул мекунед, худро қадрдонӣ кунед ва барои ҷасорате, ки дар роҳи худи воқеӣ будан нишон медиҳед, аз худ ифтихор намоед. 🌿 Ба ёд дошта бошед: шумо барои он ба ин ҷаҳон наомадаед, ки мувофиқи меъёрҳо ва интизориҳои дигарон зиндагӣ кунед. Ин зиндагӣ аз они шумост ва ҳақ доред онро ба тарзе, ки дуруст меҳисобед, зиндагӣ намоед.

  • 10 июл.2 273459

    ❣️Агар қарор бошад аз зиндагӣ лаззат барем, пас вақти он ҳамин имрӯз аст; на фардо, на моҳи дигар ва на соли дигар. Имрӯз бояд зеботарин рӯзи зиндагии ту бошад. Аз ҳамин лаҳза қадри зиндагиро бидон, аз ҳар нафас, ҳар табассум ва ҳар имконияти хуб баҳра бигир. Зеро зиндагӣ на дар гузашта асту на дар оянда. Зиндагӣ ҳамин лаҳзаест, ки онро зиндагӣ мекунем. 🍃🍃

  • 10 июл.2 2334511

    Зеботарин ҷиҳати зиндагӣ дар он аст, ки ҳеҷ гоҳ барои дигар шудан дер нест. Ҳар рӯз имкони нав аст, то аз дирӯз беҳтар, аз имрӯз қавитар ва аз фардо умедвортар шавем. Мо наметавонем гузаштаро тағйир диҳем, аммо метавонем худи имрӯзро тавре зиндагӣ кунем, ки ояндаи беҳтар бисозем. Рушд аз қадамҳои хурд оғоз мешавад: як одати хуб, як дониш, як таҷриба ва як қарор. Агар ҳар рӯз танҳо андаке беҳтар аз дирӯз бошем, бо гузашти вақт тағйироти бузург ба вуҷуд меояд. Ҳаргиз аз оғоз кардан натарсед. То даме ки зиндагӣ идома дорад, имкони омӯхтан, рушд кардан ва ба беҳтарин нусхаи худ табдил ёфтан ҳамеша вуҷуд дорад.

  • 6 июл.2 738319

    ❣️ Хушбахтӣ макон ва шароит нест! Эҳсосест, ки бояд онро омӯхт. Монанди ғам, шодӣ, хашм ва ҳамаи эҳсосҳои дигар... Барои ғамгин набудан, бояд бихоҳӣ, ки ғамгин набошӣ, ва барои хушбахт будан ҳам бояд бихоҳӣ, ки хушбахт бошӣ... Гоҳе қадам бизан, китоб бихон ва мусиқии дӯстдоштаатро гӯш кун. Хушбахтӣ ҳодисае нест, ки худ ба худ рӯй диҳад; он як эҳсоси ноби дарунист, ки бояд онро дар худ эҷод кард! 🍃🍃