Ал_ Истиқомат
СтатистикаИн маҷмуъа ифтитоҳ карда шуд барои нашри дарсҳои шаръӣ то ин ки ҷавонон, аз масоили динияшон огоҳӣ ҳосил намоянд.
- Последний пост
- 13 авг.
- Последнее чтение
- 13 авг.
- Постов за неделю
- 2
- Всего постов
- 21
- Тип
- открытый
- Язык
- tg
- В каталоге с
- 13 авг.
- 1/24сутки в ленте
- 61
- 1/48двое суток
- 69
- 1/72трое суток
- 75
Оценка по просмотрам недавних постов: пост набирает почти всё за первые сутки.
Посты
без подписи
Аҳамияти намози таҳаҷҷуд барои толибул Илм https://t.me/madrasai_ramazoni
🪶🪶🪶🪶 СУХАНОНИ ЗЕБО, НАВИШТАҶОТҲОИ ҶАЗЗОБ, АММО АМАЛ ВА ҲАЁТИ ҲАҚИҚИ ЧИЗИ ДИГАР АСТ !! 💾Имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоъӣ мутаассифона навиштани насиҳатҳо ба як одат табдил ёфтааст. Дар бораи сабр, ихлос, тақво, хушахлоқӣ, бахшиш ва ибодат матнҳои бисёр менависем. Аммо саволи муҳим ин аст, ки Оё мо ба он чизе, ки менависем, дар ҳаёти воқеии худ амал мекунем? Оё гуфтаи Аллоҳ таъолоро боре дар мавриди касоне, ки чунин хислат доранд андеша кардаем!? Аллоҳ таъоло мефармояд: ﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لِمَ تَقُولُونَ مَا لَا تَفْعَلُونَ كَبُرَ مَقْتًا عِندَ اللَّهِ أَن تَقُولُوا مَا لَا تَفْعَلُونَ﴾ (Сураи ас-Сафф, 2–3) «Эй касоне, ки имон овардаед! Чаро чизеро мегӯед, ки худ анҷом намедиҳед? Назди Аллоҳ бисёр зишт аст, ки чизеро бигӯед, ки худ анҷом намедиҳед.» Ва боз мефармояд: ﴿أَتَأْمُرُونَ النَّاسَ بِالْبِرِّ وَتَنسَوْنَ أَنفُسَكُمْ وَأَنتُمْ تَتْلُونَ الْكِتَابَ ۚ أَفَلَا تَعْقِلُونَ﴾ (Сураи ал-Бақара, 44) «Оё мардумро ба некӣ амр мекунед ва худатонро фаромӯш мекунед, дар ҳоле ки Китобро мехонед? Оё ақл намекунед?» Расули Аллоҳ ﷺ низ фармудаанд: «يُؤْتَى بِالرَّجُلِ يَوْمَ الْقِيَامَةِ فَيُلْقَى فِي النَّارِ، فَتَنْدَلِقُ أَقْتَابُ بَطْنِهِ...» Ин ҳадис инсонро аз он метарсонад, ки дигаронро ба некӣ амр кунад, вале худ ба он амал накунад. 💾Дар ҳақиқат ин ду оят ва ин ҳадис бисёр ҳушдор диҳанда аст, барои ҳар яке аз ману шумо хусусан онҳое, ки дар шабакаҳо ба нашри даъватҳо машғуланд, оё медонед, ки вақти шумо ба он нашр кардаҳои худ дар ҳаёт, вақта онро амали намекунед, ин амалатон пеши Аллоҳ бисёр зишт ва бад аст !? ❗️ Оё инро дарк кардаед, ки ҳарчи нашр мекунед, ба он аввалин нафар худатон имтиҳон мешавед!? ✅Пас бисёр зишт ва бадаст, ки суханрониҳо нашароти зебо ва дилчасп, ва постҳои хеле хуб ва таъсирнок бигузореду аммо худ дар ҳаёт каси дигар бошед. 💾Аллоҳ ҳамагии моро аз ду чеҳра доштан ҳифз намояд, эӣ бародар ва хоҳарам, ба Аллоҳ қасам ин ду оят бояд қалбҳои моро такон диҳад, ки мо имруз ба нашри аҳодис машғулем аммо чи қадар дар ҳаётамон ин аҳодисҳо нақш доранд !! ⚠️ дар ин шабакаҳо мардумро ҷамъ кардаем ва ин масъулияти бузургро ба уҳда гирифтаем, оё медонем, ки пеши Аллоҳ сахт масъулем!? Ва аз ин корамон сахт пурсида хоҳем шуд!? Оё инро боре фикр кардаем!? 💾Шабакаҳоро ҷои барои интиқом гирифтан, ва ба касе дилатро холи кардан истифода мебарем!? Ё сирфан ин шабакаҳо ба хотири нашри китоби Аллоҳ ва Аҳодиси Расулалаллоҳ салаллоҳу алайҳи ва саллам мебошанд!? 💾Аз Одобу Ахлоқ Ҳуқуқи Зану Шавҳар, сухан мегуему, ва дар бораи сабру бурду бори ҳарф мезанем, пас куҷо аст чунин ахлоқҳои зебо дар ҳаётамон !? 〰Кани сабре ки солҳо дар борааш гуфтему нашр кардем!? 〰Куҷост он муъомилаи некамон, ки солҳо дар борааш навиштему пахш кардем!? 💾Вақте, чунин суханҳо гуфта мешавад, дар ҳол фикру хаёламон ба шахсе, ки дар муқобиламон аст меравад, ва худро фаромуш мекунем, ва ин бидуни шак аз бемори қалб ва заъфи имон мебошад, муъмин хоксору мутавозиъ мешавад, ва ҳамеша аӣбро дар худ мебинад, ва худро ноқис медонад, аммо мунофиқ худро беҳтар ва хуб мебинад, ва аӣбро ба дигарон нисбат медиҳад, агар дар худ аӣбе бошад онро кучак медонад, ва аммо агар аӣбе дар дигарон бошад онро бисёр бузург мепиндорад. Муъмин доиман дар хавфу тарс аст, ва аз Аллоҳ умед дорад, аммо мунофиқ ҳамеша худро дар амн медонад, ва аӣбҳоро ба худ нисбат намедиҳад, ва худро муқассир намешуморад. Аллоҳ таъоло ҳамагии моро аз чунин сифот нигоҳ бидорад. 💾Баъзан баъзе корҳо мекунем, аз боби имтиҳони нафар ва шинохти чеҳраи ҳақиқи у, ва дар мо бисёри чизҳо ошкор мегардад, ва чунон ошкор мегардад, ки валлоҳ диламон ба ҳоли чунин инсонҳо, ки дар чунин ҳолат гирифтор шудаанд месузад, ва агар бо чунин сифот бимиранд, хеле хатарнок аст ҳолашон дар рузи қиёмат, аммо вазифаи мову шумо чист барояшон дуъо мекунем Аллоҳ моро собит нигаҳ бидорад ва онҳе, ки дар чунин вазъ ҳастанд, Аллоҳ твъоло онҳоро ҳидоят кунад, ва қалбҳояшонро Аллоҳ таъоло шифо бидиҳад. ✅ Аммо як чизро набояд фаромӯш кард, ки ин маъно он надорад, ки агар инсон комил набошад, дигаронро ба некӣ насиҳат накунад. Балки ӯ бояд ҳамзамон худро низ ислоҳ кунад ва барои амал кардан кӯшиш намояд. ⚠️ Имрӯз мо дар бораи сабр менависем, вале дар аввалин озмоиш шикоят мекунем. ⚠️ Дар бораи бахшиш менависем, вале ранҷиши солҳои пешро дар дил нигоҳ медорем. ⚠️ Дар бораи ихлос менависем, вале мехоҳем дигарон амалҳои моро бубинанд. ⚠️ Дар бораи хушахлоқӣ менависем, вале бо наздиктарин одамони худ сахтгир ҳастем. ⚠️ Дар бораи тарки ғайбат менависем, вале баъд аз чанд дақиқа дар бораи дигарон сухан мегӯем. Пас, пеш аз он ки ба дигарон бигӯем: «Чӣ гуна зиндагӣ кардан лозим аст» аз худ бипурсем: «Оё ман худам чунин зиндагӣ мекунам?» ✅ Зеботарин насиҳат он нест, ки танҳо хуб навишта шудааст; балки он аст, ки дар ахлоқ ва зиндагии худи инсон дида мешавад. Камтар нависем, бештар амал кунем. ✅ Аз бештар вақтамонро барои дигаронро ислоҳ кардан, бисёртар вақтҳоямонро барои ислоҳи худ бигзорем. Зеро мардум шояд суханони моро фаромӯш кунанд, аммо амалҳои моро мебинанд ва онро фаромуш намекунанд ✅ Аввал худат амал кун, сипас бо амалат дигаронро даъват намо. Зеро даъвати бо амал бисёр таъсир диҳанда ва самаранок мебошад. 📒 Аллоҳ таъоло моро аз шармандагии дунё ва охират ҳифз намояд, ва ин паём ҳам як имтиҳон аст, барои мо , Аллоҳ моро ислоҳ кунанд, ва моро ончи, ки дар ҳаёт ба дигарон мегуем тавфиқи амал кунанда насиб гардонад. Толибул Илми Форсӣ 🪶 https://t.me/madrasai_ramazoni
ℹ️ℹ️ℹ️ Ту гумон мекунӣ, ки ба сабаби гуноҳат ҷазо намебинӣ?! 🟢Ва ҳол он ки аз намози шаб маҳрум шудаӣ, бо вуҷуди он ки шабҳо бедор мемонӣ! 🟢Аз қироати Қуръон маҳрум шудаӣ, бо вуҷуди он ки вақти холӣ дорӣ! 🟢Аз зикри Аллоҳ маҳрум шудаӣ, бо вуҷуди он ки забонат озод аст! 🟢Аз дуо кардан маҳрум шудаӣ; онро фаромӯш кардаӣ ва нафсат дуоро бар худ гарон мешуморад! 🟢Аз хушӯъ дар намоз маҳрум шудаӣ! 🟢Аз гиря кардан бар гуноҳонат дар танҳоӣ маҳрум шудаӣ! 🟢Эй бечораи маҳрум! Ҳатто аз осонтарин ибодатҳо маҳрум шудаӣ ва боз гумон мекунӣ, ки ҷазо дода нашудаӣ?! 📌 Оё ҳанӯз вақти он нарасидааст, ки дилат дуруст гардад?! 📗Пас, чунон ки амр шудаӣ, устувор бош! https://t.me/Al_Istiqomat
Усули 9-ми «ТАЪЗИМУЛ ИЛМ» — САБР КАРДАН ДАР ТАЛАБИ ИЛМ ✅ МАВЗУЪОТ: 1. Илм танҳо бо сабр ба даст меояд. 2. Аллоҳ таъоло мӯъминонро ба сабр, устуворӣ ва ҳамнишинӣ бо аҳли хайр фармудааст. 3. «Илм бо роҳати ҷисм ба даст намеояд.» 4. Сабр инсонро аз ҷаҳолат ба илм мерасонад. 5. Сабр ду навъ аст: дар омӯхтани илм, ва дар омӯзондану расонидани илм. 🎙 Толибул Илм Форсӣ 🌐 Телограм 🌐 Ютуб 🌐 КИТОБ 📣Дар нашри илм ва кори хайр саҳми худро гузоред. Шояд ба тавассути шумо як нафар ҳам, ки бошад ҳидоят мегардад. Аввалин касе, ки аҷр ва савобро ба даст меоварад барои шумо мебошад. بارك الله فيكم.

https://youtu.be/a3DamuHXaS8
«Мо аз зиндагии дунявӣ ҷуз ғам, хастагӣ ва ё озмоишҳои нав умеде надорем. «Китобуз-Зуҳд», саҳ. 3 https://t.me/Al_Istiqomat
Фавоиди мутолиаи китобҳо! Манбаи илм ва тафаккур : Бо воситаи Китобҳо мо аз Донишмандон Илм мегирем .Муҳаббат нисбат ба илм зиёд мешавад .Мутолиаи китобҳо ҷаҳонбиниамонро васеъ мекунад.Қобилияти таҳлил ва фаҳмишро зиёд мекунад.Ҳақиқат ва Ботил ва Саҳеҳ ва нодурустро фарқ карданро меомӯзонад. Фикро равшан мекунад: Шахсе ки зиёд мутолиа мекунад , фикраш тез ва равшан , забонаш равон , мулоҳизааш дақиқ мешавад, зеро китобҳо сарватҳои луғатҳо ва баёнро зиёд мекунанд , маҳорати ифода карданро тақвият мебахшад, фикр кардани амиқро ташаккул медиҳанд.Бо далелу ҳуҷҷат сухан гуфтанро меомӯзонад, фаҳми динро зиёд мекунад , воқеъ шудан ба ҳар гуна фикрҳои ботилро аз байн мебарад , шакку шубҳаро аз ту кам мекунад , ҳадафи ҳаётро бароят хотиррасон мекунад . Қалбро тарбия мекунанд : Хусусан китобҳои динӣ, ҳисси сабр , шукр ва дарс гирифтанро бедор мекунанд, қалбро мулоим мекунад , ҳолати руҳиро мустаҳкам месозад. Таҷрибаи ҳаётро зиёд мегардонад: Ҳар як китоб ҷаҳон аст. Одам ба ҷойҳое меравад , ки ҳеҷ гоҳ нарафтааст, ҳаёти дигаронро мегузаронад ва аз хатогиҳо дарс мегирад , табиати инсонро амиқтар мефаҳмад ва дар қабули қарорҳо роҳҳои оқилонаро пеш мегирад. Барои вақтро самаранок гузаронидан восита мешавад : Китоб ҳамсӯҳбати муфид ва устодест, ки ҳамеша бо шумост, мутолиаи китобҳо : Вақтро беҳуда сарф карданро пешгирӣ мекунад, рӯҳро ором мекунад , танҳоиро ба дӯст табдил медиҳад . Ба омӯзиши амиқи илмҳои динӣ ва дунявӣ роҳ мекушояд : Бо китобҳои динӣ : Оятҳои Қуръонро амиқтар мефаҳмем аз ҳаёти Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ибрат мегирем ва манбаи асосиро барои наздик шудан ба Аллоҳи Азза ва Ҷалл пайдо мекунем. Зарарҳои тарки мутолиаи китобҳо! 1. Зиёд гаштани ҷаҳлу нодонӣ. 2. Кундии ақл. 3. Ақибмондагии фикрӣ. 4. Заъф дар луғат ва баён. 5. Дурӣ аз кофтуков ва таҳқиқ кардан. 6. Набудани ҷиддият дар шахсият. 7. Заъф дар қарору тасмим. гирифтан. 8. Камбудӣ дар ҳуҷҷат ва далел овардан. 9. Заъфи хотира. 10. Суҳбатҳои бемаъно. 11. Нуқсон дар қудрати тафаккур ва фаҳм. 12. Заъфи рӯҳӣ. 13. Фаҳми динии андак. 14. Ҷаҳл аз суннат ва сира. 15. Пастравии фикрронӣ. 16. Изтироб дар отифа. 17. Тасаллути фикрҳои салбиву манфӣ ба инсон. 18. Воқеъ шудан дар фикрҳои ботил. 19. Ба фиребҳои дунявӣ фурӯ рафтан. 20. Фаромӯш кардани ҳадафи ҳаёт. 21. Зоеъ сохтани вақт. 22. Танбалӣ ва бекорӣ. 23. Ташвиш дар танҳоӣ. 24. Суханҳои тиҳӣ аз маъно. 25. Мавти хаёлҳо. 26. Сахтии қалб. 27. Воқеъ шудан дар ҳизбпарастиву тафриқа. 28. Тараддуд дар шахсият. 29. Зиёд шудани шакку шубха. 30. Ғуломии зеҳнӣ ва фикрӣ. 31. Гирифтори фитнаҳо шудан. 32. Дурӣ аз дин. 33. Зоҳир гаштани аломатҳои нифоқ. 34. Аз байн рафтани фарқ байни ҳаққ ва ботил. 35. Душманӣ нисбат ба илм. 36. Бархӯрди ҷоҳилият. 37. Шиддати таъассуб. 38. Оҷиз мондан аз рӯ ба рӯ шудан. ба суолҳо. 39. Хотогиҳои равонӣ. 40. Нақси эътимод ба нафс. https://t.me/Al_Istiqomat
Аз бузургтарин усулҳои ахлоқ. Дар ҳаёти инсон. https://t.me/Al_Istiqomat
«Фоида аз сураи Ҳуд (ояти 11)» Бародарам ин роҳи даъват Роҳи тулони буда аз наздикону бегонаҳо азияту озорҳо дорад. Пас сабр бикун. https://t.me/Al_Istiqomat
🛑Танбеҳ: Ассаламу ъаӣлаӣкум ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳ. Ман таъаҷҷуб кардам ,аз аҳли бидъат,ки чи қадар дар бидъати худ устуворанд, ки ҷоҳилтаринашон, нашр кунандаи чизҳои ботил, ва хурофот, ва қиссаҳои ботил ҳастанд. Аммо бародарон ва хоҳарони Муваҳҳиди мо намедонам, ки боз чиро мунтазир мебошанд⁉️ Оё мунтазир ҳастед ,ки аҳли бидъат дарсҳои илми, ва китобҳои аҳли Суннатро нашр кунанд ⁉️ бародарон ва хоҳарони азиз, бори дигар бароятон мегуям,ки ин уммат аз мушкилие, ки дорад берун намешавад, ва нахоҳад шуд, магар ба илмӣ шаръӣ‼️ то замоне,ки ҷаҳлро аз худ ва дигарон, ва ҷомиъа дур накардем, интизори ҳиҷгуна фатҳу пирузи, ва беҳтар шуданро барои ин уммат надошта бошем, Аллоҳ ҳеҷ вақт нусрат ва ёри нахоҳад кард, қавмеро ,ки ҷоҳил ба Қурон ва Суннати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам бошанд. ‼️ Бародарони азиз иттақиллаҳ: дар нашри дарсҳои илмӣ саҳми худро гузоред, Агар дуст дорем,ки ҷаҳл аз ҷомиъа бар тараф карда шавад,ва ҷавонони ин уммат бедор гарданд, ва аз фитнаҳо дар амн бошанд, пас дарсҳои илмӣро нашр кунед, ва дигаронро даъват намоед, то ,ки мардум биёмузанд ,ва таълим бигиранд , ва аз беҳудагуи ба дур бошанд. بارك الله فيكم . https://t.me/Al_Istiqomat
ҲАЛҚАҲОИ СИДҚ ВА АМОНАТДОРӢ ҲАЛҚАИ 3⃣ 🖊 МАВЗУЪОТ: 1️⃣Садоқат ва ростӣ дар роҳи даъват ва аҳамияти даъват ва амри маъруф. 2️⃣Садоқат ва вафодорӣ дар тавҳид ва яктопарастӣ ва нашикастани аҳде, ки Аллоҳ таъоло аз арвоҳи мо гирифтааст. 3️⃣Садоқат ва ростӣ ҳангоми сахтиҳо аз сифатҳои муъминон аст. 4️⃣Сифатҳои мунофиқон ҳангоми сахтиҳо. 5️⃣Садоқат ва ростӣ дар роҳи Аллоҳ ва ҳангоми мубориза бо аҳли ширк ва куфр. 6️⃣Намунаҳои садоқати саҳоба дар роҳи Аллоҳ, табдил надодани нияту афкор ва нашикастани аҳду паймон. 🎙 Толибул Илм Форсӣ 🌐 Телограм 🌐 Ютуб 📣Дар нашри илм ва кори хайр саҳми худро гузоред. Шояд ба тавассути шумо як нафар ҳам, ки бошад ҳидоят мегардад. Аввалин касе, ки аҷр ва савобро ба даст меоварад барои шумо мебошад. بارك الله فيكم.

https://youtu.be/LWG6gLygcKg
ҲАЛҚАҲОИ СИДҚ ВА АМОНАТДОРӢ ҲАЛҚАИ 2⃣ 🖊 МАВЗУЪОТ: 1️⃣Мафҳуми садоқат ва амонатдорӣ ва паҳн кардани ин мафкура дар ҷомеа. 2️⃣Тамоми паёмбарон дорои сифати садоқат ва амонатдорӣ буданд. 3️⃣Нафаҳмидани худи шариат сабаби ба вуҷуд омадани халалҳо дар ҷомеа мегардад. 4️⃣Даъватгар бояд дар даъвати худ содиқ бошад, на бар асоси хоҳишоти мардум амал кунад. 5️⃣Садоқат ва амонатдорӣ дар баробари шариат ва расонидани шариат. 6️⃣Садоқат ва амонатдорӣ дар баробари ҳифзи ҷавориҳ (узвҳои бадан). 7️⃣Садоқат ва амонатдорӣ дар он аст, ки аз ғайбати ягон мусалмон парҳез карда шавад. 8️⃣Ҷомеае, ки бар асоси сидқ ва амонатдорӣ бунёд гардидааст, дигар ҳеҷ кас наметавонад онро пароканда созад. 9️⃣Сабаби тафриқаи уммати Исломӣ танҳо душманон нестанд. 🎙 Толибул Илм Форсӣ 🌐 Телограм 🌐 Ютуб 📣Дар нашри илм ва кори хайр саҳми худро гузоред. Шояд ба тавассути шумо як нафар ҳам, ки бошад ҳидоят мегардад. Аввалин касе, ки аҷр ва савобро ба даст меоварад барои шумо мебошад. بارك الله فيكم.

https://youtu.be/VUgzsMHfi1o
ҲАЛҚАҲОИ СИДҚ ВА АМОНАТДОРӢ ҲАЛҚАИ 1⃣ 🖊 МАВЗУЪОТ: 1⃣ Сидқ (ростгӯӣ) ва амонатдорӣ аз беҳтарин сифоти мӯъминон аст. 2⃣ Дар даъват ба сӯи Дини Аллоҳ то чӣ андоза содиқ ҳастем? 3⃣ Ҳар як мусaлмон бояд дорои сифати сидқ ва амонатдорӣ бошад, аммо ҳокимон, аҳли илм ва даъватгарон бештар аз дигарон ба ин сифот ниёз доранд. 4⃣ Дар талаби илм ва омӯхтани илми шариат то чӣ андоза ба Аллоҳ содиқ ҳастем? 5⃣Сидқ ва амонатдорӣ аз бузургтарин сифоти паёмбарон мебошад. 6⃣ Хиёнат ва кизб аз бузургтарин сифоти мунофиқoн аст. 7⃣ Се гурӯҳ ҳастанд, ки Аллоҳ Таъоло рӯзи қиёмат бо онҳо сухан намегӯяд ва ба онҳо назар намекунад. Яке аз онҳо ҳокими дурӯғгӯ (каззоб) мебошад. 8⃣ Яке аз намудҳои хиёнат ин аст, ки бародарат туро шахси содиқ бидонад, вале ту ӯро фиреб диҳӣ ва ба ӯ дурӯғ бигӯӣ. 🎙 Толибул Илм Форсӣ 🌐 Телограм 🌐 Ютуб 📣Дар нашри илм ва кори хайр саҳми худро гузоред. Шояд ба тавассути шумо як нафар ҳам, ки бошад ҳидоят мегардад. Аввалин касе, ки аҷр ва савобро ба даст меоварад барои шумо мебошад. بارك الله فيكم.