ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱
Статистика- Последний пост
- 15 авг.
- Последнее чтение
- 15 авг.
- Постов за неделю
- 45
- Всего постов
- 58
- Тип
- открытый
- Язык
- tg
- В каталоге с
- 13 авг.
- 1/24сутки в ленте
- 408
- 1/48двое суток
- 467
- 1/72трое суток
- 504
Оценка по просмотрам недавних постов: пост набирает почти всё за первые сутки.
Посты
без подписи
Эй дӯст, дили дасти маро дасти ту ёфт, Дар марҳалае, ки даст дасте мекофт. Гармии дили дасти ту дар дасти дилам, Занҷираи пайванду ҷудоӣ мебофт. ОЗАРАХШ https://t.me/Xirad
ДАВОМИ ҲИКОЯ Ориф бо тааҷҷуб ва ҳасрат пурсид: - Вақте туро озурдам, дар рӯи қум навиштӣ, аммо ҳоло чаро дар рӯи санг менависӣ? Солеҳ табассум кард ва посух дод: - Вақте касе моро озор ва ранҷиш медиҳад, мо бояд онро дар рӯи қум бинависем, то шамоли бахшиш ва гузашт онро зуд рӯфта, аз миён барад. Аммо вақте касе ба мо некӣ ва меҳрубонӣ мекунад, мо бояд онро бар рӯи санг ҳакк кунем, то ҳеҷ шамоле натавонад онро аз хотираҳо бубарад. Ибрати ҳикоя он аст, ки дӯстии ҳақиқӣ дар он нест, ки дӯсти мо ҳеҷ гоҳ хато накунад, балки дар он аст, ки мо хатоҳои хурдро ба шамол супорему некиҳои калонро дар қалбамон абадӣ нигоҳ дорем. https://t.me/Xirad
ҲИКОЯИ "ИЗИ ПО ДАР ҚУМ ВА НАҚШ БАР САНГ"... Ду дӯсти ҷонӣ Солеҳ ва Ориф дар биёбони гарму сӯзон сафар мекарданд. Роҳ хеле дарозу халаловар буд ва аз хастагии зиёд миёни онҳо баҳси тунде сар зад. Дар рафти баҳс Ориф аз ғазаб ба рӯи Солеҳ шапотие зад. Солеҳ сахт ранҷид, аммо чизе нагуфт. Ӯ фақат оҳиста хамида, дар рӯи қуми биёбон навишт: "Имрӯз дӯсти беҳтарини ман ба рӯям шапотие зад..." Онҳо роҳро давом доданд ва билохира ба як воҳаи зебое расиданд, ки дар миёнааш ҳавзи пур аз об дошт. Дӯстон тасмим гирифтанд, ки оббозӣ карда, хастагии роҳро бароранд. Аммо ҳангоми оббозӣ пайи Солеҳ ба гили таҳхонаи ҳавз печид ва ӯ ба ғарақ шудан сар кард. Ориф бе андеша худро ба об андохта, ба эҳтимоли хатари ҷони худ, Солеҳро аз ғарқшавӣ наҷот дод. Вақте ки Солеҳ ба ҳуш омад ва оромона ба худ омад, тешаеро гирифта, дар рӯи санги бузурге навишт: "Имрӯз дӯсти беҳтарини ман ҷони маро наҷот дод..."
Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад, Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад. Чу меҳмони хароботӣ, ба иззат бош бо риндон, Ки дарди сар кашӣ, ҷоно, гарат мастӣ хумор орад. Шаби сӯҳбат ғанимат дон, ки баъд аз рӯзгори мо, Басе гардиш кунад гардун, басе лайлу наҳор орад. Иморидори Лайлиро, ки маҳди моҳ дар ҳукм аст, Худоро, дар дил андозаш, ки бар Маҷнун гузор орад. Баҳори умр хоҳ, эй дил, вагарна ин чаман ҳар сол, Чу насрин сад гул орад бору чун булбул ҳазор орад. Худоро, чун дили решам қароре баст бо зулфат, Бифармо лаъли нӯшинро, ки зудаш бо қарор орад. Дар ин боғ аз Худо хоҳад, дар ин пиронасар Ҳофиз, Нишинад бар лаби ҷӯеву сарве дар канор орад. Ҳофизи ШЕРОЗӢ https://t.me/Xirad
Имрӯз 15-уми август - Рӯзи ҷаҳонии дӯстони беҳтарин ва наздиктарин аст! Дӯстӣ яке аз боарзиштарин неъматҳои зиндагист. Дӯстони ҳақиқӣ онҳое мебошанд, ки дар сардиву гармии рӯзгор канори мо мемонанд, бо шодии мо меболанд ва дар лаҳзаҳои душвор дастгирамон мешаванд. Ин рӯзи фарахбахшро ба ҳамаи дӯстони азизу қадрдонамон табрик мегӯем! Сипосгузорем, ки шумо бо мо ҳастед ва бо ҳузури худ зиндагиро зеботар месозед. Имрӯз фурсати аҷибест ба дӯстонатон занг занед, дидор бубинед ва аз меҳру муҳаббати ҳамдигар лаззат бубаред! Дӯстони азиз! Ҳузури шумо зиндагиро зеботар, рӯзҳоро ширинтар ва дилҳоро гармтар месозад. Барои дӯстии самимӣ, меҳрубонӣ ва дастгириҳоятон аз шумо сипосгузорем. Бигзор дӯстии ҳақиқӣ ҳамеша пойдор, дилҳо пур аз меҳру муҳаббат ва роҳҳои зиндагӣ пур аз дӯстони вафодор бошад! Рӯзи дӯстӣ муборак, дӯстони азизу қадрдон! https://t.me/Xirad
Ассалому алайкум, ҳамватанон, ҳамзабонон ва ҳамзамонони азиз! Бигзор рӯзи наватон бо некӣ, оромӣ ва хушӣ оғоз гардад. Худованд имрӯзатонро пур аз комёбӣ, хушбахтӣ, файзу баракат ва кушоиши корҳо гардонад. Дуоҳоятон қабул ва орзую ниятҳоятон амалӣ шаванд. Дар хонадонатон ҳамеша тинҷиву осоиш, меҳру муҳаббат ва шодиву хурсандӣ ҳукмфармо бошад. СУБҲИ ЗЕБОЯТОН БА ХАЙР БОД! https://t.me/Xirad
Ё раб, ту гилам сириштаи ман чӣ кунам?! Пашму қасабам ту риштаи ман чӣ кунам?! Ҳар неку баде, ки аз ман ояд ба вуҷуд, Ту бар сари ман набиштаи ман чӣ кунам. Умари ХАЙЁМ https://t.me/Xirad
без подписи
ҒУРУРИ ПОДШОҲ ВА ДАРСИ ЗАНБӮРИ АСАЛ Рӯзе Ҳазрати Сулаймон (а) дар ҳаво бар тахти худ нишаста, ба мулки васеъ ва қудрати бузурге, ба Ӯ ато шуда буд, назар андохтанд. Дар дили эшон гузашт: - Оё дар ин ҷаҳон касе ҳаст, ки аз ман бештар меҳнат кунад ва кори бузургтар анҷом диҳад? Дар ҳамин ҳол, занбӯри хурде (ору) аз канори гӯши Ӯ парвоз карда гузашт. Ҳазрати Сулаймон (а) бо фармони худ занбӯрро нигоҳ дошта, аз ӯ пурсиданд: — Эй ҷонвари хурд, ту дар ин ҷаҳон чӣ кор мекунӣ, ки ин қадар саросема ва беоромӣ? Занбӯр бо хоксорӣ посух дод: — Эй Набии Худо, ман ва ҳамҷинсонам рӯзона фарсахҳо роҳро мепаймоем, ҳазорон гули гуногунро мебӯем, танҳо поктарину ширинтарин қатраҳои онро мечинем ва ба хонаи худ мебарем. Аз ин кӯшиши шабонарӯзӣ ва якдилона, Худованд ба мо тавфиқ медиҳад, ки барои инсонҳо асал — шаҳде мусаффо ва шифобахш созем. Ҳазрати Сулаймон (а) ба сурати хурди занбӯр нигоҳ карда пурсиданд: — Шумо шираи гулҳои талху шӯр ва ҳатто заҳрнокро ҳам мечашед. Чӣ гуна аст, ки он ҳама талхӣ дар шиками шумо ба асали ширин ва шифобахш табдил меёбад? Занбӯр гуфт: — Эй Паёмбари Худо, сири ин кор дар он аст, ки мо ҳангоми ҷамъоварии шираи гулҳо ва расидан ба ошёнаи худ, пайваста бар Муҳаммад ва оли Муҳаммад салавот мегӯем ва бо зикри Парвардигор кор мекунем. Ба баракати ин зикру дуруд аст, ки ҳама талхиҳои олам дар вуҷуди мо ба шириниву шифо табдил меёбанд. Ҳазрати Сулаймон (а) аз ин посухи пурҳикмат ва меҳнати содиқонаи як ҷонвари хурд мутаассир шуданд ва ба хулоса омаданд, ки қудрати ҳақиқӣ ва зебоӣ дар азамати тахт нест, балки дар хидмати пок, хоксорӣ ва зикри Парвардигор аст. Ин қисса нишон медиҳад, ки чӣ тавр занбӯри асал бо назофат, покӣ, якдилӣ ва зикри Илоҳӣ метавонад аз меваю гулҳои оддӣ бузургтарин шифоро барои одамиён тақдим созад. https://t.me/Xirad
ҲАМА ЧИЗ БА НЕКӢ АСТ ... Баъзан зиндагӣ шуморо ба роҳҳои ғайричашмдошт мебарад. Он вақт шояд ин вазъият бароятон душвор, нороҳаткунанда ё ноодилона намояд. Аммо бо гузашти вақт мефаҳмед, ки ин ҳам барои некӣ будааст. Шитоб накунед, сабр кунед. Ҳар як саҳифаи зиндагӣ маънои худро дар вақти муносиб ошкор мекунад. Некӣ - оинаи ахлоқи ҳамидаи инсонист! https://t.me/Xirad
БУХОРО - МЕҲВАРИ ДУРДОНАИ ШАРҚ Бухоро - меҳвари дурдонаи Шарқ, Бухоро - гавҳари афсонаи Шарқ. Бухоро - бурҷи қутби рӯйи дунёст, Бухоро - кишвари якдонаи Шарқ. Бухоро зевари тоҷи ҷаҳонӣ, Зӣ таърих баҳри мардум армуғонӣ! Ту будӣ асли лафзи модариям, Ту будӣ мабдаи шеъри дариям. Ту будӣ номаи таъриху фарҳанг, Ту будӣ шаъну тахти афсариям. Бухоро шаҳри ишқу ормонӣ, Ки гултоҷи зарини ҳамзабонӣ! Туӣ гулшираи лафзу садоям, Туӣ анвори ҳар ҳарфу ҳиҷоям. Туӣ гавҳораҷунбони забонам, Туӣ модарзамин баҳри Синоям. Бухоро шаҳри ҳам пиру ҷавонӣ, Ки рамзи Бӯйи ҷӯйи Мӯлиёнӣ! Бухоро сарпаноҳи шони миллат, Бухоро минбари виҷдони миллат. Ки то дам номи ӯ шӯҳрат биёрад, Бухоро обу хоку нони миллат. Сароғози макони ҳамзабонӣ, Замини поки халқи ҳамзамонӣ! ОЗАРМЕҲР 🌸 🌱 💮 🌿 🏵 🌺 🍂 🍃 🌷 🌱 🌸 https://t.me/Xirad
Оби Ҷайҳун аз нишоти рӯйи дӯст, Хинги моро то миён ояд ҳаме. Ай Бухоро, шод бошу дер зӣ, Мир наздат шодмон ояд ҳаме. Мир моҳ асту Бухоро осмон, Моҳ сӯйи осмон ояд ҳаме. Мир сарв асту Бухоро бӯстон, Сарв сӯйи бустон ояд ҳаме. Чун Рӯдакӣ бад-ин байт расид, амир чунон андӯҳгин гашт, ки аз тахт фуруд омад ва бе мӯза пой дар рикоб оварду рӯй ба Бухоро ниҳод. Аз «Чаҳор мақола»-и Низомии Арӯзии Самарқандӣ https://t.me/Xirad
Пас, сардорони лашкар ва бузургони давлат ба назди устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ рафтанд. Аз надимони подшоҳ хеҷ кас монанди ӯ мақбултар набуд. Гуфтанд: «Санъате бикунӣ, ки подшоҳ аз ин хок ҳаракат кунад, зеро дилҳои мо орзуи фарзандон ҳаме барад ва ҷони мо аз иштиёқи Бухоро ҳаме барояд». Рӯдакӣ қабул кард. Ӯ миҷози амирро мешинохт, рӯй ба назм овард ва қасидае бигуфт. Ба вақте ки амир хӯроки пагоҳӣ мехӯрд, ба наздаш даромад ва ба ҷои худ бинишаст ва чун мутрибон ҳозир буданд, чанг бигирифт ва дар пардаи «Ушшоқ» ин қасидаро оғоз кард: Бӯйи ҷӯйи Мулиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Ҳар яке чун Биҳишти аъло ва ҳар яке боғ ва бӯстони хурраме дошт. Зимистон дар он ҷо монданд. Чун баҳор даромад, аспонро ба Бодгис фиристоданд, лашкаргоҳро ба Молин, ба миёни ду ҷӯ бурданд. Чун тобистон даромад, меваҳо пухтанд. Амир Наср гуфт: - «Тобистон куҷо меравем, аз ин хуштар мақомгоҳе нест, Меҳргон меравем». Ва чун Меҳргон даромад, гуфт: «Меҳргони Ҳариро бихӯрем ва биравем» ва ҳамчунин фасле ба фасле меандохт, то чаҳор сол бо ҳамин аҳвол гузашт. Аз ин ҳол ҳама малул шуданд ва орзуи хонумон мекарданд. Подшоҳро диданд, ки дар сари ӯ ҳавасу ишқи Ҳарӣ бисёр аст ва дар аснои сухан Ҳариро ба Биҳишт монанд мекард ва ҳатто аз он ҳам бештар медонист. Баъд донистанд, ки амир нияти ин тобистон ҳам дар он ҷо мондан дорад.
ЭЙ БУХОРО, ШОД БОШУ ДЕР ЗӢ!... Чунин овардаанд, ки Наср бинни Аҳмад … зимистон дар пойтахт – Бухоро мақом мегирифт ва тобистон ба Самарқанд мерафт ё ба шаҳре аз шаҳрҳои Хуросон. Инак, як сол навбати шаҳри Ҳарӣ буд. Ҳавояш хуш буд ва боди сард ва меваҳо бисёр ва бӯиданиҳо фаровон ва лашкар аз баҳору тобистон истифодаи тамом ёфтанд… Меҳргон – тирамоҳ даромад, вале дер кашид ва сармо қувват накард ва ангур бағоят ширин расид ва ҳар яке аз дигаре латифтар ва лазизтар. Чун Наср бинни Ахмад Меҳргон ва меваҳои онро дид, азимаш хуш омад. Наргис расидан гирифт, аз кишмиш ганҷинаҳо пур карданд… Амир дар роҳ бо лашкар ба ду деҳае даромад, ки ӯро Ғypa ва Дарвоза мегуфтанд.
Сарвати зиёд инсонро аз ҳадди одамӣ бароварда ба ҳайвони ваҳшӣ табдил медиҳад. Агар майли одам ба танпарварӣ вусъат ёбад, қобилияти идроку фаҳмиш ва дониш мемирад. Абӯалӣ ибни Сино 🌸 🌱 💮 🌿 🏵 🌺 🍂 🍃 🌷 🌱 🌸 https://t.me/Xirad
Дил гарчӣ дар ин бодия бисёр шитофт, Як муй надонист, вале муй шикофт. Андар дили ман ҳазор хуршед битофт, В-охир ба камоли заррае роҳ наёфт. Абӯалӣ ибни Сино 🌸 💮 🌿 🏵️ 🌷 🍃 🥀 🌺 🌱 🌻 🌼 🍂 🌹 https://t.me/Xirad
Боғбон боз хоб рафт. Муш боз ӯро бедор кард. Ин кор чанд бор такрор шуд. Боғбон хеле асабонӣ шуд ва ба таъқиби муш давид. Муш қасдан ба тарафи хонаи худ давида, ба наздикии мор расид ва зуд ба сӯрохие даромада пинҳон шуд. Боғбон морро дид. Ӯ гумон кард, ки мор сабаби ин ҳама ташвиш аст. Боғбон ба мор ҳамла карда, ӯро кушт. Муш аз сӯрох баромад ва дид, ки хонаи ӯ аз мор халос шудааст. Муш фаҳмид, ки ақлу тадбир баъзан аз қувва ҳам қавитар аст. Хулоса, одами оқил пеш аз кор кардан фикр мекунад. Дар вақти душворӣ набояд ноумед шуд, балки бояд роҳи дурусти ҳалли мушкилро ҷуст. 🌸 💮 🌿 🏵️ 🌷 🍃 🥀 🌺 🌱 🌻 🌼 🍂 🌹 https://t.me/Xirad
АФСОНАИ «МУШ БО МОР» Як муш дар хонаи як марди бой зиндагӣ мекард. Хонаи ӯ дар назди боғи зебо буд. Муш дар он ҷо орому осуда зиндагӣ мекард. Рӯзе мори калон ба боғ омад. Ӯ хонаи мушро дид ва ба он даромада, ҳамон ҷо ҷой гирифт. Вақте муш ба хонааш баргашт, морро дид. Хеле тарсид ва ғамгин шуд. Ба назди модараш рафта, воқеаро нақл кард. Модар гуфт: - Писарам, мор хеле калон ва қавӣ аст. Мо наметавонем бо ӯ ҷанг кунем. Беҳтар аст, ки хонаи дигар ёбӣ. Аммо муш гуфт: - Не, модар! Ман намехоҳам хонаи худро тарк кунам. Ман роҳи дигар меёбам. Муш чанд рӯз роҳи халос шудан аз морро фикр кард. Рӯзе дид, ки мор зери дарахт хобидааст. Дар наздикии он ҷо боғбон низ хоб буд. Муш ба назди боғбон рафт ва ӯро аз хоб бедор кард. Боғбон аз хоб хест, вале муш зуд пинҳон шуд.