MATIN BLOG
описание
Блоги муаллифи аз Матин Муҳиддинов! Шахси, шӯхӣ ва саёҳат! Авиакассаи боваринок: @tajavia Барои реклама: @matinpro
2 457
подписчиков
Охват к подписчикам
30,9%
ERR
Реакции к просмотрам
0,56%
85 на 20 постов
Пересылки к просмотрам
0,03%
4
Постов в день
0,1
всего 20
Где отзываются чаще
доля реакций к просмотрам- 8 авг.Дар кӯчаи Айни 48, дар байни «Чордома» ва меҳмонхонаи «Хилтон», маркази бозиҳои кӯдаконаи «Game City» кушода шуд. Масоҳати умумии марказ 1500 метри мураббаъ буда, дар ин ҷо намудҳои гуногуни бозиҳо барои кӯдакони синну соли гуногун мавҷуданд. Кӯдаки шумо дар ин ҷо бешубҳа дилгир намешавад! Чӣ тавре ки мебинед, шумораи бозиҳо хеле зиёд аст. Ҳатто барои кӯдакони хурдсол ҳам ҷойи махсуси бозӣ мавҷуд аст. Агар мехоҳед фарзандатон ҳам бозӣ кунад ва ҳам вақти хуб гузаронад, «Game City» метавонад як варианти хуб бошад.1,79%
- 28 маяИмрӯз дар ҳаёти ман як рӯзи тамоман дигар буд… Рӯзе, ки ман бори аввал падари духтарча шудам. 🤍 Бе монтаж, бе омодагӣ, бе ягон нақш… Фақат эҳсосоти ҳақиқӣ, лаҳзаҳои зинда ва он ҳиссе, ки бо сухан фаҳмондан душвор аст. Хуш омадӣ ба ҳаёти мо, духтаракам… 🥹1,16%
- 26 мая42 рӯз дар роҳ… Ҳазорҳо километр бо дучарха… 4 кишвари Осиёи Маркази… Ин ду блогер сафареро анҷом доданд, ки на ҳар кас ҷуръати онро мекунад. Дар давоми ин муддат онҳо аз шаҳрҳои гуногун гузашта, бо мардум вохӯрда ва лаҳзаҳои беҳтарини сафарро сабт карданд. Ва имрӯз — баъд аз 42 рӯзи пурмоҷаро — онҳо боз ба Dushanbe баргаштанд. Ин сафар танҳо роҳпаймоӣ набуд, балки исбот кард, ки бо ирода ва ҳавас ҳатто дуртарин роҳҳо ҳам наздик мешаванд.1,08%
- 23 июн.Қаҳрамони хурдсол — Хизир Дербичев, ҳамагӣ 8-сола, барои наҷот додани дӯсташ худро ба дарё партофт. Ӯ тавонист ҷони дӯсташро наҷот диҳад, аммо худаш ба ҳалокат расид. Ҷустуҷӯи ӯ ҳашт рӯз идома кард ва баъдан ҷасади ин кӯдаки шуҷоъро чанд километр дуртар аз ҷойи ҳодиса пайдо карданд. Дар маросими видоъ ва ҷанозаи Хизир ҳазорҳо нафар иштирок карданд. Имрӯз тамоми мардуми Ингушистон аз дарди ин талафоти сангин ғамгинанд. Мо, мардуми Тоҷикистон низ, бо бародарони ингуши худ ҳамдардем ва ин ғамро бо онҳо тақсим мекунем. Номи Хизир ҳамчун рамзи ҷасорат, инсонгарӣ ва фидокорӣ дар хотираҳо боқӣ хоҳад монд. Худованд ӯро ғарқи раҳмати худ гардонад ва ҷойгоҳашро ҷаннат насиб созад. 🤲🕊️0,93%
- 13 авг.Дар кӯчаи Карамов 50, дар наздикии Масҷиди Калон, маркази савдои “Қатар” ба фаъолият оғоз кард. Дар ин ҷо шумо метавонед тамоми маҳсулоти заруриро пайдо кунед. Ҳар як қисмат низ алоҳида номгузорӣ шудааст, то харид барои шумо осонтару қулайтар бошад.0,71%
- 2 авг.Тамом, то боздид 🤝0,70%
- 26 маяКонфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи амал “Об барои рушди устувор” дар шаҳри Душанбе бо иштироки ҳазорон намоянда аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон баргузор гардида, бори дигар таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалиро ба Раванди оби Душанбе нишон дод. 🌍 110 кишвари ҷаҳон 🤝 75 созмони байналмилалӣ ва минтақавӣ 🎓 170 ташкилоти ғайриҳукуматӣ ва муассисаҳои илмӣ 👥 Тақрибан 2500 иштирокчӣ Тоҷикистон имрӯз яке аз кишварҳои фаъол дар пешбурди ташаббусҳои ҷаҳонии об ба ҳисоб меравад.0,70%
- 6 июл.Аввалин KFC дар шаҳри Бохтар расман дарҳои худро боз кард! 🍗🎉 Акнун сокинон ва меҳмонони шаҳр метавонанд дар фазои замонавӣ ва бароҳат аз таъми хӯрокҳои дӯстдоштаи KFC баҳра баранд. Филиал дорои толори васеъ бо 120 ҷойи нишаст буда, барои истироҳат бо аҳли оила, дӯстон ва наздикон муҳити муносиб фароҳам меорад. 📍Суроға: маҳаллаи 14-ум, рӯ ба рӯи «Тоҷикстандарт». Шумо аллакай аз ин филиал дидан кардед? Таассуроти худро дар шарҳҳо нависед.0,64%
- 23 маяИн рӯз барои ман воқеан хотирмон шуд. Бо чунин қадрдонӣ масъулият боз ҳам бештар мегардад. Ташаккур ба ҳар нафаре, ки меҳнату кӯшишро мебинад ва қадр мекунад. 🇹🇯0,53%
- 27 маяИн хонаҳо танҳо девору бом нестанд… Инҳо як пораи кӯдакии моанд. Бӯи хоки пас аз борон, овози бибӣ аз ҳавлӣ, чойи гарм дар айвон, шабҳои пур аз ситора… Ҳамааш дар ҳамин хонаҳои куҳна пинҳон мондааст. Имрӯз бисёриҳо аз деҳа дур шудаанд, вале дил ҳанӯз ҳамон кӯчаҳои танг, ҳамон дарвозаҳои чӯбин ва ҳамон давраҳои беғами кӯдакиро меҷӯяд. Қишлоқаки ман… Ҷое, ки хотираҳояш ҳеҷ гоҳ кӯҳна намешаванд. 🤍0,53%
- 28 июл.Дар маҳаллаи Қазоқон-2 мағозаи нави «Релакс» ба фаъолият оғоз кард. 🎉 Дар рӯзи ифтитоҳ барои меҳмонон барномаҳои шавқовар, фазои идона ва пешниҳодҳои махсус омода шуда буданд. Дар ин ҷо шумо метавонед аз байни навъҳои зиёди молу маҳсулоти босифат бо нархҳои дастрас интихоби худро анҷом диҳед.0,53%
- 1 июл.Имрӯз Тоҷикистон яке аз чеҳраҳои маъруфи ҳунару ҳаҷвро аз даст дод. Ҳунарманди шинохта Бахтиёр Раҳимов (Ғарибшо) дар синни 56-солагӣ аз олам чашм пӯшид. Солҳои зиёд ӯ бо саҳнаҳои ҳаҷвӣ ва ҳунари нотакрораш ба мардум ханда ва хотираҳои нек бахшида буд. Ба гуфтаи наздиконаш, сабаби даргузашташ паст шудани фишори хун будааст. Аз номи худ ба пайвандон, дӯстону ҳамкорон ва тамоми дӯстдорони ҳунари марҳум изҳори ҳамдардии амиқ менамоям. Худованд ӯро раҳмату мағфират кунад, ҷояшро ҷаннат гардонад ва ба наздиконаш сабри ҷамил ато фармояд. Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун. 🤲🕊️0,46%