tgindex
Азия-Плюс TJ

Азия-Плюс TJ

Статистика

Таблиғ - https://t.me/asiaplus_ads_bot Сомона - www.asiaplustj.info/tj Мо дар Фейсбук - https://www.facebook.com/asiaplustoj Мо дар Инстаграм - https://www.instagram.com/asiaplustoj

Последний пост
11:56
Последнее чтение
12:03
Постов за неделю
146
Всего постов
181
Тип
открытый
Язык
tg
Категория
Новости и СМИ (по похожим)
В каталоге с
12 авг.
Подписчики
23 256
+9 за 4 дн.
Сутки
−6
−0,03%
Неделя
 
Месяц
 
Просмотров на пост
1 775
40 постов
Вовлечённость
7,6%
к подписчикам
Постов в день
20,9
всего 181
Упоминаний
13
каналов
Охват размещения
оценка
1/24сутки в ленте
1 354
1/48двое суток
1 551
1/72трое суток
1 673

Оценка по просмотрам недавних постов: пост набирает почти всё за первые сутки.

Посты

  • ‼️Вазъи чарогоҳҳо дар ВМКБ беҳтар шудааст Дар се ноҳия вазъи тақрибан 3 ҳазор ҳектар чарогоҳ беҳтар карда шудааст. МУФАССАЛ

  • ‼️Мақомот сӯхтор дар як бинои шаҳри Душанберо шарҳ доданд Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД хабар дод, ки сӯхтор дар як бинои баландошёнаи шаҳри Душанбе дар хонаи як сокини 36-солаи ин бино сар задааст. Ин ниҳод навишт, ки сӯхтор 15 августи соли 2026, тахминан соати 18:03 дақиқа, дар минтақаи ҷойгиршавии серунсозҳои бинои истиқоматии воқеъ дар кӯчаи Бухоро 13 дар ноҳияи Шоҳмансур рух дода, ошёнаҳои 13 ва 14-и ин биноро фаро гирифтааст. Ба иттилои манбаъ, масоҳати сӯхтор 20 метри мураббаъро ташкил дода, пас аз наздики як соат хомуш карда шудааст. Мақомот гуфтаанд, ки сабаб ва омилҳои сар задани сӯхтор мушаххас карда мешавад ва маълум нест, ки дар пайи он касе осеб дидааст ё не. 🎥: аз корбарони asia+ ⏺Хабарҳои бештар ➡️ Telegram 📱

  • ⚡️Дидори ҳайати Тоҷикистон бо Аббос Ароқчӣ 🇹🇯🇮🇷Як ҳайати баландпояи Тоҷикистон, ки барои дидору гуфтугӯ бо мақомоти Эрон дар Теҳрон қарор доранд, бо Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии ин кишвар дидору гуфтугӯ кардаанд. Ин дидор шаби гузашта сурат гирифтааст. Ҳайати Тоҷикистон аз Далер Ҷумъа, вазири энержӣ, Азим Иброҳим, вазири нақлиёт, Ҳасан Асадуллозода, раҳбари "Ориёнбонк" иборат аст. Вазорати энержии Тоҷикистон навишт, ки дар ин дидор, “масоили вобаста ба муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Эрон” баррасӣ шуд. Хабаргузории эронии ИРНА навишт, ки дар ин дидор Аббос Ароқчӣ ба зарурати истифода аз зарфиятҳои гуногуни мавҷуд дар ду кишвар барои тавсеа ва рушди робитаҳо ба хусус дар ҳавзаҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ таъкид кардааст. Дар ин сафар ҳайати Тоҷикистон ҳамчунин Муҳаммадризо Ориф, муовини аввали раисҷумҳури Эрон, Муҳсин Покнажод, вазири нафт, Фарзона Содиқ, вазири роҳ ва рушди шаҳрсозӣ, Аббос Алиободӣ, вазири нерӯи ин кишвар дидору гуфтугӯ ва масоили гуногуни ҳамкориро баррасӣ кардаанд. 📸🎥: аз саҳифаи Аббос Ароқчӣ ✅✅ Telegram 🌐Instagram ✅Facebook

  • ⚡️Муовини Пизишкиён дар дидор бо ҳайати Тоҷикистон пешниҳод кард, ки иттиҳоди кишварҳои форсизабон ташкил шавад Муҳаммадризо Ориф, муовини аввали раисҷумҳури Эрон дар дидор бо мақомоти Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки иттиҳоди кишварҳо ва минтақаҳои форсизабон…

  • ⚡️Дар Душанбе Қаҳрамонии куштигирии ҷаҳон оғоз шуд Имрӯз, 15-уми август дар шаҳри Душанбе дуюмин Қаҳрамонии куштигирии ҷаҳон шуруъ шуд. Қарор аст дар ин қаҳрамонӣ беш аз 200 варзишгар аз 70 кишвари дунё аз рӯи нӯҳ вазн - се вазн миёни занон ва шаш вазн…

  • ⚡️Муовини Пизишкиён дар дидор бо ҳайати Тоҷикистон пешниҳод кард, ки иттиҳоди кишварҳои форсизабон ташкил шавад Муҳаммадризо Ориф, муовини аввали раисҷумҳури Эрон дар дидор бо мақомоти Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки иттиҳоди кишварҳо ва минтақаҳои форсизабон ташкил карда шавад. Ба гузориши хабаргузории ИРНА, ӯ таъкид кардааст, ки ин мавзуъ дар дидору сафарҳои мақомоти ду кишвар ба таври ҷиддӣ пайгирӣ шавад. "Чунин иттиҳодияе метавонад сатҳи ҳамкориҳои фарҳангӣ ва тамаддунии ҳавзаи порсиро иртиқо (рушд) диҳад", - афзудааст Ориф. Ба гуфтаи манбаъ, ӯ ин пешниҳодро бо ишора ба муштаракоти густурдаи фарҳангӣ, тамаддунӣ ва забонии Эрону Тоҷикистон ироа кардааст. Ҳайати Тоҷикистон дар дидор бо муовини аввали Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон, ки рӯзи 15-уми август дар шаҳри Теҳрон сурат гирифт, аз Далер Ҷумъа, вазири энержӣ, Азим Иброҳим, вазири нақлиёт, Ҳасан Асадуллозода, раҳбари "Ориёнбонк" ва Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон иборат будааст. Муҳаммадризо Ориф девонсолорӣ (бюрократия ё ба истилоҳ коғазбозӣ)-ро муҳимтарин мушкили густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон хонда, гуфтааст, ки ин монеа бо мусоидати ду тараф бояд бартараф карда шавад. Далер Ҷумъа дар ин мулоқот изҳор доштааст, ки робитаҳои Душанбеву Теҳрон дар ҳавзаҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ ва фарҳангӣ солҳои охир рушд кардааст ва бо ҳамкории ду тараф метавон монеаҳои девонсолории боқимондаро низ бартараф кард. 📸: ИРНА ⏺Хабарҳои бештар ➡️Telegram ва MAX

  • ☀️Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 августи соли 2026 Ҳамаи рӯйдоди муҳими таърихи имрӯз дар чанд сатр. ♦️ЭЪЛОНИ ЧОРАБИНИҲОИ 16 АВГУСТ ♦️ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 16 АВГУСТ ♦️МАВЛУДИ ШАХСИЯТҲО ♦️САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ ♦️ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 16 АВГУСТ Ин ҳамаро дар матлаби мо хонед. ⤵️

  • ❗️Қатъи барқ дар Тоҷикистон Имрӯз, 14 август, тақрибан соати 15:00 сокинони аксари минтақаҳои кишвар аз қатъи сартосарии барқ шикоят карданд. Баъди такрибан 2 соат қатъи барқ он дубора барқарор шуд. Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон гуфт, сабаби…

  • 🌤 ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 15 АВГУСТИ СОЛИ 2026 ☀️Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 34+39º гарм, шабона 19+24º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 24+29º гарм, шабона 10+15º гарм. ☀️Дар вилояти Хатлон – Ҳавои камабри…

  • 💢 ПУЛ ВА Ё ТАКМИЛИ ҚОНУН? Рӯзноманигорӣ ба чӣ ниёз дорад? 📹 Дар нашри навбатии барномаи мубоҳисавӣ (подкаст) масъалаи такмили қонунгузории рӯзноманигорӣ, аз ҷумла, ниёзҳои молии расонаҳо баррасӣ шуд. ❓Таҳияи Роҳбурд (Стратегия)-и рушди расонаҳо. Чаро он…

  • #35_сол_дар_рақамҳо

  • ‼️Панҷ сол пас аз суқути Кобул. Муносибати кишварҳои Осиёи Марказӣ бо “Толибон” чӣ хел иваз шуд ва дурнамо чӣ гуна хоҳад буд? Ҳамчунин, муносибати худи "Толибон" бо ҳамсоягонашон чӣ гуна тағйир ёфт? МУФАССАЛ

  • ⚡️Як коршиноси мустақили СММ барои омӯзиш ва баррасии камбизоатӣ ва таъсири он ба ҳуқуқи инсон ба Тоҷикистон меояд Аттия Варис, коршиноси мустақили Созмони Милали Муттаҳид (СММ) доир ба таъсири қарзи хориҷӣ ба ҳуқуқи инсон ба Тоҷикистон меояд. Ин коршиноси СММ аз 17 то 28 августи соли ҷорӣ масъалаҳои марбут ба камбизоатӣ, сиёсати молиявӣ ва қарз, инчунин таъсири онҳоро ба ҳуқуқи инсон баррасӣ хоҳад кард. Ҳамчунин, Аттия Варис масъалаҳои марбут ба ҷавонон ва муносибати байни наслҳо, кишварҳои маҳсур дар хушкӣ, инчунин таъсири сиёсати иқтисодӣ ва молиявии дохилӣ ба ҳуқуқи инсонро меомӯзад. Қарор аст, коршиноси мустақили СММ дар ҷараёни сафари худ, дар шаҳри Душанбе ва ВМКБ бо вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти масъули андоз, молия, савдо, масъалаҳои занон ва ҳуқуқи инсон мулоқот кунад ва бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, муассисаҳои байналмилалии молиявӣ, ниҳодҳои СММ ва бахши хусусӣ низ вохӯриҳо анҷом диҳад. Коршиноси мустақил бояд гузориши худро аз натиҷаи сафар ба Тоҷикистон моҳи марти соли 2027 ба Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ пешниҳод кунад. ⏺Хабарҳои бештар ➡️ Telegram ва MAX

  • ‼️Оё дар Тоҷикистон қонун бораи ҳимояи ҳомиёни ҳуқуқ зарур аст? Нигоҳи вазири адлия ва ҳуқуқшинос, заминаҳои ҳуқуқӣ ва таҷрибаи байналмилалӣ дар ин масъала. МУФАССАЛ

  • ‼️Тоҷикистон барои рушди сайёҳӣ беш аз 270 млн сомонӣ ҷудо мекунад. Ин маблағҳо барои чӣ сарф мешаванд? Ҳукумати Тоҷикистон нақшаи амалисозии Роҳбурд (Стратегия)-и рушди сайёҳиро барои солҳои 2027–2030 тасдиқ кард. МУФАССАЛ

  • ⏺Модари Искандар Шафеиён бар асоси қонуни афв аз ҷавобгарӣ озод шудааст Парвандаи пурсурусадои Ҳикмат Шодиева, модари Искандар Шафеиён, собиқ корманди ҳукумати шаҳри Исфара, ки ҳамроҳи зану фарзанди хурдсолаш ба таври мармуз ҷон бохта буданд, бар асоси қонуни…

  • ⚡️Дар Душанбе Қаҳрамонии куштигирии ҷаҳон оғоз шуд Имрӯз, 15-уми август дар шаҳри Душанбе дуюмин Қаҳрамонии куштигирии ҷаҳон шуруъ шуд. Қарор аст дар ин қаҳрамонӣ беш аз 200 варзишгар аз 70 кишвари дунё аз рӯи нӯҳ вазн - се вазн миёни занон ва шаш вазн байни мардон рақобат кунанд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқот 24 варзишгар - 18 мард ва 6 зан муаррифӣ мекунад. Маблағи умумии ҷоизапулии мусобиқот 400 ҳазор доллари амрикоиро аст. Ғолибон дар ҳар кадом вазн бо 20 ҳазор доллар, дорандагони медалҳои нуқра - 10 ҳазор доллар ва медалҳои биринҷӣ - 5 ҳазор доллар мукофтпулиҳо қадрдонӣ мешаванд. Мусобиқоти қаҳрамонии дуюми ҷаҳон оид ба куштии миллӣ - куштигирӣ рӯзҳои 15 ва 16-уми август дар толорҳои Кохи теннис ва Маҷмааи варзишҳои обии Душанбе баргузор мешавад. ⏺Хабарҳои бештар ➡️ Telegram 📱

  • ❓Оё ҳангоми фармоиши Jura Taxi барои бағоҷ ё аробачаи кӯдак маблағи иловагӣ пардохт кардан лозим аст? #пурсидедҷавобмедиҳем ❗Не, тавре аз  Jura Taxi ба мо гуфтанд, барои интиқоли бағоҷи то 35 килограмм маблағи иловагӣ ситонида намешавад ва интихоби хидмати иловагӣ низ зарур нест. 📢Хидмати "Бағоҷ" бо арзиши 5 сомонӣ дар ҳоатҳои зерин интихоб карда мешавад: — вазни умумии бағоҷ аз 35 кг зиёд аст; — бағоҷ ҳаҷман калон аст, ҳатто агар вазнаш аз 35 кг зиёд набошад; — ашёи интиқолшаванда метавонад дохили мошинро ифлос ё ба он осеб расонад. Хидмати дигари иловагӣ — "Кумаки ронанда" аст, ки арзишаш 5 сомонӣ мебошад. Ин хидмат барои ҳолатҳое пешбинӣ шудааст, ки мусофир ба кӯмаки ронанда барои савор шудан ё фаромадан аз мошин, ҷойгир кардани аробачаи кӯдак, бор кардани бағоҷ ё дигар ашё ниёз дорад. Яъне барои ҳар як сафар барои бағоҷ ё аробачаи кӯдак ҳатман 10 сомонӣ пули иловагӣ пардохт кардан шарт нест. Пардохти иловагӣ танҳо дар сурати истифодаи яке аз хидматҳои зикршуда сурат мегирад. Боз суол доред? Пас ба мо нависед. ___ Таблиғ: Дар фасли тобистон бо нӯшокиҳои RC Refresher нерӯ гиред. Онҳо ташнагиатонро шикаста бо маззаи нодири худ шуморо шод мекунанд.

  • ☀️Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 августи соли 2026 Ҳамаи рӯйдоди муҳими таърихи имрӯз дар чанд сатр. ♦️ЭЪЛОНИ ЧОРАБИНИҲОИ 15 АВГУСТ ♦️ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 15 АВГУСТ ♦️МАВЛУДИ ШАХСИЯТҲО ♦️САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ ♦️ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 15 АВГУСТ Ин ҳамаро дар матлаби мо хонед. ⤵️

  • 🌤 ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 15 АВГУСТИ СОЛИ 2026 ☀️Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 34+39º гарм, шабона 19+24º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 24+29º гарм, шабона 10+15º гарм. ☀️Дар вилояти Хатлон – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо гарду ғубор боқӣ мемонад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 37+42º гарм, шабона 22+27º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 31+36º гарм, шабона 18+23º гарм. ☀️Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо гарду ғубор боқӣ мемонад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 35+40º гарм, шабона 20+25º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 31+36º гарм, шабона 13+18º гарм. ☀️Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ғарби вилоят бебориш, дар шарқи вилоят асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, гарду ғубор дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 29+34º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 36+38º гарм, шабона 15+20º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 23+25º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 17+22º гарм, шабона 5+10º гарм. ☀️Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, гарду ғубор боқӣ мемонад. Ҳарорат: рӯзона 38+40º гарм, шабона 22+24º гарм. ☀️Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 36+38º гарм, шабона 22+24º гарм. ☀️Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 38+40º гарм, шабона 25+27º гарм.  ☀️Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 32+34º гарм, шабона 17+19º гарм.

Азия-Плюс TJ — tgindex