tgindex
❤ Шеърҳои тоҷикӣ ❤

❤ Шеърҳои тоҷикӣ ❤

Статистика

💕Омаден хуш омаден🤗 💕Ба канал мепартоем👍 💌Шерхой ошики👍 🎵Музика👍 📸Суратхо👍 📽Видие👍 Фаолияти канал 🇹🇯🇹🇷🇺🇿🇷🇺 ┄┄┅┅✿❀▪️🖤▪️❀✿┅┅┄┄ 🖤 @Sherhoi_TJ 🖤 ┄┄┅┅✿❀▪️🖤▪️❀✿┅┅┄ Админ @wzadham Инстаграм @adkxo_

Последний пост
30 июн.
Последнее чтение
15 авг.
Постов за неделю
0
Всего постов
20
Тип
открытый
Язык
tg
Категория
Картинки (по похожим)
В каталоге с
14 авг.
Подписчики
1 770
−1 за 3 дн.
Сутки
−2
−0,11%
Неделя
 
Месяц
 
Просмотров на пост
4 430
20 постов
Вовлечённость
250,3%
к подписчикам
Постов в день
0,0
всего 20
Упоминаний
1
каналов
Охват размещения
оценка
1/24сутки в ленте
1/48двое суток
1/72трое суток

Оценка по просмотрам недавних постов: пост набирает почти всё за первые сутки.

Посты

  • Баъди маргам ҳафтае як бор ёдам мекунӣ? Ёд аз он ёдгориҳо ки додам мекунӣ? Ҷои гиря сураи Алҳаму Ёсинро бихон, Дасти гуле, ҳам наори аммо худ биёӣ шодам кун. ✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ ✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik ✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh

  • 4 июн.1 6902415

    Писар х,ар кори дунё окибат дорад пушаймони, Ба гайр аз хайру эх,сону намозе , ки ту мехони. Насих,ат гуш кун ч,оно шунав панди бузургонро, Ба вак,ти субх, хез аз хоб ки фарзанди мусулмони. Агар тарс аз Худо дори макун харгиз дилозори, Ки озори дили мардум набошад расми инсони. Машав магрури молу зар агар ак,л аст туро бар сар, Ки рузе мерасад охир ба зери хок пинх,они. Гузар карди ба к,абристон бихон ту ояти К,уръон, Шавад рузе ба оромгох туро оранд мех,мони. Биёранд бар мах,шаргох, Худо к,ози шавад он ч,о. Ба ч,анат мерави ё нор ч,авобашро намедони. ✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ ✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik ✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh

  • 18 мая2 6201420

    Нармдил бошӣ латта мегӯянд. Сахтдаст бошӣ бемеҳру сангдил меҳисобанд. Аз илм сухан гӯйӣ, амал кардан ҳам лозим мегӯянд. Амал кардан хоҳӣ, аввал хубтар омӯз мегӯянд. Бидъатро тарк намоӣ туро ваҳҳобӣ медонанд, зикрро афзун намоӣ туро сӯфӣ мегӯянд. Таъриф кардӣ  маддоҳ, танқид кардӣ дилсиёҳ гӯянд. Ҳақро гӯйӣ бемаврид шуморанд, андеша намоӣ тарсончак  донанд. Бой бошӣ аз ҳаром ёфт мегӯянд, камбағал бошӣ коргурез мехонанд. Одамон ҳамин хел бародарон Онҳо хоҳу нохоҳ гап мезананд. Хоҳу нохоҳ осуда намегузоранд. Онҳо розӣ намешаванд. Ба онҳо аҳамият надеҳ! Ту барои ризоияти Офаридгор кӯшиш намо! Баҳои ҳақиқиро ба ту Ӯ мегузорад ✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ ✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik ✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh

  • 18 мая1 74267

    Битарс эй банда аз рӯзи қиёмат Ба ҳар банда сад гуна аломат Қади найза фарояд қурси хуршед Биларзад инсу ҷин аз ваҳм чун бед Ба нафси худ шавад ҳаркас гирифтор Ғами ҷон мехӯрад фориз зи анйо Бародарон гурезад аз бародар Писарҳо дар фирор оянд зи модар Гурезад аз падар фарзанди ширин Иморат кун ба зуди хонаи дин Гурезад зан зи марду мард аз зан Зи ваҳми сузи тоби гулхан ✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ ✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik ✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh

  • 17 мая1 480

    Группаи мо https://t.me/+KHmdRR_GvJNlN2Ji ҳамакаса азо мешавем

  • 17 мая1 9831318

    Боз як рӯзи ғаму шодӣ гузашт Дар талоши қисмату номусу ном. Боз як хуршед моро тарк гуфт, Моҳи нав пайдо шуд андар бурҷи шом. Шаб ба хайр, эй ҳамнишинон, шаб ба хайр! Боз як рӯзе гузашту даррабуд Сафҳаеро аз китоби зиндагӣ. Эй хуш он кас, ки дар ин радду бадал Ҷӯяду ёбад ҳисоби зиндагӣ. Шаб ба хайр, эй дӯстдорон, шаб ба хайр! Боз торикиву бар ёдам расид Чашмҳои хирабини модарам. Дурам аз ӯ, то кӣ бошад дастёр Дар нафасҳои пасини модарам. Шаб ба хайр, эй модари ҷон, шаб ба хайр! Фориғи парвозҳо аз баҳри ризқ Мурғакон дар шохҳо ҷамъ омаданд. Ҷазбаи зотист, ки парвонаҳо Аз паи худсӯзӣ то шамъ омаданд. Шаб ба хайр, эй худгудозон, шаб ба хайр! Марзбон бедор андар посгаҳ Пой монад қад-қади симхорҳо, То бувад рӯи замин бедоғтар, То наёбад пушти ӯ озорҳо. Шаб ба хайр, эй ҳамзаминон, шаб ба хайр! Талху ширинист андар ҷоми шаб, Ин хурад май, он хурад хуни ҷигар. То чӣ гӯяд субҳ андар гӯши мо, То кӣ бошад зинда то субҳи дигар. Шаб ба хайр, эй комгорон, шаб ба хайр! Мо ҳама фарзанди айёми худем, Шодмонем андар оғӯши замон Ончунон хушном бояд зистан То мабодо кас фаромӯши замон. Шаб ба хайр, эй ҳамзамонон, шаб ба хайр! ✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ ✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik ✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh

  • 9 янв.4 5603326

    АЗ ҒАФЛАТ ТО ҲАҚ Ғофил мабошед мардум,дунё вафо надорад Ханда фиреб бошад дар дил шифо надорад Имрӯз дихад мақомат , фардо кашад зи поят Ин роҳи пур зи андӯҳ , ҳеҷ гоҳ сафо надорад Молат бимонад охир ,ҷоят гирад дигар кас Ҷуз кори нек дар ӯ , чизе бақо надорад Пас рӯ ба сӯи ҳақ ор дилро зи кина пок кун Он кас ки бо худо шуд ,дигар ҷазо надорад Баҳром,агар биандеш дилро ба ҳақ супорад Дунё ба ӯ дигар ҳеҷ ранҷу бало надорад ✍️(2025.12.27) 📜 Баҳром Сатторов ✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ ✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik ✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh

  • Гузашт умрам ба ғафлат, бехабар будам надонистам, Ғариби бенавои навсафар будам, надонистам. Зи ман оҷиз дар ин ҳаждаҳ ҳазори оламаш набвад, Зи ҳар махлуқ ман дармондатар будам, надонистам. Саросар ғарқи исёну ба лаб лофи мусулмонӣ, Чи суд аз зиндагӣ, к-андар зарар будам надонистам. "Заламно" гуфт аз як дона гандум ҷадди аълоям, Барои гиря пайрав бо падар будам, надонистам. Ғалат фикри иқомат андар ин кӯҳна работи дун, Яке аз талхкоми раҳгузар будам, надонистам. Ниҳолам то дамид дар боғи даврон дар парешонӣ, Зи по афтодаву захми табар будам, надонистам. Бани Одам гирифтор аст дар сад ақбаи мушкил, Зи тарси Ҳақ чун Нуҳ навҳагар будам, надонистам. Биё соқи,Ҷунунӣ ташналаб азми сафар дорад, Ки ман ғофил аз ин таъми шакар будам, надонистам! ✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ ✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik ✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh

  • 🌙 Ба Васфи Масҷид🌙 Биё дил Хуш Нишин Инҷо қадамгоҳи ғарибон аст К-ин масҷид ҳамеша маскану маъвои покон аст Ҳамеша сӯфиён машғул андар зикри субҳон аст Чи хуш ёрон дар инҷо рӯзу шаб такрори Қуръон аст Биё бар саҳни масҷид шин, ки инҷо роҳати ҷон аст Ба вақти субҳ дохил шав хусули муддао ин ҷост Ғарибонро паноҳу дардмандонро даво ин ҷост Ба мазлумон наҷот аммо ба беморон шафо ин ҷост Ба мӯъминон роҳат ба ранҷурон шифо ин ҷост Биё бар саҳни масҷид шин ки инҷо роҳати ҷон аст Зимистон гар шавад шамъу палосаш доимо тайёр Ба тобистон аҷоиб сояи хушбаҳру файзу осор Дар аёми баҳорон бишкуфад дар саҳни он гулзор Машав ғофил аз ин масҷид ки ту гар обиди зинҳор Биё бар саҳни масҷид шин ки инҷо роҳати ҷон аст Чу аскар меваҳояш бар замин дар дармонаст Дар инҷо гар пок тоат кунед маҳбуби раҳмон аст Ба гирдаш сангҳою фаршаш аз лаълу фармон аст Барои мӯъминон к-ин ҷо роҳати ҷон аст Биё бар саҳни масҷид шин ки инҷо роҳати ҷон аст Дарахти савдааш ба паҳлу Туташ ҳамсаре дорад Валекин ҳар манзиле обод охир абтаре дорад Бикун шукрона пас ба ин ҳама кори худо бошад Тамоми кори банда рӯзу шаб саҳву хато бошад Биё бар саҳни масҷид шин ки инҷо роҳати ҷон аст Ҳамеша роҳаташ оянда аз баҳри мо бошад Ки ӯ бо бандагон пӯшондаи ҷурму гуноҳ бошад Ба рӯзи ҳашр агар як зарра ба сӯям имо созад Шавад авфу гуноҳонам агар раҳме ба мо бошад Биё бар саҳни масҷид шин ки инҷо роҳати ҷон аст Ҳамеша маюси машғули фикру зикри Субҳон бош Канор ҷӯянда доим аз фасоду фисқу халқон бош 🕌 ✍ Домулло Муҳаммадюсуфи Маъюсй Хонҷизагй ✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ ✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik ✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh

  • Муноҷоти якум Илоҳо ба сӯи ту рӯ кардаам Ба инъоми ту рӯ кардаам Илоҳо бикун бикун файзу раҳмат ба ман Умеде ба ҷон ҷусту ҷӯ кардаам Гуноҳам чунон аст аз ҳад фузун Сарам аз хиҷолат фурӯ кардаам Мани бебизоат хиҷил аз гуноҳ Ба назди ту узри вузу кардаам Надорам васила ба ҷуз оби чашм Ба дард оразам шустушӯ кардаам Илоҳо надорам ба ҷуз ту касе Ҳамонӣ ту ки орзу кардаам Гуноҳам бубахш эй Худои карим Зи тавба ду дида чу ҷӯ кардаам Тараҳҳум ба маъюс би фармо даме Ман аз раҳматат барг бӯ кардаам Домулло Муҳаммадюсуфи Маъюсй ✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ ✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik ✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh

  • 📝Куҷоӣ Оча 📝 Зи дунё рафти ту мегирям оча Чу гулхан рӯзу шаб даргирам оча Куҷо рафти биё , пазмонам имрӯз Ки домангир аз тақдирам оча Зимистон бигзарад ояд баҳорон Куҷо рафти биё ей модари ҷон Нишаста ҳар даме ёдат кунам Зи дарди сар басо дилгирам оча Ба ҳар ҷое равам ҳолам парешон Ҳама хурсанду ман гирёну нолон Надорам тоқате аз ҳасрати ту Куҷо рафти биё, мемирам оча Худоё ин чи рӯзе бар сари ман Ҳамеша дарду ғам ҳамбистари ман Намеой дигар бар хонаи Баҳром Сари қабрат хабар гирам оча 💻 Баҳром Сатторов ✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ ✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik ✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh

  • ✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ ✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik ✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh

  • 25 авг. 2025 г.11,3 тыс21110

    Касри заррин бе зани хуб кулбаи вайрона аст, Дар биёбон баҳри мард оғӯши зан кошона аст. Бахти ҳар марди накӯ дар зиндагони ин зан аст, Зиндагӣ гар зан набошад, мардро ғамхона аст. Зан бубахшад мардро шириниҳои зиндагӣ, Ҳар кӣ қадри зан надонад аз хирад бегона аст. ✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ ✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik ✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh

  • Яке зар гуфта аз додар ҷудо шуд, Яке зан гуфта аз модар ҷудо шуд. Якеро мешинохтам, беХудо буд, Зи ҳаҷ омад, насиҳатгӯи мо шуд. Муҷозотам гаҳе моро зарур аст, Вагарна дар тасаввур ҳар кӣ зур аст. Намебинад худашро мутакаббир, Ки ӯ аз тӯдаи бинои кӯр аст. Якеро дидаам бойи маҳал буд, Вале аз камбағалҳо камбағал буд. Ҳавои сарвату дунёӣ дар сар, Ба додар баҳри мулке дар мағал буд. Яке серу вале серӣ намедид, Лаби чоҳе сарозерӣ намедид. Зи ҳасратҳои даври навҷавонӣ, Намегуфт ӯ агар пирӣ намедид. Ду чашми баста боло мепаридем, Чу борони ҳавое мечакидем. "Чӣ даркор аст китобе"- гуфта мастон, Матоъи Чину Мочин мехаридем. ✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ ✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik ✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh

  • ‼️ТАЬНАИ ФАРЗАНД ҚАЛБИ МОДАРАШРО ПОРА КАРД‼️ ❗Таънаи фарзанд қалби модарашро пора кард, Модари бечораашро боз ҳам бечора кард. Ҳеҷ тири зиндагӣ сангину дардовар набуд, Мисли ин захме, ки дар бунёди модар кора кард. Ин ҳамон модар, ки тифлашро ба ҷои ҷон гирифт То биёромад, зи чӯби устухон гаҳвора кард. Ин ҳамон модар, ки шодиву ғами айёмро, Шукри қисмат гуфту ҳамчун кӯдакаш пуштора кард. Ин ҳамон модар, ки рӯзу шаб нагуфту хобу хӯр Бачаи осуда дар бар, хешро овора кард. Ин ҳамон модар, ки захми таънаи дилбандро, Дар ҷигар пинҳон намуду ашк бар рухсора кард... Ин ҳамон модар, ки бар ин достон бовар насохт, Сӯи фарзандаш чу тифли бегунаҳ наззора кард! ✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ ✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik ✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh

  • Нагу нафрат ба ишки худ,Фақат сабру таҳамул кун. Нагу лаънат ба ёри худ, Фақат танҳо дуъояш кун. Нагу танҳой танҳоям,Бигу танҳо худо бо мост.Нагу сарсону сарсонам,Бигу танҳо худо дорам. Нагу мирам аз ин дунё,Бихон қуръони покатро. Нагу бемори ишкам, ман Бихон панҷвақт намозатро. Агар хоҳи шифои ишқ,Факат танхо дуъояш кун. Шифоят медиҳад он кас,Ки у танхо худои мост ✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ ✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik ✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh

  • ✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ ✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik ✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh

  • ✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ ✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik ✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh

  • .Дар ғами дунё ба дунё бехабар бовар макун, Эй сафарнодида ту бар ҳамсафар бовар макун. Дӯст бар сайри ҷаҳон хонад агар бо ҷон бирав, Душманат гӯяд баро бар пушти дар, бовар макун.! Чун гувоҳи марги Суҳроб аст шамшери падар, Дар набарди зиндагӣ бар ҳамсафар бовар макун. Кӯдакон хобанд дар гаҳвораҳои чӯби бед, Бедро гуянд нахли бесамар бовар макун. (Аз саҳифаи Мадина Мирзоева ) ✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ ✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik ✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh

  • Такя бар гуфтаи бегона накардам, накунам, Шамъро дом ба парвона накардам, накунам. Дар бари мардуми ҳушёр нишастам ҳамадам, Баҳс дар суҳбати девона накардам, накунам. Дами танҳоӣ бидидам, ки Худоро бо худ, Ҷилва дар масҷиду майхона накардам, накунам. Аз паси хонуми ҳар кӯча ҳавоӣ нашудам, Ҳаваси духтари ҳар хона накардам, накунам. Панҷаро бар задам аз пеши сару пушти сарам, Мӯйро шона ба ҳар шона накардам, накунам. Пур бувад сафҳаам аз ҷалби ҳаводоронам, Ғамза дар ҳар хати сомона накардам, накунам. Тоҷикистон, ки бувад, хонаи аҷдодии мо, Баски ношукрӣ аз ин хона накардам, накунам.... ДАВЛАТ САФАР ✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ ✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik ✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh