Имло
СтатистикаДуруст бинависем Гурӯҳ барои мактабиён ва ихлосмандон фаъолият мебарад. Барои таклифу мулоҳиза ➡️ @hotamali_rahmatov
- Последний пост
- 29 июл.
- Последнее чтение
- 16 авг.
- Постов за неделю
- 0
- Всего постов
- 22
- Тип
- открытый
- Язык
- русский
- В каталоге с
- 14 авг.
- 1/24сутки в ленте
- 58
- 1/48двое суток
- 66
- 1/72трое суток
- 71
Оценка по просмотрам недавних постов: пост набирает почти всё за первые сутки.
Посты
Шумораи навбатии 60-уми "ОВОЗИ ТОҶИК" аз 29 июли соли 2026 барои мутолиа пешкаш мегардад. Шакли PDF-ро таҳририят пешниҳод намудааст. Аз тариқи веб-сайти интернетии рӯзнома ovozitojik.uz низ метавонед аз навгониҳо хабардор гардед. Telegram | Facebook | Шабака | YouTube | Барои муроҷиат
"Дар ягон мактаб муаллим мешудагистем-дия!" Китоб дӯсти инсон буд, ҳаст ва мемонад. Китоб ба инсон ҳаётро меомӯзонад,тарбия менамояд ва доираи андешаву фикррониашро рангину зебо мегардонад. Муфассал 👉 https://ovozitojik.uz/news/18549 Telegram | Facebook | Шабака | YouTube | Барои муроҷиат
НАҚШАИ ТАҚВИМӢ АЗ ФАНҲОИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК ДАР АСОСИ ФАНҲОИ ИНТИХОБӢ (САНҶИШӢ) БАРОИ СИНФҲОИ 10-11 ДАР СОЛИ ХОНИШИ 2026-2027 https://t.me/Xirad
ТАВСИЯ оид ба ҷорӣ намудани нақшаҳои таълимии вариативӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои соли таҳсили 2026-2027 Umumiy oʻrta ta’lim muassasalarida variativ oʻquv rejalarini joriy etish boʻyicha TAVSIYA https://t.me/Xirad
Нақшаи таълимии такягоҳӣ барои соли таҳсили 2026–2027 (10 апрели соли 2026, №133) 2026-2027 ўқув йили учун таянч ўқув режаси 2026.10-апрел №133 https://t.me/Xirad
НАҚШАИ ТАЪЛИМИИ ВАРИАТИВӢ (ТАҒЙИРЁБАНДА) АЗ ФАННИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ВА АДАБИЁТ БАРОИ СИНФҲОИ 7-11 ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИ МИЁНАИ УМУМӢ БАРОИ СОЛИ ХОНИШИ 2026-2027 https://t.me/Xirad
НАҚШАИ ТАҚВИМӢ АЗ ФАНҲОИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК ДАР АСОСИ БАҲОГУЗОРИИ НАВ БАРОИ СИНФҲОИ 5-11 ДАР СОЛИ ХОНИШИ 2026-2027 https://t.me/Xirad
без подписи
НАҚШАИ ТАҚВИМӢ АЗ ФАНҲОИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК БАРОИ СИНФҲОИ 5-11 ДАР СОЛИ ХОНИШИ 2026-2027 https://t.me/Xirad
НАҚШАИ ТАҚВИМӢ АЗ ФАНҲОИ АЛИФБО, ҲУСНИ ХАТ, ЗАБОНИ МОДАРӢ ВА ХОНИШ, БАРОИ СИНФҲОИ 1-4 ДАР СОЛИ ХОНИШИ 2026-2027 https://t.me/Xirad
Вақт ёбед! Барои меҳрубонӣ вақт ёбед, Барои сабзҷонӣ вақт ёбед. Барои «дӯст дорам» гуфтани ёр, Барои дилфишонӣ вақт ёбед. Ба як суҳбат, ба як лабханди зебо, Ба васлу комронӣ вақт ёбед. Дилам аз куҳнагӣ озор дидаст, Барои навҷавонӣ вақт ёбед. На дар тақвим бошад арзиши умр, Барои зиндагонӣ вақт ёбед. Пас аз атри гули ёре шамидан, Барои гулнишонӣ вақт ёбед. Тамоми орзуҳо ормонист, Ба умри ормонӣ вақт ёбед. Бузургмеҳри Баҳодур. Telegram | Facebook | Шабака | YouTube | Барои муроҷиат
Кадомаш дуруст аст?
БА ТАВАҶҶУҲИ МУШТАРИЁНУ ДӮСТДОРОНИ “ДУРДОНАИ ШАРҚ” Ҳайати таҳрир ва ҷамоаи эҷодии маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии “Дурдонаи Шарқ” бахшида ба 35-солагии ҷашни Истиқлолияти Ӯзбекистон нашри шумораи махсуси идонаро ба нақша гирифтааст. Ба ин муносибат шумораҳои 2 ва 3–юми маҷалла зери як муқова бо саҳифаҳои зиёд дар арафаи ҷашни Истиқлолият чоп хоҳад шуд. Аз аҳли адабу қалам, муштариён хоҳиш мекунем, ки шеъру ҳикоя ва мақолаҳои беҳтарини худро дар бораи дастовардҳои Истиқлол, дар васфи Ватан ба суроғаҳои зерин фиристанд: 👇👇👇 👉 https://t.me/Asadullo1970 👉 https://t.me/faridun_farkhodzod Ёдовар мекунем, ки қабули матолибу мақолаҳо то 10-уми июли соли ҷорӣ идома меёбад. Бо эҳтиром ҷамоаи эҷодии маҷалла. https://t.me/durdonai_sharq
Ҳавола барои иштирок дар озмуни китобхон оиди асари "Марги судхӯр"
https://t.me/kitobxoni_zakovatmand_bot?start=ref_5649260434
ҲАМВУҶУД БО ӮЗБЕКИСТОН Дар рӯзҳое, ки мехостам ба зодгоҳ (ноҳияи Сӯх) биравам, Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев аз рӯйи чораҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона ҷамъомад доир кард. “Боз як воқеаи хуш дар ҳаёти мардуми Сӯх!” – аз дил гузарондам бо ҳисси масарратбахш. Муфассал 👉 https://ovozitojik.uz/news/17980 Telegram | Facebook | Шабака | YouTube | Барои муроҷиат
без подписи
https://t.me/kitobxoni_zakovatmand_bot?start=ref_5649260434
Муаллим Абдуллоев дафтарҳои талабагонро дар хонааш тафтиш мекард. Талабагонаш иншо навишта буданд дар мавзӯи "Орзӯи ягонаи ман" Ногоҳ муаллим чашмони аз гиря сурхшудаашро ба занаш, ки ҳушу гӯш ба тилфони дар даст будааш буд афканд. Иншои навиштаи талабаро мехонду гиряаш зиёдтар мешуд. Садои гиряи шавҳарашро шунида ҳамсараш тилфонро яксу гузошта ба муаллим наздик шуда пурсид: - Чӣ шудааст?Чи навиштааст талабаатон? Муаллим бо овози ларзон иншои талабаашро хонд. - Орзуи ягонаам ин аст, ки мехоҳам телефон шавам. Вақте падарам аз кор ба хона меояд мехоҳам бо ӯ бозӣ кунам, ҳамсӯҳбат шавам, падарам маро аз худ дур карда мегӯяд, хаста шудаам рав бозӣ кун. Баъд телефонашро гирифта соатҳои дароз ба ӯ менигарад. Хастагиаш меравад. Ба назди модарам меоям бо телефон сӯҳбат дорад. Ҳатто ба гиряву хоҳишҳои ман аҳмият намедиҳад. Агар мабодо телефони падарам ё модарамро ба дастам гирам, онҳо ба сарам доду фарёд мебардоранд, ки тилфонашонро дар ҷояш монам, ки боз афтонда нашиканам. Падару модарам аз ман дида телефонашонро эҳтиёт мекунанду бисёртар дӯст медоранд. Аз ин сабаб орзӯ дорам, ки телефон шавам" Ҳамсари муаллим дар ҳолате, ки аз чашмонаш ашк беист мерехт гуфт: - Кош ин кудак дар наздам мешуд ба оғӯшаш мегирифтам. Муаллим гуфт. Ту метавонӣ ӯро ба оғӯш гирӣ. Иншоро Абдуллоев Собирҷон, яъне писарамон навиштааст. ???? Аз интернет
ДИҚҚАТ! ДИҚҚАТ! ДИҚҚАТ! Рӯзномаи ҷумҳурии “Овози тоҷик” озмуни онлайнии китобхонӣ – “КИТОБХОНИ ЗАКОВАТМАНД”-ро эълон мекунад! Озмун аз рӯйи ду номинатсия баргузор мешавад: – иштироки фаъол дар тест; – тарғиботи озмун. Барои дарёфти маълумоти бештар дар бораи озмун ба БОТИ ЗЕРИН ворид шавед ва сабти ном намоед: 👇👇👇 https://t.me/kitobxoni_zakovatmand_bot ФУРСАТРО АЗ ДАСТ НАДИҲЕД! КИТОБ ХОНЕД, ДОНИШ АНДӮЗЕД ВА СОҲИБИ ТУҲФАҲОИ ҚИМАТБАҲО ГАРДЕД! Telegram | Facebook | Шабака | YouTube | Барои муроҷиат