tgindex
FC Regar-TadAZ Tursunzoda

FC Regar-TadAZ Tursunzoda

Статистика

Официальный канал футбольного клуба «Регар-ТадАЗ» в Telegram.

Последний пост
14 авг.
Последнее чтение
15 авг.
Постов за неделю
14
Всего постов
26
Тип
открытый
Язык
tg
Категория
Спорт
В каталоге с
12 авг.
Подписчики
833
+1 за 2 дн.
Сутки
0
0,00%
Неделя
 
Месяц
 
Просмотров на пост
363
25 постов
Вовлечённость
43,6%
к подписчикам
Постов в день
2,0
всего 26
Упоминаний
4
каналов
Охват размещения
оценка
1/24сутки в ленте
293
1/48двое суток
335
1/72трое суток
362

Оценка по просмотрам недавних постов: пост набирает почти всё за первые сутки.

Посты

  • ⚡️ РАҚИБОНИ "РЕГАР-ТАДАЗ" ДАР МАРҲИЛАИ ГУРӮҲИИ ЛИГАИ ДАЪВАТИ КФО-2026/27 РӮЗИ 20 АВГУСТ МАЪЛУМ МЕШАВАНД 🔹 20 август дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия маросими қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи Даъвати КФО-2026/27 баргузор мешавад. Дар ҷараёни он ҳарифони дастаи мо дар ин мусобиқа муайян мегарданд. 🔹 Имсол дар маҷмуъ 20 даста (12 даста дар минтақаи Ғарб ва 8 даста дар минтақаи Шарқ) иштирок мекунанд. Сабадҳои минтақаи Ғарб: Сабади 1: “Ал-Арабӣ” (Кувайт) “Гоа” (Ҳиндустон) “Аҳал” (Туркманистон) Сабади 2: “Ал-Қадсия” (Кувайт)* “Ал-Ансор” (Лубнон) “Наҷма” (Лубнон) Сабади 3: “Истиқлол” (Тоҷикистон)* "Фортис" (Бангладеш) "Ал-Иттиҳод Аҳлӣ" (Сурия) Сабади 4: “Паро” (Бутан)* “Регар-ТадАЗ” (Тоҷикистон) "Ҳумс Ал-Фидо" (Сурия) 🔹 Дар минтақаи мо дар ҳар гурӯҳ 4 даста хоҳад буд. Се ғолиби гурӯҳ ва як дастаи беҳтарини ҷойи дуюм аз минтақаи Ғарб ба плей-офф мебароянд. Бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ дар ҳар як гурӯҳ ба таври мутамарказ дар як макон сурат мегиранд. * Дастаҳои “Ал-Қадсия” (Кувайт), “Истиқлол” (Тоҷикистон) ва “Паро” (Бутан) мизбони бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ интихоб шудаанд.

  • ⚡️ ПАС АЗ БОЗИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БА РАҚОБАТҲОИ ЛИГАИ ОЛӢ-2026 БАРМЕГАРДЕМ! 🔹 18-уми август "Регар-ТадАЗ" дар Лигаи олӣ-2026 бозии даври 14-уми худро барпо мекунад. Ҳарифи мо дастаи "Парвоз"-и Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд аст. Бозии дастаҳо дар варзишгоҳи "ТАЛКО-Арена" соати 19:00 барпо мегардад. 🔹 Дастаи мо - "Регар-ТадАЗ" пас аз баргашт аз Малдив ва пирӯзӣ дар рақобати марҳилаи интихобии Лигаи Даъвати КФО-2026/27 бар зидди дастаи "Мазия Спортс" нахустин бозии худро доир мекунад. Ҳамаи мухлисонро ба тамошои бозии "Регар-ТадАЗ" - "Парвоз" даъват менамоем! 🏆 Чемпионати Тоҷикистон-2026 🇹🇯 Лигаи олӣ. Даври 14-ум 📆 18 август | сешанбе ⌚️ Оғоз – соати 19:00 «Регар-ТадАЗ» 🆚 «Парвоз» 🏟 Турсунзода, варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»

  • Изҳори сипос ва миннатдорӣ Клуби футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода ба Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ, барои дастгирии пайваста, таваҷҷуҳи махсус ба рушди футболи кишвар ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати пешрафти варзиш ва футбол дар Тоҷикистон самимона изҳори сипос ва миннатдорӣ менамояд. Ҳамзамон, роҳбарият, ҳайати мураббиён ва бозигарони даста ба сарпарасти кулли худ ҶСК "Ширкати алюминийи тоҷик" (ТАЛКО) ва мухлисони содиқу ҳамешагии «Регар-ТадАЗ» — сокинони шаҳри Турсунзода ва ҳамаи ҳаводорони футболи тоҷик изҳори сипоси самимӣ менамоянд. Дастгирии шумо барои бозигарон неруи тоза, масъулияти бештар ва боварӣ ба пирӯзиҳои нав мебахшад. Мо ҳайати даста пирӯзии КФ «Регар-ТадАЗ»-ро бар дастаи «Мазия Спортс» ба ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебахшем. Ин ғалаба арҷгузорӣ ба истиқлоли Ватан, рамзи эҳтиром ба давлату миллат ва туҳфаи варзишии футболбозони «Регар-ТадАЗ» ба мардуми сарбаланди Тоҷикистон мебошад. Бигзор парчами Тоҷикистон ҳамеша парафшон ва номи Ватани азизи мо дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд садо диҳад! Бо эҳтиром, Роҳбарият, ҳайати мураббиён ва футболбозони КФ «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода

  • Голи сеюми моро Амирҷон Сафаров зад. "Мазия Спортс" - "Регар-ТадАЗ" 0-3! 🔥 ⚽️⚽️⚽️ Our third goal was scored by Amirjon Safarov. “Maziya Sports” 0–3 “Regar-TadAZ”! 🔥

  • Шерзод Маҳамадиев бо паси головари Озодбек Панҷиев ҳисобро 2-0 кард! ⚽️⚽️⚽️ Sherzod Mahamadiev made it 2–0 with an assist from Ozodbek Panjiev!

  • Озодбек Панҷиев голи якуми моро ба ҳадаф расонд! ⚽️⚽️⚽️ Ozodbek Panjiev scored our first goal!

  • 12 авг.1 0581

    ⚡️ "РЕГАР-ТАДАЗ" БА МАРҲИЛАИ ГУРӮҲИИ ЛИГАИ ДАЪВАТИ КФО-2026/27 РОҲ ЁФТ! 🔹 Дар рақобати марҳилаи интихобии Лигаи Даъвати КФО-2026/27 дастаи "Регар-ТадАЗ" дар бозии сафарӣ бар зидди "Мазия Спортс"-и Малдив бо ҳисоби калони 3-0 ғалаба кард. Голҳои моро Озодбек Панҷиев дар дақиқаи 51-ум, Шерзод Маҳамадиев дар дақиқаи 89-ум ва Амирҷон Сафаров дар дақиқаи 90+2 ба ҳадаф расонданд. 🔹 Комёбии мазкурро ба кулли ҳайати даста ва мухлисони бошгоҳамон табрик мегӯем! ⚽️⚽️⚽️ ⚡️ “REGAR-TADAZ” QUALIFY FOR THE GROUP STAGE OF THE AFC CHALLENGE LEAGUE 2026/27! 🔹 In the preliminary stage of the AFC Challenge League 2026/27, Regar-TadAZ secured a 3–0 away victory over Maziya Sports of the Maldives. Our first goal was scored by Ozodbek Panjiev in the 51st minute, the second by Sherzod Mahamadiev in the 89th minute, and the third by Amirjon Safarov in the 90+2nd minute. 🔹 We congratulate the entire team and all our club’s supporters on this achievement!

  • ГОООЛ! Озодбек Панҷиев дар дақиқаи 51-ум ҳисобро кушод. ⚽️⚽️⚽️ GOOOAL! Ozodbek Panjiyev scores in the 51st minute.

  • Нимаи якуми бозӣ мусовӣ 0-0 хотима ёфт. ⚽️⚽️⚽️ The first half of the match ended in a 0–0 draw.

  • ҲАЙАТИ «РЕГАР-ТАДАЗ» ДАР БОЗИИ ИМРӮЗА! ⚽️⚽️⚽️ STARTING LINEUP OF FC "REGAR-TADAZ" FOR TODAY'S MATCH!

  • 12 авг.3471из varzishtvofficial

    🇹🇯 Муваффақият ба дастаи «Регар-ТадАЗ» 🇹🇯   Имрӯз , 12 август барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2025 дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бозии даври муқаддамотии Лигаи даъвати КФО-2026/27-ро баргузор мекунад.   Дар мубориза барои роҳ ёфтан ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқа «Регар-ТадАЗ» бо тими «Мазия»-и Малдив рӯ ба рӯ мешавад.   Бозӣ дар Варзишгоҳи миллии шаҳри Мале баргузор шуда, соати 15:00 ба вақти Душанбе оғоз мегардад.   Ба дастаи «Регар-ТадАЗ» дар ин рақобати муҳим барору комёбӣ орзумандем!   🌏🇹🇯

  • ✔️ ИМРӮЗ "РЕГАР-ТАДАЗ" БО "МАЗИЯ СПОРТС" БАҲРИ РОҲХАТИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲИИ ЛИГАИ ДАЪВАТИ КФО-2026/27 РАҚОБАТ МЕКУНАД! 🔹 Бозии дастаҳо имрӯз, 12-уми август, дар шаҳри Малеи ҷазираҳои Малдив соати 15:00 барпо мегардад. 🔹 Ғолиби ин ҷуфт соҳиби роҳхат ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқа мешавад. Ба дастаамон - "Регар-ТадАЗ" дар ин рақобати муҳиму ҳассос комёбӣ орзумандем! ⚽️⚽️⚽️ ✔️ TODAY, REGAR-TADAZ TAKE ON MAZIYA SPORTS FOR A PLACE IN THE GROUP STAGE OF THE AFC CHALLENGE LEAGUE 2026/27! 🔹 The match will take place today, August 12, in Malé, Maldives, at 3:00 PM. 🔹 The winner of this tie will secure a place in the group stage of the competition. We wish our team, Regar-TadAZ, every success in this crucial match! ⚽️⚽️⚽️ ⚡️ MATCHDAY⚡️ 🏆 Лигаи Даъвати КФО-2026/27 ⚽️ Марҳилаи интихобӣ 📆 12 август | чоршанбе ⌚️ Оғоз – соати 15:00 «Мазия Спортс» (Малдив) 🇲🇻  🆚 «Регар-ТадАЗ» (Тоҷикистон) 🇹🇯 🏟 Мале, "Варзишгоҳи Миллии Малдив".

  • 11 авг.197из fft_official

    🇹🇯 «РЕГАР-ТАДАЗ» ДАР ДАВРИ МУҚАДДАМОТИИ ЛИГАИ ДАЪВАТИ КФО-2026/27 БО «МАЗИЯ» БОЗӢ МЕКУНАД   ✅ 12 август барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2025 дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бозии даври муқаддамотии Лигаи даъвати КФО-2026/27-ро баргузор мекунад.   🔺 Дар мубориза барои роҳ ёфтан ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқа «Регар-ТадАЗ» бо тими «Мазия»-и Малдив рӯ ба рӯ мешавад.   🔸 Бозӣ дар Варзишгоҳи миллии шаҳри Мале баргузор шуда, соати 15:00 ба вақти Душанбе оғоз мегардад.   🤝 Ба дастаи «Регар-ТадАЗ» дар ин рақобати муҳим барору комёбӣ орзумандем!   ⚽️ ⚽️ ⚽️   🇹🇯 «РЕГАР-ТАДАЗ» ПРОВЕДЕТ МАТЧ ПРЕДВАРИТЕЛЬНОГО РАУНДА ЛИГИ ВЫЗОВА АФК-2026/27 ПРОТИВ «МАЗИИ»   ✅ В среду, 12 августа, обладатель Кубка Таджикистана-2025 турсунзадевский «Регар-ТадАЗ» проведет матч предварительного раунда Лиги вызова АФК-2026/27.   🔺 В борьбе за выход в групповой этап турнира «Регар-ТадАЗ» встретится с мальдивским клубом «Мазия». 🔸 Матч состоится на Национальном стадионе в Мале и начнется в 15:00 по душанбинскому времени.   🤝 Желаем успехов турсунзадевскому клубу!   🏆 Лига вызова АФК-2026/27 🔹 Предварительный раунд 🗓 12 августа | среда ⏰ Начало – в 15:00 часов по Душанбе «Мазия» (Мальдивы) 🇲🇻 🆚 🇹🇯 «РЕГАР-ТАДАЗ» (ТАДЖИКИСТАН) 🏟 Мале, Национальный стадион   #AFCChallengeLeague #FCRegarTadAZ

  • «МАЗИЯ СПОРТС» ВА «РЕГАР-ТАДАЗ» ПИРОҲАНҲОИ ХУДРО МУАЙЯН КАРДАНД ИМРӮЗ, 11 АВГУСТ, ДАР ШАҲРИ МАЛЕ ҶАЛАСАИ ПЕШ АЗ БОЗӢ БАРГУЗОР ГАРДИД. «Регар-ТадАЗ» дар бозии мазкур бо пироҳанҳои сафед, ки қисми пеши он дорои хатҳои амудии сиёҳ аст, ба майдон мебарояд. Дастаи «Мазия Спортс» бо либосҳои сабз бозӣ мекунад. Хотиррасон мешавем, ки рақобати дастаҳои «Регар-ТадАЗ» ва «Мазия Спортс» дар марҳилаи интихобии Лигаи Даъвати КФО-2026/27 пагоҳ, 12 август, дар «Варзишгоҳи Миллии Малдив» дар шаҳри Мале соати 15:00 (бо вақти Душанбе) баргузор мегардад. ⚽️⚽️⚽️ MAZIYA SPORTS AND REGAR-TADAZ CONFIRM THEIR MATCH KITS THE OFFICIAL PRE-MATCH MEETING WAS HELD IN MALE TODAY, AUGUST 11. Regar-TadAZ will play in white shirts featuring black vertical stripes on the front. Maziya Sports will play in green. The match between Regar-TadAZ and Maziya Sports in the preliminary stage of the AFC Challenge League 2026/27 will be played tomorrow, August 12, at the Maldives National Stadium in Male, with kick-off at 3:00 PM Dushanbe time.

  • 10 авг.3022из varzishtvofficial

    🇹🇯 «Регар-ТадАЗ» барои роҳ ёфтан ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми даъвати КФО 2026/27 бо тими «Мазия» 🇲🇻 андари майдони рақобат мешавад 🏟 Вохӯрии дастаҳо рӯзи 12-уми август дар Варзишгоҳи миллии Малдив дар шаҳри Меле соати 15:00 бо вақти Душанбе баргузор мегардад. 🌏

  • САНАИ БАРГУЗОРИИ БОЗИИ "МАЗИЯ СПОРТС" - "РЕГАР-ТАДАЗ" ТАҒЙИР ЁФТ Бо сабаби пайдо шудани мушкилӣ дар корҳои ташкилии бозии марҳилаи интихобии Лигаи Даъвати КФО-2026/27 байни дастаҳои "Мазия Спортс" (Малдив) - "Регар-ТадАЗ" (Тоҷикистон) рақобат аз санаи 11-уми август ба рӯзи 12-уми август гузаронида шуд. Бозии дастаҳо дар "Варзишгоҳи Миллии Малдив"-и шаҳри Меле соати 15:00 (бо вақти Душанбе) барпо мегардад. ⚽️⚽️⚽️ DATE OF THE “MAZIA SPORTS” – “REGAR-TADAZ” MATCH CHANGED Due to organizational issues related to the AFC Challenge League 2026/27 qualifying-stage match between “Mazia Sports” (Maldives) and “Regar-TadAZ” (Tajikistan), the match has been rescheduled from August 11 to August 12. The match will take place at the Maldives National Stadium in Malé, with kick-off at 3:00 PM Dushanbe time. ⚽️⚽️⚽️ 🏆 Лигаи Даъвати КФО-2026/27 ⚽️ Марҳилаи интихобӣ 📆 12 август | чоршанбе ⌚️ Оғоз – соати 15:00 «Мазия Спортс» (Малдив) 🇲🇻 🆚 «Регар-ТадАЗ» (Тоҷикистон) 🇹🇯 🏟 Мале, "Варзишгоҳи Миллии Малдив".

  • 🗓 Рӯзи варзишгарон хуҷаста бод! 💪 Ҳамасола 10-уми август дар Тоҷикистон Рӯзи варзишгарон таҷлил мегардад. Имрӯзҳо варзишгарони тоҷик бо меҳнату иродаи қавӣ парчами Ватанро дар майдонҳои байналмилалӣ баланд бардошта, ифтихори мо ҳастанд! 🏆✨ Ба ҳамаи варзишгарон саломатӣ, пирӯзиҳои нав ва комёбиҳои бузургро таманно дорем!

  • ⚡️ "РЕГАР-ТАДАЗ" БА МАЛДИВ САФАР КАРД! 🇲🇻✈️ 🔹 Роҳи сафед ва комёбӣ насибат бод, КФ "Регар-ТадАЗ"! ⚽️⚽️⚽️ ⚡️ FC REGAR-TADAZ DEPARTS FOR THE MALDIVES! 🇲🇻✈️ 🔹 Safe travels and the best of luck, FC Regar-TadAZ!

  • ⚡️ "РЕГАР-ТАДАЗ" БА МАЛДИВ САФАР КАРД! 🇲🇻✈️ 🔹 КФ "Регар-ТадАЗ" баҳри иштирок дар рақобати марҳилаи интихобии Лигаи Даъвати КФО-2026/27 ба кишвари Малдив сафар кард. 🔹 Ҳайати даста шоми 8-уми август тавассути хатсайри ҳавоии Душанбе-Хуҷанд ва сипас Тошканд-Шарҷа-Мале ба роҳ баромад. 🔹 Бозӣ бо бошгоҳи "Мазия"-и ҷазираҳои Малдив рӯзи 11-уми август соати 15:00 (бо вақти шаҳри Душанбе) сурат мегирад. 🔹 Роҳи сафед ва комёбӣ насибат бод, КФ "Регар-ТадАЗ"! ⚽️⚽️⚽️ ⚡️ FC REGAR-TADAZ DEPARTS FOR THE MALDIVES! 🇲🇻✈️ 🔹 FC Regar-TadAZ has departed for the Maldives to compete in the 2026/27 AFC Challenge League Qualifiers. 🔹 On the evening of August 8, the team will depart by air from Dushanbe to Khujand, and then continue its journey via Tashkent–Sharjah–Malé. 🔹 The team will play with Maziya SC of the Maldives on 11 August, with kick-off scheduled for 3:00 PM (Dushanbe time). 🔹 Safe travels and the best of luck, FC Regar-TadAZ!

  • ЗОДРӮЗ ХУҶАСТА БОД, НОЗИМ БОБОҶОНОВ! Мо аҳли коллективи КФ "Регар-ТадАЗ" ниммуҳофизатгари даста Нозим Бобоҷоновро бо рӯзи мавлудаш самимона табрик мегӯем. Нозим Бобоҷонов аз ҷумлаи беҳтарин дастпарварони "Регар-ТадАЗ" буда, солиёни зиёд шарафи дастаи моро бо сари баланд дифоъ кардааст. Ӯ барои расидан бо комёбиҳои бузурги "Регар-ТадАЗ" дар солҳои охир саҳми арзанда дорад. Мо умедворем, ки Нозим Бобоҷонов боз солиёни зиёд ба даста содиқона хизмат мекунад. Зодрӯз муборак бод, Нозим Бобоҷонов!