tgindex
ЗАНОНИ СОЛЕҲА💡

ЗАНОНИ СОЛЕҲА💡

Статистика

Ай хоҳарам!! Мо ва Шумо ҳамон мадрасае ҳастем ки дар домани мо метавонад шероне дар роҳи Аллоҳ даъватгароне дар роҳи Аллоҳ тарбият шавад. Пас ай хоҳарам дар баробари ин масъулияте ки дори кӯтоҳи накун!!!

Последний пост
14 авг.
Последнее чтение
15 авг.
Постов за неделю
4
Всего постов
28
Тип
открытый
Язык
tg
Категория
Религия (по похожим)
В каталоге с
13 авг.
Подписчики
520
+1 за 2 дн.
Сутки
0
0,00%
Неделя
 
Месяц
 
Просмотров на пост
146
28 постов
Вовлечённость
28,1%
к подписчикам
Постов в день
0,6
всего 28
Упоминаний
0
каналов
Охват размещения
оценка
1/24сутки в ленте
75
1/48двое суток
85
1/72трое суток
92

Оценка по просмотрам недавних постов: пост набирает почти всё за первые сутки.

Посты

  • 🍂Худро ба ин одат деҳ, ки дар ҳама чиз раҳмати Аллоҳи ﷻ ро ҷустуҷу куни ҳатто дар он рӯйдодҳое, ки маънояшон бароят равшан нест ва ҳатто дар ҳар душворие, ки ба ту мерасад. 🪟Худатро одат деҳ, ки бигуи: «Шояд дар ин хайр бошад. Шояд Аллоҳи ﷻ аз ман бадиееро дур кардааст, ки ман аз он хабар надорам. Шояд баъд аз ин сахти, сабуки ва осон шудани корҳо фаро расад.»🤎 🌷 Худатро ҳамеша ба ризоият ва қаноат одат деҳ. Он гоҳ хоҳи дид, ки пас аз сабр ва рози бдан осоише меояд, ки ҳатто интизорашро надошти. Мебини ки Аллоҳи ﷻ душвориро ба ороми ва ашкҳоро ба шоди табдил медиҳад. Ва он чизе, ки гумон мекарди талафот аст, ба сабаби хайри бузург ва раҳмати пинҳонии Аллоҳи ﷻ табдил меёбад. 🤎🌷 🤎Пас қалби худро ба таваккал ба Аллоҳи ﷻ одат деҳ, ҳатто вақте ки воқеаҳои атрофатро намефаҳми. Зеро дар паси ҳар воқеа ҳикмате ҳаст ва паси ҳар таъхир вақти муайяни фаро расидани осони вуҷуд дорад💫✉️ 💛#паёмбақалбиту

  • ✒️Али ибни Аби Толиб (радияллоҳу анҳу) гуфтааст: «Беҳтарин занони шумо онҳоянд, ки бӯи хуш доранд, хуб хӯрок мепазанд, ҳангоми харҷ кардан миёнарави мекунанд ва ҳангоми нигоҳ доштан низ аз ҳад намегузаранд. Чунин зан аз бандагони Аллоҳи ﷻ аст ва бандаи Аллоҳи ﷻ аз чунин зан ноумед нахоҳад шуд.» 📚 Баҳҷатул-маҷолис, 33/34

  • Ин шаа Аллоҳ вақташ меояд ки ин либос тамоми кӯчаҳои Тоҷикистонро зиннат медиҳад.🍃🌙 @besoyeallah114

  • 🪶🪶🪶🪶 СУХАНОНИ ЗЕБО, НАВИШТАҶОТҲОИ ҶАЗЗОБ, АММО АМАЛ ВА ҲАЁТИ ҲАҚИҚИ ЧИЗИ ДИГАР АСТ !! 💾Имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоъӣ мутаассифона навиштани насиҳатҳо ба як одат табдил ёфтааст. Дар бораи сабр, ихлос, тақво, хушахлоқӣ, бахшиш ва ибодат матнҳои бисёр менависем. Аммо саволи муҳим ин аст, ки Оё мо ба он чизе, ки менависем, дар ҳаёти воқеии худ амал мекунем? Оё гуфтаи Аллоҳ таъолоро боре дар мавриди касоне, ки чунин хислат доранд андеша кардаем!? Аллоҳ таъоло мефармояд: ﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لِمَ تَقُولُونَ مَا لَا تَفْعَلُونَ ۝ كَبُرَ مَقْتًا عِندَ اللَّهِ أَن تَقُولُوا مَا لَا تَفْعَلُونَ﴾ (Сураи ас-Сафф, 2–3) «Эй касоне, ки имон овардаед! Чаро чизеро мегӯед, ки худ анҷом намедиҳед? Назди Аллоҳ бисёр зишт аст, ки чизеро бигӯед, ки худ анҷом намедиҳед.» Ва боз мефармояд: ﴿أَتَأْمُرُونَ النَّاسَ بِالْبِرِّ وَتَنسَوْنَ أَنفُسَكُمْ وَأَنتُمْ تَتْلُونَ الْكِتَابَ ۚ أَفَلَا تَعْقِلُونَ﴾ (Сураи ал-Бақара, 44) «Оё мардумро ба некӣ амр мекунед ва худатонро фаромӯш мекунед, дар ҳоле ки Китобро мехонед? Оё ақл намекунед?» Расули Аллоҳ ﷺ низ фармудаанд: «يُؤْتَى بِالرَّجُلِ يَوْمَ الْقِيَامَةِ فَيُلْقَى فِي النَّارِ، فَتَنْدَلِقُ أَقْتَابُ بَطْنِهِ...» Ин ҳадис инсонро аз он метарсонад, ки дигаронро ба некӣ амр кунад, вале худ ба он амал накунад. 💾Дар ҳақиқат ин ду оят ва ин ҳадис бисёр ҳушдор диҳанда аст, барои ҳар яке аз ману шумо хусусан онҳое, ки дар шабакаҳо ба нашри даъватҳо машғуланд, оё медонед, ки вақти шумо ба он нашр кардаҳои худ дар ҳаёт, вақта онро амали намекунед, ин амалатон пеши Аллоҳ бисёр зишт ва бад аст !? ❗️ Оё инро дарк кардаед, ки ҳарчи нашр мекунед, ба он аввалин нафар худатон имтиҳон мешавед!? ✅Пас бисёр зишт ва бадаст, ки суханрониҳо нашароти зебо ва дилчасп, ва постҳои хеле хуб ва таъсирнок бигузореду аммо худ дар ҳаёт каси дигар бошед.  💾Аллоҳ ҳамагии моро аз ду чеҳра доштан ҳифз намояд, эӣ бародар ва хоҳарам, ба Аллоҳ қасам ин ду оят бояд қалбҳои моро такон диҳад, ки мо имруз ба нашри аҳодис машғулем аммо чи қадар дар ҳаётамон ин аҳодисҳо нақш доранд !! ⚠️ дар ин шабакаҳо мардумро ҷамъ кардаем ва ин масъулияти бузургро ба уҳда гирифтаем, оё медонем, ки пеши Аллоҳ сахт масъулем!? Ва аз ин корамон сахт пурсида хоҳем шуд!? Оё инро боре фикр кардаем!? 💾Шабакаҳоро ҷои барои интиқом гирифтан, ва ба касе дилатро холи кардан истифода мебарем!? Ё сирфан ин шабакаҳо ба хотири нашри китоби Аллоҳ ва Аҳодиси Расулалаллоҳ салаллоҳу алайҳи ва саллам мебошанд!? 💾Аз Одобу Ахлоқ Ҳуқуқи Зану Шавҳар, сухан мегуему, ва дар бораи сабру бурду бори ҳарф мезанем, пас куҷо аст чунин ахлоқҳои зебо дар ҳаётамон !? 〰Кани сабре ки солҳо дар борааш гуфтему нашр кардем!? 〰Куҷост он муъомилаи некамон, ки солҳо дар борааш навиштему пахш кардем!? 💾Вақте, чунин суханҳо гуфта мешавад, дар ҳол фикру хаёламон ба шахсе, ки дар муқобиламон аст меравад, ва худро фаромуш мекунем, ва ин бидуни шак аз бемори қалб ва заъфи имон мебошад, муъмин хоксору мутавозиъ мешавад, ва ҳамеша аӣбро дар худ мебинад, ва худро ноқис медонад, аммо мунофиқ худро беҳтар ва хуб мебинад, ва аӣбро ба дигарон нисбат медиҳад, агар дар худ аӣбе бошад онро кучак медонад, ва аммо агар аӣбе дар дигарон бошад онро бисёр бузург мепиндорад. Муъмин доиман дар хавфу тарс аст, ва аз Аллоҳ умед дорад, аммо мунофиқ ҳамеша худро дар амн медонад, ва аӣбҳоро ба худ нисбат намедиҳад, ва худро муқассир намешуморад. Аллоҳ таъоло ҳамагии моро аз чунин сифот нигоҳ бидорад. 💾Баъзан баъзе корҳо мекунем, аз боби имтиҳони нафар ва шинохти чеҳраи ҳақиқи у, ва дар мо бисёри чизҳо ошкор мегардад, ва чунон ошкор мегардад, ки валлоҳ диламон ба ҳоли чунин инсонҳо, ки дар чунин ҳолат гирифтор шудаанд месузад, ва агар бо чунин сифот бимиранд, хеле хатарнок аст ҳолашон дар рузи қиёмат, аммо вазифаи мову шумо чист барояшон дуъо мекунем Аллоҳ моро собит нигаҳ бидорад ва онҳе, ки дар чунин вазъ ҳастанд, Аллоҳ твъоло онҳоро ҳидоят кунад, ва қалбҳояшонро Аллоҳ таъоло шифо бидиҳад. ✅ Аммо як чизро набояд фаромӯш кард, ки ин маъно он надорад, ки агар инсон комил набошад, дигаронро ба некӣ насиҳат накунад. Балки ӯ бояд ҳамзамон худро низ ислоҳ кунад ва барои амал кардан кӯшиш намояд. ⚠️ Имрӯз мо дар бораи сабр менависем, вале дар аввалин озмоиш шикоят мекунем. ⚠️ Дар бораи бахшиш менависем, вале ранҷиши солҳои пешро дар дил нигоҳ медорем. ⚠️ Дар бораи ихлос менависем, вале мехоҳем дигарон амалҳои моро бубинанд. ⚠️ Дар бораи хушахлоқӣ менависем, вале бо наздиктарин одамони худ сахтгир ҳастем. ⚠️ Дар бораи тарки ғайбат менависем, вале баъд аз чанд дақиқа дар бораи дигарон сухан мегӯем. Пас, пеш аз он ки ба дигарон бигӯем: «Чӣ гуна зиндагӣ кардан лозим аст» аз худ бипурсем: «Оё ман худам чунин зиндагӣ мекунам?» ✅ Зеботарин насиҳат он нест, ки танҳо хуб навишта шудааст; балки он аст, ки дар ахлоқ ва зиндагии худи инсон дида мешавад. Камтар нависем, бештар амал кунем. ✅ Аз бештар вақтамонро барои дигаронро ислоҳ кардан, бисёртар вақтҳоямонро барои ислоҳи худ бигзорем. Зеро мардум шояд суханони моро фаромӯш кунанд, аммо амалҳои моро мебинанд ва онро фаромуш намекунанд ✅ Аввал худат амал кун, сипас бо амалат дигаронро даъват намо. Зеро даъвати бо амал бисёр таъсир диҳанда ва самаранок мебошад. 📒 Аллоҳ таъоло моро аз шармандагии дунё ва охират ҳифз намояд, ва ин паём ҳам як имтиҳон аст, барои мо , Аллоҳ моро ислоҳ кунанд, ва моро ончи, ки дар ҳаёт ба дигарон мегуем тавфиқи амал кунанда насиб гардонад. Толибул Илми Форсӣ 🪶 https://t.me/madrasai_ramazoni

  • Ҳар қадар бештар дар бораи Паёмбар ﷺ мехони, ҳамон андоза равшантар дарк мекуни: Бузурги дар он нест, ки мардум аз ту битарсанд… Балки бузурги дар он аст, ки кӯдак туро дӯст дорад, заиф дар паҳлуи ту худро орому амн эҳсос кунад, ва ҳатто душманонат ба ростгуи ва амонатдории ту шаҳодат диҳанд. اللهم صل وسلام على نبينا مُحَمَّد.

  • без подписи

  • КАСЕ, КИ БО ДИҚҚАТ БА ПАРЕШОНИИ МАРДУМ ДАР ЗАМОНИ МО НИГОҲ МЕКУНАД, ЯК ЧИЗРО ХУБ ПАЙ МЕБАРАД, КИ ОРОМИШИ ДИЛҲО КАМ ШУДААСТ. Сабаби ин дар он аст, ки дилҳо комилан ба сабабҳои модди вобаста шудаанд. Ҳақиқат ин аст, ки имон ба ягонагии Аллоҳи ﷻ дар офариниш ва идора намудани тамоми ҳасти бояд ба мо амният аз изтироб бахшад. Зеро вақте инсон яқин мекунад, ки тамоми калидҳои тадбиру идора дар дасти Аллоҳи ﷻ аст Аллоҳе, ки Қодиру Тавоност, дар дили ӯ оромише пайдо мешавад, ки бо ҳар тағйирот дар зиндагиаш намеларзад. Таваккули ҳақиқи маънои он надорад, ки инсон даст аз талош бикашад ва танҳо мунтазир бимонад. Балки таваккули ҳақиқи ин аст: «Аъзо ба ҳаракат бошанд, аммо дил ором бошад.» Яъне инсон тамоми сабабҳои дурустро ба ҷо меорад, талош мекунад, кор мекунад ва чора меандешад, аммо натиҷаро ба Аллоҳи ﷻ месупорад.

  • Ин тасвире аст ки нав пайдо шудааст, ки бо истифода аз зеҳни сунъи сохта шудааст, ва баъзе ҷоҳилон аз миёни мусалмонон инро зуд паҳн карданд. Дар ин тасвир гуё дида мешавад, ки гурӯҳе аз мардон дар ҳалқаи илми назди дари хонаи модарамон Аиша радияллоҳу анҳа нишастаанд ва модарамон ба онҳо дарси илмм меомӯзонад. ❗️Ин дурӯғи ошкор ва сохтакории воқеи аст. Сохтани саҳнаҳои хаёли ва нисбат додани чунин ҳолатҳо ба саҳобаҳо дари бузурге ба сӯи ҳалокат ва туҳмат ба онҳо мебошад. Он чизе ки дар бораи модарамон Аиша радияллоҳу анҳа бо роҳи саҳеҳ маълум аст, ин аст, ки агар марде мехост аз модарамон дар бораи масъалае вобаста ба Паёмбар ﷺ саволе бипурсанд, ба дар мекӯфт ва саволашро медод. Ӯ низ аз пушти дар ба саволи ӯ ҷавоб медод. Ва модарамон дар дохили масҷид қарор дошт. Ҳатто чунин ҳолатҳо низ кам иттифоқ меафтоданд. Ё ин ки он мардон аз хешовандони ӯ буданд, монанди Абдуллоҳ ибни Зубайр ва Урва ибни Зубайр, ки ҳадисҳоро бевосита аз ӯ мешуниданд ва онҳоро ривоят мекарданд. Зеро Модарамон Аиша радияллоҳу анҳа холаи онҳо буд, хоҳари модарашон Асма бинти Абубакр радияллоҳу анҳум. Ё занон он ҳадисҳоеро, ки дар дохили хонаҳои ҳамсарони Паёмбар ﷺ аз Аиша ва дигар ҳамсарони ӯ шунида буданд, ба шавҳарони худ мерасониданд. Ва ҳеҷ кадоме аз онҳо радияллоҳу анҳунна дар масҷид ё дар хонаҳои худ барои мардон ҳалқаҳои дарсии илми баргузор намекарданд. Онҳо илми худро тавассути фатво додан ва посух гуфтан ба саволҳои саҳоба дар масъалаҳое, ки ба Паёмбар ﷺ вобаста буд, паҳн мекарданд ва ин корро аз паси ҳиҷоб, бидуни он ки худро ба мардон нишон диҳанд, анҷом медоданд. ⭕️Аз ин ру, ин тасвири паҳншуда дурӯғи ошкор дар ҳаққи модарамон Аиша радияллоҳу анҳа мебошад. Касоне, ки фарқи байни воқеият ва чунин тасвирҳои сохтаро намефаҳманд, ақаллан бо паҳн кардану сохтани чунин тасвирҳо ҷошилии худро ба намоиш нагузоранд. Ва Аллоҳи ﷻ аст Он Зоте, ки аз Ӯ ёри металабем.

  • без подписи

  • без подписи

  • Ту аллакай барои касе панду ибрати фардо ҳасти.. Ба касоне, ки аз ин дунё рафтаанд, назар кун — онҳо фардои ту ҳастанд. Ва худи ту низ ба зуди ба қисме аз таърих табдил хоҳи ёфт. Номат танҳо барои муддате дар хотири мусофироне боқи мемонад, ки рӯзе мисли худи ту дар ин дунё зиндаги мекарданд. Имрӯз ту саргузашти гузаштагонро мехони ва аз он ҳайрат мекуни ки онҳо ки буданд ва чи молу мансабе доштанд. Аммо дер нахоҳад гузашт, ки дигарон низ саргузашти зиндагии туро хоҳанд хонд. Ҳар он чизе, ки имрӯз ҷамъ мекуни, дар ин дунё боқи мемонад. Вале он чи ҳамроҳи ту ба охират меравад, танҳо аъмоли туст. Пас худро на барои умри дароз, балки барои мулоқот кардан бо Аллоҳи ﷻ омода соз. Musaffera☀️

  • 🌹🌦

  • إِنَّمَا يَخْشَى اللَّهَ مِنْ عِبَادِهِ الْعُلَمَاءُ Яъне нишонаи илм дар қалб хашяти Аллоҳи ﷻ аст. Пас, агар маълумоти мо зиёд шавад, аммо қалбамон сахттар гардад, агар суханҳоямон бештар шаванд, аммо амалҳоямон камтар, агар баҳс карданро хуб омӯзем, вале нафсро тарбия накунем бояд аз худ бипурсем: Оё мо воқеан илм меомӯзем? Бидонед: ИЛМ ДАР ДИГАРГУНИИ ҚАЛБ ВА АМАЛҲО ЗОҲИР МЕШАВАД. Пас, аз худ бо ростқавлӣ бипурс эй дустам : Оё аз замоне ки ман ҳамаи ин маводҳоро мегирам ва истифода мекунам, Оё ахлоқ ва адаби ман беҳтар шудааст? Оё одамони гирду атрофам низ ҳаминро эҳсос мекунанд, ё танҳо ман чунин фикр мекунам? Аз аҳли хонадонат бипурс, ки ту дар хона чӣ гуна рафтор мекунӣ. Зеро маҳз дар масъалаи ахлоқ мо бештар ба худ фиреб мехӯрем. Баъзеҳо худро шахси ҳалим ва нармхӯ нишон медиҳанд назди бегонагон, дар ҳоле ки аҳли хонадон танҳо сахтгирӣ ва дуруштии ӯро мешиносанд. Пас эй рафиқ диққат дошта бош куҷо равон ҳасти ва чиқадар аз илми гирифтаат ба қалб ва рӯҳи ту таъсир кардааст.!!

  • без подписи

  • СУФИЁН ИБНИ ЪУЯӢНА رحمه الله МЕФАРМОЯД: " إِذَا كَانَ نَهَارِي نَهَارَ سَفِيهٍ وَ لَيْلِي لَيلَ جَاهِلٍ فَمَا أَصنَعُ بِالْعِلمِ الَّذِي كَتَبتُ " ‏ ❝ Замоне ки рузам мисли рӯзи як бехирад бошад ва шабам монанди шаби як ҷоҳил, пас чи фоида мекунад ба ман илме ки навиштам.....‏❞ 📘[ أخلاق العلماء من آجري رحمه الله ]

  • ✅Баровардани ҳоҷати мардум — яке аз ҷумлаи ибодатҳост! 📚Дар китоби «Сияр аълом ан-нубало»-и Имом аз-Заҳабӣ омадааст: Зубайд ал-Ямӣ дар шабҳои боронӣ аз назди хонаҳои пиразанони маҳаллааш мегузашт ва мегуфт: «Оё барои шумо аз бозор чизе лозим аст, то онро барои шумо анҷом диҳам?» 📖Расули Аллоҳ ﷺ фармуданд: «Ҳар кас як андӯҳи дунёвии мӯъминеро бартараф созад, Аллоҳи ﷻ яке аз андӯҳҳои рӯзи Қиёматро аз ӯ бартараф мекунад. Ҳар кас ба шахси тангдасте осонӣ диҳад, Аллоҳи ﷻ дар дунё ва охират барояш осонӣ меорад. Ҳар кас айби мусалмонеро пӯшонад, Аллоҳи ﷻ айбҳои ӯро дар дунё ва охират мепӯшонад. Ва Аллоҳи ﷻ то ҳамон вақт ба бандааш ёрӣ мерасонад, ки ӯ ба бародари худ ёрӣ мерасонад.» (Ривояти Муслим) Эй дустам! Ҳар кас зиндагии худро барои баровардани ҳоҷати мардум сарф кунад, Аллоҳи ﷻ ҳоҷатҳои ӯро бароварда месозад. Ва бидон, ки ҳоҷатҳои мардум, бо ту ё бе ту, рӯзе бароварда мешаванд. Аммо агар Аллоҳи субҳанаҳу ва таъала туро ихтиёр кард, то сабаби баровардани ҳоҷати бандагонаш боши, пас ин нишонаи раҳмати бузурги Аллоҳи ﷻ нисбат ба туст. Раҳмати Аллоҳ ﷻ ба ту аз некие, ки ту ба мардум мекуни, хеле бузургтар аст. Пас магу: «Фалонӣ танҳо вақте маро ёд мекунад, ки коре дошта бошад.» Балки бигӯ: «Алҳамдулиллаҳ Аллоҳи ﷻ маро василае барои баровардани ҳоҷати мардум қарор додааст.» الفارسيه|🌦️

  • Это Дуня Всего лишь миг🌕

  • 📌 Издивоҷ тавфиқ, раҳмат ва баракатест аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён. 🔔 Баъзе одамон ба Парвардигорашон наздиканд, аммо Аллоҳи ﷻ онҳоро бо издивоҷи носозгор имтиҳон мекунад. Ва баъзе дигар дар нофармонии Аллоҳи ﷻ ҳастанд, вале Аллоҳи ﷻ онҳоро бо ҳамсари муносиб имтиҳон мекунад. 📌 Ҳар ду гурӯҳ бо ин неъмат дар имтиҳонанд ва Аллоҳи ﷻ рӯзи Қиёмат аз онҳо дар бораи он хоҳад пурсид. 🔔Итоати Аллоҳи ﷻ, наздикӣ ба Ӯ, бисёр дуо кардан бо ихлос, ниёзмандӣ ва фурӯтанӣ дар назди Парвардигори ҷаҳониён, сабаб мешавад, ки эҳтимоли насиб гардидани издивоҷи дурусту муносиб бештар гардад. 🔔 Издивоҷ василаест барои ба даст овардани ризоияти Парвардигор ва ҳифзи покдомании қалб ва ҷисм. Аммо тасаввуроти нодуруст, интизориҳои аз ҳад зиёд ва орзуҳои хаёлии баргирифта аз филмҳо ва сериалҳо онро вайрон мекунанд. ✉️ Издивоҷ танҳо як василаест аз василаҳои зиндагии дунё, ва ҳар василаи дунё нокомил аст. ❗️ Ҳар кас камоли мутлақро биҷӯяд, онро ҷуз дар ҷаннат нахоҳад ёфт. Ва ҳар кас онро дар дунё талаб кунад, худро гирифтори фитна кардааст. 🔔Чӣ қадар осон аст, ки инсон ба чизе, ки ба ӯ дастнорас аст, дил бандад. Ӯ солҳо худро бо орзуву хаёл азият медиҳад, то он даме ки рӯҳаш заиф, қалбаш бемор ва шикаста мегардад. Сипас аз зиндагӣ ноумед мешавад ва дар ҳамин ҳол мемонад, магар он ки раҳмати Парвардигораш ӯро фаро гирад. 🔔Бисёре аз ҷавонон ба насиҳат гӯш намедиҳанд ва онро намепазиранд, то он даме ки дер мешавад. Мутаассифона, ин интихоби худи онҳост. ⭕️ Бисёре аз мусулмонон мехоҳанд чизеро ба даст оранд, дар ҳоле ки худ барои он чизе пешниҳод намекунанд. Аз дигарон ахлоқ ва сифатҳои зебо талаб мекунанд, вале худ ҳатто чоряки он сифатҳоро надоранд. Аз Аллоҳ ҳидоят металабем. ❗️Дар ҳар тасаввуроти каҷ ва дар ҳар муносибати носолими инсонӣ, аввал ба нияти худ нигоҳ кунед; айб аксаран аз он ҷо оғоз мешавад. 🔔 Агар нияти ҳақиқии писарону духтарон бунёди як хонадони исломи мебуд, онҳо ин қадар ба манфиатҳои дунё ва ризоияти мардум дил намебастанд. 🟠Аммо барои бисёре аз онҳо «бунёди хонадони исломи» танҳо дар китобҳо ё дар дарсҳои устодон вуҷуд дорад, на дар амал. 📌 Издивоҷ тавфиқест аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён. Пас аз Аллоҳ бихоҳед, ки ба шумо ҳамсари солеҳ насиб гардонад ва зиндагии шуморо бо раҳмату баракат пур созад.

  • без подписи

  • 📖Чӣ қадар ин суханон дар бораи Қуръон зебоанд! 📖 Қуръон ҳамнишини туст дар танҳоӣ, тасаллибахши дилат дар ғаму андӯҳ, дӯсти вафодорат дар ғарибӣ, нури шабҳои туст, саодати қалбат ва василаи наҷоти ту дар роҳи расидан ба Парвардигорат мебошад. 🤩Ҳарф ба ҳарф хондани Қуръон барои ту дар ин дунё нур аст ва дар осмонҳо ганҷест, ки назди Аллоҳи ﷻ барои ту захира мегардад. Пас Қуръонро аз худ ҷудо макун. Бо он зиндагӣ кун, бо он оромӣ ёб ва онро ҳамнишини ҳамешагии дили худ қарор деҳ. 🧕 Бо Қуръон ҳеҷ дил танҳо намемонад.