Файзи Ғелон
Статистика"Пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек" Барои муроҷиат: @anis_sc ёки @Anis_sc Рузибойи Курбониён +998955060124
- Последний пост
- 14 авг.
- Последнее чтение
- 15 авг.
- Постов за неделю
- 3
- Всего постов
- 26
- Тип
- открытый
- Язык
- tg
- В каталоге с
- 13 авг.
- 1/24сутки в ленте
- 22
- 1/48двое суток
- 25
- 1/72трое суток
- 27
Оценка по просмотрам недавних постов: пост набирает почти всё за первые сутки.
Посты
БУХОРО - МЕҲВАРИ ДУРДОНАИ ШАРҚ Бухоро - меҳвари дурдонаи Шарқ, Бухоро - гавҳари афсонаи Шарқ. Бухоро - бурҷи қутби рӯйи дунёст, Бухоро - кишвари якдонаи Шарқ. Бухоро зевари тоҷи ҷаҳонӣ, Зӣ таърих баҳри мардум армуғонӣ! Ту будӣ асли лафзи модариям, Ту будӣ мабдаи шеъри дариям. Ту будӣ номаи таъриху фарҳанг, Ту будӣ шаъну тахти афсариям. Бухоро шаҳри ишқу ормонӣ, Ки гултоҷи зарини ҳамзабонӣ! Туӣ гулшираи лафзу садоям, Туӣ анвори ҳар ҳарфу ҳиҷоям. Туӣ гавҳораҷунбони забонам, Туӣ модарзамин баҳри Синоям. Бухоро шаҳри ҳам пиру ҷавонӣ, Ки рамзи Бӯйи ҷӯйи Мӯлиёнӣ! Бухоро сарпаноҳи шони миллат, Бухоро минбари виҷдони миллат. Ки то дам номи ӯ шӯҳрат биёрад, Бухоро обу хоку нони миллат. Сароғози макони ҳамзабонӣ, Замини поки халқи ҳамзамонӣ! ОЗАРМЕҲР 🌸 🌱 💮 🌿 🏵 🌺 🍂 🍃 🌷 🌱 🌸 https://t.me/Xirad
ҒУРУРИ ПОДШОҲ ВА ДАРСИ ЗАНБӮРИ АСАЛ Рӯзе Ҳазрати Сулаймон (а) дар ҳаво бар тахти худ нишаста, ба мулки васеъ ва қудрати бузурге, ба Ӯ ато шуда буд, назар андохтанд. Дар дили эшон гузашт: - Оё дар ин ҷаҳон касе ҳаст, ки аз ман бештар меҳнат кунад ва кори бузургтар анҷом диҳад? Дар ҳамин ҳол, занбӯри хурде (ору) аз канори гӯши Ӯ парвоз карда гузашт. Ҳазрати Сулаймон (а) бо фармони худ занбӯрро нигоҳ дошта, аз ӯ пурсиданд: — Эй ҷонвари хурд, ту дар ин ҷаҳон чӣ кор мекунӣ, ки ин қадар саросема ва беоромӣ? Занбӯр бо хоксорӣ посух дод: — Эй Набии Худо, ман ва ҳамҷинсонам рӯзона фарсахҳо роҳро мепаймоем, ҳазорон гули гуногунро мебӯем, танҳо поктарину ширинтарин қатраҳои онро мечинем ва ба хонаи худ мебарем. Аз ин кӯшиши шабонарӯзӣ ва якдилона, Худованд ба мо тавфиқ медиҳад, ки барои инсонҳо асал — шаҳде мусаффо ва шифобахш созем. Ҳазрати Сулаймон (а) ба сурати хурди занбӯр нигоҳ карда пурсиданд: — Шумо шираи гулҳои талху шӯр ва ҳатто заҳрнокро ҳам мечашед. Чӣ гуна аст, ки он ҳама талхӣ дар шиками шумо ба асали ширин ва шифобахш табдил меёбад? Занбӯр гуфт: — Эй Паёмбари Худо, сири ин кор дар он аст, ки мо ҳангоми ҷамъоварии шираи гулҳо ва расидан ба ошёнаи худ, пайваста бар Муҳаммад ва оли Муҳаммад салавот мегӯем ва бо зикри Парвардигор кор мекунем. Ба баракати ин зикру дуруд аст, ки ҳама талхиҳои олам дар вуҷуди мо ба шириниву шифо табдил меёбанд. Ҳазрати Сулаймон (а) аз ин посухи пурҳикмат ва меҳнати содиқонаи як ҷонвари хурд мутаассир шуданд ва ба хулоса омаданд, ки қудрати ҳақиқӣ ва зебоӣ дар азамати тахт нест, балки дар хидмати пок, хоксорӣ ва зикри Парвардигор аст. Ин қисса нишон медиҳад, ки чӣ тавр занбӯри асал бо назофат, покӣ, якдилӣ ва зикри Илоҳӣ метавонад аз меваю гулҳои оддӣ бузургтарин шифоро барои одамиён тақдим созад. https://t.me/Xirad
без подписи
ЛУҚМАИ НОН Вақте яке аз бузургон бо иддае аз меҳмононаш ғизо мехӯрд. Марде луқмае аз коса бардошт, мӯе дар он луқмаи ӯ буд. Он шахси бузург бидид, гуфт: – Он мӯй аз луқма берун кун! Он мард луқма аз даст биниҳод ва бархосту бирафт. Он бузург фармуд, ки: – Бозоредаш! Вақте ӯро оварданд, пурсид, ки: – Эй фалон, сер нашуда чаро бархостӣ? Мард гуфт: – Маро нони он кас нашояд хӯрдан, ки мӯй дар луқмаи ман барбинад. Шахси бузург хиҷил шуд аз он сухан. (Аз “Қобуснома”)
ҚУРБОНИ БАНДИ КИФАТАМ[1], ТО ПУЛ ДОРӢ, РАФИҚАТАМ Дар рӯзгорони қадим марде буд сарватманд ва ин мард фарзанде дошт айёш[2]. Ҳар чӣ падар ба фарзанди худ насиҳат мекард, ки бо дӯстони бад муошират макун ва даст аз ин вилхарҷиҳо бардор, ки дӯсти нобоб ба дард намехӯраду инҳо ошиқи пулат ҳастанд, ҷавони ҷоҳил қабул намекард. То ин ки марги падар фаро мерасад, падар мегӯяд: – Фарзанд! Бо ту васийяте дорам: Ман аз дунё меравам, вале дари он матбахи кӯчакро қуфл кардам ва ин калидашро ба дасти ту медиҳам. Дар тӯи он матбах як банд ба сақф овезон аст. ҳар мавқеъ ки дасти ту аз ҳама ҷо кӯтоҳ шуд ва роҳе ба ҷое набурдӣ, бирав он бандро бияндоз гардани худат ва худатро хафа кун (биовез), ки зиндагӣ дигар ба дардат намехӯрад. Падар аз дунё меравад ва писар бо дӯстону муоширони худ он қадр ифрот мекунад ва ба айёшӣ мегузаронад, ки ҳар чӣ сарват дорад, тамом мешавад ва чизе боқӣ намемонад. Дӯстону ошноёни ӯ, ки вазъро чунин мебинанд, аз даври ӯ пароканда мешаванд. Писар дар буҳту ҳайрат фурӯ меравад ва ба ёди насиҳатҳои падар меафтаду пушаймон мешавад ва барои ин ки каме аз дилтангӣ берун биёяд, як рӯз дуто тухми мурғ ва як гирдаи нон дуруст мекунаду равонаи саҳро мешавад, ки ба ёди гузаштаҳо дар лаби ҷӯе ё рӯи сабзае рӯзи худро ба шаб бирасонад ва меояд аз хона берун ва роҳии саҳро мешавад, то мерасад бар лаби ҷӯйи об. Дастмоли худро мегузораду кафшҳояшро дармеоварад ва мехоҳадобе ба сурат бизанаду пое бишӯяд. Дар ин мавқеъ калоғе аз осмон ба зер меояд ва дастмолро ба нуки худ мегираду мебарад. Писар нороҳат ва афсурда ба роҳ меафтад. Бо шиками гурусна мерасад ба ҷое, ки мебинад руфақои собиқи ӯ дар лаби ҷӯй нишаставу ба айшу нӯш машғуланд. Меравад ба тарафи онҳо, салом мекунад. Ва онҳо бо ӯ таоруфи хушке мекунанду мегӯянд: Бифармоед! Ӯ паҳлӯи онҳо менишинад ва сари сӯҳбатро боз мекунаду мегӯяд, ки: – Аз хона омадам берун, дуто тухми мурғ ва як гирда нон доштам. Лаби ҷӯе нишастам, ки суратамро бишӯям, калоғе онро бардошту бурд ва ҳоло омадам, ки рӯзи худро бо шумо бигузаронам. Руфақо шурӯъ мекунанд ба қоҳ-қоҳ хандидан ва рафиқи худро масхара кардан, ки: – Бобо! Магар маҷбурӣ дурӯғ бисозӣ? Гурусна ҳастӣ,бигӯ, гуруснаам, мо ҳам луқмаи ноне ба ту медиҳем. Дигар намехоҳем, ки дурӯғ сари ҳам бикунӣ! Писар нороҳат мешавад ва паҳлӯи руфақо ҳам намемонад. Чизе ҳам намехӯрад ва роҳии манзил мешавад. Манзил, ки мерасад, ба ёди ҳарфҳои падар меафтад. Мегӯяд: Худо биёмурзад, падарам медонист, ки ман дармонда мешавам, ки чунин васийяте кард. Ҳоло вақташ расида, ки биравам дар матбах ва худро бо танобе, ки падарам мегуфт, ҳалқовез кунам. Меравад дар матбах ва танобро меовезад гардани худ ва такон медиҳад... Як мартаба кисае аз сақф меафтад поин. Вақте писар меояд нигоҳ мекунад, мебинад пур аз ҷавоҳир аст, мегӯяд: Худо туро биёмурзад, падар, ки маро наҷот додӣ! Баъд меояд даҳ нафар гарданкулуфт[3] бо чамоқ[4] даъват мекунад ва ҳафт ранг ғизо ҳам дуруст мекунад ва “дӯстони азиз”-и худро ҳам даъват мекунад. Вақте дӯстон меоянд ва мефаҳманд, ки даму дастгоҳ рӯ ба роҳ аст, ба чоплусӣ меафтанд ва аз ӯ маъзарат мехоҳанд. Хулоса дар утоқ ба даври ҳам ҷамъ мешаванд ва бигӯву биханд шурӯъ мешавад. Дар ин мавқеъ писар мегӯяд: – Ман имрӯз дидам як бузғола васати ду пои калоғе буд ва калоғ парвоз карду бузғоларо бурд. Руфақо мегӯянд: – Аҷаб нест, дуруст мегӯӣ! Писар мегӯяд: – Беинсофҳо! Ман дирӯз гуфтам: як дастмоли кӯчакро калоғ бардошт, шумо маро масхара кардед, ҳоло чӣ тур мегӯед: калоғ як бузғоларо метавонад аз замин баланд кунад? Ва чамоқдорҳоро садо мезанад. Кутаку лати муфассале ба онҳо мезанад ва берунашон мекунаду мегӯяд: – Шумо дӯст нестед, ошиқи пул ҳастед! Ва ғизоҳоро медиҳад ба чамоқдорҳо, мехӯранд... Ва баъд ҳам роҳи зиндагии худро иваз мекунад. (Аз китоби “Тамсил ва масал”) [1] Киф – киса, анбони чармӣ ё дигар матоъ, ки барои нигаҳ доштани коғазу китоб, пул ё дигар мавод омода мекунанд [2] Айёш – ишратпараст [3] Гарданкулуфт – марди ҳузарб [4] Чамоқ – чумоқ, калтак, гурз
ЯК ҲАДИСИ ЗЕБО АЗ РАСУЛИ АКРАМ (с.ъ.в.с.) - 45
ҚИССА ВА РИВОЯТҲОИ СИНО Чун аз умри Абуалӣ чаҳор солу чаҳор моҳу чаҳор рӯзу [чаҳор соат] гузашт, тахтаи таълим ба дасти ӯ доданд ва он тойири ошёни қудсиро ба дому донаи ашколи ҳуруфу нуқот муқайяд сохта, банди таклифи ҷидду ҷаҳд барпо ниҳод. Чун арқоми ҳуруфи бистуҳаштгонаро ва кайфияти таркиби баъзе ҳуруфро ба баъзе дигар бар лавҳи замири вай бингошт, чунин гӯянд, ки аз ибтидои [бои] басмаллаҳ то сини хатми Нос, ки муаддои он бас аст, дигар эҳтиёҷ ба таълим надошт. Каломи Малики мутаолро дар муддати як сол ба ҳафт қироат [ёд] гирифта, илми дақоиқу никоти қироати сабъаро ба итмом расонид ва воқиф бар мавоқифи вуқуфу ориф ба дақоиқи адоу-л-калимот ва-л-ҳуруф гардид [фард]: Гардид дар фунуни қироат ба эҳтимом, Ҳам Осимулқавоиду ҳам Нофеъуланом. Ҷавоҳири завоҳири муъҷаз низоми мулки аломро ба муқтазои ва раттили-л-Қуръона тартилан аз рӯи курсии сиву ду пора дандон ба навъе бар табақи таҷвид овардӣ, ки мусаббиҳони Аршу Курсӣ ва каррубиёни қудсӣ ба ҷойи ҳамду тасбеҳ бар вай таҳсину офарин кардӣ, наварӯси дилрабои рӯҳафзои каломи раббониро ба ҳукми ман лам ятағанна бил-Қуръони фалайса миннӣ ба либоси нағамоти хушу хилъати тараннумоти дилкаш бар ваҷҳе биёростӣ, ки рост монанди ушшоқи бенаво нолаи зори ҳусайнӣ аз бузургу кӯчаки Ироқи Арабу Аҷам бархостӣ. [Байт]: Ҷону дил аз нағмаҳояш рӯҳу лаззат ёфтӣ, Синаро баҳҷат фузудӣ, рӯҳ роҳат ёфтӣ. Баъд аз он инони саъю ҳиммат аз савби муқтазиёти туфулият сарф намуда, ба наҳву таҳсили улум маътуф гардонид. Чун ба илми сарф иштиғол намуд ва сиғаи табъи адимулмисолаш аз сифати иъвиҷоҷу иллати инҳироф саҳеҳу салим буд, майлаш ба иштиқоқи сияғи [сунъи?] ифзолу дониш аз масдари сайю кӯшиш замон-замон музоаф мегардид. Чун авқоти фархундаи таҳсилро аз айёми таътил мафруқ сохта буд ва соати хуҷастасимоти худро мақрун ба ҷидду ҷахд гардонида, ӯро эҳтиёҷ ба амру наҳй ва таъкиди муаллим набуд ва заҷри хитобу кулфати ғибати ҳеч мутакаллиме намешунид. Чунон ба забти қавоиди тасриф истиқбол намудӣ, [ки] илми сарф ҳоли вай гашта буд. Номи сарфиёни мозӣ монанди ҳарфи мудғам [аз китобат] ва алиф ҷамъ аз иборат маҳфуз гардонид. Ва дар миёни ақрони худ мисоли мизони каломи араб, ки миқёси завоид ва усул аст, мумаййизи ҳар маъқулу номаъқул гардид. [Байт]: Ба илми сарф гардид ончунон комил, ки дар пешаш Намудӣ Сибвайҳ аз аҷз монанди бузи Ахфаш.
без подписи
Ё ҲАР ДУ. АБУЛҚОСИМ ЛОҲУТӢ
ҚОЗИИ ЗАКОВАТМАНД Шахсе ба назди яке аз қуззоти Басра, ки аз заковатмандони Араб аст, рафт ва аз ӯ пурсид, ки: – Агар касе хурмо хӯрад, ишкол дорад? Гуфт: – На! Гуфт: – Баъд аз хӯрдани хурмо қаре об болои ӯ бихӯрад чӣ тур аст? Гуфт? – Ҳеҷ ишколе надорад. Гуфт: – Пас чаро ҳамин обу хурмо, ки дар офтоб гузоранду баъд хӯранд, ҳаром аст? Қозӣ гуфт: – Агар қадре об ба ту резанд, бар ту садмае ворид ояд? Гуфт: – На! Гуфт: – Агар қадре хок бар ту пошанд, оё аъзои ту кӯфтаву дард гиранд? Гуфт: – На! Қозӣ гуфт: – Агар хоку об баҳам омезанд ва хушк созанду бар сарат зананд, чӣ шавад? Гуфт: – Бишканад (кафад) ва садма ворид ояд. Қозӣ гуфт: Ҳамчунон ки таркиби он ду чизсари ду бишканад, аз таркиби ин се чиз қонуни шаръ низ бишканад ва ҳад лозим ояд. (Аз “Базми Эрон”)
ФУТУ[1] ФАННИ КОСАГАРӢ Кӯзагаре буд, ки кӯзаву косаи луобӣ месохт. Хеле ҳам муштарӣ дошт. Ин кӯзагар як шогирди заранг[2] дошт. Чун кӯзагар шогирдашро хеле дӯст медошт, аз ёд додан ба ӯ кӯтоҳӣ намекард. Чанд сол гузашт ва шогирд тамоми корҳои кӯзагариву косагариро ёд гирифт ва пеши худаш фикр кард, ки ҳоло метавонад як коргоҳи ҷудо дуруст кунад. Ба ҳамин ҷиҳат баҳона гирифт ва ба устодаш гуфт: – Музди ман кам аст. Кӯзагар қадре муздашро зиёд кард, вале шогирд боз ҳам розӣ нашуд ва пас аз чанд рӯз гуфт: – Ман бо ин музд наметавонам кор бикунам. Кӯзагар гуфт: – Оё дар ин шаҳр касеро мешиносӣ, ки аз ин бештар ба ту музд бидиҳад? Шогирд гуфт: – На! Намешиносам, вале худам метавонам як кӯзагарӣ боз кунам. Кӯзагар гуфт: – Бисёр хуб, вале бидон: ман хеле заҳмат кашидам, то корҳои кӯзагариро ба ту ёд додам. Инсоф нест, ки маро танҳо бигузорӣ. Шогирд гуфт: – Дуруст аст, вале дигар ҳозир нестам ин ҷо кор кунам. Кӯзагар гуфт: – Бисёр хуб, ҳоло биё шаш моҳ ҳам бо мо бисоз, то як шогирд пайдо кунам. Шогирд гуфт: – На! Ҳарфи мард яке аст! Ва баъд аз он рафт ва як коргоҳи кӯзагарӣ боз кард ва миқдоре кӯзаву косаҳои луобӣ сохт, то бо устодаш рақобат кунаду бозори корҳои устодашро бигирад. Вале ҳар чӣ сохт, дид, берангу кӯр асту мисли косаҳои сохти устодаш нест. Ҳарчи фикр кард, дид, иштибоҳе дар дуруст кардани онҳо накарда, вале косаҳо хуб нашудаанд. Баъд аз фикри зиёд фаҳмид, ки як чиз аз корҳоро ёд нагирифта. Пеши устодаш рафт ва дар ҳоле ки яке аз косаҳояш дасташ буд, ба устодаш гуфт: – Эй устоди азиз! Ҳақиқат ин буд, ки ман мехостам бо ту рақобат кунам, вале ҳарчи саъй кардам, косаҳоям беҳтар аз ин нашуд. Оё мумкин аст ба ман бигӯӣ, ки чаро ин тур шуда? Кӯзагар пурсд: – Хокро аз кадом маъдан овардӣ? Гуфт: – Аз фалон маъдан. Устод гуфт: – Дуруст аст. Гилро чӣ тур хамир кардӣ? Гуфт: – Ин тур ... Устод гуфт: – Ин ҳам дуруст аст. Луоби шишаро чӣ тур сохтӣ? Гуфт: – Ин тур ... Устод гуфт: – Дуруст аст. Оташи кӯраро чӣ тур равшан кардӣ? Шогирд гуфт: – Ҳамон тавре ки ту равшан мекардӣ. Устод гуфт: – Бисёр хуб. Ту маро дар ин мавқеъ танҳо гузоштӣ ва дили маро шикастӣ. Ман аз ту шикоят надорам. Чун ҳар шогирде як рӯз бояд устод шавад, вале агар биёӣ ва як соли дигар барои ман кор кунӣ, ёд мегирӣ. Шогирд қабул кард ва ба коргоҳ баргашт, вале дид: тамоми корҳо ҳамон тавр мисли ҳамеша аст. Як сол тамом шуд. Шогирд пеши устод рафт. Устод гуфт: – Ҳоло ки писари хубе шудӣ, биё, ба ту ёд бидиҳам. Устод рафт канори кӯра ва ба шогирдаш гуфт: – Косаҳоро бидеҳ, то ба кӯра бичинам ва хуб ҳам чашмонатро боз кун, то футу фани корро ёд бигирӣ. Устод косаҳоро аз дасти шогирд гирифт ва вақте хост тӯи кӯра бигузорад, чанд бор фути маҳкам ба косаҳо кард ва гарду хокеро, ки аз онҳо баланд шуд, ба шогирдаш нишон доду гуфт: – Ҳама ҳарфҳо дар ҳамин футаш ҳаст. Ту ин футро намекардӣ. Шогирд гуфт: – На, ман фут намекардам, вале ин кор чӣ рабте ба ранги луоб дорад? Устод гуфт: – Рабташ ин аст: Вақте ки ин косаҳо сохта мешавад, чанд рӯз дар коргоҳ мемонад ва гарду хок рӯи онҳо менишинад. Вақте чандто фут кунем, гарду ғубор пок мешавад ва ранги луоб рӯи он равшану шаффоф мешаваду ҷило пайдо мекунад. Ҳоло бирав, коргоҳатро рӯ ба роҳ кун. (Аз “Достонҳои амсол”) [1] Фут – пуф; боде, ки аз даҳон берун кунанд барои афрӯхтани оташ ва ё хомӯш кардани шамъу чароғ. Фути косагарӣ – пеш аз ба хумдон ниҳодан маҳсулотро бо пуф аз чанг пок кардан; футу фанни косагарӣ – илму фан ва нозукиҳои ҳунари кулолӣ. [2] Заранг – боҳуш
На пурсише, на нигаҳ кардане, на дашноме, Касе чунин бар ҷонони хеш хор мабод! Қозӣ Ҳасани Қазвинӣ
Нигоҳи ман магар аз гулшани кӯи ту меояд? Ки аз ҳар пардаи чашмам чу гул бӯи ту меояд! Фитад ҳар ҷо, ки шабнам, бозгашти ӯ ба хуршед аст, Дили ҳар кас, ки аз худ меравад, сӯи ту меояд! Ҳасрат (Мир Муҳаммад Ашрави Лакҳнавӣ)
Ҷо кунам дар сояи он сарвқад, Гар расад аз олами боло мадад. جا کنم در سایۀ آن سروقد گر رسد از عالم بالا مدد Қадатро сарви хушболост, гуфтам, Ба болоят, ки ҳарфи рост гуфтам. قدت را سرو خوش بالاست گفتم به بالایت که حرف راست گفتم Муҳаммад Бақо – محمّد بقا
УМАРИ ХАЙЁМ - 57
Зӯҳд Мусалмоне, ки мехоҳад, ки тарбияи рӯҳии худро ба дараҷаи олимақом бирасонад ва дараҷоти худро дар охират бузург бикунад, бояд ба мақоми зӯҳд рӯй биоварад. Калимаи “Зӯҳд” дар луғат маънои "моли андак, чизи кам"-ро мефаҳмонад. Он зидди рағбат буда, маъноҳои тарк кардан, рӯй гардониданро мефаҳмонад. Дар истилоҳи шаръӣ аз дунё, молу мулк, обрӯ ва муҳаббати мансаб рӯй гардонидан аст. Аллоҳ таъоло марҳамат кардааст: “Оне, ки ҳосили охиратро мехоҳад , барои он ҳосилашро зиёда карда медиҳем. Оне, ки хоҳони ҳосили дунёст, бар вай аз ҳамон медиҳем ва дар охират бар вай насибае нест” (Сураи Шуро, ояти 20). Аз Саҳл ибн Саъд Соидӣ розияллоҳу ъанҳу ривоят шудааст, ки мегӯяд: «Назди Набӣ соллаллоҳу ъалайҳи ва саллам марде омада гуфт: “Эй Расули Аллоҳ! Маро ба амале далолат бикунед. То ки бо анҷоми он ҳам Аллоҳ ва ҳам инсонҳо ба ман муҳаббат кунанд”. Расулуллоҳ барояш фармуданд: “Зи дунё зӯҳд бикун, Аллоҳ туро дӯст медорад. Аз чизи дар дасти мардумон буда зӯҳд бикун,онон туро дӯст медоранд”. (Ривояти Ибни Моҷа). Шайх Муҳаммад Содиқ Муҳаммад Юсуф роҳимаҳуллоҳ мегӯянд: “Чизи рағбаткунанда аз чизи рӯй гардонида шуда бояд беҳтар бошад. Аз чизе, ки нописанд аст ва ба он рағбат нест, аз он чиз рӯй гардонидан зӯҳд гуфта намешавад”. Қарофӣ чунин гуфтааст: “Оне, ки соҳиби молу давлат бошад ва дар қалбаш муҳаббати онро надошта бошад, ҳамон зӯҳди ҳақиқист. Барои ҳамин бой зоҳид буданаш мумкин. Аммо фақир зоҳид набуданаш мумкин”. Орифи Кабир, Ибни Атоуллоҳ Сакандарӣ роҳимаҳуллоҳ мегӯянд: " Аз сабабе, ки дар қалби роғиб рағбат бисёр аст, амалаш бисёр нест. Аз сабабе, ки дар қалби зоҳид зӯҳд сукунат кардааст, амалаш бисёр аст. Қалби зоҳид салим аст ва қалби роғиб разил аст". Оне, ки бо зӯҳд зиндагӣ мекунад, онро зоҳид мегӯяд. Қисмҳои зӯҳд ва аҳкомҳои он 1. Аз ҳаром зӯҳд кардан. Ҳукми ин фарзи ъайн аст. 2. Аз чизҳои шубҳаовар зӯҳд кардан. Ҳукми ин назар ба дараҷоти шубҳа мебошад. Агар шубҳа аниқ ва равшан бошад, ҳукмаш воҷиб аст. Сабук ва бекуч бошад, ҳукмаш мустаҳаб аст. 3. Аз чизҳои зиёдатӣ зӯҳд кардан. Аз сухану гуфтор, назар, савол ва монанди ин чизҳои зиёдатӣ зӯҳд карда мешавад. Инчунин барои Аллоҳ таъоло аз инсонҳо, ҳатто аз худ низ зӯҳд карда мешавад. 4. Аз ҳамаи чизҳо зӯҳди ҷамъоварро пеша гирифтан. Дар ин зӯҳд аз ҳамаи он чизҳое, ки аз Аллоҳ таъоло машғул мекунад, зӯҳд карда мешавад. Ҳатто аз фикрҳои беҳуда ҳам. Зӯҳди вазнинтарин аз насибаҳо зӯҳд кардан аст. Афзали зӯҳд зӯҳдро пинҳон кардан аст. Он зӯҳде, ки бар банда воҷиб аст, чизҳои ба охират зарар оварандаро тарк кардан аст. @ilyas_tavhiyd https://t.me/+ka_x9E5AmLQxMjky
ЯК ҲАДИСИ ЗЕБО АЗ РАСУЛИ АКРАМ (с.ъ.в.с.) - 44
КАМОНИ МАҶҶОНӢ Шунидам, ки пире буд садсола, пушткужу дутогашта ва бар асо такя карда буду меомад. Ҷавоне ба тамасхур вайро гуфт: – Эй шайх, ин камонакро (ишора бар камари хамидаи пир мекард) чӣ қадр харидӣ, то ман низ яке бихарам? Пир гуфт: – Агар умр ёбӣ ва сабр кунӣ, худ ройгон ба ту бахшанд. (Аз “Қобуснома”)
АМИРИ АСИР Хабар ба Амру Лайс[1] бурданд, ки Исмоил бинни Аҳмад аз Ҷайҳун бигузашт ва ба шаҳри Балх омад ва шаҳнаи Сарахсу Марв бигрехт ва талаби мамлакат мекунад, Амру Лайс ба Нишопур буд. Ҳафтод ҳазор савор арз дод, ҳама баргустувонпӯш[2] бо силоҳу уддати (омодагӣ) тамом ва рӯй ба Балх ниҳод. Ва чун ба якдигар расиданд, масоф карданд. Иттифоқ чунон афтод, ки Амру Лайс ба дари Балх гирифтор шуду ҳафтод ҳазор савори ӯ ба ҳазимат бирафтанд, чунонки як танро ҷароҳате нарасид ва на касе асир гашт, илло аз миёни ҳама Амру Лайс гирифтор шуд. Ва чун ӯро пеши Исмоил оварданд, бифармуд, то ӯро ба рӯзбонон (посбонон) супурданд. Ва ин як фатҳ аз аҷоибҳои дунёст. Чун намози дигар шуд, фарроше, ки аз они Амру Лайс буд, дар лашкаргоҳ мегардид, чашмаш ба Амру Лайс афтод ва дилаш бисӯхт. Пеши ӯ рафт. Амру ӯро гуфт: Имшаберо бо ман бош, ки бас танҳо бимондаам. Пас гуфт: Мардум, то зинда бошад, ӯро аз қут чора нест. Тадбири чизе хӯрданӣ кун, ки маро гурусна аст. Фаррош як мане гӯшт ба даст овард ва тобае оҳанин аз лашкариён орият хост ва ба ҳар ҷониб бидавид, лахте саргини хушк аз дашт барчид ва кулӯхе ду-се бар ҳам ниҳод, тоба сар ниҳод, то қалия кунад. Ва чун гӯшт дар тоба кард, магар ба талаби порае намак шуд ва рӯз ба охир омада буд, саге биёмаду сар дар тоба кард, то устухон бардорад, даҳонаш бисӯхт. Саг сар баровард, ҳалқаи тоба дар гарданаш афтод ва аз сӯзиши оташ ба таг хост (гурехт) ва тобаро бибурд. Амру Лайс чун чунон дид, рӯй сӯи лашкариён ва нигаҳбонон карду гуфт: Ибрат гиред, ки ман он мардам, ки бомдодон матбахи ман чаҳорсад шутур мекашид ва шабонгоҳ саге бардоштаасту ҳамебарад! Ва дигар гуфт: “Асбаҳту амиран ва амситу асиран!” Маънӣ чунон бошад, ки “бомдодон амире будам ва шабонгоҳ асиреам”. Ва ин ҳол ҳам яке аз аҷоибҳои ҷаҳониён аст. (Аз “Сияр-ул-мулук” (“Сиёсатнома”)-и Хоҷа Низомулмулк) [1] Амру Лайс – Амр ибни Лайс (солҳои ҳукмрониаш 879–900) – аслан саффор (мисгар) ва дуредгар буда, бо зўрӣ аз халифа ҳокимияти Хуросонро ба даст мегирад. [2] Баргустувон – зиреҳе, ки ҳангоми набард бар аспу аскар мепўшонанд.
ФИЛЕ, КИ АЗ ХУД МЕТАРСИД Пилеро оварданд бар сари чашмае, ки об хӯрад. Худро дар обмедиду мерамид. Ӯ мепиндошт, ки аз дигаре мерамад. Намедонист, ки аз худ мерамад. Ҳамаи ахлоқи бад аз: зулму кина, ҳасаду ҳирс ва бераҳмиву кибр чун дар ту вуҷуд дорад, намеранҷӣ, чун онро дар дигаре мебинӣ, мерамиву меранҷӣ. Одамӣ аз захм ва бемории худ бадаш наёяд, дасти маҷрӯҳ дар ош мекунад ва ба ангушти худ мелесад ва ҳеҷ аз он дилаш барҳам намехӯрад. Чун бар дигаре андаке захму беморӣ бубинад, он ош ба дилаш намечасбад. Ҳамчунин ахлоқ ҳамонанди захмҳо ва бемориҳост. Чун дар ӯст, аз он намеранҷад ва бар дигаре чун андаке аз он бинад, биранҷад ва нафрат кунад. (Аз “Фиҳи мо фиҳи”)