tgindex
Kitobkhon Китобхон

Kitobkhon Китобхон

Статистика

Тарҷума ва нашри китобҳои серхонандатарини дунё бо забони тоҷики "Дар китобхон китоби дилхохатро бихон"

Последний пост
14 авг.
Последнее чтение
13 авг.
Постов за неделю
5
Всего постов
22
Тип
открытый
Язык
tg
В каталоге с
13 авг.
Подписчики
696
+1 за 1 дн.
Сутки
0
0,00%
Неделя
 
Месяц
 
Просмотров на пост
116
21 постов
Вовлечённость
16,7%
к подписчикам
Постов в день
0,7
всего 22
Упоминаний
2
каналов
Охват размещения
оценка
1/24сутки в ленте
75
1/48двое суток
85
1/72трое суток
92

Оценка по просмотрам недавних постов: пост набирает почти всё за первые сутки.

Посты

  • без подписи

  • _ _ _ _ _ _ Як мактуб_ _ _ _ _ _ Биё барои Падар, Модар, бародар, дуст дар умум барои шахсиятҳое, ки аз мо мудатҳои дарозаст ва километрҳо дуранд ягон мактуб нависем ва чи гуфтаниҳое дорем дар шарҳ (камент) баён кунем! Марҳамат! Ихтиёри

  • Роҳ агар бероҳа шуд, раҳбар намеояд ба кор, Дар қафас дунё биёри пар намеояд ба кор. Бори сангинест рӯйи души ин девонагон, Ақл агар дар сар набошад, сар намеояд ба кор. Дузду соҳиб хона то вақте сари як суфраанд, Қулфу занҷиру дару пайкар намеояд ба кор. Ҳарчи мехоҳад бигӯ шоир дили тангат вале, Хондани Ёсин ба гӯши хар намеояд ба кор.

  • Инсоне, ки ба шинохти хеш нарасида бошад, бесавод аст, ҳарчанд тамоми китобҳои ҷаҳонро хонда бошад. Агар даруни ту пур аз хашм, нафрат, худхоҳӣ ва такаббур, нажодпарастӣ, ҳасодат ва дигар партовҳо бошад, бидон, ки ҳаргиз чизе наомӯхтаӣ. Бидон, ки то ҳол рушд накардаӣ. Инсон дар бораи чизҳои зебо ҳарф мезанад, аммо зиндагии зиштро мегузаронад. Ин ҳамон чизест, ки то имрӯз башарият бар худ раво дидааст. Содиқ будан яъне ҳамон тавр зиндагӣ кардан аст, ки мегӯем.

  • Устод Фозил Назарӣ Маранҷ аз бешу кам, чашм аз шароби ину он бардор, Ки ин соқи ба қадри ташнаги Паймона месозад!

  • 😊Салом дӯстон! Бенямин ҳастам ва хостам ин ҳарфҳои қашангро ба шумо ирсол кунам. Бисёр вақтҳо мо мунтазир мешавем, ки касе ба мо бигӯяд: «Ту олӣ ҳастӣ», «Ту хос ҳастӣ», «Ту арзишдор ҳастӣ»… Аммо агар ҳеҷ кас инро нагӯяд, чӣ? Оё бояд то рӯзи номаълум интизор…

  • 😊Салом дӯстон! Бенямин ҳастам ва хостам ин ҳарфҳои қашангро ба шумо ирсол кунам. Бисёр вақтҳо мо мунтазир мешавем, ки касе ба мо бигӯяд: «Ту олӣ ҳастӣ», «Ту хос ҳастӣ», «Ту арзишдор ҳастӣ»… Аммо агар ҳеҷ кас инро нагӯяд, чӣ? Оё бояд то рӯзи номаълум интизор шавем, то касе биёяд ва моро таъйид кунад! Ҳақиқат ин аст: манбаи асосии эҳсоси арзишмандӣ дар * дохили худи мост*. Вақте ту ёд мегирӣ, ки худро таъйид кунӣ: ✨ Худбаҳодиҳӣ дигар бо сухан ё хомӯшии дигарон тағйир намеёбад. ✨ Ҳолати хубат вобаста ба будан ё набудани касе намешавад. ✨ Камтар ранҷида мешавӣ ва пурқувваттар бармегардӣ. 💡 Сирри кор дар ҳамин ҷост: мағз боварҳояшро аз такрор месозад. Пас агар ҳар рӯз чанд ҷумлаи мусбат ба худ бигӯӣ, тадриҷан мағзат онро ҳақиқат мешуморад. Ҳатто агар аввал каме сунъӣ ба назар расад — идома деҳ!

  • |Гуфт Лайлиро халифа: “К-он туӣ, К –аз ту Маҷнун шуд парешону ғавӣ. Аз дигар хубон ту афзун нестӣ”, Гуфт : “ Хомӯш, чун ту Маҷнун нестӣ”.  Шарҳ (Тафсир) халифа ба ӯ мегӯяд: “ Эй Лайлӣ, ту ҳаминӣ, ки Маҷнун аз ишқи ту ин ҳама парешону сокини кӯҳу саҳроҳост. Ту ҳатто ба андозаи дигар хубрӯён ҳам нестӣ, охир?!” Лайлӣ боиззатона ва ҳозирҷавобона ба халифа чунин мегӯяд, ки ӯ мот мешавад. Гӯфт : “ Хомӯш!!! Чун ту Маҷнун нестӣ”.

  • без подписи

  • Kitobkhon Китобхон pinned a video

  • 🤖 БЕҲНОЗ — ОРЗУЕ, КИ СОЛИ 2019 ОҒОЗ ШУД Соли 2019, вақте донишҷӯи барномасозӣ будам, як фикр ба сарам омад: «Чаро барномае набошад, ки бо инсон суҳбат кунад, ӯро шиносад ва ҷавобҳои мувофиқ диҳад?» Он вақт ман на ChatGPT-ро медонистам ва на дигар AI-ҳои…

  • 🤖 БЕҲНОЗ — ОРЗУЕ, КИ СОЛИ 2019 ОҒОЗ ШУД Соли 2019, вақте донишҷӯи барномасозӣ будам, як фикр ба сарам омад: «Чаро барномае набошад, ки бо инсон суҳбат кунад, ӯро шиносад ва ҷавобҳои мувофиқ диҳад?» Он вақт ман на ChatGPT-ро медонистам ва на дигар AI-ҳои имрӯзаро. Ҳатто намедонистам, ки сохтани чунин система аз куҷо оғоз мешавад. Бо имкониятҳои хеле кам, китобҳо ва омӯзиши мустақилона оғоз кардам. Бо Visual Basic 6.0 аввалин қадамҳоро гузоштам. Номи он лоиҳа Беҳноз шуд. Дар давоми 3–4 моҳ се версия сохтам. Онҳо ҳоло ба AI-и имрӯз монанд набуданд, аммо барои ман як чизи муҳим буданд: онҳо аввалин кӯшиши амалӣ кардани як орзу буданд. Солҳо гузаштанд... Ва соли 2026 ман қарор додам, ки Беҳнозро дубора зинда кунам. Ин дафъа бо Python. Ин навор — оғози қисми нави ин ҳикоя аст. Беҳноз V4.0 — идомаи орзуе, ки соли 2019 оғоз шуда буд. 🚀 Қисми аввал. Давом дорад... #Беҳноз #BehnazAI #Python #ArtificialIntelligence #Барномасозӣ #AI #Programming #2019 #V40

  • без подписи

  • |Бовар кунед так таки одамҳо захминанд.Ҳар касе дарди худашро дорад, дағдаға ва машғулотро дорад. Бовар кунед зеҳнҳо хастаанд, қалбҳо захмианд, забонҳо бастаанд. Барои дигарон орзу кунем беҳтаринҳоро роҳатиро ёри кунем ҳамдигарро то зиндаги бароямон лаззатбахш шавад. Одамҳо ором ором пир намешаванд одамҳо дар як лаҳза бо як тилфон, бо як ҷумла, як нигоҳ, як иттифоқ як наомадан, як дер расидан, як бояд биравем ва бо як тамом кунем пир мешаванд... Одамҳоро лаҳзаҳо пир намекунанд одамро одамҳо пир мекунанд... Сайъ кунем ҳавои дили ҳамдигарро бештар дошта бошем...

  • Ассалому алайкум. Дӯстони азиз барои боз ҳам ҷолибтар шудани Канали Китобхон чи пешниҳод доред??? Аз Шумо хоҳиш менамоям пешниҳодҳои худро дар шарҳ нависед ё ба ман равон кунед( @Akadem1k_17)? @Kitobkhon_online манбаи тиҷоратӣ надорад)

  • |Мегӯянд, ки ҳеҷ кас намеояд, то туро наҷот диҳад. Аммо ман дар лаҳзаҳои душвортаринам аз ҷониби бисёриҳо наҷот ёфтаам, ҳатто агар онҳо инро нафаҳманд ҳам. Ин метавонад чизе хеле оддӣ бошад: табассуми гарми як ношинос, ламси меҳрубони як ҳайвон, суханони дилнишини як нависанда, сатри пурмазмуни як суруд ё оҳанги дилошӯб, ғамхории беандозаи модар ё таваҷҷӯҳи самимии як дӯст. Мо ҳар рӯз якдигарро наҷот медиҳем, бо роҳҳои хурде, ки дар аввал ба назар ночиз метобанд, вале дар асл дилҳоро гарм мекунанд ва рӯҳро таскин мебахшанд.

  • Дунё пайваста барои ту ранг иваз мекунад… ва дар ниҳоят ту онро ҳамон гуна хоҳӣ дид, ки худат мехоҳӣ бубини

  • Мутаассифона оқибатҳои камбудӣ гоҳе бисёр ҷиддитар аз ин аст. Мо аксаран ба сабаби камбудӣ қарорҳое мебарорем, ки аслан мантиқӣ нестанд. Дар як тадқиқот аз як гурӯҳи кишоварзон хостанд, ки худро дар баробари ҳодисаҳои пешбининашаванда монанди хушксолӣ суғурта кунанд. Гарчанде, ки зарарҳои хушксолӣ бисёр бештар аз арзиши суғурта буд, аммо онҳо маблағи суғуртаро намепардохтанд ва мегуфтанд, ки маблағи зиёдатӣ барои ин кор надоранд. Аммо ҷолиб он буд, ки дар ҳар давраи хушксолӣ онҳо маблағҳои бештаре аз арзиши суғурта зарар мекарданд. Ин мавзӯъ нишон медиҳад, ки камбудӣ қудрати тафаккури муҳосиботии онҳоро гирифта буд ва иҷоза намедод, ки кишоварзон қарорҳои дуруст бигиранд. Онҳо ба худ фикр мекарданд, ки мумкин аст хушксолӣ 6 моҳ баъдтар ба суроғи онҳо ояд. Бинобар ин холӣ нашудани ҷайбашонро афзалтар мешумориданд. Аммо ин иштибоҳи муҳосиботӣ аз оқибатҳои манфии камбудӣ буд, ки худашон аз он хабар надоштанд. 📙Scarcity (Дефицит) 👤Элдар Шафир

  • Панд Ду кас ранҷи беҳуда бурданд ва саъйи бефоида карданд: ▪️яке он, ки мол андухту нахӯрд ▪️ва дигар он, ки омухту амал накард. Илм чандон, ки бештар хонӣ, Чун амал дар ту нест, нодонӣ. На муҳаққиқ бувад, на донишманд, Чорпое бар ӯ китобе чанд! Он тиҳимағзро чӣ илму хабар, Ки бар ӯ ҳезум аст ё дафтар? ✍️ Шайх Саъдӣ

  • ГУФТАМ: - ДАР ҶАҲОН ЧӢ НЕКТАР АСТ? ГУФТ: - ТАВОЗӮЪ - ХОКСОРИИ БЕМИННАТ ВА САХОВАТ, НА АЗ БАҲРИ МУКОФОТ!... _Абуали Ибни Сино