Хазинаи Маърифат - Khazinai Marifat
СтатистикаСаҳифаи аслии Хазинаи Маърифат. Моро дар YouTube пайгирӣ намоед: https://youtu.be/gx-TgGXNuxk
- Последний пост
- 6 авг.
- Последнее чтение
- 19:30
- Постов за неделю
- 0
- Всего постов
- 45
- Тип
- открытый
- Язык
- русский
- Категория
- Видео
- В каталоге с
- 14 авг.
- 1/24сутки в ленте
- 75
- 1/48двое суток
- 85
- 1/72трое суток
- 92
Оценка по просмотрам недавних постов: пост набирает почти всё за первые сутки.
Посты
Дарси сулҳ ва ҷанг Донишҷӯ аз устодаш пурсон мешавад, ки; - Маро ҷанг карданро меомӯзонед, аммо дар бораи сулҳ суҳбат мекунед. Ин ҳар дуро ба якдигар чӣ гуна пайваст мекунед? Устод ҷавоб медиҳад: - Дар боғ ҷанговар будан беҳтар аст, аз оне ки дар ҷанг боғбон бошӣ. *** Зиндагӣ муҷодала аст. Зиндагӣ гармию сардӣ, нишебию баландӣ, оромию изтиробӣ дорад ва барои муваффақ шудан бояд омода бошем. Сулҳ беҳтарин неъмат аст ва ин маънои онро надорад, ки дар вақти сулҳ бепарво бошем. Замони сулҳ бар муқобили зуҳури ғайриинтизории нооромӣ бояд омодагӣ дошта бошем. https://www.facebook.com/khudobakhsh ХУДОБАХШ 24.05.2020с.
Хоксорӣ Хоксорӣ ҳамаро аз худ боло дидан аст. Хоксорӣ сарро хам кардан нест. Барои нафареро хоксор гуфтан, имконияти доштаашро низ бояд ба инобат гирифт. Баъзан нафаре бо доштани сарвати зиёде, хоксориро ҳам рафиқи худ гардонидааст. Аммо мутаассифона нафаре ҳам боз ёфт мешавад, ки бо надоштани на илму на дороӣ, боз хоксориро тарк кардаасту бо кибр қадам мемонад. Инсонро дороӣ воло намегардонад, балки эҳсону хоксорияш ба мартабаи боло мерасонад. Қорунро новобаста аз доро буданаш, ба некӣ ёд намекунанд. Пас, маълум мешавад, ки дороӣ бо хоксорию хайр ҳамроҳ нашавад, дар он ба ҷуз хусрон чизи дигаре нест. Инсон чӣ қадар доро бошад ҳам, назди фақир чун нодоре рафтор бояд кунад, ки нишонаи хоксорист. Хоксорӣ на танҳо бо доштани молу мулк арзёбӣ мегардад, ҳамзамон дар илму маърифат ва шуғл низ бараъло дида мешавад. Нафаре бо хондани як -ду китоб тамоми аҳли илми гузаштаашро бо нодонӣ айбдор мекунад. Худситоӣ ва худро олим донистану ғурур кардан, сифати шайтон аст. Кибр сабаби ронда шудан шайтон аз ҷаннат шудааст. Ва ҳамзамон боз бузургоне бо навиштани садҳо китоб, худашонро хоки пеши пойи бузургони гузаштаашон медонанд, чун хоксориро пеша кардаанду боз ҳам волотар гардидаанд. Хатоии хешро иқрор шудан ҳам, аз хоксории шахс далолат мекунад. Аммо манманӣ ифодакунандаи кибру худситоӣ аст. касеро, ки кибру ғурураш ҳамарӯза зиёд мегардад, сарпарасташ шайтон аст. Фикру мулоҳизаи дигареро бидуни таҳлил гӯш накардану рад кардан ҳам, аз ғурур аст, ки заҳри хоксорӣ мебошад. Кибр сангест дар миён, ки намегузорад дар об шино кунему дар ҳаво, парвоз. Баъзе нафарон аз тарсашон ғурур карда наметавонанд, аммо мо онҳоро хоксор мепиндорем. Аслат аз қатра манӣ лоиқи ту нест манӣ, Аз раҳи бавл шудӣ, кибру маниҳо чӣ кунӣ. (Ҷунунӣ) Фурӯтанӣ (хоксорӣ) бузургии шахсро инъикос мекунад. Худаш ҳам сукут кунад, асолаташ сухан меронад. Барои намуна; Ахлоқу хоксории ҳазрати Муҳаммад (с.а.с.) қабл аз сафари Умар (р.а.) ба Макка: - Эй бародарам Умар (р.а.)! Ту макони муқаддас (зиёрати Каъба) меравӣ, дар ҳаққи мо ҳам дуо бикун. Яъне, дар кадом мавқеияте набошем, аз худамон набояд розӣ бошем, хоксориро пеша гирем. Ҳар доим хешро бояд муҳтоҷи раҳмати илоҳӣ бидонем. Ҳар касе ба дидани айби худ машғул аст, пас ӯ хоксор аст. бузурге фармудааст: Дона то дар хок наафтад, кай ба боло қад кашад? Қадри одам баланд, аз хоксорӣ мешавад. Инсон дороии молу мулк ва донишмандиро аз лутфи илоҳӣ бояд донад, вагарна кибр иҳотааш хоҳад кард. Ҳар нафаре, ки худашро боло медонад, залил мегардад. Ва ҳар касе, ки шукргузорӣ мекунаду хоксорӣ пеша дорад, дар назди Офаридгор (ҷ.ҷ.) ва мардум мақомеро соҳиб мешавад. Албатта ки фақир низ набояд худашро назди дорое қоматшикаста нишон диҳад. Фақир ҳам бояд дар худ шарафу иззату ҳайсият дошта бошад. Ҳамзамон шахси дорову тануманд низ, дар муқобили фақиру нотавон хоксориро пеша кунад, то баракати зиндагияш афзун гардад. Вагарна кибр фаровониро дар ҳаёташ маҳдуд месозад. Албатта дар баъзе мавридҳо, аз ҷумла дар вақти адои роҳбарӣ бовиқор будан маънои такаббурӣ нест. Ҷиддият дар кор баракат ба бор меорад. Аммо роҳбар дар хона барои мусофир хидматгоре беш нест, зеро меҳмон ҳар доим воло аст. Хоксории барзиёд ба зиллат мебарад ва бовиқории бемаврид бошад, ба кибр мерасонад. Ғуруру виқор ва хоксорию ҷиддиятро бояд дуруст дарк кард. Чӣ гуна, ки дар вақти дороӣ ва вазифадорият миёнамон фосила медонистӣ, хоҳишмандам замони муфлисӣ ва барканорият низ ҳамон рафтору кирдору фаҳмишатро идома деҳ. Чун хоксорӣ ва меҳру рафоқат ҳангоми тавонгарӣ арзиш дорад, на дар сарозерӣ. Cубҳон Қурбонзода Дипломат, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ https://www.facebook.com/khudobakhsh
без подписи
без подписи
Генерали англис ва чӯпон Соли 1917 генерали англис дар Ироқ аз дурӣ ба чӯпоне назар мекард. Баъдан ба ӯ наздик мешавад. Генерал ба чӯпон мегӯяд: - Агар сагатро, ки галлаатро ҳифз мекунад, ба қатл расонӣ, бароят 100 стерлинг медиҳам. Чӯпон 100 стерлингро пули калон мешуморад, аммо саг ҳам гарону ҳам азиз аст. Чӯпон ба сагаш бисёр эътимод дошт, чун галларо бонӣ мекард. Саг ҳатто болои сари гӯсфанди бемор шабу рӯз ва гӯшнаву ташна посбонӣ мекард. Вале чӯпон дубора фикри сад стерлингро мекунад ва билохира, сагашро дошта, дар пеши генерал мекӯшад. Генерал ба чӯпон сад стерлинг медиҳад ва ба ӯ мегӯяд: - Агар пӯсти сагро аз танаш ҷудо кунӣ, 100 стерлинги дигар медиҳам. Чӯпон ин дафъа заррае фикр накарда, сагро пӯст мекунад. Генерал: - Агар сагатро пора-пора кунӣ, боз 100 стерлинги дигар медиҳам. Чӯпон дигар парвое надошт ва сагашро пора-пора карду сад стерлингро гирифт. Генерал хайрухуш мекард, ки чӯпон чунин пешниҳод намуд: - Агар 100 стерлинги дигар диҳӣ, гӯшти сагамро мехӯрам. Генерал гуфт: - Ҳаргиз! Ман мехостам бидонам, ки азизонатро чӣ қадар иззату эҳтирому ҳифз мекунӣ. Ту барои маблағ сагатро, ки ҳамсафару ёрирасонат буд, фидо кардӣ. Он чӣ хостам, фаҳмидам. Генерал ба сӯйи рафиқонаш баргашта, суханашро чунин идома медиҳад: - Ҳаргиз натарсед аз одамоне, ки чунин хислатро соҳибанд. Ҳама корро тариқи чунин шахсони хиёнаткору намакношинос ба анҷом расонед. *** Дар дунё бо нафароне рӯ ба рӯ мешавем, ки пул доранду қадр надоранд. Аз рӯйи чунин нокасону нохалафон ин сухан вирди забонҳо шудааст: - Дар дунё коре нест, ки бо пул ҳалли худро наёбад. Мутаассифона, баъзе манфиатпарастон барои фоидае ё мақоме ҳамаи ҳастиашонро мефурӯшанд. Касе наздиконашро/азизонашро барои маблағе мефурӯшад, фикр мекунад, ки бурде кардааст, вале бояд бидонад, ки барои харидор, ҷуз ашёи нолозиме қимате надорад. Агар касе чунин гӯяд: “Даре нест, ки пул (маблағ) онро кушода натавонад”. Пас, аз чунин шахс бояд дурӣ ҷӯст, зеро ин гуна нафар барои пул ба ҳама кор даст мезанад. Сарчашма: https://www.facebook.com/khudobakhsh ХУДОБАХШ 29.08.2024с.
Гург ва рӯбоҳ Гург бо рӯбоҳ бо ҳамдигар дӯст буданд. Рӯбоҳ аз ҳушёрую зиракӣ ва гург аз зурую чанголи тезаш баҳра мебурданд. Рӯбоҳ сайдро пайдо мекунаду гург шикор мекунад. Баъдан ҳар ду нишаста нуши ҷон мекарданд. Пас аз чанд рӯзе дигар сайде пайдо карда натавонистанд. Ба хулосае меоянд, ки ҳар яке ба роҳҳои гуногун раванд, ҳамин ки сайде дида шавад, зуд ба якдигар хабар расонанд. Гург мурғхонаеро меёбад ва зуд худашро ба рӯбоҳ мерасонад. Рӯбоҳ аз шунидани ёфтани мурғхона хурсанд мешавад ва якҷоя ба сӯйи мурғхона мераванд. Ба манзили бузурге расиданд. Гург ба рӯбоҳ гуфт: бубин, мурғхонаро. Акнун мебинам, ки аз дастат чӣ меояд. Рӯбоҳ, ки бисёр гурусна монда буд, яку якбора худашро назди мурғхона расонид ва дид, ки дарича ҳам кушода аст. Даруни мурғхона мурғу хурӯсҳои фарбеҳ ҳастанд. Хост ҳамла намояд, аммо андешае ба сараш омад, ки то ин дам ман меёфтам гург шикор мекард, чаро ин дафъа ҳам сайдро ёфту ва ҳам дарича кушода аст, аммо худаш шикор намекунад. Дубора назди гург рафт ва хост сабаби ҳамла накардани гургро пурсад, аммо гург ба рӯбоҳ гуфт: ман медонистам, ки ту тавоноии шикори мурғро ҳам надорӣ. Чаро дасти холӣ баргаштӣ? Рӯбоҳ гуфт: танҳо мехоҳам бифаҳмам, ки ин манзили кист ва чаро даричаи мурғхонаашро кушода мондааст? Гург гуфт: - Ин хонаи қозии шаҳр аст ва коргараш маҳкам кардани даричаро фаромӯш кардааст. Рӯбоҳ номи қозиро шунид, ба сӯйи ҷангал давид. Гург ҳам дунболаш кард ва назди рӯбоҳ даррасид. Сабаби гурехтанро аз рӯбоҳ пурсид. Рӯбоҳ гуфт: - Гурусна монданам беҳтар аст. Агар мурғи қозӣ бихурам, қозӣ ҳатман огоҳ мешавад ва ба мардум хоҳад гуфт, ки гушти рӯбоҳ ҳалол аст. Мардум ҳам бо шунидани чунин ҳукм ба шикор ва хурдани рӯбоҳ шурӯъ мекунанду насламонро аз замин нобуд месозанд. *** Ин аст ғамхории рӯбоҳ нисбат ба насли худ. Албатта равиши мо бо дигар усул бояд бошад. Насли хешро бо таълиму тарбия ба воя бирасонем, то насли ояндаамон боз ҳам бофаросаттар бигарданд ва баҳри Ватану Миллат хизматҳои шоистатареро анҷом бидиҳанд. https://www.facebook.com/khudobakhsh ХУДОБАХШ 13.01.2018с.
без подписи
Ваъдахилофӣ, туҳмат, гурусначашмӣ ва оқибатҳои он Ҳодиса соли 1506 дар Франкфурт рӯх додааст. Тоҷире 800 лаунҷашро (баробар ба нархи 40 асп) гум мекунад. Дуредгаре маблағро меёбад. Хело фикр мекунад ва дар охир тасмим мегирад, ки ба роҳиб таслим кунад. Тоҷир ҳам эълон кардааст, ки ҳар нафаре маблағи гумшудаамро ёфта диҳад, 100 лаунҷ туҳфа мекунам. Роҳиб тоҷирро даъват мекунад. Тоҷир ба дуредгар 10 лаунҷ медиҳад. Дуредгар мегӯяд, ки охир 100 лаунҷ ваъда карда будӣ. Тоҷир эътироз мекунаду мегӯяд; - Ман 900 лаунҷ гум карда будам ва ту алакай 100 лаунҷашро гирифтаӣ. Роҳиб дар миёни баҳс мемонад ва ноилоҷ корро ба суд мебарад. Судя ба тоҷир мегӯяд, ки даст ба Инҷил гузору маблағи гумшудаатро бигӯ. Тоҷир даст ба Инҷил мемонаду қасам ёд мекунад, ки 900 лаунҷ гум кардааст. Судя ин маротиб ба дуредгар мегӯяд, ки даст ба Инҷил гузору маблағи ёфтаатро бигӯ. Дуредгар даст ба Инҷил мемонаду мегӯяд, ки 800 лаунҷ ёфтам. Баъди шунидани ҳар ду тараф судя чунин ҳукм мебарорад: - Дуредгар 800 лаунҷ ёфтааст ва тоҷир бошад 900 лаунҷ гум кардааст. Пас, маблағи ёфташудаи дуредгар моли тоҷир нест. Соҳиби маблағи ёфтшуда, то кунун пайдо нашудааст ва пул дар дасти дуредгар мемонад. Тоҷир 900 лаунҷ гум кардааст ва ҷустуҷӯро давом диҳад. *** Оқибати ваъдахилофӣ, туҳмат ва гурусначашмӣ талх аст. Инсон набояд дар вақти хурсандӣ ваъда диҳад ва баъдан хилофи ваъдааш амал кунад. Доғи туҳмат ҳатман ба соҳибаш бармегардад. Вақте ба сӯйи нафаре лой партоб мекунӣ, аввалан дасти худат лойолуд мегардад. Гурусначашм бошад доимо нороҳат аст ва табъаш ҳаргиз болида нест. https://www.facebook.com/khudobakhsh ХУДОБАХШ 16.01.2022с.
Зоғ ва уқоб Ягона парандае, ки уқобро нӯл мезанад, зоғ аст. Зоғ пушти уқоб мешинад ва гарданашро нӯл мезанад. Аммо уқоб ҷавобе намедиҳад, бо зоғ ҷанг намекунад. Уқоб на вақт аз даст медиҳад ва на исрофи неру мекунад. Уқоб боз ҳам баландтар парвоз мекунад. Албатта зоғ дар баландии зиёд нафас кашида наметавонад ва аз нарасидани оксиген меафтад. *** Вақтатонро бо зоғон исроф макунед. Шумо ба роҳатон рафтан гиред, бигзор натиҷаро худи зоғҳо андеша кунанд. ХУДОБАХШ Сарчашма: https://www.facebook.com/khudobakhsh 09.05.2021с.
без подписи
Ҳодисаи аҷибе дар Созмони Милали Муттаҳид Сурия яке аз 53-юмин кишварест, ки дар таъсиси Созмони Милали Муттаҳид саҳм дошт. Соли 1945 Фарис Хурӣ аввалин намояндаи Сурия буд, ки дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба созмони байналмилалӣ, ки дар Сан- Франсиско баргузор гардида буд, иштирок намудааст. Форис Хурӣ дар мизи Фаронса нишаст. Намояндаи Фаронса наздаш омаду чунин гуфт: - Зуд курсиро тарк кун! Аммо Фарис Хурӣ нишастанро идома дод. Ба соати дасташ назар кард. Баъди чанд дақиқа дипломати фаронсавӣ дубора ва бо садои тунд гуфт: Зуд курсиро тарк кун! Аммо Фарис Хурӣ ҳамоно нишаста буд. Ба соаташ назар кард. Баъди 25 дақиқа аз ҷояш хесту ба дипломати фаронсавӣ гуфт: - Ту тоқати тамошо кардани маро надоштӣ, ки дар курсиятон 25 дақиқа нишинам. Аммо кишвари ту беш аз 25 сол инҷониб кишвари маро забт кардааст. Магар вақти тарк кардани шумо аз хоки мо наомадааст? Равиши истиқлолёбии Сурия ҳам дар ин нишаст шурӯъ шуд. Баъди суханронии Фарис Хурӣ дипломати амрикоӣ чунин гуфтааст: - Кишваре, ки чунин мардҳоро дорад, ғасб кардани он ғайри имкон аст. *** Бо рафтору кирдор метавон дарси беҳтаринро ҳам ба дӯст ва ҳам ба душман дод. Муҳим иқдомот саривақтӣ анҷом ёбад, то таъсираш ҳам қавитар ва ҳам нишонрас гардад. Сарчашма: https://www.facebook.com/khudobakhsh ХУДОБАХШ 28.12.2024с.
https://www.youtube.com/watch?v=YKq_-LHfnDs&t=726s
без подписи
без подписи
без подписи
без подписи
#хазинаи_маърифат @donish_su
без подписи
Оё ба ҷойи қурбонӣ кори дигаре анҷом диҳем? Имрӯзҳо хондаву нохонда даст ба фатво мезананд. Нимтабиб ҷони одамро мебараду нимимом имонро. Хоҳиш мекунам, қабл аз оне, ки оид ба мавзӯе сухан мекунед, чӣ масъалаи сиёсӣ асту чӣ масъалаи диннӣ, аввалан таҳсил кунеду таҷриба гиред, баъдан маслиҳату тавсия ва фатво диҳед. Доир ба мавзӯи “қурбонӣ” мақолаҳое нашр кардаем (дар охири навишта замима мегардад) ва аксари мардум аз маънӣ ва дарки масъала огоҳанд. Танҳо гурӯҳе аз мардум, сирф ба хотири фитна бардоштан ҳар гуна фикрҳои бедалели худро тариқи “шогирдонашон” расонаӣ мекунанд. Касе ҳаққ надорад, ки амр ва ё хусусиятҳои амри илоҳиро, аз қабили шаклу замони онро тағйир диҳад. Ҳар як кишвар пули худро дорад. Агар мо худсарона пули худро ва ҳатто аз пули аслии кишвар дида қоғазҳои қиматтаро ҳам истифода кунем, на кишвари хеш ва на дигар кишвар онро нахоҳад пазируфт ва ҳатто ҷинояткорӣ ҳисоб меёбад. Акнун қазоват кунем, Худованди мутаол (ҷ.ҷ.) бар мо амри қурбонӣ карданро фармудааст, аммо мо амри илоҳиро тағйир медиҳему садақа ва ё дигар аъмолро ҷойнишини он медонем, магар ин ҷиноят нест? Магар амал бар хилофи амри илоҳӣ нест? Мисоли дигар; Агар ба ҳавопаймо ворид шудан хоҳем, бояд чипта дошта бошем. Дар даст ду- се баробар пул ҳам дошта бошем, аммо чипта надошта бошем, пули доштаамон ба дардамон намехурад. Ин аст, ки ҷойи қурбониро дигар амали хайр намегирад. Ё ин ки, ба ҷойи азон садои тиру туфангро гузорем ҳам, амр ва маънавиёти доштаашро ба даст намеорем. https://www.facebook.com/khudobakhsh ХУДОБАХШ 02.08.2020с.
Имрӯзҳо миллионҳо мусалмони курраи замин дар Маккаи Мукаррама ва Мадинаи Мунаввара бо тавофу дуою талаби истиғфор ашки чашм мерезонанд. Рӯзи Арафа ҳама дар якҷоягӣ «Лаббайк Аллоҳума Лабайк» мегӯянд. Мо ҳам, дар якҷоягӣ бо мусулмонони дар Арафа якҷо зикр мекунем. Кӯшиш кунем, ки дар ин даҳ рӯз ба меҳмоние наравем, сафар накунем ва аз корҳои на чандон муҳим, дур бошем. Дар мошин ва ё дар автобус ба гӯш кардан ва ё хондани Қуръон ва зикри тасбеҳ машғул шавем. Камхоб шавем. Барои дарёфти вақт, корҳои бозории дуҳафтаинаи худро анҷом диҳем, то вақти қимматро дар даст дошта бошем. https://www.facebook.com/khudobakhsh/ ХУДОБАХШ 17.05.2026с.