📚أسرار العلماء📚
Статистикаالأخلاق والآداب من آثار السلف الصالح Ахлоқ ва одоб аз осори салафи Солеҳ.
- Последний пост
- 24 июл.
- Последнее чтение
- 15 авг.
- Постов за неделю
- 0
- Всего постов
- 20
- Тип
- открытый
- Язык
- tg
- Категория
- Религия (по похожим)
- В каталоге с
- 12 авг.
- 1/24сутки в ленте
- 67
- 1/48двое суток
- 76
- 1/72трое суток
- 82
Оценка по просмотрам недавних постов: пост набирает почти всё за первые сутки.
Посты
без подписи
Абдуллоҳ ибни Амр (разияллоҳу анҳу) гуфтааст: «Агар танҳо як нафар аз аҳли дӯзах ба ин дунё бароварда шавад, ҳамаи одамони рӯи замин аз даҳшати намуди ӯ ва аз шиддати бӯи бисёр бади ӯ ҷон хоҳанд дод.» 📚Манбаъ: китоби Ар-Риққату вал-буко аз Ибн Абуд-Дунё.
без подписи
“Барномаи дарсӣ” ки чандин муддатҳо барои толиб илмҳои диёри худамон кор карда, тартиб додам! Умеди дуо дорам 🤲🏻
Китоб:Тӯҳфаи арӯсу домод Формат: PDF ➡️@asrori_ulamo✅
#quron وَقَالَ الرَّسُولُ يَا رَبِّ إِنَّ قَوْمِي اتَّخَذُوا هَذَا الْقُرْآنَ مَهْجُورًا 📜Тарҷума: «Ва Паёмбар (Муҳаммад ﷺ) мегӯяд: “Эй Парвардигори ман! Ҳамоно қавми ман ин Қуръонро тарк карданд (ва аз он рӯй гардониданд).”»
لَيْسَ كُلُّ مَا يَلْمَعُ ذَهَبًا — Ҳар чизе ки медурахшад, тилло нест.
🔴🆕🔴 Аз Абу Мусои Ашъари 🇧🇳 ривоят аст, ки Расулаллоҳ 🕋 гуфт: Оё ман шумора бар калимае ки ганҷе аз ганҷҳои Ҷаннат аст далолат кунам ?? Гуфтам: Бале э Расули Худо , Бигу: (Ло Ҳавла Ва Ла Қуввата Илла Биллаҳ) متفق عليه
без подписи
Сари он мизе биншин, ки адаб мастат кунад, Аз муҳаббат лаъл созад, аз карам тиллот кунад Ё ба ин тарз : Сари он мизе биншин, ки адаб мастат кунад, На он мизе , ки мисли шароб пастат кунад Инсонро на чойи нишаст, балки мухити атрофаш месозад. Бо одамоне биншин, ки туро ба дониш, адаб ва инсоният наздик мекунанд, на бо касоне, ки вакт, обру ва арзишхои туро аз байн мебаранд.
без подписи
، من العوائل العلمية المعاصرة التي توارثت فيها أنوار الهدى والعلم : ١- (الوالد) الشيخ العلامة المحقق: محمد بن محمد عوامة الحلبي حفظه الله تعالى. ٢- (الابن) الأستاذ الدكتور: محيي الدين عوامة حفظه الله تعالى. ٣- (الحفيد) الأستاذ: محمد محيي الدين محمد عوامة حفظه الله. 📜 Аз ҷумлаи хонадонҳои илмии муосир, ки нуру ҳидоят ва донишро аз насле ба насли дигар ба мерос гузоштаанд: ▫️ Падар: шайх, алломаи муҳаққиқ Муҳаммад ибни Муҳаммад Аввома Ҳалабӣ — ҳафизаҳуллоҳ. ▫️ Писар: устод, доктор Муҳйиддин Аввома — ҳафизаҳуллоҳ. ▫️ Набера: устод Муҳаммад Муҳйиддин Муҳаммад Аввома — ҳафизаҳуллоҳ. Шайх Муҳаммад Аввома — ҳафизаҳуллоҳ — аз бузургтарин муҳаддисони даврони мо ба шумор меравад. Ӯ дар улуми ҳадис ва фанҳои вобаста ба он, аз ҷумла мусталаҳи ҳадис, ҷарҳ ва таъдил, соҳиби маҳорати баланд ва ҷойгоҳи вижа мебошад. Ин аллома дар таҳқиқ ва шинохти матнҳои ҳадис бисёр дақиқу талабгор буда, дар арзёбӣ ва ҳукм бар ҳадисҳо ва ровиёни онҳо адолат, инсоф ва умқи илми худро ба намоиш гузоштааст. Ба ҳамин сабаб, ӯ дар миёни аҳли илм ҳамчун ҳимоягари суннати Паёмбарﷺ ва аз хизматгузорони барҷастаи илми ҳадис шинохта мешава
без подписи
Марде аз Ҳузайфа (رضي الله عنه ) суол кард : Нифоқ чист ?? Ҳузайфа дар ҷавоб гуфт : Нифоқ ин аст ки , Аз Ислом сухан куни , Ва ба он амал накуни ….
без подписи
Имом Шайх Али Тантови ( رحمه الله ) менависад ки : «قرأتُ لأكثر من سبعين سنة، فما وجدتُ حكمةً أجمل من: إن مشقة الطاعة تذهب ويبقى ثوابها، وإن لذة المعاصي تذهب ويبقى عقابها.» «Беш аз ҳафтод сол мутолиа кардам, вале ҳикмате зеботар аз ин наёфтам: машаққати тоат мегузарад ва савоби он мемонад, лаззати гуноҳ мегузарад ва азоби он мемонад.»
Аллома Абдулҳайй ал-Лакнавӣ мефармоянд: الاشتغال بالجدال يورث قسوة القلب «Машғул шудан ба баҳсҳои беҳуда дилро сахт мекунад.» Маъно: Толиби илм бояд аз мунозираҳои беҳадаф ва ҷанҷолҳои илмӣ дурӣ ҷӯяд.
НАМУНАЕ АЗ БАЛАНДҲИММАТӢ ДАР РОҲИ ИЛМ! Устод Абулҳасан Алӣ Ҳасани Надвӣ (вафот: 1420 ҳ.) раҳимаҳуллоҳ гуфтааст: Шайх аллома Муҳаммад Закариё Кандеҳлавӣ (вафот: 1402 ҳ.) раҳимаҳуллоҳ пайваста ба омӯзиш ва таълиф машғул буд ва ҳеҷ чиз ӯро аз ин кор бознамедошт: на сармои зимистон, на гармои тобистон, на боронҳо, на рӯйдодҳои ғайричашмдошт ва на омадани меҳмонон, магар дар ҳолатҳои бисёр нодир. Худи шайх нақл мекунад: «Боре ба хотири омадани шайх Абдулқодир Ройпурӣ ё яке аз олимону машоихи ҳамсон бо ӯ, аз рӯи эҳтиром ба онҳо, кори доимии таълифамро муваққатан тарк кардам. Ногаҳон дарди саре ба ман расид. Аз онҳо иҷозат гирифта, ба хона даромадам ва андаке аз корҳои таълифӣ ва ҳошиянависиро анҷом додам. Сипас дубора назди меҳмонон баргаштам.» («Ал-Имом ал-Муҳаддис аш-Шайх Закариё ал-Кандеҳлавӣ ва маосируҳу-л-илмия», саҳ. 75)
без подписи
ХАТАРҲОИ ГУНОҲ Имом Ибни Ҷавзӣ (р) фармудааст: «Бидон — Худованд туро муваффақ гардонад — ки гуноҳон оқибати бисёр зишт ва анҷоми бисёр бад доранд. Гарчанде лаззати фаврии гуноҳон инсонро шод гардонад ҳам, аммо зарари ояндаи онҳо ҳатман мерасад. Баъзан ҳатто зарарашон зудтар зоҳир мешавад. Пас ҳар кас зиндагии поку хушро мехоҳад, бояд тақворо пешаи худ созад.» Китоб: Замм-ул-Ҳаво (ҷилди 1, саҳ. 185)