БОРОНИ АНДЕША 🕊️
Статистика📖Панду андарзҳои бузургон!📝 💡Андешаву ақидаҳои олимон!📚 📘 Ҳикояҳои тарбиявию ахлоқӣ!📃 🌃Аксҳои илмию адабӣ!📷 🎬Наворҳои тарбиявию ахлоқӣ!📽️ 📚Ҳадису ривоятҳои саҳеҳ!📒 ва ғайраҳоро Шумо дар ин канал дида метавонед!✅ Мудир: 🧑🏻 @aslamzoda0909
- Последний пост
- 12 июл.
- Последнее чтение
- 15 авг.
- Постов за неделю
- 0
- Всего постов
- 20
- Тип
- открытый
- Язык
- tg
- Категория
- Картинки (по похожим)
- В каталоге с
- 14 авг.
- 1/24сутки в ленте
- —
- 1/48двое суток
- —
- 1/72трое суток
- —
Оценка по просмотрам недавних постов: пост набирает почти всё за первые сутки.
Посты
Ҳар кас шуда машғули насиҳат ба ҳама, Аммо зи тамошои худаш дур шуда. Айби дигаронро бизанад ҷор, вале Бар айби худаш чун бирасад, кӯр шуда! ✏️ Фозил Назарӣ ➩ БОРОНИ АНДЕША 🕊️
Агар дарс нахонед, наметавонед таъсиргузори хубе бошед.
Ассалом, иди саиди Фитр муборак ! Аллоҳ бароямон хушбахтии дунёву охиратро насиб гардонад. Аз Аллоҳ бароямон имони комил, дили ёд кунандаи Аллоҳ, забони зикркунанда хоҳонам. Бигзор қалбҳоямон бо нури имон мунаввар гардад🤍
Ҷумлаи беқарорият аз талаби қарори туст, Толиби беқарор шав, то ки қарор оядат. Мавлоно 📝 🗝 Сирри оромӣ дар чист? Мавлоно мегӯяд: Мо барои он беқарорем, ки сахт мехоҳем "ором" бошем. Ҳамин талошу часпидан ба натиҷа моро хаста мекунад. 💡 Панди кӯтоҳ: Оромӣ подоши касест, ки аз талаби оромӣ даст мекашад ва худро ба ҷараёни ҳаёт месупорад. Ошиқи роҳ шав, на асири манзил. ➩ БОРОНИ АНДЕША 🕊️
◽️Аввалин шахсе, ки сарваташ ба 850+ миллиард доллар расид, Илон Маск навиштааст: "Whoever said “money can’t buy happiness” really knew what they were talking about 😔" Тарҷума: «Ҳар кӣ гуфтааст, ки "пул хушбахтӣ намеорад", воқеан ҳам медонист, ки чӣ мегӯяд 😔» ➩ БОРОНИ АНДЕША 🕊️
🌘Ҳусни бешарм аз ҳуҷуми булҳавас маҳшар шавад, Эмин аз гулчин набошад, боғ чун бедар шавад.🌒 📝Бедил
Он гуна бош, ки вақте мегӯянд фарзандат илоҳим монанди худат шавад - дуъои хубе карда бошанд...
Ҳофиз малул мабош, ки Аллоҳ Акбар аст, Душман агар қавист, Нигаҳбон қавитар аст!
Феълу рафтори касонро хуб донистам, ки чист, Корашон афтад ғулому корам афтад хоҷаанд! Соиби Табрезӣ📝
🫧Инсон! Ту аҷаб вуҷуди беҳамтоӣ! Андар пайи номи нек худфарсоӣ. Дар кашмакашу бозию найранги ҳаёт Гаҳ кӯдаки хокбозу гаҳ Синоӣ.🫧 📝Лоиқ Шералӣ
Саъдӣ, ҳунар на панҷаи мардум шикастан аст, Марде дуруст бошӣ агар нафс бишканӣ! 📝Саъдии Шерозӣ
Рӯзҳо чӣ зуд мегузаранд...😔 Архив 15.09.2023
🌗Тухм дар ҳар шӯразоре рехтан беҳосилист, Сабр дорам, то замини қобиле пайдо шавад. Гавҳари худро мазан, Соиб, ба санги нокасон, Бош, то ҷавҳаршиноси комиле пайдо шавад.🌓 🖋 Соиб Табрезӣ 💧 Шарҳ: Ин ду байт паёми амиқе доранд: набояд арзишҳои гаронбаҳои худ – меҳр, дониш, ишқ ва қобилиятҳо –ро дар ҷои ноқобил ва бесамар сарф кард, чун мисли рехтани тухм дар замини шӯр беҳосил аст. Беҳтар аст сабр кунем, то инсони қобил ва арзишшинос пайдо шавад, ки қадри онҳоро бидонад ва ҳосили шоиста диҳад. Ин ҳикмат моро даъват мекунад, ки дар интихоби дӯстон, ҳамнишинҳо ва маҳбубон эҳтиёткор бошем. 🌱 ➩ БОРОНИ АНДЕША 🕊️
🌏Зи гетӣ ҳамеша ду касро сипос, Яке ҳақшиносу яке ҳадшинос.☝️ ✏️Абулқосим Фирдавсӣ
Масҷид яке, манора якеву азон якест, Қибла яке, китоб яке, ормон якест. Моро ба гирди Каъба тавофест муштарак Яъне қарору мақсади ин корвон якест. Фармудааст: «Ваътасиму… ло тафаррақу» Роҳи наҷот хоҳӣ агар ресмон якест. Тавҳид ҳарфи аввали дини Муҳаммад(с) аст, Исломи ноб дар ҳама ҷои ҷаҳон якест. Макри яҳуд омили ҷангу ҷудоӣ аст, Пас душмани муқобиламон бегумон якест. Сунниву шиа фарқ надорад барояшон Вақти буридани сарамон теғашон якест. Содот пеши аҳли тасаннун гиромиянд Икрому эҳтиром ба ин хонадон якест. Душман, дасисаи ту ба ҷое намерасад, То он замон, ки раҳбари бедорамон якест. ✏️Сайид Муҳаммадсодиқ Оташӣ ➩ БОРОНИ АНДЕША 🕊️
🌙Бар шаш ҷиҳат расидаму як уқда во нашуд, 🌙То пай барам,ки баҳри чӣ мебоядам ҳаёт. 📝Фарзона
🌘Имрӯз хулқи хеш ба симу ба зар кунанд, Бе зар агар бародар, з-ӯ ҳам ҳазар кунанд. Зардор агар чи нодон, гӯянд оқил аст, Бе зар агар чи доно, мислаш ба хар кунанд. Зардор агар бимирад, хешону ғайр гирйанд, Бе зар агар бимирад, кам чашм тар кунанд Зардорро ба маҷлис ҷое диҳанд басар, Бе зар агар биояд, ҷо тангтар кунанд.🌒
🌗«Яке аз чизҳое, ки инсонро ҳамеша хушбахт нигоҳ медорад: виҷдони инсонҳост. Агар инсон аз даврони ҷавонӣ шурӯъ кунад, фикр кунад, ки коре, ки ман мекунам, ба каси дигар садамае нарасонад... коре, ки ман мекунам, барои дигарон як кӯмаке бошад, хидматкор бошад... Ва ҳар шаб, ки меравад ва сарашро дар болишт мегузорад – виҷдонаш роҳат бошад – бидонед, ки ҳамеша хушбахт будааст.»🌓 ✏️•Профессор Маҷид Самиӣ• - яке аз бузургтарин ҷарроҳони мағзи сар ва асабҳои ҷаҳон, асосгузор ва раиси Пажӯҳишгоҳи Байналмилалии Неврология (INI) дар Олмон мебошад. ➩ БОРОНИ АНДЕША 🕊️
Як ҷумлаи қашанг:🗣 ◽️Тавре зиндагӣ кун, ки мардум вақте туро мебинанд, ба Худои ту низ алоқаманд шаванд...✅ ➩ БОРОНИ АНДЕША 🕊️
🌗Агар ту фикр кунӣ, ки ҷаҳон дигар шуданӣ нест, пас ту худ аз онҳое нестӣ, ки онро дигар мекунанд.🌓 ✏️·Жак Фреско· — муҳандис, тарроҳи иҷтимоӣ, ихтироъкор, асосгузори Лоиҳаи Венера (1916–2017) 📌 ҲАР ТАҒЙИРОТ АЗ ХУДИ МО ОҒОЗ МЕШАВАД ➩ БОРОНИ АНДЕША 🕊️