tgindex
Корвони Тавҳид ва Суннат

Корвони Тавҳид ва Суннат

Статистика

Имом Аҳмад гуфтанд: «Розигии мардумро тарк намуда, сипас ба гуфтани ҳақ тавоно гаштам». Сияр 11/34 @kitab_as_sunna @sunnaabdullahahmad @Sunnai_Barbahori @al_ibana_as_sugro @darshoi_arabiy @umdatul_ahkamm @maktabai_ahlitavhid @tafasarsalaf

Последний пост
14 авг.
Последнее чтение
15 авг.
Постов за неделю
7
Всего постов
38
Тип
открытый
Язык
tg
Категория
Религия (по похожим)
В каталоге с
13 авг.
Подписчики
374
+4 за 2 дн.
Сутки
0
0,00%
Неделя
 
Месяц
 
Просмотров на пост
120
33 постов
Вовлечённость
32,1%
к подписчикам
Постов в день
1,0
всего 38
Упоминаний
5
каналов
Охват размещения
оценка
1/24сутки в ленте
45
1/48двое суток
51
1/72трое суток
55

Оценка по просмотрам недавних постов: пост набирает почти всё за первые сутки.

Посты

  • ❖ قال رسول الله ﷺ: «أَكثِروا عليَّ منَ الصَّلاةِ يومِ الجمعةِ وليلةِ الجمعةِ». Расулуллоҳ ﷺ фармуданд: «Дар рӯз ва шаби ҷумъа салавотро бар ман зиёд бикунед». ⌯ رواه أبو داود (١٠٤٧). ◉‏ قال الإمام الشافعي: «وأحب كثرة الصلاة على النبي ﷺ في كل حال، وأنها في يوم الجمعة وليلتها أشد استحباباً». ◉ Имом Шофеъӣ роҳимаҳуллоҳ гуфтанд: «Дӯст медорам, ки дар ҳамаи ҳолат салавотро бар Набий ﷺ зиёд намоям. Ва (салавот гуфтан) дар рӯз ва шаби ҷумъа, маҳбубтар аст». ⌯ كتاب الأم للشافعي (٢٣٩/١).

  • Бозгаштан ба ҳақ хубтар аст аз давом додан дар ботил Умар ибн Хаттоб розияллоҳу анҳу ба Абу Мусои Ашъарий розияллоҳу анҳу гуфт: لا يمنعنك قضاءٌ قضيته اليوم فراجعت فيه عقلك، وهديت فيه لرشدك، أن ترجع إلى الحق فإن الحق قديمٌ، ومراجعة الحق خير من التمادي في الباطل. «Ҳукме, ки имрӯз бароварди, пас дар он ба ақлат бозгашти ва ба роҳи рост ҳидоят карда шуди, асло туро аз бозгаштан ба ҳақ манъ накунад. Зеро ҳақ қадим аст. Бозгаштан ба ҳақ хубтар аст аз давом додан дар ботил». Доруқутний, 4/207

  • без подписи

  • 3. Сухани Иброҳим алайҳиссалом ба ҳамсараш Соро: Дар рӯйи замин ғайр аз ман ва ту мӯъмин нест أَبِي هُرَيْرَةَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ، قَالَ: " لَمْ يَكْذِبْ إِبْرَاهِيمُ عَلَيْهِ السَّلاَمُ إِلَّا ثَلاَثَ كَذَبَاتٍ: ثِنْتَيْنِ مِنْهُنَّ فِي ذَاتِ اللَّهِ عَزَّ وَجَلَّ، قَوْلُهُ : إِنِّي سَقِيمٌ ، وَقَوْلُهُ: بَلْ فَعَلَهُ كَبِيرُهُمْ هَذَا ، وَقَالَ: بَيْنَا هُوَ ذَاتَ يَوْمٍ وَسَارَةُ، إِذْ أَتَى عَلَى جَبَّارٍ مِنَ الجَبَابِرَةِ، فَقِيلَ لَهُ: إِنَّ هَا هُنَا رَجُلًا مَعَهُ امْرَأَةٌ مِنْ أَحْسَنِ النَّاسِ ، فَأَرْسَلَ إِلَيْهِ فَسَأَلَهُ عَنْهَا، فَقَالَ: مَنْ هَذِهِ؟ قَالَ: أُخْتِي، فَأَتَى سَارَةَ قَالَ: يَا سَارَةُ: لَيْسَ عَلَى وَجْهِ الأَرْضِ مُؤْمِنٌ غَيْرِي وَغَيْرَكِ، وَإِنَّ هَذَا سَأَلَنِي فَأَخْبَرْتُهُ أَنَّكِ أُخْتِي، فَلاَ تُكَذِّبِينِي ... " Аз Абу Ҳурайра розияллоҳу анҳу ривоят аст, ки гуфт: Иброҳим алайҳиссалом се маротиба дурӯғ гуфтаасту халос. Дутои онҳо дар зоти Аллоҳ азза ва ҷалла аст. Қавли ӯ: «Албатта ман беморам» ва сухани ӯ «Балки бузургашон ин корро анҷом дод». Рӯзе ӯ ва Соро вақте мерафтанд, ногаҳон ба назди подшоҳе аз подшоҳони золим меоянд. Пас ба подшоҳ гуфта мешавад: Дар инҷо як марде ҳаст ва ҳамроҳаш бошад, зани зебое низ ҳаст. Пас подшоҳ ба сӯйи ӯ одам мефиристад, то дар бораи зан пурсон шувад ва мегӯяд: Ин кист? Иброҳим алайҳиссалом гуфт: Хоҳарам. Иброҳим алайҳиссалом ба назди Соро омада гуфт: Эй Соро дар рӯйи замин ғайр аз ман ва ту мӯъмин нест. Албатта ин шахс маро дар (бораи ту) пурсон шуд, пас барояш гуфтам, ки ту хоҳари ман мебоши. Пас маро дурӯғгӯй макун...». رواه البخاري (3358) ، فليس المقصود بـ"الأرض" في الحديث : عموم الأرض ، وإنما الأرض المعهودة في الخبر، وهي أرض هذا الملك الجبّار، كما يتضح في رواية في"صحيح مسلم" (2371):   ... فَإِنَّهُ قَدِمَ أَرْضَ جَبَّارٍ وَمَعَهُ سَارَةُ، وَكَانَتْ أَحْسَنَ النَّاسِ، فَقَالَ لَهَا: إِنَّ هَذَا الْجَبَّارَ، إِنْ يَعْلَمْ أَنَّكِ امْرَأَتِي يَغْلِبْنِي عَلَيْكِ، فَإِنْ سَأَلَكِ فَأَخْبِرِيهِ أَنَّكِ أُخْتِي، فَإِنَّكِ أُخْتِي فِي الْإِسْلَامِ، فَإِنِّي لَا أَعْلَمُ فِي الْأَرْضِ مُسْلِمًا غَيْرِي وَغَيْرَكِ، فَلَمَّا دَخَلَ أَرْضَهُ رَآهَا بَعْضُ أَهْلِ الْجَبَّارِ، أَتَاهُ فَقَالَ لَهُ: لَقَدْ قَدِمَ أَرْضَكَ امْرَأَةٌ ...  . Мурод аз замин дар ҳадиси болобуда, умумӣ нест. Он заминест ки дар хабар маълум аст. Ва он замини подшоҳи золим аст. Чи гунае ки дар ривояти Муслим омадааст. «Иброҳим алайҳиссалом ҳамроҳ бо Соро ба замини подшоҳи золим омаданд. Соро хело зебо буд. Иброҳим алайҳиссалом ба ӯ гуфт: «Албатта ин подшоҳи золим агар донад, ки ту ҳамсари ман мебоши, пас туро аз ман хоҳад гирифт. Агар туро пурсон шавад, пас барояш бигӯ ки ту хоҳари ман мебоши. Зеро ту дар Ислом хоҳари ман ҳасти. Ва дар рӯйи замин ғайр аз худ ва ту мусалмоне намедонам. Вақте, ки ба замини ӯ дохил шуданд, Сороро баъзе аз наздикони подшоҳ дид. Ба назди подшоҳ омада гуфт: Дар ҳақиқат ба замини ту зани зебое омадааст...». Ҷое, ки ҳамчун далел қиёс мекардем: Сухани Иброҳим алайҳиссалом ба Соро: «Дар рӯйи замин ғайр аз ман ва ту мӯъмин нест». Ин асар барои кофир будани тамоми руйи дунё далел намешавад. Зеро дар он замон Лут алайҳи салом низ зиндаги мекард. Мурод аз замини дар асар омада, замини подшоҳи золим мебошад. Чи гунае, ки дар ривояти Муслим равшану ошкоро маълум аст.

  • Мо барои такфири омма баъзе қиёсҳоро меовардем. Аз ҷумлаи онҳо: 1. Зайд ибн Амр ибн Нуфайл. حدثني هشام بن عروة عن أبيه عن أسماء بنت أبي بكر قالت لقد رأيت زيد بن عمرو بن نفيل مسندا ظهره إلى الكعبة يقول : يا معشر قريش والذي نفس زيد بيده ما أصبح أحد منكم على دين إبراهيم غيري ، ثم يقول : اللهم إني لو أعلم أحب الوجوه إليك عبدتك به ، ولكني لا أعلم ، ثم يسجد على راحلته Аз Асмоа бинти Абу Бакр розияллоҳу анҳа ривоят мешавад, ки гуфт: «Дар ҳақиқат Зайд ибн Амр ибн Нуфайлро дидам, ки бар Каъба такя мекард ва мегуфт: Эй ҷамоаи Қурайш қасам ба он Зоте ки ҷони Зайд дар дасти Ӯст, ягон нафар аз шумо ғайр аз ман дар дини Иброҳим пагоҳӣ накард...» Ҷое ки барои такфири умум қиёс мекардем: Зайд қавми худро оммави такфир кард, мо низ халқҳоро такфир мекунем. Ин қиёс аз ду роҳ ботил аст: Аввалан: Зайд ибн Амр халқро оммави такфир накард, балки хос қавми Қурайшро такфир намуд. Дуввум: Зайд дар такфири қавмаш ҳақдор буд. Зеро ӯ дар ягон нафари онҳо аломати исломро надид. Ва қавм бутпараст буданд. Хавориҷон бошанд, сухани ӯро қиёс намуда, тамоми дунёро такфир мекунанд. Ҳатто шахсонеро ки куфр ва ширкашон маълум нест ва намоз мехонанд, низ такфир мекунанд. 2. Сухани Анас: Арабҳо муртад шуданд. عن أنس بن مالك رضي الله عنه: لمَّا توُفِّيَ رسولُ اللَّهِ صلَّى اللَّهُ عليهِ وسلَّمَ ارتدَّتِ العربُ، فقالَ عمرُ: يا أبا بَكْرٍ كيفَ تقاتلُ العربَ، فقالَ أبو بَكْرٍ: إنَّما قالَ رسولُ اللَّهِ صلَّى اللَّهُ عليهِ وسلَّمَ أُمِرتُ أن أقاتلَ النَّاسَ حتَّى يشهدوا أن لا إلَهَ إلَّا اللَّهُ وأنِّي رسولُ اللَّهِ، ويُقيموا الصَّلاةَ، ويؤتوا الزَّكاةَ، واللَّهِ لو مَنعوني عَناقًا مِمَّا كانوا يُعطونَ رسولَ اللَّهِ صلَّى اللَّهُ عليهِ وسلَّمَ لقاتلتُهُم عليهِ، قالَ عمرُ: فلمَّا رأيتُ رأيَ أبي بَكْرٍ قد شرحَ عَلِمْتُ أنَّهُ الحقُّ . Аз Анас ибни Молик розияллоҳу анҳу ривоят аст, ки гуфт: Замоне, ки Росулуллоҳ соллаллоҳу алайҳи ва саллам вафот намуданд, арабҳо муртад шуданд. Умар розияллоҳу анҳу гуфт: Эй Абу Бакр чи гуна бо арабҳо ҷанг хоҳед кард. Абубакр розияллоҳу анҳу гуфт: Дар ҳақиқат Расулуллоҳ соллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфтанд: «Амр шудаам бо инсонҳо биҷангам, то ки ба Ла илаҳа иллаллоҳ ва анний Расулуллоҳ шаҳодат бидиҳанд, ва намоз гузоранд, ва закот бидиҳанд». Қасам ба Аллоҳ агар аз додани ҳатто бузғола, ки ба Набий саллаллоҳу алайҳи ва саллам медоданд, худдори кунанд албатта барои он бо онҳо ҷанг хоҳам кард. - Умар гуфт: Вақте, ки дидам фикри Абубакр ба ин чиз кушода шуд, пас донистам ки вай ҳақ аст». أخرجه النسائي (3969) Ҷое ки қиёс мекардем: Сухани Анас розияллоҳу анҳу: Арабҳо муртад шуданд. Арабҳо муртад шуданд гуфтан маънои онро надорад ки дунё ҳама муртад шуданд. Ин қиёси ботил аст.

  • عن أسامة ابن زيد أنه قال: بَعَثَنَا رَسولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عليه وسلَّمَ إلى الحُرَقَةِ مِن جُهَيْنَةَ، قالَ: فَصَبَّحْنَا القَوْمَ فَهَزَمْنَاهُمْ، قالَ: ولَحِقْتُ أنَا ورَجُلٌ مِنَ الأنْصَارِ رَجُلًا منهمْ، قالَ: فَلَمَّا غَشِينَاهُ قالَ: لا إلَهَ إلَّا اللَّهُ، قالَ: فَكَفَّ عنْه الأنْصَارِيُّ، فَطَعَنْتُهُ برُمْحِي حتَّى قَتَلْتُهُ، قالَ: فَلَمَّا قَدِمْنَا بَلَغَ ذلكَ النَّبيَّ صَلَّى اللهُ عليه وسلَّمَ، قالَ: فَقالَ لِي: يا أُسَامَةُ، أقَتَلْتَهُ بَعْدَ ما قالَ: لا إلَهَ إلَّا اللَّهُ؟! قالَ: قُلتُ: يا رَسولَ اللَّهِ، إنَّما كانَ مُتَعَوِّذًا، قالَ: أقَتَلْتَهُ بَعْدَ ما قالَ: لا إلَهَ إلَّا اللَّهُ؟! قالَ: فَما زَالَ يُكَرِّرُهَا عَلَيَّ حتَّى تَمَنَّيْتُ أنِّي لَمْ أكُنْ أسْلَمْتُ قَبْلَ ذلكَ اليَومِ. Аз Усома ибн Зайд ривоят аст, ки гуфт: Набий саллаллоҳу алайҳи ва саллам моро ба Хурақо ки аз қабилаи Ҷуҳайна ташкил ёфта буд, фиристоданд. Саҳар барвақт бар онҳо ҳуҷум намудем ва онҳоро мағлуб сохтем. Ман ва шахсе аз ансориҳо нафаре аз онҳоро пайгирӣ намудем. Вақте, ки ӯро иҳота кардем, ӯ гуфт: Ла илаҳа иллаллоҳ. Пас он ансорӣ (аз куштани ӯ) худдори намуд ва ман бошам, бо найзаи худ ӯро зада куштам. Вақте, ки мо баргаштем, аллакай хабар ба Набий саллаллоҳу алайҳи ва саллам расида будааст. Пас Набий саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба ман гуфтанд: Эй Усома, оё ӯро қатл намуди баъд аз он ки гуфт: Ла илаҳа иллаллоҳ?! - Гуфтам: Эй Расулуллоҳ, балки инро аз рӯйи тарс аз мурдан гуфт. - Гуфтанд: Оё ӯро қатл намуди баъд аз он ки гуфт: Ла илаҳа иллаллоҳ?! - Гуфт: Набий саллаллоҳу алайҳи ва саллам чунон ин суханро бар ман зиёд такрор намуданд, ки ҳатто орзу намудам, эй кош қабл аз ҳамон рӯз мусалмон намебудам». صحيح البخاري وفي روايةِ مُسلِمٍ قال أُسامةُ رَضِيَ اللهُ عنه للنَّبيِّ صلَّى اللهُ عليه وسلَّم: «يا رَسولَ اللهِ، استَغفِرْ لي، قال: وكيف تصنَعُ بـ(لا إلهَ إلَّا اللهُ) إذا جاءت يومَ القيامةِ؟ قال: فجعل لا يزيدُه على أن يقولَ: كيف تصنَعُ بـ(لا إله إلَّا اللهُ) إذا جاءت يومَ القيامةِ»، Дар ривояти Муслим бошад, чунин омадааст: Усома розияллоҳу анҳу ба Набий саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфт: Эй Расулуллоҳ, бароям талаби мағфират намоед. - Гуфтанд: Агар рӯзи қиёмат ояд, ба Ла илаҳа иллаллоҳ чи ҷавоб хоҳи дод? - Усома гуфт: Эшон ба гуфтани чунин сухан (чизеро) зиёда накарданд: «Агар рӯзи қиёмат ояд ба Ла илаҳа иллаллоҳ чи ҷавоб хоҳи дод?».

  • Аз рӯйи гумону эҳтимол ҳукм карда намешавад!! ‏○ قال الشافعيُّ في كتابـــه الأم (٩ /٦٥) : فمن حكم على النّاس بــِخلاف ما ظهر عليهم استدلالاً على أنّ ما أظهروا يحتمل غير ما أظهروا بدلالة منهم ، أو غير دلالةٍ ، لم يسلم عندي من خلاف التّنزيل والسنة. Имом Шофеъӣ роҳимаҳуллоҳ гуфтанд: «Ҳар ки ҳукм кунад инсонҳоро бар хилофи ҳолати зоҳирияшон, ба далеле ки он чи онҳо зоҳир кардаанд, метавонад на он чизе бошад, ки зоҳир кардаанд. Ва ин корро хоҳ бар пояи аломат (далелҳое) ки онҳо нишон додаанд ва ё бидуни ҳеҷ далел бикунад. Пас чунин инсон дар назди ман аз зид баромадан ба Қуръон (Танзил) ва Суннат саломат намемонад». Китоби Умм

  • без подписи

  • Мегӯем: Вақте, ки мо ҳукм бо зоҳир мегӯем, ин маънои онро надорад, ки мо ҳаммаро мусалмон мегӯем ё ин ки нафареро мусалмони ҳақиқӣ бигӯем. Балки мо мебинем як нафареро ки шаҳодатайнро мегӯяд ва намоз мегузорад, пас ӯро ҳукм ба Исломи зоҳирӣ медиҳем. Ва бо ӯ муомилаи Ислом карда мешавад. Яъне номаш ҳукман мусалмон аст, аммо ботини ӯро ба Аллоҳ месупорем, модоме, ки аз ӯ ширк ё навоқизеро надида бошем. Навоқиз хоҳ қавлан бошад, хоҳ феълан бошад ва хоҳ эътиқодан бошад. Агар чизе аз инҳоро дидем, пас моро воҷиб аст ки ӯро такфир намоем ва барояш узре намедиҳем, монанди ҷаҳмиҳо ки инро қоида карда баровардаанд. Аммо агар навоқизеро аз ӯ надидем, пас ҳоҷате барои такфир кардани ӯ нест?! Ин усулро имом Барбаҳори ва дигар имомоми салаф барои мо хуб баён намудаанд. Аммо хавориҷон усули салафро тарк намуданд, балки ба асарҳо зид баромаданд ва ба рой, гумон ва эҳтимолҳо чанг заданд ва гуфтанд: Агар нафареро дидем ки шаҳодатайнро мегӯяд намоз мехонад, ӯро мусалмон намегӯем, агарчи навоқизеро аз ӯ надида бошем ҳам. Чунки имрӯз мардум ҳама муртад мебошанд, эҳтимол аст ки ин инсон низ дар эътиқоди онҳо бошад. Мо ӯро аввал имтиҳон мекунем ва баъд ҳукми мусалмон медиҳем. Субҳаналлоҳ. Усуле ки онҳо гузоштаанд, бо ин мардумро гумроҳ карда истодаанд. Зеро ин усулро ҳеҷ як салафе нагуфтааст. Агар ростгӯӣ ҳастед пас далелҳои ошкору возеҳи худро биёваред!! Вагарна аз Аллоҳе ки ҳамаи мо назди Ӯ ҳашр мешавем битарсед!! Ва бидонед ки эй хавориҷон бар дӯш гирифтани гуноҳони дигар мардум дар рӯзи қиёмат хело сангин аст!!

  • وقال أبو زرعة وأبو حاتم الرازيَّان: ((وَالنَّاسُ مؤمنون في أَحكَامِهم وموَارِيثِهم، ولا ندري ما هم عند اللّٰه عز و جل)). Абу Зуръа ва абу Ҳатим ду Розияйн гуфтанд: «Инсонҳо дар аҳкомҳо ва меросҳо мӯъминонанд. Ва намедонем ки онҳо дар назди Аллоҳ азза ва ҷалла чи ҳол доранд». [شرح أصول اعتقاد أهل السنة والجماعة ( ٣٢١)] وقال أبو محمد البربهاري: ((واعلم أن الدنيا دارُ إيمانٍ وإسلامٍ، فأمَّة محمَّد فيها مؤمنون مسلمون في أحكامهم ومواريثهم وذبائحهم والصلاة عليهم)». Имом Абу Муҳаммади Барбаҳорӣ роҳимаҳуллоҳ гуфтаанд: «Бидон ки дар ҳақиқат дунё дори имон ва ислом мебошад. Ва уммати Муҳаммад дар аҳком ва меросҳо ва забҳкардаашон ва намоз гузоштан бар онҳо дар дунё мӯъминҳо ва мусалмонҳо мебошанд». [شرح السنة (٣٩)] . وقال أيضًا : (ولا نُخرج أحدًا من أهل القبلة من الإسلام حتى يردَّ آيةً من كتاب الله، أو يردَّ شيئًا من آثار رسول اللّٰه أو يذبح لغير الله، أو يصلِّي لغير الله، فإذا فعل شيئًا من ذلك فقد وجب عليك أن تخرجه من الإسلام، وإذا لم يفعل شيئًا من ذلك فهو مؤمنٌ مسلمٌ بالاسم لا بالحقيقة)): Ва боз мегӯяд: «Касе аз аҳли қибларо аз Ислом берун намекунем, то ки ояте аз китоби Аллоҳро рад накунад, ё чизе аз асарҳои Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва салламро рад накунад, ё ба ғайри Аллоҳ забҳ кунад, ё ба ғайр аз Аллоҳ намоз гузорад. Пас агар чизе аз ин корҳоро анҷом дод, пас дар ҳақиқат бар ту воҷиб аст, ки ӯро аз доираи Ислом берун куни. Ва агар чизе аз ин корҳоро анҷом надод, пас ӯ ба ном мӯъмин мусалмон аст на ба ҳақиқат». [شرح السنة (٤١)]. وقال أبو الفتح نصر بن إبراهيم المقدسي : ((وأنَّ أهل الكبائر في مشيئة الله، لا نكفِّر أحدًا من أهل القبلة بذنبِ، بل نحكم بإيمانهم وأحكامهم ومواريثهم ونكِل سرائرهم إلى اللّٰه تعالى». Абу Фатҳ Наср ибни Иброҳими Мақдисий гуфт: «Аҳли кабоир дар зери машиати Аллоҳ мебошанд. Касе аз аҳли қибларо бо гуноҳонашон такфир намекунем. Баръакс бо имонашон ва аҳкомашон ва меъросашон онҳоро ҳукм мекунем ва сирҳояшонро ба Аллоҳ месупорем». [مختصر الحجة على تارك المحجة (٣٥٤ -٣٥٣)] وبوَّب ابن منده في كتاب الإيمان بقوله : ((ذكر ما يدُلُّ على أنَّ قول لا إله إلا اللّٰه يوجب اسم الإسلام، ويُحَرِّمُ مال قَائِلِهَا ودَمَهُ». Ибни Мандаҳ дар китоби Имон боб кардааст ва мегӯяд: «Зикри далелҳое, ки далолат ба ин мекунанд, ки қавли Ла илаҳа иллаллоҳ исми Исломро воҷиб мегардонад. Ва хун ва моли гӯяндаашро ҳаром мегардонад». [الإيمان لابن منده (١٩٨/١)]. وقد نقل ابن عبد البرّ الإجماع على ذلك فقال : ((وقد أجمعوا أنَّ أحكام الدُّنيا على الظَّاهر وأنَّ السَّرَائِرَ إلى اللّٰه عز وجل ). Ибни абдулбарр иҷморо нақл карда мегӯяд: «Аҳли илм иҷмо карданд, ки ҳукмҳои дунё бо зоҳир аст ва сирҳо (яъне ботин) ба Аллоҳ азза ва ҷалла супорида мешавад». [التمهيد (١٥٧/١٠)]. Ин далелҳои возеҳу ошкор аз имомони салаф аст дар ҷудокунии байни ҳукми дунё ва охират. Ва байни исломи исмии ҳукми ва исломи ҳақиқӣ.

  • وعن أبي إسحاق قال: سألت الأوزاعيَّ قلت: أترى أن يشهد الرَّجلُ على نفسه أنه مؤمنٌ؟ قال : ومن يقول هذا ؟ قلت : وكيف يقول؟ قال: ويقول: أرجو، ولكنَّهم المسلمون تحلُّ مناكحتهم، وذبائحهم وتجري عليهم الحدود، وهم في الاسم عندنا مسلمون، ولا ندري ما يصنع اللّه بهم، ولا أشهد على أحدٍ بعد رسول اللّٰه بالنجاة. Аз Абу Исҳоқ ривоят аст, ки гуфт: Авзоъиро суол намуда гуфтам: Оё дуруст аст ки шахс гувоҳӣ медиҳад ки ӯ мӯъмин аст? - Гуфт Чи касе инро мегӯяд? (яъне тааҷҷуб кард) - Гуфтам: Чи гуна бояд бигӯяд? - Гуфт: Мегӯяд: Умедворам. Лекин онҳо мусалмонанд. Иҷозат аст ки никоҳ карда шаванд ва забҳкардаашон хӯрда шавад ва болояшон ҳудудҳо ҷорӣ мешавад. Ва онҳо назди мо дар исм мусалмонанд ва намедонем, ки Аллоҳ бо онҳо чи кор мекунад. Ва баъд Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба касе бо наҷот гувоҳӣ намедиҳам». [شرح أصول اعتقاد أهل السنة والجماعة (١٧٩٧)] . وعن محمد بن إسحاق الثَّقفي، قال: سمعت أبَا رَجَاء قتيبة بن سعيدٍ قال: هذا قول الأئمَّة المأخُوذُ في الإسلام والسُّنَّة: (وذكر أصولًا) ثم قال: ونقول: النَّاس عندنا مؤمنون بالاسم الذي سمَّاهم الله، والإقرارِ والحدود والمواريث والعدل. Аз Муҳаммад ибни Исҳоқи Сақофий ривоят аст, ки гуфт: Абу Роҷа Қутайба ибни Саъидро шунидам, ки гуфт: Ин қавли имомон аст, ки дар Ислом ва суннат гирифта мешавад (ва усулро зикр намуд), сипас гуфт: - Мегӯем: Инсонҳо дар назди мо бо исме, ки Аллоҳ онҳоро ном гирифтааст, мусалмон мебошанд. Ва боз бо иқрорашон, ҳудудҳо, меросҳо ва адолаташон дар назди мо мусалмон мебошанд». [شعار أصحاب الحديث (١٧)]. وعن وكيعٍ قال: قال سفيان: ((النَّاس عندنا مؤمنون في الأَحكَام والمواريث، ولا ندري كيف هم عند اللّٰه تعالى، ونرجو أن نكون كذلك». Аз Вакиъ роҳимаҳуллоҳ ривоят аст, ки гуфт: Суфён ас- Саврий роҳимаҳуллоҳ гуфтанд: «Инсонҳо дар назди мо мӯъминанд дар ҳукмҳо ва меросҳо. Ва намедонем, ки онҳо дар назди Аллоҳ таъоло чи гунаанд. Ва умедворем, ки мо низ ҳамин гуна бошем». [الشريعة (٦٦١ /٢)]. وقال فضيلٌ: سمعت سفيان الثوري يقول: ((من صلَّى إلى هذه القبلة فهو عندنا مؤمنٌ، والنَّاس عندنا مُؤمنُون بِالإقرَار والمواريث والمناكحة والحُدُود والذَّبائح وَالنُّسُك، ولَهُم ذُنُوبٌ وَخَطَايَا، اللهُ حَسِبُهُم، إن شاء اللّٰه عذَّبهم وإن شاء غفر لهم، ولا ندري ما هم عند اللّٰه )). Фудайл роҳимаҳуллоҳ гуфт: Суфён ас-Савриро шунидам, ки мегуфт: «Касе, ки ба сӯйи ин қибла намоз гузорад, пас ӯ дар назди мо мӯъмин аст. Инсонҳо дар назди мо мӯъминонанд ба иқрорашон ва меъросашон ва никоҳкуниашон ва ҳадудуҳо ва забҳкардаашон ва ибодатҳояшон. Барои онҳо гуноҳҳо ва хатоҳост. Аллоҳ онҳоро ҳисоб мекунад. Агар хост азобашон мекунад ва агар хост барояшон меомӯрзад. Ва намедонем, ки онҳо назди Аллоҳ чи ҳол доранд». [السنة لعبد اللّٰه بن أحمد (٧٩٣)].

  • https://t.me/tafasarsalaf

  • Корвони Тавҳид ва Суннат pinned «بسم الله الرحمن الرحيم Ҳукм намудан бо зоҳир. Раддия бар хавориҷон - قال رسول اللّٰه صَلَّى اللّه عَلَيْهِ وَسَلَّم : أُمِرْتُ أنْ أُقاتِل النَّاس حتى يَقُولُوا لا إلَهَ إلا اللهُ ، فإِذَا قالُوا لا إلَهَ إلا اللهُ ، عَصَمُوا مِنِّي دِماءَهُمْ وَأَمْوَالهُمْ…»

  • Имом Аҳмад ибн Ҳанбал роҳимаҳуллоҳ гуфтанд: «من صلى صلاتنا، واستقبل قبلتنا، وأكل ذبيحتنا، فهو المسلم، له ما لنا وعليه ما علينا.» «Ҳар ки намози моро бихонад ва ба қиблаи мо рӯй оварад ва забҳкардаи моро бихӯрад, пас ӯ мусалмон аст. Барои ӯст он чи барои мост ва бар зиммаи ӯст ончи бар зиммаи мост». 📚 Масоили Ибни Ҳаний (1/82) Масоили Имом Аҳмад, ривояти Абдуллоҳ ибн Аҳмад , 1346 Масоили Имом Аҳмад, ривояти Абу Довуди Сиҷистоний, 1/350 Имом Шофеъӣ роҳимаҳуллоҳ гуфтанд: «إذا أظهر الرجل الإسلام في دار الحرب، حُكِم له بالإسلام.» «Агар нафаре дар диёри ҳарб исломро зоҳир намояд, пас ӯро бо Ислом ҳукм карда мешавад». (Ҳавориҷон ба ин асар хилоф карда, гуфтанд: Агар нафаре дар диёри ҳарб исломро зоҳир намояд ҳам, ба ӯ ҳукми Ислом дода намешавад) 📚 Китоби Умм 4/259 Ибну Абдил Барри (Моликий) гуфт: «الإسلام يُحكم به بالظاهر، والله يتولى السرائر.» «Ислом - бо зоҳир ӯро ҳукм карда мешавад. Аллоҳ азза ва ҷалла сирҳоро мукаллаф аст». (яъне ботини ӯро ба Аллоҳ месупорем). 📚 Тамҳид, 16/315 Имоми Аҳмад роҳимаҳуллоҳ гуфтанд: وَلَا نُكَفِّرُ أَهْلَ الْقِبْلَةِ بِذُنُوبِهِمْ ، وَنَكِلُ أَسْرَارَهُمْ إِلَى اللَّهِ عَزَّ وَجَلَّ «Аҳли қибларо бо гуноҳонашон такфир намекунем. Ва сирҳояшонро ба Аллоҳ азза ва ҷалла месупорем». 📚 Усулус сунна, Имом Аҳмад. (Хавориҷон гуфтанд: Аҳли қибларо то имтиҳон карда Исломашро надонем, такфир мекунем). Имом Шофеъӣ роҳимаҳуллоҳ гуфтанд: قال الإمام الشافعي: "أحكم للمُصلّي بالإسلام، ولا أكفّره بذنب، ما دام لا يقول قولاً يُكفَّر به." «Одами намозхонро бо Ислом ҳукм мекунам. Бо ягон гуноҳе ӯро такфир намекунам. Модоме, ки суханеро нагӯяд, ки бо ӯ такфир карда мешавад». 📚 Маноқибуш Шафеъий, Байҳақий, 1/415 (Хавориҷон гуфтанд: Одами намозхонро мусалмон намегӯем, агарчи аз ӯ навоқизеро надида бошем ҳам. То ӯро нашиносем, мусалмон намегӯем). Имом Молик ибн Анас роҳимаҳуллоҳ гуфтанд: قال الإمام مالك: "من أقام الصلاة إلى القبلة، ولم يقل ما يكفر به، فليس بكافر عندي." «Ҳар ки ба қибла рӯй оварда намоз гузорад ва сухани куфрро нагӯяд, пас ӯ дар назди ман кофир намебошад». 📚 Ибну Абдил Барр, Тамҳид 16/295 Имом Шофеъӣ роҳимаҳуллоҳ гуфтанд: قال الشافعي رحمه الله: «إذا أظهر الرجل الإسلام في دار الحرب، حُكِم له بالإسلام، ولم يُسأل عن شيء بعد إقراره.» «Агар нафаре дар диёри ҳарб исломро зоҳир намояд, пас ӯро бо Ислом ҳукм карда мешавад. Ва баъд аз иқрораш ӯро аз чизе пурсида намешавад». 📚 Китоби Умм, 4/259 Имом Молик ибн Анас роҳимаҳуллоҳ гуфтанд: قال مالك: «من صلّى صلاتنا، واستقبل قبلتنا، وأكل ذبيحتنا، فهو المسلم، له ذمة الله وذمة رسوله.» «Касе, ки намози моро бихонад ва ба қиблаи мо рӯй оварад ва забҳкардаи моро бихӯрад, пас ӯ мусалмон аст. Ӯ дар зиммаи Аллоҳ ва Паёмбараш аст». 📚 Муваттои имом Молик, боб дар бораи касе ки рӯй ба қибла оварда намоз мегузорад, 524 Идома 👇

  • Ибни Занҷавейҳ дар китоби «Амвол (108) бо санади саҳеҳ аз Ҳасан ривоят мекунад, ки гуфт: Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба аҳли Яман мактуб навишта гуфтанд: «Ҳар ки намози моро бихонад ва ба қиблаи мо рӯй оварад ва забҳкардаи моро бихӯрад ва даъвати моро даъват намояд, пас ӯ мусалмон аст. Оне, ки дар муҳофизати Аллоҳ ва Паёмбараш аст. Ва ҳар ки аз яҳудиён ё насоро Ислом оварад, барои ӯ он аст ки бар мусалмон аст ва бар ӯҳдааш он чи аст ки бар мусалмон аст...», то охири ҳадис. وفي الحديث الصحيح : مَنْ صَلَّى صَلَاتَنَا وَاسْتَقْبَلَ قِبْلَتَنَا وَأَكَلَ ذَبِيحَتَنَا فَذَلِكَ الْمُسْلِمُ لَهُ ذِمَّةُ اللَّهِ وَذِمَّةُ رَسُولِهِ » Ва дар ҳадиси саҳеҳ омадааст, ки Набий саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфтанд: «Ҳар ки намози моро бихонад ва ба қиблаи мо рӯй оварад ва забҳкардаи моро бихӯрад, пас ӯ мусалмон аст. Ӯ дар муҳофизати Аллоҳ ва Паёмбараш аст». [ أخرجه البخاري ( ٣٩١) ] Идома 👇

  • وقال رسول اللٰه صلى الله عليه وسلم : ((لا أَزَالُ أُقَاتِلُ النَّاسَ حَتَّى يَقُولُوا لاَ إِلَهَ إِلاَّ اللّه فَإِذَا قَالُوا لا إِلَهَ إِلاَّ الله فَقَدْ عَصَمُوا مِنَّي دِمَاءَهُمْ وَأَمْوَالَهُمْ إلاَّ بِحَقَهَا، وَحِسَابُهُم على الله)). Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфтанд: «Бо инсонҳо ҷанг хоҳам кард, то замоне ки бигӯянд: Ла илаҳа иллаллоҳ. Агар Ла илаҳа иллаллоҳ гуфтанд, пас дар ҳақиқат хун ва молҳояшонро аз ман муҳофизат кардаанд, магар ин ки бар ҳақ. Ва ҳисобашон бар Аллоҳ аст». [مسند أحمد (١٠٣٩٧)]. علَّق الشافعيُّ على هذا الحديث قائلًا : (فَأَعْلَمَ رَسُولُ اللّه أن فَرض اللّٰه أن يقاتلهم حتى يُظهروا أن لا إله إلا الله، فإذا فعلوا مَنعوا دماءهم وأموالهم ((إلا بحقّها)»، يعني: إلا بما حكم اللّٰه به عليهم فيها ، (وَحِسَابُهُمْ عَلَى الله) : حسابهم بصدقهم وكذِبهم، وسرائرُهم على الله، العالم بسرائرهم، المتولي الحُكمَ عليهم دون أنبيائه وحكَّام خلقه، وبذلك مضت أحكام رسول اللّٰه فيما بين العباد من الحدود وجميع الحقوق، وأعلمَهم أن جميع أحكامِه على ما يُظهرون، وأنَّ اللّٰه مُدِينٌ بالسَّرَائِرِ». Имом Шофеъӣ роҳимаҳуллоҳ ба ин ҳадис таълиқ карда мегӯянд: «Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фаҳмонданд, ки Аллоҳ фарз кардааст бо инсонҳо биҷангад, то Ла илаҳа иллаллоҳро зоҳир намоянд. Агар ин корро карданд, пас хун ва молҳояшонро манъ кардаанд, (магар ин ки бар ҳақ). Яъне: магар ин ки Аллоҳ ӯро барояшон ҳукм карда бошад. (Ва ҳисобашон бар Аллоҳ аст): яъне ҳисоби ростгӯӣ ва дурӯғгӯияшон. Ва сирҳояшон бар Аллоҳ аст. Донандаи ботинашон. Ҳукмкунанда бар халқаш. Ва ба ҳамин тариқ аҳкоми Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар он чи байни бандагон аз ҳудудҳо ва ҳуқуқҳо аст, гузаштааст. Ва Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам барояшон дононд ки ҳамаи ҳукмҳояш мувофиқ бар он чист ки зоҳир мекунанд. Ва Аллоҳ азза ва ҷалла сирҳоро мукаллаф мебошад». [الأم (٦٢/٩)]. عن أنس بن مالك فيه قال: قال رسول اللّٰه صلى الله عليه وسلم : (أُمِرتُ أَن أُقَاتِلَ النَّاسَ حَتَّى يَشهَدُوا أَن لا إِلَهَ إِلَّا الله، وأَنَ مُحَمَّدًا رَسُولُ الله، فَإِذَا شَهِدُوا وَاستَقبَلُوا قِبلَتَنَا، وَأَكَلُوا ذَبِيحَتَنَا، وَصَلَّوا صَلَاتَنَا، فَقَد حَرُمَتْ عَلَيْنَا دِمَاؤُهُمْ وَأَمْوَالُهُمْ إِلاَّ بِحَقَّهَا، لَهُمْ مَا لِلْمُسْلِمِينَ، وعَلَيهِمْ مَا عَلَيهِم)». Аз Анас ибни Молик розияллоҳу анҳу ривоят аст ки гуфт: Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфтанд: «Амр шудаам бо инсонҳо биҷангам, то ки ба Ла илаҳа иллаллоҳ ва анна Муҳаммад Расулуллоҳ шаҳодат бидиҳанд. Агар шаҳодат доданд ва ба қиблаи мо рӯй оварданд ва забҳкардаи моро хӯрданд ва намози моро хонданд пас дар ҳақиқат хун ва молҳояшон бар мо ҳаром карда шудааст, магар ин ки бар ҳақ. Барои онҳост он чи барои мусалмонон аст. Ва бар ӯҳдаашон аст он чи бар ӯҳдаи мусалмонон аст». [مسند أحمد (١٣٣٤٨)). وورى ابن زنجويه في الأموال (١٠٨) بسند صحيح عَنِ الْحَسَنِ قَالَ : كَتَبَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ إِلَى أَهْلِ الْيَمَنِ : مَنْ صَلَّى صَلَاتَنَا ، وَاسْتَقْبَلَ قِبْلَتَنَا ، وَأَكَلَ ذَبِيحَتَنَا وَدَعَا دَعْوَتَنَا ، فَذَلِكَ الْمُسْلِمُ الَّذِي لَهُ ذِمَّةُ اللَّهِ وَذِمَّةُ رَسُولِهِ ، وَمَنْ أَسْلَمَ مِنْ يَهُودِيٍّ أَوْ نَصْرَانِيِّ ، فَلَهُ مَا لِلْمُسْلِمِ وَعَلَيْهِ مَا عَلَى الْمُسْلِمِ ، وَمَنْ أَبَى فَعَلَيْهِ الْجِزْيَةُ : عَلَى كُلِّ حَالِمِ مِنْ ذَكَرِ أَوْ أُنْتَى ، حُرٍّ أَوْ عَبْدٍ دِينَارُ وَافٍ أَوْ قِيمَتُهُ مِنَ الْمَعَافِرِ فِي كُلِّ عَامِ ."

  • - وَفِي " صَحِيحِ مُسْلِمِ " عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ أَنَّ « النَّبِيَّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ دَعَا عَلِيًا يَوْمَ خَيْبَرَ ، فَأَعْطَاهُ الرَّايَةَ وَقَالَ : امْشِ وَلَا تَلْتَفِتْ حَتَّى يَفْتَحَ اللَّهُ عَلَيْكَ فَسَارَ عَلِيٌ شَيْئًا ، ثُمَّ وَقَفَ فَصَرَخَ : يَا رَسُولَ اللَّهِ ، عَلَى مَاذَا أُقَاتِلُ النَّاسَ ؟ فَقَالَ : قَاتِلْهُمْ عَلَى أَنْ يَشْهَدُوا أَنْ لَا إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ، وَأَنَّ مُحَمَّدًا رَسُولُ اللّهِ ، فَإِذَا فَعَلُوا ذَلِكَ ، فَقَدْ عَصَمُوا مِنْكَ دِمَاءَهُمْ وَأَمْوَالَهُمْ إِلَّا بِحَقِّهَا ، وَحِسَابُهُمْ عَلَى اللَّهِ عَزَّ وَجَلَّ». Дар саҳеҳи Муслим омадааст. Аз абу Ҳурайра розияллоҳу анҳу ривоят аст, ки гуфт: Набий саллаллоҳу алайҳи ва саллам Алӣ розияллоҳу анҳуро рӯзи Хайбар даъват карданд ва парчамро ба эшон доданд ва фармуданд: «Бирав ва барнагард то ки Аллоҳ бароят фатҳро насиб гардонад». Пас Алӣ розияллоҳу анҳу андаке рафт, сипас истод ва фарёд зад: «Эй Расулуллоҳ, бар чи чизе бо инсонҳо ҷанг бикунам? - Фармуданд: Бо онҳо ҷанг бикун бар ин ки гувоҳӣ бидиҳанд ба Ла илаҳа иллаллоҳ ва анна Муҳаммад Расулуллоҳ. Агар ин корро карданд, пас хун ва молҳояшонро аз ту муҳофизат кардаанд, магар ин ки бар ҳақ ва ҳисобашон назди Аллоҳ азза ва ҷалла аст». قال ابن رجب معلقا في جامع العلوم والحكم (ص ٢٣٠) : فَجَعَلَ مُجَرَّدَ الْإِجَابَةِ إِلَى الشَّهَادَتَيْنِ عِصْمَةً لِلنُّفُوسِ وَالْأَمْوَالِ إِلَّا بِحَقِّهَا... Ибни Раҷаб дар китоби Ҷамеъи улум ва ҳукм (саҳ :230) ин ҳадисҳо таълиқ намуда гуфтааст: Набий саллаллоҳу алайҳи ва саллам танҳо иҷобат намудани шаҳодатайнро муҳофизати ҷонҳо ва молҳо қарор доданд, магар ин ки бар ҳақ... وعن عبد اللّٰه بن عُتبة، قال: سَمِعتُ عمر بن الخطَّاب، يقولُ : إِنَّ أُنَاسَا كَانُوا يُؤْخَذُون بالوَحي في عَهدِ رَسُولِ الله وإنَّ الوَحيَ قَدِ انقَطَعَ، وَإِنَّمَا نَأْخُذُكُمُ الآنَ بِمَا ظَهَرَ لَنَا من أَعمَالِكُم، فَمَن أَظهَرَ لَنَا خَيرًا ، أَمِنَّاهُ، وَقَرَّبنَاهُ، وَلَيسَ إِلَينَا من سَرِيرَتِهِ شَيءٌ، اللّٰه يُحَاسِبُهُ في سَرِيرَتِهِ، وَمن أَظهَرَ لَنَا سُوءًا لَم نَأْمَنهُ، ولم نُصَدِّقهُ، وإن قال: إِنَّ سَرِيرَتَهُ حَسَنَةٌ. Аз Абдуллоҳ ибни Утба ривоят мешавад, ки гуфт: Умар ибнул Хаттобро шунидам, ки мегуфт: «Дар ҳақиқат, дар замони Росулуллоҳ соллаллоҳу алайҳи ва саллам мардум ба тариқи ваҳий дошта мешуданд (яъне шинохта мешуданд), вале ваҳий аллакай қатъ шуд. Акнун мо шуморо бо он чӣ аз амалҳоятон бар мо зоҳир аст, мешиносем. Ҳар кӣ ба мо некиро зоҳир кунад, ӯро амон дода ба худ наздик хоҳем кард. Ва ба чизҳои ботинии ӯ мукаллаф нестем. Аллоҳ Таъоло ботини ӯро ҳисобу китоб хоҳад кард. Ва ҳар кӣ ба мо бадиро зоҳир кунад, пас ӯро амон нахоҳем дод ва ӯро тасдиқ нахоҳем кард. Агарчи бигӯяд: «Ботинӣ ман нек аст». [صحيح البخاري (٢٥٢٦)] . Идома 👇

  • بسم الله الرحمن الرحيم Ҳукм намудан бо зоҳир. Раддия бар хавориҷон - قال رسول اللّٰه صَلَّى اللّه عَلَيْهِ وَسَلَّم : أُمِرْتُ أنْ أُقاتِل النَّاس حتى يَقُولُوا لا إلَهَ إلا اللهُ ، فإِذَا قالُوا لا إلَهَ إلا اللهُ ، عَصَمُوا مِنِّي دِماءَهُمْ وَأَمْوَالهُمْ إِلا بِحَقِّها وَحِسابُهُمْ على اللهِ" . Набий саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: «Амр шудаам бо инсонҳо биҷангам, то ки бигӯянд Ла илаҳа иллаллоҳ. Агар бигӯянд Ла илаҳа иллаллоҳ пас хун ва молҳояшонро аз ман муҳофизат кардаанд, магар ин ки ҳақдор шаванд, ва ҳисобашон назди Аллоҳ аст». [ الحديث متفق عليه] عن عبيد اللَّه بن عدي ابن الخِيار : أن رجلا سارَّ رسول اللَّه صلى اللَّه عليه وسلم فلم ندر ما سارَّه به حتى جهر رسول اللَّه صلى اللَّه عليه وسلم فإذا هو يستأمره (يستأذنه) في قتل رجل من المنافقين فقال رسول اللَّه صلى اللَّه عليه وسلم : « أَلَيْسَ يَشْهَدْ أَنْ لا الهَ الاَّ اللَّه ؟ » قال : بلى ولا شهادة له قال : أَلَيسَ يُصَلِي ؟ قال :بلى ، ولا صلاة له ، فقال النبي صلى اللَّه عليه وسلم : « أُولِئِكَ الَّذِينَ نَهَانِي اللَّهُ تَعَالَى عَنْهُمْ » Аз Убайдуллоҳ ибни Ади ибни Хиёр ривоят аст: Марде бо Паёмбари Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам сухани пинҳони кард ва мо надонистем ки бо эшон чи сухани пинҳони кард, то замоне ки Набий саллаллоҳу алайҳи ва саллам бо овози баланд сухан накарданд. Пас ӯ аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам барои куштани шахсе аз мунофиқон аз ӯ иҷоза мехост. Пас Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: «Оё ба Ла илаҳа иллаллоҳ шаҳодат намедиҳад?» - Гуфт: Бале, лекин шаҳодате барои ӯ нест. - Гуфтанд: «Оё намоз намегузорад?» - Гуфт: Бале. Лекин намозе барои ӯ нест. Пас Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: «Инон касоне ҳастанд, ки Аллоҳ азза ва ҷалла маро аз (куштани) онҳо манъ кардааст». [ رواه مالك في الموطأ (٥٩٢) وهو متفق عليه ] ~~ (Саҳоба ӯро барои надонистани маънои калимаи шаҳодат ва намоз ҳукм ба қатл кард. Набий саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҳукми ӯро ботил дониста, танҳо бо гуфтани Ла илаҳа иллаллоҳ ва гузоштани намоз ҳукми зоҳирӣ доданд) Набий саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҳангоме, ки саҳоба Муъоз ибни Ҷабалро ба Яман фиристодан, фармуданд: "إنَّكَ سَتَأْتي قَوْمًا أهْلَ كِتَابٍ، فَإِذَا جِئْتَهُمْ فَادْعُهُمْ إلى أنْ يَشْهَدُوا أنْ لا إلَهَ إلَّا اللَّهُ، وأَنَّ مُحَمَّدًا رَسولُ اللَّهِ، فإنْ هُمْ أطَاعُوكَ لِذلكَ، فأعْلِمْهم أنَّ اللَّهَ قَدِ افْتَرَضَ عليهم خَمْسَ صَلَوَاتٍ في كُلِّ يَومٍ ولَيْلَةٍ... «Албатта ту ба назди қавме аз аҳли китоб мерави. Замоне, ки ба наздашон мерави, онҳоро даъват бикун ба шаҳодати Ла илаҳа иллаллоҳ ва анна Муҳаммадан Расулуллоҳ. Агар туро дар ин итоъат карданд, барояшон хабар деҳ ки Аллоҳ дар як шабонарӯзи панҷ вақт намоз гузоштанро барояшон фарз кардааст...» то охири ҳадис. (Расулуллоҳ Муъозро барои даъват ба Яман фиристодан, ҳол он ки дар Яман ҳам арабҳо ва ҳам аҷамиҳо зиндагӣ мекарданд). قالَ رَسولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عليه وسلَّمَ: إنِّي لَمْ أُومَرْ أنْ أنْقُبَ عن قُلُوبِ النَّاسِ ولَا أشُقَّ بُطُونَهُمْ. Расулуллоҳ соллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: «Дар ҳақиқат ман амр нашудаам, ки қалби инсонҳоро бикобам ва шикамҳояшонро пора намоям». (Бухорий, 4351,Муслим, 1064) (Хавориҷон ба ин ҳадисҳо хилоф баромада гуфтанд: «Мо то қалби инсонҳоро накобем ва дохили онҳоро нафаҳмем, мусалмон намегӯем).

  • ИСТ ДАР ҶОЕ КИ ҚАВМ ИСТОДАНД❗️  الآجري في "الشريعة" (ص 58) قال الأوزاعي - رحمه الله -: "اصبِر نَفسَك على السُّنَّة، وقِف حيثُ وَقَفَ القَومُ، وَقُل بِما قالوا، وكُفَّ عمَّا كَفوا عَنه، واسلُك سَبِيلَ سَلَفَكَ الصالِح، فإنَّهُ يَسَعكَ ما وَسِعَهُم" Имом Аҷуррий роҳимаҳуллоҳ дар китоби "Шариат" чунин гуфтанд: Авзоъий роҳимаҳуллоҳ гуфт: «Сабр бикун нафсатро бар суннат. Ист дар ҷое ки қавм истоданд. Бигу он чизеро ки онҳо гуфтаанд. Ва худдори намо аз он чи онҳо худдори намуданд. Дар роҳи Салафи солеҳ бирав. Зеро ончи барои онҳо кифоягӣ кард, бар ту низ кифоягӣ мекунад». Абдуллоҳ ибни Масъуд розияллоҳу анҳу гуфтанд: قف حيث وقف فلا تقل شيئاً لم يقله صحابة رسول الله صلى الله عليه وسلم له، ولا قاله تلاميذهم من التابعين وأتباع التابعين لا يجوز لك أن تحدثه، وأن تقول به، فإذا وقفوا، فقف معهم. «Ист дар ҷое ки истоданд. Нагу он чизеро ки на саҳобагони Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфтаанд, на шогирдонашон аз тобеъинҳо ва на табаъа тобеъинҳо. Бароят ҷоиз нест ки онро бигӯӣ. Агар истоданд, пас ту низ ҳамроҳи онҳо ист».

  • Аз Доҳҳак ибни Музаҳим аз роҳи Убайд ривоят аст, ки дар тафсири ояти «Онҳоро биозмоед. Аллоҳ ба имони онҳо донотар аст», гуфт: Набий саллаллоҳу алайҳи ва саллам бо мушрикон ва аҳли китоб аҳд карданд ва онҳо низ бо Набий саллаллоҳу алайҳи ва саллам аҳд карданд. Ва дар шарти он омада буд, ки онҳо амвол ва занҳоро бармегардонанд. Агар аз занони мусалмонон касе ба назди онҳо ки аҳд карда буданд, мерафт ва дини Исломро тарк мекард ва ширкро ихтиёр мекард, пас ба шавҳараш ончи хароҷот кардааст, бармегардонид. Ва инчунин агар аз занони мушрикон ягон нафаре ба назди Набий саллаллоҳу алайҳи ва саллам меомад, пас ӯро имтиҳон мекард ва мепурсид: «Чи чизе туро барои ҳиҷрат аз қавмат маҷбур кард?». Агар дармеёфтанд, ки ӯ барои хостори Ислом ҳиҷрат кардааст, пас аз ӯ қабул мекарданд ва ба шавҳараш ончи хароҷот кардааст, бармегардониданд. Агар дармеёфтанд ки ӯ аз шавҳараш ба сӯйи дигар кас ки байнашон хешованди аст, фирор кардааст, ҳол он ки дар ширкаш боқӣ мондааст, пас ӯро ба шавҳари мушрикаш бармегардониданд». ٧٦٥١٥- عن عكرمة مولى ابن عباس -من طريق سفيان، عن أبيه- قال: ﴿إذا جاءَكُمُ المُؤْمِناتُ مُهاجِراتٍ﴾، يُقال لها: ما جاء بكِ عِشق رجل منّا، ولا فرار من زوجكِ، ما جاء بكِ إلا حبّ الله ورسوله؟. (١٤/٤٢٣) Аз Икрима Мавлои ибни Аббос розияллоҳу анҳум аз роҳи Суфён аз падараш ривоят аст, ки: «Эй касоне, ки имон овардаед. Чун занони мӯъмина ба ҳолати ҳиҷрат назди шумо омаданд», гуфт: Ба зане, ки ҳиҷрат кардааст, гуфта мешуд: «Оё туро муҳаббати нафаре аз мо берун наовардааст? Оё туро фирор аз шавҳарат берун наовардааст? Оё ту ба хотири муҳаббати Аллоҳ ва Паёмбараш омадаӣ?». ٧٦٥١٦- عن قتادة بن دعامة -من طريق سعيد- في قوله: ﴿يا أيُّها الَّذِينَ آمَنُوا إذا جاءَكُمُ المُؤْمِناتُ مُهاجِراتٍ﴾ قال: هذا حكمٌ حكمه الله بين أهل الهدى وأهل الضّلالة، ﴿فامْتَحِنُوهُنَّ﴾ قال: كانت مِحنتهنّ أن يَحلفنَ بالله: ما أخرجهنّ نشوز، ولا خرجنَ إلا حبًّا للإسلام وحِرصًا عليه. فإذا فَعلنَ ذلك قُبِل منهنّ. (١٤/٤١٧) Аз Қотада ибн Диъама аз роҳи Саъид ривоят аст, ки дар зери қавли Аллоҳ «Эй касоне, ки имон овардаед. Чун занони мӯъмин ба ҳолати ҳиҷрат назди шумо омаданд», гуфт: Ин ҳукмест, ки Аллоҳ байни аҳли ҳидоят ва аҳли залолат ҳукм кардааст. Гуфт: Имтиҳони онҳо ин буд ки ба Аллоҳ қасам бихӯранд, ки онҳоро беитоати ба ҳиҷрат водор накардааст. Ва танҳо ба хотири муҳаббати Ислом ва ҳирси он ҳиҷрат кардаанд. Агар ин корро мекарданд, пас аз онҳо пазируфта мешуд».