tgindex
𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

Статистика

Шабакаи 𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 дар хидмати шумост. Шумо метавонед суолҳои фиқҳӣ ва ақидавии худро дар ин шабака навишта ва тибқи мазҳаби имом Абу Ҳанифа посух гиред. Дар ин шабака илова бар ин, фоидаҳои фиқҳӣ, ақадӣ ва ахлоқию адабиро аз худ намоед.

Последний пост
3 авг.
Последнее чтение
15 авг.
Постов за неделю
0
Всего постов
24
Тип
открытый
Язык
tg
Категория
Религия (по похожим)
В каталоге с
14 авг.
Подписчики
787
+1 за 1 дн.
Сутки
0
0,00%
Неделя
 
Месяц
 
Просмотров на пост
387
24 постов
Вовлечённость
49,2%
к подписчикам
Постов в день
0,0
всего 24
Упоминаний
1
каналов
Охват размещения
оценка
1/24сутки в ленте
254
1/48двое суток
291
1/72трое суток
313

Оценка по просмотрам недавних постов: пост набирает почти всё за первые сутки.

Посты

  • «40 ҲАДИСИ ҚУДСӢ» Аз имом Мулло Алӣ Қории Ҳанафӣ.

  • ❓«Если вы за Абу Ханифой, почему в акыде следуете Матуриди?» Разбираем вопрос, в котором уже скрыта ошибка.

  • 💡 Толибилмон Баъзе аз толибилмони улуми шаръӣ бо сахтӣ рӯз мегузаронанд, яъне танҳо аз ҳисоби садақае, ки бародаре ба онҳо медиҳад, зиндагӣ мекунанд. Баъд аз ин дигар набояд пурсид, ки чаро уммати мусулмон имрӯз ба иззату бузургии пешинааш нарасидааст, зеро ҷавоб равшан аст: касоне, ки бояд дастгирӣ ва пуштибонӣ мешуданд, дар фақру тангдастӣ мондаанд. Бале, ҳамон шахсе, ки ба ту меомӯзонад чӣ гуна дар охират наҷот ёбӣ, худ бо нону об зиндагӣ мекунад, дар ҳоле ки дар хонаи ту даҳҳо навъи ғизо ва шириниҳо мавҷуд аст. Бисёриҳо ҳолати ин толибилмонро намебинанд, зеро зиндагии онҳоро аз наздик намедонанд. Онҳо танҳо барои пурсидани саволе ба устодашон менависанд, аз илмаш баҳра мегиранд, вале баъдан ҳатто устодашонро ба ёд намеоранд. Ман шахсан чунин толибилмони зиёдеро дидаам. Аммо онҳо фақру эҳтиёҷи шадиди худро пинҳон медоранд, зеро агар аз мардум кӯмак бихоҳанд, баъзеҳо хоҳанд гуфт: «Динашро ба хотири пул мефурӯшад!» — Канал 🕯https://t.me/darul_ikhva

  • ВАСИЛА - ТАВАССУЛ (1) Мавзӯи васила (тавассул) имрӯз аз масъалаҳои баҳсбарангез ба шумор меравад. Дар ин бора миёни аҳли Ислом назарҳои гуногун вуҷуд дорад ва ҳар гурӯҳ барои назари худ далелҳое пеш меорад. Аз ин рӯ, лозим аст, ки ин масъаларо бо диққат ва тафсил бишнавед. Дар бораи ин масъала 4 ояти Қуръон ва 10 ҳадис зикр хоҳанд шуд. ВАСИЛА ПАНҶ СУРАТ ДОРАД: 1. Сурати аввал: Инсон дуоро танҳо аз Аллоҳ талаб кунад, вале чунин бигӯяд: «Эй Аллоҳ! Ин дуои маро ба баракати (ё ба ҳурмати) Паёмбарат қабул фармо.» Ин кор ҷоиз аст, аммо набояд ба одати доимӣ табдил дода шавад, зеро чунин тарз танҳо дар чанд ҳадис омадааст. Дар ҳоле ки дар тамоми дуоҳое, ки дар Қуръон ва ҳадис зикр шудаанд, воситае баён нашудааст ва дуо мустақиман аз Аллоҳ талаб шудааст. 2. Сурати дуюм: Инсон амали солеҳе анҷом диҳад ва ҳамон амали неки худро василае барои баланд шудани дараҷаҳои худ назди Аллоҳ қарор диҳад. Ин сурат дуруст аст ва Қуръони карим низ дар яке аз оятҳо ба он ташвиқ намудааст. 3. Сурати сеюм: Аз шахси зинда хоҳиш кунад, ки барояш дуо намояд; масалан бигӯяд: «Барои ман дуо кунед, то ин корам анҷом ёбад» ё «Барои ман дуо кунед, то Аллоҳ ин некиро насибам гардонад.» Ин кор дуруст аст ва дар ҳадисҳои зиёде омадааст, ки саҳобагони киром аз Паёмбар ﷺ хоҳиш мекарданд, ки барояшон дуо намояд. 4. Сурати чорум: Ба Паёмбар ё ба авлиё, чи дар замони зинда буданаш ва чи баъд аз вафоташ, бигӯяд: «Барои ман дуо кунед, то Аллоҳ ин корро анҷом диҳад». Ин сурат низ ҷоиз аст ва дар баъзе аз ҳадисҳо ворид шудааст. 5. Сурати панҷум: Аз ғайри Аллоҳ чизе талаб кунад ва бигӯяд: «Эй валӣ!» ё «Эй Паёмбар, ту дуои маро қабул кун». Ин сурат ҷоиз нест, зеро дархост аз ғайри Аллоҳ ба ҳисоб меравад ва чунин дархост ҷоиз нест. Далелҳои ҳар яке аз ин панҷ сурат дар идома зикр хоҳанд шуд.

  • Ҳар он касе, ки қарздор бошад, аз сахтиҳояш мондаю афкор бошад, ба мусибатҳо дучор шуда, пушташ пур аз бор бошад, аз ҳаёт хастаю дилгир бошад, дунё барояш танг ва рӯзҳояш торик бошад, пас саловот фиристода, истиғфор кунад. Агар дилаш пур аз ғаму дард бошад, аз фикри зиндагӣ сардарду бемор бошад, дарҳои ризқ пушидаю бекор бошад, пас саловот фиристода, истиғфор кунад. Саловоту истиғфор сирҳои зиёд ва таъсирҳои аҷиб доранд. 🪶Tolibilm Abu Umayr

  • اعتقادنامۀ جامی - رنگه.pdf

  • 13 июл.38712из RaaheFalaah

    اعتقادنامۀ جامی این کتاب منظومه‌ای که شامل اعتقادات اهل سنت و جماعت می‌باشد. تصنیف: مولانا نورالدین عبد‌الرحمن جامی به اهتمام: محمد ابراهیم تیموری لینک دانلود از آرشیو: https://archive.org/details/20260616_20260616_1215 لینک دانلود از تلگرام: https://t.me/RaaheFalaah/7266

  • 13 июл.3661из RaaheFalaah

    видео или голосовое, без подписи

  • Хидмати волидайн на танҳо фарз ва қарз, балки иззату шараф аст. Модоме, ки фурсат ҳаст, бешараф набош ! 🪶Tolibilm Abu Umayr

  • видео или голосовое, без подписи

  • 28 июн.46251из abdulloh_oqilzoda

    видео или голосовое, без подписи

  • видео или голосовое, без подписи

  • Баъд аз таслимият, даъвои ҳуррият карда, аз мазмун ва лавозими имон ва тавҳид дур зиста, умеди ҷаннат доштан, аҳмақӣ, ҷоҳилӣ ва ҷурми нобахшиданист. Ҳуррият баъд аз таслимият танҳо дар доира ва чорчӯбаи шаръ машруъ мебошад. Бо садои баланд "ҳуррият" ва "озодӣ" гуфта, қанатзанон аз ҳудуди шаръ хориҷ шудан, дар асл худро ба шайтон таслим карда, дар оғушаш нишастан аст. Бо баромадан аз ҳудуди шаръ, дар оғуши гарми ки нишастанатро фаромуш макун ! 🪶Tolibilm Abu Umayr

  • Дар шариат : Моли ту аз туст, моли ман аз ман аст. Дар тариқат : Моли ту аз туст, моли ман низ аз они туст. Дар ҳақиқат : Ин на моли ман аст ва на моли туст. Ин ҳама аз они Ӯст. Да маърифат : На ман ва на моли ман ҳаст ва на ту ва на моли ту ҳаст, танҳо Аллоҳ ҳаст. ( вуҷуди ҳақиқи вуҷуди Аллоҳ аст, боқи ҳамаги аз мумкинот иборат аст )

  • ➡️ Диққат! Рӯзаи рӯзи Ошуро! Рӯзаи рузи Ошуро рузи 25 -уми Июнь мебошад. Ин Рӯзро чи тавр бояд рӯза гирифт? Беҳтар аст, ки рузи 4 - ум ва 5 - ум, ва ё 5 - ум ва 6 -уми ин моҳро рӯза гирифт. Паёмбар ﷺ дар фазилати ин рӯз чунин фармудааст: 😷 وَصِيَامُ يَوْمِ عَاشُورَاءَ أَحْتَسِبُ عَلَى اللَّهِ أَنْ يُكَفِّرَ السَّنَةَ الَّتِي قَبْلَهُ. «Ман аз Аллоҳ умед дорам, ки ба воситаи рӯза доштани рӯзи Ошуро (Яъне Даҳуми Муҳаррам) Аллоҳ яксола гуноҳи моёнро мебахшад». (Муслим №1162). Шайх Муфти Муҳаммад Тақиӣ Усмонӣ 🇧🇼 мефармояд: «Мувофиқи тибқи яке аз ҳадисҳо беҳтар аст, ки рӯзаи рӯзи Ошуро-ро як рӯз пештар ё баъд аз рӯзи Ошуро як рӯзи дигар рӯза гирифта шавад. Яъне: 9-ум ва ,10-ум ва ё 10- ум ва 11-уми Ошуро (мутобиқ ба 24-ум ва 25-ум ва ё 25-ум ва 26-уми Июнь). Сабаби ин, чунон ки Паёмбар 🕋 фармудаанд, он аст, ки яҳудиён танҳо дар рӯзи Ошуро рӯза мегирифтанд ва Паёмбар 🕋 мехост рӯзадории мусалмониро аз яҳудиён ҷудо кунад. Аз ин рӯ, ба мусалмонон тавсия дод, ки рӯзи Ошуро ба рӯзадории рӯзи дигар илова кунанд». ▪️ «Моҳҳои исломӣ», (саҳ. 9). #ошуро ................................................ 🛡https://t.me/alhanafiya ✅️

  • 💬 СУОЛИ № 101 Савол: Саодатманд (хушбахт) кист? سَ: مَنِ السَّعِيدُ؟ جَ: اَلسَّعِيدُ هُوَ الْمُؤْمِنُ الصَّالِحُ الْقَائِمُ بِحُقُوقِ الْحَقِّ وَحُقُوقِ الْخَلْقِ، الْمُتَّبِعُ لِلشَّرِيعَةِ ظَاهِرًا وَبَاطِنًا، الْمُعْرِضُ عَنْ زَخَارِفِ هَذِهِ الدَّارِ،…

  • 💬 СУОЛИ № 101 Савол: Саодатманд (хушбахт) кист? سَ: مَنِ السَّعِيدُ؟ جَ: اَلسَّعِيدُ هُوَ الْمُؤْمِنُ الصَّالِحُ الْقَائِمُ بِحُقُوقِ الْحَقِّ وَحُقُوقِ الْخَلْقِ، الْمُتَّبِعُ لِلشَّرِيعَةِ ظَاهِرًا وَبَاطِنًا، الْمُعْرِضُ عَنْ زَخَارِفِ هَذِهِ الدَّارِ، فَهُوَ صَاحِبُ السَّعَادَةِ، وَمَنْ لَهُ الْحُسْنَى وَزِيَادَةٌ. نَسْأَلُهُ سُبْحَانَهُ أَنْ يُوَفِّقَنَا لِذَلِكَ وَيَجْعَلَنَا مِنَ السَّالِكِينَ فِي أَحْسَنِ الْمَسَالِكِ. وَالْحَمْدُ لِلَّهِ الَّذِي بِنِعْمَتِهِ تَتِمُّ الصَّالِحَاتُ، وَعَلَى أَشْرَفِ أَنْبِيَائِهِ أَزْكَى التَّحِيَّاتِ. Ҷавоб: «Хушбахт он мӯъмини солеҳест, ки ҳуқуқи Худо ва ҳуқуқи мардумро ба ҷо меорад, дар ошкору ниҳон аз шариат пайравӣ мекунад ва аз зебу зинатҳои фиребандаи ин дунё рӯй мегардонад. Чунин шахс соҳиби саодат аст ва барои ӯ неъмати некӯ ва зиёдат (дидори Парвардигор) муҳайё мебошад. Аз Худованди Поку Мутаъол мехоҳем, ки моро барои расидан ба ин мақом тавфиқ ато фармояд ва аз ҷумлаи касоне қарор диҳад, ки беҳтарин роҳи зиндагиро мепаймоянд. Ва ситоиш махсуси Худовандест, ки ба неъмати Ӯ корҳои шоиста ба анҷом мерасанд. Ва дуруду саломи беҳтарин бар баргузидатарин паёмбарони Ӯ бод». ➖➖➖➖➖➖ 🚩«Ал-ҷаваҳиру-л-каламияту фӣ изоҳи-л-ақидати-л-исламия».  (суол таҳти №101). ШАРҲ: Ҳақиқати хушбахтӣ (Саодат): ҳар як фарди мусалмони оқил бояд дар хотир дошта бошад, ки саодати ҳақиқӣ на дар молу мулки дунёст, балки дар имони комил, адои ҳаққи Худо (ибодат) ва ҳаққи бандагон (ахлоқу муомила) ва пойдорӣ дар шариат аст, ки дар охират боиси расидан ба ҷаннат аст. #ақидаи_исломи ➖➖➖➖➖➖ 💛𝚃.𝙼𝙴/𝙰𝙻𝙷𝙰𝙽𝙰𝙵𝙸𝚈𝙰

  • ПАГОҲ РӮЗА — фаромӯш макун! Аз ҳазрати Оиша (разияллоҳу анҳо) ривоят аст, ки фармуд: كَانَ النَّبِيُّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَتَحَرَّى صَوْمَ الِاثْنَيْنِ، وَالْخَمِيسِ. «Расули Акрам ﷺ ҳамеша рӯзи душанбе ва панҷшанберо рӯза мегирифтанд». 🚩Тирмизӣ №745. Аз Абу Ҳурайра ривоят аст, ки Паёмбар ﷺ фармуданд: تُعْرَضُ الْأَعْمَالُ يَوْمَ الِاثْنَيْنِ وَالْخَمِيسِ، فَأُحِبُّ أَنْ يُعْرَضَ عَمَلِي وَأَنَا صَائِمٌ. «Аъмол дар рӯзи душанбе ва панҷшанбе ба пешгоҳи Аллоҳ таоло пешниҳод мешаванд ва ман дӯст дорам, ки вақте ки аъмоли ман пешниҳод мешавад, дар ҳоли рӯза бошам». 🚩Тирмизӣ №747. Паёмбар ﷺ фармуданд: إِنَّ الدَّالَّ عَلَى الْخَيْرِ كَفَاعِلِهِ. «Ҳар ки ба кори неке раҳнамои ё ишора кунад, монанди касест, ки онро анҷом медиҳад». 🚩Тирмизӣ №2670. ..................................... 💛𝚃.𝙼𝙴/𝙰𝙻𝙷𝙰𝙽𝙰𝙵𝙸𝚈𝙰

  • 💬 СУОЛИ № 100 Савол: Нишонаҳои қиёмат кадомҳоянд? سَ: مَا أَشْرَاطُ السَّاعَةِ؟ جَ: أَشْرَاطُ السَّاعَةِ (الْعَلَامَاتُ الدَّالَّةُ عَلَى قُرْبِ قِيَامِهَا جِدًّا) أُمُورٌ مِنْهَا الدَّجَّالُ، وَهُوَ رَجُلٌ أَعْوَرُ يَخْرُجُ فِي خِفَّةٍ مِنَ الدِّينِ وَإِدْبَارٍ مِنَ الْعِلْمِ، وَيَدَّعِي الْأُلُوهِيَّةَ، وَيُظْهِرُ بَعْضَ الْعَجَائِبِ، وَيَتَّبِعُهُ مَنْ كَانَ ضَعِيفَ الْإِيمَانِ وَالْيَقِينِ. وَمِنْهَا ظُهُورُ دَابَّةٍ مِنَ الْأَرْضِ تُعَلِّمُ [تَسِمُ] النَّاسَ فِي وُجُوهِهِمْ، فَمَنْ كَانَ مُؤْمِنًا جَعَلَتْ لَهُ عَلَامَةً يُعْرَفُ بِهَا أَنَّهُ مُؤْمِنٌ، وَمَنْ كَانَ كَافِرًا جَعَلَتْ لَهُ عَلَامَةً يُعْرَفُ بِهَا أَنَّهُ كَافِرٌ، وَتُكَلِّمُ النَّاسَ بِأَحْوَالِهِمْ. وَمِنْهَا طُلُوعُ الشَّمسِ مِنَ الْمَغْرِبِ يَوْمًا مِنَ الْأَيَّامِ، وَيُنْسَدُّ حِينَئِذٍ بَابُ التَّوْبَةِ وَلَا يُقبَلُ مِنْ أَحَدٍ. وَمِنْهَا خُرُوجُ يَأْجُوجَ وَمَأْجُوجَ، وَهُمْ جِيلٌ مِنَ النَّاسِ أَكثَرُوا الفَسَادَ فِي الأَرضِ فِي الزَّمَنِ الْغَابِرِ. وَلَمَّا وَصَلَ إِلَى نَاحِيَتِهِمْ ذُو الْقَرْنَيْنِ شَكَا مِنْهُمْ جِيرَانُهُم إِلَيهِ، فَرَثَى لِحَالِهِمْ، وَكَانَ المُوَصِّلُ بَينَهُمْ مَضِيقٌ بَينَ جَبَلَيْنِ، فَبَنَى فِيهِ سَدًّا عَالِيًا جِدًّا مِن حَدِيدٍ، وَأَفرَغَ عَلَيهِ الرَّصَاصَ الْمُذَابَ، فَصَارَ سَدًّا مُحْكَمًا أَملَسَ لَا يَتَيَسَّرُ نَقبُهُ وَلَا الصُّعُودُ عَلَيْهِ. فَإِذَا حَانَ أَوَانُ خُرُوجِهِمُ انْفَتَحَ السَّدُّ بِسَبَبٍ مِنَ الْأَسْبَابِ، فَيَنْتَشِرُونَ فِي الْأَرْضِ وَيَكْثُرُ فَسَادُهُمْ فِي طُولِهَا وَالْعَرْضِ، فَيُلْجَأُ إِلَى مَوْلَاهُمْ فِي رَفْعِ شَرِّهِمْ وَضَرَرِهِمْ فَيُهْلِكُهُمْ وَيَقْضِي بِمَحْوِ أَثَرِهِمْ. وَمِنْهَا نُزُولُ عِيسَى عَلَيْهِ السَّلَامُ، وَذَلِكَ حِينَ مَا تَكْثُرُ فِي الْمُسْلِمِينَ الْفِتَنُ وَتَتَوَالَى عَلَيْهِمُ الْمِحَنُ، فَيَتَوَلَّى أُمُورَ هَذِهِ الْأُمَّةِ، وَيَكْشِفُ عَنْهُمْ كُلَّ مِلَّةٍ [غُمَّةٍ]، وَيَقْتُلُ الدَّجَّالَ، وَيُخَلِّصُ النَّاسَ مِنَ الْأَهْوَاءِ وَالْأَهْوَالِ. Ҷавоб: «Нишонаҳои қиёмат (яъне аломатҳое, ки ба биёр наздик шудани барпошавии он далолат мекунанд) воқеаҳое мебошанд, ки аз ҷумлаи онҳо Даҷҷол аст. Ва ӯ (Даҷҷол) марди якчашмае аст, ки дар замони сабук шумурдани дин ва рӯйгардонӣ аз илм мебарояд, даъвои худоӣ мекунад ва баъзе корҳои аҷибро нишон медиҳад. Ва касоне, ки имону яқинашон заиф аст, аз пайи ӯ мераванд. Ва аз ҷумлаи дигар нишонаҳо, баромадани ҷонваре (доббат-ул-арз) аз замин аст, ки ба чеҳраҳои мардум нишона мегузорад. Пас ҳар кӣ мӯъмин бошад, барояш нишонае мегузорад, ки бо он мӯъмин буданаш шинохта шавад ва ҳар кӣ кофир бошад, барояш нишонае мегузорад, ки бо он кофир буданаш дониста шавад; ва бо мардум дар бораи аҳволашон сухан мегӯяд. Ва аз ҷумлаи дигар нишонаҳо, ин рӯзе аз рӯзҳо аз мағриб (тарафи офтобнишин) дамидани офтоб аст, ки дар он вақт дари тавба баста мешавад ва аз ҳеҷ кас (тавба) қабул намегардад. Ва аз ҷумлаи дигар нишонаҳо, ин баромадани Яъҷуҷ ва Маъҷуҷ аст; онҳо гурӯҳе аз мардумонанд, ки дар замонҳои гузашта дар замин бисёр фасод мекарданд. Ва чун Зулқарнайн ба наздикии минтақаи онҳо расид, ҳамсоягонашон аз дасти онҳо ба ӯ шикоят карданд. Пас (Зулқарнайн) ба ҳоли онҳо раҳм кард; ва роҳи пайвасткунандаи байни онҳо дарае дар миёни ду кӯҳ буд. Пас дар он ҷо деворе (садде) бисёр баланд аз оҳан сохт ва бар рӯйи он сурби гудохта рехт. Дар натиҷа, он садди муҳкаму суфтае шуд, ки на сӯрох кардани он имкон дошт ва на боло баромадан бар он. Пас чун вақти баромадани онҳо бирасад, он садд бо сабабе аз сабабҳо кушода мешавад ва онҳо дар замин паҳн мегарданд ва фасодашон дар рӯйи замин зиёд мешавад. Пас (мардум) барои дафъ кардани шарру зарари онҳо ба Мавлои худ (Аллоҳ) паноҳ мебаранд ва Ӯ онҳоро ҳалок месозад ва асарашонро комилан маҳв мекунад. Ва аз ҷумлаи дигар нишонаҳо, ин фуруд омадани Исо (алайҳиссалом аз осмони дуюм) аст. Ва ин дар вақте хоҳад буд, ки фитнаҳо дар миёни мусалмонон зиёд шаванд ва балоҳо пайдарпай бар сарашон оянд. Пас ӯ корҳои ин умматро ба даст мегирад, ҳар ғамро аз онҳо дур месозад, Даҷҷолро мекушад ва мардумро аз ҳавову ҳавасҳо ва тарсу даҳшатҳо (бо изни Худованд) наҷот медиҳад». ➖➖➖➖➖➖ 🚩«Ал-ҷаваҳиру-л-каламияту фӣ изоҳи-л-ақидати-л-исламия».  (суол таҳти №100). #ақидаи_исломи ➖➖➖➖➖➖ 💛𝚃.𝙼𝙴/𝙰𝙻𝙷𝙰𝙽𝙰𝙵𝙸𝚈𝙰

  • ПАГОҲ РӮЗА — фаромӯш макун! Аз ҳазрати Оиша (разияллоҳу анҳо) ривоят аст, ки фармуд: كَانَ النَّبِيُّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَتَحَرَّى صَوْمَ الِاثْنَيْنِ، وَالْخَمِيسِ. «Расули Акрам ﷺ ҳамеша рӯзи душанбе ва панҷшанберо рӯза мегирифтанд». 🚩Тирмизӣ №745. Аз Абу Ҳурайра ривоят аст, ки Паёмбар ﷺ фармуданд: تُعْرَضُ الْأَعْمَالُ يَوْمَ الِاثْنَيْنِ وَالْخَمِيسِ، فَأُحِبُّ أَنْ يُعْرَضَ عَمَلِي وَأَنَا صَائِمٌ. «Аъмол дар рӯзи душанбе ва панҷшанбе ба пешгоҳи Аллоҳ таоло пешниҳод мешаванд ва ман дӯст дорам, ки вақте ки аъмоли ман пешниҳод мешавад, дар ҳоли рӯза бошам». 🚩Тирмизӣ №747. Паёмбар ﷺ фармуданд: إِنَّ الدَّالَّ عَلَى الْخَيْرِ كَفَاعِلِهِ. «Ҳар ки ба кори неке раҳнамои ё ишора кунад, монанди касест, ки онро анҷом медиҳад». 🚩Тирмизӣ №2670. ..................................... 💛𝚃.𝙼𝙴/𝙰𝙻𝙷𝙰𝙽𝙰𝙵𝙸𝚈𝙰

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ — tgindex