tgindex
Б

Баҳори Суннат

Статистика
@bahorisunnatрусский

Канали мо дар ютуб: https://www.youtube.com/@bahorisunnat

Последний пост
11 авг.
Последнее чтение
ещё не заходили
Постов за неделю
1
Всего постов
20
Тип
открытый
Язык
русский
В каталоге с
15 авг.
Подписчики
330
−1 за 3 дн.
Сутки
+1
+0,30%
Неделя
 
Месяц
 
Просмотров на пост
172
20 постов
Вовлечённость
52,1%
к подписчикам
Постов в день
0,1
всего 20
Упоминаний
0
каналов
Охват размещения
оценка
1/24сутки в ленте
84
1/48двое суток
96
1/72трое суток
103

Оценка по просмотрам недавних постов: пост набирает почти всё за первые сутки.

Посты

  • 📚Китоби «Лумъатул эътиқод»                     💽 Дарс— 18 📝Муаллиф: Ибни Қудома  Ал-мақдисӣ (Аллоҳ ӯро раҳмат кунад) 🎙Шарҳи Устод: Назратуллоҳ Абу Иброҳим ( Аллоҳ ӯро ҳифз кунад ) 📲 @bahorisunnat

  • 🎙 [Хатари нафспарастӣ] ▪️нафси паст мустаҳиқи дифоъ нест, балки дин қадраш баланду мустаҳиқи дифоъ аст… ▪️На Расулаллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва на салафи солеҳ на аз қадим на ҳозир аз нафс дифоъ намекарданд ⚠️ аммо дар вақти дифоъ аз дин хомуш намеистоданд… ▪️ ва лекин баъзеҳо агар дар нафсаш камтар бадӣ расад…… ▪️ Барои фитна андохтан ва дифои нафсаш камбудии 10-сола пешро баёд оварда таъна мезанад… 🔊 Устод Назратуллоҳ абу Иброҳим (Аллоҳ ӯро ҳифз кунад) 📲 @bahorisunnat

  • 📝Фоида аз китоби «Чаҳор Қоида» …✍🏼 Ибни Қайм (раҳимаҳуллоҳ) гуфт: «Аз баракати инсон ин аст, ки ҳар куҷое бошад, ба мардум хайрро омӯзонад ва ҳар касеро, ки бо ӯ ҳамнишин ё ҳамсуҳбат мешавад, насиҳат кунад. Аллоҳ Таъоло аз Исо (алайҳиссалом) хабар дода, мефармояд: «Ва маро ҳар куҷое бошам, бобаракат гардонидааст» (Марям: 31) Яъне: омӯзгори хайр, даъваткунанда ба сӯи Аллоҳ, ёдраскунандаи Ӯ ва ташвиқкунанда ба итоати Ӯ қарор додааст. «Ин аст аз баракати инсон. Ҳар касе аз ин сифатҳо маҳрум бошад, аз баракат низ маҳрум шудааст ва баракати дидору ҳамнишинӣ бо ӯ аз байн рафтааст» (📜 Рисолату Ибни Қайм ила аҳади ихваниҳи) 📲 @bahorisunnat

  • [Интихоби Дӯст] 📝 Имом Шофеъӣ ба шогирдаш Ҳофиз Юнус ибни Абдулаъла (Аллоҳ Таъоло раҳматашон кунад) насиҳат карда гуфт: «Агар дӯсте дошта бошӣ, ки туро дар тоъат Аллоҳ кумак мекунад, ба ӯ маҳкам бипайванд, зеро ёфтани дӯст душвор аст, вале аз ӯ ҷудо шудан хеле осон аст» …✍🏼 Шайх Аллома Абдуллоҳ ибни Абдураҳим Бухорӣ (Аллоҳ ӯро ҳифз кунад) дар зераш гуфт: Муроди Имом Шофиъӣ ин ки: “Ҳарис бош бо касе дусти дошта бош, ки туро дар тоъати Аллоҳ ёрӣ медиҳад” 📚 Ҳилятул авлия бо исноди саҳеҳ (9/121) 📬 Масдар: канали расмии Шайх Абдуллоҳ Бухорӣ (Аллоҳ ӯро ҳифз кунад) дар телеграмма 📲 https://t.me/bahorisunnat

  • [ Ин аст бародарии ҳақиқии содиқона дар роҳи Аллоҳ ] Имом Абдулазиз ибни Боз (Аллоҳ ӯро раҳмат кунад) фармуд: «Бародарат касест, ки туро насиҳат ва ёдоварӣ мекунад (ёдовари аз Аллоҳ) ва ҳушдор медиҳад ва бародарат ӯ нест, ки нисбат бо ту беаҳамиятӣ карда аз ту рӯй гардонад ва туро таърифи бардурӯғ кунад, балки бародари ҳақиқӣ касест, ки туро насиҳату панд медиҳад ва ёдоварӣ мекунад ва ба сӯи Аллоҳ туро даъват мекунад ва ба ту роҳи наҷотро баён мекунад, то ин ки аз он пайравӣ кунӣ ва аз роҳи ҳалокат ва оқибатҳои бади он ҳушдор медиҳад, то аз он дур шавӣ» 📚 Маҷмӯъи фатво ва мақолот мутанвиъа (21/14) 📲 @bahorisunnat

  • [Хатари намима] Фоидаҳо: ▪️Наммом шахсе, ки байни бародаро бо сухани рост ё дуруғ хабаркашӣ мекунад, токи байни онҳо тафриқа андозад. (Аллоҳ Таъоло зиёдашон накунад) Аз ин шайтонҳо халосӣ нест магар, ин ки вақте хабар овард ➖Ӯро бовар накарда барои бародарат узр бикун; шояд дар ҳолати ғазабаш ягон сухан зад ё шухи карда гуфт ё инки нагуфтаст ва ғайра ➖ Саростима шуда дар ҳол бародаратро буғз нагир ➖ Бо ин хабаркаш гӯшатро надеҳ (агар ин хабаркаш одами гӯшмекардагӣ наёбад, шояд корашро бас кунад) ➖ Бо ӯ мардбарин монанди Саҳобагон (Аллоҳ аз онҳо рози бошад) рафтор бикун; се ихтиёраш бидеҳ: 1. Агар рост бигӯи; туро барои ин корат бадбинӣ мекунем 2. Агар дурӯғ бигӯи; туро ҷазо медиҳем 3. Агар хоҳи аз суханат бозгард. ➖ ин хабаркашӣ байни бародарон хислати мардӣ нест!!! ➖ аҷибаст, ки ду бародар солҳои дароз дустӣ мекунанд аз пушти як одами ношинос (нав омадагӣ) хабаркаш ин дустии даҳсолаҳоро қатъ мекунанд 🎙Устод: Назратуллоҳ Абу Иброҳим (Аллоҳ ӯро ҳифз кунад)

  • [Оё шикоят кардан аз мусибатҳои дардонок ба мардум зидди сабр аст?] Шайхамон Мустафо ибни Муҳаммад Мабрам (Аллоҳ ӯро ҳифз кунад) гуфт: Аз нозукиҳои ин масъала он аст, ки баъзеҳо гумон мекунанд, ки шикоят кардан бо сабр зид аст. ⚠️ Дар ҳоле, ки шикоят ду ҳолат дорад: ▪️ Якум: Агар инсон аз Аллоҳи Азза ва Ҷалла назди мардум шикоят кунад, ин амали мазамматшуда (сарзанишшуда) аст ва ҳатто метавонад то дараҷаи ҳаром бирасад. ▪️ Дуюм: Аммор агар шикоят ба Аллоҳ Таъоло бошад, пас ин бо сабр мухолиф нест, балки аз ҷузъиёти сабр аст. Балки шикоят кардан танҳо ба Аллоҳ Таъоло аз таҳқиқи сабр аст. Ба сухани Аллоҳ Таъоло дар бораи Яъқуб (алайҳиссалом) назар кунед. Бо вуҷуди мусибатҳои бузурге, ки бар сари ӯ омад ва аз ғаму андӯҳ чашмонаш нобино шуданд, гуфт: ﴿فَصَبْرٌ جَمِيلٌ﴾ «Пас сабри зебо (бе шикоят) пеша мекунам» (Сураи Юсуф: 18) ⚠️ Аҳамият бидеҳ! Сипас гуфт: ﴿إِنَّمَا أَشْكُو بَثِّي وَحُزْنِي إِلَى اللَّهِ﴾ «Ман танҳо ғаму андӯҳи худро ба Аллоҳ шикоят мекунам» (Сураи Юсуф: 86) Пас байни сабр кардан ва шикоят бурдан ба Аллоҳ ҳеҷ зиддияте вуҷуд надорад. ⛔️ Он чизе, ки манъ шудааст, ин ки инсон аз Аллоҳ назди мардум шикоят кунад (яъне: норозигӣ намудан аз он чизе, ки тақдир шудааст) Ҳамчунин ба Айюб (алайҳиссалом) нигаред. Аллоҳ Таъоло дар бораи ӯ фармуд: ﴿إِنَّا وَجَدْنَاهُ صَابِرًا ۚ نِّعْمَ الْعَبْدُ ۖ إِنَّهُ أَوَّابٌ﴾ «Мо ӯро сабркунанда ёфтем. Чӣ бандаи некӯе буд! Ҳамоно ӯ бисёр ба сӯи Аллоҳ бозмегашт» (Сураи Сод: 44) Бо вуҷуди ин, Айюб дуо карда гуфт: ﴿أَنِّي مَسَّنِيَ الضُّرُّ وَأَنتَ أَرْحَمُ الرَّاحِمِينَ﴾ «Ба ман сахтӣ расидааст ва Ту меҳрубонтарини меҳрубононӣ» (Сураи Анбиё: 83) Ва инчунин гуфт: ﴿إِذْ نَادَىٰ رَبَّهُ أَنِّي مَسَّنِيَ الشَّيْطَانُ بِنُصْبٍ وَعَذَابٍ﴾ «Он гоҳ ки Парвардигорашро нидо кард: “Шайтон маро ба ранҷу азоб гирифтор кардааст”» (Сураи Сод: 41) ⚠️ Пас ин шикоятҳо аз дуо кардани Аллоҳ Таъоло аст. 📚 Аз шарҳи мухтасари китоби «таълиқ ъала шарҳи муҷазул мумаҳҳад литавҳидил Холиқи Мумаҷҷад (бо ихтисор) 📲 @bahorisunnat

  • 📝 Фоида аз китоби «чаҳор қоида» ▪️ [Маънои сабр] Сабр дар луғат: Ҳабс, доштан, қапидан… ➖ Сабр ҳангоми мусибат се рукн дорад: 1. Доштани нафс аз ғазабу норозигӣ. 2. Доштани забон аз шикоят кардан ба мардум. 3. Дошатни бадан аз гуноҳ, монанди: муйканӣ, дар руйи худ задан, даронидани гиребон ва ғайраҳо… 📲 @bahorisunnat

  • Аз нозукиҳои таҷриди тавҳид (тоза кардани тавҳид): Ин аст, ки барои некии худ аз касе подошеро интизор набошӣ. ▪️Шайхамон Мустафо Мабрам (ҳафизаҳуллоҳ) гуфт: «Ҳамчунон ки инсон бояд ҳангоми некӣ кардан ба мардум хоҳишҳои дунёвиро аз дили худ дур созад, инчунин бояд хоҳишҳои маънавӣ ва динӣ низ аз қалбаш бардошта шаванд. Амалашро танҳо барои Аллоҳ анҷом диҳад; хоҳ таъсири онро бубинад ё набинад, хоҳ натиҷае зоҳир шавад ё нашавад — аз он ҳеҷ чизеро талаб накунад. Ҳатто Имом Аҳмад бад медид, ки агар ба фақире садақа диҳӣ ва баъд бигӯӣ: «Бароям дуо кун». Ин корро имрӯз бисёр одамон, бахусус баъзе тоҷирон, анҷом медиҳанд. Ё касеро бо мошинат ба ҷое расонӣ ва дар охир бигӯӣ: «Маро ҳам дар дуоят фаромӯш накун» ⚠️ Ӯ мегуфт: «Ин гӯё талаб кардани подош барои он некиест, ки анҷом додаӣ. Ҳамчунин, мумкин аст касе аз ту қарз гирифта бошад ва ту онро бар ӯ бубахшӣ, сипас бигӯӣ: “Моро аз дуоят фаромӯш накун” ё «Бароямон дуо кун» Не, инро тарк кун. Имом Аҳмад ҳатто чунин чизеро низ хуш намедид. Зеро таҷриди тавҳид (тоза кардани тавҳид) дар дил кори осон нест. Инсон бояд дилро аз ҳар гуна ангеза, мақсад ва таваҷҷуҳи ғайри Аллоҳ пок созад, то ибодат ва некияш танҳо барои Аллоҳ Таъоло бошад» 📚 Аз шарҳи мухтасари китоби «таълиқ ъала шарҳи муҷазул мумаҳҳад литавҳидил Холиқи Мумаҷҷад (бо ихтисор)

  • 📚Китоби «Лумъатул эътиқод»                     💽 Дарс —16 📝Муаллиф: Ибни Қудома  Ал-мақдисӣ (Аллоҳ ӯро раҳмат кунад) Мувзӯи дарс: ▪️Муъалиф Ибни Қудома алМақдиси раҳимаҳуллоҳ гуфт: « Ба ҳамаи ин оятҳо ва ҳадисҳои сеҳеҳ, ки ба номҳо ва сифатҳои Аллоҳ Таъоло далолат мекунад имон оварда инкор намекунем ва ин ояту ҳадисҳоро тағиийр намедиҳем ва ба махлуқҳо монанд намекунем ва медонем (имон дорем), ки Аллоҳ Таъоло ба худаш монанд надорад ва ба Ӯ ягон чизе баробар шуда наметавонад…..» 🎙Шарҳи Устод: Назратуллоҳ Абу Иброҳим ( Аллоҳ ӯро ҳифз кунад ) 📲 @bahorisunnat

  • << Аломатҳои нифоқ >> 🎙Устод Назратуллоҳ абу Иброҳим (Аллоҳ ӯро ҳифз кунад) 📲 @bahorisunnat

  • ⬇ РӮЙХАТ ⬇️ 📚 Ихтиёри мавзуҳо.👇 📼  Шартҳои Ла илаҳа иллаллоҳ 📼  Се асл 📼  Чаҳор қоида 📼  Шаш асл 📼  Китоби Тавҳид (шарҳи №3) 📼  Ал-ъақида аль-Восития (шарҳи №2) 📼 Китоби ; ''Эътиқоду      аимматул аҳли ҳадис ,, 📼  Луъматул эътиқод 📼  Дарсҳои муҳим 📼  Чил ҳадис 📼  Умдат уль-Аҳком (китоби Таҳорат) 📼  Муҳаррар (китоби Рӯза) 📚  Булуғул маром: -- Китоби Ҷаноза — Китоби Закот — Китоби Ҳаҷ — Китоби Тиҷорат 📼 Суол ва Ҷавоб ➖➖➖➖➖➖➖➖➖➖➖ 📚 ЁДОВАРИИ КУТОҲ 👇 — Маънои Ла илаҳа иллаЛлоҳ — Маънои Муҳаммад Расулуллоҳ. — Наҷот дар Суннат аст — Боби Ширк 📌 Қисмҳои Тавҳид. — Боби Тавҳиди Рубубият — Боби Тавҳиди Улуҳият — Боби Асмо ва Сифот — Боби Шафоат — Боби Қиёмат. — Боби раҳмати Аллоҳ — Боби Ҷаннат. ✅ Маънои Ислом, Имон, Эҳсон. — Ислом чист ?! — Имон чист ?! — Эҳсон чист ?! — Боби Рӯза (савм) — Фазли Илм (Олим) 🕋 — Ҳаҷ ва Умра. — Боби Зул-Ҳиҷҷа — Донистани Ла илаҳа иллаЛлоҳ — Даъват ба сӯи Тавҳид — Боби Ширк, (зидди тавҳид ширк) — Ширки Асғар (хурд) 🌙 Фазли Рӯза . — Маънои Савм (Рӯза) — Нишасти Рамазони 📝 — Фазли Зул-Ҳиҷҷа. — Фазли рӯзаи рӯзи Ошуро. 📲https://t.me/darshoimuhim

  • «Мо асли тамоми душманиро дар некӣ кардан ба одамони пасти носипос (кӯрнамак) дарёфтем» 📜 Шайх Аллома Абдураҳмон ибни Ҳасан гуфт: «Дар ҳадис омадааст: «Ҳар касе ба шумо некӣ кунад, подошашро диҳед». Паёмбар ﷺ мардумро ба ин амр ташвиқ намудааст, зеро подош додан ба некӣ аз хислатҳои мардонагӣ ва ахлоқи накуст, ки Аллоҳ Таъоло ва Расулаш (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) онро дӯст медоранд. Некиро бе ҷавоб мондан танҳо хислати шахси пасту носипос аст. Ҳатто баъзе аз чунин одамон ба некӣ бо бадӣ ҷавоб медиҳанд. Чуноне, ки ин ҳолат бисёр дида мешавад. Аз Аллоҳ Таъоло дар дунё ва охират аз ингуна хислатҳо офият металабем» 🎙️Шайхамон, Абдуллоҳ ал-Бухорӣ (Аллоҳ ӯро ҳифз кунад) дар шарҳи ин матн чунин мегӯяд: Ҳамчунин некӣ кардан ва ташвиқ ба он фазилати бузург дорад. Ин фазилатро танҳо инсони карим медонад ва накукорро эҳтиром мекунад. Аммо дар муқобили ӯ инсони пасту носипос ҳаст, ки барои касе, ки ба ӯ некӣ кардааст, ҳеҷ ҳаққу қадри ӯро намедонад; балки шояд ин эҳсонро бо чӣ ҷавоб диҳад? Бо бадӣ ва озор додан! Ба сухани шайх диққат кун, ки гуфтааст: «Некӣ карданро бе подош намегузорад , магар инсони пасту носипос . Баъзе аз чунин одамон ба некӣ бо бадӣ ҷавоб медиҳанд, чуноне, ки ингуна ҳолатҳо бисёр рух медиҳанд». Гӯё шайх худ аз чунин одамон зарар дида ва онҳоро хуб шинохта бошад, бинобар ин гуфт: «чунонки бисёр рух медиҳад». Ин гуна одамони носипос дар ҳама давру замон ҳастанд. Ин сифатҳои бад далели пастӣ, хорӣ, дурӯягӣ ва курнамакӣ дар нафс аст. Барои инсон лозим аст, ки бо нафси худ мубориза барад, то аз чунин хислатҳо халос шавад ва онҳоро тарк намояд. 📜 Суфёни Саврӣ (раҳимаҳуллоҳ) гуфтааст: ⭕️ «Мо асли тамоми душманиро дар некӣ кардан ба одамони пасти носипос (кӯрнамак) дарёфтем» Ин ассаро Байҳақӣ дар «Шуъаби Имон» ва Абу Нуъайм дар «Ҳилятул Авлия» ривоят карданд. Ҳамин тавр мебинӣ, ки имомони илм аз замони қадим аз чунин одамон азият мекашиданд. Чӣ қадар зиёданд онҳо — Аллоҳ Таъоло зиёдашон накунад. Маънои сухан «решаи ҳар душманӣ» ин аст, ки ту ба касе эҳсон мекунӣ: ➖бо ӯ хушмуомила мешавӣ, ➖дилатро барояш мекушоӣ, ➖аз моли худ медиҳӣ, ➖ хонаатро ба рӯяш боз мекунӣ, ❗️аммо ӯ ҳамаи ин некиҳоро бо пастӣ, носипосӣ ва бадрафторӣ ҷавоб медиҳад. ⚠️ Сабабаш он аст, ки чунин шахс сазовори эҳтиром нест ва набояд ба ӯ некӣ карда шавад. Ӯ ин некӣ ва эҳсонро нишонаи заъф, хоршавӣ ва пастии ту мешуморад. Ин фикрҳо аз нафси паст ва тарбияи нодурусти ӯ бармеоянд. Ин рафтори бади ӯ ба инсони карим ҳеҷ зарар намерасонад. Баръакс, чунин кирдор гуноҳ, пастӣ ва дуршавии ӯро аз мардум бештар мекунад. 💽 «Фатҳул Маҷид» дарс 64 (Бо шарҳи шайхамон Абдуллоҳ ибни Абдурраҳим ал-Бухорӣ (Аллоҳ ӯро ҳифз кунад). @bahorisunnat

  • 💽 [Тавба ва Шартҳои он] 🎙️Устод Назратуллоҳ абу Иброҳим (Аллоҳ ӯро ҳифз кунад) 📲 @bahorisunnat

  • 💽  «Неки кардан ба падару модар фарз аст» 🎙 Устод Назратуллоҳ Абу Иброҳим (Аллоҳ ӯро ҳифз кунад) 🔻 Дар YouTube: https://youtu.be/muNdp8-lZpo?si=x1RXTtRxsLkzhw5x --------------------------------------------- 🔹 Телеграм канали мо: @bahorisunnat 🔹 Канали мо дар YouTube: https://www.youtube.com/@bahorisunnat

  • https://youtu.be/EuGpcOqgklg?si=NAcDe_zwVPZwRFpU

  • №71. #Тоғут_чист. 📲https://t.me/darshoimuhim

  • 📜 Абу Ҳурайра (Аллоҳ аз ӯ рози бошад) Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва салламро шунид, ки мефармояд: «Бадтарини мардум шахси дурӯя аст, ки назди ин гурӯҳ бо як чеҳра меояд ва назди гурӯҳи дигар бо чеҳраи дигар» (📚 Саҳе Муслим рақами ҳадис: 2526) 📝 Ҳофиз Нававӣ (раҳимаҳуллоҳ) дар шарҳи ин ҳадис мегӯяд: «Сабаби он ки дурӯя аз бадтарин мардум аст, равшан аст, зеро ин амали ⚠️ ӯ нифоқи маҳз, дурӯғ, фиреб ва ҳилаест барои огоҳ шудан аз асрори ҳар ду гурӯҳ. Ӯ назди ҳар гурӯҳ сухане мегӯяд, ки онҳоро хуш ояд ва ба ҳар кадом нишон медиҳад, ки аз онҳо аст, хоҳ дар некӣ бошад ва хоҳ дар бадӣ. Ин гуна мудоҳана (хушомадгӯӣ, муъомилаи хуб) ҳаром аст» (📚 Минҳоҷ шарҳи саҳеҳ Муслим)

  • [Насиҳати тилоӣ ва муҳим барои толибилми шаръӣ ] ▫️Таълими илм барои ислоҳи нафсаш ▫️Тарки муҷодала ▫️Тарки фатово додан ▫️Тарки бе илм сухан гуфтан ▫️Тарки суханҳои беҳуда ▫️Ҳифзи вақт ва гузаронидани вақт дар таълим гирифтан ▫️Музокара ва муроҷиаи дарсҳо 🎙Устод Назратуллоҳ Абу Иброҳим (Аллоҳ ӯро ҳифз кунад) #Насиҳат_2 📲 @bahorisunnat

  • без подписи