Мадрасаи Рамазонӣ
СтатистикаБисмиллаҳ, дар ин шабака, дарсҳои Қуръон тавассути Ҳофизони Қуръон ҳар рӯз баргузор мегардад, пас бишитобед барои омӯхтани Қуръон.
- Последний пост
- 13 авг.
- Последнее чтение
- 15 авг.
- Постов за неделю
- 5
- Всего постов
- 22
- Тип
- открытый
- Язык
- tg
- В каталоге с
- 13 авг.
- 1/24сутки в ленте
- 146
- 1/48двое суток
- 167
- 1/72трое суток
- 180
Оценка по просмотрам недавних постов: пост набирает почти всё за первые сутки.
Посты
🔴 БЛАГИЕ ВЕСТИ ВАМ, ДОРОГИЕ БРАТЬЯ И СЕСТРЫ! ❌ Эта книга скоро будет опубликована. Прошу Всевышнего Аллаха принять её от нас и сохранить всех нас твёрдыми в религии. Действительно, дети и подростки — это будущее исламской общины. Поэтому они особенно нуждаются в изучении религии и исламском воспитании. Чем выше уровень знаний у подростков и чем крепче будет их воспитание, тем лучше они смогут защищать Ислам и его святыни, противостоять различным идеологическим атакам и замыслам противников Ислама, а также быть хорошо подготовленными к тому, чтобы помогать Исламу и мусульманам. Одной из важных обязанностей родителей, вытекающих из веры и требований Ислама, является воспитание своих детей. Но, к сожалению, из-за невнимательности и равнодушия к религиозным ценностям эта обязанность постепенно утратила своё значение в жизни многих мусульман, и ей перестали придавать должное значение. Поэтому, желая донести призыв Пророка ❤️ и выполнить возложенную на нас миссию, мы решили в нескольких небольших разделах, опираясь на Коран и Сунну, разъяснить родителям и учителям их обязанности перед детьми, чтобы, руководствуясь этим, они могли правильно воспитывать их. 📝 نشرات أنصار السنة
Ба вақтҳоят ҳарис бош https://t.me/madrasai_ramazoni
🟠🟠🟠 📢 ЭЪЛОН 📚 МАДРАСАИ ИМОМ БУХОРӢ 📘 СУЛСИ ДУВВУМИ ХОНИШ: 🪶 Ба таваҷҷуҳи тамоми толибилмон расонида мешавад, ки тибқи барномаи таълимии мадраса, дарсҳои Сулси дуввум оғоз мегарданд. 📅 Шанбе, 15-уми август 🪶 Аз ҳамаи толибилмони гиромӣ даъват карда мешавад, ки барои оғози марҳилаи нави таҳсил бо омодагии комил, ҳиммати баланд ва нияти холис ҳозир шаванд. 🪶 Китобҳои дарсӣ ва лавозими заруриро омода намуда, барои оғози дарсҳо аз пеш омодагӣ бинед. 🪶 Толиби илм будан танҳо нишастан дар маҷлиси илм нест балки сабр, интизом, такрор ва кӯшиши пайваста аст. 🪶 Ҳар дарсе, ки бо ихлос омӯхта мешавад, қадаме ба сӯи дур кардани ҷаҳолат ва тараққии инсон мебошад. ﴿وَقُلْ رَبِّ زِدْنِي عِلْمًا﴾ «Ва бигӯ: Парвардигоро, бар илми ман биафзо!» [Тоҳо: 114] 🪶 Бо нияти холис, ҳиммати баланд ва азми қавӣ ба марҳилаи нави талаби илм оғоз мекунем! 🪶 Аллоҳ таъоло дар роҳи талаби илм барои ҳамаи толибилмон баракат, фаҳми дуруст ва тавфиқи амал ато фармояд. 🪶 Умедвор ҳастем, ки таътилоти муфид, ва хубе гузаронда бошед, ва барои сулси нав бо неруӣ қави дарсҳоро оғоз хоҳед кард. ✍ Идораи Мадрасаи Имом Бухорӣ https://t.me/madrasai_ramazoni
يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا لِمَ تَقُولُونَ مَا لَا تَفْعَلُونَ Эй касоне, ки имон овардаед! чаро суханеро мегуед аммо ба он амал намекунед? [ 61:2 ] https://t.me/madrasai_ramazoni
Аҳамияти намози таҳаҷҷуд барои толибул Илм https://t.me/madrasai_ramazoni
🟠🟠🟠 ЭЪЛОН ━━━━━━━━━━━━━━━━━━ Ба диққати ҳамаи толибилмони гиромӣ! Бо камоли эҳтиром ба самти шумо мерасонем, ки 📝 13-уми август, рӯзи панҷшанбе ⏰соати 18:00 🕋 Ба вақти МАККА имтиҳони рухонии Қуръони Карим баргузор мегардад. аз бародароне, ки тули чанд моҳ онлаӣн дарс мехонданд. ━━━━━━━━━━━━━━━━━━ 📌 ТАРТИБИ ИМТИҲОН: ❗️ Ҳар як толибилм аз ҳамон қисмате, ки то имрӯз Қуръони Каримро хондааст, имтиҳон супорида, қироати ӯ санҷида мешавад. ❗️ Имтиҳонро Устоди дарси намегирад, бал ки пеши устоди дигар имтиҳон супорида мешавад. ❗️ Баъд аз имтиҳон ҳар касе қабул шуд тартиби ҷадид, ва боз китобҳои дигар гузошта мешавад ин ша Аллоҳ. ❗️ Қисмати хоҳаронам ҳамингуна аст Аллоҳ ҳамаи шуморо муваффақ гардонад. ❗️ Силкаи груҳи имтиҳонӣ дар ҳамон руз чан соъат пеш равон карда мешавад. ❗️ Натиҷаи Баҳои Имтиҳонҳо дар гуруҳи имтиҳонӣ равон карда мешавад. ❗️ Барои талабаи нав онлаӣн гирифтан боз пешаки эълон карда мешавад. Пас дустонатонро даъват намоед омухтани илмӣ шаръи асосиёти дин, бар ҳар як марду зан пиру ҷавон фарз мебошад. ⚠️ Аз ҳамаи толибилмони гиромӣ хоҳиш карда мешавад, ки барои имтиҳон омодагии ҷиддӣ гирифта, қироати худро хуб такрор ва мустаҳкам намоянд. Аллоҳ Таъоло ба ҳамаи шумо дар роҳи омӯзиш, қироат ва ҳифзи Китобаш муваффақият ато фармояд ва шуморо аз аҳли Қуръон бигардонад. بَارَكَ اللهُ فِيكُمْ ━━━━━━━━━━━━━━━━━━ 🪶 Идораи Мадрасаи Рамазонӣ https://t.me/madrasai_ramazoni
🪶🪶🪶🪶 СУХАНОНИ ЗЕБО, НАВИШТАҶОТҲОИ ҶАЗЗОБ, АММО АМАЛ ВА ҲАЁТИ ҲАҚИҚИ ЧИЗИ ДИГАР АСТ !! 💾Имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоъӣ мутаассифона навиштани насиҳатҳо ба як одат табдил ёфтааст. Дар бораи сабр, ихлос, тақво, хушахлоқӣ, бахшиш ва ибодат матнҳои бисёр менависем. Аммо саволи муҳим ин аст, ки Оё мо ба он чизе, ки менависем, дар ҳаёти воқеии худ амал мекунем? Оё гуфтаи Аллоҳ таъолоро боре дар мавриди касоне, ки чунин хислат доранд андеша кардаем!? Аллоҳ таъоло мефармояд: ﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لِمَ تَقُولُونَ مَا لَا تَفْعَلُونَ كَبُرَ مَقْتًا عِندَ اللَّهِ أَن تَقُولُوا مَا لَا تَفْعَلُونَ﴾ (Сураи ас-Сафф, 2–3) «Эй касоне, ки имон овардаед! Чаро чизеро мегӯед, ки худ анҷом намедиҳед? Назди Аллоҳ бисёр зишт аст, ки чизеро бигӯед, ки худ анҷом намедиҳед.» Ва боз мефармояд: ﴿أَتَأْمُرُونَ النَّاسَ بِالْبِرِّ وَتَنسَوْنَ أَنفُسَكُمْ وَأَنتُمْ تَتْلُونَ الْكِتَابَ ۚ أَفَلَا تَعْقِلُونَ﴾ (Сураи ал-Бақара, 44) «Оё мардумро ба некӣ амр мекунед ва худатонро фаромӯш мекунед, дар ҳоле ки Китобро мехонед? Оё ақл намекунед?» Расули Аллоҳ ﷺ низ фармудаанд: «يُؤْتَى بِالرَّجُلِ يَوْمَ الْقِيَامَةِ فَيُلْقَى فِي النَّارِ، فَتَنْدَلِقُ أَقْتَابُ بَطْنِهِ...» Ин ҳадис инсонро аз он метарсонад, ки дигаронро ба некӣ амр кунад, вале худ ба он амал накунад. 💾Дар ҳақиқат ин ду оят ва ин ҳадис бисёр ҳушдор диҳанда аст, барои ҳар яке аз ману шумо хусусан онҳое, ки дар шабакаҳо ба нашри даъватҳо машғуланд, оё медонед, ки вақти шумо ба он нашр кардаҳои худ дар ҳаёт, вақта онро амали намекунед, ин амалатон пеши Аллоҳ бисёр зишт ва бад аст !? ❗️ Оё инро дарк кардаед, ки ҳарчи нашр мекунед, ба он аввалин нафар худатон имтиҳон мешавед!? ✅Пас бисёр зишт ва бадаст, ки суханрониҳо нашароти зебо ва дилчасп, ва постҳои хеле хуб ва таъсирнок бигузореду аммо худ дар ҳаёт каси дигар бошед. 💾Аллоҳ ҳамагии моро аз ду чеҳра доштан ҳифз намояд, эӣ бародар ва хоҳарам, ба Аллоҳ қасам ин ду оят бояд қалбҳои моро такон диҳад, ки мо имруз ба нашри аҳодис машғулем аммо чи қадар дар ҳаётамон ин аҳодисҳо нақш доранд !! ⚠️ дар ин шабакаҳо мардумро ҷамъ кардаем ва ин масъулияти бузургро ба уҳда гирифтаем, оё медонем, ки пеши Аллоҳ сахт масъулем!? Ва аз ин корамон сахт пурсида хоҳем шуд!? Оё инро боре фикр кардаем!? 💾Шабакаҳоро ҷои барои интиқом гирифтан, ва ба касе дилатро холи кардан истифода мебарем!? Ё сирфан ин шабакаҳо ба хотири нашри китоби Аллоҳ ва Аҳодиси Расулалаллоҳ салаллоҳу алайҳи ва саллам мебошанд!? 💾Аз Одобу Ахлоқ Ҳуқуқи Зану Шавҳар, сухан мегуему, ва дар бораи сабру бурду бори ҳарф мезанем, пас куҷо аст чунин ахлоқҳои зебо дар ҳаётамон !? 〰Кани сабре ки солҳо дар борааш гуфтему нашр кардем!? 〰Куҷост он муъомилаи некамон, ки солҳо дар борааш навиштему пахш кардем!? 💾Вақте, чунин суханҳо гуфта мешавад, дар ҳол фикру хаёламон ба шахсе, ки дар муқобиламон аст меравад, ва худро фаромуш мекунем, ва ин бидуни шак аз бемори қалб ва заъфи имон мебошад, муъмин хоксору мутавозиъ мешавад, ва ҳамеша аӣбро дар худ мебинад, ва худро ноқис медонад, аммо мунофиқ худро беҳтар ва хуб мебинад, ва аӣбро ба дигарон нисбат медиҳад, агар дар худ аӣбе бошад онро кучак медонад, ва аммо агар аӣбе дар дигарон бошад онро бисёр бузург мепиндорад. Муъмин доиман дар хавфу тарс аст, ва аз Аллоҳ умед дорад, аммо мунофиқ ҳамеша худро дар амн медонад, ва аӣбҳоро ба худ нисбат намедиҳад, ва худро муқассир намешуморад. Аллоҳ таъоло ҳамагии моро аз чунин сифот нигоҳ бидорад. 💾Баъзан баъзе корҳо мекунем, аз боби имтиҳони нафар ва шинохти чеҳраи ҳақиқи у, ва дар мо бисёри чизҳо ошкор мегардад, ва чунон ошкор мегардад, ки валлоҳ диламон ба ҳоли чунин инсонҳо, ки дар чунин ҳолат гирифтор шудаанд месузад, ва агар бо чунин сифот бимиранд, хеле хатарнок аст ҳолашон дар рузи қиёмат, аммо вазифаи мову шумо чист барояшон дуъо мекунем Аллоҳ моро собит нигаҳ бидорад ва онҳе, ки дар чунин вазъ ҳастанд, Аллоҳ твъоло онҳоро ҳидоят кунад, ва қалбҳояшонро Аллоҳ таъоло шифо бидиҳад. ✅ Аммо як чизро набояд фаромӯш кард, ки ин маъно он надорад, ки агар инсон комил набошад, дигаронро ба некӣ насиҳат накунад. Балки ӯ бояд ҳамзамон худро низ ислоҳ кунад ва барои амал кардан кӯшиш намояд. ⚠️ Имрӯз мо дар бораи сабр менависем, вале дар аввалин озмоиш шикоят мекунем. ⚠️ Дар бораи бахшиш менависем, вале ранҷиши солҳои пешро дар дил нигоҳ медорем. ⚠️ Дар бораи ихлос менависем, вале мехоҳем дигарон амалҳои моро бубинанд. ⚠️ Дар бораи хушахлоқӣ менависем, вале бо наздиктарин одамони худ сахтгир ҳастем. ⚠️ Дар бораи тарки ғайбат менависем, вале баъд аз чанд дақиқа дар бораи дигарон сухан мегӯем. Пас, пеш аз он ки ба дигарон бигӯем: «Чӣ гуна зиндагӣ кардан лозим аст» аз худ бипурсем: «Оё ман худам чунин зиндагӣ мекунам?» ✅ Зеботарин насиҳат он нест, ки танҳо хуб навишта шудааст; балки он аст, ки дар ахлоқ ва зиндагии худи инсон дида мешавад. Камтар нависем, бештар амал кунем. ✅ Аз бештар вақтамонро барои дигаронро ислоҳ кардан, бисёртар вақтҳоямонро барои ислоҳи худ бигзорем. Зеро мардум шояд суханони моро фаромӯш кунанд, аммо амалҳои моро мебинанд ва онро фаромуш намекунанд ✅ Аввал худат амал кун, сипас бо амалат дигаронро даъват намо. Зеро даъвати бо амал бисёр таъсир диҳанда ва самаранок мебошад. 📒 Аллоҳ таъоло моро аз шармандагии дунё ва охират ҳифз намояд, ва ин паём ҳам як имтиҳон аст, барои мо , Аллоҳ моро ислоҳ кунанд, ва моро ончи, ки дар ҳаёт ба дигарон мегуем тавфиқи амал кунанда насиб гардонад. Толибул Илми Форсӣ 🪶 https://t.me/madrasai_ramazoni
ℹ️ℹ️ℹ️ Ту гумон мекунӣ, ки ба сабаби гуноҳат ҷазо намебинӣ?! 🟢Ва ҳол он ки аз намози шаб маҳрум шудаӣ, бо вуҷуди он ки шабҳо бедор мемонӣ! 🟢Аз қироати Қуръон маҳрум шудаӣ, бо вуҷуди он ки вақти холӣ дорӣ! 🟢Аз зикри Аллоҳ маҳрум шудаӣ, бо вуҷуди он ки забонат озод аст! 🟢Аз дуо кардан маҳрум шудаӣ; онро фаромӯш кардаӣ ва нафсат дуоро бар худ гарон мешуморад! 🟢Аз хушӯъ дар намоз маҳрум шудаӣ! 🟢Аз гиря кардан бар гуноҳонат дар танҳоӣ маҳрум шудаӣ! 🟢Эй бечораи маҳрум! Ҳатто аз осонтарин ибодатҳо маҳрум шудаӣ ва боз гумон мекунӣ, ки ҷазо дода нашудаӣ?! 📌 Оё ҳанӯз вақти он нарасидааст, ки дилат дуруст гардад?! 📗Пас, чунон ки амр шудаӣ, устувор бош! https://t.me/Al_Istiqomat
https://t.me/madrasai_ramazoni
Ҳотим (раҳимаҳуллоҳ) гуфтанд: «Вақте дидам, ки мардум ба ҳам ҳасад мебаранд, ба сухани Аллоҳ таъоло нигаристам: "Мо рӯзии онҳоро дар зиндагии дунё миёнашон тақсим кардаем." (Сураи Зухруф, ояти 32) Пас ҳасадро тарк кардам, зеро ҳасад эътироз ба тақсими Аллоҳ аст.» https://t.me/madrasai_ramazoni
« اللَّهُمَّ صَلِّ وَسَلِّمْ عَلَى نَبِيِّنَا مُحَمَّدٍ ».
« اللَّهُمَّ صَلِّ وَسَلِّمْ عَلَى نَبِيِّنَا مُحَمَّدٍ ».
« اللَّهُمَّ صَلِّ وَسَلِّمْ عَلَى نَبِيِّنَا مُحَمَّدٍ ».
« اللَّهُمَّ صَلِّ وَسَلِّمْ عَلَى نَبِيِّنَا مُحَمَّدٍ ».
مع الحصار المطبق على غزة يقوم الاحتلال بقصف الأهالي!! بالأمس أكبر جنازة في غزة حيث ارتقى ١٢٠ معظمهم من النساء والأطفال!! فحسبنا الله ونعم الوكيل دعاؤكم لأهل غزة فهم في كرب شديد 120 ҷаноза аз сабаби гуруснаги бисёрашон Кудакон ва занон мебошанд, Бузургтарин Ҷаноза дар Таърих Ислом Субҳаналлоҳ Дар пеши чашмоямон Кудакони маъсум кушта мешаванд уммати милиорд хобаст, Ҳуккоми муздури Яҳуд Ҳуккоми Араб чеҳраи аслияшон ошкор гардид ки ҳамсояи фаластин аст аммо сукутро интихоб кардааст. Бародарон нашр кунед ин наворро ҳамингуна аз навор нагузаред инҳам дар кумак кардани аҳли ғазза дохил мешавад. https://t.me/madrasai_ramazoni
🟢🟢🟢 Дар сахтиҳо инсонҳо шинохта мешаванд. 〰Ҳаёт ҳамеша осон нест. Ҳар инсон рӯзе ба озмоиш, ғаму андӯҳ ё мушкилот рӯ ба рӯ мешавад. Дар чунин лаҳзаҳо инсон бештар аз ҳар вақти дигар ба меҳрубонӣ, дуо ва дастгирии атрофиён ниёз дорад. 📋 Аммо, мутаассифона, баъзе одамон маҳз дар ҳамин рӯзҳои душвор ба ҷойи кумак кардан, суханони сахт мегӯянд, маломат мекунанд ё ҳатто аз вазъияти дигарон истифода мебаранд. 📋 Ин гуна рафтор метавонад дилро озурда созад, вале ҳамзамон ҳақиқати одамонро ошкор мекунад. Рӯзҳои осоишта ҳама худро дӯсту наздик нишон медиҳанд, аммо дар рӯзи сахтӣ маълум мешавад, ки кӣ воқеан ғамхор аст ва кӣ танҳо дар вақти манфиат наздик буд. 📋Инсоне, ки дилу имони солим дорад, дар вақти мушкил дасти ёрӣ дароз мекунад, сухани нек мегӯяд ва дили бародари худро намешиканад. Зеро баъзан як калимаи меҳрубонона аз ҳазорҳо кӯмак арзишмандтар аст. 📋 Пас биёед кӯшиш кунем аз ҷумлаи онҳое бошем, ки дар рӯзҳои сахти дигарон сабаби умед мешаванд, на сабаби дарди бештар. Зеро некӣ ва меҳрубонӣ ҳамеша ба соҳибаш бозмегардад. https://t.me/madrasai_ramazoni
📘📘📘 РОҲНАМОИҲО БАРОИ МУЪАЛЛИМ ВА МУЪАЛЛИМАҲО. Ин сухани Шайх Муҳаммад ал-Башир ал-Иброҳимӣ (раҳимаҳуллоҳ) ки мегуяд: «Муаллимони гиромӣ бояд аз он роҳу усули кӯҳна эҳтиёт кунанд, ки он маҷбур кардани кӯдакон ба қаҳру тарсондан дар ҳифзи Қуръон аст. Зеро ин амал ин наслро фасод кардааст, дар онҳо дурӯғ ва нифоқро реша андохтааст, тарсуӣ ва хавфро дар дили онҳо ҷой додааст ва хондану илмро дар назарашон манфур гардонидааст.» (Ал-Осор, ҷ. 2, с. 113) Шайх ал-Башир ал-Иброҳимӣ (раҳимаҳуллоҳ) дар ин сухан ишора мекунад, ки роҳи зӯрӣ, қаҳр ва тарсондан дар таълим — бахусус дар ҳифзи Қуръон — зарарҳои зиёде дорад: Фасоди ахлоқ – кӯдак маҷбур мешавад барои гурехтан аз ҷазо дурӯғ бигӯяд ё худро дигаргуна нишон диҳад. Нифоқ – ба зоҳир чизе нишон медиҳад (масалан, хондааст), вале дар ботин носозгории дигар дорад. Тарсуӣ ва сустӣ – қаҳру тарсондан ҷасоратро мекушад ва шахсро тарсу мекунад. Бадбинӣ ба илм ва хондан – вақте таълим бо зӯрӣ ва тарсондан бошад, кӯдак ба худи Қуръон ва илм нафрат мегирад. Баръакс, роҳи саҳеҳ он аст, ки омӯзгор бо ҳикмат, меҳрубонӣ ва сабр ба таълим машғул шавад, то муҳаббат ба Қуръон ва илм дар дили кӯдакон ҷой гирад. Аз ҳамин сабаб бисёре аз уламо таъкид кардаанд, ки муаллимон бояд мисли падарони меҳрубон бошанд, то хонандагон бо ишқ ва муҳаббат илмро қабул кунанд. https://t.me/Omuzishi_islom_baroi_kudakon
Ибни Қаййим раҳимаҳуллоҳ мефармоянд: Кам шудани тавфиқи Аллоҳ, нодуруст шудани андеша, пинҳон мондани ҳақиқат аз инсон, фасод ё бемории қалб, аз ёдҳо рафтани инсон ва барбод додани вақт ҳамаи ин аз гуноҳ ва маъсият сарчашма мегирад. https://t.me/madrasai_ramazoni
🎙️ Суханронӣ дар мавриди: «Сайкс–Пико: Хатҳои хун бар ҷисми уммат» 🗣️ Суханронӣ аз ҷониби яке аз толибилмони Мадрасаи Дорул-Арқам Дар ин суханронӣ ба масъалаи марзҳои сунъии ба меросмонда аз давраи истеъмор, таъсири онҳо ба ваҳдат ва ҳамбастагии уммати исломӣ ва зарурати бозгашт ба ҳувияти воҳиди исломӣ сухан гуфта мешавад. https://t.me/madrasai_ramazoni
Дар хости яке аз бародарон барои насиҳат ва даъват додан, барои яке аз наздикоҳояш, ки дар ҳолати бемории сахт қарор дорад. Баён мухтасари ақидаи аҳли суннати вал ҷамоъат. 1 Баёни аркони Тавҳид 2 Зикри шартҳои Тавҳид 3 Баёни Имон ба Тақдир 4 Куфри бар тоғут 5 Ал вало вал баро 6 Омодаги барои Мулоқоти ба Аллоҳ 7 Тавба ва руҷуъ ба суи Аллоҳ 8 Баёни Қалби Солим 9 Аркони Ислом 10 Аркони Имон 11 Имони ба охират 12 Се Саволи дар қабр 13 Қиёмат ва нишонаҳои он 14 Қуръон каломи Аллоҳ аст 15 Шартҳои Муҳаммадур Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам. 16 Ақида аҳли суннат дар боби Саҳоба 16 Муътақид боши, ки Дин комил аст. 17 Муътақид боши, ки торикус салот кофир аст. 18 Муътақид боши, ки Аллоҳ бар арш аст. 19 Муътақид боши ба ҷаннат ва ҷаҳаннам аст 20 Муътақид боши ки муъминин дар ҷаннат Аллоҳро мебинанд. 21 Муътақид боши, ки Имон ба тоъат зиёд мешавад ва ба маъсият кам мешавад. Барои наздикотон падару модарҳо хешу таборотон равон кунед сода ва осон хулоса гуфта шидаги аст, то аз ақидаи саҳиҳ огоҳи паӣдо карда пеш аз мулоқоти Аллоҳ ақидаҳои худро ислоҳ кунанд. https://t.me/madrasai_ramazoni