tgindex
Qalam.taj

Qalam.taj - Қаламе, ки ба роҳи рост ва ҳақ ишора мекунад.

Последний пост
1 июл.
Последнее чтение
15 авг.
Постов за неделю
0
Всего постов
20
Тип
открытый
Язык
tg
Категория
Языки (по похожим)
В каталоге с
14 авг.
Подписчики
228
мало замеров
Замеров пока мало
Сутки
0
0,00%
Неделя
 
Месяц
 
Просмотров на пост
468
20 постов
Вовлечённость
205,3%
к подписчикам
Постов в день
0,0
всего 20
Упоминаний
1
каналов
Охват размещения
оценка
1/24сутки в ленте
1/48двое суток
1/72трое суток

Оценка по просмотрам недавних постов: пост набирает почти всё за первые сутки.

Посты

  • نظرتُ في دواوين السنة والأثر فلا أعلم امرأةً صحابيةً ولا تابعيةً حرةً ذُكرت باسمها فلانة بنت فلان ثبت السند عنها صريحاً أنها تكشف وجهها للأجانب. «Ман китобҳои ҳадис ва осорро мутолиа кардам ва зане аз саҳобагон ё тобеъиёнро намедонам, ки озод бошад ва бо номи мушаххасаш (фалона духтари фалон) зикр шуда бошад ва бо санади саҳеҳ аз ӯ ба таври равшан собит гардида бошад, ки рӯяшро дар назди мардони бегона кушода мегузоштааст». – ШАЙХ АБДУЛАЗИЗ ИБНИ МАРЗУҚ АТ-ТАРИФӢ.

  • АЗ ШАРТИ ИҚТИДО ДАР НАМОЗ ИН НЕСТ, КИ МАЪМУМ АҚИДАИ ИМОМИ ХУДРО БИДОНАД Ё ӮРО ИМТИҲОН КУНАД. Абил-Иззи Ҳанафӣ мегӯяд: "Бо иттифоқи ҳамаи пешвоёни дин, барои шахс ҷоиз аст, ки пушти сари касе намоз бихонад, ки аз ӯ бидъат ё фисқеро намедонад. Ва аз шарти иқтидо ин нест, ки маъмум ақидаи имоми худро бидонад ё ӯро имтиҳон карда пурсад: «Эътиқоди ту чист?». Балки ӯ пушти сари касе намоз мехонад, ки ҳолаш пӯшида аст. Ҳатто агар пушти сари бидъатгузоре, ки мардумро ба бидъати худ даъват мекунад, ё фосиқе, ки фисқаш ошкор аст, намоз бихонад — дар сурате ки ӯ имоми доимӣ ва расмӣ бошад ва ғайр аз пушти сари ӯ имкони намоз хондан набошад, монанди имоми намози ҷумъа ва ду ид, ё имоми ҳаҷ дар Арафот ва монанди инҳо — маъмум пушти сари ӯ намоз мехонад. Ин амал назди аксари салаф ва халаф пазируфта шудааст". 📚Китоби «Шарҳу-л Ақидати-т Таҳовия» аз Садруддин Алӣ ибни Абил-Иззи Ҳанафӣ.

  • ФАЗИЛАТИ РӮЗАИ ТОСУЪО ВА ОШУРО Расули Аллоҳ ﷺ фармуданд: صِیامُ یَومِ عاشُورا أحتَسِبُ عَلَی اللهِ أن یُکَفِّرَ السَّنَةَ الَّتِی قَبلَهُ "Рӯзаи рӯзи Ошуроро ба умеди он мегирам, ки Худованд гуноҳони соли гузаштаро бибахшад". (Муслим 1162) 📅 Тосуъо: Чоршанбе, 24 июни соли 2026 (9-уми Муҳаррами 1448 ҳиҷрӣ). 📅 Ошуро: Панҷшанбе, 25 июни соли 2026 (10-уми Муҳаррами 1448 ҳиҷрӣ).

  • Аксари саҳобаҳо бо беш аз як зан издивоҷ карда буданд; баъзе аз онҳо ҳамзамон чанд ҳамсар доштанд ва баъзеи дигар издивоҷ мекарданд, сипас ҷудо мешуданд. Имом Бухорӣ аз Саид ибни Ҷубайр ривоят кардааст, ки гуфт: Ибни Аббос ба ман гуфт: Оё издивоҷ кардаӣ? Гуфтам: Не. Гуфт: Пас издивоҷ кун, зеро беҳтарини ин уммат касоне ҳастанд, ки занони бештар доранд. — ШАЙХ АБДУЛАЗИЗ ИБНИ МАРЗУҚ АТ-ТАРИФӢ.

  • Бархе аз уламои салаф гуфтаанд: «Мискинони аҳли дунё аз дунё берун рафтанд, дар ҳоле ки лаззатбахштарин чизи онро начашиданд». Гуфта шуд: «Лаззатбахштарин чизи он чист?» Гуфт: «Шинохти Аллоҳ, муҳаббати Ӯ, унс (оромишу дилбастагӣ) бо Ӯ ва шавқу иштиёқ ба дидори Ӯ».

  • АВВАЛИН ЧИЗЕ, КИ БАНДА АЗ АЪМОЛАШ БАРОИ ОН ҲИСОБ ДОДА МЕШАВАД Аввалин амале, ки банда барои он ҳисоб дода мешавад, намоз аст. Аз Aбӯҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ ﷺ фармуданд: أول ما يحاسب به العبد صلاته، فإن كان أكملها، وإلا قال الله عز وجل: انظروا لعبدي من تطوع، فإن وجد له تطوع. قال: أكملوا به الفريضة «Аввалин чизе, ки банда бо он ҳисоб карда мешавад, намозаш мебошад. Агар онро комил анҷом дода бошад, қабул мешавад. Ва агар камбудӣ дошта бошад, Аллоҳи Азза ва Ҷалла мефармояд: “Бингаред, оё бандаи Ман намозҳои нафлӣ дорад?” Агар нафлҳо дошта бошад, мефармояд: “Камбудии намозҳои фарзашро бо онҳо пур кунед”.» (Ривояти Насоӣ) Ибни Боз (раҳимаҳуллоҳ) гуфтааст: Яъне агар намози банда дуруст, устувор ва назди Худо мақбул бошад, ин аз сабабҳои қабул шудани дигар аъмоли ӯ мебошад. Аммо агар намозро зоеъ карда бошад ва намозаш дуруст набошад, ин аз сабабҳои барбод рафтани дигар аъмолаш мегардад. Намоз барои дигар аъмол мисли тарозу аст. Пас бар мӯъмин лозим аст, ки барои дуруст адо кардан, комил гардонидан ва ҳифзи намозаш кӯшиш намояд, то камбудие ба он роҳ наёбад. Тибӣ (раҳимаҳуллоҳ) гуфтааст: Зеро намоз модар ва асоси ҳамаи ибодатҳо мебошад ва дигар ибодатҳо аз он пайравӣ мекунанд. Намоз барои аъмоли инсон монанди дил барои ҷисми инсон аст: агар намоз дуруст бошад, дигар аъмол низ дуруст мешаванд ва агар намоз фасод ёбад, дигар аъмол низ фасод меёбанд.

  • "Ҳар касе, ки ҳисси солим ва ақли дурусте дорад, ки ба воситаи он тавонад миёни ҳаққу ботил фарқ гузорад ва ҳақро аз ноҳақ бишиносад, дар истидлол ва дарки ҳақоиқ ҳеҷ гоҳ ба қоидаҳо, истилоҳот ва равишҳои аҳли калом ва ҷидол ниёз надорад. Балки бисёр вақт маҳз ба сабаби ҳамин равишҳо гирифтори шакку шубҳаҳое мешавад, ки ӯро ба саргардонӣ, гумроҳӣ ва тардид меафкананд. Зеро тавҳид танҳо замоне судманд аст, ки қалби соҳиби он аз чунин чизҳо солим ва пок бошад; ва ин ҳамон «қалби салим» аст, ки дар рӯзи қиёмат ҷуз касе, ки бо чунин қалб ба пешгоҳи Аллоҳ биёяд, наҷот намеёбад". 📚Ибни Абил-Иззи Ҳанафӣ, «Шарҳу-л Ақидати-т Таҳовия».

  • 14 июн.1 48216

    "Беҳтарин неъмати аҳли ҷаннат дидани Рӯйи мубораки Аллоҳи Таборака ва Таъоло ва сухан гуфтани Ӯ бо онҳо мебошад. Пас инкор кардани он, дар ҳақиқат инкори рӯҳи ҷаннат ва болотарин неъмату фазилати он аст; ҳамон неъмате, ки ҷаннат барои аҳлаш ҷуз ба василаи он гуворо ва хуш намегардад". 📚Ибни Абил-Иззи Ҳанафӣ, «Шарҳу-л Ақидати-т Таҳовия».

  • Рӯзи сешанбеи гузашта Ҳайати мероси фарҳангии Арабистони Саудӣ эълон кард, ки дар чанд мавзеъи воқеъ дар вилояти Ал-Маҳд дар минтақаи Мадина 1774 осори нави бостонӣ кашф шудааст. Ин кашфиёт пас аз анҷоми ду мавсими корҳои таҳқиқотӣ ва бостоншиносӣ ба даст омада, аз гуногунрангии таърихие шаҳодат медиҳад, ки аз давраи аввали ислом то замонҳои хеле қадимро дар бар мегирад. Аз ҷумлаи бозёфтҳои сабтшуда, як навиштаи нодири рӯи санг мебошад, ки дар он чунин омадааст: الله ولي عمر بن الخطاب في الدنيا والآخرة لا إله إلا الله "Аллоҳ дар дунё ва охират ёру мададгори Умар ибни Хаттоб аст". "Нест ҳеҷ маъбуди бар ҳақ ҷуз Аллоҳ". Ҳайати мероси фарҳангӣ ин навиштаро яке аз шоҳидҳои ҷолиби бостонӣ вобаста ба таърихи ибтидоии Ислом арзёбӣ кардааст.

  • БАР ТОЛИБ ИЛМ ЛОЗИМ АСТ, КИ КАСБУ КОР КУНАД, ТО АЗ ФАЗЛУ КАРАМИ ХУДОВАНД РӮЗӢ БА ДАСТ ОВАРАД, БА КАСОНЕ, КИ ЗЕРИ ДАСТИ Ӯ ҲАСТАНД, НАФЪ РАСОНАД ВА ХУДРО АЗ НИЁЗМАНДӢ БА МАРДУМ НИГОҲ ДОРАД. Ибни Ҷавзӣ (Раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст: فعليك -ياطالب العلم- بالاجتهاد في جمع المال للغنى عن الناس؛ فإنه يجمع لك دينك! فما رأينا في الأغلب منافقًا في التديّن والتزهد والتخشع ولا آفة طرأت على عالم، إلا بحب الدنيا، وغالب ذلك الفقر. فإن كان من له مال يكفيه، ثم يطلب بتلك المخالطة الزيادة، فذلك معدود في أهل الشره، خارج عن حيز العلماء، نعوذ بالله من تلك الأحوال «Эй толиб илм! Бар ту бод, ки дар ҷамъ овардани моле, ки туро аз мардум бениёз гардонад, кӯшиш намоӣ; зеро ин кор дину илматро ҳифз мекунад. Мо дар аксари ҳолатҳо мунофиқиро дар диндорӣ, зоҳиднамоӣ ва хушӯъ нишон додан, инчунин офатеро, ки ба олиме расида бошад, ҷуз аз дӯст доштани дунё надидаем; ва сабаби асосии ин ҳолатҳо бештар фақр аст. Аммо агар касе моле дошта бошад, ки ӯро басанда бошад, вале бо вуҷуди ин тавассути омехтагӣ бо мардум ва корҳои дигар барои зиёда кардани сарват талош кунад, чунин шахс аз аҳли ҳарисӣ шумурда мешавад ва аз мақоми аҳли илм берун аст. Аз Аллоҳ аз чунин ҳолатҳо паноҳ мехоҳем». 📚КИТОБИ САЙИД-УЛ ХОТИР: 176 АЗ ИБНИ ҶАВЗӢ.

  • АБДУЛҲАМИД ИБНИ БОДИС (РАҲИМАҲУЛЛОҲ) МЕГӮЯД: «Ҳаёти ҳақиқӣ ҷуз бо илм нест ва илм танҳо бо омӯзиш ба даст меояд. Пас, ҳеҷ кас олим намешавад, магар ин ки омӯзанда (толиб) бошад. Ҳамчунин, ҳеҷ кас омӯзгор намегардад, магар ин ки пеш аз он омӯзанда буда бошад».

  • БАЪЗЕ ОДАМОН БАРОИ ҲАР ЧИЗ ОМОДАГӢ МЕГИРАНД... Барои сафар омодагӣ мегиранд ва нақша мекашанд. Барои издивоҷ омодагӣ мегиранд ва нақша мекашанд. Барои тиҷорат омодагӣ мегиранд ва нақша мекашанд. Барои ҳама чиз омодагӣ мегиранд... ҷуз барои марг. Дар ҳоле ки «марг» ягона чизест, ки қатъӣ ва яқинӣ аст, аммо дигар корҳо «шояд рух диҳанд ё надиҳанд». Ва ба сабаби омода набудан ба марг, пас аз он ногаҳониҳои зиёде пеш меоянд: дар қабр ва дар рӯзи ҳисобу китоб... – Д. АҲМАД ИБНИ МУҲАММАД АЛ-ХАЛИЛ

  • ҲУКМИ ҚИРОАТИ ҚУРЪОН ҲАНГОМИ ТАВОФ Молик ва Аҳмад қироати Қуръонро дар вақти тавоф макруҳ донистаанд, зеро аз Паёмбар ﷺ ва ёрони ӯ ривояте дар ин бора нарасидааст. Аммо Ибни Муборак, Имом Шофеӣ ва дигарон онро ҷоиз ва ҳатто мустаҳаб шуморидаанд. Аз Муҷоҳид ривоят шудааст, ки ӯ ҳангоми тавоф Қуръонро ба Усмон ибни Асвад қироат ва арз мекард. 📚КИТОБИ "СИФАТУ ҲАҶҶИ-Н НАБӢ: 153" АЗ АБДУЛАЗИЗ ИБНИ МАРЗУҚ АТ-ТАРИФӢ.

  • РӮЗИ АРАФА, РӮЗИ МАҒФИРАТИ ГУНОҲОН ВА ОЗОДӢ АЗ ДӮЗАХ ВА ИФТИХОР БА АҲЛИ АРАФОТ АСТ: Дар "Саҳиҳ"-и Муслим аз Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: ما مِن يَومٍ أكثَرَ مِن أن يُعتِقَ اللهُ فيه عَبدًا مِنَ النَّارِ مِن يَومِ عَرَفةَ، وإنَّه لَيَدنو ثُمَّ يُباهي بهِمُ المَلائِكةَ، فيَقولُ: ما أرادَ هؤلاء؟ "Ҳеҷ рӯзе нест, ки Аллоҳ дар он рӯз, бештар аз рӯзи Арафа бандаеро аз дӯзах озод кунад ва Ӯ ба онон наздик мешавад, сипас бо онҳо дар назди фариштагон ифтихор мекунад ва мегӯяд: Инҳо чӣ мехоҳанд?" Аз Ибни Умар ривоят шудааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: إنَّ اللهَ يُباهي بأهلِ عرفاتٍ ملائكةَ السماءِ ، فيقولُ: انظُروا إلى عبادي هؤلاءِ ، جاءوني شُعْثًا غُبْرًا "Аллоҳ таъоло дар бегоҳи рӯзи Арафа дар назди фариштагонаш ифтихор намуда мегӯяд: Ба бандагонам назар бикунед, ки парешонмӯй ва ғуборолуд омадаанд". [Ривояти Аҳмад 8047. Шайх Албонӣ ин ҳадисро саҳеҳ донистааст].

  • ИН РӮЗ, БАРОИ КАСОНЕ, КИ ДАР АРАФА ҚАРОР ДОРАНД, ИД АСТ: Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: إنَّ يومَ عرفةَ ويومَ النَّحرِ وأيَّامَ التَّشريقِ عيدُنا أَهْلَ الإسلامِ ، وَهيَ أيَّامُ أَكْلٍ وشربٍ "Рӯзи Арафа, рӯзи Қурбонӣ ва рӯзҳои ташриқ, иди мо мусулмонон аст. Ин рӯзҳо рӯзҳои хӯрдану нӯшидан аст". [Ҳадиси саҳеҳ. Ривояти аҳли сунан]. Аз Умар ибни Хаттоб ривоят аст, ки фармудааст: "Ояти (Имрӯз динатонро комил кардам) дар рӯзи ҷумъа ва рӯзи Арафа, нозил шудааст, ки шукри Аллоҳ ҳарду бароямон ид аст".

  • РӮЗИ АРАФА, РӮЗИ МУКАММАЛ ШУДАНИ ДИН ВА КОМИЛ ШУДАНИ НЕЪМАТ АСТ: Дар "Саҳиҳ"-и Бухорӣ ва "Саҳиҳ"-и Муслим аз Умар ибни Хаттоб (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки марде аз яҳудиён ба ӯ гуфт: Эй амири мӯъминон, ояте дар китоби шумост, ки онро мехонед. Агар бар мо яҳудиён нозил мешуд, мо он рӯзро ид қарор медодем. Гуфт: Кадом оят? Гуфт: الْيَوْمَ أَكْمَلْتُ لَكُمْ دِينَكُمْ وَأَتْمَمْتُ عَلَيْكُمْ نِعْمَتِي وَرَضِيتُ لَكُمُ الإِسْلاَمَ دِينًا "Имрӯз динатонро комил кардам ва неъмати худро бар шумо тамом намудам ва исломро ҳамчун дин бароятон интихоб намудам". [Моида: 3]. Умар гуфт: Он рӯз ва маконеро, ки дар он бар паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) нозил шуд, медонем. Дар ҳоле, ки паёмбар дар Арафа, дар рӯзи ҷумъа истода буд, (ин оят нозил шуд).

  • 24 мая1 6525

    ҲАММИ БУЗУРГТАРИНИ ХУДРО РИЗОИ АЛЛОҲ ВА АДОИ ҲАҚҚИ Ӯ ҚАРОР ДЕҲ ВА АЗ ОМЕХТАГИЕ, КИ САМАРАИ ҚАЛБАТРО АЗ БАЙН МЕБАРАД, ҲАЗАР КУН. Ибни Қайим (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар китоби "Фавоид"-и худ мегӯяд: Ҳар гоҳ банда субҳ ва шом кунад, дар ҳоле ки ҷуз Аллоҳ ҳеҷ ғаме надошта бошад, Аллоҳи Субҳонаҳу тамоми ҳоҷатҳои ӯро бар ӯҳда мегирад. Ҳар он чизеро, ки ӯро ғамгин мекунад, аз ӯ дур месозад ва қалбашро барои муҳаббати Худ, забонашро барои зикри Худ ва аъзояшро барои тоати Худ фориғ мегардонад. Ва агар субҳ ва шом кунад, дар ҳоле ки дунё ҳамму ғами ӯ бошад, Аллоҳ ғаму андуҳ ва сахтиҳои дунёро бар дӯши ӯ мегузорад ва ӯро ба худаш вомегузорад. Пас қалбашро аз муҳаббати Аллоҳ ба муҳаббати мардум машғул месозад, забонашро аз зикри Аллоҳ ба зикри мардум ва аъзояшро аз тоати Аллоҳ ба хизмати мардум ва корҳои онҳо саргарм мекунад. Пас ӯ монанди ҳайвонҳо барои хизмати ғайри Аллоҳ машаққат мекашад. Ҳар касе, ки аз бандагӣ, тоат ва муҳаббати Аллоҳ рӯй гардонад, ба бандагӣ, муҳаббат ва хизмати махлуқ гирифтор мешавад. Аллоҳи Таъоло фармудааст: وَمَنْ يَعْشُ عَنْ ذِكْرِ الرَّحْمَنِ نُقَيِّضْ لَهُ شَيْطَانًا فَهُوَ لَهُ قَرِينٌ “Ва ҳар кас аз ёди Аллоҳи меҳрубон рӯй гардонад, барои ӯ шайтоне вобаста мекунем, пас ӯ ҳамнишини вай хоҳад буд”. [Сураи Зухруф: 36]

  • ИБНИ АББОС (АЛЛОҲ АЗ Ӯ РОЗӢ БОД) ГУФТААСТ: ...وَكَانَ ابْنُ عُمَرَ وَأَبُو هُرَيْرَةَ يَخْرُجَانِ إِلَى السُّوقِ فِي أَيَّامِ العَشْرِ يُكَبِّرَانِ وَيُكَبِّرُ النَّاسُ بِتَكْبِيرِهِمَا "... ИБНИ УМАР ВА АБӮ ҲУРАЙРА (АЛЛОҲ АЗ ҲАРДУИ ОНҲО РОЗӢ БОД) ДАР (ДАВОМИ) ДАҲ РӮЗИ [ЗУЛ-ҲИҶҶА] БА БОЗОР МЕБАРОМАДАНД ВА ТАКБИР МЕГУФТАНД. МАРДУМ НИЗ БАРОБАРИ ТАКБИРИ ОНҲО ТАКБИР МЕГУФТАНД". 📚КИТОБИ "САҲЕҲ БУХОРӢ: 235" АЗ ИМОМ БУХОРӢ.

  • ФАТВОИ ОЛИМОНИ КУМИТАИ ДОИМӢ (АЛ-ЛАҶНАТУД-ДОИМА) БАРОИ КАСОНЕ КИ НИЯТИ ҚУРБОНӢ КАРДАН ДОРАНД: Олимони Кумитаи доимӣ чунин гуфтаанд: «Барои шахсе, ки нияти қурбонӣ дорад, бо пайдо шудани ҳилоли Зулҳиҷҷа машрӯъ аст, ки то анҷоми қурбонӣ аз мӯй, нохунҳо ва пӯсташ чизеро нагирад; ба далели он ки Ҷамоат (ба ғайр аз Бухорӣ) аз Умми Салама (р) ривоят кардаанд, ки Расули Аллоҳ (с) фармуданд: إذا رأيتم هلال ذي الحجة وأراد أحدكم أن يضحي فليمسك عن شعره وأظفاره "Вақте ҳилоли Зулҳиҷҷаро дидед ва касе аз шумо нияти қурбонӣ кардан дошт, пас аз гирифтани мӯй ва нохунҳояш даст нигоҳ дорад". Дар лафзи Абудовуд, Муслим ва Насоӣ чунин омадааст: من كان له ذِبح يذبحه فإذا أهل هلال ذي الحجة فلا يأخذنَّ من شعره ومن أظفاره شيئاً "Касе, ки ҳайвоне барои забҳ дорад, вақте ҳилоли Зулҳиҷҷа зоҳир шуд, то анҷоми қурбонӣ ҳаргиз аз мӯй ва нохунҳояш чизеро нагирад", хоҳ худаш онро забҳ кунад ва хоҳ дигареро барои забҳ вакил намояд. Аммо касе, ки аз номи ӯ қурбонӣ карда мешавад (аъзои оила), ин ҳукм ба ӯ дахл надорад, зеро дар ин бора далеле ворид нашудааст. Ин амалро эҳром намегӯянд, балки мӯҳрим касест, ки барои Ҳаҷ, Умра ва ё ҳарду нияти эҳром мебандад». [Китоби "Фатово-л-Ладжнатид-доима", ҷилди 11, саҳ. 397-398].

  • ШАХСЕ, КИ НИЯТИ ҚУРБОНӢ КАРДАН ДОРАД, АЗ ЧӢ ЧИЗҲО БОЯД ХУДДОРӢ КУНАД? Вақте ки дохил шудани моҳи Зулҳиҷҷа собит шавад ва шахсе бихоҳад қурбонӣ кунад, гирифтани чизе аз мӯйи бадан, кӯтоҳ кардани нохунҳо ва ё буридани чизе аз пӯсташ бар вай ҳаром мегардад. Аммо пӯшидани либоси нав, истифодаи ҳино ва атр, инчунин наздикӣ ва ҳамхобагӣ бо ҳамсараш манъ карда намешавад. ҲУКМ ТАНҲО БАРОИ СОҲИБИ ҚУРБОНӢ АСТ: Ин ҳукм танҳо ба шахсе дахл дорад, ки қурбонӣ мекунад, на ба дигар аъзои оилаи ӯ ва на ба касе, ки ӯро барои забҳи қурбонӣ вакил кардааст. Аз ин рӯ, ҳеҷ кадоме аз ин амалҳо барои ҳамсар, фарзандон ва вакили ӯ ҳаром нест. БАРОБАРИИ МАРД ВА ЗАН ДАР ИН ҲУКМ: Дар ин ҳукм байни мард ва зан фарқе нест. Агар зане бихоҳад аз номи худаш қурбонӣ кунад, хоҳ шавҳардор бошад, хоҳ не, аз гирифтани мӯйи бадан ва кӯтоҳ кардани нохунҳояш худдорӣ мекунад, зеро матнҳои воридшуда дар мавриди ин манъкунӣ умумӣ мебошанд. ИН АМАЛ «ЭҲРОМ» НОМИДА НАМЕШАВАД: Ин амалро «эҳром» наменоманд, зеро эҳром танҳо барои маносики Ҳаҷ ва Умра мебошад. Шахси мӯҳрим либоси эҳром мепӯшад ва аз истифодаи атр, ҳамхобагӣ ва шикор худдорӣ мекунад. Аммо ҳамаи ин амалҳо барои касе, ки баъд аз фаро расидани моҳи Зулҳиҷҷа нияти қурбонӣ кардан дорад, ҷоиз аст ва ӯ танҳо аз гирифтани мӯй, нохун ва пӯст манъ карда мешавад. ДАЛЕЛҲО АЗ ҲАДИС: Аз Умми Салама (разияллоҳу анҳо) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: إِذَا رَأَيْتُمْ هِلَالَ ذِي الْحِجَّةِ وَأَرَادَ أَحَدُكُمْ أَنْ يُضَحِّيَ، فَلْيُمْسِكْ عَنْ شَعْرِهِ وَأَظْفَارِهِ. «Вақте ҳилоли моҳи Зулҳиҷҷаро дидед ва касе аз шумо нияти қурбонӣ кардан дошта бошад, пас аз гирифтани мӯй ва нохунҳояш даст нигоҳ дорад». (Ривояти Муслим: 1977). Дар ривояти дигар омадааст: فَلا يَمَسَّ مِنْ شَعَرِهِ وَبَشَرِهِ شَيْئًا. والبشرة: ظاهر الجلد الإنسان. «Пас, ба мӯй ва пӯсти худ чизе (осебе) нарасонад». (Башара: яъне қабати зоҳирии пӯсти инсон).