- Последний пост
- 14 авг.
- Последнее чтение
- ещё не заходили
- Постов за неделю
- 1
- Всего постов
- 31
- Тип
- открытый
- Язык
- русский
- В каталоге с
- 14 авг.
- 1/24сутки в ленте
- 60
- 1/48двое суток
- 68
- 1/72трое суток
- 74
Оценка по просмотрам недавних постов: пост набирает почти всё за первые сутки.
Посты
«ОК» ЧӢ МАЪНО ДОРАД? Солҳои Ҷанги дувуми ҷаҳон (1939 – 1945) ҳукуматдорони Англия пас аз муҳорибаҳо барои дақиқ кардани шумораи сарбозони кушташуда рӯи парчам теъдоди онҳоро сабт менамуданд. Ба ҳамин минвол муддати мадиде гузашт ва оқибат рӯзе фаро расид, ки касе дар ҷанг ҳалок нашуд. Аз ин рӯ, онҳо рӯи парчам калимаи «OK» (окей)-ро навиштанд. Аз ҳамон рӯз минбаъд ҳар вақте ки коре бомуваффақият анҷом меёфт аз калимаи «OK» истифода мебурданд ва он ба маънои хушиву комёбӣ оҳиста оҳиста дар саросари олам маъмул гардид. 👉👉👉 Таҳияи Г.САЪДОНШО #оё_медонед Ба гурӯҳ ҳамроҳ шавед: 👇👇👇 https://t.me/sadoi_tojik
#лабханд Бекорам Харе ҷон медод. Рӯбоҳе болои сараш омад. Хар гуфт: - Чаро ин ҷо нишастаӣ? Гуфт: - Нишастаам, ки ту бимирӣ, аз гӯштат бихӯрам. Хар гуфт: - Ман то чоршанбе нахоҳам мурд! Рӯбоҳ гуфт: - Ман ҳам то рӯзи ҷумъа бекорам. Telegram | Facebook | Шабака | YouTube | Барои муроҷиат
📢 ТАҒЙИРОТИ НАВ ДАР НИЗОМИ СЕРТИФИКАТИ МИЛЛӢ Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 29 июли соли 2026, №411, дар низоми сертификати миллӣ як қатор навгониҳо ҷорӣ карда мешавад. 🎓 Аз соли таҳсили 2026–2027 барои омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ имтиҳонҳои муайян намудани сатҳи дониш ва маҳорати педагогӣ гузаронида мешаванд. 💰 Омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ, ки соҳиби сертификати миллии дараҷаи B+ ва болотар мебошанд, ҳар моҳ ба андозаи 15% аз маоши вазифавӣ иловапулӣ мегиранд. 📌 Сертификат ба муҳлати 3 сол дода мешавад. Ҳангоми аттестатсия ба чунин омӯзгорон аз санҷиши ҳатмии тахассусӣ балли максималӣ дода шуда, онҳо аз ин санҷиш озод карда мешаванд. 📊 Дараҷаҳои сертификат: A+ — зиёда аз 70 хол; A — 65–69,9; B+ — 60–64,9; B — 55–59,9; C+ — 50–54,9; C — 46–49,9 хол. 🖥 Бақайдгирӣ тавассути my.gov.uz ба таври электронӣ анҷом дода мешавад. 📝 Натиҷаҳои имтиҳон дар давоми 21 рӯзи корӣ эълон гардида, ба иштирокчиён сертификати электронии дорои QR-код пешниҳод мешавад. 🟢 t.me/creativ_teacher
⚡️📢 ТАҒЙИРОТИ ВОРИДШУДА ДАР ТАҚСИМОТИ СОАТҲОИ ДАРСӢ Бар асоси қарори муштараке, ки рӯзи 28 октябри соли 2025 таҳти рақами 3271-1 аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба қайд гирифта шудааст, тартиби нави тақсимоти соатҳои дарсӣ муқаррар гардид. Мувофиқи қарори мазкур, ҷадвали соатҳои дарсӣ бояд аз тарафи шӯрои педагогӣ дар муддати ду рӯзи корӣ дида баромада шавад ва то 15 сентябр ҳар сол соатҳои дарсӣ ба омӯзгорон мувофиқи тартиби афзалиятноки зерин тақсим карда мешаванд: 🔹 омӯзгорони дорои тоифаи олии тахассусӣ (мувофиқи муҳлати амали сертификати аттестатсионӣ); 🔹 омӯзгорони соҳиби сертификати миллӣ ё байналмилалӣ, ки барои таъйин намудани иловапулӣ ба омӯзгорон истифода мешавад (бо дарназардошти дараҷа ва муҳлати амали сертификат); 🔹 омӯзгорони дорои тоифаи якуми тахассусӣ (мувофиқи муҳлати амал кардани сертификат); 🔹 омӯзгорони дорои тоифаи дуюми тахассусӣ (мувофиқи муҳлати амал кардани сертификат); 🔹 омӯзгорони дорои маълумоти олии касбӣ, вале бе дараҷаи тахассусӣ; 🔹 омӯзгороне, ки дипломи бозомӯзӣ доранд (агар омӯзгор тибқи ихтисоси бозомӯзӣ яке аз меъёрҳои зикршударо дар бандҳои дуюм то шашум дошта бошад, ӯ ба омӯзгорони дорои ҳамин меъёрҳо баробар шуморида мешавад); 🔹 омӯзгорони ҳамзамон (ӯриндош) фаъолияткунанда бо маълумоти олӣ; 🔹 донишҷӯёни курси сеюм ва болотар аз ихтисоси педагогӣ дар муассисаҳои таълими олӣ; 🔹 то таъмин шудани муассиса бо омӯзгорони маълумоти олӣ — омӯзгорони дорои маълумоти миёнаи махсус ё касбӣ (танҳо барои синфҳои ибтидоӣ); 🔹 то таъмин шудани муассиса бо омӯзгорони маълумоти олӣ — роҳбарони муассисаҳои таълимии умумӣ, ки аз рӯи ихтисос ба фан мувофиқанд. 🔹 Ҳангоми тақсимоти соатҳои фанҳои синфҳои ибтидоӣ, бояд ихтисоси “таълими ибтидоӣ” ё таҳсил дар самти “методикаи омӯзиши фан дар синфҳои ибтидоӣ” ба эътибор гирифта шавад. 🔹 Шӯрои педагогии муассисаи таълимӣ метавонад тақсимоти соатҳои дарсиро бозбинӣ ва аз нав тақсим намояд. ⚜⚜⚜⚜⚜⚜⚜⚜⚜⚜ ➥ https://t.me/creativ_teacher
ТАВСИЯ оид ба ҷорӣ намудани нақшаҳои таълимии вариативӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои соли таҳсили 2026-2027 Umumiy oʻrta ta’lim muassasalarida variativ oʻquv rejalarini joriy etish boʻyicha TAVSIYA https://t.me/Xirad
Нақшаи таълимии такягоҳӣ барои соли таҳсили 2026–2027 (10 апрели соли 2026, №133) 2026-2027 ўқув йили учун таянч ўқув режаси 2026.10-апрел №133 https://t.me/Xirad
НАҚШАИ ТАЪЛИМИИ ВАРИАТИВӢ (ТАҒЙИРЁБАНДА) АЗ ФАННИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ВА АДАБИЁТ БАРОИ СИНФҲОИ 7-11 ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИ МИЁНАИ УМУМӢ БАРОИ СОЛИ ХОНИШИ 2026-2027 https://t.me/Xirad
НАҚШАИ ТАҚВИМӢ АЗ ФАНҲОИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК ДАР АСОСИ БАҲОГУЗОРИИ НАВ БАРОИ СИНФҲОИ 5-11 ДАР СОЛИ ХОНИШИ 2026-2027 https://t.me/Xirad
без подписи
НАҚШАИ ТАҚВИМӢ АЗ ФАНҲОИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК БАРОИ СИНФҲОИ 5-11 ДАР СОЛИ ХОНИШИ 2026-2027 https://t.me/Xirad
НАҚШАИ ТАҚВИМӢ АЗ ФАНҲОИ АЛИФБО, ҲУСНИ ХАТ, ЗАБОНИ МОДАРӢ ВА ХОНИШ, БАРОИ СИНФҲОИ 1-4 ДАР СОЛИ ХОНИШИ 2026-2027 https://t.me/Xirad
Нақш ва таъсири зеҳни сунъӣ дар таълими муосир Таърихи зеҳни сунъӣ ҳамоҳангии аҷиби тасаввуроти адабӣ ва талошҳои илмӣ аст. Решаҳои он ба солҳои 1940-ум мерасад. Муфассал 👉 https://ovozitojik.uz/news/18331 Telegram | Facebook | Шабака | YouTube | Барои муроҷиат
#ахбори_ҳуқуқӣ ✔️ Тибқи қонун, ҳуқуқ, шаъну шараф ва обрӯи касбии омӯзгор таҳти ҳимояи давлат қарор дорад. ⛔️ Ҷалби омӯзгор ба корҳое, ки ба фаъолияти касбии ӯ алоқаманд нестанд, аз ҷумла корҳои ободонӣ ва кишоварзӣ, манъ аст. ⚠️ Маҷбуркунии маъмурӣ барои кор бо ҳар шакл: ➖ Ҷарима ба андозаи аз 100 то 150 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 41 миллиону 200 ҳазор то 61 миллиону 800 ҳазор сӯм)-ро дар бар мегирад. Telegram | Facebook | Шабака | YouTube | Барои муроҷиат
⚡️ Тартиби нави қабули омӯзгорони дорои тоифаи олӣ ба магистратура расман тасдиқ гардид 📄 Бо Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 24 июни соли 2026 таҳти №322 тартиби нави қабул ба магистратура барои омӯзгорони дорои тоифаи олӣ расман тасдиқ шуд. ⚜⚜⚜⚜⚜⚜⚜⚜⚜⚜ ➥ https://t.me/creativ_teacher
без подписи
#ахбори_ҳуқуқӣ Иловапулӣ ба музди меҳнати омӯзгорони мактаб 🔰 Ба муаллимони мактаб музди меҳнати иловагӣ ба андозаи зерин ҳамчун фоизи музди меҳнати ҳадди ақал (1 миллиону 271 ҳазор сӯм) пардохт карда мешавад: 🔹Барои роҳбарии синф вобаста ба шумораи хонандагони синф: ▫️То 15 хонанда - 26,4 фоиз; ▫️Аз 16 то 20 хонанда - 31,6 фоиз; ▫️Аз 21 то 25 хонанда - 36,9 фоиз; ▫️Аз 26 то 30 хонанда - 42,1 фоиз; ▫️31 нафар ва аз он зиёд хонанда бошад - 52,8 фоиз. 🔹Барои тафтиши дафтарҳо ва корҳои хаттӣ (инчунин барои фанҳое, ки хонандагон ба ду гурӯҳ тақсим шуда меомӯзанд): Агар шумораи хонандагони синф то 15 нафар бошад – 8,8 фоиз; Агар 15 нафар ва аз он зиёд бошад – 17,6 фоиз. 🔹 барои мудири кабинети информатика – 17,6 фоиз. Telegram | Facebook | Шабака | YouTube | Барои муроҷиат
Тест аз саводомӯзии забони модарӣ ва хониш (синфи 1) 1. Мусиқишиносон созҳои мусиқиро ба чанд гурӯҳ ҷудо намудаанд? А) 4 гурӯҳ В) 5 гурӯҳ С) 3 гурӯҳ 2. Да розии дутор чанд сантиметр аст? А) 60-90 sm B) 70-80 sm C) 50-60 sm 3. Ҳиссаи калима чӣ ном дорад? А) Ҳиҷо В) Овоз С) Ҳарф 4. Кадом сози мусиқӣ 72 тори симин, 72 гўшак ва 24 парда дорад? А) Рубоб В) Чанг С) Доира 5. Маънои калимаи "Пизишк"-ро муайян кунед: А) Духтур В) Муаллим С) Ронанда 6. Дар байни ҳиҷои калимаҳо кадом аломат гузошта мешавад? А) аломати нуқта ( . ) В) аломати вергул ( , ) С) аломати тире ( – ) 7. Калимаи "Инсон" ба кадом савол ҷавоб мешавад? А) ба саволи кӣ? В) ба саволи чандто? С) ба саволи чӣ гуна? 8. Калимаи "САМИНА" аз чанд ҳиҷо иборат аст? А) 4 ҳиҷо В) 3 ҳиҷо С) 5 ҳиҷо 9. Доира ба кадом навъи сози мусиқӣ дохил мешавад? А) торӣ В) нафасӣ С) зарбӣ 10. Калимаҳои ифодакунандаи аломати предметҳо ба кадом саволҳо ҷавоб мешаванд? А) кӣ? чӣ? В) чӣ хел? чӣ гуна? С) чандто? чӣ қадар? Тести математика барои синфи 1 1. Ҳисоб кунед: 67 см – 32 см = ? A) 25 см B) 35 см C) 45 см [2/10] Чоркунҷае, ки ҳамаи тарафҳояш баробаранд, чӣ ном дорад? A) Секунҷа B) Доира C) Квадрат [3/10] Дар китобхона 15-то китобчаи афсона ва китобҳои шеърӣ аз он 5-то кам аст. Ҳамагӣ чанд китоб мавҷуд аст? A) 20-то B) 25-то C) 30-то [4/10] Кадоме аз инҳо воҳиди ченаки дарозӣ мебошад? A) Килограмм B) Сантиметр C) Литр [5/10] Қимати ифодаро ёбед: (77 – 33) + 24 = ? A) 86 B) 78 C) 68 [6/10] Ҳамсояҳои адади 99 кадомҳоянд? A) 97 ва 101 B) 98 ва 100 C) 96 ва 99 [7/10] Масса бо кадом воҳид чен карда мешавад? A) Килограмм (kg) B) Сония (s) C) Десиметр (dm) [8/10] Ҳосили тарҳи 97 ва 34 ба чанд баробар аст? A) 63 B) 64 C) 53 [9/10] Малика 23 лолаи сафед, 12 лолаи сурх ва 24 лолаи зард сохт. Ҳамагӣ чанд лола сохтааст? A) 49-то B) 66-то C) 59-то [10/10] Акмал як адад фикр кард. Аз он 10-ро кам карда, 5-ро ҷамъ намуд. Натиҷа 10 шуд. Акмал кадом ададро фикр кардааст? A) 20 B) 15 C) 25
«Ҳамчун як Ватан, як халқ, ҳаёт ва ояндаи навро меофарем!» Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 1‑ми апрели соли 2026 «Дар бораи омодагӣ ба таҷлили васеъ ва баргузор намудани ҷашни 35‑солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» қабул гардид. 👉 https://ovozi.uz/65799/ Ба канали мо обуна шавед: ✅ https://t.me/ovozisamarqand Facebook | YouTube | Instagram | Site
⚡️ НИЗОМИ ОЛИМПИАДАИ ХУРД БАРОИ ОМӮЗГОРОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ, ФАРМОН ВА ДИГАР ҲУҶҶАТҲО – 2026 Барои гирифтани иловапулӣ (устама) асос мегардад. ⚠️ Эзоҳ! Тавсия дода мешавад, ки ба ин ҳуҷҷат бо дарназардошти имкониятҳои мактаб тағйироту иловаҳо ворид карда шаванд. ➩ https://t.me/creativ_teacher
Симои номварони таърих Нӯшервони одил ва Бузургмеҳр Нӯшервон – Хусрави Анӯшервон – шоҳаншоҳи сулолаи Сосониён, мулаққаб ба Додгар, ки бистуякумин шоҳи сосонӣ буда, солҳои 531-579 ҳукумат рондааст, дар адабиёти бадеӣ (паҳлавӣ) ҳамчун шоҳи одилу раиятпарвар ва оқилу донишманд машҳур гардидааст. Муфассал 👉https://ovozitojik.uz/news/17542 Telegram | Facebook | Шабака | YouTube | Барои муроҷиат