Асарҳоӣ солиҳин..!✍️
СтатистикаASARHOISOLIHIN 📮Дӯстони азиз дар кори хайр #саҳим бошед, зеро ки Паёмбар ﷺ мефармояд : 🍃 الدال علي خير كفاعله. 📍Шахсӣ роҳнамо ба сӯй хайр, монанди анҷомдиҳандаи он, соҳиби аҷру савоб мегардад... ✍️ 🍃🌸🍃🌸🍃🌸🍃🌸🍃🌸
- Последний пост
- 13 авг.
- Последнее чтение
- 15 авг.
- Постов за неделю
- 10
- Всего постов
- 22
- Тип
- открытый
- Язык
- tg
- Категория
- Религия (по похожим)
- В каталоге с
- 14 авг.
- 1/24сутки в ленте
- 19
- 1/48двое суток
- 21
- 1/72трое суток
- 23
Оценка по просмотрам недавних постов: пост набирает почти всё за первые сутки.
Посты
без подписи
без подписи
без подписи
اللَّهُمَّ أَجْمِعْ كَلَامَكَ فِي صَدْرِي. 🌸🍃🌸🍃🌸🍃🌸🍃🌸🍃🌸🍃
🌸🍃🌸🍃🌸🍃🌸🍃🌸🍃
📍Аҳамияти намози таҳаҷҷуд барои толибул Илм.! 🌸🍃🌸🍃🌸🍃🌸🍃🌸🍃🌸🍃
Ва ҳар, ки аз Аллоҳ битарсад, [Аллоҳ] барои ӯ роҳи халосие падид меорад. Ва ба ӯ аз он ҷое, ки гумон надорад, ризқ медиҳад. Ва ҳар, ки бар Аллоҳ таваккул кунад, пас, Аллоҳ ӯро бас аст. Ба дурустӣ ки Аллоҳ кори Худро [ба анҷом] расонанда аст. Ҳар оина Аллоҳ барои ҳар чизе андоза сохтааст. [Талоқ, 2-3] 🌸🍃🌸🍃🌸🍃🌸🍃🌸🍃🌸🍃🌸🍃
📌Пирӯзи аз они Муваҳҳидин аст. ✅️ Шайх-ул Ислом ибну Таймия (رَحِمَهُ اللّٰهُ تَعَالَی) мефармоянд: «Ҳар касе, ки аз Расулаллоҳ ﷺ пайрави кунад, Аллоҳ таъоло ӯро: 1. Кифоят ва ҳидоят мекунад, 2. Ва нусраташ медиҳад, 3. Ва ба ӯ рӯзи (ризқ) мерасонад». 📚Ал-Қоидат-ул ҷалила, саҳ 221. — Аллоҳ таъоло дар Қуръони азимушаън ба муддаъиёни дӯсти Худ фармуда, ки ин иддаъоро ба амал ва пайравии суннати Расулаш ﷺ маҳқуқ (дуруст) кунанд: Аллоҳ таъоло мефармояд: قُلْ إِن كُنتُمْ تُحِبُّونَ اللَّهَ فَاتَّبِعُونِي يُحْبِبْكُمُ اللَّهُ وَيَغْفِرْ لَكُمْ ذُنُوبَكُمْ ۗ وَاللَّهُ غَفُورٌ رَّحِيمٌ Бигӯ: «Агар Аллоҳро дӯст медоред, пас маро пайравӣ кунед, то Аллоҳ шуморо дӯст дорад ва гуноҳони шуморо бароятон биомӯрзад; ва Аллоҳ Омурзандаи Меҳрубон аст». [Оли Имрон, 31] — Бидуни шак касе, ки тақвои Илоҳӣ дошта бошад, Аллоҳ азза ва ҷаллп ӯро кифоят мекунад ва барояш кофист, яъне ӯро аз шарр (бади)-и душманон муҳофизат менамояд ва ӯро бар онон нусрат медиҳад ва агар мӯҳтоҷ ва ниёзманди амре бошад, Аллоҳ таъоло эҳтиёҷ ва ниёзи вайро бароварда месозад ва Аллоҳ барои ӯ кофист: أَلَيْسَ اللَّهُ بِكَافٍ عَبْدَهُ ۖ وَيُخَوِّفُونَكَ بِالَّذِينَ مِن دُونِهِ ۚ وَمَن يُضْلِلِ اللَّهُ فَمَا لَهُ مِنْ هَادٍ. Оё Аллоҳ барои бандааш кофӣ нест? Туро ба онон, ки ғайри Ӯ (Аллоҳ), метарсонанд. Ва ҳар касро, ки Аллоҳ гумроҳ кунад, пас, ӯро ҳеҷ роҳнамояндае нест. [Зумар, 36] — Касоне, ки аз дастуроти Аллоҳ таъоло фармонбардори ва аз Паёмбараш пайрави мекунанд сазовори онҳост, ки Аллоҳ таъоло ононро ба сӯи ҷаннат ва амали ҷаннатиён ҳидоят кунад: Аллоҳ Таъоло мефармояд: يَهْدِي بِهِ اللَّهُ مَنِ اتَّبَعَ رِضْوَانَهُ سُبُلَ السَّلَامِ وَيُخْرِجُهُم مِّنَ الظُّلُمَاتِ إِلَى النُّورِ بِإِذْنِهِ وَيَهْدِيهِمْ إِلَىٰ صِرَاطٍ مُّسْتَقِيمٍ. Аллоҳ ба сабаби он (Қуръон ва Суннат) ҳар касро, ки талаби ризои Ӯ кунад, ба сӯи роҳҳои наҷот далолат менамояд ва онҳоро ба иродаи Худ аз торикӣ ба сӯи равшанӣ берун меорад ва онҳоро ба сӯи роҳи рост ҳидоят мекунад. [Моида, 16] — Мушрикон даъвои маъбудшиносӣ доштанд ва мудаъи буданд, ки бо эҷоди восита байни худашон ва Аллоҳ таъоло хешро ба Ӯ наздик мекунад: أَلَا لِلَّهِ الدِّينُ الْخَالِصُ ۚ وَالَّذِينَ اتَّخَذُوا مِن دُونِهِ أَوْلِيَاءَ مَا نَعْبُدُهُمْ إِلَّا لِيُقَرِّبُونَا إِلَى اللَّهِ زُلْفَىٰ إِنَّ اللَّهَ يَحْكُمُ بَيْنَهُمْ فِي مَا هُمْ فِيهِ يَخْتَلِفُونَ ۗ إِنَّ اللَّهَ لَا يَهْدِي مَنْ هُوَ كَاذِبٌ كَفَّارٌ. Огоҳ бош, парастиш кардани холис (Яъне: ба ғайри ширк) барои Аллоҳ аст.(Яъне: наздики Ӯ мақбул аст) Ва онон, ки ба ҷуз Аллоҳ дӯстоне (ва маъбуд) гирифтанд, (гуфтанд): «Онҳоро ибодат намекунем, магар барои он, ки моро дар (мартабаи) қурб ба Аллоҳ наздик созанд». Ба ростӣ, ки Аллоҳ дар миёнашон дар он чи онҳо бар он ихтилоф доранд, ҳукм мекунад. Ҳамоно Аллоҳ касеро, ки дурӯғгӯи носипос аст, роҳ наменамояд. [Зумар, 3] — Аллоҳ таъало иддаъои мушриконро, ки холи аз далел буд, иддаъои дурӯғин номид; бинобарин ҳар касе барои иддаояш далел ва мадраке надошта бошад, дурӯғгӯй аст: مَّا لَهُم بِهِۦ مِنۡ عِلۡمٍۢ وَلَا لِءَابَآئِهِمۡۚ كَبُرَتۡ كَلِمَةًۭ تَخۡرُجُ مِنۡ أَفۡوَٰهِهِمۡۚ إِن يَقُولُونَ إِلَّا كَذِبًۭا Ба ин онҳоро ҳеҷ илме нест ва падаронашонро набуд. Сахт аст ин сухане, ки аз даҳонашон мебарояд; ба ҷуз дурӯғ [чизе] намегӯянд. [Каҳф, 5] — Касоне, ки фармони Аллоҳро он гунае, ки аз бандагонаш хоста ба анҷом мерасонанд; сазовори нусрат ва ёри Аллоҳ таъоло ҳастанд: يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِن تَنصُرُوا اللَّهَ يَنصُرْكُمْ وَيُثَبِّتْ أَقْدَامَكُمْ Эй касоне, ки имон овардаед, агар (дини) Аллоҳро нусрат диҳед, (Аллоҳ) шуморо нусрат медиҳад ва қадамҳоятонро собит мекунад. [Муҳаммад, 7] — Яке аз навъҳои нусрат ва ёри расонидани Рабби ҷаҳониён ба муттақиён (парҳезкорон) ва онон бо пайрави аз суннат ва дини Аллоҳ таъоло, бар даъвоҳои хеш ҷомаи амал мепӯшонанд ин аст, ки Аллоҳ таъоло дарвозаҳои ризқу рӯзиро бар онҳо мекушояд: وَمَن يَتَّقِ اللَّهَ يَجْعَل لَّهُ مَخْرَجًا*وَيَرْزُقْهُ مِنْ حَيْثُ لَا يَحْتَسِبُ ۚ وَمَن يَتَوَكَّلْ عَلَى اللَّهِ فَهُوَ حَسْبُهُ ۚ إِنَّ اللَّهَ بَالِغُ أَمْرِهِ ۚ قَدْ جَعَلَ اللَّهُ لِكُلِّ شَيْءٍ قَدْرًا.
— Бо нусуси саҳеҳ ва иттифоқи гузаштагони ин уммат собит шудааст, ки ҳеҷ кас дар ин дунё Аллоҳро бо чашмаш намебинад, магар ихтилофе, ки дар мавриди дидани хосси Паёмбар ﷺ рӯй додааст, дар ҳоле, ки иттифоқ кардаанд, ки дар рӯзи қиёмат мӯъминон Аллоҳро ба таври возеҳу ошкор мебинанд, чуноне ки офтобу моҳро мебинанд». 📚Маҷмӯъ-ал фатово, Ҷ 6, саҳ 509-510. Аллоҳ таъоло донотар аст. 🌸🍃🌸🍃🌸🍃🌸🍃🌸🍃🌸🍃🌸
📌Оё Паёмбар ﷺ Рабби худро дар шаби Меъроҷ дидааст? Аксари саҳобагон ба ин назаранд, ки Паёмбар ﷺ дар шаби Меъроҷ Аллоҳ таъолоро бо чашми худ надидааст. ✅️ Аз Айиша رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ собит шудааст, ки мегӯяд: «Ҳар кас ба ту бигӯяд, ки Муҳаммад ﷺ Раббашро дидааст, ба таҳқиқ дурӯғ гуфтааст, чун ӯ мегӯяд: Чашмҳо Ӯро дар намеёбанд... ». 📚Ривояти Бухорӣ [Тавҳид 6832] ✅️ Аз Абу Зар رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ ривоят шудааст, ки мегӯяд: «Аз Расулаллоҳ ﷺ пурсидам: Оё Раббатро дидаӣ? Фармуд: «Ӯ нур аст, чи гуна Ӯро мебинам». 📚Ривояти Муслим [Имон 261] ✅️ Аз Ибни Аббас رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ ривоят шудааст, ки мегӯяд: «Қалб он чиро, ки дид, дурӯғ нашумурд. Дар ҳақиқат, як бори дигар низ ӯро дидааст». (Ибни Аббос) мегӯяд: «Бо қалби худ Ӯро ду бор дидааст». 📚Ривояти Муслим [Имон 258] ✅️ Ибн-ул Қайим (رَحِمَهُ اللّٰهُ تَعَالَی) мефармоянд: «Усмон ибни Саиди Доримӣ дар китоби худ «Ар-Руъя» нақл мекунад, ки иҷмои саҳобагон бар ин аст, ки Паёмбар ﷺ Раббашро дар шаби Меъроҷ надидааст ва баъзе аз уламо Ибни Аббосро аз ин иҷмоъ истисно мекунанд. Аммо устоди мо мегӯяд, ки дар ҳақиқат ӯ мухолифат накардааст, чун Ибни Аббос нагуфтааст, ки Ӯро бо ду чашми сар дидааст ва Аҳмад низ бар ин эътимод намуда, дар яке аз ду ривоятҳо гуфтааст: Ӯ Аллоҳро дидааст, аммо нагуфтааст, ки бо ду чашми сар дидааст. Ибораи Аҳмад ин ҳамон ибораи Ибни Аббос رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ аст. Бар дурустии сухани устодамон дар маънои ҳадиси Абу Зар رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ сухани дигари ӯ дар ҳадиси дигар далолат мекунад, ки гуфтааст, ки пардааш нур аст ва он нур Ӯст, Аллоҳ донотар аст ба он нуре, ки дар ҳадиси Абу Зар رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ зикр шудааст: «Нурро дидам». 📚Иҷтимоъ-ул ҷуюшил исломия, Ҷ 1. Саҳ 12. ✅️ Шайх-ул Ислом ибну Таймия (رَحِمَهُ اللّٰهُ تَعَالَی) мефармоянд: «Аммо оиди руъят (дидани Аллоҳ), дар ҳадиси саҳеҳ аз Ибни Аббос собит шудааст, ки ӯ гуфтааст: Муҳаммад ﷺ бо қалбаш ду бор Раббашро дидааст. Аммо Айиша руъят (дидани Аллоҳ)-ро инкор кардааст. Баъзе аз мардумон ин ду мафҳуми мухолифро чунин ҷамъ кардаанд: Айиша дидани Аллоҳро бо чашми сар инкор намудааст, аммо Ибни Аббос дидани Аллоҳро бо қалб исбот кардааст. Лафзу ибораҳое, ки аз Ибни Аббос собит шудаанд, ё мутлақанд ва ё бо «қалб» муқайяд шудаанд, гоҳо мегӯяд, Муҳаммад ﷺ Раббашро дидааст ва гоҳо мегӯяд, Муҳаммад ﷺ Ӯро дидааст. Аз Ибни Аббос ибораи сареҳу равшане собит нашудааст, ки Паёмбар ﷺ Ӯро бо чашмаш дида бошад. — Ҳамчунин Имом Аҳмад гоҳо мутлақан мегӯяд, ки (Паёмбар) Аллоҳро дидааст ва гоҳо мегӯяд, ки (Паёмбар) бо қалбаш Аллоҳро дидааст. Ҳеҷ кас аз Имом Аҳмад нашунидааст, ки ӯ гуфта бошад, ки Паёмбар Аллоҳро бо чашмаш дидааст, аммо баъзе аз ёронаш сухани мутлақи ӯро шунида, аз он фаҳмидаанд, ки манзур аз он бо чашм дидан аст. Ҳамчунин баъзе аз мардум сухани мутлақи Ибни Аббосро шунида, аз он фаҳмидаанд, ки манзур аз он бо чашм дидан мебошад. Дар далелҳо наомадааст, ки Паёмбар Аллоҳро бо чашмаш дидааст. Ин чиз аз ягон саҳоба собит нашудааст ва дар китоб (Қуръон) ва суннат чунин мафҳуме вуҷуд надорад, балки нусуси саҳеҳ бештар бар нафйи он далолат мекунанд, чуноне ки дар «Саҳеҳ»-и Муслим аз Абу Зар ривоят шудааст, ки мегӯяд: «Аз Расулаллоҳ ﷺ пурсидам, ки оё Аллоҳро дидаӣ? Дар ҷавоб фармуд: «Ӯ нур аст, чи гуна метавонам Ӯро бубинам». Аллоҳ таъоло фармудааст: سُبْحَانَ الَّذِي أَسْرَى بِعَبْدِهِ لَيْلًا مِنَ الْمَسْجِدِ الْحَرَامِ إِلَى الْمَسْجِدِ الأَقْصَى الَّذِي بَارَكْنَا حَوْلَهُ لِنُرِيَهُ مِنْ آيَاتِنَا Поку муназзаҳ аст он зоте, ки бандаашро шабе аз масҷид-ул ҳаром ба Масҷид-ул Ақсо бурд, ки атрофи онро пурбаракот намудаем, то бархе аз нишонаҳои худро ба ӯ нишон диҳем. [Сураи Исро, 1] — Агар Аллоҳ худро ба ӯ нишон медод, зикр намудани он авлотар буд. Инчунин Аллоҳ таъоло мефармояд: أَفَتُمَارُونَهُ عَلَی مَا یَرَی Оё бо ӯ дар бораи он чи мебинад, муҷодала мекунед? [Сураи Наҷм, 12] لَقَدْ رَأَی مِنْ آیَاتِ رَبِّهِ الْکُبْرَی Ба ростӣ порае аз нишонаҳои бузурги Раббашро дид. [Сураи Наҷм, 18] Агар Паёмбар ﷺ Аллоҳро бо чашми худ медид, зикр намудани он авлотар буд.
Имрӯз мо дар бораи сабр менависем, вале дар аввалин озмоиш шикоят мекунем. Дар бораи бахшиш менависем, вале ранҷиши солҳои пешро дар дил нигоҳ медорем. Дар бораи ихлос менависем, вале мехоҳем дигарон амалҳои моро бубинанд. Дар бораи хушахлоқӣ менависем, вале бо наздиктарин одамони худ сахтгир ҳастем. Дар бораи тарки ғайбат менависем, вале баъд аз чанд дақиқа дар бораи дигарон сухан мегӯем. Пас, пеш аз он ки ба дигарон бигӯем: «Чӣ гуна зиндагӣ кардан лозим аст» аз худ бипурсем: «Оё ман худам чунин зиндагӣ мекунам?» Зеботарин насиҳат он нест, ки танҳо хуб навишта шудааст; балки он аст, ки дар ахлоқ ва зиндагии худи инсон дида мешавад. Камтар нависем, бештар амал кунем. Аз бештар вақтамонро барои дигаронро ислоҳ кардан, бисёртар вақтҳоямонро барои ислоҳи худ бигзорем. Зеро мардум шояд суханони моро фаромӯш кунанд, аммо амалҳои моро мебинанд ва онро фаромуш намекунанд Аввал худат амал кун, сипас бо амалат дигаронро даъват намо. Зеро даъвати бо амал бисёр таъсир диҳанда ва самаранок мебошад. Аллоҳ таъоло моро аз шармандагии дунё ва охират ҳифз намояд, ва ин паём ҳам як имтиҳон аст, барои мо , Аллоҳ моро ислоҳ кунанд, ва моро ончи, ки дар ҳаёт ба дигарон мегуем тавфиқи амал кунанда насиб гардонад. Толибул Илми Форсӣ 🌸🍃🌸🍃🌸🍃🌸🍃🌸🍃🌸🍃🌸🍃
📍СУХАНОНИ ЗЕБО, НАВИШТАҶОТҲОИ ҶАЗЗОБ, АММО АМАЛ ВА ҲАЁТИ ҲАҚИҚИ ЧИЗИ ДИГАР АСТ. ❗️ Имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоъӣ мутаассифона навиштани насиҳатҳо ба як одат табдил ёфтааст. Дар бораи сабр, ихлос, тақво, хушахлоқӣ, бахшиш ва ибодат матнҳои бисёр менависем. Аммо саволи муҳим ин аст, ки Оё мо ба он чизе, ки менависем, дар ҳаёти воқеии худ амал мекунем? Оё гуфтаи Аллоҳ таъолоро боре дар мавриди касоне, ки чунин хислат доранд андеша кардаем!? Аллоҳ таъоло мефармояд: ﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لِمَ تَقُولُونَ مَا لَا تَفْعَلُونَ كَبُرَ مَقْتًا عِندَ اللَّهِ أَن تَقُولُوا مَا لَا تَفْعَلُونَ﴾ (Сураи ас-Сафф, 2–3) «Эй касоне, ки имон овардаед! Чаро чизеро мегӯед, ки худ анҷом намедиҳед? Назди Аллоҳ бисёр зишт аст, ки чизеро бигӯед, ки худ анҷом намедиҳед.» Ва боз мефармояд: ﴿أَتَأْمُرُونَ النَّاسَ بِالْبِرِّ وَتَنسَوْنَ أَنفُسَكُمْ وَأَنتُمْ تَتْلُونَ الْكِتَابَ ۚ أَفَلَا تَعْقِلُونَ﴾ (Сураи ал-Бақара, 44) «Оё мардумро ба некӣ амр мекунед ва худатонро фаромӯш мекунед, дар ҳоле ки Китобро мехонед? Оё ақл намекунед?» Расули Аллоҳ ﷺ низ фармудаанд: «يُؤْتَى بِالرَّجُلِ يَوْمَ الْقِيَامَةِ فَيُلْقَى فِي النَّارِ، فَتَنْدَلِقُ أَقْتَابُ بَطْنِهِ...» Ин ҳадис инсонро аз он метарсонад, ки дигаронро ба некӣ амр кунад, вале худ ба он амал накунад. Дар ҳақиқат ин ду оят ва ин ҳадис бисёр ҳушдор диҳанда аст, барои ҳар яке аз ману шумо хусусан онҳое, ки дар шабакаҳо ба нашри даъватҳо машғуланд, оё медонед, ки вақти шумо ба он нашр кардаҳои худ дар ҳаёт, вақта онро амали намекунед, ин амалатон пеши Аллоҳ бисёр зишт ва бад аст !? Оё инро дарк кардаед, ки ҳарчи нашр мекунед, ба он аввалин нафар худатон имтиҳон мешавед!? Пас бисёр зишт ва бадаст, ки суханрониҳо нашароти зебо ва дилчасп, ва постҳои хеле хуб ва таъсирнок бигузореду аммо худ дар ҳаёт каси дигар бошед. Аллоҳ ҳамагии моро аз ду чеҳра доштан ҳифз намояд, эӣ бародар ва хоҳарам, ба Аллоҳ қасам ин ду оят бояд қалбҳои моро такон диҳад, ки мо имруз ба нашри аҳодис машғулем аммо чи қадар дар ҳаётамон ин аҳодисҳо нақш доранд !! дар ин шабакаҳо мардумро ҷамъ кардаем ва ин масъулияти бузургро ба уҳда гирифтаем, оё медонем, ки пеши Аллоҳ сахт масъулем!? Ва аз ин корамон сахт пурсида хоҳем шуд!? Оё инро боре фикр кардаем!? Шабакаҳоро ҷои барои интиқом гирифтан, ва ба касе дилатро холи кардан истифода мебарем!? Ё сирфан ин шабакаҳо ба хотири нашри китоби Аллоҳ ва Аҳодиси Расулалаллоҳ салаллоҳу алайҳи ва саллам мебошанд!? Аз Одобу Ахлоқ Ҳуқуқи Зану Шавҳар, сухан мегуему, ва дар бораи сабру бурду бори ҳарф мезанем, пас куҷо аст чунин ахлоқҳои зебо дар ҳаётамон !? Кани сабре ки солҳо дар борааш гуфтему нашр кардем!? Куҷост он муъомилаи некамон, ки солҳо дар борааш навиштему пахш кардем!? Вақте, чунин суханҳо гуфта мешавад, дар ҳол фикру хаёламон ба шахсе, ки дар муқобиламон аст меравад, ва худро фаромуш мекунем, ва ин бидуни шак аз бемори қалб ва заъфи имон мебошад, муъмин хоксору мутавозиъ мешавад, ва ҳамеша аӣбро дар худ мебинад, ва худро ноқис медонад, аммо мунофиқ худро беҳтар ва хуб мебинад, ва аӣбро ба дигарон нисбат медиҳад, агар дар худ аӣбе бошад онро кучак медонад, ва аммо агар аӣбе дар дигарон бошад онро бисёр бузург мепиндорад. Муъмин доиман дар хавфу тарс аст, ва аз Аллоҳ умед дорад, аммо мунофиқ ҳамеша худро дар амн медонад, ва аӣбҳоро ба худ нисбат намедиҳад, ва худро муқассир намешуморад. Аллоҳ таъоло ҳамагии моро аз чунин сифот нигоҳ бидорад. Баъзан баъзе корҳо мекунем, аз боби имтиҳони нафар ва шинохти чеҳраи ҳақиқи у, ва дар мо бисёри чизҳо ошкор мегардад, ва чунон ошкор мегардад, ки валлоҳ диламон ба ҳоли чунин инсонҳо, ки дар чунин ҳолат гирифтор шудаанд месузад, ва агар бо чунин сифот бимиранд, хеле хатарнок аст ҳолашон дар рузи қиёмат, аммо вазифаи мову шумо чист барояшон дуъо мекунем Аллоҳ моро собит нигаҳ бидорад ва онҳе, ки дар чунин вазъ ҳастанд, Аллоҳ твъоло онҳоро ҳидоят кунад, ва қалбҳояшонро Аллоҳ таъоло шифо бидиҳад. Аммо як чизро набояд фаромӯш кард, ки ин маъно он надорад, ки агар инсон комил набошад, дигаронро ба некӣ насиҳат накунад. Балки ӯ бояд ҳамзамон худро низ ислоҳ кунад ва барои амал кардан кӯшиш намояд.
📍Ту гумон мекунӣ, ки ба сабаби гуноҳат ҷазо намебинӣ?! 🟢Ва ҳол он ки аз намози шаб маҳрум шудаӣ, бо вуҷуди он ки шабҳо бедор мемонӣ! 🟢Аз қироати Қуръон маҳрум шудаӣ, бо вуҷуди он ки вақти холӣ дорӣ! 🟢Аз зикри Аллоҳ маҳрум шудаӣ, бо вуҷуди он ки забонат озод аст! 🟢Аз дуо кардан маҳрум шудаӣ; онро фаромӯш кардаӣ ва нафсат дуоро бар худ гарон мешуморад! 🟢Аз хушӯъ дар намоз маҳрум шудаӣ! 🟢Аз гиря кардан бар гуноҳонат дар танҳоӣ маҳрум шудаӣ! 🟢Эй бечораи маҳрум! Ҳатто аз осонтарин ибодатҳо маҳрум шудаӣ ва боз гумон мекунӣ, ки ҷазо дода нашудаӣ?! 📌 Оё ҳанӯз вақти он нарасидааст, ки дилат дуруст гардад?! Пас, чунон ки амр шудаӣ, устувор бош! 🌸🍃🌸🍃🌸🍃🌸🍃🌸🍃🌸🍃🌸🍃
📌Оё ишқу муҳаббат қабл аз издивоҷ беҳтар аст? Издивоҷ вобаста ба ҳолати қабл аз он фарқ мекунад. Агар ишқу муҳаббати писару духтар хилофи шариат набошад ва онҳо ба гуноҳе даст назада бошанд, умедворем, ки издивоҷи дар натиҷаи чунин муҳаббат сурат гирифта бардавом бошад, зеро ин издивоҷ дар натиҷаи рағбати ҳар дуи онҳо ба якдигар сурат гирифтааст. — Агар марде ба зане дил баста бошад, ки издивоҷ намудан ба ӯ ҷоиз бошад ва ё акси он (яъне зане ба марде дил баста бошад, ки издивоҷ намудан ба ӯ ҷоиз бошад) барои онҳо ҳеҷ ҳалле ғайр аз издивоҷ нест, зеро Расули Аллоҳ ﷺ фармудааст: «لَمْ نَرَ لِلْمُتَحَابَّيْنِ مِثْل النِّكَاحِ». «Ҳеҷ чизе мисли издивоҷ нест, барои ду нафаре, ки якдигарро дӯст медоранд». 📚Ривояти Ибни Моҷа 1847 📚Ҳадисро Бусирӣ ва Албонӣ дар китоби «Ас-Силсилат-ус саҳиҳа» 624 саҳеҳ шуморидаанд. ✅️ Синдӣ дар ҳошияи «Сунан»-и Ибни Моҷа гуфтааст: «Сухани Паёмбар ﷺ: «لَمْ نَرَ لِلْمُتَحَابَّيْنِ مِثْل النِّكَاحِ». «Ҳеҷ чизе мисли издивоҷ нест, барои ду нафаре, ки якдигарро дӯст медоранд». Лафзи «الْمُتَحَابَّيْنِ» (мутаҳоббайн) эҳтимол дорад, ки он мусанно (дутоӣ) ва чамъ бошад. Он чунин маъно дорад: Ҳар гоҳ байни ду нафар муҳаббат вуҷуд дошта бошад, ҳеҷ чизе аз анвои муносибатҳо мисли никоҳ он муҳаббатро зиёд ва пойдору бардавом карда наметавонад. Агар илова бар он муҳаббат, никоҳ байни онҳо вуҷуд дошта бошад, муҳаббат рӯз то рӯз зиёд ва қавӣ хоҳад гашт». — Аммо агар ин издивоҷ дар натиҷаи алоқаи ишқи ғайришаръӣ, ба монанди мулоқотҳо, хилватҳо, бӯсаҳо ва дигар амалҳои ҳаром сурат гирад, он издивоҷ пойдор нахоҳад буд. Он ба хотири корҳои ношоистае, ки пеш аз никоҳ анҷом додаанд. Ҳангоме, ки ҷавонон ҳаёти худро бо корҳои ношоиста оғоз мекунанд, пас ин амалҳо ҳатман таъсири бадашро хоҳад расонд, баракоту тавфиқи илоҳиро кам хоҳад кард, зеро маъсиятҳо сабаби бузургест барои дур намудани баракотҳо. Агарчи ба бисёре аз мардум шайтон гуноҳро зиннат дода, вонамуд мекунад, ки ишқу муҳаббат, ҳатто бо ҳаром омехта ҳам бошад, издивоҷро мустаҳкам менамояд. — Он алоқаҳои ғайришаръие, ки қабл аз издивоҷ байнашон буд, дар оянда сабаби шубҳа байни онҳо хоҳад шуд. Шавҳар фикр мекунад, ки ҳамсараш метавонад дар оянда бо шахси дигаре алоқаи ишқӣ намояд, агар интавр фикр накунад, ба алоқаҳои худ, чуноне ки як замоне бо ӯ алоқаи ишқӣ дошт, фикр менамояд. Ҳамчунин зан низ фикр мекунад, ки шавҳараш метавонад бо зани дигаре алоқае барпо намояд, агар интавр фикр накунад, ба алоқаҳои худ, чуноне ки як замоне бо ӯ алоқаи ишқӣ дошт, фикр менамояд. Ҳамин тавр, ҳам зану ҳам шавҳар ҳамеша нисбати якдигар шакку шубҳа ва гумони бад хоҳанд кард ва дар натиҷа дер ё зуд муоширату муносибати оилавиашон бад хоҳад шуд. — Шояд шавҳар ҳамсарашро барои розӣ шудан ба алоқаи номашрӯи қабл аз издивоҷ таъна хоҳад кард, ки аз он дарду алами зан зиёд шуда, муносибати оилавиашон бад хоҳад шуд. Аз ин рӯ, мо фикр мекунем, ки агар издивоҷ бар асоси алоқаи номашрӯъ барпо шуда бошад, ғолибан бардавому комёб нахоҳад гашт. Аммо интихоб намудани ҳамсар аз тарафи аҳлу оила на ҳамааш хуб аст ва на ҳамааш бад аст. Агар аҳли хонавода ихтиёри нек кунанд, духтари интихобкардаашон соҳиби дину ҷамол бошад ва ба шавҳар писанд ояд ва ба издивоҷи он духтар рағбат намояд, умедворем, ки издивоҷашон бардавому комёб хоҳад гашт. — Бинобар ин, Расули Аллоҳ ﷺ ба ҷавони издивоҷкунанда васият намудааст, ки ба чеҳраи духтар назар андозад. ✅️ Аз Муғира ибни Шуъба رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ ривоят аст, ки ӯ ба хостгории зане рафт. Паёмбар ﷺ ба ӯ гуфт: «Ба ӯ назар андоз, зеро сазовор аст, ки (муҳаббат) байни шумо бардавом гардад». 📚Ривояти Тирмизӣ 1087 📚Ривояти Насоӣ 3235 📚Имом Тирмизӣ ин ҳадисро ҳасан донистааст. ✅️ Имом Тирмизӣ (رَحِمَهُ اللّٰهُ تَعَالَی) гуфтааст: «Маънои «сазовор аст, ки (муҳаббат) байни шумо бардавом гардад» чунин аст: Сазовор аст, ки меҳру муҳаббат байни шумо идома ёбад». Аммо агар аҳли оила ихтиёри бад кунанд ё ихтиёри накӯ кунанд, вале ба шавҳар писанд наояд, ғолибан чунин издивоҷ ноком шуда пойдору бардавом намегардад, зеро ҳар чизе бар асоси рағбату хоҳиш бино наёфтааст, бардавом нахоҳад шуд. Аллоҳ таъоло донотар аст. 🌸🍃🌸🍃🌸🍃🌸🍃🌸🍃🌸🍃🌸🍃
без подписи
من أمراضِ القلب "الرّياءُ والعُجْبُ" ✒️قال شيخ الإسلام ابنُ تيميّة رحمه الله: الرِّياءُ مِنْ بابِ الإشرَاكِ بِالخَلقِ. والعُجْبُ مِنْ بابِ الإشراكِ بالنّفسِ،وهذا حَالُ المُستَكبِرِ. فالمُرائِي لا يُحقِّقُ قولَهُ {إِيَّاكَ نَعْبُدُ}، والمُعجَبُ لا يُحقِّقُ قولَهُ {وَإِيَّاكَ نَسْتَعِينُ} فمَنْ حقّقَ قولَهُ {إِيَّاكَ نَعْبُدُ} خَرَجَ عَنْ الرِّيَاء وَمَنْ حقّقَ قولَهُ {وَإِيَّاكَ نَسْتَعِينُ} خَرَجَ عَنْ الإعْجَابِ. 📚[الفتاوى الكبرى: (٥/ ٢٤٧)] 🌸🍃🌸🍃🌸🍃🌸🍃🌸🍃🌸🍃🌸
✅️ Шайх-ул Ислом Муҳаммад ибн Абдул-Ваҳҳаб (رَحِمَهُ اللّٰهُ تَعَالَی) мефармоянд: «سبحانه ما خلق الخلق إلا ليعبدوه وحده، مخلصين له الدين، والدليل على ذلك، قوله تعالى: «وَمَا خَلَقۡتُ ٱلۡجِنَّ وَٱلۡإِنسَ إِلَّا لِيَعۡبُدُونِ». (٥١:٥٦) وقال: «وَمَآ أُمِرُوٓاْ إِلَّا لِيَعۡبُدُواْ ٱللَّهَ مُخۡلِصِينَ لَهُ ٱلدِّينَ حُنَفَآءَ وَيُقِيمُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَيُؤۡتُواْ ٱلزَّكَوٰةَۚ وَذَٰلِكَ دِينُ ٱلۡقَيِّمَةِ». (٩٨:٥). «Аллоҳ махлуқонро фақат барои ибодати Худ офоридааст, ки дини худро барои Ӯ холис гардонанд. Далели ин сухани Аллоҳ таъоло: «Ва Ман [Аллоҳ] ҷинну инсро фақат барои он офаридам, ки танҳо Маро ибодат кунанд. [Аз-Зориёт, 56]. Ва инчунин: «Аммо ба онҳо амр шуда буд, ки фақат (танҳо) Аллоҳро бипарастанд, дини худро барои Ӯ холис гардонанд мисли Ҳанифҳо, намоз гузоранд ва закот бидиҳанд. Ин имони дуруст аст». [Ал-Баййина, 5]. 📚Ад-дурар ас-сания 2/6 — Аз нишонаҳои Муваҳҳид ин аст, ки суханаш Тавҳид аст, аъмоли ӯ Тавҳид ва ҳолати ӯ Тавҳид ва даъваташ Тавҳид аст. 🌸🍃🌸🍃🌸🍃🌸🍃🌸🍃🌸🍃🌸🍃
✅️ Аз Абу Ҳурайра رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ ривоят аст, ки мегӯянд: «أَنَّ رَجُلًا، كَانَ يَأْكُلُ أَكْلًا كَثِيرًا، فَأَسْلَمَ، فَكَانَ يَأْكُلُ أَكْلًا قَلِيلًا، فَذُكِرَ ذَلِكَ لِلنَّبِيِّ ﷺ، فَقَالَ: «إِنَّ الْمُؤْمِنَ يَأْكُلُ فِي مِعًى وَاحِدٍ، وَالْكَافِرَ يَأْكُلُ فِي سَبْعَةِ أَمْعَاءٍ». «Мардуме буданд, ки бисёр мехӯрданд. Вақте Исломро қабул карданд, камтар хӯрдан гирифтанд. Инро ба Набйи ﷺхабар доданд. Ӯ фармуд: «Мӯъмин дар як рӯда мехӯрад [яъне бо каме таом қаноат мекунад], ва кофир дар ҳафт рӯда мехӯрад [яъне бисёр мехӯрад]». 📚Ривояти Бухорӣ 5397, Китоби таомҳо — Ин ҳадис ба мо мефаҳмонад, ки мӯъмин бояд дар хӯрдан мӯътадил ва бо қаноат бошад, дар ҳоле, ки кофир ба таоми зиёд майл дорад. Ин таълимот моро ба зуҳд ва парҳезкорӣ дар зиндагӣ раҳнамун месозад. 🌸🍃🌸🍃🌸🍃🌸🍃🌸🍃🌸🍃🌸
📌Ин мақом нест, зоҳир нест, ҳатто ин ҳам нест, ки чанд порча Қуръонро ҳифз кардаи, ин чиз ором аст, ва хеле амиқ. ✅️ Расули Аллоҳ ﷺ фармуданд: «Наздиктарин ва дӯстдоштатарин шахсони шумо назди ман дар рӯзи қиёмат — онҳоянд, ки ахлоқи нек доранд». 📚Ривояти Тирмизӣ 2018 📝СубҳанАллоҳ. Ин ахлоқи шумост, тарзи сухан гуфтанатон, қобилияти бахшиданатон, муносибати шумо бо мардум — бахусус вақте, ки касе шуморо намебинад. — Ислом танҳо ибодат нест, балки тарзи нигоҳ доштани қалб низ ҳаст. — Дар вақти душворӣ меҳрубон будан, ҳангоми ғазаб хомӯш мондан, ошкор накардани айби дигарон, қобилияти бахшидани касоне, ки ба шумо бадӣ кардаанд. Ин қудрати ҳақиқист, ва маҳз ҳамин роҳ шуморо ба Паёмбари Аллоҳ ﷺ наздик мекунад. — Ҳар боре, ки забонатонро нигоҳ медоред. Ҳар боре, ки бо нармӣ посух медиҳед. Ҳар боре, ки сабрро бар иззатталабӣ авло медонед. Шумо на танҳо ба ҷаннат, балки ба Ҳабиби Аллоҳ ﷺ низ наздик мешавед. Биёед, на танҳо одатҳоямонро, балки «қалбҳоямонро» низ ислоҳ кунем. — Аллоҳ таъоло қалбҳоямонро нарм гардонад, ахлоқамонро зебо гардонад ва моро дар охират бо Ҳабиби Худ наздик созад. Аллоҳумма аммин. 🌸🍃🌸🍃🌸🍃🌸🍃🌸🍃🌸🍃🌸
✅ Умар ибни Хаттоб ﺭَﺿِﻲَ ﺍﻟﻠَّﻪُ ﻋَﻨْﻪُ мефармоянд: «Бадтарин занҳо, [зани] Салфаъ аст». [Салфаъ зане, ки меҳтари мекунад [меҳтар ба маънои бо шуҷоату бо ҷасорат] бо мардҳо бепарвоёна сӯҳбат мекунад ва намешармад]. 📚«Муснаф» Ибн Аби Шайба 32503 🌸🍃🌸🍃🌸🍃🌸🍃🌸🍃🌸🍃🌸