انتشار القرآن 📚🌴
Статистикаٱهۡدِنَا ٱلصِّرَٰطَ ٱلۡمُسۡتَقِيمَ МОРО БА РОҲИ РОСТ ҲИДОЯТ БИНАМОЙ! Ал : Фотиҳа 6
- Последний пост
- 8 авг.
- Последнее чтение
- 15 авг.
- Постов за неделю
- 0
- Всего постов
- 20
- Тип
- открытый
- Язык
- tg
- Категория
- Религия (по похожим)
- В каталоге с
- 13 авг.
- 1/24сутки в ленте
- 58
- 1/48двое суток
- 66
- 1/72трое суток
- 71
Оценка по просмотрам недавних постов: пост набирает почти всё за первые сутки.
Посты
ЭЙ ҚАЛБЕ, КИ АЗ ДУНЁ ХАСТА ШУДАӢ! Эй бародару хоҳари муваҳҳид!То кай барои дунё ғам мехӯрӣ?То кай барои сухани мардум дилат мешиканад? То кай барои чизе, ки аз дастат рафтааст, шабҳоро бо андӯҳ мегузаронӣ?То кай барои чизе, ки ба дастат наомадааст, худро ғамгин месозӣ? Оё фаромӯш кардаӣ, ки ту мусофирӣ? Ин хонае, ки имрӯз дар он зиндагӣ мекунӣ як рӯз онро тарк хоҳӣ кард.Ин либосҳое, ки имрӯз мепӯшӣ як рӯз онҳоро аз танат берун хоҳанд кард. Ин одамоне, ки имрӯз гирди ту ҳастанд як рӯз туро танҳо мегузоранд. Ин ҷисме, ки имрӯз ба он такя мекунӣ рӯзе заиф хоҳад шуд.Ва ин дунёе, ки имрӯз барои он ин қадар ғам мехӯрӣ рӯзе туро тарк хоҳад кард. Пас барои чӣ қалбатро ба он бастӣ? Расули Аллоҳ ﷺ фармуд: «الدُّنْيَا سِجْنُ الْمُؤْمِنِ وَجَنَّةُ الْكَافِرِ» Дунё зиндони мӯъмин ва ҷаннати кофир аст. Пас агар имрӯз зиндагӣ бароят танг шудааст, агар роҳат кам шудааст, агар мардум туро намефаҳманд, агар дар роҳи ҳақ танҳо мондаӣ сабр кун. Ту дар зиндони абадӣ нестӣ. Ин рӯзҳо мегузаранд.Ин ғамҳо мегузаранд. Ин ашкҳо хушк мешаванд. Ин захмҳои қалб низ бо иҷозаи Аллоҳ шифо меёбанд. Аммо аз худ бипурс: Вақте ҳамаи ин мегузарад, ту бо чӣ назди Раббат хоҳӣ рафт? Бо мол? Молро пас мегузорӣ.Бо хона?Хона мемонад. Бо зебоӣ?Зебоӣ мемонад.Бо мақом?Мақом мемонад.Бо таърифи мардум? Мардум ҳам мемиранд. Он гоҳ чӣ мемонад?Имон ва амали солеҳ ва раҳмати Рабби ту. Эй қалби ғофил! Дунёро чунон дӯст надор, ки ҳангоми гирифтани чизе аз он шодӣ кунӣ ва ҳангоми аз даст доданаш имонатро фаромӯш намоӣ. Чӣ қадар одамон дирӯз бо мо буданду имрӯз дар зери хоканд. Дирӯз сухан мегуфтанд. Имрӯз дигар сухан намегӯянд. Дирӯз нақша мекашиданд. Имрӯз дигар фурсате барои нақша кашидан надоранд. Дирӯз барои фардо омодагӣ медиданд.Аммо фардояшон дигар ин дунё набуд. Ва мо ҳанӯз нафас мекашем,аммо намедонем чанд нафаси дигар барои мо мондааст. Пас, эй бандаи Аллоҳ.Агар имрӯз барои ту дари дунё баста шудааст, шояд дари охират бароят кушода бошад.Агар мардум туро рад карданд, шояд Аллоҳ туро ба сӯи Худ наздик кардан мехоҳад.Агар дунё аз ту рӯй гардонд, шояд ин раҳмате бошад, то қалбат дубора ба Раббат рӯй оварад. Пас барои дунё гиря макун, барои дурии худ аз Аллоҳ гиря кун.Барои намозе, ки бо ғофилӣ хондаӣ, гиря кун. Барои зикрҳое, ки тарк кардаӣ, гиря кун. Барои вақтҳое, ки бар абас гузарондӣ, гиря кун. Барои гуноҳҳое, ки анҷом додаӣ, гиря кун. Ва бигӯ: Эй Рабби ман агар тамоми дунё аз ман рӯй гардонад, вале Ту аз ман розӣ бошӣ, дигар чӣ чиз маро ғамгин карда метавонад? Эй дунё! Ман туро намехоҳам, агар ба хотири ту аз Раббам дур шавам. Ман туро намехоҳам, агар муҳаббати ту маро аз муҳаббати Аллоҳ боздорад.Ман туро намехоҳам, агар ту маро аз ёди марг ва рӯзи бозгашт ғофил гардонӣ. Ту танҳо роҳӣ ва ман мусофирам. Ман ба сӯи ҷойе меравам, ки дигар дар он марг нест.Ҷое, ки ғам нест.Ҷое, ки ҷудоӣ нест.Ҷое, ки беморӣ нест.Ҷое, ки пирӣ нест.Ҷое, ки ашкҳои мӯъмин дигар барои ғами дунё намерезанд. ҶАННАТ. Пас, эй қалби ман.Агар барои расидан ба Ҷаннат бояд сабр кунӣ .САБР КУН! Агар бояд аз бисёре чизҳои дунё даст кашӣ, ДАСT КАШ! Агар бояд дар роҳи ҳақ танҳо бимонӣ, НАТАРС! Зеро ту танҳо нестӣ Аллоҳ бо туст.Ва чӣ хушбахт аст он касе, ки дунёро аз даст медиҳад, аммо Раббашро аз даст намедиҳад. Эй Аллоҳ! Моро дар дунё фирефтаи дунё нагардон.Қалбҳои моро ба охират баста гардон. Вақте дунё моро мешиканад, ба мо сабр бидеҳ. Вақте ғамгин мешавем, моро ба ёди Худ зинда гардон.Ва вақте охирин нафаси мо мерасад, моро дар ҳолате бимирон, ки Ту аз мо розӣ бошӣ. Амин t.me/intisharul_Quran
без подписи
ЭЙ БАНДАИ МУВАҲҲИДИ АЛЛОҲ! Агар имрӯз роҳат дар дунё кам шудааст, агар қалбат аз сухани мардум ранҷидааст, агар дар роҳат монеаҳои зиёде пайдо шудаанд ва агар баъзе дарҳо бар рӯят баста шудаанд маҳзун мабош! Ту барои ин дунё офарида нашудаӣ, то тамоми умратро дар ҷустуҷӯи роҳати он гузаронӣ. Ин дунё ҷойи озмоиш аст, на ҷойи ҷовидона мондан. Имрӯз механдонад ва фардо мегирёнад. Имрӯз чизе медиҳад ва фардо онро мегирад. Имрӯз касеро ба ту наздик мекунад ва фардо ӯро аз ту ҷудо месозад. Пас чаро қалбатро ба чизе бандӣ, ки худ нопойдор аст? Эй бародари муваҳҳид! Эй хоҳари муваҳҳида! Агар мардум туро нафаҳмиданд Аллоҳ туро медонад. Агар мардум қадратро надонистанд Аллоҳ туро мебинад. Агар дар байни мардум танҳо мондӣ танҳо будан дар роҳи ҳақ аз ҳамроҳии бисёриҳо дар роҳи ботил беҳтар аст. Нагузор сухани мардум имони туро суст кунад. Нагузор сахтии зиндагӣ туро аз Раббат дур созад.Нагузор ғамҳои дунё туро аз охират ғофил гардонанд. Вақте қалбат танг шуд, ба Раббат паноҳ бар. Вақте роҳҳо бароят баста шуданд, дари дуоро бикӯб. Вақте касе туро тарк кард, бидон, ки Аллоҳ туро тарк накардааст. Ба дунё бигӯ: ЭЙ ДУНЁ! Ту ҳадафи ман нестӣ.Ту орзуи охирини ман нестӣ.Ту қароргоҳи абадии ман нестӣ. Ман аз ту ба қадри он мегирам, ки маро ба сӯи Раббам расонад, на он қадаре ки маро аз Ӯ ғофил созад. Агар мол надорам Раббамро дорам. Агар мақом надорам ризои Ӯро мехоҳам. Агар мардум маро таъриф накарданд маро бас аст, ки Аллоҳ аз ман розӣ бошад.Агар дар ин роҳ танҳо мондам танҳоии роҳи ҳақ маро наметарсонад. Зеро ман ба ваъдаи Раббам бовар дорам. Ман медонам, ки ин шаб ҳар қадар дароз бошад ҳам, субҳ дорад. Ин ғам ҳар қадар сахт бошад ҳам, бо иҷозаи Аллоҳ мегузарад. Ин зиндагӣ ҳар қадар душвор бошад ҳам, поён дорад. Пас, эй қалби ман, ғамгин мабош! Ба хотири дунё худро нашикан. Барои сухани мардум ашки худро зиёд макун. Барои чизе, ки аз даст рафт, худро ҳалок макун. Он чӣ Аллоҳ барои ту навиштааст, ба ту мерасад. Ва он чӣ барои ту нанавиштааст, ҳаргиз бо тамоми дунё ҳам ба дастат нахоҳад омад. Пас қалбатро ба Аллоҳ бисупор, забонатро ба зикри Ӯ машғул дор ва қадамҳоятро дар роҳи Ӯ устувор нигоҳ дор. Зеро мақсади мо ин дунё нест. Мақсади ман рӯзе аст, ки ғамҳо ба охир мерасанд, ашкҳо хушк мешаванд, озмоишҳо поён меёбанд ва бандаи муваҳҳид бо раҳмати Раббаш ба сӯи неъмате меравад, ки дигар ҳеҷ гоҳ поён нахоҳад дошт. Эй Рабби мо ! Дунёро дар дастҳои мо қарор деҳ, на дар қалбҳои мо. Ва моро аз касоне бигардон, ки дунёро воситаи расидан ба ризои Ту қарор медиҳанд, на ҳадафи зиндагии худ. اللهم آمين.
"Ман муъмини ғарибам" 💔.
без подписи
Нашид на таджикском ❤️
أبكي مِن شَوقي ولِبُعدٍ طال..!
Аз таъсирбахштарин оятҳои Қуръон, ки зоҳирро канор зада, ниятҳои дилҳоро ошкор месозад, сухани Аллоҳи Мутаъол дар сураи Ҳуд (11:15) аст: مَن كَانَ يُرِيدُ الْحَيَاةَ الدُّنْيَا وَزِينَتَهَا نُوَفِّ إِلَيْهِمْ أَعْمَالَهُمْ فِيهَا وَهُمْ فِيهَا لَا يُبْخَسُونَ Касе ки зиндагонии дунё ва зиннати онро бихоҳад, (подоши) аъмолашро дар ин (дунё) ба таври комил ва тамом ба онҳо медиҳем ва чизе аз онҳо каму коста нахоҳанд шуд. (Ҳар кас зиндагии дунё ва зинати онро бихоҳад, подоши аъмолашонро дар ҳамин дунё ба пуррагӣ медиҳем ва дар он ҳеҷ камӣ бар онҳо раво дошта намешавад.) Дар назари аввал, шояд ин оят таскинбахш намояд. Аммо вақте бо тафсири уламо кушода мешавад, ба як ҳушдори бисёр сахт табдил мегардад ҳушдоре, ки қалбро бедор месозад. Имом Табарӣ раҳимаҳуллоҳ мефармояд, ки маънои оят чунин аст: ҳар кас амалеро анҷом диҳад, дар ҳоле ки ҳадафаш зиндагии дунё ва зебу зинати он бошад ва тамоми кӯшишу нияти худро барои ба даст овардани дунё қарор диҳад, Аллоҳ ҳамон чизеро, ки талаб кардааст, ба ӯ медиҳад. Аз подоши дунявии ӯ чизе кам карда намешавад ва ба ӯ заррае зулм намегардад. Ӯ подошашро пурра мегирад, вале ин подош дар ин дунё аст, на дар охират. Сипас Имом Табарӣ суханони салафи солеҳро барои равшантар намудани ин ҳақиқат нақл мекунад. Аз ҷумла аз Ибни Аббос رضي الله عنهما ривоят шудааст, ки фармуд: ин оят дар бораи касонест, ки Аллоҳ дар ивази баъзе корҳои некашон аз неъматҳои дунё ба онҳо медиҳад. Ба онҳо ҳатто ба андозаи заррае зулм намешавад. Аммо агар шахсе рӯза бигирад, намоз бихонад ё шабзиндадорӣ кунад, вале ҳамаи инро танҳо барои ба даст овардани манфиатҳои дунё анҷом диҳад, Аллоҳ он чизеро, ки мехост, дар дунё ба ӯ медиҳад, аммо аъмолаш дар охират ботил мегардад ва аз ҷумлаи зиёнкорон мешавад. Ҳамчунин Саид ибни Ҷубайр раҳимаҳуллоҳ дар бораи ин оят гуфт: ҳар кас кори нек анҷом диҳад ва мақсадаш танҳо дунё бошад, подоши он некӣ дар ҳамин дунё ба ӯ дода мешавад, вале дар охират барои ӯ ҷуз оташ чизе нахоҳад буд. Зеро аъмолаш барои Аллоҳ анҷом дода нашуда буданд. Ӯ ҳамчунин баён кард, ки ин оят ба ояти дигаре дар сураи Рум монанд аст, ки дар бораи моле сухан мегӯяд, ки барои зиёд шудан дар назди мардум дода мешавад, на барои ризои Аллоҳ. Ин нишон медиҳад, ки аъмоле, ки ба ғайри Аллоҳ равона шудаанд, мумкин аст дар зоҳир рушд кунанд ва самар диҳанд, вале дар охират ҳеҷ вазну арзише надоранд. Ҳамин тавр, Муҷоҳид ибни Ҷабр раҳимаҳуллоҳ гуфт: ин оят дар бораи шахсест, ки амалҳои амршуда аз ҷониби Аллоҳро монанди намоз ё садақа анҷом медиҳад, вале мақсадаш ризои Аллоҳ нест. Аллоҳ дар дунё ба андозаи он чӣ сарф кардааст ё анҷом додааст, подошашро медиҳад, аммо дар охират барои ӯ ҷуз зиён чизе намемонад. Ӯ муздашро пурра дар ҳамин ҷо гирифтааст ва дар он ҷо дигар насибе надорад. Муҷоҳид инчунин таъкид кард, ки агар подоше дода шавад, ин аз рӯйи адли Аллоҳ аст, на аз он сабаб ки амал қабул шудааст. Эй бародар ва хоҳари азиз, дар ин оят амиқ андеша кун. Ин оят танҳо дар бораи гунаҳкорон сухан намегӯяд. Балки дар бораи ибодаткунандагон низ ҳаст. Дар бораи касоне, ки намоз мехонанд, рӯза мегиранд, садақа медиҳанд ва дар зоҳир аҳли хайр менамоянд, аммо дилҳояшон ба ғайри Аллоҳ бастагӣ дорад. Аллоҳ чизеро нигоҳ намедорад. Агар дунёро бихоҳӣ, онро ба ту медиҳад. Агар ситоиши мардумро бихоҳӣ, онро хоҳӣ гирифт. Агар обрӯ, мақом, шуҳрат, роҳат ё манфиатҳои дунявиро тавассути аъмолат бихоҳӣ, Аллоҳ туро маҳрум намекунад. Ту подошатро пурра хоҳӣ гирифт. Аммо вақте дар рӯзи Қиёмат дар назди Раббат меистӣ ва аъмол вазн карда мешаванд, ба ту гуфта мешавад: Ту подоши худро аллакай гирифтаӣ. Чӣ муомилаи даҳшатнокест: фурӯхтани ҷовидонаро ба муваққатӣ, охиратро ба дунё, ва ризои Аллоҳро ба кафкӯбии мардум. Аллоҳ моро аз риё, худнамоӣ ва нияти фасид паноҳ диҳад ва ҳамаи аъмоли моро холис барои Худаш бигардонад. Амин. t.me/intisharul_Quran
без подписи
Шайх Холид ал-Фулейҷ حفظه الله фазилат ва бузургии омухтани Қуръон ва таълими онро ба дигарон Абу Абдурраҳмони ас Сулами аз уламои бузурги тобиъин дар мадина кудакҳоро таълими Қуръон медод дар ҳоле, ки олими бузург будан, вақте аз у пурсида шуд, ки чи боъис гашт, ки шумо дар инҷо нишаста дарси Қуръон медиҳед, гуфтанд манро танҳо ҳадисе ки Усмон Ибни Аффон разияллоҳу ъанҳ ривоят кардааст, ки дар саҳиҳи Бухори Ва муслим аст, Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд: Беҳтарини шумо касе аст, ки Қуръонро таълим мегирад ва ба дигарон таълим медиҳад. t.me/intisharul_Quran
без подписи
без подписи
без подписи
без подписи
Беҳтарин сармоягузории вақт, омӯзиши илм аст. Он неъматест, ки ҳам дунёро обод мекунад ва ҳам охиратро.
🫀🎧
Эй бародарону хоҳарони азизам, ба Қуръон амал кунед, то наҷот ёбед! Эй бародарону хоҳарони гиромӣ, бидонед, ки наҷоти ҳақиқӣ дар пайравӣ аз китоби Аллоҳ аст. Ин дунё гузаранда аст, рӯзҳояш зуд сипарӣ мешаванд ва инсон дер ё зуд назди Раббаш хоҳад истод. Дар он рӯз на мол суд медиҳад ва на мақом, магар барои касе, ки бо дили солим ва амали солеҳ назди Аллоҳ ояд. Қуръон барои он нозил нашудааст, ки танҳо дар моҳи Рамазон тиловат шавад ё танҳо дар рафҳои хонаҳо гузошта шавад. Он барои ҳидоят, барои амал, барои ислоҳи дилҳо ва барои наҷоти бандагон нозил шудааст. Аллоҳи Азза ва Ҷалл ин китобро нур қарор дод, то моро аз торикиҳои ҷаҳолат, гуноҳ ва гумроҳӣ ба сӯи роҳи рост барорад. Ҳар касе, ки ба он чанг занад, гумроҳ намешавад ва ҳар касе, ки аз он рӯй гардонад, дар зулмат мемонад. Чӣ бисёр инсонҳое ҳастанд, ки Қуръон мехонанд, вале Қуръон аз онҳо шикоят хоҳад кард, зеро онро хондаанд, аммо ба он амал накардаанд. Оятҳои онро шунидаанд, вале фармонҳояшро тарк кардаанд. Аз азоби он тарсидаанд, вале роҳи гуноҳро раҳо накардаанд. Эй дӯстони азиз ба Қуръон амал кардан танҳо хондани он нест. Ҳар ояте, ки мехонӣ, аз худ бипурс: Ин оят аз ман чӣ мехоҳад?Чиро амр мекунад?Аз чӣ манъ мекунад? Зеро наҷот дар рӯзи қиёмат барои касест, ки Қуръонро роҳбари зиндагии худ қарор додааст. Зеро Расулуллоҳ хабар доданд, ки Қуръон рӯзи қиёмат барои соҳибаш шафоат мекунад. Пас эй бародарону хоҳарони азизам, пеш аз он ки рӯзҳои умр сипарӣ шаванд ва дари тавба баста гардад, ба китоби Раббатон бозгардед. Онро бихонед, бифаҳмед, дар оятҳояш тадаббур кунед ва муҳимтар аз ҳама ба он амал намоед. Ба Қуръон амал кунед, то дилҳоятон зинда шаванд.Ба Қуръон амал кунед, то зиндагиятон нуронӣ гардад.Ба Қуръон амал кунед, то дар дунё оромӣ ва дар охират наҷот ёбед. t.me/intisharul_Quran
عَلِمَ أَن لَّن تُحْصُوهُ فَتَابَ عَلَيْكُمْ
Баъзан инсон дар рӯзи Ид миёни мардум механдад, аммо дар даруни синааш дарде пинҳон аст, ки онро ҷуз Аллоҳ касе намедонад. Зеро ҳама шодӣ мекунанд, вале ҳар дил шод нест ҳар чашме, ки механдад, ором нест ва ҳар касе, ки Ид муборак мегӯяд, ҳатман саодатманд нест. Чӣ бисёр қалбҳое ҳастанд, ки аз гуноҳҳо хаста шудаанд, аз фитнаҳо захмӣ шудаанд ва аз сангинии ин дунё ба танг омадаанд. Аммо бо вуҷуди ҳамааш ҳанӯз шабона даст ба осмон мебардоранд ва мегӯянд: Эй Рабби мо моро раҳо макун. Мо мардуме ҳастем, ки дар миёни торикиҳо танҳо ба нури ҳидоят зинда мондаем. Агар Аллоҳ дастамонро намегирифт, мо низ гум мешудем. Агар Ӯ пардаи айбҳоямонро намепӯшонд, расво мегардидем. Ва агар раҳматаш моро фаро намегирифт, дилҳоямон кайҳо мурда буданд. Бисёре аз мо шабҳое доштем, ки дар онҳо танҳо гиря ҳамнишинамон буд. Саҷдаҳое доштем, ки ҷуз Аллоҳ касе ашки моро надид. Дуоҳое доштем, ки бо дили шикаста гуфта шуданд:Эй Аллоҳҳо маро ба худам вомагузор. Ва шояд тамоми хайре, ки имрӯз дар вуҷуди мост, самараи ҳамон ашкҳои пинҳонӣ бошад. Мо хуб медонем, ки ин роҳ осон нест. Роҳи устуворӣ дар замоне, ки фитна мисли мавҷҳои баҳр инсонро иҳота кардааст, роҳи нигоҳ доштани дин дар дунёе, ки ҳар рӯз инсонро ба сӯи гуноҳ мекашад, роҳи танҳо мондан барои ҳақ, роҳи мубориза бо нафс. Аммо бо вуҷуди ҳамааш, мо ҳанӯз умед дорем. Зеро Аллоҳе дорем, ки ҳаргиз бандаро ноумед намекунад. Шояд имрӯз касе моро нафаҳмад, шояд мардум моро зиёдатӣ бинанд, шояд бисёре аз орзуҳоямон шикаста бошад,аммо кофист, ки Аллоҳ бидонад мо барои Ӯ мубориза мебарем. Чӣ қадар зебост, вақте инсон тамоми дунёро аз даст медиҳад, вале Аллоҳро дорад ва чӣ қадар бадбахт аст касе, ки тамоми дунёро дорад, аммо қалбаш аз ҳидоят холист. Эй Аллоҳҳо мо бандагони заифем, қалбҳоямон зуд мешикананд, имонҳоямон баъзан суст мешавад, нафсҳоямон моро хаста мекунад. Аммо моро аз даргоҳат нарон,моро баъд аз ҳидоят гумроҳ магардон, моро аз ҷумлаи касоне қарор надеҳ, ки Туро шинохтанд, сипас аз Ту дур шуданд. Эй Аллоҳҳо агар рӯзе омад, ки тамоми мардум моро тарк карданд, Ту моро тарк макун.Агар тамоми дарҳо баста шуданд, дари раҳмати Худро ба рӯямон боз нигоҳ дор ва агар рӯзе расид, ки дигар қуввати идома надоштем, дастамонро бигир ва ба сӯи Худат биёвар. Зеро мо ҷуз Ту касе надорем. t.me/intisharul_Quran
بسمةُ العيد في الثغور الحِسان.. ♡