tgindex
САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ ДАР ТОҶИКИСТОН (Финансовая грамотность в Таджикистане)

САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ ДАР ТОҶИКИСТОН (Финансовая грамотность в Таджикистане)

Статистика

🇹🇯 Саҳифаи расмии Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ 📈 🏦. 🇷🇺 Официальная страница Национального банка Таджикистана для повышения уровня финансовой грамотности населения 📈.

Последний пост
14 авг.
Последнее чтение
15 авг.
Постов за неделю
8
Всего постов
22
Тип
открытый
Язык
tg
Категория
Экономика
В каталоге с
14 авг.
Подписчики
396
+2 за 1 дн.
Сутки
0
0,00%
Неделя
 
Месяц
 
Просмотров на пост
176
22 постов
Вовлечённость
44,4%
к подписчикам
Постов в день
1,1
всего 22
Упоминаний
1
каналов
Охват размещения
оценка
1/24сутки в ленте
62
1/48двое суток
71
1/72трое суток
76

Оценка по просмотрам недавних постов: пост набирает почти всё за первые сутки.

Посты

  • Интиқолҳои фаромарзӣ Имрӯз барои аз як кишвар ба кишвари дигар интиқол додани маблағ якчанд имконият вуҷуд дорад. Масалан, маблағро метавон тавассути системаҳои интиқоли маблағ, аз корт ба корт ё тавассути интиқоли байнибонкӣ ба дигар кишвар интиқол дод. Ин воситаҳо аз ҳамдигар чӣ фарқият доранд? 1️⃣ Системаҳои интиқоли маблағ: Принсипи кор одӣ аст: интиқолдиҳанда маблағро тавассути системаи интиқол месупорад, система онро ба кишвари дигар мефиристад ва қабулкунанда метавонад онро тибқи шартҳои система, масалан, дар нуқтаи хизматрасонии бонкӣ қабул кунад. Дар ин ҳолат кушодани суратҳисоб зарур нест. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол дар рӯйхати Бонки миллии Тоҷикистон системаҳои «ЮНИСТРИМ», «CONTACT» ва «Вестерн Юнион» ҳамчун системаҳои дорои ҳуқуқи анҷом додани амалиёти интиқоли маблағ нишон дода шудаанд. Одатан интиқолдиҳанда бояд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, маълумоти қабулкунанда, кишвар ва маблағи интиқолро пешниҳод кунад. Пас аз анҷоми амалиёт ба ӯ рақам ё рамзи интиқол дода мешавад, ки онро бояд ба қабулкунанда расонад. Барои гирифтани маблағ қабулкунанда ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва маълумоти зарурии интиқолро ба нуқтаи хизматрасонии бонкӣ пешниҳод менамояд. 2️⃣ Интиқол аз корт ба корт: Дар ин ҳолат маблағ аз корти интиқолдиҳанда ба корти қабулкунанда интиқол дода мешавад. Масалан тавассути кортҳои пардохти "Корти миллӣ" ё тавассути кортҳои байналмиллалии Visa ва Mastercard бо истифодаи хизматрасонии VisaDirect ва Mastercard Send чунин имконият вуҷуд дорад. Барои анҷом додани чунин интиқол одатан рақами корти қабулкунанда ё дигар маълумоти талабнамудаи ташкилоти қарзии молиявӣ, маблағ ва асъори интиқол зарур аст. Интиқол метавонад тавассути замимабарномаи мобилии бонк, интернет-бонкинг ё дигар воситаҳои пешниҳоднамудаи ташкилоти қарзии молиявӣ анҷом дода шавад. 3️⃣ Интиқоли байнибонкӣ: Интиқол аз суратҳисоби бонкии интиқолдиҳанда ба суратҳисоби бонкии қабулкунанда анҷом дода мешавад. Барои ин одатан маълумоти пурра, рақами суратҳисоб ва реквизитҳои ташкилоти қарзии молиявии қабулкунанда, аз ҷумла маълумоти зарурӣ барои интиқоли байналмилалӣ, талаб карда мешавад. Вобаста ба самт ва бонк, интиқол метавонад тавассути бонкҳои миёнарав низ анҷом дода шавад. Пеш аз интиқол: Танҳо ба комиссия нигоҳ накунед. Қурби мубодила, маблағи ниҳоии ба қабулкунанда дастрасшаванда, муҳлати интиқол ва эҳтимоли комиссияҳои иловагиро муқоиса кунед. Зеро, маблағе, ки ба қабулкунанда мерасад, метавонад аз маблағи фиристодашуда камтар бошад. Қоидаи муҳим: Танҳо аз хизматрасониҳои расмӣ ва ташкилотҳои қарзии молиявии дорои иҷозатнома мақоми вақолатдор истифода баред ва маълумоти махфии корти худро ба шахсони дигар надиҳед.

  • без подписи

  • без подписи

  • без подписи

  • без подписи

  • без подписи

  • Чорабинии маърифатӣ оид ба саводнокии молиявӣ барои наврасон баргузор гардид 12 августи соли ҷорӣ дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» аз ҷониби кормандони Бонки миллии Тоҷикистон дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Зимчуруд» чорабинии маърифатӣ дар мавзуи «Муҳиммияти саводнокии молиявӣ барои наврасон» баргузор гардид. Дар чорабинӣ 155 нафар хонандагони болаёқати синфҳои 5–11 аз 56 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Зимни чорабинӣ ба иштирокчиён оид ба мафҳуми пул ва нақши он, аҳаммияти пасандозгузорӣ, тартиб додан ва идора намудани буҷети оилавӣ, роҳҳои ҳимоя аз қаллобии молиявӣ ва дигар донишҳои заминавии молиявӣ, ки барои наврасон муҳим мебошанд, маълумоти муфассал пешниҳод гардид. Дар бахши интерактивии чорабинӣ хонандагон ба саволҳои худ вобаста ба низоми бонкии кишвар, қоидаҳои истифодаи бехатари кортҳои пардохтӣ, замимаҳои мобилӣ ва интиқоли маблағҳо посухҳои муфассал гирифтанд. Ҳамзамон, бо мақсади ҷолибу хотирмон гузаштани чорабинӣ, бозиҳои маърифатӣ ва интерактивӣ ташкил ва баргузор карда шуданд. Хонандагон дар онҳо фаъолона иштирок намуда, донишу малакаҳои молиявии худро такмил доданд. Ба хонандагоне, ки дар рафти чорабинӣ фаъолона иштирок намуданд, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд. Ҳадафи асосии баргузории чунин чорабиниҳо ташаккул додани рафтори оқилона ва масъулиятноки молиявӣ дар байни наврасон, баланд бардоштани сатҳи донишҳои молиявии онҳо ва омода намудани насли ҷавон ба қабули қарорҳои дурусти молиявӣ мебошад. Бояд тазаккур дод, ки тибқи Нақшаи чорабиниҳои Бонки миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2026, №75 «Дар бораи Барномаи баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ барои солҳои 2026–2030» дар соли 2026, баргузории чунин чорабиниҳои маърифатӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ пешбинӣ гардидааст. Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ баргузории чорабиниҳои маърифатиро дар самти баланд бардоштани саводнокии молиявии наврасон идома медиҳад, то дар насли наврас муносибати масъулона, огоҳона ва оқилона нисбат ба масъалаҳои молиявӣ ташаккул ёбад.

  • Тартиби амалишавии пардохти суғуртавӣ   Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт” пардохти суғуртавӣ аз тарафи ташкилоти суғуртавӣ дар муддати 5 (панҷ) рӯзи корӣ аз рӯзи пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.   Дар ҳолати фавти ҷабрдида ва дар асоси аризаи аз ҷониби фоидагиранда воридгардида дар бораи пардохти суғуртавӣ ва маълумотномаи муассисаи тиббӣ доир ба ҳодисаи мазкур, суғуртакунанда уҳдадор аст, ки панҷоҳ фоизи маблағи пардохти суғуртавиро дар муҳлати як рӯзи корӣ пардохт намояд. Маблағи боқимондаи пардохти суғуртавӣ пас аз пешниҳод намудани шаҳодатномаи вафот дар муҳлати як рӯзи корӣ пардохт карда мешавад.   Ҳангоми дар муҳлати муқарраргардида амалӣ накардани пардохти суғуртавӣ суғуртакунанда уҳдадор аст ба ҷабрдида (фоидагиранда) барои ҳар рӯзи батаъхиргузошташуда ба андозаи 0,5 фоизи маблағи пардохтшаванда ноустуворона супорад.   Ҳангоми муфлисшавӣ, барҳамхӯрӣ ва ё бо сабабҳои дигар қатъ гардидани фаъолияти ташкилоти суғуртавӣ портфели суғуртавӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкилоти дигари суғуртавӣ интиқол дода шуда, уҳдадориҳо оид ба пардохти суғуртавӣ низ мувофиқан ба ташкилоти мазкур мегузарад.   Агар ҳангоми муроҷиат ба ташкилоти суғуртавӣ барои гирифтани пардохти суғуртавӣ ба мушкилӣ рӯ ба рӯ шудед ё ҳуқуқу манфиатҳои қонунии Шумо поймол шуданд, ба рақамҳои телефони боварии Бонки миллии Тоҷикистон – 44 600 15 20 ё ба маркази тамоси “Низоми ягонаи суғуртаи электронӣ" 3939 занг занед.

  • Барои гирифтани пардохти суғуртавӣ чӣ ҳуҷҷат лозим аст?   Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт” ширкати суғуртавӣ пардохти суғуртавиро ба ҷабрдида (фоидагиранда) дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин амалӣ менамояд: - полиси суғуртавӣ (нусхаи он); - нусхаи маълумотномаи тасдиқкунандаи ҳодисаи роҳу нақлиёт, ки аз тарафи бозрасии давлатии автомобили дода шудааст; - нусхаи шиносномаи суғурташаванда; - ваколатномаи аз тарафи соҳиби воситаи нақлиёт додашуда (агар воситаи нақлиёт дар асоси ваколатнома идора гардида бошад); - нусхаи шаҳодатномаи ронандагӣ; - нусхаи шаҳодатномаи техникии воситаи нақлиёт; - маълумотномаи муассисаи тиббӣ оид ба корношоямии муваққатӣ ё худ маълумотнома дар бораи муқаррар кардани гурӯҳи маъюбӣ дар ҳолати расонидани зарар ба саломатии ҷабрдида; - нусхаи шаҳодатномаи вафоти мусофир, пиёдагард ё шахси (шахсони) дигари ҷабрдида; - ҳуҷҷати тасдиқкунандаи андозаи зараре, ки ба молу мулки ҷабрдида расонида шудааст.   Ҳуҷҷатҳои худро пурра ва дуруст пешниҳод намоед, то баррасии пардохти суғуртавӣ аз ҷониби ташкилоти суғуртавӣ сари вақт анҷом дода шавад.

  • Муҳиммияти суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт Суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт» ва дар асоси шартномаи байни суғуртакунанда ва суғурташаванда амалӣ гардида, ҳангоми ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии соҳибони воситаҳои нақлиётро таъмин менамояд. Дар хотир дошта бошед, ки: - дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суғуртаи ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт дар шаклҳои ҳатмӣ ва ихтиёрӣ сурат мегирад; - бастани шартномаи суғуртаи ихтиёрӣ соҳиби воситаи нақлиётро аз уҳдадории бастани шартномаи суғуртаи ҳатмӣ озод намекунад; - агар Шумо сабабгори ҳодисаи роҳу нақлиёт бошед, ташкилоти суғуртавӣ аз ҳисоби полиси суғуртавии Шумо зарари ба шахси сеюм ё амволи ӯ расидаро ҷуброн мекунад.   Андозаи пардохти суғуртавӣ Ҳадди ниҳоии масъулияти ташкилоти суғуртавӣ: 818 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 63804 сомонӣ мебошад.   Аз ҷумла: • Дар ҳолати фавти ҷабрдида (пиёдагардон ва мусофирони воситаҳои нақлиёт): 545 нишондиҳанда барои ҳисобҳо = 42 510 сомонӣ. • Барои зарар ба воситаи нақлиёт ё дигар молу мулк: то 273 нишондиҳанда барои ҳисобҳо = 21 294 сомонӣ. • Ҳангоми маъюб гардидани ҷабрдида: Маъюбии гурӯҳи   I — 380 нишондиҳанда барои ҳисобҳо = 29 640 сомонӣ. Маъюбии гурӯҳи  II — 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо = 23 400 сомонӣ. Маъюбии гурӯҳи III — 220 нишондиҳанда барои ҳисобҳо = 17 160 сомонӣ.   Хулоса: Агар соҳиби воситаи нақлиёт (дар номи худ) полиси суғуртаи ҳатмӣ дошта бошад ва дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ ба шахси сеюм зарари ҷисмонӣ ё молиявӣ расонад, ташкилоти суғуртавӣ дар доираи ин меъёрҳои муқаррарнамудаи Қонун, маблағи суғуртавиро ба ҷабрдида пардохт мекунад.

  • Суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт   Суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт - намуди суғуртаи ҳатмие, ки ба андозаи қисман ё пурра пардохт намудани ҷуброни суғуртавиро барои зараре, ки ба манфиатҳои молумулкии шахс вобаста ба ухдадориҳои ӯ оид ба ҷуброни зарари ба шахсони сеюм, бинобар аз ҷониби ӯ истифода бурдани воситаи нақлиёт, аз ҷумла ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии интиқолдиҳанда расонда шудааст, пешбинӣ менамояд.   Ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт чист? Ин уҳдадории соҳибони воситаҳои нақлиёт барои ҷуброни зарари расонидашуда ба ҳаёт, саломатӣ (маъюбӣ, марг) ва (ё) молу мулки (воситаи наклиет, бино ва ғайра) шахсони зарардида мебошад, ки дар натиҷаи ҳодисаи роҳу нақлиёт ҳангоми истифодабарии воситаи нақлиёт ба вуқуъ пайвастааст.   Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: -ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт, новобаста ба навъ ва намуди воситаи нақлиёт, ки дар мақомоти дахлдор ба қайд гирифта шудаанд ва аз ҷониби соҳибони онҳо мавриди истифода қарор доранд, инчунин воситаҳои нақлиёти муваққатан ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда ва ё воридкардашуда ба суғуртакунии ҳатмӣ фаро гирифта мешаванд; -истифодабарии воситаҳои нақлиёт, ки ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони онҳо ба суғуртаи ҳатмӣ фаро гирифта нашудааст, иҷозат дода намешаванд; -cоҳибони воситаи нақлиёте, ки бе ин намуди суғурта воситаи нақлиётро истифода мебаранд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

  • QR-рамзи ягона ва бартариятҳои он QR-рамзи ягона — ин рамзи стандартизатсияшудаи электронӣ мебошад, ки барои пардохтҳои ғайринақдӣ истифода бурда мешавад. QR (Quick Response) маънои “посухи зуд” дошта, имконият медиҳад, ки пардохт дар чанд сония тавассути скан кардани рамз анҷом дода шавад. QR-рамзи ягона бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон таҳия шуда, ҳамаи QR-рамзҳои хусусии бонкҳо ва муассисаҳои молиявиро ба як шаблони умумӣ муттаҳид менамояд. Бартариятҳои асосии QR-рамзи ягона: - пардохт осон ва зуд аст - танҳо бо як скан пардохт анҷом дода мешавад; - замимабарнома ё ҳамёни электронии дилхоҳ ташкилоти қарзии молиявиро истифода бурда метавонед; - барои муштарӣ бе комиссия аст, яъне ҳаққи хизматрасонӣ ситонида намешавад; - барои соҳибкорон - воситаи муассири афзоиши фурӯш аст ва аз муштариёни ҳамаи ташкилотҳои қарзии молиявӣ пардохти ҳаққи молу хизматрасониро бе мушкилӣ қабул карда метавонанд. Ба ҳолати 30.06.2026 дар муассисаҳои савдою хизматрасонии мамлакат барои қабули пардохти ҳаққи молу хизматрасонӣ тариқи ғайринақдӣ 33 620 ҳазор QR–рамзи ягона насб карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 32,4 фоиз ё 8232 адад афзоиш ёфтааст.

  • Оферта чист ва чаро пеш аз қабул кардани он бояд бодиққат шинос шуд? Муносибатҳои байни мизоҷ ва ташкилоти молиявӣ, аз ҷумла бонкҳо, ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва ташкилотҳои суғуртавӣ, ҳамеша дар асоси шартнома ба вуҷуд меоянд. Маҳз шартнома ҳуқуқу уҳдадориҳои ҳар ду ҷонибро муайян мекунад. Дар баробари шартномаи дуҷониба, баъзе ташкилотҳои молиявӣ ҳангоми пешниҳоди хизматрасониҳо аз офертаи оммавӣ низ истифода мебаранд. Оферта чист? Мутобиқи моддаи 502 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, оферта пешниҳоди ба як ё якчанд шахси мушаххас равонашуда мебошад, ки шартҳои асосии шартномаро дар бар гирифта, нияти пешниҳодкунандаро барои бастани шартнома ифода мекунад. Ба ибораи сода, оферта ин пешниҳоди расмии ташкилоти молиявӣ барои бастани шартнома бо шартҳои муайян мебошад. Офертаи оммавӣ чист? Мутобиқи моддаи 503 Кодекси маданӣ, агар пешниҳод ба доираи васеи шахсон равона шуда, ҳамаи шартҳои муҳими шартномаро дар бар гирад ва ташкилот омода бошад бо ҳар шахсе, ки онро қабул мекунад, шартнома бандад, чунин пешниҳод офертаи оммавӣ ҳисобида мешавад. Масалан, шартҳои кушодани пасандоз, гирифтани корти бонкӣ ё полиси суғурта, ки дар сомона ё филиали ташкилот ҷойгир шудаанд, метавонанд офертаи оммавӣ бошанд. Аксепт чист? Тибқи моддаи 504 Кодекси маданӣ, аксепт ҷавоби шахс дар бораи қабул кардани оферта мебошад. Аксепт бояд пурра ва бечунучаро бошад. Қабули оферта метавонад бо роҳҳои гуногун сурат гирад, аз ҷумла: - имзо кардани шартнома; - пахш кардани тугмаи «Қабул мекунам» дар барномаи мобилӣ ё сомона; - анҷом додани амалҳое, ки дар оферта пешбинӣ шудаанд, масалан, пардохти маблағ ё оғози истифодаи хизматрасонӣ. Пеш аз қабул кардани оферта ҳатман ба ин нуктаҳо диққат диҳед: • ҳаққи хизмат ва комиссияҳо; • фоизҳо ва муҳлати иҷрои уҳдадориҳо; • ҳуқуқ ва уҳдадориҳои тарафҳо; • ҳолатҳои қатъ намудани шартнома; • ҷарима ва дигар масъулиятҳо; • шартҳо ва истисноҳо (барои хизматрасониҳои суғуртавӣ). Дар хотир доред: имзо гузоштан ё пахш кардани тугмаи «Қабул мекунам» маънои онро дорад, ки шумо бо ҳамаи шартҳои оферта розӣ ҳастед. Аз ин рӯ, пеш аз қабул намудани он, ҳар як банди барои шумо муҳимро бодиққат хонед ва дар сурати мавҷуд будани саволҳо аз корманди ташкилоти молиявӣ маълумоти заруриро дархост намоед.

  • 17 июл.19082из nbt_tj

    🚨 Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад          Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо эълонҳои бардурӯғ оид ба мусоидат дар гирифтани қарзҳои имтиёзнок паҳн гардида истодаанд. ⚠️ Барои фиреб додани шаҳрвандон қаллобон аз: ❌ ҳуҷҷатҳои қалбакӣ; ❌ логотип ва унсурҳои сохтаи расмӣ; ❌ фикру мулоҳизаҳои бардурӯғ ва ботҳои сохта истифода мебаранд. ❗️Бонки миллии Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват менамояд: 🔹 Ба чунин эълонҳо ва паёмакҳо бовар накунед; 🔹 Ба шахсони ношинос ҳеҷ гоҳ маблағ интиқол надиҳед; 🔹 Маълумотро танҳо аз манбаъҳои расмӣ дастрас намоед. 📌 Хотиррасон мекунем, ки Бонки миллии Тоҷикистон: ❌ ба шахсони воқеӣ хизматрасонии бонкӣ анҷом намедиҳад; ❌ ба аҳолӣ қарз намедиҳад; ❌ барои интиқоли маблағ аз шаҳрвандон дархост намекунад; ❌ тавассути паёмрасонҳо ҳуҷҷатҳои расмӣ ё шаҳодатномаи кормандонро ирсол намекунад. 🛑 Агар пай бурдед, ки фирефтаи қаллобон шудаед: 1️⃣    фавран корти бонкии худро масдуд намоед; 2️⃣    ба ташкилоти қарзии молиявии хизматрасон муроҷиа

  • Дӯстони гиромӣ! Ба Шумо шакли пурраи баррасии мавзуи «Занон ва пул. Роҳҳои расидан ба мустақилияти молиявӣ» манзур мегардад. https://youtu.be/vsGpjvQ2A-4?si=iwO530KVvVOwz5hn

  • Дӯстони гиромӣ! Ба таваҷҷуҳи Шумо навор аз ҷараёни фестивали "Саводнокии молиявӣ" , ки 25-уми июни соли ҷорӣ бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон баргузор шуд, пешниҳод карда мешавад. Хотиррасон менамоем, ки ҳадаф аз ташкил ва баргузор намудани чунин чорабиниҳо баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ, дастрасии онҳо ба хизматрасониҳои молиявӣ ва ба ин васила тавсеаи фарогирии молиявӣ дар мамлакат мебошад.

  • Кӣ ҳуқуқи дастрасӣ ба сирри бонкиро дорад? Сирри бонкӣ яке аз кафолатҳои муҳими ҳифзи маълумоти молиявии шаҳрвандон мебошад. Тибқи қонун сирри бонкӣ танҳо ба доираи муайяни шахсон ва мақомот дастрас мебошад. Ба сирри бонкӣ ҳуқуқи дастрасӣ доранд: - соҳиби суратҳисоби бонкӣ, соҳиби ашёи қиматбаҳо ё намояндагони онҳо; - дорандагони воситаҳои пардохтӣ ё намояндагони онҳо; - шахсони ҷалбшуда барои иҷрои амалиёти бонкии муштарӣ (дар доираи зарурӣ); - фиристонандагон ва гирандагони интиқолҳои пулӣ; - Бонки миллии Тоҷикистон; - Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун); - судҳо; - мақомоти иҷро; - бюрои таърихи қарз; - мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ (дар асоси қарори суд); - мақомоти андоз (дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун). Дастрасӣ ба сирри бонкӣ дар асос ва тартиби муқаррарнамудаи қонун амалӣ карда мешавад. Барои гирифтани маълумоти бештар оид ба саводнокии молиявӣ аз сомонаи www.fingram.tj дидан намоед ва ба саҳифаҳои мо ҳамроҳ шавед: Facebook: @fingramtjj Instagram: @fingramtj

  • 8 июл.256133

    Сирри бонкӣ чист? Сирри бонкӣ - маълумот дар бораи фаъолият ва ҳолати молиявии муштарӣ, ки ба ташкилоти қарзӣ ҳангоми хизматрасонӣ ва муносибат бо муштарӣ ё бо шахси сеюм маълум шудааст ва ошкор кардани он мумкин аст ба муштарӣ зиёни моддӣ ё маънавӣ расонад, сирри бонкӣ мебошад. Мутобиқи моддаи 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» маълумоти зерин ҳамчун сирри бонкӣ эътироф шуда, аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ муҳофизат карда мешаванд: 1. Дар бораи мавҷудияти суратҳисобҳои бонкӣ ва воситаҳои пардохтӣ, соҳибон ва дорандагони онҳо, дар бораи маблағҳои пулии дар онҳо мавҷуда ва амалиёти бо ин суратҳисобҳо ва воситаҳои пардохтӣ иҷрошавандаи муштариён. 2. Дар бораи интиқоли маблағҳои пулӣ аз тарафи шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисоб ва дар бораи фиристонандагони (гирандагони) онҳо. 3. Дар бораи маблағҳои пулӣ ва ашёи қиматбаҳои муштарӣ (воситаҳои пулӣ, ашё ва ғайра, ки мизоҷон дар қуттиҳои сейфии бонк нигоҳ медоранд), ки дар ташкилоти қарзӣ нигоҳ дошта мешаванд.   Барои ғайриқонунӣ ифшо ва дастрас намудани маълумоте, ки сирри бонкӣ маҳсуб мешавад, шахсони гунаҳкор бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

  • Намудҳои маъмули фишинг   1. Email-фишинг: Дар ин ҳолат қаллобон ба почтаи электронии Шумо паёмҳо ва пешниҳодҳои ҷолиб мефиристанд, масалан: «Дар лоторея бурд кардед», «Соҳиби туҳфа гардидед», «Хизматрасониҳои мо барои Шумо ройгон мебошанд», «Қарзи имтиёзнок танҳо барои Шумо». Барои гирифтани бурд, туҳфа ё қарз аз Шумо хоҳиш карда мешавад, ки ба истиноди (ссылка) пешниҳодшуда ворид шуда, маълумоти шахсӣ ё бонкии худро пешниҳод намоед. 2. СМС-фишинг (Smishing): Қаллобон тавассути СМС-паёмакҳо ё шабакаҳои иҷтимоӣ (Telegram, WhatsApp ва ғайра) худро намояндаи ташкилот ё ширкати маъруф муаррифӣ намуда, ба Шумо «туҳфа», «купон» ё «тахфиф» пешниҳод мекунанд. Барои дарёфти онҳо хоҳиш мекунанд, ки ба истиноди замимашуда ворид шавед. Аксар вақт чунин истинодҳо қалбакӣ буда, барои дуздидани маълумоти шахсӣ ва бонкӣ пешбинӣ шудаанд 3. Фишинги телефонӣ (Vishing): Дар ин намуди фишинг қаллобон тавассути занги телефонӣ ё паёми овозӣ худро корманди ташкилоти қарзии молиявӣ ё хадамоти амниятии он муаррифӣ мекунанд. Онҳо метавонанд аз Шумо рақами корти бонкӣ, рамзи амниятии CVV, рамзҳои яккаратаи тавассути СМС ирсолшуда ва дигар маълумоти махфиро пурсанд. Инчунин, қаллобон метавонанд хоҳиш намоянд, ки барномаи муайянеро дар телефони мобилии худ насб намоед.   Чӣ тавр метавонед худро аз фишинг эмин нигоҳ доред?   - агар шахси ношинос ё шубҳанок занг зада, аз Шумо маълумоти шахсӣ ё рамзи махфии тавассути СМС ирсолшударо талаб кунад, фавран суҳбатро қатъ намоед; - ба истинодҳо ва суроғаҳои интернетии шубҳанок ворид нашавед; - логин ва рамзҳои махфии худро танҳо дар сомонаҳои дорои пайвасти бехатар (https://) ворид намоед; - барномаҳо ва замимаҳои шубҳанокеро, ки тавассути почтаи электронӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ё дигар манбаъҳо дастрас мегарданд, насб накунед.   Зимни истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва хизматрасониҳои молиявии  рақамӣ ҳамеша эҳтиёткор бошед!

  • Фишинг қаллобист!?   Фишинг - яке аз усулҳои маъмули қаллобӣ мебошад, ки дар он қаллобон бо истифода аз фиреб, таъсиррасонии равонӣ, таҳрифи маълумот ва дигар роҳҳо кӯшиш мекунанд маълумоти махфӣ ва бонкии шаҳрвандонро ба даст оранд ва аз онҳо барои анҷом додани амалҳои ғайриқонунӣ истифода намоянд.   Мақсади асосии фишинг чист? Мақсади асосии фишинг ба даст овардани маълумоти махфӣ ва бонкии шаҳрвандон, аз ҷумла логин ва рамзҳои махфии почтаи электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, рақами корти бонкӣ, рамзи амниятии CVV, рамзҳои яккаратаи тавассути СМС ирсолшаванда ва дигар маълумоти махфии шахсӣ ва бонкӣ мебошад. Бо истифода аз ин маълумот қаллобон метавонанд ба суратҳисобҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои электронӣ дастрасӣ пайдо намуда, маблағҳоро тасарруф кунанд, амалиётҳои ғайриқонунии молиявӣ анҷом диҳанд, молу хизматрасониҳоро харидорӣ намоянд ё ба тамаъҷӯӣ машғул шаванд. Моро дар саҳифаҳои «Саводнокии молиявӣ дар Тоҷикистон” дар Facebook, Telegram ва Instagram пайгирӣ намоед. Дар пости минбаъда дар бораи намудҳои маъмули фишинг маълумот хоҳем дод⬇️