tgindex
1 103
подписчиков
Охват к подписчикам
60,7%
ERR
Реакции к просмотрам
1,28%
172 на 20 постов
Пересылки к просмотрам
0,05%
7
Постов в день
0,0
всего 20

Где отзываются чаще

доля реакций к просмотрам
  • 11 маяОн қадар ба ҳолати танги афтодам ки гуё сару ҳисобам гум шуда бошад. Чашмонам ҳамон вақт ба ҳаёт дигар хел кушода шуд. Мо мард бошем ҳам баъзан зиндагиро мисли зан пеш бурда наметавонем. Мо ба корхона ба кучаҳо занҳои зеборо дида аз ҳамсари худ меранҷем. Гарчанде ки онҳо заиф ном доранд лекин қалби бузург доранд.Гарчанде дер хонадор шуда бошам ҳам ҳамсари ҷавон гирифта будам.хело дер, чанд сол пас фарзанддор шуда будем. Ҳамон вақт ҳис кардам ки ба ҳамсарам чи қадар зулм дорам. Вазни беморбони, кудакҳои хурду шӯх, шавҳари намефаҳмидаги, пухту паз нигоҳу бини хонаву дар чи қадар душвор. Чаро баъзан мо мардҳо ҳамин гуна ҳолатҳо дар назди чашмонамо мешаванд намефаҳмем чаро? Сабаб дар чи бошад? Дӯстон ки ба саволи ман ҷавоби дуруст дода метавонад? Ҳастанд мардҳои хуб гарчанде аз мо ҳам вазифаҳои баланд дошта бошанд ҳам, ҳам кор ва ҳам оиларо ба сатҳи олӣ мебаранд. Ҳастанд занҳое ки хусуру хушдомани муйсафед доранд онҳо дар зиндаги маҷбур кор мекунанд, келиндҳое ҳастанд дидаву дониста худро ба бемори мезананд руз то бегоҳ телефон бози карда мешинанд.Виҷдони худро бедор сохта наметавонанд. Ҳастанд келиндҳое ки бе садо зиндагиро зебо мебаранд. Ба ҳаммаи ин АҚЛИ инсон, асос даруна виҷдонро бедор карда тавонистан будааст. Валлоҳ қасам агар виҷдонро бедор накардем хоҳ мард ё хоҳ зан, хоҳ ҳамкор бадтарин, пасттарин инсон мешудааст. Баъди каме хусурам ҳамсарамро ба хона овард. Гуфт шукри Худо хавфро паси сар кардем. Ҳамсарам зуд либосҳои маро дарзмол карду маро ба кор гусел кард. Ҳамон руз вақт гирифта назди Устод рафтам. Дӯстон Чи гуна ба шумо фаҳмонам. Росташ хело гуфтан душвор аст. Албатта инсони мефаҳмида ҳаст инсони намефаҳмида ҳаст. Вақте назди Устод даромадам оби чашмамро дошта натавонистам. Ба забонам аввал сухан наомад. Устод бо ним табассум гуфтанд нагуед ҳам ман мефаҳмам, шукр ки Худо қалби шуморо кушод. Агар қалби инсон кушода нашавад, ба илм дубора ру оварда наметавонад. Роҳи дури ё умуман дубора фикри наомадан ба шумо пайдо мешуд. Баъзеҳо илм мегиранд то се руз худро каме мешиносанд, баъзеҳо то як сол, баъзеҳо як чанд сол, аз болои худ кор карда кор карда баъд худро мешиносанд.Шукри Худо ки шумо дар як амалиёту вазифа худро каме шинохтед. Бадтарин одати инсони чашми кушода дорад, лекин мисли нобино аст. Қалби инсони дорад, вале ғарқаи ғафлат аст. Бо дарси беҳтарин аз назди Устоди азиз баромадам. Бо ду даста гули зебо ки арзиши ҳама модарон ва ҳамсарони қави иродаро дорад гирифта бо ширини ба хона расидам. Хона чун ҳама руза тозаву озода, кудако модар, ҳама тинҷу ором. Вақте гулро ба модару ҳамсар ҳадя кардам. Ба ин наздик солҳо ба чеҳраи онҳо хурсандии ҳақиқиро ҳозир ҳис кардам. Раҳмат ба устоди азиз Рузимуродов Раҳмат бар падар ва модаратон ки чунин фарзанд тарбият карданд. Мо барин чанд шахсони асабониҳоро бо хатогиҳои худамон, қалбу чашмонамонро кушодан сабабгор ҳастед. Худо аз шумо рози бошад. Мо аз шумо миннатдор. ш. Душанбе А. З. Ашрафзода.2,24%
  • 2 мая⏳ Салом Устоди азиз Аз шумо миннатдорам. Барои чашми қалби маро кушодан сабаб шудантон.Қариб буд бо осони оилаи хдро хдам вайрон кнам. Худо шуморо ба ман сабаб кард,сад шукрона ба Худои меҳрубон, бо маслиҳати шумо имруз масъулияти падариамро бо сари баланд бар гардани худ бигрифтам. Чанд моҳ пеш ба қабули шумо рафтанамро ба хотир овардам чи қадар парешон,руҳияти хаста пур аз алам. Ба худ гуфтам охирон шанси ман, назди шумо рафтан. Аз ҳама барои ман сухани таъсирнок гуфтед, ки ҳамон сабаб шуд ман худро қавӣ сохтам. Ман интихоби ҳаётамро бароварда тавонистам. Ман ба падару модарам нигоҳ карда гуфта тавонистам. Бо нарми маро чи қадар дуст медоред, фақат ҳақиқатро гуед гуфтам. Онҳо он сухане ки ба ман гуфтанд муҳабаташонро фаҳмонданд. Ман ҳам наздашон бо сари хам бо ҳурматошон гуфтам ки ман ҳам фарзандамро ҳамин хел дуст медорам. Ман ҳам намехоҳам фарзанди ман дар ба дари бибию тагову хола дарди сару бепадару безори калон шавад. Онҳо гуфтанд мо ҳамсаратро намехоҳем фарзандатро чи қадар ёд карди рафта бин, ё ҳар вақте мехоҳи ба хона ор. Устод ман бисёр ба саволи шумо чуқур фикр кардам. Ман дар ҳақиқат масъулияти шавҳариро дуруст иҷро накардаам. Ба муҳлати дароз муҳоҷир шуда ҳамсарамро ба назари ҳама шуму баднамо кардам. Модарам дар зиндаги ба падарам гапаш гузаро, зани боҳавас, ҳар чи ҳавас мекунад то нагирад қалбаш ором намешавад. Куҷо хоҳад дили падарамро ба даст оварда ба ҳар куҷо дамгири меравад.Асабоният шавад ягонтаи моро ая намекунад, нодида мегирад. Апаву хоҳаронам ҳам...чунин. Зиндагии озод доранд. Телефонҳояшон ҳам шавҳарошон туҳфа кардааст. Ман ба ҳамсарам беиҷозати падару модарам ягон сум рои накардаам. Лоақал ҳадя надодаам.То ҳол чанд сол шуд ҳамсарам телефон надорад. Устодҷон ба гапҳои ҳархела фарзандам, ҳамсарам ҳам баъзан дар назарам хнуку баднамо менамуд. Ҳозир дар ҳамин замон фарзанди ҳама бо либосҳои фасон бо меҳр зебо намояд. Фарзанди ман на аз меҳри падар ва на аз муҳаббати падар ки ҳато либосҳояш фақирона, аҷоиб гуё фарзанди дигар бошад гарми надошт. Устодҷон ба саволи охиронтон ҷавоб дода натавонистанам, Бе сабаб набуд. Ман бемасъулиятии худро равшан дида тавонистам. Ман худамро хатоҳои худамро дида тавонистам. Дар охир Шерзод то худатро ислоҳ накуни даҳ зан гири ҳам, боз худат оилаатро ба ҳар гап бовар карда осон вайрон мекуни. Пеш аз фарзанди азизи як нафарро нимароҳ кардан аввал худатро дер нашуда ислоҳ кун гуфтанатон ба қалбам сахт таъсир кард. Падару модарам чандин маротиба гуфтанд духтари хона гирифта медиҳем. Фақат ҳамон занатро аз фикрат дур к Ман ба падару модарам зиддият накардам гуфтам агар ба хонаатон роҳ додан нахоҳед, ман ба иҷора зиндагиямро давом медиҳам. Фарзанди сари куча надорам. Маро Худо неъмати падари лоиқ кард. Чанд моҳ мешавад ба иҷора зиндаги дорем. Ҳамсарам ягон камбуди надорад. Аз уҳдаи ҳама кори зиндаги баромада истодааст.Аз ҳама хубиаш ҳамсарам намозхон, сараш ба саҷда, китоби муқадас мехонад. Ман худам дар ҳақиқат қариб номарди мекардам. Бисёр ашки чашмашро рехтам.бисёр дашном кардам аз Русия хатогияшро ба чашми худ нодида бовар кардам. Имруз падару модарам ба хона моро дидан омаданд набераамонро ёд кардем гуён.бо ҳамсарам хуб рафтор карданд. Ҳамаш мисли аввали ҳаётамон барин хуб шуда истодааст. Нияти хона гирифтан кардестам. Иншолло Корҳои ман( савдоям) ҳам шукри Худо хуб пешрави дорад. Устоди азиз. Донишманди беҳтариненд. Барои ҳаёти ман барои масъулияти шавҳарию падариамро ба ман роҳнамо шуданда сабабгор шудед Худо аз шумо рози бошад. Дунё ва охираттона Худо обод кнад. Дар ҳақатон дуогуем. Устодҷон🤲🫂🙌2,22%
  • 9 июн.Ассалому алейкум Дустон ва ҳамватанони азиз! Рузатон ба хайру шодӣ ва пурбаракат бошад. Ба ҳаммаи шумоён саломати ва ба корҳоятон пешрави мехоҳем2,14%
  • 14 июн.Салом устоди азиз ва аҳли гурӯҳ. Пеш аз ҳама миннатдории худро ба устод Рӯзимуродов расонидан мехоҳам. Ду сол боз ман наворҳои устодро пайгирӣ менамудам ва натиҷаҳои чандин нафарро шунида, дар қалбам завқи илм бедор шуд. Ё шояд зиндагии сахтам маро ба ҷустуҷӯи роҳ овард. Рӯзҳои наздик ба қабули устод омадам ва дар дарси индивидуалии Худшиносӣ иштирок намудам. Вақте устод савол карданд, ки бо кадом мақсад барои дарс гирифтан омадаам, дар аввал чӣ гуфтанамро надонистам. Чунки проблемаҳои ман якто набуданд. Намедонистам аз кадомаш сар кунам. Гуфтам Устод, ман даруни проблемаҳо сахт печида шудаам. Вақте устод пурсиданд Кадом фикр ё кадом мушкилӣ шуморо бештар азоб медиҳад? Вуҷудам дард кард. Чунки ягон ҳолати роҳат надоштам. Нофаҳмӣ бо ҳамсар, савдо набудан дар бизнесам, қарздорӣ, набудани завқ на ба кору на ба зиндагӣ, норасоии пул, асабоният. Бар замми ҳамаи инҳо ба телефон сахт дода шуда будам. Устод хеле хуб гӯш карданд. Аввалин вазифа чунин буд Ҳамсаратонро то охирин суханаш гӯш мекунед. Агар ягон талабе дошта бошаду имконияти иҷро карданашро доред, иҷро кунед ва баъд назди ман биёед. Ман фикр кардам, ки устод ба ман вазифаи илмӣ медиҳанд, мисли дигарон. Лекин вазифаи ман тамоман дигар буд. Хулоса, дилу бедил ба хона рафтам. Фикр кардам, ҳамсарам ҳар рӯз худаш гап мезанад, ман танҳо гӯш мекунам, хоҳам ҷавоб медиҳам, нахоҳам ба телефони дастӣ банд мешавам. Аммо ин дафъа дигар хел шуд. Ӯ дар хона машғули кори худаш буд. Даъваташ кардам ва савол додам Аз ман чӣ мехоҳӣ? Ман имрӯз танҳо барои ту вақт ҷудо кардаам. Бо нимтабассум гуфтам. Ҳамсарам хеле ҳайрон шуд. Гуфт Ман барои худам ҳеҷ чиз намехоҳам. Чароғро соз кунед, яхдон вайрон шудааст... Ва боз чанд кори дигарро қатор кард. Ман бе ягон асабоният аз пайи иҷрои ҳамаи корҳо шудам. Тайи ду рӯз хеле ободӣ ба хонаамон омад. Баъзеашро худам соз кардам, баъзеашро усто оварда таъмир кунонидам. Ҳар боре ки ба ҳамсарам нигоҳ мекардам, ӯ Худоро шукр мекард, чеҳрааш кушоду шукуфон мешуд.Аз хурсанди саволҳои худҷавоб медод. Шаб хоб дидед чи. Ман шуморо нашинохта истодаам. Назди устод омадам. Вазифаи дуюм дар бораи бизнес буд. Фикр кардам, ки ин дафъа илми бизнес медиҳанд. Лекин вазифаи ман тартибкорӣ буд. Борҳои пештараро, ки чи нархаш рост ояд ё наояд, ба распродажа мондам. Бори навро бошад, ҳамашро ба ҳисоб дароварда, тартиб додам. Борҳое, ки муддати дароз дар анбор мемонданд ва бо нархи гарон гирифта будам, фикр мекардам набояд зарар кунам. Лекин вақте тартиб додам, дар як лаҳза тез ва осон ба савдо рафтанд. Аз ҳисоби борҳои распродажа қарзҳоямро адо мекардам.Барои бизнес асос аз ҳама муҳим ҳисоботи дуруст мошолло. Барои борҳои нав бошад, боз ду коргар гирифтам яке барои реклама ва дигаре барои даставчик. Вазифаи сеюм роҳи пасандоз ва бедор кардани қалб аз ғафлат буд. Ҳамин гуна ман дарс гирифтам. Шукри Худо, зиндагиям обод шуд. Бо ҳамин вазифаҳои оддӣ, ки ҳамаи мо медонем. Пеш аз омадан ба қабули устод бисёр сари интернет менишастам, маълумоти зиёд меҷустам. Қариб ҳамаи онҳо як маъно доштанд «Мушкилӣ дар ҳаёти ту нест, мушкилӣ дар худи туст.» Аз ин маълумотҳо баъзан сарам гаранг мешуд. Намефаҳмидам, ки чӣ гуна мушкилӣ дар ҳаёти ман нест? Ман барои худ ягон чизи аниқ ва амалиро гирифта наметавонистам. Доим фикр мекардам, ки шояд зани дигар гирам, зиндагиям хуб шавад, шояд ман ҳам роҳатро ҳис намоям. Вақте бо устод кор кардем. Гуфтанд барои зани дигар гирифтан ҳоло саросема нашавед. аввалин тартиботро аз оила сар кардам. Вақте гӯш медиҳӣ ва масъулияти худро дида тавони, дуруст иҷро кардан мехоҳӣ, Худо худаш роҳ нишон медиҳад ва бо мадади худаш обод мешавӣ. Чанд вақт пеш аз зиндагии худам роҳи гурез меҷустам. Масъулияти худро дида наметавонистам ва ҳамсар ва дигаронро мисли шамоли ноором мебинам, ки гӯё ба гӯшҳоям ғуввос мезаданд. Шукри Худо ва ба сабаби устоди азиз имрӯзҳо дар қалбам хотирҷамъӣ, дар зиндагиям оромиш ва дар корҳоям баракат дида истодаам.1,89%
  • 29 июл.Ассалому алейкум! Шаб ба хайр. Саволи беҳтарин. Бисёр хуб гуфтед. Баромадҳо ва наворҳои ман асосан дар бораи бизнес ҳастанд. Чунки аз давраи ҷавонӣ то имрӯз ба бизнес шавқу ҳавас дорам ва дар ин самт фаъолият мекунам. Таҷрибаҳои хурду калон дар соҳаи бизнес бисёр дорем. Саволи шуморо таҳлил карда баромадем. Оила муқаддас аст. Дар бораи масъалаи талоқ метавонед ба уламои дин( олими дин) муроҷиат кунед. Дар назди ҳар як бандаи мусалмон, шариат барои оила ва аҳли он эҳтироми бузург дорад. «Муносибатам бо ҳамсарам хуб нест. Ҷавобашро диҳам, вале аз суханҳои мардум метарсам.» Баъзан мо, инсонҳо, аз суханҳои мардум метарсем ва ҳамеша фикр мекунем, ки одамон чӣ мегӯянд. Аммо агар ҳақиқатро ба назар гирем, мардум дар ҳаёти ҳар яки мо нақши муҳим доранд. Баъзан маҳз аз тарси суханҳои мардум инсон аз бисёр роҳҳои нодуруст худдорӣ мекунад. На танҳо шумо, балки имрӯзҳо бисёр одамон ҳастанд, ки бо як нофаҳмии хурд ё бо сабаби амалӣ нашудани баъзе талабу хоҳишҳо, зуд аз ҳамсар дилмонда мешаванд. Яке аз сабабҳои асосии ин ҳолат, нодуруст истифода бурдани баъзе шабакаҳои иҷтимоӣ ва бовар кардан ба зиндагии зоҳиран романтикии дигарон аст. ( яъне бо зебогиҳои берунаи дар интернет дида, ҳаёти дарунаи худро муқоиса кардан) Дар илми психология баъзе ҳақиқатҳо ҳастанд, ки шунидани онҳо барои баъзе мо, мардҳо душвор аст. Агар масъулияти шавҳар нисбат ба ҳамсар кам шавад, меҳру муҳаббат низ хунук мегардад ва нофаҳмиҳо зиёд мешаванд. Ҳар як одати нодурусти занро бо оромӣ, сабру таҳаммул ва тавони шунидани ҳамсар, ҳамчун дӯсти ҳақиқӣ, ислоҳ кардан мумкин. Дар бораи савияи пасти зан саргузашти Шоҳзода ва духтари чупонро кор баред. Беҳтарин зиндагиро сохта метавонед. Сири асосии дилсардӣ аз ҳамсар, кам шудани ҳисси масъулият аст. Мо, мардон, баъзан ваъдаеро, ки ҳангоми никоҳ додаем, нодида мегирем. Яъне баъзан маънои аслии никоҳро сарфаҳм намеравем. Никоҳро танҳо ҳамчун ҳалол шудани муносибати байни ҳамдигар мефаҳмем. Дар ҳоле ки маънои никоҳ аз ин бузургтар аст. Никоҳ, пеш аз ҳама, ваъдаи бузурги мард ва худро бо бовар ба ӯ супоридани зан аст. Мутаассифона, мо айнан ҳамин ваъдаи бузургро баъзан фаромӯш мекунем. Ҳар якеи мо мардҳо, модар, хоҳар ва инчунин духтар дорем. Ҳеҷ як мард намехоҳад чунин наздиконаш ба нимароҳи зиндаги қалбшикаста шавад. Ҳамсар ҳам барои марди ҳақиқӣ чунин ҳуқуқро дорад!1,73%
  • 7 маяТасдиқи беҳтарин Ҳар яки мо падару модарро фарзандонро дӯст медорем. Лекин!!! Зоҳири Аз 100 % одамон танҳо 1 % одамон зоҳирию ботини дӯст дошта метавонанд. Онҳо инсонҳое мебошанд,ки меҳри ҳақиқияшонро бедор карда тавонистанд.1,62%
  • 14 маяСалом Устоди азиз . Умедворам хубу саломат ҳастед. Ман як шогирди ғоибонаи шумо як падписчикатон мебошам. Чанд маротиба хостам аз шумо дарси алоҳида гирам, ба менеджератон навистам. Имконияти дарс гирифтан нашуд. Дилам бисёр хост илм гирам имконият...дасткутоҳам кард. Бо рафиқам ҳарду алоҳида алоҳида бизнеси хурдакак дорем. Чанд моҳ пеш ҳолати ҳардумонам сатҳи поён пешрави нест, баҷои даромад минус. Бар зами ин пешбурдани оила зиндаги. Бар шароити ҳозира хело душвори мекашидем. Рафиқам руз то руз парешон хастаги зури мекард. Гуфтамша каме суми зиёд медоштем назди Устод Ҷамшед илм мегирифтем. Рафиқам ба худ қарор кард, чем зиқ шуда гаштана,як роҳашро фикр када ма и илмра мегирум. Аз куҷое сум дастрас кард аз шумо дарс гирифт. Ма натонистум. Баъди се моҳ бо ҳам озод нишастем ба рафиқам хело тағирот дидам. Ҳам чеҳраи кушод ҳам устувори, ба гапи худуш пешравиаш ҳам хуб. Пештар як навъ гап мезад базур баъзан гапашро мешнидам. Хуши гап задан ҳам надошт. Баъди чанде овозаш ҳам қувват дорад. Гуфтум Шералӣ чо кади Хело суҳбат кадем. Дарсҳои шумора ба ман дод. Гарчанде мисли рафиқам дарсро фаҳмиш накарда бошам ҳам ба ҳар ҳол худро хело хуб ҳис мекнам. Қалбамро каме кушода , каме сабук ҳис мекнам. Доим фикр мекардам чи тари аз телефон худро озод кнам, ки маро мисли магнит ба худ мекашид.Рузона аз пеш нарафтани кор рилс тамошо кни то нисфи шав маълумот мекофтам. Чи мекофтам, рости худм намедонам баъзан вақт маълумот, баъзан вақт прикол соатҳо тамошо кнам ҳам боз фикр мекнам ба ман чизе намерасад. Шукри Худо аз телефон худро дур карданро не вақти худро каму беш ба меъёр контроль кадана, амал кадестам. Савдоям ҳам секи секин пешрави дорад. Чи гуфтаниям устодҷон Пешаки раҳмат аз дарсатон мо ҳам каме баҳра бурдестем. Каме имконият кардам Худо насибмон кнад,ҳатман дарсои шумора дастрас мекнам. Бошед саломат устоди азиз. Пешравитона мехоҳем.1,60%
  • 14 июн.Аз ҳама муҳимаш ва беҳтаринаш он аст, ки ҳар рӯз кӯшиш дорам қалбамро аз ғафлат бедор нигоҳ дорам. Мо фикр мекардем, ки илм як чизи дастнорас аст, илм як қувва ва қудрати бузург аст. Лекин илм ба шакли оддӣ инсонро ривоҷ медиҳад. Илм инсонро тарбия ва тартиб медиҳад. Илм худ як равшании ҳақиқӣ будааст. Дарси сеюм дар ҳақиқат чашми қалби маро кушод. Раҳмат ба устоди азиз. Бар падару модари шумо раҳмат, ки чунин донишмандро тарбия кардаанд. Мо аз шумо миннатдорем. Худованд илматонро боз ҳам зиёд ва мартабаатонро аз ин ҳам баландтар гардонад. ш. Душанбе. Даврон.1,41%
  • 4 маяСалом алейкум. Дустони азиз ва устоди гироми қадр. Ман ҳам аз илми психологя барои худ даркориро дастрас кардам ва хело натиҷаи калон дод. Қариб ҳашт моҳ пеш ман ба қабули устод омадам. Ҳама барои қарздори, барои дардҳои гуногуни депрессиони оянд. Ман тамоман бо дигар масъала омадам. Фарзандом синни балоғати 14 ва 16 сола Сахт ба телефон дода шуда буданд бар замми ин гапнодаро бо модар номуросо.Баъзан шабгарди. Аз ҳар як рафторошон ба ману модараш як таъсири асабоният мезад. Баъзан дод мезадам худро идора карда натавониста баъзан дарун дарун ноумеди ба қалбам пайдо мешуд, ки ман шабу руз барои ҳамин ҳо кор мекунам кушиш мекунам аз ҳеҷ кас кам накунам. Фарзандони асри 21 оқибаташ ҳамин хел будаст фикрҳои хастакунанда пайдо мешуд. Ба қабули устод омадам. Баъди дарс хело хатогиҳои худро дидам. Мо худро диплом дорем, вазифадор, панҷ шаш сол ба донишгоҳ илм гирифтагием, Оли маълумот фикр мекунем. Лекин ҳамаи илми мо барои ягон касб омухтан кушишу талоши шабонарузии мо бо ҳунари худ барои пешбурди зиндаги будааст. Мо барои худ илми ҳаёти надорем. Илме ки қалби моро тавоно мекунад, то ба тамоми пастию баландиҳои ҳаёт ба мо роҳнамо бошад. Ман дар зиндаги ба фарзандонам доим қонун мегузоштам лекин бо онҳо ҳамчун падару фарзанд, ҳамчун инсон, ҳамсуҳбати самими надоштам. Фарзанди навбалоғат ҳамчу ниҳол, нигоҳу бин ба гуфтаҳои деҳқонон сари вақт карчофка кардан ба зимаи мо будааст. Бе нигоҳу бин бори худро худ бардошта натавониста вақти ҳосил хам оварда бисёр мешиканад. Шукри Худо ва сабаби устоди азиз имруз хело хурсандам Пеш аз норасоии илми психологи ба фарзандони ҳамсоя ва шиносҳо ҳавас мекардам, торафти ҳаёт аз фарзандони худам дил сард мешудам. Дар назарам фарзандони худам шуму баднамо намудор мешуд. Шукри Худо дер накарда фаҳмишро ба даст овардам. Ташаккур! Устоди азиз Барои дарсҳои бебаҳоятон. Хоҳиш дорем Чунин дарсҳои психологи ва оилави зиёдтар шавад Шодбахш. ш. Душанбе.1,39%
  • 9 июн.📚📓🖊️ Ассалом Устоди азиз! Хубу саломат ҳастед. Ман мухлиси ( падписчики) доимии шумо ҳастам. Ба шумо як саволи бисёр муҳим дорам Аз наворҳои шумо ба худам хело фаҳмиш гирифтам, дар зиндаги ба кору савдо бисёр тағиротҳои хуб дорам. Раҳмат ба шумо …1,12%
  • 29 июл.Чун шумо мо хам дар зиндагиямон нуги калобаро намеёфтем азоби рухи мекашидам Аллох ба шукр бади дарсхоро гирифтан хаёти моба тагирот фарзанхоро муомилаашон хуб. шудан гирифт холо хам запсхой дарсро гуш мекунам якхел жой дарс манба нав расида омасодаст жояш биёд ман одами наверадор. жудо мешам мегуфтам мо инсонхоба психология албатта даркор будааст1,08%
  • 30 апр.🎖🇹🇯🇺🇿 Салом Устод Рузимуродов. Ман аз Самарқанд шогирди ғоибонаи шумо мешавам.Аз шумо дарс харидори накарда бошам хам Хама наворхоятонро тамошо мукунам. Авалан халқи Тожикоба рахмат. Ба Узбекистон бисёр психологхоро қадр намукунан. Бе саводо енгилтак актиёрои бемаъни зиёд шуйсос, роликои бемаъни бар дуруг нисбати психологхо . Хамту фақат роликои милатомоя паст мекардаги хама зер кара рафсос. Олимошам қадр намукунад насхатгаро купайиб кети мугуд. Ман жудаям халқи узбекамоя дуст медорам, хурмат мукунам, мехохам халқаш якдигариша хурмат кунад касби якдигарошона эхтиром кунад. Бисёри бад шуйсос актиёрои бемантиқ. Хички пеши рохи хаминхел актиёрои бесохибоя намигирад.шумохона актиёротонам роликош мантиқдор. Тожико ягон халқаша паст намизанад. Тожико баръакс олимоша психологоша қадрдони мукунад. Ман аз телеграми шумо бисёр чизо ёд гирифсем. Ба назари ман психология илмаш нагз рафсос. Ки халқ жаҳонбиниш васеъ шуйсос.Мохон борин рохгум задагеш чандта. Бисёрихо мегуян пеш замонба хечки психолог гуш намекард. Пеш замон муттахид буд хама якжоя будаги.Ором осоишта буд. Хози замона тарақиёт шудагешба як хело расида натонистагеш хаст, қарздори пур аз ғаму фикри негативба ботлоқашба ғутидагеш хаст.Оилаи ёш талаботош зиёд шудагиш мӯл шуйсос. Ман худам медонистагем психологхои таҷрибадор гуш кардагеш умуман илм нағзда. Давлатои пешрафтагихо бисёр ба психолог якӯм даража хастан.Мо халқ шабу руз менолему дидаги одамба дарди дил гуфта обру резони карда неки рохи халаш савети дуруст гиртагеш намедонем. Ман пештар хаётамба илма сарфахм намерафтагемба бисёр азоби рухи кашидам.Ин санжиши Аллох гуфтана ин пасти баландеш хаёта гуфтана фахмиш даркорку Баъди илми психолог ривож ёфтагеш бисёр ба зиндагем тағирот шуд. Аз Худо виждонқати метарсидаги шудам хис туйғухом Ман асосан хурмат кардана аз илми психолог ёд гирифтам. Худама шинохтагем Худоя бовар кардагем рохи баду нека сарфахм рафтагем аз хама асосиш шукр кардана аз дарсхои шумо аз телеграм аз сидқи дилам омухтам хар лахза кушиш мукунам а боли хдам кор кардан гиртагемба. Устод Рузимуродов ман аз илми шумо бисёр ба худам даркорихоша гирифта хаётама хурсандиқати пеш бурдана сарфахм кардам ва кушиш кайсем. Фикри пазитив карана омухсем. Халқотонбаям рахмат. Устод каментарияхотон кам актив кам. Шумова рахмат дарсотонба Миннатдорема мерасонам Наворои наватона интизорем Аз сафар саломат биёйид Мо дуогуйи шумоям хастем1,05%