Даъват ба суи Тавҳид!
СтатистикаҚуръан 43:78 ------------------ لَقَدْ جِئْنَٰكُم بِٱلْحَقِّ وَلَٰكِنَّ أَكْثَرَكُمْ لِلْحَقِّ كَٰرِهُونَ Мо шуморо бо ҳақ ошно кардем, вале бештаратон ҳақро бад дидед🥀
- Последний пост
- 27 нояб.
- Последнее чтение
- 16:33
- Постов за неделю
- 0
- Всего постов
- 21
- Тип
- открытый
- Язык
- русский
- В каталоге с
- 15 авг.
- 1/24сутки в ленте
- —
- 1/48двое суток
- —
- 1/72трое суток
- —
Оценка по просмотрам недавних постов: пост набирает почти всё за первые сутки.
Посты
Messages in this channel will be automatically deleted after 1 day
без подписи
سنه يا سوريا عن قريب مني فخان في شعب النجيفي الى عليك الاساسي للعسر يسر وان يزيد القلوب سنتريا سوريا عن قريب مني فاروق خان اذا شفت الدنيا وما عليك الا للعسرى يزيل الكروم الى الشام يعفو بشوق فؤاد رنه اليه القلوب الدوسري ق في شمس النصر النصر انهزم ولا ان يضيف يعيش الطفل. تنزلين والنهاري يوم الصمت عجيب فالشعب الحبيب وهل ناس الكون حمزه الخطيب على الخد سالت دموع الحياه وليد تشييد 1 فيها امام الموفي في الامام المجيء فراق الدماء وذلك في شمس الخطوب لقد بتجافي بالليل سكين فايقظه صوت شيء نصيب والقابضه اعرض عن ذكري صادق وليس بما تضمنه للنخيل و في اذني اهل المروءات تنتصر وفك لا تنادي بذمه مسكين اضم الان اليوم فينا ومن اهل دين فلاش نطق به فان السيوف البراء المثنى. صفوف العين الكريب يا اهل بانياس فصبرا جميل و يا اهل الحبيب لانظمه خطا في عقبه خير ونصرا والفخر وفاتح قريب من ظلم الشملان يدوم لك الملك. الحياه طيف انس الطفل بالنظر قبل لا اموت خدامه مع الهالكين انا علي من المسجد المسجد قابوس حسون الهروب سوني راحت من سياتيك يوم النصيب.🦋🖤
без подписи
ЯҲУДИЁН ДАР ҚАВЛИ АЛЛОҲ ҲАРФИ (НУН) ИЗОФА КАРДАНД ВА ҶАҲМИЁН ҲАРФИ (ЛОМ) ! 👤ИМÁМ ИБН АЛ-ҚОЙЙИМ АЛ-ҶАУЗИЙЯ ☝ ГУФТ: «Яҳудиён ба он амр ёфтанд, ки бигӯянд: «ҲИТТА» (яъне: омурзишу бахшиш), вале инро нахоста ва ба ҷойи он (ҳарфи нун изофа карда) гуфтанд: «ҲИНТА» (гандум) — аз рӯи пастӣ. Ҷаҳмӣ низ, чун ба ӯ гуфта шуд: «Истава» (яъне: боло шуд), вале инро нахоста ва изофа кард аз руи нуқсон. Гуфт: «Истава» яъне: «иставла» (ғолиб шуд) аст — вале ин сухан танҳо аз нодонӣ аст, ки на дар забон дуруст аст ва на дар ақл — зеро он ду «истава (боло шуд)» ва «иставла (ғолиб омад)» як чиз нестанд.» 🔍 «АЛ-КÁФИЯТУ АШ-ШÁФИЯ» САҲ, 111
Ҳақиқат чист ? Ҳақиқат ин Тавҳид аст! Ҳақиқат ин яктопарастист ! Ҳақиқат ин тарк кардани ширк аст ва куфр варзидан ба тоғут аст ва ба миллати Иброҳим ъалайҳи салом пайрав шудан аст .
Завтра день поста Передают со слов Абу Катады, да будет доволен им Аллах, что однажды Посланника Аллаха ﷺ спросили о соблюдении поста в день Арафата и он сказал: — Пост в этот день служит искуплением грехов прошлого и будущего года. (Муслим 1162)
Асаломуалейкум ва раҳматуллоҳи ва баракатуху бародарон ва хоҳарон
🖤Сабабҳои бемор шудани қалбҳо: 1⃣ Ҳамнишинӣ бо ғофилон 2⃣ Гуноҳ дар хилват(пинҳонӣ) 3⃣ Машғул будан ба дунё 4⃣ Ғафлат аз зикри Аллоҳ 5⃣ Кушодани чашмон бар маҳаррамот 🖤 Баъзе аз бемории қалб 🔹 Такаббур 🔻 Гумони бад 🔸 Пайравӣ аз нафс(хоҳишот) 🔹 Риё 🔻 Нифоқ 🔸 Ҳасодат Илоҷ ва дармон аз амрозҳои қалбӣ; ❤️ Зиёд кардани ибодати махфӣ 💞Ихлос дар амал 💖Маҷолиси имон ❤️ Қироати Қуръон ва зикри Аллоҳ 💗Фурӯбастани чашм 💝Тавба ва истиғфор 💜Дуо 💕Ёдоварӣ аз қиёмат Аллоҳ Таъоло ҳамаи моро ҳидоят кунад ва имони моро зиёд гардонад амин
Дурӯғ чун пардаи торик аст, вале ҳақиқат чун нур дер ё зуд онро медаронад. Ҳақиқат метавонад фурӯ равад, вале ҳаргиз ғарқ намешавад. Дурӯғ тез меравад, вале ҳақиқат ҳатман мерасад ва меистад. Ҳар кӣ бо дурӯғ зиндагӣ кунад, рӯзе аз ҳақиқат метарсад. Тӯҳмат задан бо дурӯғ расидани тарс аз ҳақиқат аст Пӯшидани ҳақиқат бо дурӯғ, мисли пинҳон кардани Офтоб бо ангушт аст. Дурӯғ метавонад як муддат гул кунад, аммо мева намедиҳад. Ҳарчанд ки бо дурӯғ гул андозед вале бӯи ҳақиқат ба машом намеояд! @Al_Ruqiy
✅ Табобати беморон ба воситаи садақа.📌 ❇️Аз Абу Умомаи Бохили (р) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ ( ﷺ ) фармуд: "Бемори худро бо садақа табобат кунед". ♻️Ин ҳадисро Абуаш-Шайх дар ас-Савоб ривоят кардааст. Имом ибни Муфлиҳ ҳадисро хуб номид. Ниг. «ал-Фуруъ» 2/144. ✳️Дар мавриди фаҳмиши ин ҳадис, дар ин бора ду ақида вуҷуд дорад. Бархе аз уламо вожаи «садақа»-ро дар ин ҳадис ҳамчун амали хайр, дақиқтараш, зиёрати бемор маънидод кардаанд. Вақте аз Имом Ибни Рушд дар бораи саҳеҳ ва маънии ҳадис пурсиданд: «Беморатонро бо садақа табобат кунед!». Дар ҷавоб гуфт: Ман ин ҳадисро дар маҷмуаи аҳодиси саҳеҳ ба ёд оварда наметавонам, вале агар ин ҳадис саҳеҳ бошад, маънии он ташвиқ ба аёдати бемор аст, зеро ин яке аз ҳуқуқҳои воҷиби мусалмонон дар нисбат ба ҳамдигар аст, ки суннат нишон додааст, аёдати бемор ҳар кори савоб аст ва агар ба садақа (хайр) бошад. Шахсе, ки беморро шод кунад, барояш дуъо кунад, пас ҳеҷ шакке нест, ки аз ин сабаб ба шифои бемор умеди зиёд вуҷуд дорад». Ниг. Фатвои Барзали 5/612. ✳️Дигар уламо маънои зоҳири ин ҳадисро гирифта, гуфтаанд, ки вақте беморе аз Аллоҳ битарсад, Аллоҳро бо дуъо зикр кунад ва садақа диҳад, то Аллоҳ ﷻ ба бемор шифо бахшад. Ва ин ақидаи аксарият аст. 🔰Ривоят мешавад, ки вақте марде ба Имом ибни Муборак гуфт, ки ҳафт сол боз захми хунравӣ дар зонуяш дорад ва табибон коре карда наметавонанд, Ибни Муборак фармуд, ки барои ӯ чоҳ канда шавад, то мардум аз об истифода кунанд ва гуфт: Умедворам, ки ин чашми бадро аз байн мебарад ва хунравиро қатъ мекунад. Ниг. аз-Завоҷир 1/321. 1)захм дар бадан нишонаи чашми бад аст . 2)табобати қуллай бо хайр ♻️Имом Байҳақӣ ривоят мекунад, ки ҳангоме ки Имом Ҳоким дар рӯи ӯ чирк пайдо шуд, онро бо василаҳои гуногун табобат мекард, аммо он аз байн нарафт ва ин тақрибан як сол идома кард. Сипас барои мусалмонон дар шакли об садақаи худро дод ва дар назди дари хонааш чоҳ кофт. Ва ҳафтае нагузашта буд, ки ӯ шифо ёбад ва рӯяш сиҳат шуд ва аз пештара беҳтар шуд. Ниг. «Тарғиб» 2/72. ✅Пешиниёни солеҳ (салаф) чоҳро зикр кардаанд, зеро дар замони онҳо об беҳтарин шакли садақа буд. Тавсия дода мешавад ки ҳар бемор садақае бикунад ки беҳтарин бошад яъне мардуми он ҷой ба он садақааш ниёз дошта бошанд #Руқияхони_Дармон 🎙️
اَلسَّلَامُ عَلَيْكُمْ وَرَحْمَةُ ٱللَّٰهِ وَبَرَكَاتُهُ Ҳамаи мусалмононро бо Иди Фитр табрик мегуям! Аллоҳ гуноҳҳои моро мағфират кунад ва қалбҳои моро мустаҳкам кунад. Аллоҳ ҳамаи некиҳоятонро қабул гардонад ва моро дар ҳақиқат устувор гардонад! Аллоҳ моро аз зумраи касоне гардонад, ки устуворона ба ҳақ пайравӣ мекунанд ва ба он даъват мекунанд ва Аллоҳ моро аз чанги шахсони бидъат кор нигоҳ дорад ,аз Аллоҳ ҳидоят металабем ,кушоиши кор ба беморон шифо ба гумроҳгаштагон ҳидоят ба Ахиҳо ва Ухтиҳо шарму ҳаёи Исломи ба дасту ҷамъона дуо мекунем дар ҳаққи бародарҳои муҳоҷир , беморон ва ғайраҳо Аллоҳ аз мову шумо рози бошад «Аллоҳ аз мову шумо қабул кунад». تقبل الله منا و منكم «тақаббала-ллоҳу минна ва минкум». Имрӯз,30юми март соли 2025 Иди Рамазон аст! Ин рӯзро хотирмон гардон, Парвардигоратро ситоиш ва хушнуд кун
Дар расадхонаи «Тамир» Мохи Хилол намоён аст. Рузи, якшанбе, рӯзи аввали Иди Фитр дар Арабистони Саудӣ таҷлил мешавад. Бале моҳ дида шудааст имрӯз ид аст .
✅ Се намуди сабр ҳангоми рӯзадорӣ —• Ибни Раҷаб (795 ҳиҷрӣ) гуфтааст: «Сабр аз се намуд иборат аст: (1) сабр дар таслими Аллоҳ; (2) сабр дар парҳез аз ҳаромҳои Аллоҳ; (3) сабр дар мусибатҳое, ки Аллоҳ муқаррар кардааст. 🍃 Ҳар се намуд рӯзаро дар бар мегирад, зеро дар он сабр дар таслими Худованд, сабр дар тарки нафсҳое, ки Худованд барои рӯзадор ҳаром кардааст ва сабр дар он чӣ ба сари рӯзадор мерасад, аз қабили гуруснагӣ, ташнагӣ ва заъфи рӯҳ ва ҷисм. —• Барои дарде, ки аз анҷоми кори хайр ба вуҷуд меояд, инсон савоб мегирад». ابن رجب: والصَّبرُ ثلاثةُ أنواعٍ: صبرٌ على طاعةِ اللهِ وصبرٌ عن محارمِ اللهِ، وصبرٌ على أقدارِ اللهِ المؤلمةِ. وتَجْتَمعُ الثَّلاثةُ كلُّها في الصَّومِ؛ فإنَّ فيهِ صبرًا على طاعةِ اللهِ، وصبرًا عمَّا حَرَّمَ اللهُ على الصَّائمِ مِن الشَّهواتِ، وصبرًا على ما يَحْصُلُ للصَّائمِ [فيهِ] مِن ألمِ الجوعِ والعطشِ وضعفِ النَّفسِ والبدنِ وهذا الألمُ النَّاشئ مِن أعمالِ الطَّاعاتِ يُثابُ عليهِ صاحبُهُ 📚 Ниг. «Латоифул-маъориф» 354
Дар саҳарии шаби Қадр офтоб бешӯъла (бенур) мебарояд.📌 📄 Аз Убай ибни Каъб розиялЛоҳу анҳу ривоят аст, ки гуфтаанд: أخبَرَنا رسولُ الله صلَّى اللهُ عليه وسلَّم أنَّها تطلُعُ يومَئذٍ لا شُعاعَ لها رواه مسلم ⭕️ Расули Аллоҳ ﷺ бар мо хабар доданд, ки дар саҳариаш Офтоб бешӯъла (бенур) мебарояд. (Ривояти Муслим). أن تطلع الشمس لا شعاع لها، فقد ورد عن أُبَي بن كعب في ذكر علامة ليلة القدر كما أخبر النبي صلى الله عليه وسلم أصحابه أن أَمَارَتَهَا "أَنْ تَطْلُعَ الشَّمْسُ فِي صَبِيحَةِ يَوْمِهَا بَيْضَاءَ لا شُعَاعَ لَهَا" (رواه مسلم) —•Ҳофиз ибни Раҷаб ривоят мекунад, ки Абул Музаффар ибни Ҳубайра رضي الله عنه гуфтааст: ⭕️«Агар шаби Ҷумъа ба яке аз шабҳои тоқи даҳаи (охирин) рост ояд, эҳтимоли он шаби Қадр аст». Латоиф-ул-маориф, 367
ҲАР КАСЕ, КИ НАВРӮЗРО ҶАШН МЕГИРАД ДАР РӮЗИ ҚИЁМАТ БО МАҶУСИЁН (ОТАШПАРАСТОН) ҲАШР МЕШАВАД. وروي عن عبد الله بن عمر رضي الله عنهما أنه قال: من مر ببلاد الأعاجم فصنع نيروزهم ومهرجانهم وتشبه بهم حتى يموت وهو كذلك , حشر معهم يوم القيامة الراوي : أبو المغيرة | المحدث : ابن تيمية | المصدر : اقتضاء الصراط المستقيم الصفحة أو الرقم : 1/513 | خلاصة حكم المحدث : إسناده صحيح Аз Абдуллоҳ ибни Умар (разияллоҳу анҳу) ривоят шудааст, ки гуфт: "Ҳар ки аз кишвари аҷам гузаре кунад ва Наврӯзу Меҳргони онҳоро ҷашн бигирад ва ба онҳо тақлид кунад ва дар ин ҳолат бимирад, дар рӯзи қиёмат бо ҳамроҳии онҳо зинда карда мешавад". Ровӣ: Абу Муғира | Муҳаддис: Ибни Таймия | Манбаъ: «Иқтизоъ ас-Сирот ал-Мустақим» Саҳифа ё рақам: 1/513 | Хулосаи ҳукми муҳаддис: Санади он саҳеҳ аст. 🕌Канали мо: @alhadis_tj
📌 Китоби Рӯза (8)❗️ ✅ Аҳкоми Эътикоф 💻 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | Муҳаммад Тоҳирӣ حفظه الله t.me/Muhammad_Tohiri
без подписи
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ👋 Бозии [Звёзда] пешкаши шумо мекунем !⭐️ 10 ⭐️ ҷои якум ро мегирад Шартҳои бози ин аст! Фақат Обуна шудан дар канал @RUQIYAKHONI☑️🎙️ Баъди 24 соат соҳиби ҷоиза маълум мешавад ин ша Аллоҳ ☝🏼🤲🏼 Участников: 0 Призовых мест: 1 Дата розыгрыша: 17:26, 19.03.2025 MSK (1 день)
📌ДУОИ ПЕШ АЗ ХОБ ВА БАЪДИ ХОБ.🤲🏻 ⭕️Дар Саҳеҳи Имом Бухорӣ аз Ҳузайфа ибни Ямон ва Абузар (р) ривоят аст, ки: «Вақте ки Паёмбар (ﷺ) шаб ба бистари хобаш мерафтанд , дасти худро ба зери рухсори худ гузошта ва мегуфтанд بِاسْمِكَ اللَّهُمَّ أَحْيَا وَأَمُوتُ "Бисмика Аллоҳумма аҳя ва амуту". (Ё Аллоҳ ба номи ту мемирам ва ба номи ту зинда мешавам ). ⭕️Чун бедор шуд гуфт: اَلْحَمْدُ لِلَّهِ الَّذِي أَحْيَانَا بَعْدَمَا أَمَاتَنَا وَإلَيْهِ النُّشُورُ "Алҳамду лиллаҳи ллази аҳяна баъда ма аматана ва илайҳи-н-нушур". (Сипос Аллоҳеро, ки пас аз куштани мо зинда кард ва бозгашти мо ба сӯи Ӯст). 📘 [Имом Нававӣ, Ал-Азкор, 57 саҳ.] 🔗Дар ҳаққи банда дуоро фаромӯш накунед дӯстон🤍 Руқияхони Дармон ☑️🎙️ Админ Устод Абдуманон ☑️🎙️