Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
СтатистикаСаҳифаи расмии ММТНПҶТ дар телеграмма Мо дар ютуб - https://www.youtube.com/channel/UCwKoAU_Rg4RqDZ4PbmZntbw Мо дар ВКонтакт - https://vk.com/officialntc Мо дар Инстаграм - https://www.instagram.com/officialntc.tj/ https://www.facebook.com/officialntc.tj
- Последний пост
- 14 авг.
- Последнее чтение
- 15 авг.
- Постов за неделю
- 9
- Всего постов
- 20
- Тип
- открытый
- Язык
- tg
- Категория
- Видео
- В каталоге с
- 14 авг.
- 1/24сутки в ленте
- 1 213
- 1/48двое суток
- 1 390
- 1/72трое суток
- 1 499
Оценка по просмотрам недавних постов: пост набирает почти всё за первые сутки.
Посты
БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ: ҶАМЪБАСТИ НИМСОЛАИ ЯКУМИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОЛИ 2026 Душанбе, 5-уми августи соли 2026 5-уми августи соли 2026 тибқи Нақша оид ба гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки тибқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми марти соли 2005, № АП-1677 тасдиқ гардидааст, дар дафтари асосии Марказ нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Мавзуи нишаст ҷамъбасти нимсолаи якуми фаъолияти Марказ дар соли 2026 буд. Дар нишаст директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуллозода Масрур Аҳмад, муовинони директор, сардорони воҳидҳои сохтории Марказ ва намояндагони ВАО иштирок намуданд. Директори Марказ Ҷаъфарзода С. Ф. дар оғоз ба намояндагони ВАО дар бораи фаъолияти Марказ дар марҳалаҳои сипаригардидаи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар нимсолаи якуми соли 2026 ва нақшаҳои оянда ба таври мухтасар иттилоъ дод. Соли 2026 қабули донишҷӯён тавассути низоми ИМД ба 130 муассиса – 42 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, (4 филиал) ва 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, (11 филиал) – ба роҳ монда шуд. Дар заминаи синфи 11-ум 880 ихтисос пешниҳод шуд, ки 165-тои он ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 715-то ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ рост меояд. Дар заминаи синфи 9-ум барои коллеҷҳо 148 ихтисос пешниҳод шуд. Бо дарназардошти муассиса, шакл ва намуди таҳсил қабули донишҷӯён аз рӯйи 6069 комбинатсияи ихтисос ба роҳ монда мешавад, – гуфт Ҷаъфарзода С. Ф. Намояндагони ВАО дар бораи марҳалаҳои бақайдгирӣ, раванди имтиҳонҳо, тартиб ва муҳлатҳои баргузории озмунҳои тақсимоти такрориву иловагӣ, гурӯҳи довталабони имтиёздор, гурӯҳи ихтисосҳои пуринтихобу каминтихоб, ҳамкориҳои Марказ бо донишгоҳҳои хориҷӣ ва масъалаҳои дигари марбут ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон саволҳо пешниҳод намуданд, ки роҳбарияти Марказ ба онҳо посух гуфтанд. Ҷаъфарзода С. Ф. дар анҷом ба намояндагони ВАО барои иштироки фаъолона дар нишаст ва ҳамкориҳои судманд изҳори миннатдорӣ кард.
видео или голосовое, без подписи
видео или голосовое, без подписи
видео или голосовое, без подписи
видео или голосовое, без подписи
видео или голосовое, без подписи
видео или голосовое, без подписи
видео или голосовое, без подписи
видео или голосовое, без подписи
ЭЪЛОН: НИШАСТИ МАТБУОТИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ҶАМЪБАСТИ НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2026 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи намояндагони расонаҳои хабарӣ мерасонад, ки тибқи Нақша оид ба ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми марти соли 2005, № АП-1677, рӯзи 5-уми августи соли 2026, соати 14:00 дар дафтари асосии Марказ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад. Мавзуи нишаст ҷамъбасти нимсолаи якуми фаъолияти Марказ дар соли 2026 аст.
видео или голосовое, без подписи
Рӯйхати нуқтаҳои бақайдгирии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои даври азнавбақайдгирии довталабон ҷиҳати иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ (аз 11 то 13 августи соли 2026)
Рӯйхати нуқтаҳои бақайдгирии шаҳри Хуҷанд, Истаравшан ва Панҷакент барои даври азнавбақайдгирии довталабон ҷиҳати иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ (аз 11 то 13 августи соли 2026)
Рӯйхати нуқтаҳои бақайдгирии шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Рашт барои даври азнавбақайдгирии довталабон ҷиҳати иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ (аз 11 то 13 августи соли 2026)
Рӯйхати нуқтаҳои бақайдгирии шаҳри Душанбе барои даври азнавбақайдгирии довталабон ҷиҳати иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ (аз 11 то 13 августи соли 2026)
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати довталабон мерасонад, ки барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ баъди озмуни тақсимоти асосӣ дар асоси ҷойҳои холимонда дар муассисаҳои таълимии олии касбӣ ва миёнаи касбӣ давраи азнавбақайдгирӣ аз 11 то 13-уми август оғоз мегардад. 1. Шартҳои иштирок дар озмун Ҳуқуқи иштирок доранд: Танҳо довталабоне, ки ба озмуни тақсимоти асосӣ роҳ ёфта, аммо аз рӯйи ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон ба муассисаҳои таълимӣ тақсимот нашудаанд (донишҷӯ нагардидаанд). Ҳуқуқи иштирок надоранд: Довталабоне, ки ба озмуни тақсимоти асосӣ роҳ наёфтаанд ва ё дар асоси натиҷаи ин озмун ба яке аз муассисаҳои таълимӣ тақсимот шудаанд. 2. Тартиби азнавбақайдгирӣ Ба рақами телефони мобилии довталабони ҳуқуқи иштирокдошта паёмаки (SMS) ройгон ворид мегардад, ки дар он рӯз ва нишонии нуқтаи бақайдгирӣ нишон дода мешавад. Феҳристи ихтисосҳои дорои ҷойҳои холӣ дар сомонаи расмии Марказ (ntc.tj) дар шакли электронӣ ва дар нуқтаҳои бақайдгирӣ дар шакли чопӣ дастрас мегардад. Ҳангоми азнавбақайдгирӣ довталаб имкон дорад то 12 комбинатсияи ихтисосҳоро дар доираи танҳо як гурӯҳи ихтисосҳо (кластер) интихоб намояд. 3. Рӯйхати ҳуҷҷатҳои зарурӣ: Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият: Шахсони ба синни 16 расида: Шиносномаи миллӣ (ё маълумотномаи муҳрдор бо сурат аз ШВКД) ва нусхаи он. Шахсони ба синни 16 нарасида: Шаҳодатнома дар бораи таваллуд ва маълумотнома бо сурат ва муҳр аз ҷойи зист ва нусхаи онҳо. Шаҳрвандони хориҷӣ: Шиносномаи хориҷӣ ва маълумотнома аз ҷойи зист ва нусхаи онҳо. Варақаи бақайдгирӣ: Варақае, ки дар давраи пешинаи бақайдгирӣ ба довталаб дода шудааст. Ҳуҷҷат дар бораи пардохти маблағ: Расид (квитансия)-и пардохти маблағи иловагӣ дар ҳаҷми 30 (си) сомонӣ, ки тавассути филиалҳо/марказҳои хизматрасонии КВД КБҶТ «Амонатбонк» (ё барномаи мобилии «Амонат мобайл») ва ҶСК «Бонки Эсхата» (ё барномаи «Eskhata Online») пардохт карда шудааст. 4. Эълони натиҷаҳо Натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрорӣ тавассути паёмакҳои (SMS) ройгон ба рақами мобилии довталаб, Кабинети инфиродӣ дар сомонаи Марказ ва нуқтаҳои иттилоърасонӣ расонида мешаванд. 🌐 Маълумоти муфассал дар сомонаи расмии Марказ: www.ntc.tj
видео или голосовое, без подписи
Довталабоне, ки тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ ба яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон комёб гардидаанд, бояд на дертар аз 5‑уми август ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дахлдор ҳозир шуда, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба комиссияи қабули он муроҷиат намоянд. Дар сурати бо сабаби узрнок дар муҳлати муқарраргардида имконнопазир будани ҳозиршавии довталаб дар муассисаи таълимӣ, довталабро зарур аст, ки қаблан, то 5‑уми август, муассисаи таълимиро дар ин хусус тавассути намояндаи худ хабардор карда, ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намояд. ТАВАҶҶУҲ! Мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар довталаби аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш тақсимшуда дар муҳлати муқарраркардаи Марказ (то 6‑уми август) ҳуҷҷатҳои заруриро барои қабул ба муассисаи таълимии дахлдор пешниҳод накунад, ҷойи ӯ дар тақсимоти баъдӣ ё давраи дигари бақайдгирии довталабон пешниҳод карда мешавад. Моро дар Instagram:https://www.instagram.com/officialntc.tj/
ТАРТИБИ ТАҚСИМОТИ ДОВТАЛАБОН БА МУАССИАҲОИ ТАЪЛИМӢ ТИБҚИ КОМБИНАТСИЯИ ИХТИСОСҲОИ ИНТИХОБКАРДААШОН Тақсимоти довталабон аз рӯйи комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардаашон тавассути алгоритм ва модули барномавии махсуси системаи иттилоотии «Довталаб» дар асоси озмун анҷом дода мешавад. Маълумот дар бораи натиҷаҳои тақсимот – комёб гардидан ё нагардидани довталабон аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон ба ҳар як довталаб дар муҳлати муқаррарнамудаи Марказ дастрас мегардад (тавассути паёмак (SMS) ва кабинети инфиродӣ). Тақсимоти довталаб аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш мувофиқи бартарии интихоб ва ҷойи довталаб дар рӯйхати мураттабкардаи модули барномавии махсус тибқи балҳои умумии дахлдори бадастовардаи довталабон барои ҳар яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои мазкур анҷом дода мешавад. Тақсимоти довталаб дар раванди тақсимот дар навбати аввал аз рӯйи комбинатсияи ихтисосе, ки дар рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои варақаи бақайдгирӣ дар ҷойи якум нишон додааст (яъне бартарии интихобаш якум), баррасӣ карда мешавад. Агар довталаб дар асоси балли умумии бадастовардааш аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси якум нишондодааш комёб шавад, тақсимоти ӯ аз рӯйи комбинатсияҳои ихтисосҳои баъдии интихобкардааш ба роҳ монда намешавад. Агар довталаб дар асоси балли умумии бадастовардааш аз рӯйи комбинатсияи ихтисосе, ки дар рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои варақаи бақайдгирӣ дар ҷойи якум нишон додааст (яъне бартарии интихобаш якум), нагузарад, он гоҳ тақсимоти ӯ аз рӯйи комбинатсияи ихтисосе, ки дар рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои варақаи бақайдгирӣ дар ҷойи дуюм нишон додааст (яъне бартарии интихобаш дуюм), ба роҳ монда мешавад. Раванди тақсимот бо ин тартиб то замоне идома меёбад, ки довталаб ё аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш комёб мешавад ё аз рӯйи ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш муваффақ намешавад. Агар довталаб дар асоси балли умумии бадастовардааш аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш тақсимот шуда бошад, он гоҳ новобаста ба он ки балли умумии бадастовардааш барои тақсимот шуданаш аз рӯйи комбинатсия (комбинатсияҳо)-и ихтисос (ихтисосҳо)-и баъдии интихобкардааш кофӣ аст, тақсимоти ӯ аз рӯйи комбинатсияи (комбинатсияҳо)-и ихтисос (ихтисосҳо)-и баъдии интихобкардааш баррасӣ намешавад. Довталаби мазкур ҳуқуқи иштирок карданро дар тақсимоти такрорӣ низ надорад. Довталабе, ки дар тақсимот (-и асосӣ) иштирок карда, дар асоси балли умумии бадастовардааш аз рӯйи ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш комёб нашудааст, дар сурати баргузор шудани тақсимоти такрорӣ ҳуқуқ дорад, ки аз нав худро номнавис карда, дар тақсимоти навбатӣ иштирок намояд. Довталаби аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш тақсимшуда бояд то муҳлате, ки Марказ барои ҳар тақсимот (асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагӣ) муқаррар мекунад, ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дахлдор барои бақайдгирӣ ва қабул ҳозир шавад. Агар довталаби мазкур бинобар сабаби узрнок дар муҳлати муқарраргардида имкони ҳозир шуданро ба муассисаи таълимии дахлдор надошта бошад, ӯ уҳдадор аст, ки ҳуҷҷатҳои барои қабул заруриро тавассути хешованди наздикаш (падар, модар, бародар ё хоҳар) дар ҳамин муҳлати муқарраргардида ба муассисаи таълимии дахлдор пешниҳод намояд. Дар ин сурат муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбӣ уҳдадор аст, ки ҳуҷҷатҳои довталабро аз хешованди наздикаш (падар, модар, бародар ё хоҳар) қабул кунад. Агар довталаби мазкур дар муҳлати муқарраргардида ҳуҷҷатҳои барои қабул заруриро ба муассисаи таълимии дахлдор пешниҳод накунад, ҷойи ӯ дар тақсимоти баъдӣ ё давраи дигари бақайдгирии довталабон пешниҳод карда мешавад.
видео или голосовое, без подписи