tgindex
Китобхон - کتابخوان

Китобхон - کتابخوان

Статистика

🇹🇯 Китобхон - таблиғгари китоб, илм, маърифат ва андешаи солим. 🇮🇷🇦🇫 کتابخوان - تبلیغگر کتاب، علم، معرفت و اندیشه سالم.

Последний пост
13 авг.
Последнее чтение
13 авг.
Постов за неделю
2
Всего постов
44
Тип
открытый
Язык
tg
В каталоге с
13 авг.
Подписчики
1 631
−2 за 5 дн.
Сутки
−2
−0,12%
Неделя
 
Месяц
 
Просмотров на пост
705
40 постов
Вовлечённость
43,2%
к подписчикам
Постов в день
0,3
всего 44
Упоминаний
8
каналов
Охват размещения
оценка
1/24сутки в ленте
218
1/48двое суток
249
1/72трое суток
269

Оценка по просмотрам недавних постов: пост набирает почти всё за первые сутки.

Посты

  • без подписи

  • без подписи

  • 💢Табиби тоҷик: Пушти бемористон бомб метаркид, аммо касе ҷойи корро тарк намекард Доктор Олимҷон Олимов, роҳбари маркази омӯзишии “Интеллект” дар суҳбат бо “Китобхон” аз соатҳои аввали ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон ва давраи таҷрибаомӯзияш дар Теҳрон қисса кард. Дар ин барнома мо аз мавзуи рақобати Эрон бо Олмон, Ҷопон ва Амрико дар бахши пизишкӣ то масъалаи истифодаи фанновариҳои нав дар тибби ин кишварро баррасӣ кардем. Баҳси низоми тибби Эронро ба таври муфассал рӯзи 13-уми август дар саҳифаи ютубии барномаи “Китобхон” тамошо карда метавонед. 📖 Китобхон

  • 🔵 Ҷанги мо ба хотири ҳамин адабиёт аст Ду қисса аз Ойниҳол Бобоназарова, сиёсатмадори тоҷик Таҳияи Далер Шариф 📖 Китобхон

  • 7 авг.569161

    МАҶӮ ДУРУСТИИ АҲД АЗ ҶАҲОНИ СУСТНИҲОД Ғазали Ҳофиз Шерозӣ Ровӣ: Далер Шариф *** Биё, ки қасри амал сахт сустбунёд аст, Биёр бода, ки бунёди умр бар бод аст. Ғуломи ҳиммати онам, ки зери чархи кабуд, Зи ҳар чӣ ранги тааллуқ пазирад, озод аст. Чӣ гӯямат, ки ба майхона дӯш масту хароб, Суруши олами ғайбам чӣ муждаҳо додаст, Ки “Эй баландназар, шоҳбози сидранишин, Нишемани ту на ин кунҷи меҳнатобод аст”. Туро зи кунгураи арш мезананд сафир, Надонамат, ки дар ин домгаҳ чӣ уфтодаст? Насиҳате кунамат, ёд гиру дар амал ор, Ки ин ҳадис зи пири тариқатам ёд аст. Ғами ҷаҳон махӯру панди ман мабар аз ёд, Ки ин латифаи ишқам зи раҳраве ёд аст. Ризо ба дода бидеҳ в-аз ҷабин гиреҳ бикшой, Ки бар ману ту дари ихтиёр накшодаст. Маҷӯ дурустии аҳд аз ҷаҳони сустниҳод, Ки ин аҷуз арӯси ҳазор домод аст. Нишони аҳду вафо нест дар табассуми гул, Бинол, булбули бедил, ки ҷойи фарёд аст. Ҳасад чӣ мебарӣ, эй сустназм, бар Ҳофиз, Қабули хотиру лутфи сухан худодод аст. * Ҳофизи Шерозӣ بیا که قصرِ اَمَل سخت سست بنیادست بیار باده که بنیادِ عمر بر بادست غلامِ همتِ آنم که زیرِ چرخِ کبود ز هر چه رنگِ تعلق پذیرد آزادست چه گویمت که به میخانه دوش مست و خراب سروشِ عالَمِ غیبم چه مژده‌ها دادست که ای بلندنظر شاهبازِ سِدره نشین نشیمن تو نه این کُنجِ محنت آبادست تو را ز کنگرهٔ عرش می‌زنند صفیر ندانمت که در این دامگه چه افتادست نصیحتی کنمت یاد گیر و در عمل آر که این حدیث، ز پیرِ طریقتم یادست غمِ جهان مخور و پندِ من مَبَر از یاد که این لطیفهٔ عشقم ز رهروی یادست رضا به داده بده وز جبین گره بگشای که بر من و تو دَرِ اختیار نگشادست مجو درستیِ عهد از جهانِ سست نهاد که این عجوز، عروس هزاردامادست نشان عهد و وفا نیست در تبسمِ گل بنال بلبل بی دل که جای فریادست حسد چه می‌بری ای سست نظم بر حافظ؟ قبولِ خاطر و لطفِ سخن خدادادست 📖 Китобхон

  • ПОРАХӮР ПОРАХӮРРО ТАРБИЯТ МЕКУНАД! Андешаи Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ (Раҳмати Худои меҳрубон бар ӯ бод) Таҳияи Далер Шариф 📖 Китобхон

  • Китобхон - کتابخوان pinned a photo

  • 3 авг.651111

    ФИРЕБИ ТӮДАҲО Нодонҳо дар замони буҳрон ақлашонро ба дасти шаоеот (овозаҳо, ҳангомаҳо) месупоранд. Аммо огоҳон аз ҳар буҳроне фурсате барои рушд месозанд. Фақри воқеӣ фақри молӣ нест, фақри таҳлил (назари интиқодӣ) аст. Агар иҷозат диҳӣ ахбори бад туро фалаҷ кунад, душман ба ҳадафаш расидааст. Сарвати воқеӣ насиби касоне мешавад, ки вақте ҳама дар ҳоли ларзидан ҳастанд, онҳо дар ҳоли сохтан бошанд. Бедор шав ва аз сафи қурбониҳо хориҷ шав! Бертран Рассел فریب توده‌ها نادان‌ها در زمان بحران، عقل‌شان را به دست شایعات (آوازه‌ها، هنگامه‌ها) می‌سپارند. اما آگاهان از هر بحرانی فرصتی برای رشد می‌سازند. فقر واقعی، فقر مالی نیست، فقر تحلیل (نظری انتقادی) است. اگر اجازه دهی اخبار بد تو را فلج کند، دشمن به هدفش رسیده است. ثروت واقعی نصیب کسانی می‌شود که وقتی همه در حال لرزیدن هستند، آن‌ها در حال ساختن باشند. بیدار شو و از صف قربانی‌ها خارج شو! برتراند راسل

  • без подписи

  • Суҳбатҳои вижаи “Китобхон” бо шоир ва тарҷумон Сиёвуш Ҷунайдӣ, ки баъди беш аз 30 соли зиндагӣ дар Қирғизистон ба Ватан баргашт, рӯзҳои наздик пешниҳод мешавад.

  • 🇮🇷 Ту Эронӣ! Қироати Оминаи Олим Шеъри Ҳамидризо Гулшанӣ ایران الهی دور باشد از حریمت جنگ و ویرانی وطن طاقت بیاور اندکی... این سان نمی مانی اگر کفتارها زخمت زدند و دوره ات کردند نمی ترسم؛ که می دانم نمی بازی... تو ایرانی به تاریخت نگاهی کن، دمادم سرخِ خون بوده ولی همچون همیشه دستِ آخر سبز می مانی گذر کن مثل ققنوس از جهنم، مادرم ایران تو باید امن باشی و برقصی و برقصانی تو مهد علم و تاریخ و تمدن ها و فرهنگی حریفت نیست این دشمن، خودت هم خوب می دانی دوباره باز برخیز و شبیه شیر غرش کن چنان قاطع که پر ریزند کرکس های شیطانی برای هر وجب از خاک تو، جان ها فدا گشته تو ناموسی، تو معنایی، حریمی بهتر از جانی ستبر سینه هامان چون سپر در مرزهایت هست قد تو خم نخواهد شد اگر آماج پیکانی سرت سالم، دلت قرص و خلیجت تا همیشه فارس هزاران من فدایت تا تو باشی رو به سامانی #حمیدرضا_گلشن 📕 Бо Кӯдакони "Китобхон" бошед

  • 📌Дар нашри 165-уми барномаи “Китобхон” Абдулмуъмин Шарифӣ, ҳунарманди шинохтаи тоҷик, китобҳоеро муаррифӣ кард, ки хонданашон аз манфиат холӣ нест. Ӯ бо такя ба ин китобҳо аз маддоҳӣ, тарс, бесаводӣ ва заъфи ҳофизаи таърихӣ, ҳамчунин, хатари онҳо ба ҷомеа ҳушдор дод. БАРНОМА

  • 💢Аз марги шарофатат битарс... 📖 Китобхон

  • ЧАШМОНИ НИГАРОН Яке аз мулуки Хуросон Маҳмуди Сабуктегинро ба хоб чунон дид, ки ҷумла вуҷуди ӯ рехта буд ва хок шуда, магар чашмони ӯ, ки ҳамчунон дар чашмхона ҳамегардид ва назар ҳамекард. Соири ҳукамо аз таъвили ин фурӯ монданд, магар дарвеше, ки хидмат ба ҷой овард ва гуфт: – Ҳанӯз нигарон аст, ки мулкаш бо дигарон аст. Бас номвар ба зери замин дафн кардаанд, К-аз ҳастияш ба рӯйи замин бар нишон намонд. В-он пирлошаро, ки супурданд зери хок, Хокаш чунон бихӯрд, к-аз ӯ устухон намонд. Зинд(а)аст номи фаррухи Нӯшинравон ба хайр, Гарчи басе гузашт, ки Нӯшинравон намонд. Хайре кун, эй фалону ғанимат шумор умр З-он пештар, ки бонг барояд: Фалон намонд! ✏️ Аз “Гулистон”-и Саъдии Шерозӣ

  • ФИРЕБИ ЗАМОН Бузургтарин иштибоҳи инсон ин аст, ки фикр мекунад вақт дорад. Замон бераҳмтарин дороии туст, ки дар ҳоли сӯхтан аст. Бедорӣ дард дорад, аммо дар хоб мондан фоҷиа ба бор меоварад. Мо ин ҷо ҷамъ шудаем, то қабл аз ин ки тозиёнаи рӯзгор бедорамон кунад, худамон чашмҳоямонро боз кунем. Ҳазор нафар ё як нафар, ҳақиқат тағйир намекунад. Аммо хуш ба ҳоли касе, ки қабл аз ғуруби хуршед роҳашро пайдо кард. Фёдор Достоевский بزرگ‌ترین اشتباه انسان این است که فکر می‌کند وقت دارد. زمان بی‌رحم‌ترین دارایی توست که در حال سوختن است. بیداری درد دارد، اما در خواب ماندن فاجعه به بار می‌آورد. ما اینجا جمع شده‌ایم، تا قبل از این که تازیانهٔ روزگار بیدارمان کند، خودمان چشم‌هایمان را باز کنیم. هزار نفر یا یک نفر، حقیقت تغییر نمی‌کند. اما خوش به حال کسی که قبل از غروب خورشید راهش را پیدا کرد. فیودور داستایوسکی

  • Гунаи электронии китоби "Нони шарикӣ"-и Мирзонасриддин Саидзода бори аввал дар сомонаи "kitobkhon. net" нашр шуд. Аз пайванди зерин китобро дар шакли "pdf" ва "epub" боргирӣ карда метавонед: https://kitobkhon.net/book/noni-shariki

  • Шоҳнома ва Фирдавсӣ

  • ЯК ДАРС Таъриху фарҳанг барои миллат мисли хотира барои инсон аст. Инсони бехотира намедонад кист, аз куҷо омадааст ва ба куҷо меравад. Миллати бетаърих ва бефарҳанг низ маҳкум ба гумроҳӣ ва маҳв шудан аст. Худшиносии миллӣ танҳо бо ифтихори хушку холӣ аз гузаштагон ба даст намеояд, балки он масъулияти имрӯзу фардои ватанро ба дӯш гирифтан аст. 📝: Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ 📚: Аз китоби “Хуросон аст инҷо” 📖 Китобхонро дар 📱 Telegram 📱 Instagram  📱 Facebook 📱TikTok 📱 Вконтакт пайгир бошед

  • 19 июл.1 3056

    без подписи

  • 19 июл.1 3076

    без подписи