tgindex
Вораста ✨

Вораста ✨

Статистика

- Таронаву дилнавишта; - Дидгоҳ; - Акси гӯё; - Гуфтовард.

Последний пост
13 авг.
Последнее чтение
15 авг.
Постов за неделю
1
Всего постов
21
Тип
открытый
Язык
tg
В каталоге с
13 авг.
Подписчики
105
+1 за 1 дн.
Сутки
0
0,00%
Неделя
 
Месяц
 
Просмотров на пост
107
21 постов
Вовлечённость
101,9%
к подписчикам
Постов в день
0,1
всего 21
Упоминаний
2
каналов
Охват размещения
оценка
1/24сутки в ленте
15
1/48двое суток
17
1/72трое суток
18

Оценка по просмотрам недавних постов: пост набирает почти всё за первые сутки.

Посты

  • Ман акнун ба худ қарор додам, ки умуман чизеро интизор намешавам. Ҳеч чизро ва ҳеч касро. Ва бо ҳамин ман худро хуб ҳис мекунам. Бе ҳама. Фақат овораи зиндагии шахсӣ. Танҳо барои худам. Танҳо барои фароғат. Он чӣ ки дар тақдир аст, худ аз худ меояд. ✍️ Фаина Раневская

  • З-ин оташи нуҳуфта, ки дар синаи ман аст, Хуршед шуълаест, ки дар осмон гирифт. ✍️ Хоҷа Ҳофиз

  • 8 авг.373из fonustj

    ✍️Селма Лагерлёф Одамон ҳамеша ба машварат ниёз надоранд. Баъзан ба онҳо дасте лозим аст ки ёриашон кунад. Гӯше ки онҳоро бишнавад ва диле ки онҳоро дарк кунад... #иқтибос #ҷолиб #фонус —————— 🔸"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред: @fonustj

  • 6 авг.35из apa1vand

    без подписи

  • Азизҷон, аз ту хоҳише дорам: гулро ҳаргиз ба ёри бегона набахш, одами берӯҳро бародар нахон ва некиро беарзиш накун, чунки биҳишт барои сазои бад ва дӯзах барои подоши нек муқаррар нашудааст! © Вораста

  • Азизҷон, аз ту хоҳише дорам: гулро ҳаргиз ба ёри бегона набахш, одами берӯҳро бародар нахон ва некиро беарзиш накун, чунки биҳишт барои сазои бад ва дӯзах барои подоши нек муқаррар нашудааст! © Вораста

  • Азизҷон, аз ту хоҳише дорам: гулро ҳаргиз ба ёри бегона набахш, одами берӯҳро бародар нахон ва некиро беарзиш накун, чунки биҳишт барои сазои бад ва дӯзах барои подоши нек муқаррар нашудааст! © Вораста

  • Агар ту зиндаӣ, вале ҷонат мурда аст, он гоҳ суханони оқилона дар шуури ту таъсир намегузорад ва наметавонӣ, ки барои зиндагият бо ранҷ нон пайдо кунӣ. ✍️ Абай Қунонбоев, андешманди саршиноси қазоқ 📘"Насиҳатнома", Гуфтори 6

  • Роҳи худ Устод дар дами марг буд. Шогирдонаш ҳама мунтазир буданд, ки ҳоло китоберо ки ҳамеша зери болишаш мегузошту мехобид ва ба касе нишон намедод, ба кадоме аз онҳо васият мекунад. Ҳисси кунҷковии шогирдонро мешуд аз чеҳраашон хонд. Устод дасташро зери болишт бурд ва китобро гирифту ба шогирде ки наздиктараш буд, дод. Шогирд китобро боз накарда оташ зад. Дигар шогирдон аз ин кори ӯ ба ғазаб омаданд. Устод аз ҷояш нимхез шуду сари шогирди китобсӯзро сила карду чунин гуфт: – Ин китоб ғайр аз муқоваи хуб дигар чизе надошт. Дарунаш як ҷумла навиштае ҳам набуд. Хеле шодам, ки дарси ман бар ҳадар нарафта. Он чӣ ки зарур буд бароят, омӯхтаӣ. Тамоми дарси ман як хулоса дошт. "Дунболи касе нарафтан, роҳи худро ёфтан". Қиссаи жопунӣ © Аз сафҳаи фейсбукии Бахтиёр Аминӣ

  • 10 июл.1132из asiaplustj

    ⚡️ “Байни обу хок”. Филме дар бораи хонаводае, ки ҷасадҳоро аз рӯди Панҷ наҷот медод ва дар “Қабристони ғарибон” гӯр мекард МУФАССАЛ

  • без подписи

  • 9 июл.822из donish_su

    #назм Барои муҳтавои бештар обуна шавед 💚 @donish_su

  • Дареғу дард, наслҳои нав дар фазое тарбия меёбанд, ки дар он "ҳунар" бо "тамаллуқ" иштибоҳ гирифта мешавад. Оре, мо ором-ором замини гулҳои ҳанӯз нашукуфтаро сангфарш мекунем... Аз ин фоҷиа бузургтар нест, ки як ҳунарманд дар чанголи як беҳунар асир бошад. ✍️ Алии Шариатӣ © Аз сафҳаи фейсбукии Саодат Одинаева

  • 3 июл.9373из fonustj

    Рӯзе аҳолии як русто аз Баҳлул хоҳиш карданд, ки дар деҳаи онҳо суханронӣ кунад. Баҳлул дар посух гуфт: «Агар касе ба ман панҷ танга диҳад, дар ивазаш барои шумо суханронӣ хоҳам кард.» Мардуми русто аз ин талаб ҳайрон шуданд. Онҳо бо худ андешиданд, ки агар Баҳлул барои суханрониаш чунин ҳақ талаб мекунад, пас ҳатман суханони бисёр арзишманд дорад. Бо заҳмати зиёд панҷ танга ҷамъ оварда, ба ӯ супориданд. Дар рӯзи ваъдашуда Баҳлул, дар ҳоле ки тангаҳо дар ҷайбаш ҷиринг-ҷиринг мекарданд, ба минбар баромад ва суханронии бисёр пурмазмуну дилнишине анҷом дод. Пас аз поён ёфтани суханронӣ аз минбар фаромада, рӯ ба мардум гуфт: «Наздик биёед ва тангаҳои худро бозпас гиред.» Мардуми русто аз шунидани ин сухан лаҳзае дар ҳайрат монданд. Сипас яке аз онҳо пурсид: «Эй Баҳлул, ин рафтори шумо чӣ маъно дорад? Чаро аввал пул талаб кардед ва ҳоло онро бозпас медиҳед?» Баҳлул бо лабханде посух дод: «Дар ин кор ду нукта нуҳуфтааст. Аввал ин ки инсон вақте барои чизе маблағ мепардозад, мекӯшад аз он беҳтарин баҳра барад. Ҳамон тавре ки шумо имрӯз бо диққати тамом ба суханони ман гӯш додед. Дувум ин ки вақте ҷайби инсон пур аз пул бошад, суханаш низ боэътимодтар, равонтар ва дилнишинтар мешавад.» -------------------- Дар ҷаҳони имрӯз фақр оташест, ки бисёре аз хубиҳо ва арзишҳои инсонро месӯзонад, дар ҳоле ки сарват пардаест, ки бисёре аз айбу нуқсонҳоро мепӯшонад. Ва чӣ ноинсофанд онҳое, ки инсонеро танҳо ба хотири дороияш гиромӣ медоранд, вале дигареро фақат барои нодорияш хор мешуморанд. ©АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊

  • без подписи

  • 12 иштибоҳе, ки дӯстӣ ва рафоқатро аз байн мебарад 1. Бетафовутӣ – аз ҳамон ҷое оғоз мешавад, ки дигар ҳоли ҳамдигар бароят муҳим нест. 2. Сукутҳои иштибоҳ. Ҳарф назадан ҳамеша нишонаи фаҳм нест, гоҳе нишонаи фосила аст. 3. Набуди садоқат. Рафоқате, ки дар он ҳақиқат гуфта нашавад, давом намеоварад. 4. Ҳасодати пинҳон. Вақте натавонӣ аз муваффақияти дӯстат хушҳол шавӣ, яъне чизе дар дарунат дуруст нест. 5. Робитаи яктарафа. Рафоқат ҷое нест, ки фақат як нафар талош кунад. 6. Шикастани эътимод. Эътимод сутуни рафоқат аст, вақте бишканад, ҳама чиз фурӯ мерезад. 7. Қазовати аҷулона. Шунидан бидуни фаҳмидан бузургтарин зулм дар ҳаққи як дӯст аст. 8. Худбартарбинӣ. Агар ҳамеша худро дуруст бидонӣ, ҷое барои рафоқат боқӣ намемонад. 9. Набудан дар сахтиҳо. Рафиқи воқеъӣ дар рӯзҳои сахт шинохта мешавад, на дар лаҳзаҳои роҳат. 10. Нотавонӣ дар узрхоҳӣ. Касе, ки «бибахшед» гуфтан балад нест, нигоҳ доштани инсонҳоро ҳам балад нест. 11. Фаромӯшӣ. Одамҳоро аз ёд мебарӣ ва баъд тааҷҷуб мекунӣ, чаро аз ту дур шуданд. 12. Талош накардан. Ҳеч робитае бидуни заҳмат, бидуни таваҷҷуҳ, бидуни муроқибат... боқӣ намемонад. Рафоқат ҳарф нест, рафтор аст. ✍🏻 Муҳаммадмилоди Камол

  • 1 июл.692из kitobkhon_2021

    📌ЯК ДАРСИ МАРДӢ «Оё ҳамин холо аз марг метарсам? Ба яқин на ба Худованд на! Ба шаҳодати худ воқеъан хурсандам. Ва имони комил дорам, ки Худованд ба ваъдаи худ вафо мекунад ва аз гуноҳони каму зиёдам ҳам хоҳад гузашт. Ва ҳаёти ҷовидону роҳати ҷовидониро насибам хоҳад намуд. Фақат камтар ташвиш дорам, ки баъди марги ман бародарони ҳамсангарам чӣ тавр хоҳанд кард? Ин ташвиш ҳам бароям чандон ранҷовар нест. Чӣ мардум Худойе доранд ва ӯ боқудрат аст ва аз ҳама карда дилсӯзтар. Агар як даре баста гардад, сад дари дигаре боз кунад. Воқеъан аз зинда дастгир шудан метарсам. Ин ки каммунистҳо маро бигиранд. Тавҳин ва таҳқир кунанд, азобам бидиҳанд ва ман зери фишори онҳо муқовимат карда натавонам ва бародаронеро, ки дар байни душман фаъолият доранд, ифшо кунам. Худовандо хайр ба дасти туст. Сад бор Шаҳодатро қабул дорам, магар асир шуданро на! Худоё манро асири дасти душман насозӣ. Ту холиқӣ. Ба ту ниёз мекунам, ки маро асири дасти душман насози» 19.05.1984. дарраи Хейлоб. (Пойгоҳи мо дар шимоли Афғонистон), ки ҳоло номи ӯро гузаргоҳи”Нур”гузоштанд. АҲМАДШОҲ МАСЪУД 📚АЗ КИТОБИ: “МАСЪУД ВА ОЗОДӢ“ ✍️Муаллиф: РЕГИСТОНӢ 📖 Китобхонро дар 📱 Telegram 📱 Instagram  📱 Facebook 📱TikTok 📱 Вконтакт пайгир бошед

  • без подписи

  • Ҳар шеъре, ки шуморо такон надиҳад, ба он гӯш надиҳед. Ҳар шеъре, ки шуморо нахандонад ё ба гиря наяндозад, онро дур бияндозед... То шуморо як ҳаяҷону ҳиссе ҳаракат надиҳад, беҳуда шеър нагӯед... Шоъир он аст, ки дар вақти таваллуд шоъир бошад. Ба зӯри илму татаббуъ наметавон шеър гуфт. Тақлиди алфозу истилоҳоти бузургон ва дуздидани муфрадоту мазомини мухталифаи мардум ва бо ҳам таркиб кардан, кори зишту нолоиқе аст, ки наметавон номи онро шеър гузошт... Касе, ки аз кӯдакӣ шоъир нест, касе, ки ахлоқи ӯ аз мардуми асраш олитару бузургвортар нест ва ҳаяҷону отифаи такондиҳанда надорад, наметавонад шоъир бошад, агарчи мисли Қоонӣ сад ҳазор шеър бигӯяд. ✍️ Маликушшуъаро Муҳаммадтақӣ Баҳор

  • 24 июн.10341из kitobkhon_2021

    📌 РӮШАНФИКРӢ Рӯшанфикри ҳақиқӣ касест, ки виҷдони бедори миллат аст. Ӯ набояд мутеи сояҳо ва тарсҳо бошад. Вазифаи рӯшанфикр гуфтани ҳақиқат аст, ҳатто агар ин ҳақиқат барояш гарон афтад. Зиёие, ки ба хотири манфиати шахсӣ хомӯширо ихтиёр мекунад, хиёнат ба ояндаи миллат мекунад. ✏️: МУҲАММАДҶОН ШАКУРИИ БУХОРОӢ 📖 Китобхонро дар 📱 Telegram 📱 Instagram  📱 Facebook 📱TikTok 📱 Вконтакт пайгир бошед