tgindex

MATIN BLOG

описание

Блоги муаллифи аз Матин Муҳиддинов! Шахси, шӯхӣ ва саёҳат! Авиакассаи боваринок: @tajavia Барои реклама: @matinpro

2 458
подписчиков

Лучшие посты

за три месяца
  • 7 июн.1 003 просмотров2 реакций

    Таърихро акнун на танҳо мехонед, балки эҳсос ҳам мекунед. Дар Тошканд осорхонаи нави интерактивӣ кушода шудааст, ки бо истифода аз технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ гузаштаҳоро ба таври зинда нишон медиҳад. Ҳангоми тамошо худро гӯё дар ҳамон замон эҳсос мекунед. Шумо ба чунин осорхона рафтан мехостед?

  • 11 июн.977 просмотров4 реакций

    Комплекси сайёҳии ба номи Бурҳониддин Марғинонӣ яке аз ҷойҳои нави диданӣ дар Ӯзбекистон буда, дар наздикии шаҳри Фарғона ҷойгир аст. Дар ин макон меъмории анъанавӣ бо технологияҳои муосир ба ҳам омезиш ёфта, фазои зебо ва оромбахшро ба вуҷуд овардааст. Фонтанҳо, ҳавзҳои зебо ва хонаҳои қадимӣ онро ба макони беҳтарин барои сайругашти оилавӣ табдил додаанд. Агар ба водии Фарғона сафар кунед, ҳатман ин ҷойро ба рӯйхати маконҳои диданӣ дохил намоед.

  • 23 мая939 просмотров5 реакций

    Ин рӯз барои ман воқеан хотирмон шуд. Бо чунин қадрдонӣ масъулият боз ҳам бештар мегардад. Ташаккур ба ҳар нафаре, ки меҳнату кӯшишро мебинад ва қадр мекунад. 🇹🇯

  • 6 июл.937 просмотров6 реакций1 пересылок

    Аввалин KFC дар шаҳри Бохтар расман дарҳои худро боз кард! 🍗🎉 Акнун сокинон ва меҳмонони шаҳр метавонанд дар фазои замонавӣ ва бароҳат аз таъми хӯрокҳои дӯстдоштаи KFC баҳра баранд. Филиал дорои толори васеъ бо 120 ҷойи нишаст буда, барои истироҳат бо аҳли оила, дӯстон ва наздикон муҳити муносиб фароҳам меорад. 📍Суроға: маҳаллаи 14-ум, рӯ ба рӯи «Тоҷикстандарт». Шумо аллакай аз ин филиал дидан кардед? Таассуроти худро дар шарҳҳо нависед.

  • 15 июн.886 просмотров4 реакций1 пересылок

    Дар Душанбе боз як мағозаи нави молҳои рӯзгор кушода шуд. Мағоза дар маҳаллаи 33-юм, кӯчаи Ҳилолӣ 73 ҷойгир буда, маҳсулотро мустақиман аз шаҳри Гуанчжоу ворид мекунад. Бо шарофати он ки маҳсулот аз дасти аввал пешниҳод мешавад, нархҳо хеле дастрас буда, аз ҳамагӣ 1 сомонӣ оғоз меёбанд.

  • 1 июл.876 просмотров4 реакций1 пересылок

    Имрӯз Тоҷикистон яке аз чеҳраҳои маъруфи ҳунару ҳаҷвро аз даст дод. Ҳунарманди шинохта Бахтиёр Раҳимов (Ғарибшо) дар синни 56-солагӣ аз олам чашм пӯшид. Солҳои зиёд ӯ бо саҳнаҳои ҳаҷвӣ ва ҳунари нотакрораш ба мардум ханда ва хотираҳои нек бахшида буд. Ба гуфтаи наздиконаш, сабаби даргузашташ паст шудани фишори хун будааст. Аз номи худ ба пайвандон, дӯстону ҳамкорон ва тамоми дӯстдорони ҳунари марҳум изҳори ҳамдардии амиқ менамоям. Худованд ӯро раҳмату мағфират кунад, ҷояшро ҷаннат гардонад ва ба наздиконаш сабри ҷамил ато фармояд. Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун. 🤲🕊️

  • 28 мая859 просмотров10 реакций

    Имрӯз дар ҳаёти ман як рӯзи тамоман дигар буд… Рӯзе, ки ман бори аввал падари духтарча шудам. 🤍 Бе монтаж, бе омодагӣ, бе ягон нақш… Фақат эҳсосоти ҳақиқӣ, лаҳзаҳои зинда ва он ҳиссе, ки бо сухан фаҳмондан душвор аст. Хуш омадӣ ба ҳаёти мо, духтаракам… 🥹

  • 23 июн.856 просмотров8 реакций

    Қаҳрамони хурдсол — Хизир Дербичев, ҳамагӣ 8-сола, барои наҷот додани дӯсташ худро ба дарё партофт. Ӯ тавонист ҷони дӯсташро наҷот диҳад, аммо худаш ба ҳалокат расид. Ҷустуҷӯи ӯ ҳашт рӯз идома кард ва баъдан ҷасади ин кӯдаки шуҷоъро чанд километр дуртар аз ҷойи ҳодиса пайдо карданд. Дар маросими видоъ ва ҷанозаи Хизир ҳазорҳо нафар иштирок карданд. Имрӯз тамоми мардуми Ингушистон аз дарди ин талафоти сангин ғамгинанд. Мо, мардуми Тоҷикистон низ, бо бародарони ингуши худ ҳамдардем ва ин ғамро бо онҳо тақсим мекунем. Номи Хизир ҳамчун рамзи ҷасорат, инсонгарӣ ва фидокорӣ дар хотираҳо боқӣ хоҳад монд. Худованд ӯро ғарқи раҳмати худ гардонад ва ҷойгоҳашро ҷаннат насиб созад. 🤲🕊️

  • 2 июн.800 просмотров3 реакций

    Андиҷон — шаҳре, ки таърих, фарҳанг ва меҳмоннавозиро дар худ ҷамъ кардааст. Дар ин сафар аз ҷойҳои таърихии он дидан кардам, таомҳои миллии болаззатро чашидам ва аз манзараҳои зебои шаҳр ҳаловат бурдам. Ҳар кӯча ва ҳар гӯшаи Андиҷон қиссаи худро дорад. Ин ҷо гузашта ва имрӯз бо ҳам омехта шуда, фазои махсусеро ба вуҷуд овардааст.

  • 1 июн.786 просмотров3 реакций

    Тошканд — шаҳре, ки анъана ва технологияро дар як ҷо ҷамъ кардааст. Дар ин сафар аз Маркази тамаддуни исломӣ дидан кардем, аз таърихи минтақа бештар огоҳ шудем, палови машҳури “Беш Қозон”-ро чашидем, аз болои Телебашня манзараи тамоми шаҳрро тамошо кардем ва дар кӯчаҳои замонавии Tashkent City сайр намудем. Албатта, аз Magic City ҳам бенасиб намондем — яке аз ҷойҳои зеботарин ва машҳуртарини Тошканд. Шумо пештар ба Тошканд сафар кардаед? Кадом ҷойи он бештар ба шумо писанд аст?

  • 26 июн.777 просмотров2 реакций

    Дар сафари худ ба шаҳри Марғилони Ӯзбекистон аз фабрикаи машҳури «Ёдгорлик» дидан кардем. Ин ҷо тамоми раванди тайёр шудани абрешими табиӣ – аз пиллаи кирмаки абрешим то либосҳои миллӣ ва қолинҳои дастибофро бо чашми худ мебинед. Аз ҳама бештар маро сифати кор ва меҳнати устоҳо ба ҳайрат овард. Ҳар як маҳсулот бо сабр ва маҳорати баланд омода мешавад. Баъзе қолинҳои дастибоф бошад, то 5 000 доллар арзиш доранд. Шумо чӣ фикр доред, чунин нарх барои меҳнати дастӣ арзанда аст?

  • 5 июн.770 просмотров3 реакций

    Дар форуми байналмилалии блогерон, ки дар шаҳри Намангони Ӯзбекистон баргузор гардид, иштирок кардам. Ифтихор дорам, ки ҳамчун намоянда ва узви Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон дар ин чорабинӣ ҳузур доштам. Дар доираи форум бо блогерон аз кишварҳои гуногун вохӯрда, оид ба дӯстии байни давлатҳо, рушди сайёҳӣ ва ҳамкориҳои минбаъда мубодилаи афкор анҷом додем. Бовар дорам, ки чунин вохӯриҳо барои наздиктар шудани халқҳо ва муаррифии беҳтари кишварҳои мо ба ҷаҳониён мусоидат мекунанд.

  • 23 мая769 просмотров

    без подписи

  • 28 июл.761 просмотров4 реакций1 пересылок

    Дар маҳаллаи Қазоқон-2 мағозаи нави «Релакс» ба фаъолият оғоз кард. 🎉 Дар рӯзи ифтитоҳ барои меҳмонон барномаҳои шавқовар, фазои идона ва пешниҳодҳои махсус омода шуда буданд. Дар ин ҷо шумо метавонед аз байни навъҳои зиёди молу маҳсулоти босифат бо нархҳои дастрас интихоби худро анҷом диҳед.

  • 27 мая753 просмотров4 реакций

    Ин хонаҳо танҳо девору бом нестанд… Инҳо як пораи кӯдакии моанд. Бӯи хоки пас аз борон, овози бибӣ аз ҳавлӣ, чойи гарм дар айвон, шабҳои пур аз ситора… Ҳамааш дар ҳамин хонаҳои куҳна пинҳон мондааст. Имрӯз бисёриҳо аз деҳа дур шудаанд, вале дил ҳанӯз ҳамон кӯчаҳои танг, ҳамон дарвозаҳои чӯбин ва ҳамон давраҳои беғами кӯдакиро меҷӯяд. Қишлоқаки ман… Ҷое, ки хотираҳояш ҳеҷ гоҳ кӯҳна намешаванд. 🤍

  • 26 мая717 просмотров5 реакций

    Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи амал “Об барои рушди устувор” дар шаҳри Душанбе бо иштироки ҳазорон намоянда аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон баргузор гардида, бори дигар таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалиро ба Раванди оби Душанбе нишон дод. 🌍 110 кишвари ҷаҳон 🤝 75 созмони байналмилалӣ ва минтақавӣ 🎓 170 ташкилоти ғайриҳукуматӣ ва муассисаҳои илмӣ 👥 Тақрибан 2500 иштирокчӣ Тоҷикистон имрӯз яке аз кишварҳои фаъол дар пешбурди ташаббусҳои ҷаҳонии об ба ҳисоб меравад.

  • 26 мая647 просмотров7 реакций

    42 рӯз дар роҳ… Ҳазорҳо километр бо дучарха… 4 кишвари Осиёи Маркази… Ин ду блогер сафареро анҷом доданд, ки на ҳар кас ҷуръати онро мекунад. Дар давоми ин муддат онҳо аз шаҳрҳои гуногун гузашта, бо мардум вохӯрда ва лаҳзаҳои беҳтарини сафарро сабт карданд. Ва имрӯз — баъд аз 42 рӯзи пурмоҷаро — онҳо боз ба Dushanbe баргаштанд. Ин сафар танҳо роҳпаймоӣ набуд, балки исбот кард, ки бо ирода ва ҳавас ҳатто дуртарин роҳҳо ҳам наздик мешаванд.

  • 2 авг.568 просмотров4 реакций

    Тамом, то боздид 🤝

  • 8 авг.336 просмотров6 реакций

    Дар кӯчаи Айни 48, дар байни «Чордома» ва меҳмонхонаи «Хилтон», маркази бозиҳои кӯдаконаи «Game City» кушода шуд. Масоҳати умумии марказ 1500 метри мураббаъ буда, дар ин ҷо намудҳои гуногуни бозиҳо барои кӯдакони синну соли гуногун мавҷуданд. Кӯдаки шумо дар ин ҷо бешубҳа дилгир намешавад! Чӣ тавре ки мебинед, шумораи бозиҳо хеле зиёд аст. Ҳатто барои кӯдакони хурдсол ҳам ҷойи махсуси бозӣ мавҷуд аст. Агар мехоҳед фарзандатон ҳам бозӣ кунад ва ҳам вақти хуб гузаронад, «Game City» метавонад як варианти хуб бошад.

  • 13 авг.141 просмотров1 реакций

    Дар кӯчаи Карамов 50, дар наздикии Масҷиди Калон, маркази савдои “Қатар” ба фаъолият оғоз кард. Дар ин ҷо шумо метавонед тамоми маҳсулоти заруриро пайдо кунед. Ҳар як қисмат низ алоҳида номгузорӣ шудааст, то харид барои шумо осонтару қулайтар бошад.