tgindex
Шеър ва ғазал 🔵

Шеър ва ғазал 🔵

Статистика

Шеър ва ғазалиёти шоирони Классик ва муосири форсу тоҷик

Последний пост
11 авг.
Последнее чтение
15 авг.
Постов за неделю
0
Всего постов
20
Тип
открытый
Язык
tg
Категория
Картинки (по похожим)
В каталоге с
15 авг.
Подписчики
1 689
−1 за 3 дн.
Сутки
+2
+0,12%
Неделя
 
Месяц
 
Просмотров на пост
845
20 постов
Вовлечённость
50,0%
к подписчикам
Постов в день
0,0
всего 20
Упоминаний
4
каналов
Охват размещения
оценка
1/24сутки в ленте
388
1/48двое суток
444
1/72трое суток
479

Оценка по просмотрам недавних постов: пост набирает почти всё за первые сутки.

Посты

  • Гирифт хоҳам зулфайни анбарини туро, Ба бӯса нақш кунам барги ёсамини туро. Ҳар он замин, ки ту як раҳ бар ӯ қадам биниҳӣ, Ҳазор саҷда барам хоки он замини туро. Ҳазор бӯса диҳам бар сиҳои номаи ту, Агар бибинам бар муҳри ӯ нигини туро. Ба теғи ҳиндӣ, гӯ, дасти ман ҷудо бикунанд, Агар нигарам рӯзе ман остини туро. Агарчи хомуш мардум, ки шеър бояд гуфт, Забони ман ба равӣ гардад офарини туро! (Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ) https://t.me/gazaltj

  • 7 авг.38643из gazaltj

    Ман надонистам аз аввал, ки ту бемеҳру вафоӣ, Аҳд нобастан аз он беҳ, ки бубандиву напойӣ. Дӯстон айб кунандам, ки чаро дил ба ту додам, Бояд аввал ба ту гуфтан, ки «чунин хуб чароӣ?» Ай ки гуфтӣ «марав андар пайи хубони замона», Мо куҷоем дар ин баҳри тафаккур, ту куҷоӣ?! Он на хол асту занахдону сари зулфи парешон, Ки дили аҳли назар бурд, ки сиррест худоӣ. Парда бардор, ки бегона худ ин рӯй набинад, Ту бузургиву дар оинаи кӯчак нанамойӣ! Ҳалқа бар дар натавонам задан аз дасти рақибон, Ин тавонам, ки биёям ба маҳаллат ба гадоӣ. Ишқу дарвешиву ангуштнамойиву маломат, Ҳама саҳл аст, таҳаммул накунам бори ҷудоӣ. Рӯзи саҳрову самоъ асту лаби ҷӯю тамошо, Дар ҳама шаҳр диле нест, ки дигар бирабойӣ. Гуфта будам, чу биёӣ, ғами дил бо ту бигӯям, Чӣ бигӯям, ки ғам аз дил биравад, чун ту биёӣ! Шамъро бояд аз ин хона бадар бурдану куштан, То ба ҳамсоя нагӯяд, ки ту дар хонаи моӣ. Саъдӣ он нест, ки, ҳаргиз, зи камандат бигурезад, Ки бидонист, ки дар банди ту хуштар, ки раҳоӣ. Халқ гӯянд: «Бирав, дил ба ҳавои дигаре деҳ!» Накунам, хосса дар айёми Атобак дуҳавоӣ. (Шайх Саъдии Шерозӣ) …Ман надонистам аз аввал, ки ту бе меҳру вафои… https://t.me/gazaltj

  • Ба шамъи базм имшаб арз кардам хомаи худро, Ба бозуи пари парвона бастам номаи худро. Чу гул дар қулзуми хун зад маро савдои урёнӣ, Ба шохи шуъла охир паҳн кардам ҷомаи худро. Дар ин гулшан димоғам хушк шуд аз бӯйи навмедӣ, Кашидам дар гиребон, ғунчаосо, шомаи худро. Яке, баҳри Худо, нанҳодаӣ бар хок пешонӣ, Бизан, ай зоҳид, акнун бар замин аммомаи худро. Чу шамъ, ай Сайидо, аз ҳастии худ чашм пӯшидам, Ба як мижгон задан барҳам задам ҳангомаи худро. (Сайидои Насафӣ) https://t.me/gazaltj

  • 5 авг.1 42026

    Ҳазор сахтӣ агар бар ман ояд, осон аст, Ки дӯстию иродат ҳазорчандон аст. Сафар дароз набошад ба пои толиби дӯст, Ки хори дашти муҳаббат гул асту райҳон аст. Агар ту ҷавр кунӣ, ҷавр нест, тарбият аст, В-агар ту доғ ниҳӣ, доғ нест, дармон аст. На обрӯй, ки гар хуни дил бихоҳӣ рехт, Мухолифат накунам, он кунам, ки фармон аст. Зи ақли ман аҷаб ояд савобгӯёнро, Ки дил ба дасти ту додан хилоф дар ҷон аст. Ман аз канори ту дур уфтодаам, на аҷаб, Гарам қарор набошад, ки доғи ҳиҷрон аст. Аҷаб дар он сари зулфи муанбари мафтул, Ки дар канори ту хусбад, чаро парешон аст? Ҷамоате ки надонанд ҳаззи рӯҳонӣ, Тафовуте ки миёни давобу инсон аст, Гумон баранд, ки дар боғи ишқ Саъдиро Назар ба себи занахдону нори пистон аст. Маро ҳар оина хомӯш будан авлотар, Ки ҷаҳл пеши хирадманд узри нодон аст. Ва мо убаррию нафсӣ ва ло узаккиҳо, Ки ҳар чӣ нақл кунанд аз башар, дар имкон аст. (Саъдии Шерозӣ) https://t.me/gazaltj

  • Ҳосили коргаҳи кавну макон ин ҳама нест, Бода пеш ор, ки асбоби ҷаҳон ин ҳама нест. Аз дилу ҷон шарафи сӯҳбати ҷонон ғараз аст, Ғараз ин аст вагарна дилу ҷон ин ҳама нест. Миннати Сидраву Тӯбо зи паи соя макаш, Ки чу хуш бингарӣ, эй сарви равон, ин ҳама нест. Давлат он аст, ки бе хуни дил ояд ба канор, Варна бо саъю амал боғи ҷинон ин ҳама нест. Панҷ рӯзе, ки дар ин марҳала мӯҳлат дорӣ, Хуш биёсой замоне, ки замон ин ҳама нест. Бар лаби баҳри фано мунтазирем, эй соқӣ, Фурсате дон, ки зи лаб то ба даҳон ин ҳама нест. Зоҳид, эмин машав аз бодаи ғайрат зинҳор, Ки раҳ аз савмаа то дайри муғон ин ҳама нест. Дардмандии мани сӯхтаи зору низор Зоҳиран ҳоҷати тақриру баён ин ҳама нест. Номи Ҳофиз рақами нек пазируфт, вале Пеши риндон рақами суду зиён ин ҳама нест. (Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ) https://t.me/gazaltj

  • ДИЛИ БЕИШҚ Ҳар касе, ишқу муҳаббат набувад дар дили ӯ, Нест аз умр ба ҷуз меҳнату ғам ҳосили ӯ. Ҳар ки шуд раҳбари пайдои ҳақиқат зи азал, Бисириштанд зи саҳбои муҳаббат гили ӯ. Воқиф аз сирри ҳақиқат нашуд он роҳраве, Ки нашуд марҳамати пири муғон шомили ӯ. Бувад аз сирри муҳаббат касе огоҳ, ки ҳаст Гавҳари ганҷи ҳидоят ба дили қобили ӯ. Аз дами ҳазрати Ҳайрон ба сарои азамат Шамъи тавҳид шуд афрохта дар маҳфили ӯ. Ҳар к аз дашти таҳайюр ба саломат бигузашт, Ҳамчу Ҳайрон набувад ғайри Худо дар дили ӯ. Ин Ҳасанисму Ҳасанрасм чу дар киштии ишқ Ҷой бигзида, бувад баҳри фано соҳили ӯ. Саййиди солеҳаш омӯхта чун зикри салоҳ, Сари тавҳид кунад Рӯҳқудус нозили ӯ. Чун дар ин боби каромат сари худро бисупурд, Дар раҳи фикр шуд осон ҳамаи мушкили ӯ. Саййидаш бурд ба меъроҷи фанофиллоҳӣ, Чунки он восили Ҳақ бошаду ин восили ӯ. Гарчи Лоҳутии мо тифли раҳи фақр бувад, Ҳамчу пирони тариқ аст, ки шуд муқбили ӯ. (Абулқосим Лоҳутӣ) https://t.me/gazaltj

  • 14 июл.1 25064

    То нагиряд абр, кай хандад чаман? То нагиряд тифл, кай ҷӯшад лабан? Тифли якрӯза ҳамедонад тариқ, Ки бигирям, то расад дояй шафиқ. Ту намедонӣ, ки дояй доягон Кам диҳад бе гиря шир ӯ ройгон? Гуфт «фалябку касиран», гӯш дор, То бирезад шири фазли кирдгор. Гиряи абр асту сӯзи офтоб, Устуни дунё, ҳамин ду риштатоб. Гар набудӣ сӯзи меҳру ашки абр, Кай шудӣ ҷисму араз зафту ситабр? Кай будӣ маъмур ин ҳар чор фасл? Гар набудӣ ин тафу ин гиря асл. Сӯзи меҳру гиряи абри ҷаҳон Чун ҳамедорад ҷаҳонро хушдаҳон. Офтоби ақлро дар сӯз дор, Чашмро чун абр ашкафрӯз дор. Чашми гирён боядат, чун тифли хурд, Кам хӯр он нонро, ки нон оби ту бурд. (Порчае аз Маснавии Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ) https://t.me/gazaltj

  • 4 июл.1 752816

    ГУЛРУХСОР ҶОНИ МАН Ман дигар танҳо наям байни замину осмон, Ман дигар маҳзун наям бо хандаҳои ғамаён, Ман дигар нозир наям дар роҳи холии ҷаҳон, Ҷони ман, сад сол гар дер омадӣ, хуш омадӣ! Гар нагаштам ғарқ дар гирдоби чашми таҳкашат, Гар намурдам лаҳзаи дидор аз рўйи хушат, Зинда гаштам, балки аз хокистари беоташат, Гарчи то ман хаставу пир омадӣ, хуш омадӣ! Аз ҷаҳонгардӣ муродам дидани рўйи ту буд Шеъри ман чун орзуҳоям дуогўйи ту буд, Чашми ман аз чор сўйи зиндагӣ сўйи ту буд, То ба боғи хушки ҷон, борони ман, хуш омадӣ! Ҳеч кас чун ман наменозад таманнои туро, Ҳеч кас чун ман намебахшад гунаҳҳои туро, Ҳеч кас, ҳаргиз, нагирад дар ҷаҳон ҷойи туро, Ҷони ман, то ҳузну исён, роздон, хуш омадӣ! Бас тасаллои фиребо мубтало пардохтам, Ошиқона, сад тарона аз фасона бофтам, Хештанро кардаам гум то туро ман ёфтам, Ҷони ман, аз осмон то остон, хуш омадӣ. ( Гулрухсор) https://t.me/gazaltj

  • https://t.me/gazaltj

  • 2 июл.1 38038

    Гуфтам агар ба пирӣ расам тавба сар кунам, Хандид Аҷал сӯяму бар гур ишора кард. ( https://t.me/gazaltj

  • Манеҳ бар дили зор бори ҷаҳонро, Сабук соз бар шохи гул ошёнро. Фалакро матарсон ба оҳи дурӯғе, Ки аз тири каҷ нест парво нишонро. Ба занҷир девона наншинад аз по, Чӣ парвои мавҷ аст оби равонро. Нафас оташин кун ба тасхири гардун, Ки оташ кунад нарм пушти камонро. Ҳамин аст пайғоми гулҳои раъно, Ки ҳамкоса кун навбаҳору хазонро. Зи гавҳар диҳад луқмаат абри найсон, Агар чун садаф пок созӣ даҳонро. Чу шуд заҳр одат, музират набахшад, Ба марг ошно кун ба тадриҷ ҷонро. Ба ғайр аз зиён нест дар худфурӯшӣ, Агар суд хоҳӣ, бубанд ин дуконро. Бувад ғайбати халқ мурдорхорӣ, Бипардоз аз ин луқма кому забонро. Зи меъроҷи мансаб маҷӯ пойдорӣ, Ки бар ях бувад пой ин нардбонро. (Соиби Табрезӣ) https://t.me/gazaltj

  • без подписи

  • Моро санамо, бадӣ ҳаме пеш орӣ В-аз мо ту чаро умеди некӣ дорӣ? Рав, рав, ҷоно, ғалат ҳамепиндорӣ, Гандум натавон дуруд, чун ҷав корӣ. (Аз Қобусномаи У. Кайковус) https://t.me/gazaltj

  • без подписи

  • ДАР БАЁНИ ОН КИ У М Р Р О Б И К ОҲО Н А Д Умри мардумро бикоҳад панҷ чиз, Ед гираш, чун шунидй, ай азиз. Шуд яке з-он панҷ дар пирӣ ниёз, Пас ғариби в-он гаҳе ранҷи дароз. Ҳар кӣ ӯ бар мурда андозад назар, Умри у бешак, бикоҳад, ай писар. Панҷум омад тарсу ваҳм аз душманон, Умрро инҳо ҳама дорад зиён. Ҳар кӣ ӯ аз душманон тарсон бувад, Кори у ҳар лаҳза дигарсон бувад. Аз Худо тарсу матарс аз душманон, К-аз ҳама дорад Худоят дар амон. (Фаридуддини Аттор) https://t.me/gazaltj

  • 26 июн.63761из gazaltj

    Бинмой рух, ки боғу гулистонам орзуст, Бикшой лаб, ки қанди фаровонам орзуст. Ай офтоби ҳусн, бурун о даме зи абр, К-он чеҳраи мушаъшаъи тобонам орзуст. Бишнидам аз ҳавои ту овози табли боз, Боз омадам, ки соъиди султонам орзуст. Гуфтӣ, зи ноз: Беш маранҷон маро, бирав! Он гуфтанат, ки «беш маранҷонам» орзуст. В-он дафъи гуфтанат, ки «бирав, шаҳ ба хона нест», В-он нозу бозу тундии дарбонам орзуст. Дар дасти ҳар кӣ ҳаст, зи хубӣ қурозаҳост, Он маъдани малоҳату он конам орзуст. Ин нону обу чарх чу сел аст бевафо, Ман моҳиям, наҳангам, Уммонам орзуст. Яъқубвор воасафоҳо ҳамезанам, Дидори хуби Юсуфи Канъонам орзуст. Валлаҳ, ки шаҳр бе ту маро ҳабс мешавад, Оворагию кӯҳу биёбонам орзуст. З-ин ҳамраҳони сустаносир дилам гирифт, Шери Худову Рустами Дастонам орзуст. Ҷонам малул гашт зи Фиръавну зулми ӯ, Он нури рӯйи Мӯсии Имронам орзуст. З-ин халқи пуршикояти гирён шудам малул, Он ҳойҳую наъраи мастонам орзуст. Гӯётарам зи булбул, аммо зи рашки ом Муҳр аст бар даҳонаму афғонам орзуст. Дӣ шайх бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр, К-аз деву дад малуламу инсонам орзуст. Гуфтанд: Ёфт менашавад, ҷустаем мо, Гуфт: Он ки ёфт менашавад, онам орзуст. Ҳарчанд муфлисам, напазирам ақиқи хурд, Кони ақиқи нодири арзонам орзуст. Пинҳон зи дидаҳову ҳама дидаҳо аз ӯст, Он ошкорсанъати пинҳонам орзуст. Худ кори ман гузашт зи ҳар орзуву оз, Аз кону аз макон пайи армонам орзуст. Гӯшам шунид қиссаи имону маст шуд, Ку қисми чашм, сурати имонам орзуст. Як даст ҷоми бодаву як даст ҷаъди ёр, Рақсе чунин миёнаи майдонам орзуст. Мегӯяд он рубоб, ки мурдам зи интизор, Дасту канору захмаи Усмонам орзуст. Ман ҳам рубоби ишқаму ишқам рубобӣ аст, В-он лутфҳои захмаи Раҳмонам орзуст. Боқии ин ғазалро, ай мутриби зариф, З-ин сон ҳамешумор, ки з-ин сонам орзуст. Бинмой Шамси мафхари Табрез рӯ зи Шарқ, Ман ҳудҳудам, ҳузури Сулаймонам орзуст. (Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ-Балхӣ) https://t.me/gazaltj

  • чаро бояд мисраҳои шоири бузурги мо дар ватани шоир поймол шавад ??

  • 24 июн.693136из gazaltj

    Ту дигар ба пешвозам дами дар намебаройӣ, Ту дигар ба лаҳҷаи худ бари ман намесаройӣ: «Писари азизам омад, Писари ғазалнависам омад». Ту дигар наметавонӣ, ки миёни пиразанҳо Зи ман ифтихор созӣ ба ҳазору як таманно: «Писари азизам омад, Писари ғазалнависам омад». Ту дигар фирор кардӣ ба ҷаҳони сарду хомӯш, Ту дигар намекушоӣ ба наберагонат оғӯш, Ки диҳӣ дуои иқбол, Ки бибахшӣ неруи пару бол. Зи канори хок будӣ, ба канори хок рафтӣ, Зи деҳи Мазор будӣ, ба мазори пок рафтӣ, Шудӣ ёди ҷовидонӣ Ба мадори бемадори зиндагонӣ. Чу ба хонаат дароям, ҳама бӯйи дард ояд, Дили ман ба дард ояд зи хурӯҷи дардҳоят. Шунавам фиғони шабҳот Зи баҳамфишурда лабҳот. Чу ба ёд оварам ман ҳама он азоби ҷонат, Табу сӯзи устухонат, фалаҷи аҷалнишонат, Қаламам фалаҷ шавад зуд, Ҳама ҳастиям кунад дуд… Зи тавофи кулбаи ту дили ман зи ҳам бирезад, Ба ҳама ҷаҳон ситезад писари ғазалнависат, Ки куҷост модари ман, Ки куҷост модари диловари ман? Писари ғазалнависат акнун ғазали азо бигӯяд, Ғазале агар бигӯяд, ғазали туро бигӯяд, Ки куҷост модари ман, Ки куҷост давлати сари ман? Ту куҷоӣ модари ҷон? Паси дар намебаройӣ, Ва дигар ба шеваи худ бари ман намесаройӣ: «Писари азизам омад, Писари ғазалнависам омад…» Шодравон Лоиқ Шералӣ https://t.me/gazaltj

  • https://t.me/gazaltj

  • 22 июн.1 09464

    Пеши мо расми шикастан набувад аҳди вафоро, Аллаҳ-Аллаҳ, ту фаромӯш макун суҳбати моро. … پیش ما رسمِ شکستن نبود عهد وفا الله الله تو فراموش مکن صحبت ما را قیمت عشق نداند قدم صدق ندارد سست‌عهدی که تحمل نکند بار جفا را گر مُخَیَّر بکنندم به قیامت که چه خواهی دوست ما را و همه نعمت فردوس شما را گر سرم می‌رود از عهد تو سر بازنپیچم تا بگویند پس از من که به سر برد وفا را خنک آن درد که یارم به عیادت به سر آید دردمندان به چنین درد نخواهند دوا را باور از مات نباشد تو در آیینه نگه کن تا بدانی که چه بودست گرفتار بلا را از سر زلف عروسان چمن دست بدارد به سر زلف تو گر دست رسد باد صبا را سر انگشت تَحَیُّر بگزد عقل به دندان چون تأمل کند این صورت انگشت‌نما را آرزو می‌کندم شمع‌صفت پیش وجودت که سراپای بسوزند من بی سر و پا را چشم کوته‌نظران بر ورق صورت خوبان خط همی‌بیند و عارف قلم صنع خدا را همه را دیده به رویت نگرانست ولیکن خودپرستان ز حقیقت نشناسند هوا را مهربانی ز من آموز و گرم عمر نماند به سر تربت سعدی بطلب مهرْگیا را هیچ هشیار ملامت نکند مستی ما را قُل لِصاحٍ تَرَکَ النّاسَ مِن الوَجْدِ سُکاریٰ «سعدی» Пеши мо расми шикастан набувад аҳди вафоро, Аллаҳ-Аллаҳ, ту фаромӯш макун суҳбати моро. Қимати ишқ надонад, қадами сидқ надорад, Сустаҳде ки таҳаммул накунад бори ҷафоро. Гар мухайяр1 бикунандам ба қиёмат, ки чӣ хоҳӣ, Дӯст морову ҳама неъмати фирдавс шуморо. Гар сарам меравад, аз аҳди ту сар бознапечам, То нагӯянд пас аз ман, ки ба сар бурд вафоро. Хунук2 он дард, ки ёрам ба иёдат ба сар ояд, Дардмандон ба чунин дард нахоҳанд даворо. Бовар аз мот набошад, ту дар оина нигаҳ кун, То бидонӣ, ки чӣ будаст гирифтори балоро. Аз сари зулфи арӯсони чаман даст бидорад, Ба сари зулфи ту гар даст расад боди саборо. Сари ангушти таҳайюр бигазад ақл ба дандон, Чу тааммул кунад ин сурати ангуштнаморо. Орзу мекунадам шамъсифат пеши вуҷудат, Ки саропой бисӯзанд мани бесарупоро. Чашми кӯтаҳназарон бар варақи сурати хубон Хат ҳамебинаду ориф қалами сунъи Худоро. Ҳамаро дида ба рӯят нигарон аст, валекин Худпарастон зи ҳақиқат нашиносанд ҳаворо. Меҳрбонӣ зи ман омӯзу гарам умр намонад, Ба сари турбати Саъдӣ биталаб меҳргиёро. Ҳеч ҳушёр маломат накунад мастии моро, Қул ли соҳин тараканноса минал ваҷди сукоро. (Шайх Саъдии Шерозӣ ) https://t.me/gazaltj