ТАРБИЯИ ЗАНОН
СтатистикаДар #саҳифаи_мазкур омӯзиши дини мубини Ислом барои хоҳарон , модарон ва тамоми занони мусулмон ба таври содда ва мувофиқ ба мазҳаби Ҳанафӣ Имоми #Аъзам_Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит раҳматуллоҳи алайҳи нашр карда мешавад ин ша Аллоҳ
- Последний пост
- 14 авг.
- Последнее чтение
- 12 авг.
- Постов за неделю
- 3
- Всего постов
- 26
- Тип
- открытый
- Язык
- tg
- В каталоге с
- 12 авг.
- 1/24сутки в ленте
- 42
- 1/48двое суток
- 48
- 1/72трое суток
- 51
Оценка по просмотрам недавних постов: пост набирает почти всё за первые сутки.
Посты
без подписи
без подписи
без подписи
Он мансабдороне, ки ба духтарони мардум дастдарози карда беобрӯ карданд, худашон ба шахсони қавми Лут мубаддал гаштанд.
без подписи
Аᥴᥴᥲ᧘᧐ⲙу ᥲ᧘ᥲᥔκуⲙ ʙᥲ ρᥲҳⲙᥲᴛу᧘᧘᧐ҳᥙ ʙᥲ δᥲρᥲκᥲᴛуҳу δᥲρ᧐дᥲρ᧐ну ᥊᧐ҳᥲρ᧐нᥙ ᥙⲙ᧐нᥙяⲙ Тᥲⲙ᧐ⲙᥙ нᥲⲙудҳ᧐ᥙ κᥙᴛ᧐δҳ᧐ᥙ ᥲҳ᧘ᥙ ᥴуннᥲᴛ ᥰᥲρᴛ᧐ɸᴛᥲ ⲙᥱɯᥲʙᥲд!Дᥲᥴᴛᴦᥙρᥙᥙ ɯуⲙ᧐ ᥴᥲδᥲδᥙ ᥙᥴ᧘᧐ҳᥙ ҷ᧐ⲙᥱᥲ ⲙᥱɯᥲʙᥲд ʙᥲ дᥲρ нᥲɯρᥙ ҳᥲқ ᥴᥲҳⲙᴦуᤋ᧐ρ δ᧐ɯᥱд ᴛ᧐ дᥲρ ᥲҷρ ɯᥲρᥙκ δ᧐ɯᥱд!!! @kitobxona_taj https://t.me/kitobxona_taj
🌟 سُبْحَانَ اللهِ وَ بِحَمْدِهِ سُبْحَانَ اللهِ الْعَظِيم [ Субҳанналлоҳи ва биҳамдиҳи Субҳаналлоҳил Ъазийм ]
🌟 سُبْحَانَ اللهِ وَ بِحَمْدِهِ سُبْحَانَ اللهِ الْعَظِيم [ Субҳанналлоҳи ва биҳамдиҳи Субҳаналлоҳил Ъазийм ]
🌱☕️🔡🔡 Аллоҳро ёд кун, ки зикри Аллоҳ шифо аст. Ва аз зикри мардум бипарҳез,ки он беморӣ аст.
Барои инсон дар ин дунё бузургтарин пирӯзӣ — собит мондан бар дини Аллоҳ аст. Ба Аллоҳ қасам, ки ин бузургтарин муваффақият мебошад. Ба Аллоҳ қасам, ки ҳамаи неъматҳои ин дунё дар назди неъмати тақво ва неъмати собитқадамӣ дар дин ночиз ва камарзиш менамоянд. Паёмбар ﷺ фармуданд: «إِنَّ اللَّهَ يُعْطِي الدُّنْيَا مَنْ يُحِبُّ وَمَنْ لَا يُحِبُّ، وَلَا يُعْطِي الْإِيمَانَ إِلَّا مَنْ أَحَبَّ» «Ҳамоно Аллоҳ молу дунёро ба касе, ки дӯсташ медорад ва ба касе, ки дӯсташ намедорад, медиҳад. Аммо имонро ба ҷуз бандае, ки дӯсташ медорад, ба каси дигар намедиҳад». Ривояти Имом Аҳмад, Табаронӣ ва Ҳоким. Ҳоким гуфтааст: «Исноди он саҳеҳ аст».
НАВОРЕ ДАР САҲИФАҲОИ ИҶТИМОИ РАДУ БАДАЛ МЕШАВАД, КИ ГУЁ ТОЛИБОН ЗАНИ ҲИҶОБДОРЕРО ТИР ХОЛИ МЕКУНАНД БАЪДАН МАЪЛУМ ГАРДИД, КИ НАВОР АЗ ҲУШИ МАСНУЪӢ (ИИ) ОМОДА ШУДА АЛАЙҲИ МУСАЛМОНҲО ЧУНИН ТУҲМАТҲОРО МЕБОФАНД, ЛАЪНАТИ АЛЛОҲ БАР КОФИРИН, ТУҲМАТ БАДТАР АЗ ҚАТЛ АСТ.
📣 💛 1 одате, ки ҳаёти шуморо иваз мекунад Танҳо чанд дақиқа дар рӯз — натиҷааш ҳазор баробар 🤍 ━━━━━━━━━━━━━━ Одат: Ҳар рӯз 100 маротиба гӯед: أَسْتَغْفِرُ اللهَ وَأَتُوبُ إِلَيْه Астагфируллаха ва атубу илайҳ «Аз Аллоҳ омурзиш металабам ва ба сӯи Ӯ тавба мекунам.» ━━━━━━━━━━━━━━ ⏰ Вақт муҳим нест — муҳим ҳар рӯз кардан аст: 📿 Баъди ягон намоз 🚗 Дар роҳ ё кор 🛏 Пеш аз хоб ━━━━━━━━━━━━━━ 💡 Маслиҳат: ⭐️ Дар телефон ёддошт (заметка) кунед — то фаромӯш накунед 📌 Тасбеҳ истифода баред — ҳисоб кардан осонтар мешавад ━━━━━━━━━━━━━━ ✅ Натиҷа: ✅ Гуноҳҳо бахшида мешаванд ✅Дил ором мегардад ✅Ризқ зиёд мешавад ✅Мушкилот ҳал мешавад ✅Аллоҳ дӯст медорад ━━━━━━━━━━━━━━ 🌙 Паёмбар ﷺ фармуданд: «Гоҳе дилам пӯшида мешавад, ва ман дар як рӯз 100 маротиба аз Аллоҳ омурзиш мехоҳам» 💬(Сахеҳи Муслим)
🎙 ТИЛОВАТИ ЗЕБОИ СУРАИ КАҲФ. 📩#ФИРИСТОДАН_БА_ДИГАРОН_САДАҚАИ_ҶОРИЯ_ИН_ША_АЛЛОҲ 🎓 ТАРБИЯИ🌷ЗАНОН📝 @Tarbiyai_Zanon
без подписи
❗️ БА МАҲБУБИ ДИЛҲО ❤️ МУҲАММАД ﷺ ДУРУД БИФИРИСТ ! ❤️ПАЁМБАР ﷺ ФАРМУДАНД: 📃 “Ба таҳқиқ аз афзалтарини рӯзҳои шумо ин рӯзи Ҷумъа аст, пас барои ман салавоти бисёр фиристед, пас ба таҳқиқ салавотҳои шумо ба ман нишон дода мешавад [расонда мешавад]”. 📚 “САҲИҲ АБУ ДАВУД” ҳ-т-р 1531 🌴الَّلهُمَ صَلِّ ۈسَلّمْ علَےَ ِٰنبيّنَآمُحَـَّـــــــــمَّدٍ ٰوَعلَےَ آلِهِ وَصَحْبّــــِهِ أَجْمَـعْیـن»💚 📩#ФИРИСТОДАН_БА_ДИГАРОН_САДАҚАИ_ҶОРИЯ_ИН_ША_АЛЛОҲ 🎓 ТАРБИЯИ🌷ЗАНОН📝 @Tarbiyai_Zanon
🎬 СУРАИ ҶУМЪА ОЯТҲОИ 9 - 10 БО ЗЕРНАВИШТИ ТОҶИКӢ. 📩#ФИРИСТОДАН_БА_ДИГАРОН_САДАҚАИ_ҶОРИЯ_АСТ_ИН_ША_АЛЛОҲ 🎓 ТАРБИЯИ🌷ЗАНОН📝 @Tarbiyai_Zanon
Касоне, ки ба ғаму андуҳ гирифтор гашта, нотавону танбал шуда, аз ноқисии ризқ тарсида роҳи бахилиро ихтиёр мекунад ва қарздор ҳастанду аз зулми мардум хаста шудаанд, пас ин дуои Паёмбари Аллоҳ солаллоҳу алайҳи васалламро такрор карда гардад, бо изни Аллоҳ аз ин муаммоҳо раҳо мешавад. اللَّهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ مِنَ الْهَمِّ وَالْحَزَنِ، وَأَعُوذُ بِكَ مِنَ الْعَجْزِ وَالْكَسَلِ، وَأَعُوذُ بِكَ مِنَ الْجُبْنِ وَالْبُخْلِ، وَأَعُوذُ بِكَ مِنْ غَلَبَةِ الدَّيْنِ وَقَهْرِ الرِّجَالِ «Аллоҳумма иннӣ аъузу бика минал-ҳамми вал-ҳазан, ва аъузу бика минал-ъаҷзи вал-касал, ва аъузу бика минал-ҷубни вал-бухл, ва аъузу бика мин ғалабатид-дайни ва қаҳрир-риҷол.» «Эй Аллоҳ, ман ба Ту паноҳ мебарам аз ғаму андуҳ, аз нотавонӣ ва танбалӣ, аз тарсу бухл ва аз гаронии қарз ва зулми мардум.»
Аксари гуноҳкорон чунин мегуянд: – Гуноҳ мекунам, пас тавба мекунам. Боз гуноҳ мекунам, боз тавба мекунам. Оё ман мунофиқам? – Не, ту мунофиқ нести, балки "аввоб" ҳастӣ – яъне касе, ки зуд пушаймон шуда, ба сӯи Аллоҳ бармегардад уро "аввоб" мегуяд! Дар Қуръони Карим калимаи "аввоб" (бисёр тавбакунанда) чандин бор ситоиш (таъриф) шудааст. Аллоҳ Таъоло Довуд алайҳиссаломро низ "аввоб" номидааст. Баъзан инсон ба сабаби заифии худ ва пайравии нафсаш ба гуноҳ меафтад. Аммо бояд ноумед нашавем – балки боз ба сӯи Аллоҳ баргардем ва тавба кунем. Агар чунин кунем, пас мо низ аз "аввобон" мешавем, Ин шаа Аллоҳ. Аз Ҳасан Басрӣ (раҳимаҳуллоҳ) пурсиданд: – Касе аз мо аз Парвардигораш узр мепурсад (истиғфор мекунад), вале баъд боз гуноҳ мекунад. Сипас боз истиғфор мекунад, ва боз гуноҳ мекунад... Оё аз Парвардигораш шарм намекунад? Ҳасан Басрӣ ҷавоб дод: – Шайтон маҳз бо ҳамин роҳ (ки шумо ноумед шавед), бар шумо пирӯз шудан мехоҳад. Аз истиғфор кардан хаста нашавед! Дар як қавли дигар Ҳасан Басрӣ гуфтааст: – Ин рафтор аз ахлоқи мӯъминон аст! Гуноҳ кардан — хато аст, вале аз Раҳмати Аллоҳ ноумед шудан хатои калонтар аст. Тавбаи пайдарпай нишонаи қалби зинда ва имони ҳақиқист.
Он чизе ки дар навор мегӯяд саҳеҳ аст лекин ман як чизи аз инда зарурат ва муҳимтар мегӯям шавҳардорон ба диққат бихонед: Медонед сабаби каҷала ё мусаттаҳ (плоски) шудани паси сари мардуми осиёи миёна дар чист? Барои инки як чанд одатҳои қадимаи хатоеро тақлид мекунанд! Масалан: 1-Вақте кӯдакро шир медиҳанд дар гавҳора шир медиҳанд. Ин хато аст. Тариқи саҳеҳ аз гавҳора бароварда дар даст гирифта шир бидеҳ!. Зеро муддати дар гавҳора мондан зиёд нашавад магар вақти хоб. 2-Вақте тифл бедор мешавад дар гавҳора боқи мегузранд. Тариқи саҳеҳ вақте тифл бедор шуд хобашро гирифт зуд аз гавҳора барор!. Зеро муддати дар гавҳора мондан зиёд нашавад магар вақти хоб. 3- Гавҳораро сахт меҷумбонанд. Сахт ҷумбондан хато аст сари кӯдак мулоим паси сараш паҳн (плоски) мешавад. 4-Кудак соатҳои дароз дар гавҳора баста аст!. Кӯдакро дар гавҳора бисёр нигоҳ надоред зуд бароед фақат дар хоб дар ғайри хоб нагузоред!. ❗️Танбеҳ: кӯдакро даст пуш пӯшонед (барои рӯяшро нахарошад) сипас гузоред гардад лекин зери назорат, ҳаракати кӯдак фойда дорад аз бастан гузаштан!. ❗️Камтар бо маърифат бо савод шавед ояндаи кӯдакро фикр кунед бо урфу одати момаҳотон як умр амал накунед бинед чиқадар адади пакарҳо дар байни мардуми оиёи миёна зиёд сабабаш бисёр гаҳвораро сахт ҷумбондан ва дасту поша баста муддати хеле тӯлонӣ зиндон кардан!. Аҳамият додам ҷавонони тоҷик як пирческаро дӯст медоранд дар парикмахер мераванд ҳамаҷоро мегиранд магар паси сар) Паси сарро мегузоранд сабабаш ҳамӯ макони гавҳора пачақ кардагиро мӯйҳо пур кунад ва затылок шавад гуфта). Барои ҳамин зебоги тифлам зарур аст агар рафту пакару девона нашуд. ✍🏻 Абӯ Сайфуллоҳ алҲиҷази. https://t.me/muvahhidalhijazi.
Порчаҳо аз суханронии раҳбари Иморати Исломии Афғонистон. Амири Иморати Исломии Афғонистон Ҳибатуллоҳ Охунзода дар мулоқот бо масъулони Вазорати молия чунин таъкид кард: «Масъулияти асосии мо — татбиқи шариати Худованди Таъоло мебошад. Омӯхтани аҳкоми шаръии ҳар вазифае, ки ба шумо вогузор шудааст, бар шумо фарз аст. Вазифаи аҳли ҳокимият дар Қуръон чунин баён шудааст: “Онҳо касоне ҳастанд, ки агар Мо ба онҳо дар рӯи замин қудрат диҳем, намозро барпо медоранд, закот медиҳанд, ба некӣ фармон медиҳанд ва аз бадӣ бозмедоранд.” (Сураи Ҳаҷ, ояти 41). Барои муҷоҳидон муҳимтарин мақсад — барпо доштани намоз ва ҷорӣ намудани аҳкоми шаръӣ мебошад.» 📌 Ӯ ҳамчунин гуфт: — Аввал дар худ ва баъд дар ҷомеа шариатро татбиқ кунед — Нахуст худро аз ҷиҳати динӣ тарбия намоед, сипас мардумро омӯзонед ва огоҳии онҳоро баланд бардоред — Дар ҳар мақоме, ки бошед, ба тақво аҳамияти зиёд диҳед. 📌 Дар бораи масъалаҳои молиявӣ: — Маблағҳое, ки дар гумрук ҷамъ мешаванд, моли мардум, яъне Байтулмол мебошанд — Ин маблағҳоро бо эҳтиёт сарф кунед — Ба он мисли моли ятим муносибат намоед — Манфиати ҷамъиятро аз манфиати шахсӣ болотар гузоред. 📌 Муроҷиат ба хизматчиёни давлатӣ: — Худро хизматгори мардум донед — Ба бепарвоӣ роҳ надиҳед — Зараре, ки аз бепарвоӣ ба вуҷуд меояд, узр ҳисоб намешавад — Шумо барои зердастонатон низ ҷавобгар ҳастед — Ба амонат хиёнат накунед — агар амонат аз байн равад, имон ҳам меравад. 📌 Тавсияҳои ахлоқӣ ва иҷтимоӣ: — Сахтгир набошед, балки осонӣ нишон диҳед — Мардумро аз раҳмати Худо ноумед насозед — Мардумро нафратзада накунед, онҳоро ба намози ҷамоат одат диҳед — Худатон ҳам бо ҷамоат намоз хонед — Бо уламо ҳамроҳ бошед — Дарҳоро барои ниёзмандон боз нигоҳ доред — Ба мардум наздик бошед. 📌 Масъалаҳои ташкилӣ: — Ба шахсони нолоиқ вазифа надиҳед — Кормандонро нисбат ба вазифаҳояшон масъул донед — Корҳои мардумро осон гардонед. Дар поён таъкид шуд, ки ҳамаи уламо ва масъулон ваъда додаанд, ки барои татбиқи пурраи низоми шариат тамоми кӯшиши худро ба харҷ медиҳанд.