tgindex
К

Китобхоон

Статистика

Фикру ақидаи як инсон.

Последний пост
6 февр. 2025 г.
Последнее чтение
14 авг.
Постов за неделю
0
Всего постов
20
Тип
открытый
Язык
tg
Категория
Картинки (по похожим)
В каталоге с
14 авг.
Подписчики
1 071
+1 за 2 дн.
Сутки
0
0,00%
Неделя
 
Месяц
 
Просмотров на пост
3 200
20 постов
Вовлечённость
298,8%
к подписчикам
Постов в день
0,0
всего 20
Упоминаний
1
каналов
Охват размещения
оценка
1/24сутки в ленте
1/48двое суток
1/72трое суток

Оценка по просмотрам недавних постов: пост набирает почти всё за первые сутки.

Посты

  • |Муҳим аст дарк кунем, ки на ҳама одамон дар ҳаёти мо абадан боқӣ мемонанд. Баъзеҳо мисли меҳмононе, ки ба дунёи мо ворид мешаванд, танҳо муддате ҳамроҳи мо хоҳанд буд. Аммо, таъсири онҳо ба зиндагии мо амиқ ва дар хотирҳо ва қалбҳои мо абадан боқӣ мемонад, ба фарҳанги ботинии мо ранг ва маъно мебахшад..

  • 1 февр. 2025 г.3 983775из kitobxoon

    Илм омузед, исломро омузед то дар дунё ва охират муваффақ шавед. Беҳтарин Мавзуъҳо Сирати Паёмбар Қиссаҳои Паёмбарон Беҳтарин Суханҳо Русси Нишонаҳои қиёмат Занони покдоман Қироати Қуръон

  • Ва ин 1000-ум пости ин сомона буд. Дар паноҳи Аллоҳ.

  • |Ман дигар танҳо наям байни замину осмон.

  • |Ҳар яки мо Дар ҳаёти баъзеҳо Фаромӯш-нашавандаем. касе хушҳол аст, ки Шумо дар ҳаёташ ҳастед, ва барои каси дигар дардед, ва ё ҳарду. ҳар яки мо ҷамъи хатоҳои касе ҳастем, сабаби бедор шудани касе дар соати панҷи саҳар. хар яки мо сабаби касест ва ҳадафи касе ифтихори касе лаънати касе офтоби касе аз даст додани касе, ки барнамегардад. Ту барои касе на танҳо ном ҳасти, Ту барои касе тамоми дунё ҳасти. Танҳо фаромӯш накун, ки ту барои касе бе сабаб нест. Шояд

  • |Агар оташи ман хомуш шуд, Барои ман таассуф нахуред, Дилатон ба онҳое бисӯзад, Ки борҳо гирди ин гулхан нишаста буданд.

  • Баъзе вақт бадбахтӣ, аз онҷое мебиёяд, ки фикр мекарди хушбахти онҷост.

  • |Як рӯз, тӯфон тамом мешавад ва ту намефаҳмӣ, ки чӣ гуна онро аз сар гузаронидӣ. Ту ҳатто мутмаин нахоҳӣ буд, ки оё ҳақиқатан тамом шудааст ё не. Аммо як чиз ошкор аст: вақте ки ту аз тӯфон берун меравӣ, ту ҳаргиз ҳамон шахсе намешавӣ, ки ба он дохил шуда будӣ. Зеро ин буд тамоми маънои он. Тӯфон фурсати тағйир ёфтани ту, рушду инкишоф ёфтани ту ва ба шахси нав табдил ёфтани ту буд. Ҳангоме ки ту аз тӯфон мебарояд, ту дигар ҳамон шахсе нестӣ, ки қабл будӣ. Ту тағйир ёфтаӣ, пухта шудаӣ ва қавӣ шудаӣ. Ин ҳамон чизе аст, ки тӯфон ба ту додааст - имкони таҳаввул. Тӯфон - ин Ғаму андӯҳ,мушкилотҳо, азобҳо. Таҳаввул- ин Тағирот.

  • |Дар ман чизҳои зиёде ҳаст, ки мехоҳам бигӯям. Аммо ҳамаи ин хеле бузург аст. Ман калимаҳо намеёбам, наметавонам он чиро, ки дар дарунам аст, баён кунам. Баъзан ба назарам чунин мерасад, ки тамоми олам, тамоми ҳаёт, ҳама чиз дар олам дар ман маскан гирифтааст…

  • |Дар ман чизҳои зиёде ҳаст, ки мехоҳам бигӯям. Аммо ҳамаи ин хеле бузург аст. Ман калимаҳо намеёбам, наметавонам он чиро, ки дар дарунам аст, баён кунам. Баъзан ба назарам чунин мерасад, ки тамоми олам, тамоми ҳаёт, ҳама чиз дар олам дар ман маскан гирифтааст ва талаб мекунад: овози мо бош. Ман эҳсос мекунам, оҳ, намедонам чӣ тавр фаҳмонам... Ман эҳсос мекунам, ки ин чӣ қадар бузург аст, вале вақте ки сухан меронам, гӯё кӯдаки навомӯз мешавам. Чӣ қадар вазифаи душвор аст - эҳсосот, ҳиссиётро бо чунин калимаҳо, дар коғаз ё бо овози баланд тавре баён кардан, ки хонанда ё шунаванда ҳамон чизеро эҳсос кунад, ки ту эҳсос мекунӣ.

  • |Ғамгин аз он нестам,ки Бо духтари Солеҳа ру ба ру намешавам. Ғамгин аз онам,ки Худ солеҳ нестам.)

  • |Футболро бемаъно номидан мумкин аст. Гуфтан мумкин аст, ки тамошо кардан аҳмақона аст. Тасдиқ кардан мумкин аст, ки мухлис будан бефоида аст. Ё чи тавре ки холаи ман мегӯяд: "Чӣ маъно дорад, ки онҳоеро дастгирӣ кунед, ки дар бораи мавҷудияти шумо тасаввурот надоранд?" Аз нуқтаи назари антропологӣ, шояд. Аммо мо дар ҷаҳони эҳсосот, ҳавасҳо, шавқу завқ, ҳиссиёт, ҷазабаҳои рӯҳӣ, шавқ, рӯҳбаландӣ, изтироб, ваҷд, ҳаяҷон, илҳом ва албатта умедҳо зиндагӣ мекунем. Дастаи дӯстдошта дар кӯдакии барвақт, монанди муҳаббати аввалин пайдо мешавад. Солҳо мегузаранд, ту каме калонтар мешавӣ; андаке оқилтар; каме хирадмандтар. Донишҳои назариявӣ, амалӣ ва таҷрибавӣ меомӯзӣ. Бо мурури замон нигоҳ ба зиндагӣ тағйир меёбад, худат тағйир меёбӣ. Танҳо муҳаббати аввалин бетағйир мемонад, ки кайҳо дар ақлу дили мо ҷойгоҳи устувор пайдо кардааст ва дар тӯли тамоми ҳаёт моро содиқона ҳамроҳӣ мекунад. Он пок, наҷиб ва беайб аст. Солҳо мегузаранд. Ва "Бонуи Пирам" ҳанӯз ҷавон ва зебост. Hala

  • |Аввал одам вергулро гум кард, аз ҷумлаҳои мураккаб тарсидан гирифт. Ибораи осонтарро ҷустуҷӯ мекард. Аз паси ибораҳои осон фикрҳои осон омаданд. Баъд аломати хитобро гум кард ва оҳиста, бо як оҳанг гап задан сар кард. Дигар ҳеҷ чиз ӯро хурсанд ва ошуфта намекард, ӯ ба ҳама чиз бе эҳсосот муносибат мекард. Сипас аломати саволро гум кард ва дигар ҳар гуна саволҳо намедод. Ҳеҷ воқеа кунҷковии ӯро бедор намекард, дар ҳар куҷое, ки рух медод - дар кайҳон, дар Замин ё ҳатто дар хонаи худаш. Баъди якчанд сол ӯ ду нуқтаро гум кард ва ба одамон рафтори худро фаҳмондан бас кард. Дар охири умр дар ӯ танҳо нохунакҳо монданд. Ӯ ягон ақидаи худро баён намекард, ҳамеша касеро иқтибос меовард - ҳамин тавр ӯ тамоман фикр карданро фаромӯш кард ва ба нуқта расид.

  • -|Ман шавҳари худотарсу диндор мехоҳам. - Аммо шумо медонед, ки ин чӣ маъно дорад? Ин маънои онро дорад, ки ӯ шуморо ба рӯзи Тавалудатон табрик намекунад. У юбилей-ро кайд намекунад. Ӯ мехоҳад, ки шумо мувофиқи Қуръон ва суннат либос пӯшед. Ӯ ба шумо иҷозат намедиҳад, ки дар тӯйи арӯсии омехта иштирок кунед. Ба шумо иҷозат намедиҳад, ки дар ҳар вақти рӯз берун равед ва ба хона биёед. Ба шумо иҷоза намедиҳад, ки бо дӯстони дур аз дин муошират кунед. Интизор аст, ки шумо барои илм саъй кунед, чунон ки барои илм саъй мекунад. Ӯ ба шумо иҷозат намедиҳад, ки бо мардон кор кунед. Вай инчунин ба шумо иҷозат намедиҳад, ки аксҳои шуморо дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кунед, ниқобдор ё на, зеро ӯ марди воқеӣ аст ва чӣ будани рашкро медонад. Шумо Орзу мекунед, ки ӯ марде бошад, ки шуморо ба намози Таҳаҷуд бедор кунад, вале шумо фаромушнакунед, ки шумо бояд худатон Намози шаб хон бошед. Вақте, ки шумо аз касе хоҳиш мекунед, ки шуморо ба биҳишт барад, шумо бояд аввал худатон ин роҳро тай кунед .

  • |Агар ту хоҳонӣ, ки ҳамсари ботақво дошта бошӣ, аввал худатро санҷ: - Оё боре Қуръонро хондаӣ? Чанд сураро аз ёд медонӣ? - Рӯзаи панҷшанбе мегирӣ? - Оё вазифаҳои шавҳар ва занро медонӣ ё танҳо асосҳоро? Агар ту хоҳонӣ, ки ҳамсари ботақво дошта бошӣ, худат низ бояд чунин бошӣ. Ҳангоми гирифтани ҳамсари ботақво, бояд фаҳмӣ, ки ӯ аз ту талаб мекунад: 1. Бархостан барои намози субҳ. 2. Хондани Қуръон барои ӯ. 3. Муносибати бо муҳаббат ва эҳтиром, чунон ки дар дин гуфта шудааст. 4. Либоспӯшӣ тибқи шариат. 5. Додани донишҳои динӣ ба ӯ. 6. Кӯмак дар корҳои хона. 7. Шӯхӣ ва сӯҳбат бо ӯ. Ин танҳо қисме аз талаботҳост. Оё омодаӣ, ки ҳадди ақал нисфи онро иҷро кунӣ? Агар не, пас шояд ту: 1. Ҳамеша намози субҳро дер мехонӣ. 2. Ҳатто алифбои арабиро намедонӣ. 3. Танҳо асосҳои динро медонӣ ва агар ҳамсар дониш талаб кунад, мегӯӣ: "Худат омӯз". 4. Ба модари худ дар корҳои хона кӯмак намекунӣ, пас чӣ тавр ба ҳамсарат кӯмак мекунӣ? 5. Баъд аз издивоҷ бо дӯстони худ мегардӣ ва ба ҳамсарат аҳамият намедиҳӣ. Бародарон, агар хоҳиши гирифтани ҳамсари ботақво доред, худатон низ бояд ботақво бошед ва тавоноии мубориза бо нафсро дошта бошед.

  • |Бо мурури вақт, шумо камтар дар бораи чизҳое, ки барои шумо муҳим буданд, сухан мегӯед, ва ҳатто агар гап занед, бе ҳамон иштиёқ. Сӯҳбатҳое, ки пештар хушнудӣ мебахшиданд, ҳоло хастакунанда мешаванд, ва шумо мекӯшед онҳоро канорагирӣ кунед ё умуман қатъ кунед. Пас аз солҳои муошират, хоҳиши ҳамеша дуруст будан нест мешавад , ва ҳатто он каме хушнудиҳое, ки доштед, арзиши худро аз даст медиҳанд. Ҳама чиз бетафовут менамояд. Дар ин ҳолат, вақте ки роҳ гумшуда ба назар мерасад, ба шумо танҳо каме ғизо, гармӣ ва хоби хуб кифоя аст.

  • |Мегӯянд, ки ҳеҷ кас намеояд, то туро наҷот диҳад. Аммо ман дар лаҳзаҳои душвортаринам аз ҷониби бисёриҳо наҷот ёфтаам, ҳатто агар онҳо инро нафаҳманд ҳам. Ин метавонад чизе хеле оддӣ бошад: табассуми гарми як ношинос, ламси меҳрубони як ҳайвон, суханони дилнишини як нависанда, сатри пурмазмуни як суруд ё оҳанги дилошӯб, ғамхории беандозаи модар ё таваҷҷӯҳи самимии як дӯст. Мо ҳар рӯз якдигарро наҷот медиҳем, бо роҳҳои хурде, ки дар аввал ба назар ночиз метобанд, вале дар асл дилҳоро гарм мекунанд ва рӯҳро таскин мебахшанд.

  • |Дар ин ҷаҳон, барои муваффақ шудан, бояд бераҳм бошӣ. Агар меҳрубон бошӣ, ҳама аз ту суиистифода мекунанд.

  • 4 янв. 2025 г.2 582477из kitobxoon

    Илм омузед, исломро омузед то дар дунё ва охират муваффақ шавед. Беҳтарин Мавзуъҳо Сирати Паёмбар Қиссаҳои Паёмбарон Беҳтарин Суханҳо Русси Нишонаҳои қиёмат Занони покдоман Қироати Қуръон