tgindex
Кӯдакони "Китобхон"

Кӯдакони "Китобхон"

Статистика
Последний пост
14 авг.
Последнее чтение
15 авг.
Постов за неделю
4
Всего постов
27
Тип
открытый
Язык
tg
В каталоге с
13 авг.
Подписчики
159
+1 за 1 дн.
Сутки
0
0,00%
Неделя
 
Месяц
 
Просмотров на пост
134
27 постов
Вовлечённость
84,3%
к подписчикам
Постов в день
0,6
всего 27
Упоминаний
3
каналов
Охват размещения
оценка
1/24сутки в ленте
25
1/48двое суток
28
1/72трое суток
30

Оценка по просмотрам недавних постов: пост набирает почти всё за первые сутки.

Посты

  • ДАР ВАСФИ МАКТАБ Эй монда қадам ба роҳи мактаб, Олист мақому ҷоҳи мактаб. Мактаб сабаби ҳаёт бошад, Мактаб сабаби наҷот бошад. Мактаб ба ту ақлу ҳуш бахшад, Мактаб ба ту шахду нӯш бахшад... Бархезу гузор хоби худро, Баргир ба каф китоби худро. Рав аз ҳама пештар ба мактаб, Шавқ аст туро агар ба мактаб. Саъйе бинамову илму одоб Беҳтар зи шарики хеш дарёб. То дар ду ҷаҳон азиз бошӣ, Бодонишу ботамиз бошӣ! САДРИДДИН АЙНӢ

  • 📌 АСАЛИ ГАП (ҳикоя) Ҳамсинфам Салим бачаи аҷиб аст. Гапҳои ҳатто дар китоб набударо аз куҷое ёфта меояду аз муаллим мепурсад. Дирӯз вай ба омӯзгорамон ин тавр савол дод: - Муаллимаи азиз, маънии зарбулмасалро намедонам. Кошки ба ман мефаҳмондед. Муаллимаамон Хуршедаи Баҳромзод аввал табассум карданду баъд маънии зарбулмасалро ин тавр шарҳ доданд: - Асали гапро зарбулмасал мегӯянд, фаҳмидӣ? Салим ба аломати инкор сар ҷунбонд. Муаллима гапашонро давом доданд: - Зарбулмасал ҷойи шавқовари нақли мо, ҳикояи мо, сӯҳбати мо, гуфтори мо аст. Мо барои нақламон, гапамонро шавқовару пурмазмун шуданаш аз зарбулмасалҳо истифода мебарем. Масалан, Салимҷон дар хона ба ҳал кардани баъзе мисолҳои дарси риёзӣ дар мемонӣ. Азимҷон ном шарикдарсат ба ёдат меояд: «Ҳозир Азимҷон ин ҷо мебуд бо ёрдами ӯ албатта ин мисолҳоро ҳал мекардам» - аз дил мегузаронӣ ту. Ҳамин вақт ғайри чашмдошт Азимҷон ба хонаатон меояд. Ту аз ин тасодуф бисёр хурсанд мешавӣ ва беихтиёр ин зарбулмасалро ба забон меорӣ: «Номашро гиру гӯшашро каш». Афсӯс, ки бисёр ҳамсинфонат зарбулмасал намедонанд. Барои ҳамин нақлашон хушку бетаъсир аст. Ҳар касе, ки китобхон асту ба сӯҳбати хурду калон бодиққат гӯш медиҳад зарбулмасалҳои зиёдеро медонад. Онҳоро ӯ пеш аз ҳама аз китоб ва аз сӯҳбати мардум омӯхтааст. Минбаъд... - Муаллим мебахшед, - даст бардоштам ман. - Ана ин гап ҳам оё зарбулмасал аст: «Дар гӯям, девор мегӯяд». - Дуруст. Ин зарбулмасал аст. Дар шаъни одамони ҳафтафаҳм, нодон, гаранг гуфта шудааст. Аз ҷавоби муаллима шод шудам, ки ман ҳам зарбулмасал медонистаам. Ба қарибӣ як китобча хонда аз он ана ин зарбулмасалҳоро аз ёд кардам: 1. Аз бекор ҳама безор. 2. Зиёфатхӯр хушомадгӯй аст. 3. Илм хоҳӣ такрор кун. 4. Нек бишуд ҳавои бад, нек нашуд одами бад. 5. То набинӣ бовар накун. ✍️: НАСИМИ РАҶАБ

  • ДИЛИ БЕ ДӮСТ ДИЛИ ҒАМГИН АСТ... Шеъри: Парвин Эътисомӣ Навор аз саҳифаи "Инстаграм"-и #ava_mohammadzade_94 гирифта шудааст

  • 🔴“Кӯдаки имрӯза бо “Бузаки ҷингилапо” қонеъ намешавад”. Вазъи адабиёти кӯдакона дар Душанбе “вахим” арзёбӣ шуд 💢Ин масъала дар як ҳамоише дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баррасӣ ва барои наҷоти соҳа як даста пешниҳод ҳам манзур шуд. 💢Вазъ “аз ҳад зиёд вахим аст” 💢Барнома тайёр аст, вале қабул нашуд… 💢Адабиёти кӯдакона ва пайванди он бо филмҳои тасвирӣ 💢“Бигзор бо Эрон табодули таҷриба шавад” 💢Чанд пешниҳод барои наҷоти соҳа Ин ҳамаро дар мталаби "Азия-Плюс Тоҷикӣ" хонед: 🔗МУФАССАЛ

  • ПАДАР ХОНА БИЁ ЯК ҚИРОТИ ЗЕБОРО БО ҲАМ МЕШУНАВЕМ 📕 Бо Кӯдакони "Китобхон" бошед

  • ТАЪТИЛИ ТИЛЛО ГУЗАШТ Се маҳи гармо гузашт, Сайру тамошо гузашт, Давраи аъло гузашт, Таътили тилло гузашт. Давраи хуштар аз он Омадааст ин замон, Давраи касби камол Дар раҳи илми замон. Ҷангараси занги дарс Мешунавам ин нафас, Оҳ, дилам мекунад Дарси якумро ҳавас! Мактаби ҷон, ассалом! Ҳамсабақон, ассалом! Мӯҳтарам устодҳо, Аз дилу ҷон ассалом! ✍️: Наримон Бақозода 📕 Бо Кӯдакони "Китобхон" бошед

  • 📌 ҶОНИ НОДОН ДАР АЗОБ Шогирд аз устодаш мепурсад: - Фарқ миёни доно ва нодон дар чист? Устод аз ҷо бархоста, ӯро ба назди кӯҳе, ки чанде пеш як қисмаш фурӯ рафта буд, бурд. Ба вай амр кард, то сангҳоро аз поён ба боло барорад. Шогирд санг мекашиду устод дар сояи дарахте китоб мехонд. То бегоҳ ҳамаи сангҳоро кашонд ва монда ҳам шуд. Аммо аз уҳдаи кор, ки баромада буд, бо сари баланд назди марди хирадманд омад ва аз ӯ пурсид: - Устод, акнун метавонам посухи суоламро бигирам? - Не, - сар ҷунбонд мард. - Ту ҳоло ба ин тайёр нестӣ. - Пас, ин қадар сангро ба боло беҳуда кашондам? – гуфт бо таассуф. - Устод ангушти ишоратиашро бардошта, посух дод: - Дидӣ, нодониатро исбот кардӣ, зеро зарурати бо ин қадар заҳмат аз поён ба боло кашондани сангҳоро напурсида, масали «ҷони нодон дар азоб»-ро ба ёдам овардӣ. Шахси доно ин суолро қабл аз кашондани санг медиҳад. Ин аст фарқи байни донову нодон. ✍️: Таҳияи Сайфулло АШӮРОВ 📕 Бо Кӯдакони "Китобхон" бошед

  • ТАОМУЛИ ДӮСТӢ Ду дӯст пойи пиёда бо роҳе аз байни биёбонҳо мерафтанд. Байни ин ҳар ду сари мавзӯе ихтилоф пайдо шуд ва яке аз онҳо дигареро сари хашм як шаппотӣ зад. Дӯсте, ки силӣ (шаппотӣ) бар рӯйи худ хӯрда буд ва озурда гардид, рӯйи регҳои биёбон навишт: “Имрӯз беҳтарин дӯстам бар чеҳраам силӣ зад!”. Он ду канори якдигар ба роҳи худ идома доданд, то ба як макони обод расиданд ва тасмим гирифтанд, ки қадри канори дарёе истироҳат намоянд. Ногаҳон шахсе, ки шаппотӣ ба рӯяш хӯрда буд, пояш лағжид ва ба дарё афтод. Наздик буд, ғарқ шавад, ки дӯсташ ба кӯмакаш шитофт ва ӯро наҷот дод. Баъд аз он ки аз ғарқ шудан наҷот ёфт, бар рӯйи тахтасанге ин ҷумларо ҳаккокӣ кард: “Имрӯз беҳтарин дӯстам маро аз марг наҷот дод!”. Дӯсташ ботааҷҷуб аз ӯ пурсид: - Вақте ман туро дар ҳолати ғазаб як шаппотӣ задам, ту онро рӯйи регҳои биёбон навиштӣ, вале ҳоло чаро ин ҷумларо рӯйи сангҳо навиштӣ? Дӯсташ лабханд заду гуфт: - Вақте касе моро озор медиҳад, бояд рӯйи регҳои биёбон нависем, то бодҳои бахшиш онро пок кунанд. Вале вақте касе муҳаббате дар ҳаққи мо мекунад, бояд онро рӯйи санг ҳаккокӣ кард, то ҳеҷ боде онро натавонад аз байн ва аз ёдҳо бибарад. Аз Интернет

  • 31 июл.1 08852

    🇮🇷 Ту Эронӣ! Қироати Оминаи Олим Шеъри Ҳамидризо Гулшанӣ ایران الهی دور باشد از حریمت جنگ و ویرانی وطن طاقت بیاور اندکی... این سان نمی مانی اگر کفتارها زخمت زدند و دوره ات کردند نمی ترسم؛ که می دانم نمی بازی... تو ایرانی به تاریخت نگاهی کن، دمادم سرخِ خون بوده ولی همچون همیشه دستِ آخر سبز می مانی گذر کن مثل ققنوس از جهنم، مادرم ایران تو باید امن باشی و برقصی و برقصانی تو مهد علم و تاریخ و تمدن ها و فرهنگی حریفت نیست این دشمن، خودت هم خوب می دانی دوباره باز برخیز و شبیه شیر غرش کن چنان قاطع که پر ریزند کرکس های شیطانی برای هر وجب از خاک تو، جان ها فدا گشته تو ناموسی، تو معنایی، حریمی بهتر از جانی ستبر سینه هامان چون سپر در مرزهایت هست قد تو خم نخواهد شد اگر آماج پیکانی سرت سالم، دلت قرص و خلیجت تا همیشه فارس هزاران من فدایت تا تو باشی رو به سامانی #حمیدرضا_گلشن 📕 Бо Кӯдакони "Китобхон" бошед

  • без подписи

  • Машқи зеҳн барои кӯдакони хурдсол...

  • Машқ зеҳн... 📷: Фонус

  • АФСОНАИ “ГУРГ ВА ШАҒОЛ” 🦊🐺 Рӯзе гург заргӯшеро шикор карда, ба сояи дарахте рафт ва ба хӯрдан машғул шуд. Аз куҷое шағоле омаду гуфт: – Эй, бародари гиромиқадри бемислу бемонад ва яктои замон, дар ин бешаи торику ваҳмангез чун ту ягон ҳайвони саховатманд надидам… 🌲✨ Гург сухани шағолро бурида пурсид: – Ту гурусна ҳастӣ? 🤔 – Бале, – ҷавоб дод шағол, – шаш рӯз аст, ки луқмае ба даҳон набурдаам. 😞 Гург рӯдаву ишкамбаи заргӯшро ба шағол дод. 🍖🤝 Бори дигар гург дар сояи ҳамин дарахт дароз кашида пинак мерафт, ки шағол омаду гуфт: – Эй гург, ман тамоми ҷондори бешаро санҷидаму имтиҳон кардам. Дар сари ягон ҳайвон заррае ақлу фаросат нест. Мехоҳӣ туро низ имтиҳон кунам? 🧠❓ Гург пинакашро вайрон накарда, пурсид: – Маълум, ки имрӯз ишкамат пур аст, шағол… 😏 📝 Азизи АЗИЗ

  • Дар ҷавонӣ саъй кун, гар бехалал хоҳӣ амал, Мева бенуқсон бувад, чун аз дарахти навбар аст. 📝: Абдураҳмони ҶОМӢ

  • ЯК ҚИРОАТИ ЗЕБО

  • АФСОНАИ “ГАРДАНИ ЗАРРОФА” Буд набуд, як заррофа буд, почадарозу гардандарозу кутоҳдум. Заррофа як рӯз ташна монда, ба лаби кӯл омад. Омаду пойҳояшро васеъ гузошт ва сар хам карда об нӯшид. Ду шағол дуртар истода, об нӯшидани вайро тамошо карданд. Баъд, яке гуфт: – Чӣ фойида аз ин хел гардани дароз? Бемалол об нӯшида наметавонӣ. Заррофа сар боло кард, нафаси чуқур кашид, вале чизе нагуфт. Пас, дубора сар хам кард, ки ташнагиашро дурусттар шиканад. Ин лаҳза шағоли дигар вайро масхара кард: – Пойҳои дарозат барои об нӯшидан халал расонданд. Пойҳоятро буридан даркор! Заррофа ташнагиашро шикасту сар боло кард. Қоматашро рост гирифт. Ба атроф нигарист. Баъд пурсид: – Об нӯшидед? – Акнун менӯшем, – ҷавоб доданд шағолҳо. Азизи АЗИЗ

  • Дар ҷавонӣ саъй кун, гар бехалал хоҳӣ амал, Мева бенуқсон бувад, чун аз дарахти навбар аст. Абдураҳмони ҶОМӢ

  • без подписи

  • ДУ ЛАТИФА

  • АФСОНАИ “БУЛБУЛ” Буд набуд, як булбул буд. Вай суруди бисёр медонист ва ҳар гоҳ чаҳ-чаҳ мезад, насими раҳгузар лаҳзае истода гӯш медод, гӯш дода, ҷонаш роҳат мекард, хурсанд шуда ташаккур мегуфту виз-визкунон садои булбулро ба манзили дигар мебурд. Рӯзе як мард аз забони бод чаҳ-чаҳи булбулро шунида, ба худ гуфт: – Ин булбулро дошта ба қафас мегирам, агар чунин накунам, номамро тағир медиҳам! Мард ба манзили булбул омад, дом гузошта, булбулро асир кард ва дар қафас гирифту ба хонааш бурд. Ҳамсояҳо ва ёру шиносу дӯстони мард ба дидану шунидани булбул омаданд. Булбул нағмаҳо мекард, одамон ба ҳавои нағмаи булбул сар ҷунбонда мегуфтанд: – Бай-бай, – аҷаб булбули ширинадо будаст! Мард ифтихор карда, курта-курта гӯшт мегирифт. Аммо ҳеҷ касе намедонист, ки булбул чиҳо мегӯяд. Булбул мегуфт: – Эй, мардуми нодон, эй ҷоҳилу бехабарон, шаҳри шумо барои ман хушку берӯҳ аст, хонаҳои якрангу баланд ва мошинҳои бешуморатон маро дилгир карданд, шумо лоақал ҳаво надоред, ки осону осуда нафас кашам. Равед, боғ бунёд кунед, кӯчаҳои худро гулзор кунед, ман манзили камсадою хушҳаво мехоҳам, дар хиёбону гулгаштҳои зебо пар зада суруди нав хондан мехоҳам… Аммо одамон чизе нафаҳмида, ба чаҳ-чаҳи булбул гӯш медоданд ва хотирашон ҷамъ буд, ки мардуми оқилу доноянд. Ҳама сар ҷунбонда мегуфтанд: – Бай-бай, аҷаб булбули ширинадо будаст... Азизи АЗИЗ