tgindex
Ашъору афкор

Ашъору афкор

Статистика
Последний пост
13 авг.
Последнее чтение
15 авг.
Постов за неделю
2
Всего постов
22
Тип
открытый
Язык
tg
В каталоге с
12 авг.
Подписчики
292
−1 за 2 дн.
Сутки
0
0,00%
Неделя
 
Месяц
 
Просмотров на пост
332
22 постов
Вовлечённость
113,7%
к подписчикам
Постов в день
0,3
всего 22
Упоминаний
1
каналов
Охват размещения
оценка
1/24сутки в ленте
82
1/48двое суток
93
1/72трое суток
101

Оценка по просмотрам недавних постов: пост набирает почти всё за первые сутки.

Посты

  • Ёри мардони Худо бош, ки дар киштии Нӯҳ, Ҳаст хоке, ки ба обе нахарад тӯфонро. Ҳофизи Шерозӣ

  • Гуфта будӣ дарди дил кун гоҳ бо ҳамсуҳбате, Ку рафиқи роздоре, ку дили пуртоқате?! Фозил Назрӣ

  • Лутфи беҳад арзиши меҳру вафоро бишканад, Ҳар матое аз фаровонӣ, баҳоро бишканад. Дастгирӣ гар кунӣ аз ҳар касе, ҳушёр бош, Кӯр агар бино шавад, аввал асоро бишканад. Ҳадду марзи хешро бо ҷону дил маҳфуз дор, Як таҷовузгар гаҳе ҷуғрофиёро бишканад. Гар қабои фохири шоҳон бипӯшад соиле, Шоҳ нахоҳад шуд, вале қадри қаборо бишканад. Алӣ Умронӣ

  • 10 авг.123131из azharzoveya

    Порае аз китоб Мо наметавонем одатҳои худро комилан аз байн барем, балки метавонем онҳоро бо одатҳои беҳтар иваз кунем. Ҳамчунин, одатҳо дар як шаб ба вуҷуд намеоянд ва дар як шаб ҳам тағйир намеёбанд ё аз байн намераванд. Барои иваз кардани ҳар як одат, машқ, сабру таҳаммул ва пайгирии доимӣ зарур аст. 📘 «Қудрати одат» (Чарлз Дуҳиг)

  • Дами ҷонбахши насими саҳариро дарёб, Пеш аз он к-аз нафаси халқ мукаддар гардад. Соиби Табрезӣ

  • Сар ба ҳам оварда дидам баргҳои ғунчаро, Иҷтимои дӯстони якдилам омад ба ёд. Соиби Табрезӣ

  • 7 авг.202191

    Афсӯс, ки мо оқибатандеш наем, Дорем либоси фақру дарвеш наем. Ин кибру манӣ ҷумла аз он аст, ки мо Қонеъ ба насибу қисмати хеш наем. Абӯсаиди Абулхайр

  • Илоҳӣ, адои шукри Туро ҳеҷ забон нест ва дарёи фазли Туро ҳеҷ канор нест ва сирри ҳақиқати Ту бар ҳеҷ кас аён нест. Ҳидоят кун бар ман раҳеро, ки беҳтар аз он нест. Ё Раб, зи роҳи рост нишоне хоҳам, Аз бодаи обу хок ҷоне хоҳам. Аз неъмати Худ чу баҳрамандам кардӣ, Дар шукргузорият забоне хоҳам. Абдуллоҳи Ансорӣ, “Муноҷотнома”.

  • То тавонӣ мегурез аз ёри бад, Ёри бад бадтар бувад аз мори бад. Мори бад танҳо туро бар ҷон занад, Ёри бад бар ҷону бар имон занад. Мавлоно

  • 23 июл.1 0451610

    Ҳар рӯз ман аз рӯзи пасин ёд кунам, Бар дарди гунаҳ ҳазор фарёд кунам. Аз тарси гуноҳи худ шавам ғамгин боз, Аз раҳмати Ӯ хотири худ шод кунам. Абдуллоҳи Ансорӣ

  • Мо захмитарин шохаи ин ҷангали хушкем, Теғу табаре нест, ки моро нашиносад. Саид Иброҳим Ҳусайнӣ

  • Чун мегузарад кор — чи осону чи сахт, В-ин як дами орият — чи идбору чи бахт. Чун ҷойи дигар ниҳод мебояд рахт, Наздики хирадманд чи тобуту чи рахт. Ансории Балхӣ

  • Эй воқифи асрори замири ҳама кас, Дар ҳолати аҷз дастгири ҳама кас. Аз ҳар гунаҳам тавба деҳу узр пазир, Эй тавбадеҳу узрпазири ҳама кас. Абдуллоҳи Ансорӣ

  • Ба тавофи Каъба рафтам, ба Ҳарам раҳам надоданд, Ки бурун дар чӣ кардӣ, ки даруни хона ойӣ?! Фахриддини Ироқӣ

  • 6 июл.458112

    Диле, к-аз маърифат нуру сафо дид, Зи ҳар чизе, ки дид, аввал Худо дид. Маҳмуди Шабистарӣ

  • без подписи

  • 3 июл.383101

    Ҳосили умр талаф кардаву айём ба лағв Гузаронида, ба ҷуз ҳайфу пушаймонӣ нест. Саъдиё, гарчи сухандону масолеҳ гӯйӣ, Ба амал кор барояд, ба сухандонӣ нест. То ба хирман бирасад кишти умеде, ки турост, Чораи кор ба ҷуз дидаи боронӣ нест. Гар гадоӣ кунӣ, аз даргаҳи Ӯ кун боре, Ки гадоёни дарашро сари султонӣ нест. Ё Раб, аз нест ба ҳаст омадаи санъи Туием, В-он чӣ ҳаст, аз назари илми Ту пинҳонӣ нест. Гар биронӣ в-агарам бандаи мухлис хонӣ, Рӯйи навмедиям аз Ҳазрати султонӣ нест. Ноумед аз дари лутфи Ту куҷо шояд рафт? Ту бибахшо, ки даргоҳи Туро сонӣ нест. Дасти ҳасрат газӣ, ар як дирамат фавт шавад, Ҳеҷат аз умри талафкарда пушаймонӣ нест. Саъдии Шерозӣ

  • Бибарӣ моли мусалмону чу молат бибаранд, Бонгу фарёд барорӣ, ки мусалмоне нест. Охире нест таманнои сару сомонро, Сару сомоне беҳ аз бесарусомонӣ нест. Он кас аз дузд битарсад, ки матое дорад, Орифон ҷамъ бикарданду парешонӣ нест. В-он киро хайма ба саҳрои фароғат задаанд, Гар ҷаҳон зилзила гирад, ғами вайронӣ нест. Як насиҳат зи сари сидқ ҷаҳоне арзад, Машнав ар дар суханам фоиди дуҷ-ҳонӣ нест... Саъдии Шерозӣ

  • Ҳазар аз пайравии нафс, ки дар роҳи Худой Мардумафкантар аз ин ғули биёбонӣ нест. Олиму обиду суфӣ ҳама тифлони раҳанд, Мард агар ҳаст, ба ҷуз орифи раббонӣ нест. Бо ту тарсам накунад шоҳиди рӯҳонӣ рӯй, К-илтимоси ту ба ҷуз роҳати нафсонӣ нест. Хона пургандуму як ҷав нафиристода ба гӯр, Барги маргат чу ғами барги зимистонӣ нест… Саъдии Шерозӣ

  • Рӯй, агарчанд паричеҳраву зебо бошад, Натавон дид дар ойина, ки нуронӣ нест. Шаби мардони Худо рӯзи ҷаҳонафрӯз аст, Равшанонро ба ҳақиқат шаби зулмонӣ нест. Панҷаи дев ба бозуи риёзат бишикан, К-ин ба сарпанҷагии зоҳири ҷисмонӣ нест. Тоат он нест, ки бар хок ниҳӣ пешонӣ, Сидқ пеш ор, ки ихлос ба пешонӣ нест... Саъдии Шерозӣ