- Последний пост
- 7 авг.
- Последнее чтение
- 15 авг.
- Постов за неделю
- 0
- Всего постов
- 20
- Тип
- открытый
- Язык
- tg
- Категория
- Новости и СМИ (по похожим)
- В каталоге с
- 13 авг.
- 1/24сутки в ленте
- 329
- 1/48двое суток
- 377
- 1/72трое суток
- 406
Оценка по просмотрам недавних постов: пост набирает почти всё за первые сутки.
Посты
✍ Муҳаммадюсуф Имомзода, Замирахон Ӯлмасова. "Таърихи адабиёти тоҷик" 📌 Китоби дарсии "Таърихи адабиёти тоҷик" (давраи нав) ба сифати китоби таълимии таърихи адабиёти тоҷик аз охири асри XIX то аввали қарни XXI пешниҳод шуда, барои донишҷӯён, магистрантон, докторантон, унвонҷӯён, омӯзгорони фанни адабиёт ва соири алоқамандони каломи бадеъ тавсия гардидааст. ✅ Дар китоб даврабандии адабиёти муосири тоҷик ва махсусиятҳои он, масъалаҳои равишу тамоюлҳои инкишофи адабиёти нави тоҷик, заминаҳои ташаккули равияҳои маорифпарварӣ, ҷадидӣ, намояндагони онҳо, ҷараёни рӯзгор ва осори шоирону нависандагон, вижагиҳои осори адибони асри XX ва сиву панҷ соли Истиқлоли давлатӣ, намунаҳои арзишманди адабиёти ин давра бо диди нав баррасӣ шудааст. 📚Хоҳишмандон китоби Муҳаммадюсуф Имомзода ва Замирахон Ӯлмасова «Таърихи адабиёти тоҷик» -ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.
без подписи
✍ Иоҳан Гёте. "ФАУСТ" 📌 Ин нусхаи аслии «Фауст», соли 1899 ба табъ расидааст. Достон аз ҷониби шоири машҳури рус Александр Фет аз забони олмонӣ ба русӣ тарҷума шудааст. Ду қисми ин шоҳкории Гёте дар як ҷилди бузург ҷо дода шудааст. ✅ Китоб бо андозаи азим ва тарҳи нотакрораш аз дигар китобҳои фонд ба кулли фарқ мекунад. Вазни он тақрибан 10 килограмм буда, ҳар як саҳифааш намунаи баланди санъати китобороии охири асри XIX-ро муаррифӣ мекунад. 📚 Шоҳкори безаволи Иоҳан Волфанг фон Гёте - яке аз бузургтарин намояндагони адабиёти классикии Олмон "Фауст" дар шуъбаи депозитарии Китобхонаи миллии Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешавад.
✍ Шодӣ Раҷабзод. “Дасти боло” ✅ Ҳикояҳои маҷмуаи “Дасти боло”-и Шодӣ Раҷабзод мазмуну муҳтавои рангину муассир ва хотирмон доранд. Ин ҳикояҳо мавзуъҳои гуногунро фаро мегиранд, вале мавзуъҳои ҷовидониву ифтихории адабиёт – ватандориву ватандӯстӣ, одаму одамгарӣ, некиву накукорӣ ва тарғиби хисоли ҳамида дар меҳвари онҳо қарор гирифтаанд. 📚 Хонандагон имкон доранд китоби Шодӣ Раҷабзод “Дасти боло”-ро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
✍ Муродова Гавҳар Сафарова. "80 – соли боргоҳи санъат ва маърифат" ✅ Китоби "80 – соли боргоҳи санъат ва маърифат" ба 80-солагии фаъолияти Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов бахшида шуда, ба тозагӣ аз чоп баромадааст. 📌 Маҷмуаи мазкур барои қишрҳои гуногуни ҷомеа, ҳаводорони фарҳанги мусиқӣ, хусусан насли наврасе, ки дар оянда ҳаёти худро ба ин соҳа пайваст менамоянд, хидмат намуда, хамзамон барои кулли омӯзгорон, донишҷӯён, илмомӯзон, тадқиқотчиён ҳамчун маводи иттилоотӣ ёрирасон гардида, фазои фарҳангии кишварро то андозае ғанӣ мегардонад. 📚 Хонандагон китоби Муродова Гавҳар Сафаровна «80-соли боргоҳи санъат ва маърифат»-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
✍ "Луғати лотинӣ-русӣ-тоҷикии истилоҳоти тиббӣ" ✅ Мураттиби ин китоб омӯзгори забони лотинии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, номзади илмҳои филологӣ Ҳадиса Сангова буда, бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чанде пештар рӯи чоп омадааст. 📌 Забони лотинӣ-забони истилоҳоти байналмилалӣ ва забони касбии табибон маҳбус меёбад. Аз ин рӯ, дар аксарияти забонҳои дунё истилоҳот аз забони лотинӣ ва юнонӣ бидуни тарҷума қабул ва корбурд мешаванд. Инро мо дар истилоҳоти соҳаи тиб низ мушоҳида менамоем.Ин луғат ба донишҷӯёни соҳаи тибб, биология ва ҳамаи шахсоне, ки ба тибб алоқаманданд муфид хоҳад буд. 📚 Китоби мазкурро хоҳишмандон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолаа кунанд.
✍ "Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тамаддуни халқи тоҷик" 📌 Китоб ба фаъолияти пурсамар ва беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст. ✅ Оғози фаъолияти ин сиёсатмадори ҷаҳонӣ ҳамчун Сардори давлат аз Иҷлосияи XVI Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, он таърихи пурғановати мардуми сарбаланди кишварро, ки бунёдкориву созандагӣ асоси зиндагии онҳост инъикос менамояд. Мақолаҳои донишмандони маъруфи ватаниву хориҷӣифодагари корнамоиҳои беназири Пешвои муаззами миллат дар роҳи расидан ба ҳадафҳои олии мардуми Тоҷикистон мебошад. 📚Хоҳишмандон китоби "Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тамаддуни халқи тоҷик"-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ дарёфт ва мутолиа кунанд.
✍ А. П. Шишов . "Таджики. Этнографическое и антропологическое исследование” ✅ Китоби "Таджики. Этнографическое и антропологическое исследование” ба омӯзиши ҳаёти таърихӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва этнографии тоҷикон бахшида шудааст. 📌 Александр Шишов тадқиқоти худро дар бораи этнография ва антропология (инсоншиносӣ) дар давраи Ҳукумати Шȳравӣ идома дод. Китоб ба забони русӣ таълиф гардида, дар замони худ як тадқиқоти муфассал оид ба ҳаёти тоҷикон ба шумор мерафт. Асар ба даврае тааллуқ дорад, ки омӯзиши этнографии халқҳои Осиёи Марказӣ дар доираи илмӣ таваҷҷуҳи бештар пайдо мекард. Аз ин рӯ, он имрӯз низ ҳамчун сарчашмаи муҳим барои омӯзиши таърихи этнография ва фарҳанги тоҷикон аҳамияти худро нигоҳ доштааст. 📚 Китоб дар шуъбаи депозитарии Китобхонаи миллӣ маҳфуз мебошад. Ҳузури ҳамзамони нусхаи аслӣ ва тарҷумаи тоҷикии он имконияти хуберо фароҳам меорад, ки хонандагон онро дар шакли аслӣ ва тарҷумашуда мутолиа намоянд.
✍ Сайнаков С.П., Комилбек А.Ё., Воҳидов Н.Ҳ. “Таърихи муносибатҳои байналхалқӣ” ✅ Китоби мазкур таърихи муносибатҳои байналхалқиро аз давраи қадим то ташаккулёбии системаи Версал-Вашингтон мавриди барарсӣ қарор додааст. Дар он давраҳои асосии таърихи рушди муносиботи қавму қабилавӣ, минтақавӣ, байниминтақавӣ, байнидавлатӣ ва байнахалқӣ, фаъолияти сиёсию дипломатии шахсиятҳои намоён ва мазмуни назарияҳои, консепсияҳои асосии муносиботи байнахалқии то оғози давраи навтарини таърих инъикос ёфтааст. 📌 Китоб барои омӯзгорону донишҷӯён, докторантону аспирантони шуъбаҳо ва факултетҳои муносибатҳои байнахалқии мактабҳои олӣ, мутахассисони соҳаи равобити байнахалқӣ ва доираи васеи шавқмандони таърихи муносибатҳои байнахалқӣ пешбинӣ шудааст. 📚 Хоҳишмадон китоби “Таърихи муносибатҳои байналхалқӣ”-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.
✍ "Нури хирад дар масири таърих" ✅ Китоби "Нури хирад дар масири таърих. Маҷмуаи мақолаҳо ва хотираҳо» дар натиҷаи пажӯҳишҳои илмии Маркази «Тоҷикшиносӣ»-и Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва нашр гардид. Ин иқдом дар ҷараёни омодасозии дастури библиографии "Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ Қурбонзода: китобномаи шарҳиҳолӣ" роҳандозӣ шуда, ба гиромидошти мероси илмӣ ва арҷгузорӣ ба корномаи пурмаҳсули муаррихи маъруф, энсиклопедист ва яке аз поягузорони мактаби шарқшиносии муосири тоҷик – устод Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ бахшида шудааст. 📚 Китоби «Нури хирад дар масири таърих» арҷгузориест ба заҳматҳои шабонарӯзии донишманди фидоӣ – устод Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ. Муҳаққиқону ҳаводорони илм метавонанд барои ошноӣ бо рӯзгор ва корномаи устод аз ин маҷмуа дар толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ ба таври васеъ баҳрабардорӣ намоянд.
✍ Н.Мирзоев ва А.Шарифов. “Асосҳои дипломатия” 📌 "Асосҳои дипломатия" як китоби дарсӣ буда, барои донишҷуёни ихтисосҳои «муносибатҳои байналхалқӣ», «сиёсатшиносӣ» ва ғайра пешбинӣ шудааст. Донишҷуён тавассути он дар бораи асосҳои дипломатия, таърихи ташаккул ва таҳаввули он, ҷанбаҳои асосии фаъолияти дипломатӣ, нақши ташрифот ва маросим, сифатҳои шахсии дипломат ва тамоюлоти навин дар дипломатияи муосир маълумоти аввалия пайдо карда метавонанд. ✅ Бо дарёфти истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қадамҳои устувор ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ворид гардид. Дипломатияи тоҷик дар даврони истиқлол мазмун ва муҳтавои тоза касб намуда, Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд. 📚Хоҳишмандон китоби “Асосҳои дипломатия”-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Биомӯзед ва бихонед. Китобҳои ҷиддиро мутолиа кунед. Дигараш худ ба худ рӯ ба роҳ мешавад. Федор Достоевский
✍ Абдулҳусайни Зарринкўб. “Бо корвони ҳулла” 📌 Китоб шомили сӣ мақолаи арзишманди адабиётшиноси шинохта Абулҳусайни Заррикӯб буда, дар хусуси зиндагӣ ва осори сӣ тан адиби маъруфи форсу тоҷик, аз Устод Рӯдакӣ то Аллома Деҳхудо мебошад. ✅ Умед аст, ки ин маҷмуа барои ҷавонону донишҷўён фаҳми шеъри гузаштагонро то ҳадде осон кунад ва дастикам шавқу алоқа ба шеъру адабро дар онон бияфзояд. 📚 Хоҳишмандн имкон доранд “”Бо корвони ҳулла”-и Абулҳусайни Зарринкӯб дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
✍ Зебуннисо. "Куллиёт" ✅ Мавзӯи ишқу муҳаббат дар ғазалиёти Зебуннисо покн мавқеи асосӣ дорад. Албатта, ин бесабаб нест. Зеро қаҳрамони лирикӣ пеш аз ҳама зан аст. Аз ин рӯ, дарду алами зан, ишқу муҳаббати занро беҳтару хубтар эҳсос мекард. 📌 Мавзуи ғазалҳои Зубуннисо гуногун буда, шоир бештар зиндагии душвору беҳуқуқии занони мазлумро бозтоб мекунад. Дили шоир бар ҳоли дармондагону бечорагон месӯзад. Аз ин ҷост, ки шоир онҳоро дилбардорӣ мекунад ва таъкид менамояд, ки аз пайи хар шом сахаре хаст. 📚 Хоҳишмандон метавонанд, ғазалҳои ошиқонаву дардошнои Зебуннисоро дар Китобхонаи миллӣ дарёфт ва мутолиа намоянд.
✍ Ҳасани Султон. “Фурӯғи худшиносии миллӣ” ✅ Фурӯғи худшиносии миллии мо, тоҷикон дар ҷаҳони пуртаззоди муосир, пеш аз ҳама, ба Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва иқдоми наҷибонаи Пешвои муаззами миллат дар амри эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ба ин васила таҳким бахшидани пояҳои давлатдории миллӣ алоқаманд мебошад. 📌 "Фурӯғи худшиносии миллӣ” аз чеҳраҳои мондагори таъриху фарҳанг ва ситораҳои дурахшони осмони забону адаб: Устод Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Хоҷа Ҳофиз, Устод Айнӣ ёд карда, аз овоза то ҳақиқати ба орифи маъруф ва устоди маънавии Мавлоно – Шамси Табрезӣ мансуб донистани мазори ин бузургвор дар қаламрави Тоҷикистон бо даҳ далел таъйид шудааст. Китоб барои истифода ба доираи васеи хонандагон пешниҳод гардидааст. 📚Китоби Ҳасани Султон "Фурӯғи худшиносии миллӣ”-ро хоҳишмандон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
✍ Лукянов Б., Латов В. “Кӯдакони бадбахт” ✅ Мавзӯи асосии ин китоб ба ҳаёти кӯдаконе бахшида шудааст, ки дар натиҷаи нобаробарии иҷтимоӣ, камбизоатӣ ва беадолатиҳои ҷомеаи капиталистӣ ба зиндагии сангин рӯ ба рӯ шудаанд. 📌 “Кӯдакони бадбахт” ҳамчун намунаи мероси хаттии тарҷумаи осори адабии олам дар фонди шуъбаи депозитарии Китобхонаи миллӣ маҳфуз буда, барои муҳаққиқон, омӯзгорон, донишҷӯён ва ҳамаи дӯстдорони китоб арзиши баланди илмӣ ва маърифатӣ дошта, на танҳо аҳаммияти адабӣ, балки арзиши таърихию фарҳангӣ низ дорад. Он бозгӯи муҳити сиёсӣ, иҷтимоӣ ва идеологии давраи нашри худ буда, барои омӯзиши таърихи чопи китоб дар Тоҷикистон, таҳқиқи адабиёти иҷтимоӣ ва шиносоӣ бо осори солҳои 50-уми асри гузашта ҳамчун манбаи муҳим хидмат мекунад. 📚 Китоби "Кӯдакони бадбахт" дар фонди шуъбаи депозитарии Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолиа мебошад.
✍ Абӯалии Балъамӣ. "Баҳроми Чӯбин" ✅ Қиссаи "Баҳроми Чӯбин" яке аз фаслҳои бисёр ҷолиби китоби "Таърихи Балъамӣ" буда, дар он саҳнаҳои аҷоибу ғароиби таърихӣ, корномаҳои мардонагӣ, ҷасурӣ, дӯстию душманӣ ва кинахоҳӣ, тасвирҳои асотирӣ ва амсоли инҳо хеле фаровонанд. 📌 Китоб барои хониши беруназсинфии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тавсия шуда, моро бо саҳнаҳои аҷиби таърихи бостонии мардуми ориёнажод ошно месозад. Тағйири ҳодисаҳо, задухӯрду маҷароҳо боиси ангехтани шавқи хондани он мегардад. 📚 Китоби Абӯалии Балъамӣ "Баҳроми Чӯбин"-ро хонандагон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа созанд.
✍ Олимҷон Хоҷамуродов. "Нигоҳе ба ҷунбиши ислоҳи хат дар Эрон" 📌 Китоби Олимҷон Хоҷамуродов “Нигоҳе ба ҷунбиши ислоҳи хат дар Эрон (аз охирҳои асри XIX то солҳои 70-уми асри ХХ)” соли 2023 ба теъдоди 100 нусха чоп шудааст ва муаллиф бо дастхати зебои нусхае аз онро ба Китобхонаи миллӣ ҳам тақдим кардааст. ✅ Дар ин рисолаи мухтассар эроншиноси тоҷик Хоҷамуродов О. сайъ кардааст, дар мабнои матолиби дар китобхонаҳои ҷумҳурӣ ва шахсӣ мавҷудбуда, ҳаракатҳои ислоҳталабии рўшанфикрони Эронро дар мавриди ислоҳ ё тағйири хатти форсӣ аз нимаи дуюми асри ХIХ то солҳои 70-уми асри ХХ ба муоина гирад. 🗒 Рисола барои коршиносон, устодон, донишҷўёни макотиби олӣ ва доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст. 📚Хонандагону хоҳишмандон имкон доранд китоби “Нигоҳе ба ҷунбиши ислоҳи хат дар Эрон (аз охирҳои асри XIX то солҳои 70-уми асри ХХ)”-ро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
✍ Абдулҳамид Самад. "Шаҳсутун" ✅ Китоби "Шаҳсутун"-и Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рудакӣ Абдулҳамид Самад гулчини ҳикояҳо аз маҷмӯаи нахустин то охирини нависанда бо таҳрири тоза дар бар мегирад. 📌 Ҳикояҳо олами мураккаби ботинии инсон, иродаи сангини ӯ дар рӯ барӯйи шикасту рехт, дарду алам, талошу пойдорияш дар роҳи оини инсониву ҷавонмардӣ, ишқу вафодорӣ, ҳифзи Ватану арзишҳои истиқлоли давлатӣ ва ормонҳои миллиро хеле самимӣ ва рангубаранг бозгӯ кардаанд. 📚 Хоҳишмандон маҷмӯи ҳикояҳои Абдулҳамин Самад "Шаҳсутун"ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ дарёфт ва мутолиа намоянд.
✍ Шералӣ Ризоён “Чашмандози ҷаҳоншиносӣ” 📌 Навиштор дар асоси дидаҳо ва бардоштҳои сафар аз Амрико, Арманистон, Гурҷистон ва Озарбойҷон, ҳамчунин пажуҳиши дафтарӣ ва таҷрибӣ таҳия гардида, бо омезиши сабки сафарноманависӣ ва таҳлилнависӣ рӯйи коғаз омадааст. ✅ Китоб барои коршиносон ва пажӯҳишгарони илмҳои сиёсӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, ҷомеашиносӣ, оянданигарии сиёсӣ ва ба доираи густардаи хонандагон тавсия шудааст. 📚 Хонандагон имкон доранд китоби Шералӣ Ризоён ”Чашмандози ҷаҳоншиносӣ”-ро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.