- Последний пост
- 13 авг.
- Последнее чтение
- ещё не заходили
- Постов за неделю
- 3
- Всего постов
- 21
- Тип
- открытый
- Язык
- русский
- В каталоге с
- 15 авг.
- 1/24сутки в ленте
- 87
- 1/48двое суток
- 99
- 1/72трое суток
- 107
Оценка по просмотрам недавних постов: пост набирает почти всё за первые сутки.
Посты
чистонҳам мехонед Шумо???
Як чистон 😳⁉️ Он чист ки ҷилваҳо карду шукуфт Чун ханда задӣ аз шарм рӯзро бинуҳуфт Бе он ки ба умри хештан дам бизанад Ҳар чиз ки аз ту дид филҳол бигуфт
Як чистон 🤔⁉️ Чист к-андар даҳони бедандонаш Ҳарчи афтад рез-рез кунад? Чун зади дар ду чашми ӯ ангушт. Дар замон ҳар ду гӯш тез кунад?
Ғофил машав ай банда, ки умрат дубора нест, Зикри Худо бикун ки аз марг чора нест. Дар зиндагӣ бикӯш ки фурсат ғанимат аст, Зеро ки рӯзи марг ба кас ошкор нест. Дар домани дашт донае нест моро, Омад аҷалу баҳонае нест моро Омад аҷалу сар ба болин кардем Сад вой дареғ нишонае нест моро Чун аҷал ояд ба роҳам маслиҳат даркор нест, Инчунин савдои бе пул дар ягон бозор нест. Меравам бо сад ҳазор ҳасрату дарду алам, Ҷисму ҷонамро дигар ҳеҷ қувати озор нест Дар миёни куча боғи оташи пур моҷаро Ҷуз Худову Мустафо бар мо касе ғамзор нест. Рӯзу шабҳо дуди оҳам Рустам олам гирад, Гар насиб гардад ҷамол моро ғами сӯхтор нест. Афсус ки гулрухон кафанпуш шуданд, Аз хотири ҳамдигар фаромӯш шуданд. Ононки ба сад забон сухан мегуфтанд, Рафтанд ба зери хок хомӯш шуданд. Чаро ғам мехӯри аз баҳри мурдан? Магар онон ки ғам хурданд намуданд? Бирав бар кунҷи қабристон гузар кун Бубин ки мурдагон бо худ чи бурданд
Дило ин олами фони ба як мурдан намеарзад, Ба дунё омадан ба заҳмати рафтан намеарзад Агар сад сол дар дунё ҳама шаҳду шакар нӯши Бо он як соати талхии ҷон кандан намеарзад
Ман ошиқи девонаям, аз ишқи ёр парвонаям, Девонаям, девонаям, саргаштаи ҷононаям. Дар оташи сӯзони ӯ, сӯзам зи сар то ба қадам, Олам ҳама оқил шавад, ман масти ин афсонаям. Байту ғазал гӯям зи ӯ, дар пардаи сози дарун, Бе ёр надорам роҳате, дар гӯшаи вайронаям. Пандам мадеҳ, эй ақли дун, к-андар тариқи ишқи Ӯ, Бегона аз хешам кунун, бо ёри худ ҳамхонаям. Х.
Ба зоҳир гарчи мамнунам вале дар асл маҳзунам, Гули бишкуфтаам дар кучаву дар хона маҷнунам. Шабе дар сурати хобам шабе аз дард дар тобам, Куҷо осоише ёбам чунон аз хеш берунам. Ҳамон ёре ки бо ман буд чу як ҷону чу як тан буд, Магар дар асл душман буд ки ҳоло баъди у чунам. Дили тангам чи суде дид сари сахтам чи рузе дид, Ҷигар сад чоку дузе дид пур аз савдо ки шуд хунам. Гаҳе аз шоха будам хуш гаҳ аз навмеди гаштам суст, Маро ашк аз ҷаҳонам шуст ба сони кафи собунам. Ба ошиқ омад айёме ки навбат бо дилороме, Чи оғозу чи анҷоме хазон шуд руйи гулгунам.
без подписи
Дил дилеро мебарад дил-дил кунон дар кӯйи дил, Дил дили дилбар ки бошад дил равад бар сӯйи дил. Дил диҳам он дилбареро дил барад аз ҳар диле, Дилбареро дил диҳам то дил занад бар хуйи дил Дилро бояд ҳар дилеро ҳар дили дилбастаро Дил бар он дил мениҳам то дил ниҳад бар рӯйи дил Гар диле дилхун кунад дилро бар он дил, дил мабанд Дил ки дилбандаш шавад беҳуда дил дар кӯйи дил Ҳар дили дилбарнамои дилрабо дил мебарад Он дилеро дил бидон то дил равад паҳлуи дил Ин дили дилхаста дил дил мекунад то дил диҳад Оқибат гум мешавад дарҳои дил дар сӯйи дил
Дил кард басе нигоҳ дар дафтари ишқ, Ҷуз дӯст надид ҳеч рӯ дарх(в)ари ишқ. Чандонки рухат ҳусн ниҳад бар сари ҳусн, Шӯрида дилам ишқ ниҳад бар сари ишқ. Абӯсаили Абулхайр
Як нафас бо хеш будан зиндагист, Байни нӯшу неш будан зиндагист. Дар ҷаҳони орзуҳои наҷиб Аз саворон пеш будан зиндагист. Оқили девонаву ҳушёри маст – Яъне пурташвиш будан зиндагист. Дар миёни ин ҳама бешу камӣ, Аз камиҳо беш будан зиндагист. Аз сабукборони соҳил дуртар – Яъне дурандеш будан зиндагист. Лоиқ Шералӣ
Хушо Шерозу вазъи бемисолаш. Худовандо, нигаҳ дор аз заволаш! Зи Рукнободи мо сад лавҳашаллоҳ, Ки умри Хизр мебахшад зулолаш. Миёни Ҷаъфарободу Мусалло Абиромез меояд шамолаш. Ба Шероз ою файзи рӯҳи қудсӣ Биҷӯй аз мардуми соҳибкамолаш. Ки номи қанди мисрӣ бурд он ҷо, Ки ширинон надоданд инфиолаш? Сабо, з-он лӯлии шангули сармаст Чӣ дорӣ огаҳӣ, чун аст ҳолаш? Гар он ширинписар хунам бирезад, Дило, чун шири модар кун ҳалолаш. Макун бедор аз ин хобам, Худоро, Ки дорам хилвате хуш бо хаёлаш. Чаро, Ҳофиз, чу метарсидӣ аз ҳаҷр, Накардӣ шукри айёми висолаш?
Чунон ба мӯйи ту ошуфтааму ба бӯйи ту маст Ки нест хабарам ончи дар ду олам аст
Дарди моро нест дармон, алғиёс, Ҳаҷри моро нест поён, алғиёс! Дину дил бурданду қасди ҷон кунанд, Алғиёс аз ҷаври хубон, алғиёс! Дар баҳои бўсае ҷоне талаб Мекунанд ин дилситонон, алғиёс! Хуни мо хӯрданд ин кофирдилон, Эй мусулмонон, чӣ дармон, алғиёс! Ҳамчу Ҳофиз рӯзу шаб бе хештан Гаштаам сӯзону гирён, алғиёс! Ҳофизи Шерозӣ алғиёс - ёри , кӯмак хостан
Куштаи ханҷари ишқ аст дили зиндаи мо, Ғарқи ҷамъияти ӯ вақти парокандаи мо. Бахя бар васлаи пайванди касон кам задаем, Дасти таҷрид бувад бахякаши зиндаи мо. Гар бихандем, макун айб, ки чун ғунча бувад, Пардапӯши дили оғушта ба хун хандаи мо. Нақши тақвими аҷал – зоиҷаи толеи мо, Утфи домони абад – давлати пояндаи мо. Чист дар гӯши вай аз моҳи нав ин ҳалқаи зар, Гар на аз давлати ишқ аст фалак бандаи мо? Ҳаст ҷӯянда чу ёбанда, надонем, чарост Дарди ноёб насиби дили ҷӯяндаи мо? Ҷомӣ, офоқ пур аст аз рақами ишқ, ҳанӯз, Ҳаст аз ин ҳарф хиҷил килки сарафкандаи мо. Абдураҳмони Ҷомӣ
Эй шамъи дилам қомати санҷидаи ту, Васли ту ҳаёти ин ситамдидаи ту. Чун оина пур шуд дилам аз акси рухат, Сӯят нигарам, валек аз дидаи ту.
Шояд ки ба подшоҳ бигӯянд, Турки ту бирехт хуни тоҷик. Матлуби тан асту матлаби ҷон, Наздику дуру дуру наздик. Бо ин ҳама душманӣ, ки дорӣ, Сулҳ аст миёни мову хорат. Ороми таниву фитнаи ҷон, Сарви чаманиву моҳи торик. Эй рафта ба қасди хуни ушшоқ, Банд абрӯвону теғ дар даст. Дарбанд ба хуни мо, чӣ омад? Ё раб, ки чӣ каҷкулоҳу чобук! Дар чашми ту омадам ҳақирӣ, З-он рӯ, ки ба соя дарнишастам. Хуршед назар кунад ба раҳмат, Дар зарраи нотивону борик. Рӯзе ба гузаштане лаболаб, Дарвеш ба бӯсае бинавоз. То гӯяму барнаёяд аз ман, Шукри ту ба сад ҳазор лабзик. Саъдӣ, чу бандагӣ намудӣ, Дигар зи ҷафо макун шикоят. Ҳарчанд ки тири ғамза бар дӯш, Гӯянд: Бизан, ки ҳаст нишмик!
без подписи
Шеъре ки Саъдӣ навиштааст...) Чу узве ба дард оварад рузгор Дигар узвҳоро намонад қарор... Дар ин шеър Лоиқ Шералӣ шеъри ҷавоби эҷод карда чунин гуфтааст! Ту нести ки бибини дар қарни мо, Бани одам ин ҷо чи кардааст, чиҳо. Чи аъзо зи пайкар берун кардаанд, Ба дандон ҷаҳон ғарқи хун кардаанд. Ҳама беғам аз меҳнати дигарон, Меҳнат куҷо, ҷумла захмии забон. Падарро мурувват надорад писар, Насиҳат надорад ба қалбаш асар. Каниз аст модар дар ин асрҳо, Ба хишти ҷафо шуд бино қасрҳо. Ба номи ҳуқуқи башар мекушем, Ба теғу туфангу ҳаҷр мекашем. Куҷои ту Саъдӣ бибини чи сон, Бани одам инҷо кашидаст синон. Пайи нону ҷону мақом ҳама, Надоранд зи чашми худо воҳима. Куҷои ту Саъдӣ ки аъзои тан, Бибини фитодааст ҳама аз бадан.
ГУФТО БА МАН, ДАР НИМАШАБ ПИНҲОН БИЁ, ПИНҲОН БИРАВ, ДАР БОҒИ ПУРРАЙҲОНИ МАН, ХАНДОН БИЁ, ГИРЁН БИРАВ. ГУФТО, КИ БАР КАС НАНГАРАМ, БАР ОШИҚОН ОШИҚТАРАМ, ДАР ҶОНИ МАН ГАР ОМАДЙ, БО ҶОН БИЁ, БЕ ҶОН БИРАВ. #МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИН РУМӢ