tgindex
«Умдатул-Аҳком»

«Умдатул-Аҳком»

Статистика

Ҳадис ва асарҳо оид ба аҳкомҳои Шариъат @Aslhoi_din

Последний пост
20 мар.
Последнее чтение
15 авг.
Постов за неделю
0
Всего постов
20
Тип
открытый
Язык
tg
В каталоге с
13 авг.
Подписчики
88
+1 за 2 дн.
Сутки
0
0,00%
Неделя
 
Месяц
 
Просмотров на пост
715
20 постов
Вовлечённость
812,5%
к подписчикам
Постов в день
0,0
всего 20
Упоминаний
1
каналов
Охват размещения
оценка
1/24сутки в ленте
1/48двое суток
1/72трое суток

Оценка по просмотрам недавних постов: пост набирает почти всё за первые сутки.

Посты

  • 20 мар.21341из Aslhoi_din

    • تقبل الله منا ومنكم صالح الأعمال وغفر لنا ولكم • 🌺 كل عام وأنتم بخير في دينكم ودنياكم 🌺 Аллоҳ таъоло аз мову шумо амалҳои некамонро бипазирад ва моро дар Тавҳид ва Суннат собитқадам бигардонад ва аз ҷумлаи бандагони содиқаш қарор диҳад. اللهم آمين

  • без подписи

  • 📢 Каналҳое, ки ба мо тааллуқ доранд: 👇👇 @Aslhoi_din @sunnaabdullahahmad @al_ibana_as_sugro @kitab_as_sunna @Sunnai_Barbahori @umdatul_ahkamm @darshoi_arabiy @maktabai_ahlitavhid

  • [٢٩٤] عَنْ رَافِعِ بْنِ خَدِيجٍ قَالَ: «كُنَّا أَكْثَرَ الأنْصَارِ حَقْلًا. وَكُنَّا نُكْرِي الأرْضَ، عَلَى أَنَّ لَنَا هَذِهِ، وَلَهُمْ هَذِهِ فَرُبَّمَا أَخْرَجَتْ هَذِهِ، وَلَمْ تُخْرِجْ هَذِهِ فَنَهَانَا عَنْ ذَلِكَ. فَأَمَّا بِالْوَرِقِ: فَلَمْ يَنْهَنَا» . 294. Аз Рофеъ ибни Ходийҷ розияллоҳу анҳу ривоят мешавад, ки гуфт: «Аз ҳама зиёд аз байни ансориҳо мо киштзор доштем. Ва мо заминро ба иҷора медодем, мувофиқи он ки барои мо ин аст ва барои онҳо (иҷорагир) ин аст. Пас гоҳе мешуд, ки инаш ҳосил медод, вале дигараш ҳосил намедод. Аз ин рӯ аз ин кор манъ карда шудем. Лекин аз иҷора додан бар (ивази) нуқра манъ карда нашудем». Бухорӣ 2327

  • [٢٩٣] عَنْ عَبْدِ اللَّهِ بْنِ عُمَرَ رضي الله عنهما «أَنَّ النَّبِيَّ ﷺ عَامَلَ أَهْلَ خَيْبَرَ بِشَطْرِ مَا يَخْرُجُ مِنْهَا مِنْ تَمْرٍ أَوْ زَرْعٍ» . 293. Аз Абдуллоҳ ибни Умар розияллоҳу анҳума ривоят аст, ки Набий соллаллоҳу алайҳи ва саллам бо аҳли Хайбар мозороъа карданд, бар ивази нисфи чизе, ки ҳосил мегиранд аз мевагӣ ва кишти донагӣ». Бухорӣ 2329

  • [٢٩٢] عَنِ النُّعْمَانِ بْنِ بَشِيرٍ رضي الله عنهما قَالَ: «تَصَدَّقَ عَلَيَّ أَبِي بِبَعْضِ مَالِهِ. فَقَالَتْ أُمِّي عَمْرَةُ بِنْتُ رَوَاحَةَ: لا أَرْضَى حَتَّى تُشْهِدَ رَسُولَ اللَّهِ ﷺ. فَانْطَلَقَ أَبِي إلَى رَسُولِ اللَّهِ ﷺ لِيُشْهِدَ عَلَى صَدَقَتِي فَقَالَ لَهُ رَسُولُ اللَّهِ ﷺ: أَفَعَلْتَ هَذَا بِوَلَدِكَ كُلِّهِمْ؟ قَالَ: لا. قَالَ: اتَّقُوا اللَّهَ وَاعْدِلُوا فِي أَوْلادِكُمْ، فَرَجَعَ أَبِي، فَرَدَّ تِلْكَ الصَّدَقَةَ» . • وَفِي لَفْظٍ: «فَلا تُشْهِدْنِي إذًا. فَإِنِّي لا أَشْهَدُ عَلَى جَوْرٍ» •وَفِي لَفْظٍ: «فَأَشْهِدْ عَلَى هَذَا غَيْرِي» . 292. Аз Нӯъмон ибни Башир розияллоҳу анҳу ривоят мешавад, ки гуфт: «Падарам баъзеи молашро бароям ҳадя кард. Пас модарам - Амра бинти Роваҳа - гуфт: Ман розӣ нестам, то ки Росулуллоҳ соллаллоҳу алайҳи ва салламро гувоҳ нагирад. Пас падарам ба назди Росулуллоҳ соллаллоҳу алайҳи ва саллам рафт то эшонро барои ҳадяи ба ман кардааш гувоҳ гирад. Росулуллоҳ ﷺ гуфтанд: «Оё ба ҳамаи фарзандонат ҳадя додаӣ?». Падарам гуфт: Не. Росулуллоҳ гуфтанд: «Аз Аллоҳ битарсед ва дар байни фарзандонатон адолат кунед». Пас падарам баргашт ва он ҳадяро бозпас гирифт». Дар лафзи дигар омадааст: «Инхел бошад маро гувоҳ нагир. Зеро ман ба ҷавр (зулм) гувоҳӣ намедиҳам». Ва дар лафзӣ дигар омадааст: «Ба ин чиз ғайри маро гувоҳ гир». Бухорӣ 2587

  • [٢٩١] وعن ابن عباس رضي الله عنهما : أن رسول الله صلي الله عليه وسلم قال: «العائد في هبته، كالعائد فيى قيئه» • وفي لفظ: «فإن الذى يعود في صدقته كالكلب [يقئ ثم] يعود في قيئه» 291. Аз Абдуллоҳ ибни Аббос розияллоҳу анҳума ривоят аст, ки Росулуллоҳ соллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: «Касе, ки садақаи худро гардонида мегирад, мисли касест, ки қайи худро гардонида мегирад». Дар лафзи дигар омадааст, ки фармуданд: «Касе, ки садақаи худро гардонида мегирад, мисли сагест ки қай мекунад ва сипас қайи худро гардонида мегирад». Бухорӣ 2621

  • [٢٩٠] عَنْ عُمَرَ- رضي الله عنه قَالَ: «حَمَلْتُ عَلَى فَرَسٍ فِي سَبِيلِ اللَّهِ، فَأَضَاعَهُ الَّذِي كَانَ عِنْدَهُ، فَأَرَدْتُ أَنْ أَشْتَرِيَهُ، فَظَنَنْتُ أَنَّهُ يَبِيعُهُ بِرُخْصٍ. فَسَأَلْتُ النَّبِيَّ ﷺ؟ فَقَالَ: لا تَشْتَرِهِ. وَلا تَعُدْ فِي صَدَقَتِكَ، وَإِنْ أَعْطَاكَهُ بِدِرْهَمٍ. فَإِنَّ الْعَائِدَ فِي هِبَتِهِ كَالْعَائِدِ فِي قَيْئِهِ» . 290. Аз Умар розияллоҳу анҳу ривоят аст, ки гуфт: «Дар роҳи Аллоҳ асперо (ба нафаре) ҳадя кардам. Пас соҳибаш ӯро зоеъ кард. Ва ман бошам, онро харидани шудам ва гумон кардам, ки ӯро арзон мефурӯшад. Ва оиди ин аз Набий ﷺ суол кардам? Эшон фармуданд: «Ӯро нахар, садақаатро гардонида нагир, агарчи ӯро ба як дирҳам бароят диҳад ҳам. Зеро касе, ки садақаи худро гардонида мегирад, мисли касест, ки қайи худро гардонида гирифтааст». Бухорӣ 1490

  • [٢٨٩] عَنْ عَبْدِ اللَّهِ بْنِ عُمَرَ رضي الله عنهما قَالَ: «قَدْ أَصَابَ عُمَرُ أَرْضًا بِخَيْبَرَ. فَأَتَى النَّبِيَّ ﷺ يَسْتَأْمِرُهُ فِيهَا. فَقَالَ: يَا رَسُولَ اللَّهِ، إنِّي أَصَبْتُ أَرْضًا بِخَيْبَرَ، لَمْ أُصِبْ مَالًا قَطُّ هُوَ أَنْفَسُ عِنْدِي مِنْهُ، فَمَا تَأْمُرُنِي بِهِ؟ فَقَالَ: إنْ شِئْتَ حَبَسْتَ أَصْلَهَا، وَتَصَدَّقْتَ بِهَا. قَالَ: فَتَصَدَّقَ بِهَا. غَيْرَ أَنَّهُ لا يُبَاعُ أَصْلُهَا، وَلا يُوهَبُ، وَلا يُورَثُ. قَالَ: فَتَصَدَّقَ عُمَرُ فِي الْفُقَرَاءِ، وَفِي الْقُرْبَى، وَفِي الرِّقَابِ، وَفِي سَبِيلِ اللَّهِ، وَابْنِ السَّبِيلِ، وَالضَّيْفِ. لا جُنَاحَ عَلَى مَنْ وَلِيَهَا: أَنْ يَأْكُلَ مِنْهَا بِالْمَعْرُوفِ، أَوْ يُطْعِمَ صَدِيقًا، غَيْرَ مُتَمَوِّلٍ فِيهِ» . • وَفِي لَفْظٍ: «غَيْرَ مُتَأَثِّلٍ» . 289. Аз Абдуллоҳ ибни Умар розияллоҳу анҳума ривоят аст, ки гуфт: «Умар розияллоҳу анҳу аз Ҳайбар заминеро соҳиб шуд ва ба назди Набий ﷺ омада оиди ин маслиҳат гирифт ва гуфт: «Эй Расули Аллоҳ, ман аз Ҳайбар чунон заминеро соҳиб шудам, ки ҳеҷ гоҳ молеро соҳиб нашудаам ки аз ӯ дида бароям арзишноктар бошад, пас ба ман чи маслиҳат медиҳед?». Росулуллоҳ ﷺ фармуданд: «Агар бихоҳи аслашро барои худ гирифта мон ва онро садақа кун». Гуфт: Пас Умар розияллоҳу анҳу онро садақа кард ба шарте, ки асли ӯ фурӯхта намешавад, ва мерос гузошта намешавад ва ҳадя карда намешавад. Ва Умар онро садақа мекунад ба фақирон, ба хешу наздикон, барои ғулом озод кардан, дар роҳи Аллоҳ, ба мусофир ва ба меҳмон. Ва ба касе, ки заминро ба ӯҳда гирад, ҳеҷ гуноҳе нест, ки аз он ба некӣ бихӯрад ё дӯсти худро бихӯронад. Лекин онро соҳиби карда, барои худ шахсӣ карда наметавонад». Дар лафзӣ дигар: «Лекин соҳибмулк шуда наметавонад». Бухорӣ 2737

  • [٢٨٨] عَنْ جَابِرِ بْنِ عَبْدِ اللَّهِ رضي الله عنهما قَالَ «جَعَلَ - وَفِي لَفْظٍ: «قَضَى النَّبِيُّ ﷺ بِالشُّفْعَةِ فِي كُلِّ مَا لَمْ يُقْسَمْ. فَإِذَا وَقَعَتِ الْحُدُودُ، وَصُرِّفَتِ الطُّرُقُ: فَلا شُفْعَةَ» . 288. Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ розияллоҳу анҳума ривоят мешавад, ки гуфт: «Росулуллоҳ соллаллоҳу алайҳи ва саллам дар ҳар як моли тақсим карда нашуда шуфъаро ҷорӣ (дар лафзи дигар: ҳукм) карданд. Агар ҳудудҳо таъйин карда шуда бошад ва кӯчаҳо аниқ шуда бошад, пас шуфъа нест». Бухорӣ 2213 (Эзоҳи тар: Шуфъа - ҳуқуқи харидани имтиёзнок. Агар ду нафар дар як мулк шарик бошанд ва якеи онҳо хоҳад, ки ҳиссаи худро фурӯшад, пас барои харидани он ҳисса якум шуда шарикаш ҳақдортар аст. Бе иҷозаи ӯ он ҳиссаро фурӯхтанаш мумкин нест. Рафту агар ӯ ҳиссаашро фурӯхта бошад, пас шарикаш ҳақ дорад, ки савдоро вайрон кунад. Ана ҳамин имтиёзро «шуфъа» гуфта мешавад. Аммо мувофиқи сухани Ҷобир розияллоҳу анҳу, агар мулк аниқ тақсим карда шуда бошад ва сарҳади ҳар яке алоҳида таъйин шуда бошад, пас дар ин ҳол шуфъа нест.

  • [٢٨٧] عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رضي الله عنه قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللَّهِ ﷺ أَوْ قَالَ: سَمِعْتُ النَّبِيَّ ﷺ يَقُولُ -: «مَنْ أَدْرَكَ مَالَهُ بِعَيْنِهِ عِنْدَ رَجُلٍ - أَوْ إنْسَانٍ - قَدْ أَفْلَسَ فَهُوَ أَحَقُّ بِهِ مِنْ غَيْرِهِ» . 287. Аз Абу Ҳурайра розияллоҳу анҳу ривоят мешавад, ки гуфт: «Росулуллоҳ соллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфтанд ё гуфт: Росулуллоҳро шунидам, ки чунин мегуфтанд: «Касе, ки айни моли худро дар назди шахсе, ки муфлис (бонкрот) шудааст пайдо кунад, пас ӯ ба ҳамон мол нисбат ба дигарон дида ҳақдортар аст». Бухорӣ 2402

  • [٢٨٦] عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رضي الله عنه أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ ﷺ قَالَ: «مَطْلُ الْغَنِيِّ ظُلْمٌ. فَإِذَا أُتْبِعَ أَحَدُكُمْ عَلَى مَلِيءٍ فَلْيَتْبَعْ» . 286. Аз Абу Ҳурайра розияллоҳу анҳу ривоят мешавад, ки Росулуллоҳ соллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: «Пардохти (қарзашро) ба таъхир гузоштани шахси имкониятдор, зулм аст. Ва касе аз шумоён агар ба шахси имкониятдор (доранда) қарз дода бошад, пас бигзор талаб кунад». Бухорӣ 2287

  • [٢٨٥] عَنْ عَائِشَةَ رضي الله عنها «أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ ﷺ اشْتَرَى مِنْ يَهُودِيٍّ طَعَامًا، وَرَهَنَهُ دِرْعًا مِنْ حَدِيدٍ» . 285. Аз Айиша розияллоҳу анҳа ривоят мешавад, ки Росулуллоҳ соллаллоҳу алайҳи ва саллам аз як яҳудие ҳамчун насоя таъом хариданд ва зиреҳи оҳанини худро гарав гузоштанд». Бухорӣ 2068

  • بابُ الرَّهْنِ وغيرِهِ Боби 52: «Оиди гаравмонӣ (залог) ва дигар муъомилаҳо».

  • без подписи

  • [٢٨٤] عَنْ أَبِي بَكْرَةَ رضي الله عنه قَالَ: «نَهَى رَسُولُ اللَّهِ ﷺ عَنْ الْفِضَّةِ بِالْفِضَّةِ، وَالذَّهَبِ بِالذَّهَبِ، إلاَّ سَوَاءً بِسَوَاءٍ، وَأَمَرَنَا: أَنْ نَشْتَرِيَ الْفِضَّةَ بِالذَّهَبِ، كَيْفَ شِئْنَا. وَنَشْتَرِيَ الذَّهَبَ بِالْفِضَّةِ كَيْفَ شِئْنَا. قَالَ: فَسَأَلَهُ رَجُلٌ فَقَالَ: يَدًا بِيَدٍ؟ فَقَالَ: هَكَذَا سَمِعْتُ» . 284. Аз Абу Бакра розияллоҳу анҳу ривоят мешавад, ки гуфт: «Росулуллоҳ соллаллоҳу алайҳи ва саллам манъ карданд аз фурӯхтани нуқра ба нуқра ва тилло ба тилло, магар ин ки баробар бошанд. Ва моро амр карданд, ки нуқраро бо тилло ва тиллоро бо нуқра чи гунае, ки хостем, бифурӯшем. Пас шахсе аз ӯ пурсид: «Оё даст ба даст?». Гуфт: «(Бале) ҳамин хел шунидам». Бухорӣ 2182

  • ٢٨٣ - عَنْ أَبِي الْمِنْهَالِ قَالَ: «سَأَلْتُ الْبَرَاءَ بْنَ عَازِبٍ وَزَيْدَ بْنَ أَرْقَمَ، عَنْ الصَّرْفِ؟ فَكُلُّ وَاحِدٍ يَقُولُ: هَذَا خَيْرٌ مِنِّي. وَكِلاهُمَا يَقُولُ: نَهَى رَسُولُ اللَّهِ ﷺ عَنْ بَيْعِ الذَّهَبِ بِالْوَرِقِ دَيْنًا» . 283. Аз Абу Минҳал ривоят мешавад, ки гуфт: «Ман Баро ибн Азиб ва Зайд ибн Арқомро оиди сарф (валюта) суол кардам? Якеи онҳо (оиди дигарияш) мегуфт: «Ин аз ман дида хубтар аст». Пас ҳарду гуфтанд: «Росулуллоҳ соллаллоҳу алайҳи ва саллам фурӯхтани тиллоро ба нуқра ҳамчун қарз манъ карданд». Бухорӣ 2180

  • [٢٨٢] عَنْ أَبِي سَعِيدٍ الْخُدْرِيِّ رضي الله عنه قَالَ: «جَاءَ بِلالٌ إلَى رَسُولِ اللَّهِ ﷺ بِتَمْرٍ بَرْنِيِّ فَقَالَ لَهُ النَّبِيُّ ﷺ: مِنْ أَيْنَ لَكَ هَذَا؟ قَالَ بِلالٌ: كَانَ عِنْدَنَا تَمْرٌ رَدِيءٌ، فَبِعْتُ مِنْهُ صَاعَيْنِ بِصَاعٍ لِيَطْعَمَ النَّبِيُّ ﷺ. فَقَالَ النَّبِيُّ ﷺ عِنْدَ ذَلِكَ: أَوَّهْ، أَوَّهْ، عَيْنُ الرِّبَا، عَيْنُ الرِّبَا، لا تَفْعَلْ. وَلَكِنْ إذَا أَرَدْتَ أَنْ تَشْتَرِيَ فَبِعْ التَّمْرَ بِبَيْعٍ آخَرَ. ثُمَّ اشْتَرِ بِهِ» . 282. Аз Абу Саъид ал-Худрӣ розияллоҳу анҳу ривоят мешавад, ки гуфт: «Билол розияллоҳу анҳу ба назди Росулуллоҳ ﷺ бо хурмои хуби (мадинагӣ) омад. Ва Набий соллаллоҳу алайҳи ва саллам ба ӯ гуфтанд: «Ин аз куҷост?». Билол гуфт: «Мо хурмои безеби (бесифат) доштем, пас онро бар ивази ду соъ (хурмои хуби босифат) савдо кардам, то Набий ﷺ аз вай бихӯранд. Пас Набий соллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: «Э ҳаа, айни рибо аст, айни рибо аст, ин корро накун! Агар харидани боши, пас хурморо бо дигар чиз савдо кун, сипас ӯро (хурмоӣ хуби мадинагиро, бо вай) харида гир». Бухорӣ 2312

  • [٢٨١] عَنْ أَبِي سَعِيدٍ الْخُدْرِيِّ رضي الله عنه أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ ﷺ قَالَ: «لا تَبِيعُوا الذَّهَبَ بِالذَّهَبِ إلاَّ مِثْلًا بِمِثْلٍ. وَلا تُشِفُّوا بَعْضَهَا عَلَى بَعْضٍ. وَلا تَبِيعُوا الْوَرِقَ بِالْوَرِقِ إلاَّ مِثْلًاّ بِمِثْلٍ. وَلا تُشِفُّوا بَعْضَهَا عَلَى بَعْضٍ. وَلا تَبِيعُوا مِنْهَا غَائِبًا بِنَاجِزٍ» . • وَفِي لَفْظٍ «إلاَّ يَدًا بِيَدٍ» . • وَفِي لَفْظٍ «إلاَّ وَزْنًا بِوَزْنٍ، مِثْلًا بِمِثْلٍ سَوَاءً بِسَوَاءٍ» . 281. Аз Абу Саъид ал-Худрӣ розияллоҳу анҳу ривоят мешавад, ки Росулуллоҳ соллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: «Тиллоро ба тилло нафурӯшед, магар мисл ба мисл. Ва баъзеашро бар баъзеаш афзалтар (зиёдтар) накунед ва ҳозир будаи онҳоро ба ҳозир набудаашон нафурӯшед». Дар лафзи дигар фармуданд: «Магар аз даст ба даст». Ва дар лафзи дигар бошад, фармуданд: «Магар вазн ба вазн, мисл ба мисл ва якхел баробар бошанд». Бухорӣ 2177

  • [٢٨٠] عَنْ عُمَرَ بْنِ الْخَطَّابِ رضي الله عنه قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللَّهِ ﷺ: «الذَّهَبُ بِالْوَرِقِ رِبًا، إلاَّ هَاءَ وَهَاءَ، وَالْبُرُّ بِالْبُرِّ رِبًا، إلاَّ هَاءَ وَهَاءَ. وَالشَّعِيرُ بِالشَّعِيرِ رِبًا، إلاَّ هَاءَ وَهَاءَ» . 280. Аз Умар ибнул Хаттоб розияллоҳу анҳу ривоят мешавад, ки гуфт: Росулуллоҳ соллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: «Тиллоро ба нуқра (иваз кардан) рибо аст, магар «ин ва ин», гандум ба гандум рибо аст, магар «ин ва ин», ҷав ба ҷав рибо аст, магар «ин ва ин». Бухорӣ 2134 Эзоҳи тар: «магар ин ва ин», яъне агар аз даст ба даст ва дар як маҷлис иваз карда шавад, пас дар ин ҳол рибо намешавад. Аммо агар аз даст ба даст ва дар як маҷлис нашавад, пас рибо аст.