ЛОИК ШЕРАЛИ
СтатистикаДерзкий, гордый и необыкновенно талантливый лирик Лоик Шерали, к сожалению, умерший в 2000 году. Как говорил о нём Мирзо Турсун-заде, оберегавший поэта от всех житейских неурядиц, «это космонавт, запущенный к нам из будущего».
- Последний пост
- 30 июн.
- Последнее чтение
- 15 авг.
- Постов за неделю
- 0
- Всего постов
- 20
- Тип
- открытый
- Язык
- tg
- Категория
- Картинки (по похожим)
- В каталоге с
- 15 авг.
- 1/24сутки в ленте
- —
- 1/48двое суток
- —
- 1/72трое суток
- —
Оценка по просмотрам недавних постов: пост набирает почти всё за первые сутки.
Посты
Ҷавонмардони ту бас ноҷавонанд, Тавонмандони ту бас нотавонанд. Ало миллат чи сон ёбӣ раҳи рост, Ки бархе ҳаҷравонат каҷравонанд... #аксҳо #дубайтиҳо #loiqsherali #лоикшерали Telegram | VK | TikTok | Instagram | OK | YouTube | Twitter | SoundCloud | LiveJournal |
#loiqsherali #лоикшерали
Сӯҳбатҳои Гулрухсори Сафӣ, Шоири халқии Тоҷикистон дар маҳфили бузургдошти устоди раводшод Лоиқ Шералӣ дар Кохи Лоиқ #наворҳо #loiqsherali #лоикшерали Telegram | VK | TikTok | Instagram | OK | YouTube | Twitter | SoundCloud | LiveJournal |
#овозиустод Telegram | VK | TikTok | Instagram | OK | YouTube | Twitter | SoundCloud | LiveJournal |
Абдунабӣ Сатторзода, профессор: “Лоиқ касест, ки шеъри муосири тоҷикиро ба асолати азалияш баргардонд. Вай дар ин роҳ кӯшишҳои нотамоми устодон Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Ҳабиб Юсуфӣ ва Мирзо Турсунзодаро тамомӣ бахшид. Миёни шеъри кунунии тоҷикӣ ва осори мондагори Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Ҳофиз, Саъдӣ, Мавлавӣ, Соиб, Калими Кошонӣ ва Бедил пуле эҷод кард, миёнҷӣ шуд. Шоирони имрӯзаи тоҷик бо осори саромадони худ ошноӣ доштанд ва гоҳ-гоҳ аз он истифода ҳам мекарданд. Лекин Лоиқ нахустин фардест аз миёни эшон, ки ҷавҳари шеъри пешиниёнро барои муосиронаш кашф намуда, суннатҳои адабии онҳоро аз нав зинда гардонид – бо пайравиҳояш, бо илҳом гирифтанҳояш, бо офаридани «Ҷоми Хайём», «Илҳом аз «Шоҳнома», «Дафтари ғазалиёт», «Резаборон», бо забони тоҷикии ширадораш, бо ҳунари расои маъниофаринӣ ва тасвиргарияш. Вай дар воқеъ тавонист, ки «шеърҳои гуфтаву ногуфта»-и миллаташро, ба таъбири худаш, «боз гӯётар, боз бурротар, боз гиротар ва боз аълотар» бигӯяд”. Акбари Турсон: “Лоиқ ҷиҳати офаридани шеъри ғаноӣ (лирикӣ) ба дараҷаи баланди тахассуси шоирӣ расид, аз ҳаммаслаконаш касе пояи ўро надошт”. Фарзона, Шоираи халқии Тоҷикистон: "Баъзе афрод шояд барои он менўшанд, ки аз дарду ғами худашон андак раҳо шаванд, аммо дарду алами як миллат, ғами замину замон ва тамоми башар бар дўши устод Лоиқ буд".
Имрӯз устоди сухан, шоири шаҳири тоҷик Лоиқ Шералӣ зодрӯз дорад, ки дуруст ҳазор сол пас аз даргузашти Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба дунё омадааст. Ман баъди ҳама завол меоям боз, Чун мурғи хуҷастафол меоям боз. Гар баъди ҳазор сол ёдам бикунед, Аз баъди ҳазор сол меоям боз. Наворҳо: 1.Ифтихор 2.Устод Лоиқ Шералӣ дар бораи китобу китобхонӣ 3.Устод Лоиқ Шералӣ дар васфи Гулрухсор Сафиева. ш. Душанбе, соли 1997
Дар ин замона ба ҳар баҳона... #наворҳо Telegram | VK | TikTok | Instagram | OK | YouTube | Twitter | SoundCloud | LiveJournal |
ЗИНДАГӢ (4) Зиндагӣ хуршед дар боми ман аст, Зиндагӣ маҳтоб дар шоми ман аст. Зиндагӣ ёри гуландоми ман аст, Зиндагӣ Хайёми айёми ман аст. Гар набошад номам аз номи Ватан, Гар набошад хилқати ман сохтан, Гар насӯзам дар ғами шеъру сухан, Зиндагӣ андешаи хоми ман аст. Эй умеди зиндаи дил, зинда бош! Эй гули ишқи ҷавон, пурханда бош! Дар мани миранда сад оянда бош! Зиндагӣ парвози пайғоми ман аст. Гар набошад ишқи ту дар синаам, Гар набошад ёди ту ганҷинаам, Гар набошад чашми ту ойинаам, Зиндагӣ нафрину дашноми ман аст. Гар набошад ишқи ту пайдои дил, Чист дунё бе ғами дунёи дил? Бе тую бе ишқи ту? Эй вои дил! Зиндагӣ зиндони ман, доми ман аст. Карда ишқи ту ба дунё ошиқам, Бо ғами имрӯзу фардо ошиқам, Аз замин то осмонҳо ошиқам, Зиндагӣ сарҷӯши илҳоми ман аст. То туро мебинаму дил равшан аст, Барзахи дӯзах бароям маъман аст, То насиби ман туро бӯсидан аст, Зиндагӣ гулчини инъоми ман аст. Ошиқӣ ҳам санъати фарзонаҳост, Ҳар кӣ худро ёфт, алҳақ бефаност. То дилам лабрез аз сӯзу навост, Зиндагӣ осори иқдоми ман аст. Зиндагӣ бе мо раҳи берафтуост, Зиндагӣ бе мо шаби беинтиҳост. Зиндагӣ бе ишқ сад дарду балост, Зиндагӣ коми тую коми ман аст. Зиндагӣ гулшираи ҷоми ман аст, Зиндагӣ орому пидроми ман аст. Гарчи ҳам оғозу анҷоми ман аст, Зиндагӣ хушном аз номи ман аст! [25.05.1985] #шеърҳо #loiqsherali #лоикшерали Telegram | VK | TikTok | Instagram | OK | YouTube | Twitter | SoundCloud | LiveJournal |
* * * Ман ӯро мешиносам. Китоби ҳастии ӯро нахонда, Ба ҳаққи ӯ чӣ мебофед тӯҳматҳою бӯҳтонҳо? Агар донед, к-ӯ ҳам Як дили пурорзу дорад, Ҳамеша ҷустуҷӯ дорад, Намехондед ҳазёнҳо! Ман ӯро мешиносам. Ба назди мардум аз мардӣ Ҳамехандад ҳамеша, гар сарафроз асту гар сарпаст. Вале дар хилвати шабҳо, Миёни оташи табҳо, Газида аз ғазаб лабҳо Чӣ кӯдаквор мегиряд. Агар донад, ки мебинад касе Намегиряд, ки ин айб аст. Гуноҳи худ, бади худро Бигӯяд бо забони ҳол, Намегӯяд, ки мегӯянд мардум номи ӯ Маҷнун. Бигӯяд гар ту ёри ман, Ва ё ки ғамгусори ман, Ва ё асрордори ман, Маро гар дӯст медорӣ, сагамро ҳам навозиш кун! Чӣ ранҷонед, эй мардум, Чунин як тифли маъсумро? Гузоредаш, кунад дар ҳар куҷо бечорагияшро. Гараш бори гарон омад, Гараш бими хазон омад, Гараш аз содарасмӣ қисмати номеҳрубон омад, Маяфшоред, Маковедаш, ки созад бахти худ пайдо! Ман ӯро мешиносам, Надорад хандаи шайтон. Ба шаънаш кам бипардозед з-ин пас тӯҳмату бӯҳтон! [03.05.1965] #шеърҳо #loiqsherali #лоикшерали Telegram | VK | TikTok | Instagram | OK | YouTube | Twitter | SoundCloud | LiveJournal |
ДУХТАРИ РУСТОӢ Нарафтӣ ҷанг мисли духтари рус, Набастӣ захмҳои аскаронро. Накардӣ сила бо дастони нармат Сари аз тир маҷрӯҳи ҷавонро. Валекин андаруни номаи худ Фиристодӣ ба ӯ рӯмоли алвон, Ки дар рӯзи зафар бошад ба дасташ Ба мисли парчами сурхе парафшон. Тасалло додӣ, дилбардорӣ додӣ Варо дар номаҳои маҳрамона. Варо дар номаи худ бӯса кардӣ Ба он лабҳои пазмон ғоибона. Ба ҳангоми дарав шаббош рафтӣ, Ба хирманҷойҳо бедор хуфтӣ. Ба мисли гандуми пухта сари хам Ғаму тимори худ бо кас нагуфтӣ. Нигоҳи пурхуморат сӯи раҳ буд, Дилат дар чанги гургон буд аз ғам. Ҷавон будӣ, вале фасли муҳаббат Гарон омад, хазон оварду мотам. Ба хилватгоҳҳои дашту саҳро Ту мехондӣ: «Ҷавонам ман, ҷавонам... Илоҳӣ бишканад дасти камонсоз, Ки аз дасти камон бехонумонам». Забон меёфт гандумзори хомӯш, Ба сӯзат ҳамсадо мегашту ҳамдард, «Фалак аз рашки ҳусни офтобам Маро аз ёри дилбандам ҷудо кард». Сарак мечидию медидӣ гоҳе Сари ёрат чунон афтода дар хок. Сари кӯҳи баланд истода гоҳо Варо фарёд мекардӣ зи афлок. Ҷаҳони ту хамӯшу бенафас буд, Хамӯшияш чӣ даҳшат дошт, хоҳар! Ту нашнидӣ садои тиру таркиш, Вале дардаш туро обу адо кард. Набастӣ бар миёнат тирдоне, Нарафтӣ ҷанг мисли духтари рус. Ту бо худ ҷанг кардӣ, доштӣ пок Ба аскарбаччаи шайдот номус... [11.05.1966] #шеърҳо #loiqsherali #лоикшерали Telegram | VK | TikTok | Instagram | OK | YouTube | Twitter | SoundCloud | LiveJournal |
* * * Шукр гӯям зиндагиро бо ҳама ширину талх, Шукр гӯям зиндагиро бо ҳама неку бадаш. Шукр гӯям қисматамро бо ҳар он чӣ ҳасту нест, Шукр гӯям бахтро бо омаду ноомадаш. Шукр гӯям ҳар дарахтеро, ки бошад дубара, Шукр гӯям ҳар ниҳолеро, ки навгонӣ диҳад. Шукр гӯям ҳар сабоҳеро, ки хуршед аз уфуқ Пайки рӯзи нав зи бахши умри инсонӣ диҳад. Шукр гӯям ҳар нафасро ҳамчу нақди зиндагӣ, Ки бувад пайваста бо халқу Ватан чун ҷону тан. Ин Ватан бе ман тавонад буд ҷовидон, вале Ман натонам як нафас ҳам зинда бошам бе Ватан. Шукр гӯям хилқати худро, ки тӯфонзода аст, Ҳеҷ напсандад ҳуҷуми нокасу ночизҳо. Шиквае аз кас? Фақат аз хештан дорам гила То намонад шеъри ман чун лошаи полезҳо. Шукр гӯям обу нонеро, ки аз ранҷи ман аст, Гарчи дастам ҷӯ наканду дона дар хоке накошт. Шарм медорам ба ҷои он ҳама бемоягон, Ки ба як мисқоли худ хирворҳо хоҳанд дошт. Шукр гӯям толеамро, ки насибам сохтаст Ҳамзамонии ҳама эъҷозҳо, парвозҳо. Чун Гагарин гар набошам аввалин кайҳонкушо, Кардаам парвозҳое дар ҷаҳони розҳо. Шукр гӯям ҳастиро, к-аз шавқ меҷӯшад дилам, Гар наҷӯшад дил, бисоти умр рангин аз куҷост? Шукр гӯям ҳар тапишро, ки нидои зиндагист, Гар набошам, ин ҳама эҳсоси ширин аз куҷост!? [1975] #шеърҳо #loiqsherali #лоикшерали Telegram | VK | TikTok | Instagram | OK | YouTube | Twitter | SoundCloud | LiveJournal |
* * * Боз мехоҳам, ки аз нав кӯдаки нодон шавам, Боз мехоҳам, ки аз нав кӯдаки гирён шавам. Бар сари зонуи модар боз биншинам даме, Гиряму хандам, сарамро сила бинмояд ҳаме. Боз гултоқӣ бибофам аз гули худрӯи кӯҳ, Аз гули наврӯзу аз қоқую аз ҳулбӯи кӯҳ. Боз рӯи сабзаҳо афтону хезон по ниҳам, Кӯҳҳову даштҳоро дар дили худ ҷо диҳам. Боз бо ҳамсолҳоям ҷангбозиҳо кунам, «Қаҳрамон»-и ҷанг бошам, сарфарозиҳо кунам. Ошиқе зорӣ кунад бар ман, чу ояд бовараш, Хат барам аз ӯву хат орам – ҷавоб аз дилбараш. То таги тори арӯс андар шаби сури висол Ноаён оям, бибинам чеҳраашро бемалол. Тоҷи тиллоӣ ба рӯи абруи пайвасти ӯ. Бӯи умри тоза ояд аз ҳинои дасти ӯ. Лек бинам, то магар розист аз тақдири худ, Розӣ аст аз бахт ё менолад аз тақсири худ. Ё ҳамегиряд зи шодӣ ё ҳамехандад зи ғам, Ёд карда ошиқи деринаашро бо алам... Боз дар тоқии худ барчош чинам бо мурод, Хонда бо ҳамсолҳоям ёр-ёру шодбод. То саҳар дар тӯйхона байтхониҳо кунам, Дар ҳақи навхонадорон байтмониҳо кунам. Ман чӣ мехоҳам, худоё? Ман дигар кӯдак нахоҳам шуд, дареғо! Лек одам ҳар қадар солору пурармон шавад, Боз мехоҳад, ки боре кӯдаки нодон шавад... [1970] #шеърҳо #loiqsherali #лоикшерали Telegram | VK | TikTok | Instagram | OK | YouTube | Twitter | SoundCloud | LiveJournal |
* * * Гӯянд ба навъе гузарад умри дурӯза, Умре, ки ба навъе гузарад, ном нагирам. #байтҳо #loiqshetali #лоикшерали Telegram | VK | TikTok | Instagram | OK | YouTube | Twitter | SoundCloud | LiveJournal |
Мулк сангистону мо бесангарем, Сар ба сар сардору мо бесарварем. Соҳиби сарчашмаему ташнаем, Соҳиби ганҷинаему абтарем! Нур не дар хонаи дилҳои халқ, Гарчи мо як кишвари нурофарем. Тоҷику эрониву афғон чаро? Мо дар ин дунё, ки аз як модарем!
Шоире аз Панҷакент. Сӯҳбат бо Меҳди Ҷомӣ (Лондон, соли 1997). Қисми 1. #овозиустод Telegram | VK | TikTok | Instagram | OK | YouTube | Twitter | SoundCloud | LiveJournal |
* * * Агар бишкаст оҳан ё ки фӯлод, Нагӯям эй дареғ, эй вой, эй дод! Валекин аз хиёнатҳои ёрон Диле чун бишканад, фарёду фарёд! #рубоиёт #ҷомихайём #лоикшерали #loiqsherali Telegram | VK | TikTok | Instagram | OK | YouTube | Twitter | SoundCloud | LiveJournal |
* * * Сад баҳрро гузаштаму дар соҳилам ҳанӯз, Сад боғ мева чидаму беҳосилам ҳанӯз. Сад бандро кушодаму растам зи сад бало, Накшодааст уқдаи банди дилам ҳанӯз. Сад марг пушти сар шуду сад дард зери по, Дар ҳифзи хеш он қадар ноқобилам ҳанӯз. Бишнида асрҳои аср андарзи шоирон, Касби камол кардаву нокомилам ҳанӯз. Як умр роҳ ҷуставу як ҷо ситодаам, То осмон паридаву по дар гилам ҳанӯз. [1979] #ғазалҳо #лоикшерали #loiqsherali Telegram | VK | TikTok | Instagram | OK | YouTube | Twitter | SoundCloud | LiveJournal |
#наворҳо #лоикшерали #loiqsherali Telegram | VK | TikTok | Instagram | OK | YouTube | Twitter | SoundCloud | LiveJournal |
Изҳори муҳаббат ба Лоиқ Шералӣ аз духтари Хатлонзамин #наворҳо #лоикшерали #loiqsherali Telegram | VK | TikTok | Instagram | OK | YouTube | Twitter | SoundCloud | LiveJournal |
#наворҳо #лоикшерали #loiqsherali Telegram | VK | TikTok | Instagram | OK | YouTube | Twitter | SoundCloud | LiveJournal |