اندیشکده - Андешакада
Статистика- Таҳлили сиёсати хориҷии Тоҷикистон / تحلیل سیاست خارجی تاجیکستان; - Арзёбии равандҳои Осиёи Марказӣ / ارزیابی روندهای آسیای مرکزی; - Баррасии муҳимтарин рӯйдодҳои ҷаҳон / بررسی مهمترین رویدادهای جهان . Барои тамос /برای تماس: rizoyons@gmail.com
- Последний пост
- 19 июл.
- Последнее чтение
- 15 авг.
- Постов за неделю
- 0
- Всего постов
- 22
- Тип
- открытый
- Язык
- tg
- Категория
- Новости и СМИ (по похожим)
- В каталоге с
- 14 авг.
- 1/24сутки в ленте
- 81
- 1/48двое суток
- 92
- 1/72трое суток
- 100
Оценка по просмотрам недавних постов: пост набирает почти всё за первые сутки.
Посты
без подписи
без подписи
📚 Сомонаи KITOBKHON.NET комилан нав шуд! Дӯстони азиз! Китобхонаи электронии "Китобхон" аз сифр аз нав сохта шуд ва акнун бо намуди тоза ва имкониятҳои фаровон фаъолиятро давом медиҳад. ❓ Чӣ навгониҳо шуд? ✨ Тарҳи муосир - сомонаро зебо, сабук ва пурра ба телефонҳои мобилӣ мувофиқ кардем; 🔍 Ҷустуҷӯи ҳушманд — номи китобро чӣ гунае ки нависед, сомона онро меёбад: бо ҳарфҳои лотинӣ («Shohnoma»), бе ҳарфҳои махсуси тоҷикӣ («Точикистон» ба ҷои «Тоҷикистон») ва ҳатто бо хатои имлоӣ; 🗂 Полоишҳои васеъ — китобҳоро аз рӯйи муаллиф, бахш, барчасп, забон, нашриёт ва соли чоп ҷудо карда метавонед. Чанд полоишро ҳам якҷоя мешавад истифода бурд. ↕️ Мураттабсозӣ — натиҷаҳои ҷустуҷӯро аз рӯйи нав будан, ном, соли нашр ё аз рӯйи китобҳои бештар боргиришуда тартиб диҳед. 👤 Саҳифаи муаллифон — ҳар муаллиф акнун саҳифаи худро дорад: сурат, тарҷумаи ҳол ва ҳамаи китобҳояш дар як ҷо; дар феҳристи муаллифон ҷустуҷӯ низ ҳаст 📖 Саҳифаи китоб — дар зери ҳар китоб акнун бахшҳои «Асарҳои дигари муаллиф» ва «Дигар китобҳо» ҳастанд — китобҳои ба шумо ҷолиб дар ин бахшҳо хоҳанд буд. 🤖 Боти "Telegram" — t.me/kitobkhon_net_bot: номи китоб ё муаллифро нависед ва файли PDF-ро бевосита дар "Telegram гиред", ба сомона даромадан ҳам лозим нест! ⚡️ Суръати баланд — саҳифаҳо тезтар кушода мешаванд. 📊 Ҳоло дар китобхона 868 китоб аз 624 муаллиф ҷамъ шудааст ва ин рақам афзоиш хоҳад ёфт. Чун қисми мудирияти сомона (админ панел) ҳам бо сифати беҳтар сохта ва илова кардани китобҳо барои мудирон осонтар шуд. 🖇 Мисли пештара ҳамаи китобҳо ройгон боргирӣ мешаванд, ҳамаи пайвандҳои пешина низ кор мекунанд. Моро дастгирӣ ва сомонаро ба дӯстонатон мубодила кунед! 🙏 👉 https://kitobkhon.net
اندیشکده - Андешакада pinned a photo
✍ Шералӣ Ризоён “Чашмандози ҷаҳоншиносӣ” 📌 Навиштор дар асоси дидаҳо ва бардоштҳои сафар аз Амрико, Арманистон, Гурҷистон ва Озарбойҷон, ҳамчунин пажуҳиши дафтарӣ ва таҷрибӣ таҳия гардида, бо омезиши сабки сафарноманависӣ ва таҳлилнависӣ рӯйи коғаз омадааст. ✅ Китоб барои коршиносон ва пажӯҳишгарони илмҳои сиёсӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, ҷомеашиносӣ, оянданигарии сиёсӣ ва ба доираи густардаи хонандагон тавсия шудааст. 📚 Хонандагон имкон доранд китоби Шералӣ Ризоён ”Чашмандози ҷаҳоншиносӣ”-ро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
без подписи
Хабарнигори телевизиони Афғонистон интернешнл даъвати намояндаҳои Толибон ва Ҷабҳаи муқовиматро ба маросими видоъ ва дафни Алии Хоманаӣ чунин таърифи маънодор кард: “Робита бо ҳама, вобастагӣ аз ҳеҷ кас” Ин нукта рӯйкарди имрӯзи Эрон дар сӯйи Афғонистонро ба намоиш мегузорад ва посухгӯ ба “асли ҳамаи тухмҳоро дар як сабад нагузоштан” аст. Ҳамчунин, ин намунае аз чистии фарҳанги роҳбурдии Эрон дар сиёсати хориҷӣ низ мебошад.
ТАБЛИҒОТИ НАРМИ ПАНТУРКИЗМ: МИЁНИ СОХТА ВА РОСТИН Рӯйдодҳои охири сиёсати ҷаҳонӣ ва равандҳои имрӯзи Осиёи Марказӣ парда аз рӯйи хеле маъносозиҳои геополитикӣ бардошт. Баъзе падида ва тамоюлҳое, ки пештар дар бораи будан ё набудан ва сохта ё ростинии онҳо гумонҳо зада мешуданд, асли худро ба намоиш гузоштанд. Яке аз чунин падидаҳо – маъносозии геополитикӣ барои расидан ба ҳадафҳои дарозмуддат аст. Ин кор (таблиғоти худ ва аҳримансозии рақибон) барои таъмини фародастӣ анҷом шуда, аз сӯйи ҳамаи қудратҳои ворид ба равандҳои Осиёи Марказӣ пиёда мегардад. Дар пасманзари чунин “амалиёти иттилоотӣ” ҷудо кардани “мӯй аз хамир” кори душвор аст. Чун ҳамаи қудратҳо ва абзорҳои расонаии онҳо худро ҷонибдори пешрафту шукуфоии кишварҳои минтақа ва рақибонро монеи ин раванд шиносоӣ мекунанд. давомашро ин ҷо хонед 👇👇👇
без подписи
без подписи
без подписи
без подписи
📌 БИЁЕД БО ҲАМ ХАТТИ ПАДАРОН, ХАТТИ ПОРСИИ ХУДАМОНРО ЁД БИГИРЕМ! بیائید با هم خط پدران، خط پارسیٔ خودمان را یاد بگیریم ✍️ ДАРСИ ДУВУМ درس دوم Омӯзиши хатти порсӣ آموزش خط پارسی ج "Ҷ "ҷим چ "Ч "че ح "Ҳ "ҳе خ "Х "хе Ин ҳар чор ҳарфи алифбои форсӣ дар навиштор бо ҳам шабоҳат доранд ва фақат аз лиҳози миқдор ва мавқеъияти нуқта тафовут доранд. Ҳарфи "че" چ аз ҷумлаи он ҳарфҳоест, ки ба ҳуруфи алифбои арабӣ аз тарафи ниёкони мо изофа карда шудаанд. Номи комили ҳарфи "Ҳе" "ҳе-и ҳуттӣ" аст ва тамоми вожаҳое, ки бо ин ҳарф навишта мешаванд, форсӣ нестанд ва аксаран решаи арабӣ доранд. Тамоми ин ҳаруф аз ҳар ду тараф дар ҳолати пайваст (часпон) низ навишта мешаванд, ба ҷуз бо 7 (ҳафт) ҳарфе, ки баъди онҳо ҳеч ҳарфи дигаре намечаспад, мисли : و ژ ز ر ذ د ا ✍️ МАШҚҲО БАРОИ ДАРСИ 2 مشقهای برای درس ۲ جاب ҷоб چاپ чоп باج боҷ تاج тоҷ بَحث баҳс چپ чап اِجابت иҷобат چاچ чоч بخت бахт حاجَت ҳоҷат چاخ чох حِجاب ҳиҷоб تاخت тохт حُب ҳубб خپ хап باخت бохт بخت бахт اَحباب аҳбоб پُخت пухт حُجَّت ҳуҷҷат تخت тахт خِتا хито حَج ҳаҷ حاج ҳоҷ ثَجّاج саҷҷоҷ حُجّاج ҳуҷҷоҷ بَخت бахт ✏️: Ҷамшед Орифиён 📖 Китобхонро дар 📱 Telegram 📱 Instagram 📱 Facebook 📱TikTok 📱 Вконтакт пайгир бошед
без подписи
без подписи
без подписи
📌БИЁЕД БО ҲАМ ХАТТИ ПАДАРОН, ХАТТИ ПОРСИИ ХУДАМОНРО ЁД БИГИРЕМ! بیائید با هم خط پدران، خط پارسیٔ خودمان را یاد بگیریم ДАРСИ АВВАЛ Омӯзиши хатти порсӣ آموزش خط پارسی درس اول ♦️Ҳарфи Алиф ҳарфи аввали алифбои форсӣ мебошад ва шакли аслӣ ва алифбоии ин ҳарф чунин аст: ا Шаклҳои дигари навишториаш: ﺎ آ ا Дар аввали калима ба ду шакл навишта мешавад : آ ا дар байн ва охири калима: ﺎ ا Дар сурати изофа шудани ҳаракатҳо, яъне: фатҳа/забар اَ А, касра/зер اِ И-и кӯтоҳ ва ё Е (Э)-и кӯтоҳ, замма/пеш اُ У-и кӯтоҳ хонда мешавад. Яъне дар шурӯъи калима Алиф ба монанди садонокҳои кӯтоҳи А, И, Э ва У талаффуз мешавад. Дар сурате, ки баъди ا ҳарфи садонок (мусаввит) и И дароз ی ва ё У дароз و навишта шавад, яъне ای ва او онгоҳ ин таркиби ду ҳарф ба гунаи И ва У ё Ӯ-и дароз талаффуз мешавад. Кӯлоҳаке, ки дар болои Алиф гузошта мешавад, мадд (ё мадда) ном дошта, барои ифодаи овози О дар шурӯъи вожаҳо ба кор меравад: آ Дар байн ва дар охири калима дар ҳолати часпон Алиф ба ин шакли часпанда бо ҳарфи пеш аз худ меояд: ﺎ ва дар ҳолати ночаспида ба монанди шакле, ки дар шуруъи калима меояд, навишта мешавад: ا Дар байн ва охири калима Алиф ا овози О -ро ифода мекунад. Алиф бо ҳарфи баъд аз худаш омада ҳаргиз намепайвандад (дар ин маврид дар бахши ҳуруфи мунфасила ва муттасила муфассалтар хоҳем гуфт). ХУЛОСАИ ИН БАХШ: •Алиф як шакли навишторӣ дорад: дар алоҳидагӣ, аввал, байн ва охир (ночаспон): ا Овозҳои А, И,Э, У, О ро ифода мекунад. •Алиф бо мадд дар аввали калима آ ифодагари садоноки О мебошад. •Алиф дар байн ва охири дар ҳолати часпида чунин навишта мешавад ﺎ ва нишонии садоноки О мебошад. ♦️Ҳарфҳои ب (бе), پ (пе), ت (те), ث (се) шакли мушобеҳ доранд ва танҳо ба шумор ва мавқеи нуқтаҳо аз ҳам фарқ мекунанд. Шакли алифбоӣ ва ҷудогонаи ин ҳуруф ин гуна аст: ب پ ت ث . •Дар аввали калима дар ҳолати часпон ба шакли зер навишта мешаванд: ﺑ (бе), ﭘ (пе), ﺗ (те), ﺛ (се). •Дар байни калима дар ҳолати часпон ба шакли зер навишта мешаванд: ﺒ (бе), ﭙ (пе), ﺘ (те), ﺜ (се). •Дар охири калима дар ҳолати часпон ба шакли зер навишта мешаванд: ﺐ (бе), ﭗ (пе), ﺖ (те), ﺚ (се). ا ﺎ آ ا ب ﺐ ﺒ ﺑ پ ﭗ ﭙ ﭘ ت ﺖ ﺘ ﺗ ث ﺚ ﺜ ﺛ МИСОЛҲО: ﺑ ﺎ ﺑ ﺎ بابا БОБО ﺗ ﺎ ﺗﺎ ﭘ ﺎ ﭘﺎ ТО ПО تـ ـب تب Таб آب آب Об ✏️: Ҷамшед Орифиён 📖 Китобхонро дар 📱 Telegram 📱 Instagram 📱 Facebook 📱TikTok 📱 Вконтакт пайгир бошед
без подписи
без подписи
без подписи