ОМӮЗГОРИ ТОҶИК / Асадуллоҳ
СтатистикаTaklif va mulohazalar uchun / Барои таклиф ва мулоҳазаҳо @Asadullo1970 – Асадулло Шукуров / Asadullo Shukurov Тел. / tel.: +998932378178 E-mail: asadullo1970@mail.ru
- Последний пост
- 14 авг.
- Последнее чтение
- 15 авг.
- Постов за неделю
- 1
- Всего постов
- 24
- Тип
- открытый
- Язык
- tg
- В каталоге с
- 13 авг.
- 1/24сутки в ленте
- 191
- 1/48двое суток
- 218
- 1/72трое суток
- 236
Оценка по просмотрам недавних постов: пост набирает почти всё за первые сутки.
Посты
ОЛИМҶОН ДАВЛАТОВ МУШОВИРИ ПРЕЗИДЕНТ ТАЪИН ШУД Директори Бунёди байналмилалии ҷамъиятии ба номи Алишер Навоӣ, узви Шӯрои адабиёти тоҷик дар назди Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, профессор Олим Давлатович Давлатов ба вазифаи мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои мақомоти намояндагӣ, созмонҳои ғайридавлатии ғайритиҷоратӣ ва ҷавонон таъин гардид. Олим Давлатовичро ба ин муносибат шодбош мегӯем ва дар корҳои минбаъдаи мавсуф комёбӣ таманно дорем. Раёсати Шӯрои адабиёти тоҷик https://t.me/adabiyotitojik_uz
без подписи
РӮНАМОИИ КИТОБИ "БОДБАРАКИ ХАЁЛ"-И АСАДУЛЛО ШУКУРОВ Дар толори Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон ба муносибати Рӯзи дӯстии халқҳо китоби ба наздикӣ нашршудаи шоир ва рӯзноманигори шинохта Асадулло Шукуров - "Бодбараки хаёл" рӯнамоӣ гардид, ки ба ду забон -тоҷикиву ӯзбекӣ чоп шуда, тарҷумони ашъори ӯзбекӣ Одил Икром мебошад. Дар маҷмӯа ашъори солҳои гуногун навиштаи шоир фароҳам омадаанд, ки инсонро ба ватандӯстиву худшиносӣ, ҳамдиливу инсонгароӣ ва муҳаббати беолоиш даъват менамоянд. Шӯрои адабиёти тоҷики назди Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон https://t.me/adabiyotitojik_uz
ЗОДРӮЗ МУБОРАК ШАВАД! Имрӯз олими адабиётшинос, узви ҳайати таҳрири маҷаллаи адабию илмӣ ва фарҳангии “Дурдонаи Шарқ” ҶУМЪА ҲАМРОҲ, масъули маҷаллаамон дар шаҳри Чирчиқ, узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон ҲИКМАТ СУЛТОНЗОДА ва тарғибгари маҷаллаю сарпарасти аҳли адаб собиқ омӯзгори мактаби рақами 7-уми ноҳияи Сариосиё ТОҲИР АКБАРОВ ҷашни зодрӯз доранд. Соҳибҷашнҳоро бо солгарди умр муборакбод намуда, барояшон хушиҳои ҳаёт ва умри бобаракатро таманно дорем. Бо дуо ҷамоаи эҷодии маҷаллаи адабию илмӣ ва фарҳангии “Дурдонаи Шарқ” •┈•┈•┈•┈•❁✿❁•┈•┈•┈•┈• 👇 Бо мо бошед: Telegram | Facebook | Омўзгори тоҷик ✅ https://t.me/DURDONAI_SHARQ
ДӮСТӢ ПОЯНДА БОД! Дар доираи таҷлили рӯзи дӯстии халқҳо дар ҳамкорӣ бо Кумитаи муносибатҳои байни миллатҳо ва равобити хориҷӣ бо ҳамватанони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар толори Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон тақдимоти китобҳои тозанашр ва мушоираи дӯстӣ баргузор…
без подписи
без подписи
без подписи
ДӮСТӢ ПОЯНДА БОД! Дар доираи таҷлили рӯзи дӯстии халқҳо дар ҳамкорӣ бо Кумитаи муносибатҳои байни миллатҳо ва равобити хориҷӣ бо ҳамватанони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар толори Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон тақдимоти китобҳои тозанашр ва мушоираи дӯстӣ баргузор шуд. Анҷуманро раиси Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон Сироҷиддин Сайид оғоз бахшид ва дар мавзӯи “Дӯстии адабиётҳо дӯстии абадӣ” суханҳои самимӣ изҳор намуд. Боиси хушнидист, ки дар ин анҷумани бонуфуз тақдимоти китобҳои “Саҳарнам”-и Фарзонаи Хуҷандӣ, ки бо сарпарастии Маркази миллию фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон чоп шудааст ва “Бодбараки хаёл”-и Асадуллоҳ Исмоилзода ҳам баргузор шуд. •┈•┈•┈•┈•❁✿❁•┈•┈•┈•┈• 👇 Бо мо бошед: Telegram | Facebook | Омўзгори тоҷик ✅ https://t.me/DURDONAI_SHARQ
ВОХӮРӢ БО УСТОД ФАРЗОНА Ба таваҷҷуҳи дӯстдорони шеъру адаб расонда мешавад, ки дар доираи таҷлили Рӯзи дӯстии халқҳо рӯзи 29 июли соли 2026, соати 14:00 дар толори Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон бо Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Абуабдулло Рӯдакӣ, шоираи маҳбуби миллат Устод ФАРЗОНА вохӯрӣ ба амал меояд. Ба чорабинӣ ширкат кардан озод аст. Шӯрои адабиёти тоҷики назди Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон https://t.me/adabiyotitojik_uz
Нақшаи тақвимӣ барои солҳои таҳсили 2026–2027 1. Қисми такягоҳӣ (ҳатмӣ. асосӣ). 2. Қисми вариативӣ (ихтиёрии муассиса). 3. Қисми интихобӣ (санҷишӣ). https://t.me/Xirad
без подписи
без подписи
без подписи
без подписи
без подписи
без подписи
НАҚШАИ ТАҚВИМӢ АЗ ФАНҲОИ АЛИФБО, ҲУСНИ ХАТ, ЗАБОНИ МОДАРӢ ВА ХОНИШ, БАРОИ СИНФҲОИ 1-4 ДАР СОЛИ ХОНИШИ 2026-2027 https://t.me/Xirad
85 СОЛИ УМРИБОБАРАКОТИ МУАЙЯНА ХӮҶАЕВА Журналисти шоистаи Ӯзбекистон МУАЙЯНА ХӮҶАЕВА – бонуи боматонати донишманде, ки бо матонати худ бар сар тоҷи шараф гузошта, аз меҳр барои ҳамдилону дӯстдоранаш бӯстони пурнакҳате бунёд намудааст, бо сарбаландӣ ба синни мубораки 85 қадам гузошт. Саманди фурсати айёми умр даргузар аст, Ба роҳи некӣ гузар, ар тавонӣ ҳар қадаре. Чунон ту олиҷанобӣ, ки моилӣ ҳар дам Ба завқи ҳусни маонӣ, на шефта ба заре. (Саидаҳмади ВАСЛӢ) 📖 ПУРРА: 👉 https://telegra.ph/85-SOLI-UMRIBOBARAKOTI-MUAJYANA-HӮҶAEVA-07-06 АСАДУЛЛОҲ ИСМОИЛЗОДА – Роҳбари шуъбаи тоҷикии Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд, сармуҳаррири маҷаллаи адабию илмӣ ва фарҳангии “ДУРДОНАИ ШАРҚ” •┈•┈•┈•┈•❁✿❁•┈•┈•┈•┈• 👇 Бо мо бошед: Telegram | Facebook | Омўзгори тоҷик ✅ https://t.me/DURDONAI_SHARQ
МАРДИ СОЛЕҲУ ҲАЛИМ Имрӯз марди солеҳу Ҳалим нависандаи болаёқат, тарғибгари маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии "Дурдонаи Шарқ" СОЛЕҲ САИДМУРОД ҷашни зодрӯз дорад. Аз номи ҷамои эҷодии маҷалла адиби хушбаёнро бо зодрӯз муборакбод намуда, барояшон ҷӯши илҳом таманно дорем. •┈•┈•┈•┈•❁✿❁•┈•┈•┈•┈• 👇 Бо мо бошед: Telegram | Facebook | Омўзгори тоҷик ✅ https://t.me/DURDONAI_SHARQ