tgindex
Бонки миллии Тоҷикистон

Бонки миллии Тоҷикистон

Статистика

Бонки миллии Тоҷикистон бонки марказии эмиссионӣ ва захиравии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва дар назди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда аст.

Последний пост
14 авг.
Последнее чтение
15 авг.
Постов за неделю
1
Всего постов
20
Тип
открытый
Язык
tg
Категория
Экономика (по похожим)
В каталоге с
14 авг.
Подписчики
881
+2 за 1 дн.
Сутки
0
0,00%
Неделя
 
Месяц
 
Просмотров на пост
1 079
20 постов
Вовлечённость
122,5%
к подписчикам
Постов в день
0,1
всего 20
Упоминаний
1
каналов
Охват размещения
оценка
1/24сутки в ленте
163
1/48двое суток
186
1/72трое суток
201

Оценка по просмотрам недавних постов: пост набирает почти всё за первые сутки.

Посты

  • без подписи

  • 12 авг.28443удалён 14 авг.

    без подписи

  • 5 авг.853111

    4 августи соли 2026 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки директори минтақавии ХБА барои Осиё ва Уқёнуси Ором - Такаши Нагаока, мудири Барномаи JISPA - Сайка Кин, муовини раиси БМТ - Гулбаҳор Назирӣ, роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои иқтисодии кишвар барои довталабон ва шахсони масъули рушди захираҳои инсонӣ дар низоми молиявии кишвар вобаста ба барномаи JISPA ҳамоиши иттилоотӣ баргузор гардид... https://nbt.tj/tj/news/640360/

  • 5 авг.655101

    Дар мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони Барномаи муштараки стипендиявии Ҷопон ва Бонки Ҷаҳонӣ оид ба таҳсилоти баъдидипломӣ, ки санаи 4 августи соли 2026 доир гардид, масъалаҳои густариши ҳамкорӣ ва рушди иқтидори касбии мутахассисони низоми бонкии кишвар баррасӣ гардид... https://nbt.tj/tj/news/640359/

  • 29 июл.1 11112

    28 июли соли 2026 зимни вохӯрии муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ғуломзода Зиёратшо бо намояндагони низоми байналмилалии пардохтии VISA, ҶСП «Бонки байналмилалии Тоҷикистон», ҶСП «Ҳумо Бонк» ва ҶСК «Алиф Бонк» масъалаи оғози хизматрасонии байналмилалии пардохтии Apple Pay дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид. Дар рафти вохӯрӣ намояндагони низоми пардохтии байналмилалии VISA ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ омодагии худро ҷиҳати татбиқи хизматрасонии мазкур изҳор намуданд. Муфассал: https://www.nbt.tj/tj/news/639494/

  • 21 июл.1 381132

    20 июли соли 2026 раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо намояндагони Институти глобалии рушди сабз (Global Green Growth Institute - GGGI) мулоқот намуд. Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои рушди маблағгузории устувор, таҳкими низоми молиявии сабз, ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои экологӣ ва густариши ҳамкориҳои минбаъда табодули афкор намуданд. Муфассал: https://www.nbt.tj/tj/news/639050/

  • 20 июл.1 08711

    20 июли соли 2026 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки раиси бонк Толибзода Фирдавс, муовини якуми раис Шарифзода Фируз, муовинони раис Назирӣ Гулбаҳор, Муродализода Далер, Ғуломзода Зиёратшо, инчунин муовини сардори раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирзода Нуралӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2026 баргузор гардид. Муфассал: https://www.nbt.tj/tj/news/639007/

  • 17 июл.1 50486

    🚨 Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад          Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо эълонҳои бардурӯғ оид ба мусоидат дар гирифтани қарзҳои имтиёзнок паҳн гардида истодаанд. ⚠️ Барои фиреб додани шаҳрвандон қаллобон аз: ❌ ҳуҷҷатҳои қалбакӣ; ❌ логотип ва унсурҳои сохтаи расмӣ; ❌ фикру мулоҳизаҳои бардурӯғ ва ботҳои сохта истифода мебаранд. ❗️Бонки миллии Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват менамояд: 🔹 Ба чунин эълонҳо ва паёмакҳо бовар накунед; 🔹 Ба шахсони ношинос ҳеҷ гоҳ маблағ интиқол надиҳед; 🔹 Маълумотро танҳо аз манбаъҳои расмӣ дастрас намоед. Муфассал: https://www.nbt.tj/tj/news/638786/

  • 13 июли соли ҷорӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти низоми суғуртаи кишвар дар нимсолаи якуми соли 2026 таҳти роҳбарии муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ ва бо иштироки роҳбарону намояндагони ташкилотҳои суғуртавӣ баргузор гардид... https://nbt.tj/tj/news/638105/

  • 13 июли соли 2026 дар Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти низоми бонкӣ дар нимсолаи якуми соли 2026 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли ҷорӣ баргузор гардид... https://nbt.tj/tj/news/638104/

  • 1 июл.1 892131

    30 июни соли 2026 раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласа ва як қатор мулоқотҳои сатҳи баланд, ки дар доираи нишасти Гурӯҳи кишварҳои электорати Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Бонки Ҷаҳонӣ, ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, иштирок намуд. Муфассал: https://nbt.tj/tj/news/636370/

  • 1 июл.1 585142

    Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии Барномаи баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ барои солҳои 2026–2030 санаи 25 июни соли 2026 бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон фестивали «Саводнокии молиявӣ» гузаронида шуд. Муфассал: https://nbt.tj/tj/news/636371/

  • 1 июл.1 08091

    Аз 24 то 26 июни соли 2026 дар Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мутахассисони ташкилоти аудитории ҶДММ “Моор Стивенс” барои сармуҳосибон ва шахсони масъули ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) семинари амалии касбӣ дар мавзӯи «Таҳкими шаффофият ва устувории молиявӣ дар бахши суғурта тавассути такмили низоми баҳисобгирии муҳосибӣ ва татбиқи амалии СБҲМ-17» гузаронида шуд. Муфассал: https://nbt.tj/tj/news/636372/

  • 30 июн.1 085141

    30 июни соли 2026 дар доираи ҷаласаи Гурӯҳи кишварҳои электорати Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Бонки Ҷаҳонӣ мулоқоти якҷояи вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо муовини директори иҷроияи Хазинаи Байналмилалии Асъор ҷаноби Бо Ли баргузор гардид... https://nbt.tj/tj/news/636185/

  • 29 июни соли 2026 раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар Форуми байналмилалии «Monetary Policy Dialogue – 2026» дар муҳокимаи сатҳи баланд дар мавзуи «Сиёсати пулию қарзӣ дар шароити ноустувории иқтисоди ҷаҳонӣ ва дигаргунсозии рақамӣ», ки ба масъалаҳои трансформатсияи рақамии бахши молиявӣ бахшида шуда буд, иштирок намуд... https://nbt.tj/tj/news/636184/

  • 27 июн.1 00312

    без подписи

  • 26 июн.1 52514

    26 июни соли 2026 дар Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтихори 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки доктори илми сиёсатшиносӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдураҳмон Муҳаммад Наврӯз, роҳбарият ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт... https://nbt.tj/tj/news/635848/

  • 23 июни соли ҷорӣ, дар мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо ҳайати таҳлилгарони Агентии байналмилалии рейтингии “S&P Global Ratings” – Роман Рибалкин ва Максим Рибников, масъалаҳои марбут ба низоми бонкӣ, сиёсати пулию қарзӣ, суботи молиявӣ, идоракунии захираҳои байналмилалӣ ва татбиқи реҷаи ҳадафгирии таваррум дар кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Муфассал: https://nbt.tj/tj/news/635412/

  • 20 июн.1 0803

    18 июни соли 2026 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки коршиносони байналмилалии Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ (Islamic Financial Services Board – IFSB), ки таҳти роҳбарии муовини Дабири кулли Шуро - Абдулло Ҳорун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, семинари омӯзишӣ дар мавзуи “Суғуртаи исломӣ (такафул)” баргузор гардид.... https://nbt.tj/tj/news/635090/

  • 19 июн.1 11253

    18 июни соли 2026 муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ бо ҳайати намояндагони Шурои хизматрасонии молиявии исломӣ (Islamic Financial Services Board) таҳти роҳбарии муовини дабири кулли ин ниҳод Абдулло Ҳорун мулоқот намуд... https://nbt.tj/tj/news/635074/