МАДРАСАИ ҲАНАФИЯ (official)
Статистика📌ДАРСҲОИ МО ДАР ТЕЛЕГРАММ: 📗 ФИҚҲИ АКБАР @Fiqhi_Akbar 📘 БОҒИ НАКӮКОРОН @BogiNakukoron 📔АЛИФБОИ АРАБӢ @muallimi_soni_tj 🎞️ ТАҶВИД @tajwid_tj 🕋 Ба сӯи Байтуллоҳ @Ba_sui_Baytulloh
- Последний пост
- 14 авг.
- Последнее чтение
- 14 авг.
- Постов за неделю
- 2
- Всего постов
- 22
- Тип
- открытый
- Язык
- tg
- В каталоге с
- 14 авг.
- 1/24сутки в ленте
- 30
- 1/48двое суток
- 34
- 1/72трое суток
- 37
Оценка по просмотрам недавних постов: пост набирает почти всё за первые сутки.
Посты
🌙 Пайғоми Ҷумъа | Афв, садақа ва фурӯтанӣ 🌙 عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رضي الله عنه، أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ ﷺ قَالَ: «مَا نَقَصَتْ صَدَقَةٌ مِنْ مَالٍ، وَمَا زَادَ اللَّهُ عَبْدًا بِعَفْوٍ إِلَّا عِزًّا، وَمَا تَوَاضَعَ أَحَدٌ لِلَّهِ إِلَّا رَفَعَهُ اللَّهُ» Аз Абу Ҳурайра رضي الله عنه ривоят аст, ки Расули Худо ﷺ фармуданд: «Садақа молро кам намекунад. Аллоҳ ба сабаби бахшиш бар иззати банда меафзояд. Ва ҳеҷ кас барои Аллоҳ фурӯтанӣ намекунад, магар ин ки Аллоҳ ӯро баландмартаба мегардонад.» 📚 Саҳеҳ Муслим (2588) 🪶 Шарҳи кӯтоҳ: Ин ҳадис се сифати бузурги мӯъминро баён мекунад: 🇸🇦 Садақа — сабаби кам шудани мол нест. Инсон набояд аз додани садақа тарсад, зеро баракати мол дар саховат ва кӯмак ба ниёзмандон аст. 🇸🇦 Афв — сабаби иззат аст. Бахшидани касе, ки ба инсон ситам кардааст, нишонаи заъф нест. Балки инсон бо бахшидан ба ризояти Аллоҳ наздик мешавад ва Аллоҳ иззати ӯро бештар мегардонад. 🇸🇦 Фурӯтанӣ — сабаби баланд шудани мартаба аст. Касе ки барои Аллоҳ такаббурро тарк мекунад ва бо мардум бо фурӯтанӣ муомила менамояд, Аллоҳ ӯро дар дунё ва охират баландмартаба мегардонад. 💡 Фоидаи ҳадис: ✅ Саховат баракат меорад. ✅ Бахшиш инсонро хор намекунад, балки иззат мебахшад. ✅ Фурӯтанӣ аз сифатҳои бандагони солеҳ аст. ✅ Мусалмон бояд ҳам ба мардум нафъ расонад ва ҳам аз кибру такаббур дурӣ ҷӯяд. 🤲 Аллоҳ моро саховатманд, бахшанда ва фурӯтан гардонад ва ба молу зиндагии мо баракат ато намояд. Омин.
💎 Ояте аз Қуръони карим بسم الله الرحمن الرحيم يَآأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِذَا نُودِيَ لِلصَّلَوٰةِ مِن يَوۡمِ ٱلۡجُمُعَةِ فَٱسۡعَوۡاْ إِلَىٰ ذِكۡرِ ٱللَّهِ وَذَرُواْ ٱلۡبَيۡعَۚ ذَٰلِكُمۡ خَيۡرࣱ لَّكُمۡ إِن كُنتُمۡ تَعۡلَمُونَ. Эй касоне, ки имон овардаед, ҳангоме ки дар рӯзи ҷумъа барои намоз азон гуфта шавад, ба сӯйи [намозу] зикри Аллоҳ таоло бишитобед ва хариду фурӯшро раҳо кунед. Агар бидонед, ин барои шумо беҳтар аст. (Сураи Ҷумъа ояти 9)
🌙 Пайғоми Ҷумъа | Ҳусни ахлоқ 🌙 🪶 Ҳусни ахлоқ аз вазнинтарин амалҳо дар тарозуи мӯъмин дар рӯзи қиёмат аст. عَنْ أَبِي الدَّرْدَاءِ رضي الله عنه، عَنِ النَّبِيِّ ﷺ قَالَ: «مَا مِنْ شَيْءٍ أَثْقَلُ فِي مِيزَانِ الْمُؤْمِنِ يَوْمَ الْقِيَامَةِ مِنْ حُسْنِ الْخُلُقِ، وَإِنَّ اللَّهَ لَيُبْغِضُ الْفَاحِشَ الْبَذِيءَ» Аз Абуддардо رضي الله عنه ривоят аст, ки Паёмбари Худо ﷺ фармуданд: «Ҳеҷ чизе дар тарозуи мӯъмин дар рӯзи қиёмат аз ҳусни ахлоқ вазнинтар нест. Ва ба дурустӣ, Аллоҳ шахси бадзабон ва бадрафторро дӯст намедорад (балки аз ӯ нафрат дорад).» 📚 Ривояти Тирмизӣ (2002) 🪶 Шарҳи кӯтоҳ: Ин ҳадис баён мекунад, ки ҳусни ахлоқ аз бузургтарин сабабҳои вазнин шудани тарозуи аъмоли мӯъмин дар рӯзи қиёмат мебошад. Ахлоқи нек танҳо табассум ё сухани хуб нест, балки он дар сабр, ростгӯӣ, амонатдорӣ, меҳрубонӣ, фурӯтанӣ, бахшиш ва муомилаи нек бо мардум зоҳир мегардад. Дар идомаи ҳадис Паёмбар ﷺ мефармоянд, ки Аллоҳ шахси фоҳиш ва бадзабонро дӯст намедорад. Яъне касе, ки суханони қабеҳ мегӯяд, мардумро дашном медиҳад, таҳқир мекунад ё бо забонаш дигаронро озор мерасонад, худро аз муҳаббати Аллоҳ маҳрум месозад. Мӯъмини ҳақиқӣ мекӯшад, ки забон, ахлоқ ва рафтораш пок бошад, зеро аз вазнинтарин аъмол дар рӯзи қиёмат аст. 💡 Фоида: ✅ Ҳусни ахлоқ аз вазнинтарин амалҳо дар тарозуи мӯъмин аст. ✅ Ахлоқи нек сабаби муҳаббати Аллоҳ ва муҳаббати мардум мегардад. ✅ Бадзабонӣ, дашном ва суханони қабеҳ аз сифатҳое мебошанд, ки Аллоҳ онҳоро дӯст намедорад. 🤲 Аллоҳ моро бо ахлоқи нек, мисли ахлоқи Паёмбари акрам ﷺ зинат диҳад ва забонҳои моро аз ҳар сухани ношоиста нигоҳ дорад. Омин.
💎 Ояте аз Қуръони карим. Аллоҳ таоло мефармояд: وَعِبَادُ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلَّذِينَ يَمۡشُونَ عَلَى ٱلۡأَرۡضِ هَوۡنࣰا وَإِذَا خَاطَبَهُمُ ٱلۡجَٰهِلُونَ قَالُواْ سَلَٰمࣰا. "Бандагони Худои раҳмон касоне ҳастанд, ки дар рӯи замин ба фурӯтанӣ роҳ мераванд. Ва чун ҷоҳилон ононро хитоб кунанд, ба мулоимӣ сухан гӯянд". (Сураи Фурқон ояти 63) 🪶 Шарҳи кӯтоҳи оят: Худованд дар ин оят сифати бандагони дӯстдоштаи Худ – бандагони Раҳмонро баён мекунад. Онҳо бо фурӯтанӣ ва хоксорӣ зиндагӣ мекунанд, аз такаббур ва худписандӣ дур ҳастанд. Рафтору гуфтори онҳо орому боадаб аст. Ҳар гоҳ инсонҳои нодон бо суханони дағал, таҳқир ё ҷанҷол ба онҳо муроҷиат кунанд, онҳо ҷавоби бад намедиҳанд. Балки бо сухани нек, мулоим ва ором посух мегӯянд ё аз баҳси беҳуда канорагирӣ мекунанд. Ин нишонаи ахлоқи баланд ва тақвои онҳост. 💡Фоидаҳо: ✅Фурӯтанӣ яке аз беҳтарин сифатҳои мӯъмин аст. ✅Ҷавоб додан бо нармӣ метавонад ҷанҷолро пешгирӣ кунад. ✅Худдорӣ аз баҳсҳои беҳуда оромии дил ва ризояти Худоро ба даст меорад. ✅Ахлоқи нек инсонро назди мардум ва назди Худованд гиромӣ мегардонад. 💡 Дарси оят: Мӯъмин бояд дар ҳар ҳолат ахлоқи некро нигоҳ дорад. Ҳатто агар бо суханони бад рӯ ба рӯ шавад, бо сабр, ҳикмат ва сухани нек ҷавоб диҳад, зеро ин аз сифати бандагони дӯстдоштаи Худованди Раҳмон аст.
💎 🌙 Пайғоми Ҷумъа | Амонатдорӣ 🌙 🪶 Амонатдорӣ яке аз бузургтарин сифатҳои мусалмон аст. Бо он ҷомеа обод мегардад ва эътимод миёни мардум пойдор мешавад. عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رضي الله عنه، أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ ﷺ قَالَ: «أَدِّ الْأَمَانَةَ إِلَى مَنِ ائْتَمَنَكَ، وَلَا تَخُنْ مَنْ خَانَكَ» Аз Абу Ҳурайра رضي الله عنه ривоят аст, ки Расули Худо ﷺ фармуданд: «Амонатро ба касе, ки ба ту амонат супурдааст, баргардон ва ба касе, ки ба ту хиёнат кардааст, хиёнат макун.» 📚 Ривояти Тирмизӣ (1264) 🪶 Шарҳи кӯтоҳ: ✅ Амонатдорӣ нишонаи имони комил ва ахлоқи нек аст. ✅ Мусалмон бояд дар мол, сухан, масъулият ва тамоми ҳуқуқи мардум амонатдор бошад. ✅ Ҳатто агар касе ба мо бадӣ ё хиёнат кунад, Ислом иҷозат намедиҳад, ки мо бо хиёнат ҷавоб диҳем. 💡 Фоида: Амонатдорӣ муҳаббат ва эътимодро миёни мардум зиёд мекунад ва соҳибашро назди Аллоҳ ва мардум азиз мегардонад. 🤲 Аллоҳ моро аз ҷумлаи амонатдорону росткорон гардонад. Омин.
🪶 Саволу ҷавоб ✅ Мавзӯъ: "Ҳукми ҷамъи никоҳ байни зан ва духтари тағоияш ё духтари амакаш чист?". 🎙️ Ровӣ: Устод Абдулкарим حفظه الله
💎 🌙 Пайғоми Ҷумъа | Ростгӯӣ ва росткорӣ 🌙 🪶 Ростгӯӣ аз бузургтарин ахлоқи мусалмон аст. Он инсонро ба некӣ роҳнамоӣ мекунад ва сабаби ризояти Аллоҳ мегардад. عَنْ عَبْدِ اللَّهِ بْنِ مَسْعُودٍ رضي الله عنه، أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ ﷺ قَالَ: «إِنَّ الصِّدْقَ يَهْدِي إِلَى الْبِرِّ، وَإِنَّ الْبِرَّ يَهْدِي إِلَى الْجَنَّةِ، وَإِنَّ الرَّجُلَ لَيَصْدُقُ حَتَّى يُكْتَبَ عِنْدَ اللَّهِ صِدِّيقًا... » Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд رضي الله عنه ривоят аст, ки Расули Худо ﷺ фармуданд: «Ба дурустӣ, ростгӯӣ ба некӣ роҳнамоӣ мекунад ва некӣ ба биҳишт мерасонад. Ва инсон ҳамеша рост мегӯяд, то он ки назди Аллоҳ аз ростгӯён навишта шавад... » (📚 Ривояти Бухорӣ (6094) (📚 Ривояти Муслим (2607) 🪶 Шарҳи кӯтоҳ: ✅ Ростгӯӣ аз нишонаҳои имони ҳақиқист. ✅ Ростгӯӣ эътимоди мардумро ба вуҷуд меорад ва дилҳоро ба ҳам наздик мекунад. ✅ Касе ки ҳамеша рост мегӯяд, назди Аллоҳ мақоми сиддиқ (ростгӯи бисёр) пайдо мекунад. 💡 Фоида: Ростгӯӣ сабаби оромии дил, баракати зиндагӣ ва наҷот дар дунё ва охират мебошад. 🤲 Аллоҳ моро аз ҷумлаи ростгӯён ва росткорон гардонад. Омин.
Одоби хӯрдан
💎 Ояте аз Қуръони карим إِنَّ الْمُبَذِّرِينَ كَانُوا إِخْوَانَ الشَّيَاطِينِ ۖ وَكَانَ الشَّيْطَانُ لِرَبِّهِ كَفُورًا Исрофкорон бо шайтонҳо бародаранд ва шайтон нисбат ба Парвардигораш ношукр буд. (Сураи Исро ояти 27) 🪶 Шарҳи кӯтоҳи оят Дар ин оят Аллоҳ таъоло исроф ва беҳуда сарф кардани неъматҳоро сахт мазаммат намуда, исрофкоронро ба шайтонҳо монанд кардааст. ✅ «Исрофкорон бо шайтонҳо бародаранд» — яъне касоне, ки молу неъматҳои Аллоҳро беҳуда, дар гуноҳ ё аз ҳад зиёд сарф мекунанд, дар ин амалашон ба шайтон пайравӣ менамоянд. Мурод аз «бародарӣ» монандӣ дар рафтор ва пайравӣ аз роҳи шайтон аст, на бародарии ҳақиқӣ. ❕❗️ «Ва шайтон нисбат ба Парвардигораш ношукр буд» — шайтон неъматҳои Аллоҳро қадр накард, аз фармони Ӯ сарпечӣ намуд ва куфрони неъмат кард. Исроф низ яке аз намудҳои ношукрӣ нисбат ба неъматҳои Аллоҳ мебошад. 💡 Дарси оят: Ислом мӯъминро ба сарфакорӣ, миёнаравӣ ва ҳифзи неъматҳои Аллоҳ даъват мекунад. Исроф, хоҳ дар мол, хоҳ дар хӯрок, нӯшокӣ, либос ё дигар неъматҳо, амали писандида нест. Мӯъмин бояд ҳар неъматро дар роҳи ҳалол ва бо эътидол истифода барад ва аз исрофу беҳудахарҷӣ парҳез намояд.
💡 #Саволу_ҷавоб ✅ Мавзӯъ: "Хуне, ки дар гушт ҳаст, агар дар либос расад бенамоз мекунад ё на?". 🎙️ Ровӣ: Устод Абдулкаримحفظه الله
🪶 #ҳикмате_аз_бузургон Луқмаи ҳалол — калиди қабули ибодатҳо Орифи бузург ва зоҳиди номдор, Иброҳим ибни Адҳам (раҳимаҳуллоҳ) мегӯяд: «أَطِبْ مَطْعَمَكَ، وَلَا عَلَيْكَ أَنْ لَا تَقُومَ بِاللَّيْلِ وَتَصُومَ بِالنَّهَارِ» «Хӯроки худро пок (ҳалол) кун, ва боке нест, ки шабҳо ба намоз нахезӣ ва рӯзҳо рӯза (нафл) нагирӣ». 💡 Маънои ҳикмат: Покии луқма ва ризқи ҳалол замина ва асоси қабули тамоми аъмол аст. Агар мусулмон худро аз ҳаром дур нигоҳ дорад, ҳатто бо ибодатҳои камтар, иҷрои фарзҳо ва камии навофил назди Аллоҳ мақоми баланд дорад, зеро асли диндори парҳезгорӣ аст. 📚 Манбаъ: «Ҳилят-ул-авлиё ва табақот-ул-асфиё».
💎 🌙 Пайғоми Ҷумъа | Беҳтарин инсонҳо 🌙 🪶 Ислом моро ба фоида расонидан ба мардум даъват мекунад. Арзиши инсон танҳо дар ибодатҳои шахсӣ нест, балки дар он аст, ки ба дигарон чӣ қадар манфиат мерасонад. عَنْ جَابِرِ بْنِ عَبْدِ اللَّهِ رضي الله عنه، أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ ﷺ قَالَ: «خَيْرُ النَّاسِ أَنْفَعُهُمْ لِلنَّاسِ» Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ رضي الله عنه ривоят аст, ки Расули Худо ﷺ фармуданд: «Беҳтарин мардум касест, ки барои мардум бештар фоида расонад». (📚 Ривояти Табаронӣ) 🪶 Шарҳи кӯтоҳ: ✅ Беҳтарин инсон касест, ки ба мардум хайр мерасонад. ✅ Кӯмак ба ниёзмандон, таълими илм, насиҳати нек ва бартараф кардани мушкилоти мардум аз беҳтарин амалҳоянд. ✅ Мусалмон бояд ҳар рӯз кӯшиш кунад, ки сабаби нафъ ва хайр барои дигарон бошад. 💡 Фоида: Ҳар амале, ки боиси осонии зиндагӣ, шодии дил ё ҳидояти инсон гардад, дар назди Аллоҳ арзиши бузург дорад. 🤲 Аллоҳ моро аз ҷумлаи бандагоне гардонад, ки барои мардум манфиатбахшанд. Омин.
💎 Ояте аз Қуръони карим Зеботарин шарҳи Ҳофиз Қуртубӣ (раҳимаҳуллоҳ) дар бораи он ки чаро Аллоҳ таъоло дунёро ба об монанд кардааст. Ҳофиз Қуртубӣ (раҳимаҳуллоҳ) ҳангоми тафсири ин оят: ﴿وَاضْرِبْ لَهُمْ مَثَلَ الْحَيَاةِ الدُّنْيَا كَمَاءٍ أَنْزَلْنَاهُ مِنَ السَّمَاءِ﴾ «Барои онҳо зиндагии дунёро мисол бизан, ки монанди обест, ки Мо аз осмон нозил кардем...» (Сураи Каҳф, ояти 45) чунин мефармояд: «Соҳибони ҳикмат гуфтаанд: Аллоҳ таъоло дунёро ба об монанд кардааст, зеро миёни онҳо чандин монандӣ вуҷуд дорад: ▪️ Об шакли доимӣ надорад, ҳамеша тағйир меёбад. Дунё низ ҳамеша дар як ҳол намемонад ва пайваста дигаргун мешавад. ▪️ Об мегузарад ва боқӣ намемонад. Дунё низ фонист; зуд сипарӣ мешавад ва барои касе ҷовидона намемонад. ▪️ Ҳеҷ кас ба об даромада наметавонад, магар он ки тар шавад. Ҳамчунин ҳеҷ кас дар дунё зиндагӣ намекунад, магар он ки ба мусибатҳо, озмоишҳо ва душвориҳои он гирифтор гардад. ▪️ Об агар ба андоза бошад, судманд аст ва боиси сабзиши гиёҳон мегардад. Аммо агар аз ҳад зиёд шавад, ба сел табдил ёфта, вайронкунанда ва ҳалокатовар мешавад. Ҳамчунин дунё: ба қадри зарурат ва эътидол судманд аст, вале агар инсон ба ҷамъоварии он аз ҳад зиёд машғул гардад ва дилбастаи он шавад, ба ӯ зарар мерасонад ва сабаби ҳалокати ӯ мегардад.» 📚 Манбаъ: Ҳофиз Қуртубӣ, «Ал-Ҷомиъ ли аҳкомил-Қуръон», тафсири ояти 45-уми сураи «Каҳф».
💎 Ояте аз Қуръони карим بسم الله الرحمن الرحيم قَالَ رَبِّ أَنَّىٰ يَكُونُ لِي غُلَامٌ وَقَدْ بَلَغَنِيَ الْكِبَرُ وَامْرَأَتِي عَاقِرٌ ۖ قَالَ كَذَٰلِكَ اللَّهُ يَفْعَلُ مَا يَشَاءُ Гуфт: «Эй Парвардигори ман, чӣ гуна маро писаре бошад, дар ҳоле ки ба пирӣ расидаам ва занам нозост?» Гуфт; Ба он сон, ки Худо ҳар чӣ бихоҳад, мекунад». (Сураи Оли Имрон ояти 40) 🪶 Шарҳи кӯтоҳи оят Дар ин оят Аллоҳ таъоло дуои паёмбараш Закариё (алайҳиссалом)-ро ёдовар мешавад. Пас аз он ки фаришта ӯро ба таваллуди писаре бо номи Яҳё башорат дод, Закариё аз рӯи ҳайрат пурсид, ки чӣ гуна чунин чиз имкон дорад, дар ҳоле ки худ пир ва ҳамсараш нозост. ➡️ «Эй Парвардигори ман, чӣ гуна маро писаре бошад?» — ин савол аз рӯи шак ё инкор набуд, балки аз рӯи ҳайрат ва хоҳиши донистани чигунагии амалӣ шудани башорати Аллоҳ буд. ❕ «Дар ҳоле ки ба пирӣ расидаам ва занам нозост» — аз нигоҳи одат ва сабабҳои зоҳирӣ фарзанддор шудан барои онҳо ғайриимкон менамуд. ➡️ «Худо ҳар чӣ бихоҳад, мекунад» — ҷавоби фаришта нишон медиҳад, ки қудрати Аллоҳ ба сабабҳои оддӣ маҳдуд нест. Агар Ӯ чизеро ирода кунад, онро бе ҳеҷ монеа ба вуҷуд меорад. 💡 Дарси оят: Мӯъмин бояд ба қудрати бепоёни Аллоҳ комилан эътимод дошта бошад. Вақте ҳамаи сабабҳои зоҳирӣ аз байн мераванд, қудрати Аллоҳ ҳамоно боқӣ аст. Барои Ӯ ҳеҷ чиз номумкин нест ва ҳар гоҳ бихоҳад, аз ҷое ки инсон гумон надорад, роҳ ва неъмат ато мекунад.
🌙 Пайғоми Ҷумъа | Ҳилм ва худдорӣ 🌙 🪶 Аз беҳтарин ахлоқи мусалмон ҳилм (бурдборӣ) ва худдорӣ ҳангоми хашм аст. عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رضي الله عنه، أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ ﷺ قَالَ: «لَيْسَ الشَّدِيدُ بِالصُّرَعَةِ، إِنَّمَا الشَّدِيدُ الَّذِي يَمْلِكُ نَفْسَهُ عِنْدَ الْغَضَبِ» Аз Абу Ҳурайра رضي الله عنه ривоят аст, ки Расули Худо ﷺ фармуданд: «Паҳлавон он нест, ки дигаронро ба замин занад. Балки паҳлавони ҳақиқӣ касест, ки ҳангоми хашм худро идора карда тавонад». ( Ривояти Бухорӣ, 6114) ( Ривояти Муслим, 2609) 🪶 Шарҳи кӯтоҳ: ✅ Қувваи ҳақиқӣ дар нерӯи ҷисм нест, балки дар тавоноии идора кардани нафс аст. ✅ Ҳангоми хашм шайтон инсонро ба гуноҳ тела медиҳад. Аз ин рӯ, мусалмон бояд сабр ва ҳилмро пеша кунад. ✅ Касе, ки хашми худро фурӯ мебарад ва мебахшад, назди Аллоҳ мақоми бузург дорад. 💡 Фоида: Хонавода, дӯстӣ ва ҷомеа бо ҳилму сабр обод мешаванд, вале хашми беназорат бисёр вақт сабаби пушаймонӣ ва вайрон шудани муносибатҳо мегардад. 🧎♂ Аллоҳ моро аз ҷумлаи бурдборон ва соҳибони ахлоқи нек гардонад. Омин.
Аллоҳ ва фариштагонаш бар паёмбар салавот мефиристанд. Эй касоне, ки имон овардаед, бар ӯ салавот фиристед ва салом кунед, саломе некӯ. (Сураи Аҳзоб ояти 56)
🪶 Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ. 📖 Китоби «Ақидаи Таҳовӣ» — акнун дар Wildberries! 🪶 Оё мехоҳед ақидаи дурусти аҳли суннатро бо забони сода ва фаҳмо омӯзед? 📖 Китоби «Ақидаи Таҳовӣ» тарҷума ва шарҳи мухтасари матни машҳури Имом Абӯ Ҷаъфари Таҳовӣ буда, мавзӯъҳои асосии ақидаи исломиро бо далелҳои Қуръон ва Суннат баён мекунад. ✅ Забони тоҷикӣ, равон ва фаҳмо ✅ Муносиб барои ҳар як мусалмон ✅ Андозаи қулай — 34 саҳифа ✅ Барои мутолиаи шахсӣ ва тӯҳфа беҳтарин интихоб 📦 Ҳоло метавонед китобро дар Wildberries харидорӣ намоед! https://www.wildberries.tj/catalog/943795079/detail.aspx?size=1419793208 🤲Аллоҳ таъоло ин китобро сабаби афзоиши илм, таҳкими имон ва амали солеҳ барои ҳамаи хонандагон гардонад. Омин.
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ. #⃣ Китоби «Гуноҳони кабира» акнун дар Wildberries! Оё мехоҳед гуноҳони кабираро бишносед ва аз онҳо дурӣ ҷӯед? Китоби «Гуноҳони кабира»-и Имоми Заҳабӣ (раҳимаҳуллоҳ) акнун барои шумо дар Wildberries дастрас аст. 📖 Дар китоб: ✔️ Шарҳи гуноҳони кабира бо далелҳо аз Қуръон ва Суннат; ✔️ Бо забони тоҷикӣ, равон ва фаҳмо; ✔️ Барои ҳар як мусалмон. 🛒 Ҳозир метавонед онро аз Wildberries фармоиш диҳед ва дар кӯтоҳтарин муҳлат дастрас намоед. https://www.wildberries.tj/catalog/996183682/detail.aspx?size=1490279860 💡 Донистани гуноҳ сабаби дурӣ ҷустан аз он аст.
💎 Ояте аз Қуръони карим بسم الله الرحمن الرحيم كُلُّ نَفْسٍ ذَائِقَةُ الْمَوْتِ ۗ وَنَبْلُوكُمْ بِالشَّرِّ وَالْخَيْرِ فِتْنَةً ۖ وَإِلَيْنَا تُرْجَعُونَ Ҳар кас таъми маргро мечашад. Ва шуморо ба хайру шар меозмоем. Ва ҳама ба назди Мо бозмегардед. (Сураи Анбиё ояти 35) 🪶 Шарҳи кӯтоҳи оят Дар ин оят Аллоҳ таоло ҳақиқати бузурги зиндагиро баён мекунад: ҳар инсон рӯзе хоҳад мурд. Ҳеҷ кас аз марг наҷот намеёбад, хоҳ сарватманд бошад, хоҳ камбағал, хоҳ подшоҳ бошад, хоҳ шахси одӣ. ❕ «Ҳар кас таъми маргро мечашад» — марг поёни зиндагии дунё ва оғози зиндагии охират аст. Аз ин рӯ, инсон бояд барои мулоқот бо Парвардигораш омода бошад. ❕ «Шуморо ба хайру шар меозмоем» — Аллоҳ бандагонро ҳам бо неъматҳо, монанди саломатӣ, сарват ва фарзанд, ва ҳам бо сахтиҳо, монанди беморӣ, фақр ва мусибат меозмояд. Неъматҳо озмоишанд, ки оё инсон шукр мекунад ё не, ва мусибатҳо озмоишанд, ки оё сабр мекунад ё не. ❗️ «Ва ҳама ба назди Мо бозмегардед» — пас аз марг ҳамаи мардум назди Аллоҳ ҷамъ оварда мешаванд, то барои аъмоли худ ҳисоб диҳанд ва мувофиқи онҳо подош ё ҷазо гиранд. 💡 Дарси оят: Дунё ҷойи озмоиш аст, на ҷойи ҷовидона. Мӯъмин бояд дар вақти неъмат шукргузор ва дар вақти мусибат сабркунанда бошад ва ҳамеша ба рӯзи бозгашт назди Аллоҳ омода гардад.
💎 Ояте аз Қуръони карим Аллоҳ таоло мефармояд: إِنَّ الَّذِينَ يَأْكُلُونَ أَمْوَالَ الْيَتَامَىٰ ظُلْمًا إِنَّمَا يَأْكُلُونَ فِي بُطُونِهِمْ نَارًا ۖ وَسَيَصْلَوْنَ سَعِيرًا Онҳо, ки молҳои ятнмонпо ба ситам мехӯранд, шиками хеш пур аз оташ мекунанд ва ба оташе фурузон хоҳанд афтод! (Сураи Нисо ояти 10) 🪶 Шарҳи кӯтоҳи оят Дар ин оят Аллоҳ таоло аз яке аз бузургтарин гуноҳҳо ҳушдор медиҳад: хӯрдан ва тасарруф кардани моли ятим ба ноҳақ. ❗️ «Онҳое, ки молҳои ятимонро ба ситам мехӯранд» — яъне касоне, ки амволи ятимро бо фиреб, зӯрӣ ё хиёнат аз худ мекунанд ва ҳуқуқи онҳоро поймол месозанд. ❗️ «Ҳамоно дар шиками худ оташ мехӯранд🔥» — ин баён нишон медиҳад, ки ҳарчанд онҳо дар дунё мол мехӯранд, дар ҳақиқат оқибати он оташи 🔥 ҷаҳаннам аст. Ин таъбир барои нишон додани бузургии гуноҳ ва азоби сахти он омадааст. ❗️ «Ва ба оташи фурӯзон хоҳанд афтод» — яъне агар тавба накунанд ва ҳаққи ятимро барнагардонанд, дар охират ба азоби дарднок гирифтор хоҳанд шуд. 💡 Дарси оят: Ислом ба ҳифзи ҳуқуқи ятимон аҳаммияти бузург медиҳад. Моли ятим амонат аст ва дастдарозӣ ба он аз гуноҳони кабира мебошад. Мӯъмин бояд нисбат ба ятимон меҳрубон бошад, ҳуқуқи онҳоро ҳифз кунад ва аз ҳар гуна хиёнат дар амволи онҳо сахт парҳез намояд.