tgindex
МАД-СИФАТ-МАХРАҶ

МАД-СИФАТ-МАХРАҶ

Статистика

ДАР КАНАЛИ МО. ДАРСХОИ ТАЧВИД ТАХЛИЛ НУРОНИЯ КИРОАТ ДАРСХО. ХАМАШ БО ТАРТИБ *┉┉┉┉❈ @tajvid_t ❈┉┉┉┉*

Последний пост
13 авг.
Последнее чтение
15 авг.
Постов за неделю
20
Всего постов
21
Тип
открытый
Язык
tg
Категория
Религия (по похожим)
В каталоге с
15 авг.
Подписчики
548
мало замеров
Замеров пока мало
Сутки
0
0,00%
Неделя
 
Месяц
 
Просмотров на пост
37
21 постов
Вовлечённость
6,8%
к подписчикам
Постов в день
2,9
всего 21
Упоминаний
0
каналов
Охват размещения
оценка
1/24сутки в ленте
26
1/48двое суток
29
1/72трое суток
32

Оценка по просмотрам недавних постов: пост набирает почти всё за первые сутки.

Посты

  • 13 авг.50из bayna_yadayka0

    « اللَّهُمَّ صَلِّ وَسَلِّمْ عَلَى نَبِيِّنَا مُحَمَّدٍ ». @bayna_yadayka0

  • 12 авг.6933из bayna_yadayka0

    Баъзе шахсон, забонӣ арабиро аҳамият намедиҳанд, лекин ин забон, забонӣ дини мост, ҳаёт барои қалби мост, барои чи? Барое оне, ки ин забон роҳест, ки шумо каломи Аллоҳ’ро мефаҳмед, оё шумо намехоҳед бифаҳмед, ки дар намоз Парвардигори шумо бар шумо чи амр кардааст ва чи ваъда додааст дар ҷаннат ва аз чи шуморо наҳий кардааст? паёмбари мо араб буд, китоби Аллоҳ бо забонӣ араби нозил шудааст ва баъди Қуръон, китоби саҳеҳайн имом Бухорӣ ва Муслим бо забони араби навишта шудааст ва ғайра имомҳо китобҳои худро бо забонӣ араби навиштаанд , акнун тафаккур бояд кунем, ки чи гуна муҳим аст омӯхтани забонӣ арабӣ, ин забон калид барои фаҳми дини мост.. Мусалмон набояд дар дини худ бепарво бошад , баҳона ҷӯстан даркор нест, ки мушкили дорам, кор, хона, вақт, оила, фарзанд, бепули.. ин ҳамаш баҳона ва макри [ловушка] шайтон аст ва ҳама дар зиндагиаш ин мушкилиҳоро дорад, мушкилии ин дунё ҳеҷ гоҳ тамом намешавад. @bayna_yadayka0 وفقكم الله @bayna_yadayka0

  • اللَّهُمَّ ارْزُقْنِي الْإِخْلَاصَ Эй Парвардигор, ихлосро бар ман насиб гардон.

  • 3 - Изҳори шафави - Агар баъд аз мими сокин, боқи кадом ҳарфҳое, ки ба ҷуз аз мим م ва бо ب ояд, ҳарфи мим (مْ), равшан хонда мешавад Мисол: مَثَلُهُمْ كَمَثَلِ ، وَهُمْ فِيهَا. Ҳамчунин, агар баъд аз ҳарфи мим (مْ), харфи «Фо« ف Ba «Вов» (و), ояд, ҳарфи мим, изҳори шадид мешавад. Мисолҳо дар сурати боло: @tajvid_t

  • 2 - Идғоми шафави Агар баъд аз мими сокин مْ, ҳарфи م мим ояд, мими якум дар мими дуввум даромада, овозаш аз димоғ бароварда, хонда мешавад. Мисолҳо дар сурати боло: @tajvid_t

  • АҲКОМИ МИМИ СОКИН Савол: Мими сокин ва аҳкомаш чист? Ҷавоб:- Мим: Яке аз ҳарфҳоест, ки бо лабҳо талафуз карда мешавад. Ва он қе коида дорад: 1. Ихфоъи шафавӣ, 2. Идғоми шафавӣ 3. Изҳори шафави. 1 - Ихфоъи шафави - Агар баъд аз мими сокин (مْ), харфи ب ояд, мими сокин, пӯшида овозаш аз димоғ бароварда, хонда мешавад. Мисолҳо дар сурати боло: @tajvid_t

  • ИХФО ИХФО - дар луғат ва дар истилоҳ чист...? - Ихфо дар луғат: Пӯшонидан ва ё пинҳон кардан аст. Дар истилоҳ: Хондани ҳарфои ихфо, байни изҳор ва идғом, бо ғунна аст. - Агар баъд аз нуни сокин نْ ва ً ٍ ٌ танвинҳо, яке аз 15 харфи ихфо ояд, овозҳои нуни сокин (نْ) ва танвинҳо, аз димоғ бароварда хонда мешаванд. Савол:- Харфҳои ихфо кадомхоянд...? Харфҳои ихфо 15 то мебошанд, ки дар калимаҳои зерин оварда шудаанд: ت، ث، ج، د، ذ، ز، س، ش، ص، ض، ط، ظ، ف، ق، ك، Мисолҳо дар сурат: @tajvid_t

  • ИҚЛОБ ИҚЛОБ - дар луғат: Иваз кардан ва ё табдил додан аст. Дар истилоҳ: Иваз кардани нуни сокин نْ ва танвинхо ( ً ٍ ٌ ), бо харфи мим م , дар ҳолате, ки баъд аз онҳо, ҳарфи бо ب ояд. - Агар баъд аз нуни сокин نْ ва танвинҳо (ً ٍ ٌ ), харфи бо ( ب ) ояд, нуни сокин نْ ва танвинҳоро бо ҳарфи мим (م), иваз карда, сипас овозашро аз димоғ, мебарорем. Мисолҳо дар сурати боло. @tajvid_t

  • ИДҒОМ Савол: Идғом чист? Ҷавоб: - Идғом дар луғат: Даровардан аст. Дар истилоҳ бошад: Даровардани ҳарфе, дар ҳарфи дигар ва аз димоғ баровардани садои онҳо ва бо шиддат талаффуз намудани онҳост. - Агар баъд аз нуни [نْ] сокин ва танвинҳо ً ٍ ٌ, яке аз ҳарфҳои идғом ояд, нуни сокин ва танвинҳо, дар он ҳарфҳо, идғом мешавад. Савол:- Идғом чанд қисм аст...? Ҷавоб: Идғом ду кисм аст: Идғоми бо ғунна ва Идғоми бе ғунна. 1. Идгоми бо ғунна: Аз чаҳор ҳарф иборат аст, ки дар калимаи зерин оварда шудаанд: ي و م ن [ يَوْمُنْ] . Агар баъд аз нуни сокин نْ ва танвинҳо ً ٍ ٌ харфхои - (م ، ن، و، ی), оянд, нуни сокин ва танвинҳо, дар ин ҳарфҳо даромада, овозашон аз димоғ бароварда, хонда мешавад. 2. Идғоми бе ғунна: Аз ду ҳарф иборат аст ل، ر Агар баъд аз нуни сокин ва танвинҳо, ҳарфҳои ( ل، ر ) оянд, нуни сокин ва танвинҳо, танҳо дар ин ҳарфҳо даромада, вале овозашон аз димоғ бароварда намешавад. Мисолҳо дар сурат: @tajvid_t

  • АҲКОМИ НУНИ СОКИН [نْ] ВА ТАНВИН ً ٍ Савол: Нуни сокин ва танвин ( نْ ٍ ً ) чанд қоида дорад...? Ҷавоб: - Барои нуни сокин ва танвинҳо чаҳор қоида аст: 1. Идғом 2. Изҳор 3. Иқлоб 4. Ихфо 1. ИЗҲОР Савол: Изҳор дар луғат ва дар истилоҳ чист...? Ҷавоб: Изҳор дар луғат: Равшан ва возеҳ кардан аст. Ва дар истилоҳ: Дуруст талафӯз кардани ҳарфҳо, бидуни ғуна¹ аст. Агар баъд аз нуни сокин ва танвинҳо, ҳарфҳои ҳалқӣ ояд, нуни сокин ва танвинҳо, равшан ва возеҳ, бе ғунна хонда мешаванд. ¹ Ғунна - баровардани овоз аз димоғ аст. Савол: - Ҳарфҳои ҳалқӣ кадомҳоянд...? Ҷавоб :– Ҳарфҳои ҳалқӣ шаштоанд, ح، خ ، ع، غ، ه، ء ки дар чумлаи зерин оварда шудаанд: @tajvid_t

  • МУҚАДДИМА ВА ОШНОӢ БО ИЛМИ ТАҶВИД 1. Савол: Таҷвид дар луғат ва дар истилоҳ чист...? Ҷавоб: Таҷвид дар луғат: Зебо хондан аст. Дар истилоҳ бошад: Ҳамаи ҳарфҳоро, ҳақ ва мустаҳаққашонро додан аст, (яъне; ҳарфҳоро, аз ҷои баромадашон ва бо тарзи дуруст, талафуз кардан аст), чуноне, ки онро мусалмонон аз РасулуЛлаҳ ‎ﷺ омӯхтанд. 2. Савол: Мақсади илми таҷвид чист...? Ҷавоб: Нигоҳ доштани забон аз хатогиҳо, дар китоби Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъолост. 3. Савол: - Фоидаи илми таҷвид чист...? Ҷавоб: Кӯмак ва ризогии Аллоҳи Мутаъолро ба даст овардан аст. 4. Савол:- Ҳукми омӯхтани илми таҷвид чист...? Ҷавоб:- Хукми омӯхтани илми таҷвид, ду қисм аст: 1) Илми таҷвиди назарӣ: Ин донистани қоидаҳо ва аҳкомҳои илми таҷвид, дар хондан аст. Ин ҳукм, фарзи кифоя барои мусалмонон аст. 2) - Таҷвиди амалӣ: Ин хондани Қуръони Карим, бо тарзи дурусташ аст, чуноне, ки онро РасулуЛлаҳ ‎ﷺ хонда аст. Пас ин хукм, фарзи ъайн, бар ҳамаи мусалмонон аст. Аз ин рӯ, барои ҳар як хонандаи Қуръон зарурист, ки онро бо қадри тавонаш, бо тарзи дуруст хонад, зеро Аллоҳи Мутаъол мефармояд: وَرَتِّلِ ٱلْقُرْءَانَ تَرْتِيلًا ва Қуръонро оҳиста бо тадаббур шумурдаву (бодиққату) равшан бихон. [ал-муззамил 4] Яъне, Қуръонро бо таҷвид. @tajvid_t

  • АҲКОМИ МАДД Савол: Мадд дар луғат ва дар истилоҳ чист...? Мадд дар луғат: Изофа кардан аст. Дар истилоҳ: Дароз кашидани овоз, ба яке аз ҳарфҳои мадди аст. Савол: Ҳарфҳои мадди кадомхоянд...? Ҷавоб: Ҳарфҳои маддӣ, се то мебошанд; ба мисли: (ى، و، ا ) Дар калимаи навбатӣ бо мисол оварда шудаанд: ( نُوحِيهَا ) Ҳолатҳои мадд шудани ҳарфҳои маддӣ (۱، و، ی) Шарҳ: Ҳарфҳои маддӣ, ҳангоми мадд шуданашон, ҳамавакт бо худ сукун (ْ ) мегиранд ва ҳамчунин, пеш аз худ ҳаракати хоси худро доранд. Агар ҳарфҳои ( ١، و، ی) xaракатҳои муносиби худро надошта бошанд, пас дар ин сурат ҳарфи лийн мешаванд, ки сабаби мадд, шуданашон аз байн меравад. 1 - Алифи сокиндор, пеш аз худ фатҳа (ا+َ ) мегирад. 2 - Вови сокиндор, пеш аз худ дамма (و+ُ ) мегирад. Агар пеш аз ҳарфи вов (و ), фатха َ ояд, сабаби мадд шуданаш аз байн меравад. 3 - Ё- и сокиндор (ى+ِ ), пеш аз худ касра мегирад. Пас агар пеш аз ҳарфи Ё (ى), фатха (َ ) ояд, сабаби мадд шуданаш аз байн меравад. @tajvid_t

  • Савол: Мадд чанд қисм дорад...? Ҷавоб: Мадд, нӯҳ қисм дорад ва онҳо бо ду гурӯҳ, тақсим мешаванд: мадди аслӣ ва мадди фаръӣ. а) - Мадди аслӣ : Он аст, ки ҳарфҳои мадди, сукун гирифта ва бо ҳаракатҳои муносибашон дар калима меоянд. Ҳамчунин ҳамза ва ё сукун, сабаби воқеъ шуданашон, намешавад ва ба миқдори ду ҳаракат кашида мешаванд. Мадди аслӣ аз чаҳор қисм иборат аст: 1- Табиъй. 2- Бадал. 3- Иваз. 4- Силату-с-суғро б) - Мадди фаръӣ : Он аст, ки ҳарфҳои маддӣ, бо ҳамза ва ё сукун, дар як калима меоянд ва зиёда аз ду ҳаракат кашида мешаванд. Мадди фаръӣ, аз панҷ қисм иборат аст : 1- Вочибу-л-муттасил. 2- Ҷоизу-л-мунфасил. 3- Лозим. 4- Лийн 5- Ъориз ли-с-сукун. Мадди Силату-л-кубро ба гурӯҳи ҷоизу-л-мунфасил, дохил мешавад. @tajvid_t

  • Савол:- Қалқала чанд қисм аст...? Ҷавоб:- Қалқала ду қисм аст: суғро ва кубро. а)- Суғро : Он аст, ки ҳарфҳои қалқала, бо сокин дар байни калима ё ин ки дар байни ҷумла меояд, мисолҳо дар сурати боло: Б) Кубро : Он аст, ки ҳарфҳои қалқала, бо сокин дар охири калима меояд. Мисолҳо дар инҷо @tajvid_t

  • ҚАЛҚАЛА Савол:- Қалқала дар луғат ва дар истилоҳ чист...? Ҷавоб:- Қалқала дар луғат: ҳаракат додан ва ларзонидан аст. Дар истилоҳ: Бисёр ларзонидани садои ҳарф, дар вақти талаффуз карданаш ва дар ҳоле, ки сокин дошта бошад, то ин ки шунида шавад аз он ҳарф, оҳанги ҷаззобе. Савол:- Харфҳои қалқала чист...? Чавоб:- Ҳарфҳои қалқала панҷтост, ки дар калимаи зерин оварда шудаанд: ق، ب، ط، ج، د Пас ларзонидани овози ин ҳарфҳо, дар ҳолати сокин доштанашон воҷиб аст. То ин ки шунида шавад аз онҳо, оҳанги ҷазобе. [яъне вақте, ки ду оҳан ба якдиагар зада шавад аз онҳо овози сахт мебарояд]. @tajvid_t

  • 5 МАДДИ ЛИЙН Савол:- Мадди лийн чист...? Ҷавоб:- Мадди лийн: Он аст, ки ҳарфҳои маддӣ, ҳаракатҳои муносиби худро надоранд. Яъне, қабл аз ҳарфи "вов+و" ва "ё+ى", фатҳа меояд. Савол: Чанд ҳаракат кашида мешавад...? Ҷавоб:- Ин маддро ба миқдори ду, ва чаҳор ва шаш ҳаракат кашидан дуруст аст. Мисолҳо дар сурати боло: @tajvid_t

  • 4 Мадди ъориз ли-с-сукун Савол:- Мадди ъориз ли-с-сукун чист...? Ҷавоб:- Мадди ъориз ли-с-сукун: Он аст, ки баъд аз ҳарфҳои мадд ва лийн, сукуни ъориз, дар ҳолати ист меояд. Савол:- Чанд ҳаракат кашида мешавад...? Ҷавоб:- Ин маддро ба микдори ду ва чаҳор ва шаш ҳаракат, танҳо дар ҳолати истодан бар он, кашида хондан дуруст аст. Аммо агар хонанда иродаи идома доданро дошта бошад, дар ин сурат мадди ъориз ба мадди табиъи мубадал мегардад. 💡 Ёдошти муҳим : Ҳангоми хонандаи Қуръони Карим, лозим аст, ки маддҳои ориз баробар карда шаванд. Яъне, агар қорӣ иродаи кӯтоҳ хонданро дошта бошад, пас бояд ҳамаи қироаташро кӯтоҳ, хонад ва агар иродаи миёна хонданро дошта бошад, пас бояд ҳамаи қироаташро миёна хонад ва ҳамчунин дар ҳолати, бо суръат хондани Қуръон-низ чунин аст. @tajvid_t Мисолҳо дар сурати боло:

  • 3. МАДДИ ЛОЗИМ Савол:- Мадди лозим чист...? Ҷавоб:- Мадди лозим: он аст, ки баъд аз ҳарфҳои мадд, сукун, меояд Савол:- Чанд ҳаракат кашида мешавад...? @tajvid_t Ҷавоб:- Ин маддро ба миқдори шаш ҳаракат кашидан, барои ҳамаи хонандагони Қуръон зарурист.

  • 2. Мадди ҷоъизу-у-мунфасил. Савол: Мадди ҷоъизу-л-мунфасил чист...? Ҷавоб:- Мадди чоизу-л-мунфасил: Он аст, ки ҳарфҳои мадд, дар охири калимаи аввал меояд ва ҳамза ( أ ) дар аввали калимаи . Савол: - Чанд ҳаракат кашида мешавад ? Ҷавоб:- Ин мадд, ба миқдори чаҳор ва панҷ ҳаракат кашида мешавад. Ихтиёриаш чаҳор ҳаракат аст. Ҳамчунин ин маддро ба миқдори ду ҳаракат, кашида хондан, дуруст аст. Мадди "силату-л-кубро” ба ин гурӯҳ дохил мешавад. Маддҳое, ки сабаби воқеъ шуданашон, сукун аст: Мадди лозим Мадди ъориз ли-с-сукун Мадди ллийн Мисолҳо дар сурати боло: @tajvid_t

  • МАДДИ ФАРЪЙ Савол: Мадди фаръӣ чист...? Ҷавоб: - Мадди фаръӣ: Маддест, ки сабаби воқеъ шуданаш, ҳамза ва ё сукун аст ва зиёда аз ду ҳаракат кашида мешавад. Маддҳое, ки сабаби воқеъ шуданашон ҳамза аст: 1 - Мадди воҷибу-л-муттасил. 2- Мадди чоизу-л-мунфасил. 1 - Мадди воҷибу-л-муттасил : Савол:- Мадди воҷибу-л-муттасил чист...? Ҷавоб:- Мадди воҷибу-л-муттасил: Он аст, ки дар як калима, баъд аз ҳарфҳои маддӣ, ҳамза ( أ ) меояд. Савол:- Чанд харакат кашида мешавад...? Ҷавоб:- Ин мадд ба миқдори чаҳор ва панҷ ҳаракат, танҳо дар ҳолати идома додани қироат, кашида мешавад. Ихтиёриаш чаҳор ҳаракат аст. @tajvid_t Мисолҳо дар сурати боло: