Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
СтатистикаСаҳифаи расмии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомонаи расмӣ: www.apa.tj https://www.instagram.com/apa.tj_official/ https://www.facebook.com/groups/1469126009893987
- Последний пост
- 11 авг.
- Последнее чтение
- 15 авг.
- Постов за неделю
- 2
- Всего постов
- 23
- Тип
- открытый
- Язык
- tg
- Категория
- Политика
- В каталоге с
- 13 авг.
- 1/24сутки в ленте
- 88
- 1/48двое суток
- 100
- 1/72трое суток
- 108
Оценка по просмотрам недавних постов: пост набирает почти всё за первые сутки.
Посты
СУРАТГУЗОРИШ аз рафти чорабинии фарҳангию фароғатӣ дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнии пойтахт тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бахшида ба 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони шуъбаи фарҳанг ва рушди истеъдодҳои ҷавони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии "Базморо" таҳти унвони “Ҷилои Истиқлол”.
ИСТИҚБОЛ АЗ ИСТИҚЛОЛ БО ОБОДОНӢ Ба истиқболи 35-умин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегӣ баргузор гардид. Дар доираи шанбегӣ кормандони Академия бо мақсади тозаю озода ва ободу зебо намудани муҳити муассиса корҳои созандагию ободониро ба анҷом расониданд.
ХУШХАБАР! УСТОДИ АКАДЕМИЯ АЛИЗОДА ТОҲИР НАЗИРМАД БА ДАРАҶАИ ИЛМӢ МУШАРРАФ ГАРДИД
МАРОСИМИ ИСТИҚБОЛИ ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР АКАДЕМИЯ Тавре иттилоъ дода будем, рӯзҳои 7-8-уми майи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии кишвар таҳти унвони “Тавоно бувад, ҳарики доно бувад” баргузор гардид, ки дар олимпиада як гурӯҳ донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
видео или голосовое, без подписи
видео или голосовое, без подписи
видео или голосовое, без подписи
видео или голосовое, без подписи
видео или голосовое, без подписи
видео или голосовое, без подписи
ХУШХАБАР! ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶУЁНИ АКАДЕМИЯ ДАР ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ Дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии кишвар таҳти унвони “Тавоно бувад, ҳарики доно бувад”, ки аз 7-8-уми майи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон баргузор гардид, якчанд донишҷӯёни Академия иштирок доштанд.
видео или голосовое, без подписи
СУРАТГУЗОРИШ аз ҷараёни аксия бахшида ба эълон гардидани соли 2026 “Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияти таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ”
видео или голосовое, без подписи
ЧОРАБИНИИ ВАРЗИШӢ БАХШИДА БА “МОҲВОРАИ ҶАВОНОН” ДАР АКАДЕМИЯ Дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, бахшида ба “Моҳвораи ҷавонон” дар байни донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии варзишӣ аз рӯи намудҳои волейбол, тенниси рӯи миз, шашка ва шоҳмот доир гардид. Дар чорабинӣ, донишҷӯён бо рӯҳияи баланди рақобатпазирӣ ва ҳисси масъулиятшиносӣ фаъолона иштирок намуданд. Ҳадафи асосии мусобиқа ташаккули тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш ва тақвияти дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ миёни донишҷӯён мебошад.
видео или голосовое, без подписи
видео или голосовое, без подписи
видео или голосовое, без подписи
ДАВРИ ЯКУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ” ҶАМЪБАСТ ГАРДИД Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даври якуми озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” барои соли 2026 баргузор гардид. Ҳадафи озмун, мутолиаи асарҳои Пешвои миллат мебошад. Озмуни мазкур имкон медиҳад, ки ҳар як фарди худогоҳи миллӣ тавассути мавҷудияти хеш гузаштаро бо оянда пайванд созад. Ҳамин тариқ, дар асоси хулосаи ҳайати комиссия иштирокдорон ба ҷойҳои зерин сазовор дорниста шуда, ба даври дуюми озмун роҳхат гирифтанд: Маҳмадализода Хайрандеш Диловар - донишҷӯйи курси 1-уми факултети ҳуқуқшиносӣ (ҷойи якум); Миралиён Шаҳло - магистранти “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” (ҷойи дуюм); Ҷураева Зебонисо - донишҷӯйи курси 1-уми факултети ҳуқуқшиносӣ (ҷойи сеюм).
видео или голосовое, без подписи