tgindex
С

Субҳон саид Субхон саидов

Статистика
@subhonsaidрусский

Сарояндаи зиндаёде ки дар дилҳои тамоми пиру барно абадӣ ҷой гирифтааст

Последний пост
15 авг.
Последнее чтение
ещё не заходили
Постов за неделю
2
Всего постов
22
Тип
открытый
Язык
русский
В каталоге с
15 авг.
Подписчики
147
−1 за 3 дн.
Сутки
−1
−0,68%
Неделя
 
Месяц
 
Просмотров на пост
41
22 постов
Вовлечённость
27,9%
к подписчикам
Постов в день
0,3
всего 22
Упоминаний
0
каналов
Охват размещения
оценка
1/24сутки в ленте
13
1/48двое суток
14
1/72трое суток
16

Оценка по просмотрам недавних постов: пост набирает почти всё за первые сутки.

Посты

  • Ҳар кӣ сар зад ба гулхани пурдуд, Ҷомааш бӯйи дуд гирад зуд. Нашав хоҷа ҳамнишини бадон, То нагардӣ зи хели бехирадон. В-он кӣ бо гулханӣ шавад ҳампой, Ҷуз ба хоки сиях нагирад ҷой. Ҳар кӣ атвори неку бад гирад, Ҳама аз ҳамнишини худ гирад. (Камолиддин Биноӣ) https://t.me/gazaltj

  • Гирифт хоҳам зулфайни анбарини туро, Ба бӯса нақш кунам барги ёсамини туро. Ҳар он замин, ки ту як раҳ бар ӯ қадам биниҳӣ, Ҳазор саҷда барам хоки он замини туро. Ҳазор бӯса диҳам бар сиҳои номаи ту, Агар бибинам бар муҳри ӯ нигини туро. Ба теғи ҳиндӣ, гӯ, дасти ман ҷудо бикунанд, Агар нигарам рӯзе ман остини туро. Агарчи хомуш мардум, ки шеър бояд гуфт, Забони ман ба равӣ гардад офарини туро! (Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ) https://t.me/gazaltj

  • Ман надонистам аз аввал, ки ту бемеҳру вафоӣ, Аҳд нобастан аз он беҳ, ки бубандиву напойӣ. Дӯстон айб кунандам, ки чаро дил ба ту додам, Бояд аввал ба ту гуфтан, ки «чунин хуб чароӣ?» Ай ки гуфтӣ «марав андар пайи хубони замона», Мо куҷоем дар ин баҳри тафаккур, ту куҷоӣ?! Он на хол асту занахдону сари зулфи парешон, Ки дили аҳли назар бурд, ки сиррест худоӣ. Парда бардор, ки бегона худ ин рӯй набинад, Ту бузургиву дар оинаи кӯчак нанамойӣ! Ҳалқа бар дар натавонам задан аз дасти рақибон, Ин тавонам, ки биёям ба маҳаллат ба гадоӣ. Ишқу дарвешиву ангуштнамойиву маломат, Ҳама саҳл аст, таҳаммул накунам бори ҷудоӣ. Рӯзи саҳрову самоъ асту лаби ҷӯю тамошо, Дар ҳама шаҳр диле нест, ки дигар бирабойӣ. Гуфта будам, чу биёӣ, ғами дил бо ту бигӯям, Чӣ бигӯям, ки ғам аз дил биравад, чун ту биёӣ! Шамъро бояд аз ин хона бадар бурдану куштан, То ба ҳамсоя нагӯяд, ки ту дар хонаи моӣ. Саъдӣ он нест, ки, ҳаргиз, зи камандат бигурезад, Ки бидонист, ки дар банди ту хуштар, ки раҳоӣ. Халқ гӯянд: «Бирав, дил ба ҳавои дигаре деҳ!» Накунам, хосса дар айёми Атобак дуҳавоӣ. (Шайх Саъдии Шерозӣ) …Ман надонистам аз аввал, ки ту бе меҳру вафои… https://t.me/gazaltj

  • То нагиряд абр, кай хандад чаман? То нагиряд тифл, кай ҷӯшад лабан? Тифли якрӯза ҳамедонад тариқ, Ки бигирям, то расад дояй шафиқ. Ту намедонӣ, ки дояй доягон Кам диҳад бе гиря шир ӯ ройгон? Гуфт «фалябку касиран», гӯш дор, То бирезад шири фазли кирдгор. Гиряи абр асту сӯзи офтоб, Устуни дунё, ҳамин ду риштатоб. Гар набудӣ сӯзи меҳру ашки абр, Кай шудӣ ҷисму араз зафту ситабр? Кай будӣ маъмур ин ҳар чор фасл? Гар набудӣ ин тафу ин гиря асл. Сӯзи меҳру гиряи абри ҷаҳон Чун ҳамедорад ҷаҳонро хушдаҳон. Офтоби ақлро дар сӯз дор, Чашмро чун абр ашкафрӯз дор. Чашми гирён боядат, чун тифли хурд, Кам хӯр он нонро, ки нон оби ту бурд. (Порчае аз Маснавии Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ) https://t.me/gazaltj

  • Бинмой рух, ки боғу гулистонам орзуст, Бикшой лаб, ки қанди фаровонам орзуст. Ай офтоби ҳусн, бурун о даме зи абр, К-он чеҳраи мушаъшаъи тобонам орзуст. Бишнидам аз ҳавои ту овози табли боз, Боз омадам, ки соъиди султонам орзуст. Гуфтӣ, зи ноз: Беш маранҷон маро, бирав! Он гуфтанат, ки «беш маранҷонам» орзуст. В-он дафъи гуфтанат, ки «бирав, шаҳ ба хона нест», В-он нозу бозу тундии дарбонам орзуст. Дар дасти ҳар кӣ ҳаст, зи хубӣ қурозаҳост, Он маъдани малоҳату он конам орзуст. Ин нону обу чарх чу сел аст бевафо, Ман моҳиям, наҳангам, Уммонам орзуст. Яъқубвор воасафоҳо ҳамезанам, Дидори хуби Юсуфи Канъонам орзуст. Валлаҳ, ки шаҳр бе ту маро ҳабс мешавад, Оворагию кӯҳу биёбонам орзуст. З-ин ҳамраҳони сустаносир дилам гирифт, Шери Худову Рустами Дастонам орзуст. Ҷонам малул гашт зи Фиръавну зулми ӯ, Он нури рӯйи Мӯсии Имронам орзуст. З-ин халқи пуршикояти гирён шудам малул, Он ҳойҳую наъраи мастонам орзуст. Гӯётарам зи булбул, аммо зи рашки ом Муҳр аст бар даҳонаму афғонам орзуст. Дӣ шайх бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр, К-аз деву дад малуламу инсонам орзуст. Гуфтанд: Ёфт менашавад, ҷустаем мо, Гуфт: Он ки ёфт менашавад, онам орзуст. Ҳарчанд муфлисам, напазирам ақиқи хурд, Кони ақиқи нодири арзонам орзуст. Пинҳон зи дидаҳову ҳама дидаҳо аз ӯст, Он ошкорсанъати пинҳонам орзуст. Худ кори ман гузашт зи ҳар орзуву оз, Аз кону аз макон пайи армонам орзуст. Гӯшам шунид қиссаи имону маст шуд, Ку қисми чашм, сурати имонам орзуст. Як даст ҷоми бодаву як даст ҷаъди ёр, Рақсе чунин миёнаи майдонам орзуст. Мегӯяд он рубоб, ки мурдам зи интизор, Дасту канору захмаи Усмонам орзуст. Ман ҳам рубоби ишқаму ишқам рубобӣ аст, В-он лутфҳои захмаи Раҳмонам орзуст. Боқии ин ғазалро, ай мутриби зариф, З-ин сон ҳамешумор, ки з-ин сонам орзуст. Бинмой Шамси мафхари Табрез рӯ зи Шарқ, Ман ҳудҳудам, ҳузури Сулаймонам орзуст. (Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ-Балхӣ) https://t.me/gazaltj

  • Ту дигар ба пешвозам дами дар намебаройӣ, Ту дигар ба лаҳҷаи худ бари ман намесаройӣ: «Писари азизам омад, Писари ғазалнависам омад». Ту дигар наметавонӣ, ки миёни пиразанҳо Зи ман ифтихор созӣ ба ҳазору як таманно: «Писари азизам омад, Писари ғазалнависам омад». Ту дигар фирор кардӣ ба ҷаҳони сарду хомӯш, Ту дигар намекушоӣ ба наберагонат оғӯш, Ки диҳӣ дуои иқбол, Ки бибахшӣ неруи пару бол. Зи канори хок будӣ, ба канори хок рафтӣ, Зи деҳи Мазор будӣ, ба мазори пок рафтӣ, Шудӣ ёди ҷовидонӣ Ба мадори бемадори зиндагонӣ. Чу ба хонаат дароям, ҳама бӯйи дард ояд, Дили ман ба дард ояд зи хурӯҷи дардҳоят. Шунавам фиғони шабҳот Зи баҳамфишурда лабҳот. Чу ба ёд оварам ман ҳама он азоби ҷонат, Табу сӯзи устухонат, фалаҷи аҷалнишонат, Қаламам фалаҷ шавад зуд, Ҳама ҳастиям кунад дуд… Зи тавофи кулбаи ту дили ман зи ҳам бирезад, Ба ҳама ҷаҳон ситезад писари ғазалнависат, Ки куҷост модари ман, Ки куҷост модари диловари ман? Писари ғазалнависат акнун ғазали азо бигӯяд, Ғазале агар бигӯяд, ғазали туро бигӯяд, Ки куҷост модари ман, Ки куҷост давлати сари ман? Ту куҷоӣ модари ҷон? Паси дар намебаройӣ, Ва дигар ба шеваи худ бари ман намесаройӣ: «Писари азизам омад, Писари ғазалнависам омад…» Шодравон Лоиқ Шералӣ https://t.me/gazaltj

  • Пеши мо расми шикастан набувад аҳди вафоро, Аллаҳ-Аллаҳ, ту фаромӯш макун суҳбати моро. … پیش ما رسمِ شکستن نبود عهد وفا الله الله تو فراموش مکن صحبت ما را قیمت عشق نداند قدم صدق ندارد سست‌عهدی که تحمل نکند بار جفا را گر مُخَیَّر بکنندم به قیامت که چه خواهی دوست ما را و همه نعمت فردوس شما را گر سرم می‌رود از عهد تو سر بازنپیچم تا بگویند پس از من که به سر برد وفا را خنک آن درد که یارم به عیادت به سر آید دردمندان به چنین درد نخواهند دوا را باور از مات نباشد تو در آیینه نگه کن تا بدانی که چه بودست گرفتار بلا را از سر زلف عروسان چمن دست بدارد به سر زلف تو گر دست رسد باد صبا را سر انگشت تَحَیُّر بگزد عقل به دندان چون تأمل کند این صورت انگشت‌نما را آرزو می‌کندم شمع‌صفت پیش وجودت که سراپای بسوزند من بی سر و پا را چشم کوته‌نظران بر ورق صورت خوبان خط همی‌بیند و عارف قلم صنع خدا را همه را دیده به رویت نگرانست ولیکن خودپرستان ز حقیقت نشناسند هوا را مهربانی ز من آموز و گرم عمر نماند به سر تربت سعدی بطلب مهرْگیا را هیچ هشیار ملامت نکند مستی ما را قُل لِصاحٍ تَرَکَ النّاسَ مِن الوَجْدِ سُکاریٰ «سعدی» Пеши мо расми шикастан набувад аҳди вафоро, Аллаҳ-Аллаҳ, ту фаромӯш макун суҳбати моро. Қимати ишқ надонад, қадами сидқ надорад, Сустаҳде ки таҳаммул накунад бори ҷафоро. Гар мухайяр1 бикунандам ба қиёмат, ки чӣ хоҳӣ, Дӯст морову ҳама неъмати фирдавс шуморо. Гар сарам меравад, аз аҳди ту сар бознапечам, То нагӯянд пас аз ман, ки ба сар бурд вафоро. Хунук2 он дард, ки ёрам ба иёдат ба сар ояд, Дардмандон ба чунин дард нахоҳанд даворо. Бовар аз мот набошад, ту дар оина нигаҳ кун, То бидонӣ, ки чӣ будаст гирифтори балоро. Аз сари зулфи арӯсони чаман даст бидорад, Ба сари зулфи ту гар даст расад боди саборо. Сари ангушти таҳайюр бигазад ақл ба дандон, Чу тааммул кунад ин сурати ангуштнаморо. Орзу мекунадам шамъсифат пеши вуҷудат, Ки саропой бисӯзанд мани бесарупоро. Чашми кӯтаҳназарон бар варақи сурати хубон Хат ҳамебинаду ориф қалами сунъи Худоро. Ҳамаро дида ба рӯят нигарон аст, валекин Худпарастон зи ҳақиқат нашиносанд ҳаворо. Меҳрбонӣ зи ман омӯзу гарам умр намонад, Ба сари турбати Саъдӣ биталаб меҳргиёро. Ҳеч ҳушёр маломат накунад мастии моро, Қул ли соҳин тараканноса минал ваҷди сукоро. (Шайх Саъдии Шерозӣ ) https://t.me/gazaltj

  • без подписи

  • без подписи

  • https://t.me/gazaltj

  • Меравам аз кӯи ту бо ҷони пурғам, хайр бод! Бо дили пуроташу бо чашми пурнам, хайр бод! Аҳли оламро зи ман гар буд дар хотир ғубор, Ман зи олам меравам, бар аҳли олам, хайр бод! Он парӣ дар вақти рафтан аз сари меҳру вафо, Восифии хастаро мегуфт ҳар дам: «Хайр бод»! (Зайниддин Маҳмуди Восифӣ) https://t.me/gazaltj

  • Пирона сар кашидам сар дар раҳи сагонат, Мӯйи сафед кардам ҷорӯби остонат. Ай аз ҳилоли абрӯ бар офтоби тобон Мушкин камон кашида, ман чун кашам камонат? Кам зан гираҳ миёнро бар қасди ман, ки тарсам Тоби гираҳ наёрад аз нозукӣ миёнат. Лаъли ту ҷону ман ҳам дорам рамида ҷоне, Биншин даме, ки бодо ҷонам фидои ҷонат. Судам ҷабин ба роҳат, гуфтӣ: – Маҷӯ зиёнам, Ё Раб, Худо бибахшад сабре бар ин зиёнат! Ман кистам, ки чинам барге зи гулбуни ту, Кошам халад ба сина хоре зи бӯстонат. Як бӯса ваъда кардӣ, лаъли лабат замон шуд, Худ лутф кун в-агарна бистонам аз замонат. Хай пок кун, Худоро, аз рух, ки шуст моро Лавҳи сабурӣ аз дил рухсори хунчаконат. Дашноме аз забонат бошад муроди Ҷомӣ, Ё аз забони он кас, к-ӯ гӯяд аз забонат. (Абдураҳмони Ҷомӣ ) https://t.me/gazaltj

  • Чу гул хандон ба гулшан сайри гулшан метавон кардан, Чу булбул бар сари ҳар шох шеван метавон кардан. Баҳор омад нишастан то ба кай дар хона, эй мастон Ба пои гулбуне як раҳ нишиман метавон кардан. Равон шуд гар зи гулшан гул, дар оини вафо булбул Гули хуни ҷигарро ҳам ба доман метавон кардан. Макун айбам, агар гаштам биёбонгард чун Маҷнун, Ватан дар бенавоиҳо ба гулхун метавон кардан. Чу Яъқуб аз ғами ҳиҷрон дари Байтулҳазан бастам Ба рӯи худ, ки танҳо машқи мурдан метавон кардан. Зи хоки ман бикаш доман, ки аз баҳри худо имшаб Чароғе бар сари ҳар хок равшан метавон кардан. Ба уммеди нигоҳе рафт Махфӣ дил зи дасти ман, Нигоҳе аз тараҳҳум ҷониби ман метавон кардан. (Зебуннисо - Махфӣ) https://t.me/gazaltj

  • Рӯзи ҳиҷрону шаби фурқати ёр охир шуд, Задам ин фолу гузашт ахтару кор охир шуд, Он ҳама нозу танаъум, ки хазон мефармуд, Оқибат дар қадами боди баҳор охир шуд. Шукри Эзид, ки ба иқболи қулаҳ гӯшаи гул Навбати боди даю шавқати хор охир шуд. Субҳи уммед, ки буд мӯътакифи пардаи ғайб, Гӯ: бурун ой, ки кори шаби тор охир шуд. Он парешонии шабҳои дарозу ғами дил, Ҳама дар сояи гесуи нигор охир шуд. Боварам нест зи бадаҳдии айём ҳанӯз қиссаи ғусса, ки дар давлати ёр охир шуд. Соқиё, лутф намудӣ, қадаҳат пурмай бод, Ки ба тадбири ту ташвиши хумор охир шуд. Дар шумор арчи наёвард касе Ҳофизро, Шукр, к-он меҳнати беҳадду шумор охир шуд. (Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ) https://t.me/gazaltj

  • https://t.me/gazaltj

  • Ёри бегона нагирад, ҳар кӣ дорад ёри хеш, Эй ки дасте чарб дорӣ, пештар девори хеш. Хидмататро ҳар кӣ фармоӣ, камар бандад ба тавъ, Лекин он беҳтар, ки фармоӣ ба хидматгори хеш. Ман ҳам аввалрӯз гуфтам: Ҷон фидои рӯи ту, Шарти мардӣ нест баргардидан аз гуфтори хеш. Дарди ишқ аз ҳар кӣ мепурсам, ҷавобам медиҳад: Аз кӣ мепурсӣ, ки ман худ оҷизам дар кори хеш? Сабр чун парвона бояд карданат бар доғи ишқ, Эй ки суҳбат бо яке дорӣ на дар миқдори хеш. Ё чу дидорам намудӣ, дил набоястӣ шикаст, Ё набоястӣ намуд аввал маро дидори хеш. Ҳадди зебоӣ надоранд ин худовандони ҳусн, Эй дареғо, гар бихурдандӣ ғами ғамхори хеш. Ақлро пиндоштам, дар ишқ тадбире бувад, Ман нахоҳам кард дигар такя бар пиндори хеш. Ҳар кӣ хоҳад дар ҳақи мо ҳар чӣ хоҳад, гӯ, бигӯй, Мо намедорем даст аз домани дилдори хеш. Рӯзи растохез, к-он ҷо кас напардозад ба кас, Ман напардозам ба ҳеч аз гуфтугӯи ёри хеш. Саъдиё, дар кӯи ишқ аз порсоӣ дам мазан, Ҳар матоъеро харидорест дар бозори хеш. (Шайх Саъдии Шерозӣ) https://t.me/gazaltj

  • Эй дил, ғамин мабош, ки ҷонон расиданист, Дар коми ташна чашмаи ҳайвон расиданист. Эй дардманди ҳаҷр, майяндоз дил зи дард, К-инак табиб омаду дармон расиданист. Эй гулситони умр, зи сар барг тоза кун, К-он мурғи ошно ба гулистон расиданист. Эй оби дида, рехтанӣ гирд кун гуҳар, К-он подшаҳ дар ин деҳи вайрон расиданист. Парвонавор пеш равам баҳри сӯхтан, К-он шамъи дида дар шаби ҳиҷрон расиданист. Дар раҳ бисоти лаъл зи хуни ҷигар кашем, К-он нозанин чу сарви хиромон расиданист. Ҷоне, ки аз фироқ раҳо кард хонаро, Бозоваред, к-орзуи ҷон расиданст. Бо хеш мезадам, ки фироқ ар ҳамин бувад, Тири бало ба сина фаровон расиданист. Овард бахт мужда ба Хусрав, ки ғам махур, К-ин чошнӣ-т дар буни дандон расиданист. (Амир Хусрави Деҳлавӣ) https://t.me/gazaltj

  • https://t.me/gazaltj

  • Дар дили бехабарон ҷуз ғами олам ғам нест, Дар ғами ишқи ту моро хабар аз олам нест. Хоки одам ки сириштанд, ғараз ишқи ту буд, Ҳар кӣ хоки раҳи ишқи ту нашуд, одам нест. Аз ҷунуни ману ҳусни ту сухан бисёр аст, Қиссаи мову ту аз Лайлию Маҷнун кам нест. Гар табибон зи паи доғи ту марҳам созанд, Кай гузорем, ки он доғ кам аз марҳам нест. Баски савдои ту дорам, ғами худ нест маро, Гар аз ин пеш ғаме буд, кунун он ҳам нест. Ман ки имрӯз ҳалоки дами ҷонбахши туам, Дами Исо чӣ кунам, чун дами ӯ ин дам нест? Ғунчаи хуррамӣ аз хоки Ҳилолӣ маталаб, Ки сари равзаи ӯ ҷои дили хуррам нест. (Бадриддин Ҳилолӣ) https://t.me/gazaltj

  • Аз сурудаҳои Нуруллоҳи Куҳистонӣ 5 Бе рузаву бе намоз эмон маталаб, Бе хайру закот биҳишти ризвон маталаб. Хоҳи ки пули сирот осон гузари, Озори дили ҳеҷ мусалмон маталаб. 6 Сад дареғо меравем, мо навҷавонон дар лаҳат, Бо дили пурҳасрату бо чашми гирён, дар лаҳат. Хурдани морону кирмон мешавем дар зери хок, Чашмҳои пурхумор, лабҳои хандон дар лаҳат. Дар фироқи тоқати неши як замбурам набуд, Мезананд сад нешҳо, морону кирмон дар лаҳат. Ҷабр ба мардум макун, аз баҳри зану фарзанди хеш, Зан ба гурат кай дарояд Марди нодон! Дар лаҳат. Зан дар андешаву, фарзандат дар ёди мол ... Гар ту шоҳу, гар ту мири , гар ту султон дар лаҳат. https://t.me/gazaltj 7 Фарёд зи умри кутаҳи одамизод, не рузаву не намоз, не хайру закот, Рузе, ки Худо қозӣ мешавад, дар арасот, пеши назармон чарх занад пули сирот. https://t.me/gazaltj