РАВОНДАРМОНӢ-ПСИХОЛОГИЯ
СтатистикаКанали мо психологи мотиватсионӣ мебошад. ✍🏻📚Андешҳои равшанфикрони ҷаҳон 🌍 🏞маслиҳатҳои психологӣ👨👩👧👦 📸📽акс ва наворҳои мотиватсионӣ👨💻 🧸🎲бозиҳои шавқовар 🎭 Мудир:@sobirjonkarimov
- Последний пост
- 14 авг.
- Последнее чтение
- 15 авг.
- Постов за неделю
- 1
- Всего постов
- 23
- Тип
- открытый
- Язык
- tg
- Категория
- Психология
- В каталоге с
- 13 авг.
- 1/24сутки в ленте
- 81
- 1/48двое суток
- 92
- 1/72трое суток
- 100
Оценка по просмотрам недавних постов: пост набирает почти всё за первые сутки.
Посты
без подписи
Фаромӯш насоз то худат худатро ислоҳ накуни касе дар фикри ту нахоҳад буд. Ҳатто Парвардигор мунтазир аст хислатҳои бадро раҳо кунӣ то нурро ба сарат бирезад. ✍️М.Шарқӣ
Рустами Ваҳҳоб чиқадар зебо мегӯяд: Хотири ҷамъ ҳамон хонаву хони падарист, Баъд аз он қасру саройи ту ҳама дарбадарист Хотироти нек танҳо дар хонаи падарӣ мемонад. Баъд аз сари онҳо ҳама хӯшиҳо мисли як мижгон задан мегузарад. Ҳама хотироти неку барои ҳамеша мемонад. Ёдаш ба хайр бод он ишқи ҳамешагӣ... Ашк аз хотирот
"Он чизе, ки ту насибаи мост ҳатман ба даст меояд. Ишқ, ҷавони, молу сарват ҳама лаззатҳои зиндагӣ. Аммо чизе, ки барои ҳамеша меравад ва намехоҳем биравад унам буй ва накҳати модарамон аст. Ҳарҷо бошем ва хона биёем аввалин суол модар куҷоянд? Вале пир ҳам бишем хеле оғӯш модар мехоҳем. Ба саломатии ишқи воқеи яъне модар..." ✍️М.Шарқӣ
Орифе хеле зебо мегӯяд: "-аз даст додани наздикон ё наздиктарину дилдодатарин касамон хайр аст ҳеҷ талафоти нест. Чун онҳо назди Холқи худ баргаштанд. Аммо агар имону виҷдонат дар ин дунё аз даст равад мурдаи зиндаҳол ҳастем. Дар ин дунёи гузаро чӣ касоне набуданд, ки рафтанд мо ҳам меравем. Бо молу мулк ва мансаб фахр кардану ба дигарон зулм намудан инсони нест. Ҳамеша бо ёди Худованд ва меҳрубон бо бандагони Худованд бошед. Ин умри мо ба фахр кардан намеарзад. Қазоват аз Шумо...."
Бадхоҳи касон ба ҳеҷ мақсад нарасад, Як бад накунад, ки бар сараш сад нарасад. Ман неки ту хоҳаму ту хоҳи бади ман, Ту нек набиниву ба ман бад нарасад. 🌍✨️Умар Хайём 🪐
Шумо медонед ҳарфи дурӯғ мезанед! Мегӯем ин мошини манаст ё хонаи манаст ингуна манаст гуиҳо хеле ҳастанд. Аммо ҳеҷ аз инҳо моли Шумо нест. Танҳо навбати Шумост, ки ба даст омадааст. Агар моли Шумост ҷаро наметавонед бо худ он дунё бубаред. Ҳеҷ гоҳ ба хотири чизҳои, ки бо Шумо намемонанд сар наравед. Имрӯз бо Шумо Аммо фардоро Худо медонад. Амалҳои хубу ҳасана моли Шумо асту бас. Сари амалҳотон баҳсу мусобиқот кунед, ки моли Шумост. Зеро вақте варақи умр пушида мешавад Танҳо инҳо бо Шумо мемунанд. Аз мо ҳарфи ҳақиқат аз Шумо қазоват....... Ҳамеша бо мо будан ва обуна шуданро фаромӯш насозед!!! 👇👇👇👇👇👇👇👇👇👇 РАВОНДАРМОНӢ-ПСИХОЛОГИЯ 🦋🦋@ravon_darmoni🦋🦋
🌸 1 июн — Рӯзи байналмилалии кӯдакон муборак! Бигзор дунёи кӯдакон ҳамеша пур аз ханда, меҳр ва хушбахтӣ бошад. 🌷 Кӯдакон гулҳои зиндагиянд. Рӯзи кӯдакон муборак! ☀️ Ба ҳамаи кӯдакон саломатӣ, шодмонӣ ва орзуҳои амалӣ таманно дорам. Рӯзатон муборак! 💖 Хандаи кӯдак зеботарин оҳанги зиндагист. Рӯзи кӯдакон муборак!
Ёддоштҳо аз сафар Сафарҳои, ки мо анҷом медиҳем ҳамеша ба худ хотироти хосро мемонад. Одатан ман сафар намудан ба ин ё он гӯшаи кишвар ва хориҷро хеле дӯст дорам. Зебогии сафарҳо инаст,ки бо шахсиятҳои гуногун ва хотироти зебои онҳо шинос мешавем. Сафари имрӯзи ман ҳам хеле хотирмон буд. Аз самти Душанбе ба шаҳри дил Панҷакент бозгашт кардем. Сараввал дар курсии пеш нишастам. Ногаҳон модаре пур нур омаданд ва ба ман гуфтанд: - Ассалому алейкум писарам чихел Шумо нағз агар лутф кунед ба ҷои Шумо нишинам чун курсиҳои ақиб дилтангам мекунад. Узр дия бачем наметавонам. Гуфтам: - ҳеҷ гап не модари азиз наход ба фариштаи нурҷило ҷой надиҳам! Воқеъан ҳам ҷеҳраи пурнур доштан гуё мисли офтоб нурпоши менамуданд. Бобову бибиҳоямон мегуфтанд агар инсон рӯҳаш тоза шавад ва дилу нияти пок дошта бошад мисли офтоб нур медиҳад. Ман имрӯз ингуна инсонро дидам. Ронандаи таксӣ баъди гирифтани мусофирон бо дуои ҳоҷибиби ба роҳ баромадем. Бо ҳамроҳон шинос шудем ва бо суханони тозаву самими роҳро тай намудем. Ронандаи таксӣ аз ҳоҷибиби пурсед: - Шумо Панҷакент ягон хешу табор доред ё ҳамонгуна меҳмони меравед? Ҳоҷибиби дар посух: - Ман ҳам аз шаҳри Панҷакент бачем қариб дувоздаҳ сол зиёд шуд нарафта будам. Аммо имрӯз каме саломатиам хуб нест хостам як зодгоҳамро бубинам ҳарчанд хотироти хуб надорам. Ронандаи таксӣ: - аз куҷои Панҷакент Шумо? Ягон ҳодисаи безеб шудми рафтед аз инҷо? Ҳоҷибиби: -эҳ бачем ман аз худи шаҳр (номашон ва суроғаи эшонро бо далели аз эшон иҷоза нагирифтаам намеорам ) онҷо таваллуд шудем хондем оиладор шудем бо хости тақдир кӯч бастем ба шаҳри Душанбе. Ростӣ ман инро ҳам хайр медонам аммо инсон боз дар дил медоштааст. Фаромӯш ҳам карда наметавонем охир гӯён ашк аз чашмонашон ҷори шуд. Ронанда бо садои ором пусид: -Чӣ гап шудааст оча? Ҳоҷибиби чанд дақиқа бе посух мондан. Мо бо диққат ба ҳарфи эшон гӯш дорем аммо барои савол кардан саросима нашудем. Баъдан боз идома доданд . - нав мактабро хатм карда будам, ки маро фотиҳа карданд Худораҳматии падарам ба писари ҷураашон. Он замон духтараки чаққон ва бехабар саҳнаҳои зиндагӣ инсу онсу давутоз мекардам. Баъдан тирамоҳи ҳамон сол тӯй шудем. Ман шавҳарамро ягон маротиба дидаги набудам чигуна характер доранд. Танҳо расмашонро нишон дода буданд. Раҳмати хеле инсони хуб буданд ҳамонгуна характерашон хуб буд худро ғуломашон медонистам аз рӯи эҳтиром. Дар аввали оиладори муносибати падару модари шавҳарам хуб буд. Мисли духтари худ медонистанд ва духтарам гуён садо мезаданд. Ду сол гузашт Худованд фарзанд ато накард. Баъдан хоҳараруси хурдиам ба ман ҳасуд хӯрданро сар кард ва ҳам бенасл гӯён таҳқир мекард. Аз сабаби фарзанди хурд буданаш эрка калон шудааст. Ҳеҷ ҳунарро ҳам надошт аз ин хотир хушдоман ва падарарусаш бисёр сарзаниш мекардаанд. Эҳтироми ман дар ин хонадонро дида ҳасад мебурд. Чунон кард, ки акаву хоҳарони шавҳарам ва волидонаш мисли бод тағйир карданд. Ҳаргуна ҳарфҳои дилхарош мегуфтанд шабҳо хобам бо ашк рӯз мешуд. Шавҳарам бо марди кори рӯзро мегузоранд ва хеле монда шуда меомаданд. Зиндагӣ ҳам вазмин буд ҳамон солҳо ҷанги шаҳрвандӣ сар шуд. Ҳам хабарҳои шум буд ҳам дар хона гапҳои пасту баланд. Шукронаи Худованд нури раҳмат карду дар батнам фарзанд ато кард. Аммо бозам онҳо хурсанд нашуданд. Шавҳарам барои он ки хона бихарем сафар ба Русия кард. Шаш моҳ ҳеҷ дараке аз ӯ набуд. Давом дорад....
Баъзе аз Мардум табиаташон ҳамине, ки моро бозичаи дасти худашон қарор бидиҳанд. Онам вақте, ки хеле шикаст ва ё мушкилоти зиндагӣ дорем. Ингуна инсонҳо зоташон ҳаром аст. Ҳамеша фурсатеро интизоранд то дар ҳолати заиф будан зарбаи сахт бизананд то дигар сари по набошем. Вале Худованд бандагони хуби худро дӯст дорад. Намегузорад бадфитратон ба мақсад бирасанд. Ба канали мо обуна шуданро фаромӯш насозед!!! 👇👇👇👇👇👇👇👇👇👇👇 РАВОНДАРМОНӢ-ПСИХОЛОГИЯ
❤️Ту 🙈шуди қанагтар🌸 аз дарё🌊.... Ҳамеша дар оилаатон Муҳаббат чу дарё бошад..🦋💐 🌺🌴Субҳи имрӯз бароятон мубораку пурбаракат бод🌺🌺 Ба канали мо обуна шуданро фаромӯш насозед!!! РАВОНДАРМОНӢ-ПСИХОЛОГИЯ
#ҳазл Зане назди Ҳакиме аз шавҳараш шикоят бурд. Ё Ҳаким ин шавҳари ман носолим аст. Ҳар гоҳе ба хаёлот меравад. Дар зиҳнаш чизеро банд мекунад. Ҳаким каме андеша кард ва ҳолати занро муҳокима карду гуфт: -шавҳари Шумо воқеъан ҳам носолим аст . Чун Ҳаким Абуали Ибни Сино, ки дар риштаи тиб беназиру нобиға ҳастанд мефармоянд: "-Марде, ки як зан дорад носолим аст ". Бо канали мо буданро фаромӯш насозед! 👇👇👇🤝🤝🤝👇👇👇 РАВОНДАРМОНӢ-ПСИХОЛОГИЯ
Як ҳарфи мехоҳам бигӯям, ки ҳам ғамангезӣ ва ҳам шодмонӣ. Бубин рафиқ ҳазорон роҳбарони дар ин дунё ҳастанд, ки тамоми умр як вазифаву ҷойгоҳи баланд доштанд. Аммо вақте пир шуданд на касе эҳтиромашон мекард на ҳол рузишон медид. Ва вақте рафт аз дунё ҳамин чанд лаҳза ҷомаи ғам пушидем. Ва ҳамчунин касоне дар ин дунё ҳастанд, ки маъмулан як одамони оддианд. Бобо вақте ино бимор мешаванд ҳама даст дуо мешаванд. Касе аз онҳо намехоҳад дар ҳаққашон дуо кунанд. Вале бо ҳисси доранд, ки аз сидқ аст пеши Худованд ашки ғам мезананд. То оне, ки ӯ хуб шавад. Ҷони ман худатро бисоз онгуна, ки ҳастӣ. Ба касе ҳисодат набар. Ин дунё ба касе раҳм накарда то ба маву ту бикунад. Фақат ИНСОН бош ҳамин як нуқта...... Бо канали мо бошед 👇👇👇🤝🤝👇👇👇 РАВОНДАРМОНӢ-ПСИХОЛОГИЯ
🔊Як садоҳои ҳастанд, ки ҳарчанд хеле баланданд касе намешунаванд. Масалан : -Садои шикастани қалби💔 касе...... - Садои инфиҷори падару модарон дар хонаи пиронсолон🥺 вақте мунтазири дидори фарзандонашонанд...... -сидои хиҷолати чашмони як падар😔 ки хостаҳои фарзандонашонро бароварда карда наметавонад ....... Хуб ин садоҳо, ки хеле баланд ҳастанд чаро мо намешунавем!? Чун ин садоҳоро танҳо онҳое мешунаванд, ки замоне ҳисси доштанд. Вақте боз ин ҳарфҳо ба гушашон мерасад дилҳошон хун мешавад..... РАВОНДАРМОНӢ-ПСИХОЛОГИЯ
без подписи
Аҷиб дунёи..... Имрӯз бо дӯстон сӯҳбат доштем. Ногаҳон ба дӯстам касе аз наздиконаш занг зад. Ӯ каме сӯҳбат кард ва аҷиб саволе дод. Хитоб ба ҳамсӯҳбаташ мегуфт Чаро вай мурдааст? Э не охир! Дирӯз дидам сиҳат буд ҳеҷ бемории надошт худ табиб буд. Шаш бемори вазмин дошт аз ҳолашон хабаргири мерафт. Аҷиб дунёи гӯён телефонро қатъ кард. Мо аз ӯ бо тааҷҷуб пурсидем: -чӣ гап шудааст? Ӯ гуфт: -сартабиби деҳаамон фавтидааст. Хеле ҷавон буд ҳеҷ кас бовар намекунад, ки ӯ аз дунё рафтааст. Дирӯз ӯро дидам аз беморони худ мегуфт хеле ҳолаташон вазнин Худованд медонад то пагоҳ ҳастанд ё на. Аммо ин субҳ аз марги ӯ ва соати ҷанозааш хабар доданд. Мо низ аз саволе ӯ дар аҷаб омадем,ки мегуфт: - Чаро вай мурдааст? Зиндагӣ ингуна саҳнаҳои дорад, ки вуҷуди инсонро ба ларза меорад. Табиб аз ҳолати беморонаш нигарон аммо худ бехабар аз тақдири худ, ки намедонад аз беморонаш пештар ин дунёро тарк мекунад. Ин ҳодисаҳо барои мо дарс аст, ки мегӯяд: -вақт омад дигар дар роҳи ту нафас нест акнун ҳисоб аст. Дигар андеша намудан бо Шумост хонандаи азиз! ✍️Имомназаразода С
Ҳамачиз ба вақти худаш зебост ҳатто ҳамин сонияҳое, ки нафас мекашӣ. Ин дарёи умр ҳазорон киштиҳоро дар худ ғарқ кардааст то панд ба дигарон бидиҳад аммо бозам савори киштиҳои мешавем, ки поёнаш ба мо маълум аст........ РАВОНДАРМОНӢ-ПСИХОЛОГИЯ
Ба ҳеҷ ваҷҳ розӣ хонаводагиатро бо дигарон дар миён магузор. Дар замистон тиреза метавонад рӯшноӣ орад аммо гармӣ на! Худ қазоват кунед!!! РАВОНДАРМОНӢ-ПСИХОЛОГИЯ
Зиндагӣ бо як сабке худ рафт то хабар ёфтем дигар пир шудаем. Аммо медони чиро ҳис накардем, ки чигуна умрамон рафтааст? Чун оне, ки хеле бовараш доштам ва мефахридам аз буданаш чунон рафт аммо ту сина ҳаррӯз як сӯзан буд то дард бошад. Ман ҳам аз тоби дард нафаҳмидам чӣ соли дорам. Санги қабрам гар ҳарфҳояш тира шуд аз дарди ҳиҷрон буду ҳаст. 🌴🍂Дунё 🍁
Зиндагӣ зебост. Агар тавони дидани зебоеро дошта бошӣ! 🌍Ҷаҳони зебо🍃⛲️