tgindex
HADIS _VA _ASAR

HADIS _VA _ASAR

Статистика

Паёмбар -ﷺ- фармуданд: "Гуруҳе аз Уммати ман то рӯзи Қиёмат мубориза мебаранд дар роҳи Ҳақ" 📗Саҳеҳ Муслим [1037]

Последний пост
14 авг.
Последнее чтение
15 авг.
Постов за неделю
1
Всего постов
25
Тип
открытый
Язык
tg
Категория
Религия (по похожим)
В каталоге с
13 авг.
Подписчики
212
+1 за 1 дн.
Сутки
0
0,00%
Неделя
 
Месяц
 
Просмотров на пост
142
22 постов
Вовлечённость
67,0%
к подписчикам
Постов в день
0,1
всего 25
Упоминаний
0
каналов
Охват размещения
оценка
1/24сутки в ленте
104
1/48двое суток
119
1/72трое суток
128

Оценка по просмотрам недавних постов: пост набирает почти всё за первые сутки.

Посты

  • HADIS _VA _ASAR pinned «Алома Ибни Усаймин (رَحِمَهُ الله) мефармоянд: Кушиш бикун то ҳамнишини одамҳои Солеҳ боши. Ҳар гоҳе ки роҳгум зади роҳнамои мекунанд ва ҳар гоҳ ки гумроҳ шуди роҳи Ҳидоятро бароят пешкаш. Ва туро роҳнамои мекунанд ҳар гоҳе, ки Ҷоҳил ва Ғофил шуди туро таълимат…»

  • [Нишонаҳои аҳли бидъат] Аз Уқба ибни Алқама ривоят аст, ки гуфт: «Рӯзе назди Артоат ибни Мунзир будам. Яке аз ҳозирони маҷлис пурсид: “Назари шумо дар бораи шахсе, ки бо аҳли суннат менишинад ва бо онҳо ҳамнишин аст, аммо вақте сухан аз аҳли бидъат меравад, мегӯяд: ⚠️«Онҳоро ёд накунед, аз онҳо ҳарф назанед» чист?” Артот ҷавоб дод: Ӯ яке аз онҳост. Дар байни аҳли суннат буданаш шуморо  фирефта накунад” Ин сухани Артот ба ман писанд наомад. Сипас назди Авзоъӣ рафтам. Ӯ дар чунин масъалаҳо бисёр мутахасис буд. Вақте ин суханро ба ӯ нақл кардам, гуфт: Артот рост гуфтааст ва сухани ҳақ ончизе, ки ӯ гуфтааст. Ин шахс аз зикри аҳли бидъат манъ мекунад. Агар аз онҳо ном бурда нашавад ва мардум аз хатари онҳо огоҳ карда нашаванд, пас чӣ гуна мардум аз онҳо ҳазар мекунанд ?”» 📚Тариху Димашқ аз Ибни Асакир (ҷ.8 саҳ: 15)

  • КИБР: БЕМОРИИ ҚАЛБ АСТ🫀 Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбари Аллоҳ ﷺ фармуданд: «Ҳар касе, ки дар қалбаш ба андозаи заррае кибр бошад, ба биҳишт дохил намешавад». Саҳоба пурсиданд: «Эй Расули Аллоҳ ﷺ, инсон дӯст медорад, ки либоси зебо ва пойафзоли хуб дошта бошад. Оё ин ҳам кибр аст?» Паёмбар ﷺ фармуданд: «Аллоҳ зебост ва зебогиро дӯст медорад. Кибр — рад кардани ҳақ ва паст шуморидани мардум аст». (Саҳеҳи Муслим) Аллоҳ Таъоло мефармояд: ﴿يَوْمَ لَا يَنفَعُ مَالٌ وَلَا بَنُونَ ۝ إِلَّا مَنْ أَتَى اللَّهَ بِقَلْبٍ سَلِيمٍ﴾ «Рӯзе, ки молу фарзанд ҳеҷ фоида намедиҳанд, магар касе, ки назди Аллоҳ бо қалби солим биёяд». (С. Шуъаро, 88–89) Фоидаҳо: 🌱 Бузургтарин хатар барои инсон на камии мол, балки бемории қалб аст. Инсон метавонад назди мардум бузург бошад, аммо агар қалбаш аз кибр пур бошад, назди Аллоҳ мақоме надорад. На зебоӣ, на мол, на мансаб — балки қалби пок инсонро наҷот медиҳад. 🌱 Кибр инсонро аз ҳақ маҳрум мекунад. Нишонаи кибр ин нест, ки инсон танҳо либоси хуб пӯшад ё чизҳои зебо дошта бошад; балки он аст, ки ҳақро вақте мефаҳмад, қабул намекунад ва аз рӯи такаббур онро рад мекунад. 🌱 Душмани ҳақиқии инсон дар дохили қалби ӯст. Шайтон бо сабаби кибр аз раҳмати Аллоҳ дур шуд. Пас ҳар қалбе, ки ба худбузургбинӣ гирифтор мешавад, ба роҳи хатарнок қадам мегузорад. 🌱 Қалби солим сарвати бузургтарини инсон аст. Рӯзе мерасад, ки мол, мансаб ва ҳама чизе, ки инсон ба он ифтихор мекард, аз ӯ ҷудо мешавад. Он рӯз танҳо қалбе фоида медиҳад, ки пок ва назди Аллоҳ солим бошад. 🌱 Меъёри бузургӣ назди Аллоҳ фурӯтанист. Ҳар қадар инсон ба Аллоҳ наздиктар шавад, ҳамон қадар хоксортар мегардад; зеро ӯ медонад, ки ҳар неъмат аз ҷониби Парвардигор аст. 🌱 Қалб агар аз кибр пур шавад, ҳақро намебинад; аммо қалбе, ки бо тавозӯъ ва тақво зинда аст, роҳи наҷотро меёбад. Пеш аз он ки намуди зоҳирии худро ислоҳ кунем, бояд қалбамонро ислоҳ намоем, зеро назди Аллоҳ арзиши инсон ба покии қалбаш аст. 🤲 Эй Аллоҳ, қалбҳои моро аз кибр, ҳасад, кина ва ҳамаи бемориҳои қалбӣ пок гардон ва моро аз соҳибони қалби солим бигардон. Эй Меҳрубонтарини меҳрубонҳо! Омин. Имом Ибн ал-Қаййим (раҳимаҳуллоҳ) фармудааст: «Аз бузургтарин чизҳое, ки ба банда зарар мерасонанд, бекорӣ ва холӣ будани вақти ӯст. Зеро нафс ҳеҷ гоҳ холӣ намемонад: агар онро ба корҳои судманд (Фоиданок) машғул насозӣ, ҳатман он туро ба корҳои зараровар машғул хоҳад кард.» Манбаъ: Тариқ ал-Ҳиҷратайн, ҷилди 2, саҳ. 597

  • Манъи занон аз фиребкорӣ дар масъалаи либос ва даъвои гирифтани чизе, ки дар асл ба ӯ дода нашудааст. ٣٥  عَنْ عَائِشَةَ — رَضِيَ اللهُ عَنْهَا أَنَّ امْرَأَةً قَالَتْ: يَا رَسُولَ اللَّهِ أَقُولُ إِنَّ زَوْجِى أَعْطَانِى مَا لَمْ يُعْطِنِى فَقَالَ رَسُولُ اللَّهِ -صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّم: « الْمُتَشَبِّعُ بِمَا لَمْ يُعْطَ كَلاَبِسِ ثَوْبَىْ زُورٍ ». أخرجه مسلم. چهل حدیث در احکام بانوان 🔹حدیث  35 : باب: نهي زنان در جعلي كردن لباس و تظاهر به آنچه به آنها داده نشده🔹 〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰 از عائشه رضي الله عنها: «أنَّ امرأة قال: يا رسول الله أقول إنَّ زوجي أعطاني ما لم يعطني؟ فقال رسول الله ﷺ: المتشبع بما لم يعط كلابس ثوبي زور»[1]. زنى به رسول الله ﷺ گفت: (به زن شوهرم می‌گويم) كه شوهرم به من (اين و آن) را داده، در حاليكه در حقيقت چيزى به من نداده، (كنايه از افتخار كردن مقابل زن شوهر)، رسول الله ﷺ فرمودند: تظاهر كننده به آنچه به او داده نشده مانند كسى است كه لباس دروغين پوشيده[2]. —---------------------------------------— [1] متفق عليه. [2] در فتح الباري شرح صحيح البخاري 9/ 317ـ318 آمده كه: تظاهر كننده به آرايش و زينت به آنچه نزد او نيست، مانند زنى است كه نزد مردى است، و اين مرد زن ديگرى دارد، پس اين زن نزد زن ديگر ادعا و افتخار مى كند من نزد شوهرم چنين و چنان هستم(كنايه از اينكه مرا بيشتر دوست دارد و به من چيزها مى دهد) و نزد او مقام و منـزلتى خيلى خوب دارم، مى خواهد كه زن ديگر را به خشم و غضب بياورد. وقول: (كلابس ثوبي الزور): مانند مردى است كه لباس زاهدان و پارسايان و پرهيزكاران مى پوشد، و به مردم نشان مى دهد كه از از جمله آنهاست، ولى در حقيقت امر چنين نيست. و امام خطابي مى گويد: مقصود از لباس مَثَل است، و معناى آن اين كه دروغگو است.

  • Ҳаром будани он барои занон, ки ба мӯйҳои худ мӯйи дигарро пайванд кунанд, ё онҳоро қалбакӣ созанд, инчунин мӯйро бо илова кардани чизе дигар зиёд ва ғафс нишон диҳанд; ва баёни он ки ин кор аз ахлоқу одатҳои яҳудиён ба шумор меравад ٣٤ – عَنْ سَعِيدِ بْنِ الْمُسَيَّبِ قَالَ: قَدِمَ مُعَاوِيَةُ الْمَدِينَةَ فَخَطَبَنَا وَأَخْرَجَ كُبَّةً مِنْ شَعَرٍ فَقَالَ: مَا كُنْتُ أُرَى أَنَّ أَحَدًا يَفْعَلُهُ إِلاَّ الْيَهُودَ ، وإِنَّ رَسُولَ اللَّهِ ﷺ بَلَغَهُ فَسَمَّاهُ الزُّورَ. أخرجه مسلم وفى رواية: أَنَّ مُعَاوِيَةَ قَالَ ذَاتَ يَوْمٍ: إِنَّكُمْ قَدْ أَحْدَثْتُمْ زِىَّ سَوْءٍ وَإِنَّ نَبِىَّ اللَّهِ ﷺ نَهَى عَنِ الزُّورِ. قَالَ: وَجَاءَ رَجُلٌ بِعَصًا عَلَى رَأْسِهَا خِرْقَةٌ قَالَ مُعَاوِيَةُ: أَلاَ وَهَذَا الزُّورُ . قَالَ قَتَادَةُ (الراوي عن سعيد): يَعْنِى مَا يُكَثِّرُ بِهِ النِّسَاءُ أَشْعَارَهُنَّ مِنَ الْخِرَقِ. رواه مسلم. 34. Аз Саъид ибн ал-Мусаййиб ривоят аст, ки гуфт: «Вақте ки Муъовия ибн Абӯ Суфён ба Мадина[¹] омад, барои мо хутба хонд. Сипас як даста (ё тӯда)-и мӯйро[²] баровард ва гуфт: Ман гумон намекардам, ки касе ҷуз яҳудиён чунин кореро анҷом диҳад. Ва бадурусти ин (кор) ба расули Аллоҳ ﷺ расид ва у онро «зӯр» (фиреб) номид."» Ривояти Саҳеҳ Муслим (2127). дар ривояти дигар омадааст: Муъовия рӯзе гуфт: «Ҳамоно шумо чизе бадеро ба вуҷуд овардед, ки пеш набуд, ва ҳамоно Паёмбари Аллоҳ ﷺ аз фиреб манъ кардааст.» Саъид ибни ал-Мусаййиб гуфт: «Сипас марде омад, ки дар сараш асое дошт ва дар нӯги он порчаҳои матоъ баста шуда буданд. Он гоҳ Муъавия гуфт: Огоҳ бошед! Ин ҳамон фиреб аст!"» Қатода ибн Диъома (ровии ин ҳадис аз Саъид) гуфт: «Яъне, мақсади ӯ он буд, ки занон бо порчаҳои матоъ мӯйҳои худро зиёд ва ғафс нишон медиҳанд.» Ривояти Саҳеҳ Муслим (2127). [¹] Дар ривояти дигари ин ҳадис омадааст, ки ин охирин сафари ӯ ба Мадина буд. Саҳеҳ ал-Бухорӣ [²] Мақсад мӯйҳои васлшаванда (мӯйи сохтае, ки ба мӯйи худ мечаспонанд) мебошад. Дар ривояти дигари ин ҳадис омадааст, ки ӯ як тори мӯйро, ки дар дасти яке аз муҳофизонаш буд, гирифт. Саҳеҳ ал-Бухорӣ

  • [4] Имом Яҳё ибн Шараф ан-Нававӣ رحمه الله гуфтанд: «Калимаи «касийат» (كَاسِيَات) маънояш ин аст, ки онҳо ба неъмати Аллоҳ пушидаанд, вале «ъарийат» (عَارِيَات) — нисбат ба ин неъмат носипосанд. Ҳамчунин гуфта шудааст, ки маънояш ин аст: зане, ки як қисми баданашро мепушонад, вале қисми дигарашро ошкор мекунад ва зебоии худ ва монанди онро ба намоиш мегузорад. Инчунин гуфта шудааст, ки маънояш ин аст: зане, ки либосе аз матои бисёр тунук мепушад, то ҷое ки ранги баданаш аз зери он дида мешавад. Дар мавриди маънои калимаи «маилат» (مَائِلَات) гуфта шудааст, ки онҳо аз тоати Аллоҳ ва аз он чи бар онҳо воҷиб аст, руй мегардонанд. Аммо маънои «мумийлат» (مُمِيلَات) чунин гуфта шудааст, ки онҳо дигаронро ба амалҳои нописанди худ мекашонанд ва онҳоро ба он одат медиҳанд. Ҳамчунин гуфта шудааст, ки «маилат» яъне заноне, ки бо такаббур роҳ мераванд ва китфҳои худро ба ҳар су меҷунбонанд. Инчунин гуфта шудааст, ки «маилат» яъне заноне, ки муйҳои худро ба як тараф шона мекунанд, ки ин аз ороиши занони фоҳиша буд. Ва «мумийлат» яъне онҳое, ки чунин муйороишро барои дигарон мекунанд. Аммо суханони Расули Аллоҳ ﷺ: «сарҳояшон монанди куҳонҳои овезони шутур аст», маънояш ин аст, ки онҳо сарҳои худро бо печонидани салла, руймол ё чизҳои монанди он калон ва барҷаста менамоянд». Уламои Кумитаи доимӣ оид ба фатвоҳо дар Арабистони Саудӣ такя ба ҳадиси зикршуда карда дар бораи «куҳонҳо» гуфтаанд, ки барои зан ҷоиз нест муйҳояшро дар болои сар ба шакли гулула (пучок) ҷамъ кунад. Онҳо гуфтанд, ки ин шабоҳат ба занони кофир аст ва сипас ҳамон ҳадиси зикршударо дар бораи аҳли Дузах далел оварданд. Ниг: «Фатово ал-Лажна» (17/126). Ҳамчунин Муҳаммад ибн Иброҳим Оли Шайх رحمه الله низ ин амалро манъ карда гуфтаанд, ки чунин тарзи муйороӣ ташбеҳ ба занони кофири аврупоӣ мебошад. Ниг: «Фатово Ибн Иброҳим» (1/47). Калимаи «ъарийат» (عاريات) танҳо маънои «урён» надорад, балки ҳамчунин маънои «маҳрумшуда»-ро низ дорад. Дар ин ҷо мақсад он аст, ки онҳо аз ҳисси шукргузорӣ маҳруманд. Нигаред: «Риёзу-с-солиҳин», нашри русӣ, ҳадиси №1633. Яъне, бо чунин амал ин занон ба мардон монанд мешаванд. Дар гузашта чунин тарзи ороиши сар хоси занони овозхон (муғаннияҳо) будааст.

  • Манъ будани барои занон пушидани либосҳои танг, ки баданро намоён мекунанд, ё либосҳои шаффофе, ки пӯст аз зери онҳо дида мешавад, ё либосҳои кутоҳе, ки тамоми баданро намепушонанд. Ҳамчунин манъ будани базанон ҷамъ кардан ва баланд бастани муй бар болои сар (ба шакле, ки муй баланд намоён шавад) ва ҳар он чизе, ки ба ин монанд аст. ٣٣ – عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ — رَضِيَ اللهُ عَنْهُ — قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللَّهِ — صلى الله عليه وسلم : صِنْفَانِ مِنْ أَهْلِ النَّارِ لَمْ أَرَهُمَا: قَوْمٌ مَعَهُمْ سِيَاطٌ كَأَذْنَابِ الْبَقَرِ يَضْرِبُونَ بِهَا النَّاسَ ، وَنِسَاءٌ كَاسِيَاتٌ عَارِيَاتٌ مُمِيلَاتٌ مَائِلَاتٌ رُءُوسُهُنَّ كَأَسْنِمَةِ الْبُخْتِ الْمَائِلَةِ لَا يَدْخُلْنَ الْجَنَّةَ وَلَا يَجِدْنَ رِيحَهَا وَإِنَّ رِيحَهَا لَيُوجَدُ مِنْ مَسِيرَةِ كَذَا وَكَذَا. أخرجه مسلم 33 – Аз Абу Ҳурайра رضي الله عنه ривоят аст, ки гуфт: Расули Аллоҳ ﷺ фармуданд: «Ду гуруҳ аз аҳли дузах ҳастанд, ки ман онҳоро (дар замони худ) надидаам: гуруҳе, ки бо онҳо тозиёнаҳое монанди думҳои гов аст ва бо онҳо мардумро мезананд[¹]; ва заноне, ки либоспушидаанд, вале бараҳнаанд, худ гумроҳанд ва дигаронро низ гумроҳ мекунанд. Сарҳояшон монанди кӯҳонҳои шутурони хамида мебошад. Онҳо ба ҷаннат дохил намешаванд ва буи[²] онро ҳам эҳсос намекунанд, дар ҳоле ки буи ҷаннат аз масофаи бисёр дур эҳсос мешавад[³]».[⁴] Ривояти Муслим (2128). [1] Дар шарҳи ҳадис дар бораи одамоне, ки тозиёнаҳое монанди думҳои гов доранд, Ал-Қуртубӣ гуфтааст: «Дар сарзамини Мағриб (Африқои Шимолӣ) ин навъи тозиёнаҳо то имрӯз вуҷуд доранд». Ва Сиддиқ Ҳасан Хон ба сухани Ал-Қуртубӣ илова кардааст: «Балки онҳоро дар ҳар макон ва ҳар замон метавон дид. Шумораи онҳо рӯз ба рӯз дар назди амирон ва ашроф зиёд мешавад. Мо аз Аллоҳ мехоҳем, ки моро аз ҳар чизе, ки назди Ӯ нописанд аст, нигоҳ дорад». Нигаред: «Яқзату улил-иътибор», саҳ. 113. [2] Имом ан-Нававӣ, раҳимаҳуллоҳ, гуфтааст: «Суханони Паёмбар ﷺ: “Онҳо ба Ҷаннат дохил намешаванд”, ба ду тарз тафсир мешавад: Ин ҳукм ба заноне дахл дорад, ки табарруҷ (ошкор кардани зебоӣ ва зинат барои бегонагон)-ро ҳалол шумурдаанд, дар ҳоле ки медонистанд он ҳаром аст. Чунин занон кофир мешаванд ва ҷовидона дар Оташ мемонанд ва ҳаргиз ба Ҷаннат дохил намешаванд. Маънои дигар ин аст, ки онҳо дар ибтидои кор, ҳамроҳи касоне, ки наҷот ёфтаанд, ба Ҷаннат дохил намешаванд, балки барои гуноҳашон ҷазо мебинанд, сипас агар Аллоҳ бихоҳад, ба Ҷаннат дохил мешаванд»..Ниг: «Шарҳи Саҳеҳ Муслим» 17/191. Уламои Кумитаи Доимии фатвоҳои Арабистони Саудӣ гуфтаанд: «Ҳар яке аз ин занон, ки чунин либоспӯширо ҳалол шуморад, кофир аст ва ҷовидона дар Оташ мемонад. Агар ӯ бар ҳамин эътиқод бимирад, ба Ҷаннат дохил намешавад ва ҳатто бӯи онро эҳсос намекунад. Аммо агар ӯ чунин либос пӯшида бошад, дар ҳоле ки эътиқод дорад ин амал ҳаром аст, пас ӯ яке аз гуноҳони кабираро содир кардааст, вале аз дини Ислом хориҷ намешавад. Ҳоли ӯ зери машияти Аллоҳ аст: агар бихоҳад, ӯро мебахшад ва агар бихоҳад, барои гуноҳаш азоб медиҳад. Дар ин сурат, ӯ то пеш аз ҷазо дидан ба Ҷаннат дохил намешавад ва бӯи онро эҳсос намекунад. Ин ақида ва мазҳаби аҳли Суннат вал-Ҷамоат аст. Дар он далелҳои башорати Ҷаннат ва огоҳӣ аз Оташ ҷамъ карда шудаанд. Ин роҳ миёна байни мазҳаби мурҷиъа, хавориҷ ва муътазила мебошад». Ниг.: «Фатово ал-Лаҷна ад-Доима» 17/104. [3] Дар яке аз ҳадисҳое, ки Имом ат-Табаронӣ ривоят кардааст, омадааст, ки Расули Аллоҳ ﷺ фармудаанд: «... ва ҳамоно бӯи Ҷаннат аз масофаи панҷсад соли роҳ эҳсос мешавад». Ниг.: «Риёзус-солиҳин», ҳадиси №1633. Тавзеҳ: Ҳадисе, ки дар он «панҷсад сол» зикр шудааст, шайх Муҳаммад Носируддин ал-Албонӣ, раҳимаҳуллоҳ, онро мункар (радшуда) донистааст. Ниг.: «ас-Силсила ад-Даъифа» (6376). Аммо ҳадисҳои саҳеҳе вуҷуд доранд, ки дар онҳо омадааст: «чиҳил сол», «сад сол» ё «чунин ва чунон сол». Ниг: Саҳеҳ ал-Бухорӣ (3166) ва дигар манобеъ. Тавзеҳи Форуқ.

  • Манъи тағйир додани офариниши Аллоҳ ба хотири зиннат ва зебоӣ. ٣٢ – عَنْ عَبْدِ اللهِ بْنِ مَسْعُودٍ — رَضِيَ اللهُ عَنْهُ — قَالَ: لَعَنَ اللَّهُ الْوَاشِمَاتِ وَالْمُسْتَوْشِمَاتِ وَالنَّامِصَاتِ وَالْمُتَنَمِّصَاتِ وَالْمُتَفَلِّجَاتِ لِلْحُسْنِ الْمُغَيِّرَاتِ خَلْقَ اللَّهِ ، مَا لِي لَا أَلْعَنُ مَنْ لَعَنَ النبي ﷺ، وَهُوَ فِي كِتَابِ اللَّهِ ﴿ وَمَا آتَاكُمْ الرَّسُولُ فَخُذُوهُ وَمَا نَهَاكُمْ عَنْهُ فَانْتَهُوا ﴾. متفق عليه Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд رضي الله عنه ривоят аст, ки гуфт: «Аллоҳ лаънат кунад занонеро, ки холкӯбӣ (вашмкунӣ) мекунанд ва онҳое, ки талаб мекунанд барояшон холкӯбӣ кунанд; ва занонеро, ки абрӯҳоро мечинанд ва онҳое, ки талаб мекунанд абрӯяшонро бичинанд/мутанаммисат/[¹]; ва занонеро, ки барои зебоӣ байни дандонҳои[²] худ фосила месозанд ва бо ин кори худ офариниши Аллоҳро тағйир медиҳанд. Чаро ман лаънат накунам касонеро, ки Расули Аллоҳ ﷺ лаънат кардааст?! Дар ҳоле ки ин[³] дар Китоби Аллоҳ омадааст: «Он чиро, ки Паёмбар ба шумо додааст, бигиред ва аз он чи шуморо аз он манъ кардааст, дурӣ ҷуед». (Сураи ал-Ҳашр, ояти 7)». Ривояти ал-Бухорӣ (5931) ва Муслим (2125). [¹] Имом Яҳё ибн Шараф ан-Нававӣ гуфт: «Номиса — занест, ки абрӯвони зани дигарро меканад (мечинад) ва онҳоро борик месозад, то зеботар намоён шаванд. Мутанаммиса — занест, ки аз дигаре талаб мекунад ё фармон медиҳад, ки ин корро барои вай анҷом диҳад». Ниг.: «Риёдус-солиҳин», ҳадиси №1645. [²] «Мутафаллиҷа» — занест, ки дандонҳои худро метарошад ё байни онҳо фосила ба вуҷуд меорад, то андаке аз ҳам ҷудо шаванд ва зеботар ба назар расанд. Ниг.: «Мухтасар Саҳиҳ Муслим», ҳадиси № 1399. [³] Дар ин ҷо мақсад лаънат кардани касонест, ки онҳоро Расули Аллоҳ ﷺ лаънат кардаанд. Аммо ба маънои васеътар, сухан дар бораи воҷиб будани пайравӣ аз ҳамаи он чизест, ки Паёмбар ﷺ иҷозат додааст, ва дурӣ ҷустан аз ҳамаи он чизест, ки эшон манъ кардаанд. [⁴] Яъне он чие, ки паёмбар ﷺ амркардааст иҷро намоед. ▪️  چهل حدیث در احکام بانوان : حدیث 32 باب: تحريم تغيير دادن خلق و آفريده خدا براي خوشگلي و زينت و آرايش از عبدالله بن مسعود رضي الله عنه روايت است كه گفت: «لعن الله الواشمات والمستوشمات، والنامصات والمتنمصات، والمتفلجات للحسن المغيّرات خلق الله، ما لي لا ألعن من لعن النبي ﷺ وهو في كتاب الله: )وَمَا آتَاكُمُ الرَّسُولُ فَخُذُوهُ وَمَا نَهَاكُمْ عَنْهُ فَانتَهُوا(»[1]. خداوند خالكوب و خالكوب كننده و نامص(باريك كردن ابرو، و كسيكه براى ديگرى اينكار را انجام می‌دهد) و كسانيكه بين دندانهاى خود فاصله قرار می‌دهند، و می‌گشايند (براى زيبائى) و اينها همه از تغيير خلق و آفريده خداست، لعنت كرده است، پس چرا من كسانى كه پيامبر آنها را لعنت كرده، لعنت نكنم، و آنهم در كتاب خداست كه می‌فرمايد: آنچه را رسول خدا براي شما آورده بگيريد (و اجرا كنيد) و آنچه نهي كرده خوداري نمائيد، و از (مخالفت) خدا بپرهيزيد. [1] متفق عليه.

  • 💡ИЛМИ БЕ АМАЛ ! ✅️ Имом Ибни Қайим Ҷавзӣ (رَحِمَهُ الله) фармуд: «Агар илм бе амал фоида мекард, Аллоҳ аҳли китобро маломат намекард ! Ва агар амали бе ихлос фоида меовард, мунофиқонро маломат намекард !» 📗«АЛ-ФАВÁИД» САҲ, 31

  • HADIS _VA _ASAR pinned «Ибни Қайим ( رحمه الله ) гуфт: Хуроки муфидтарин ба дил — ин имон  аст! Ва табобати муфидтарин — Қуръон  аст.... ✍️ 📚« Иғасатул-ҳафан » 117. https://t.me/Kitabu_s_Sunna»

  • •• Баъзе аз одоби бародарӣ! •• 📝 Аз Абу Ҳурайра (Аллоҳ аз у рози бошад) ривоят аст, ки Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфт: «Ба якдигар ҳасад набаред ва қиммати молро бо фиреб зиёд накунед ва буғзу кина нагиред ва аз як дигар рӯй нагардонед ва бар болои савдои якдигар савдо накунед ва бандаҳои Аллоҳ бародар бошед. Мусулмон бародари мусулмон аст, ӯро на зулм мекунад, ва ӯро дар ҳолати мӯҳтоҷ буданаш тарк намекунад ва таҳқираш немекунад. Тақво ана инҷост (Ва ба синаи худ се бор ишорат кард) Басанда аст мардро аз бадӣ ин ки таҳқир кунад бародари мусалмонашро. Тамоми чизҳои мусалмон бар мусалмон ҳаром аст: хунаш ва молаш ва номусаш. (📚 Имом Муслим ) 📝Фоидаҳои ҳадис: 1. Ҳаром будани ҳасаду фиреб ва хариду савдо бар болои хариду савдои бародари мусалмон. 2. Инчунин дур шудан аз тамоми он чизҳое, ки байни мусалмонон буғзу душманиро пайдо мекунад. 3. Ҳаром будани зулм бар як бародари мусалмон, ҳатто бар ҳайвон. 4. Бародарро паст нашуморидан. 5. Тақво дар симову бойгарӣ нест. Аллоҳ Таъоло гуфт: " Албатта аз ҳамма мукаррамтарин ва бо шарафтарини шумо дар назди Аллоҳ парҳезгортарини шумост" Вақте ки Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва салламро пурсидан ки: Беҳтарини мардум кист? Гуфт: ҳамоне ки бо тақво бошад". 7. Ба номуси бародар даст назадан. 8. Хатогии бародарро ҷустуҷӯ накардан. ⚠️Расулуллоҳ салаллоҳу алайҳи ва саллам гуфт: "Хатогию камбудии мусалмонро ҷустуҷӯ накунед, касе ки хатогии бародарашро ҷустуҷӯ кунад, Аллоҳ ӯро дар хонаи худаш  шарманда мекунад". 📚 Мухтасар аз дарси (40- ҳадиси ан-Нававӣ)

  • [ Ин аст бародарии ҳақиқии содиқона дар роҳи Аллоҳ ] Имом Абдулазиз ибни Боз (Аллоҳ ӯро раҳмат кунад) фармуд: «Бародарат касест, ки туро насиҳат ва ёдоварӣ мекунад (ёдовари аз Аллоҳ) ва ҳушдор медиҳад ва бародарат ӯ нест, ки нисбат бо ту беаҳамиятӣ карда аз ту рӯй гардонад ва туро таърифи бардурӯғ кунад, балки бародари ҳақиқӣ касест, ки туро насиҳату панд медиҳад ва ёдоварӣ мекунад ва ба сӯи Аллоҳ туро даъват мекунад ва ба ту роҳи наҷотро баён мекунад, то ин ки аз он пайравӣ кунӣ ва аз роҳи ҳалокат ва оқибатҳои бади он ҳушдор медиҳад, то аз он дур шавӣ» 📚 Маҷмӯъи фатво ва мақолот мутанвиъа (21/14)

  • HADIS _VA _ASAR pinned a photo

  • Воҷиб будани нафақаи зану фарзандон бар зиммаи шавҳар 31 – عَنْ عَائِشَةَ — رَضِيَ اللهُ عَنْهَا — أَنَّ هِنْدَ بِنْتَ عُتْبَةَ قَالَتْ: يَا رَسُولَ اللَّهِ إِنَّ أَبَا سُفْيَانَ رَجُلٌ شَحِيحٌ ، وَلَيْسَ يُعْطِينِى مَا يَكْفِينِى وَوَلَدِى ، إِلاَّ مَا أَخَذْتُ مِنْهُ وَهْوَ لاَ يَعْلَمُ فَقَالَ: « خُذِى مَا يَكْفِيكِ وَوَلَدَكِ بِالْمَعْرُوفِ » . متفق عليه 31. Аз Оиша رضي الله عنها ривоят аст, ки: Ҳинд бинти Утба رضي الله عنها ба Расули Аллоҳ ﷺ гуфт: «Эй Расули Аллоҳ ﷺ! Ҳамоно Абу Суфён марди бахил аст ва ба ман он қадаре намедиҳад, ки барои ман ва фарзандам кофӣ бошад, магар он чи ки ман худам аз моли ӯ бидуни огоҳии вай мегирам». Пас Расули Аллоҳ ﷺ фармуданд: «Ба андозаи кофӣ барои худат ва фарзандат, мувофиқи урфу одат (ба таври маъруф), бигир». Ривояти Муҳаммад ибн Исмоил ал-Бухорӣ ва Муслим ибн ал-Ҳаҷҷоҷ. ▪️ چهل حدیث در احکام بانوان : حدیث ۳۱ باب: واجب بودن نفقه زن و فرزندانش بر شوهر 〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰〰 عائشه  رضي الله عنها  روايت می‌کند كه: «أنَّ هنداً بنت عتبة قالت: يا رسول الله إنَّ أبا سفيان رجل شحيح، وليس يعطيني ما يكفيني وولدي إلاَّ ما أخذت منه وهو لا يعلم، فقال: خذي ما يكفيك وولدك بالمعروف»[1]. هند دختر عتبه گفت: اى رسول الله  أبوسفيان مرد بخيلى است، و به من چيزى كه كفايت خود و فرزندم باشد نمی‌دهد، مگر آنچه كه من بدون علم او از او بگيرم، و او نداند. حضرت ﷺ فرمود: آنچه كه براى خود و فرزندت كفايت كند بطور معروف (عدم اسراف) از او بگير، (و مهم نيست كه او نداد). [1] متفق عليه.

  • Хидматгузории зан ба шавҳараш ва касоне, ки таҳти сарпарастии ӯ ҳастанд ٣٠ عَنْ جَابِرِ بْنِ عَبْدِ اللَّهِ رَضِيَ اللهُ عَنْهُمَا قَالَ: هَلَكَ أَبِى وَتَرَكَ سَبْعَ بَنَاتٍ أَوْ تِسْعَ بَنَاتٍ فَتَزَوَّجْتُ امْرَأَةً ثَيِّبًا فَقَالَ لِى رَسُولُ اللَّهِ ﷺ: «تَزَوَّجْتَ يَا جَابِرُ». فَقُلْتُ: نَعَمْ . فَقَالَ: «بِكْرًا أَمْ ثَيِّبًا». قُلْتُ: بَلْ ثَيِّبًا. قَالَ: «فَهَلاَّ جَارِيَةً تُلاَعِبُهَا وَتُلاَعِبُكَ، وَتُضَاحِكُهَا وَتُضَاحِكُكَ». قَالَ: فَقُلْتُ لَهُ: إِنَّ عَبْدَ اللَّهِ هَلَكَ وَتَرَكَ بَنَاتٍ، وَإِنِّى كَرِهْتُ أَنْ أَجِيئَهُنَّ بِمِثْلِهِنَّ، فَتَزَوَّجْتُ امْرَأَةً تَقُومُ عَلَيْهِنَّ وَتُصْلِحُهُنَّ. فَقَالَ: « بَارَكَ اللَّهُ لَكَ». أَوْ قَالَ: «خَيْرًا». متفق عليه 30. Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (رضي الله عنهما) ривоят аст, ки гуфт: «Падарам вафот кард ва пас аз худ ҳафт (ё нӯҳ) духтарро боқӣ гузошт. Ман бо зане, ки қаблан шавҳар дошта буд, издивоҷ кардам. Пас Муҳаммад аз ман пурсиданд: — «Эй Ҷобир, издивоҷ кардӣ?» Гуфтам: — «Бале». Фармуданд: — «Бо духтари бокира ё бо зане, ки пештар шавҳар доштааст?» Гуфтам: — «Бо зане, ки пештар шавҳар доштааст». Фармуданд: — «Чаро бо духтари ҷавоне издивоҷ накардӣ, то бо вай меҳрубонӣ ва шӯхӣ кунӣ ва вай ҳам бо ту меҳрубонӣ ва шӯхӣ намояд?» Гуфтам: — «Ба дурустӣ ки Абдуллоҳ (падарам) вафот кард ва духтаронеро боқӣ гузошт. Ман нахостам барои онҳо духтари ҳамсинну соли худашонро биёрам. Аз ин рӯ, бо зане издивоҷ кардам, ки ба онҳо нигоҳубин кунад ва онҳоро тарбия намояд». Пас Расули Аллоҳ ﷺ фармуданд: — «Аллоҳ туро баракат диҳад!» (ё фармуданд: «Аллоҳ ба ту хайру некӣ ато кунад!»). Ривояти Саҳиҳ ал-Бухорӣ ва Саҳиҳ Муслим. [1] Яъне навозиш ва меҳрубониҳои байни ҳамсарону муносибатҳои гармии заношӯӣ. [2] Яъне падари Ҷобир ибни Абдуллоҳ (رضي الله عنهما). چهل حدیث در احکام بانوان – حدیث 30 باب: خدمتكاري زن به شوهر و كسانيكه شوهر سرپرستي آنها را به عهده دارد جابر بن عبدالله گويد: «هلك أبي وترك سبع بنات أو تسع، فتزوجت امرأة ثيباً فقال لي رسول الله ﷺ : تزوجت يا جابر؟ فقلت: نعم، فقال: بكراً أم ثيباً؟ قلت: بل ثيباً، قال: فهلاّ جارية تلاعبها وتلاعبك، وتضاحكها وتضاحكك؟ قال: فقلت له: إنَّ عبدالله هلك وترك بنات، وإنّي كرهت أن أجيئهن بمثلهن، فتزوجت امرأة تقوم عليهن وتصلحهن، فقال: بارك الله لك، أو خيراً»[1]. پدرم فوت كرد و هفت يا نه دختر بجا گذاشت، و من با زنى ثيبه (بيوه) ازدواج كردم، رسول الله ﷺ به من گفت: اى جابر! آيا ازدواج كرده اى؟ گفتم: بلى، آنحضرت ﷺ فرمود: باكره يا ثيبه (با دختر و يا با زن)؟ گفتم با ثيبه، فرمود: آيا با دخترى ازدواج نكردى كه با او بازى كنى و او با تو بازى كند، و با او بخندى، و او با تو بخندد؟ جابر: به آنحضرت ﷺ  گفتم: عبدالله (پدرم) فوت كرد و دخترها را بجا گذاشت، و كراهت داشتم كه مانند آنها با دخترى ازدواج كنم، پس با زنى ازدواج كردم تا سرپرستى آنها را به عهده بگيرد، رسول الله ﷺ فرمود: خدا به تو بركت دهد، يا فرمود: خوب كردى. —---------------------------------------- [1] متفق عليه.

  • Зан ҳақ надорад аз моли худ ҳадя ё туҳфае бидиҳад, магар бо иҷозати шавҳараш 29 – قال رسول الله ﷺ: «لَا يَجُوزُ لِلْمَرْأَةِ أَمْرٌ فِي مَالِهَا, إِذَا مَلَكَ زَوْجُهَا عِصْمَتَهَا». صحيح أخرجه أحمد والحاكم والنسائي وابن ماجه وزاد: « إِلَّا بِإِذْنِ زَوْجِهَا » والنسائي بلفظ: « هِبَةٌ » ولفظ: « عَطِيَّةٌ » بدلا من « أَمْرٌ» . 29 — Аз ‘Амр ибни Шуъайб, аз падараш, аз бобояш (‘Абдуллоҳ ибни ‘Амр ибни ал-‘Ос رضي الله عنه) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ ﷺ фармуданд: «Барои зан ҳеҷ гуна тасарруфе дар моли худ ҷоиз нест, агар шавҳараш масъулияти ӯро бар уҳда дошта бошад». Дар ривояти дигар омадааст: «Магар бо иҷозати шавҳараш». Ва дар баъзе ривоятҳо ба ҷои калимаи «тасарруф» калимаҳои «ҳадя» ё «туҳфа» омадааст. Ҳадисро Аҳмад, Абу Довуд, ан-Насоӣ, ал-Ҳоким ва Ибни Моҷа ривоят кардаанд. Ҳадис саҳеҳ аст. Нигаред ба: Саҳиҳ ал-Ҷомиъ ас-сағир (7625), Саҳиҳ ан-Насоӣ (3765), Саҳиҳ Ибни Моҷа (1948). [1] Маълум ва машҳур аст, ки зани мусалмон ҳақ дорад моли шахсии худро мувофиқи хоҳиши худ сарф намояд ва шавҳараш нисбат ба моли хусусии ӯ ҳеҷ ҳаққи моликият надорад. Бо вуҷуди ин, зани оқила ва солеҳа дар бораи тарзи сарф кардани молу дороии худ бо шавҳараш машварат мекунад. Зеро чунин рафтор муҳаббати шавҳарро нисбат ба ҳамсараш бештар мегардонад. Илова бар ин, ин амал аз сифатҳои беҳтарин занон ба шумор меравад. Аз Абу Ҳурайра رضي الله عنه ривоят аст, ки аз Расули Аллоҳ ﷺ пурсиданд: «Кадом зан беҳтарин зан аст?» Эшон фармуданд: «Он зане, ки вақте шавҳараш ба ӯ менигарад, ӯро шод мегардонад; вақте ба ӯ дастуре медиҳад, итоат мекунад; ва дар бораи худ ё дар бораи тарзи сарф кардани молаш коре намекунад, ки шавҳараш онро дӯст надорад». Ривояти Аҳмад (2/251) ва ан-Насоӣ (6/68). Саҳеҳ будани ин ҳадисро ал-Ҳоким, аз-Заҳабӣ, ал-'Ироқӣ ва ал-Албонӣ тасдиқ намудаанд. Нигаред: ас-Силсила ас-саҳиҳа (1838). چهل حدیث در احکام بانوان – حدیث 29 باب: اينكه جايز نيست كه زن از مال خود هديه دهد مگر به اجازه شوهرش رسول الله  ﷺ فرمودند: «لا يجوز للمرأة أمر في مالها إذا ملك زوجها عصمتها»[1]. جايز نيست كه زن وقتى شوهر كرد از مال خود هديه كند مگر با اجازه شوهرش[2]. [1] صحيح أخرجه أحمد والحاكم والنسائي وابن ماجه. وزاد: «إلاَّ بإذن زوجها»، والنسائي بلفظ «هبة»، ولفظ: «عطية»، بدلاً من «أمر». [2] در كتاب (عون المعبود شرح سنن أبي داود 9/462ـ463) در شرح حديث بطور خلاصه چنين آمده: مقصود از مال خود، چون عقل و خرد زنان كم است، ناقص العقل هستند، پس نبايد در مال خود تصرف كند مگر با مشورت شوهر خود، آنهم از باب ادب و استحباب، پس اينجا نهى تنزهى است، نه تحريمى، اين قول بعضى از علماست. علماء ديگر من جمله : الليث بن سعد گفته اند: اين بطور مطلق است، پس اگر هم زن رشيد و عاقل باشد برايش جايز نيست كه در مال خود تصرف كند نه در مقدار ثلث آن و نه هم كمتر مگر اينكه مال ناچيزي باشد طاووس و مالك گفته اند كه: جايز است كه به اندازه ثلث و كمتر از آن صدقه دهد، اما بيشتر از آن بايد با اجازه شوهر باشد. و جمهور علماء گفته اند كه: جايز است كه بطور مطلق و قطعى در مال خود تصرف كند بدون اجازه شوهر در مال خود تصرف كند، اگر نادان و ناخرد نباشد، وگرنه جايز نيست. و در حديث ديگرى آمده كه رسول الله ﷺ وقتى براى زنان خطبه ويژه اى خواند فرمود: صدقه بدهيد: زن گوشواره و انگشتر خود را مى انداخت و بلال ﷺ آنرا در جامه ى خود جمع مى كرد، و اين دلالت بر اين دارد كه بدون اجازه شوهر بوده است.

  • Агар шавҳар ҳамсарашро ба нофармонии Аллоҳ даъват кунад, бар вай воҷиб аст, ки рад намояд ва уро итоат накунад ٢٨ – عَنْ عَائِشَةَ — رضي الله عنها – أَنَّ امْرَأَةً مِنَ الأَنْصَارِ زَوَّجَتِ ابْنَتَهَا فَتَمَعَّطَ شَعَرُ رَأْسِهَا ، فَجَاءَتْ إِلَى النَّبِىِّ ﷺ فَذَكَرَتْ ذَلِكَ لَهُ ، فَقَالَتْ: إِنَّ زَوْجَهَا أَمَرَنِى أَنْ أَصِلَ فِى شَعَرِهَا . فَقَالَ: «لاَ إِنَّهُ قَدْ لُعِنَ الْمُوصِلاَتُ» . متفق عليه 28 – Аз 'Аиша رضي الله عنها ривоят аст, ки: Зане аз ансор духтарашро ба шавҳар дод. Баъд мӯйи сари духтараш рехт. Он зан назди Расули Аллоҳ ﷺ омад ва ин ҳолатро ба Ӯ хабар дод ва гуфт: «Шавҳари духтарам ба ман амр кардааст, ки ба мӯйи ӯ мӯй васл намоям». Пас Расули Аллоҳ ﷺ фармуданд: «Не! Зеро заноне, ки мӯй васл мекунанд, лаънат шудаанд». Муттафақун алайҳ. Ал-Бухорӣ (5205), Муслим (2123). Фоида: Аз Али ибни Абӣ Толиб رضي الله عنه ривоят аст, ки Расули Аллоҳ ﷺ фармуданд: «Ҳамоно итоат танҳо дар корҳои маъруф (нек ва ҷоиз) мебошад». Ал-Бухорӣ (7145), Муслим (1840). Аз Имрон ибни Ҳусайн ва Ал-Ҳакам ибни Амр رضي الله عنهما ривоят аст, ки Расули Аллоҳ ﷺ мефармуданд: «Дар нофармонии Офаридгор барои махлуқ итоате нест!» Аҳмад (1/131, 5/66), ат-Табаронӣ дар «ал-Кабир» (18/165) ва «ас-Сағир» (4/321). Саҳеҳ будани ин ҳадисро имом ад-Дорақутнӣ, ҳофиз Ибн Абдулбарр, шайх Ибн ал-Қаййим, имом аш-Шавконӣ ва шайх ал-Албонӣ тасдиқ кардаанд. Ҳофиз Ибн Ҳаҷар ал-Асқалонӣ гуфтааст: «Агар шавҳар ҳамсарашро ба кори гуноҳноке даъват кунад, пас бар ӯ воҷиб аст, ки аз он пешгирӣ намояд ва онро напазирад. Агар шавҳар вайро маҷбур созад, пас гуноҳ танҳо бар дӯши шавҳар хоҳад буд». «Фатҳул-Борӣ» (9/304). چهل حدیث در احکام بانوان:حدیث شماره ۲۸ باب: اگر شوهر همسر خود را به معصيت و گناهي دعوت نمود، بايد زن از آن گناه اجتناب ورزيده و دعوت او را قبول نكند از عائشه رضي الله عنها روايت است كه: «أنَّ امرأة من الأنصار زوَّجت ابنتها، فتمعط شعر رأسها، فجاءت إلى النبي ﷺ فذكرت ذلك له، فقالت: إنَّ زوجها أمرني أن أصل في شعرها، فقال: لا، إنَّه قد لُعن الموصلات[1]»[2]. زنى از انصار دخترش را به ازدواج يكى بيرون آورد، و موهاى سرش افتاد، و به نزد پيامبر ﷺ آمد و جريان را به او عرض نمود، و گفت: شوهرش به من امر كرده كه براى او موهاى ديگرى (باروكه) بياورم، آنحضرت ﷺ فرمودند، خير اينكار مكن، چون كسانيكه مو را وصل می‌کنند، لعنت شده‌اند. [1] موصلات: كسانى كه مو را به موى ديگر مى رسانند و متصل مى كنند. [2] متفق عليه.

  • Манъи носипосӣ кардани зан нисбат ба шавҳараш ٢٧ – عَنْ عَطَاءِ بْنِ يَسَارٍ عَنِ ابْنِ عَبَّاسٍ — رَضِيَ اللهُ عَنْهُمَا — قَالَ: قَالَ النَّبِىُّ ﷺ: «أُرِيتُ النَّارَ فَإِذَا أَكْثَرُ أَهْلِهَا النِّسَاءُ يَكْفُرْنَ ». قِيلَ: أَيَكْفُرْنَ بِاللَّهِ ؟ قَالَ: «يَكْفُرْنَ الْعَشِيرَ ، وَيَكْفُرْنَ الإِحْسَانَ ، لَوْ أَحْسَنْتَ إِلَى إِحْدَاهُنَّ الدَّهْرَ ثُمَّ رَأَتْ مِنْكَ شَيْئًا قَالَتْ: مَا رَأَيْتُ مِنْكَ خَيْرًا قَطُّ». متفق عليه 27 – Аз Ибн Аббас رضي الله عنهما ривоят аст, ки гуфт: Расули Аллоҳ ﷺ фармуданд: «Ба ман дӯзах нишон дода шуд ва дидам, ки бештари аҳли он занонанд, ки носипосӣ мекунанд». Пурсиданд: — Оё онҳо ба Аллоҳ куфр[¹] меварзанд? Фармуданд: «Онҳо нисбат ба шавҳарони худ носипосӣ мекунанд ва некиҳоро қадр намекунанд. Агар ту муддати дароз ба яке аз онҳо некӣ кунӣ, сипас аз ту чизе бубинад, ки ба ӯ писанд наояд, мегӯяд: “Ман ҳаргиз аз ту ягон некие надидаам!”»[²] Ривояти Саҳиҳ ал-Бухорӣ ва Саҳиҳ Муслим. [¹] Калимаи арабии «якфурна» аз феъли «кафара» гирифта шудааст, ки ҳам маънои «кофир шудан» ва ҳам маънои «носипосӣ кардан» дорад. Дар ин ҳадис мақсад носипосӣ ва қадр накардани некиҳои шавҳар аст. [2] Абдурраҳмон ибн Шибл رضي الله عنه ривоят кардааст: «Ман шунидам, ки Расули Аллоҳ ﷺ фармуданд: “Ба ростӣ, фоҷирон (нофармонон) аҳли дӯзаханд!” Пурсиданд: “Эй Расули Аллоҳ ﷺ, фоҷирон кистанд?” Фармуданд: “Занон”. Марде гуфт: “Оё модарон, хоҳарон ва ҳамсарони мо зан нестанд?” Расули Аллоҳ ﷺ фармуданд:“Бале, вале онҳо касонеанд, ки ҳар гоҳ ба онҳо чизе дода шавад, шукр намекунанд ва ҳар гоҳ ба мусибате гирифтор шаванд, сабр намеварзанд.”» Ин ҳадисро Имом Аҳмад ибн Ҳанбал, Ал-Ҳоким ан-Найсобурӣ ва Абд ибн Ҳумайд ривоят кардаанд. Ал-Ҳайсамӣ дар китоби «Мажмаъу-з-заваид» гуфтааст, ки ҳамаи ровиёни ин ҳадис аз ровиёни «ас-Саҳиҳ» мебошанд. Ҳамчунин Муҳаммад Носируддин ал-Албонӣ ва Шуайб ал-Арнаут саҳеҳ будани онро тасдиқ намудаанд. Имом Абу Бакр ал-Калябозӣ гуфтааст: «Дар ин ҳадис Расули Аллоҳ ﷺ касонеро, ки ба неъматдиҳандаи худ шукр намекунанд ва ҳангоми мусибат сабр намеварзанд, ба фисқ (нофармонӣ) нисбат додаанд. Аммо сабаби махсус зикр шудани занон дар ин ҳадис он аст, ки носипосӣ ва сабр накардан ҳангоми душвориҳо дар миёни онҳо бештар дида мешавад.» («Баҳр ал-фавоид», 1/500–501). چهل حدیث در احکام بانوان:حدیث شماره ۲۷ 🔹باب: تحريم كفران العشير (كفر ورزيدن به نعمتهاي شوهر) 🔹 عبدالله بن عباس رضي الله عنهما  روايت می‌کند كه رسول الله ﷺ  فرمودند : «أُريت النار، فإذا أكثر أهلها النساء، يكفرن قيل: أيكفرن بالله؟ قال: يكفرن العشير، ويكفرن الإحسان، لو أحسنت إلى إحداهن الدهر ثم رأتْ منك شيئاً قالت: ما رأيت منك خيراً قط»[1]. ------------------------------------- 🔸#آتش_جهنم به من نشان داده شد، و ديدم كه بيشترين أهل و مردمان آن زنها را تشكيل می‌دهند، چون كفر می‌ورزند، گفته شد: به خدا كفر می‌ورزند؟ فرمود: به شوهر خود كفر می‌ورزد، و به نيكيهاى او كفر می‌ورزند، اگر به يكى از آنها يك دنيا نيكى و خوبى بكنى، و يك خطا و اشتباه و بدى از تو ببيند، می‌گويد: هرگز و هيچ خيرى از تو نديده‌ام.🔸 ---------------------------------- [1] متفق عليه.

  • Фариштагон он занеро лаънат мекунанд, ки бистари шавҳарашро тарк намояд, то даме ки субҳ шавад ё ба назди ӯ бозгардад ٢٦ – عَنْ أَبِى هُرَيْرَةَ قَالَ: قَالَ النَّبِىُّ ﷺ: «إِذَا بَاتَتِ الْمَرْأَةُ مُهَاجِرَةً فِرَاشَ زَوْجِهَا لَعَنَتْهَا الْمَلاَئِكَةُ حَتَّى تَرْجِعَ» .متفق عليه 26 — Аз Абу Ҳурайра ривоят аст, ки Расули Аллоҳ ﷺ фармуданд: «Ҳаргоҳ зан шабро дар ҳоле бигузаронад, ки аз бистари шавҳараш дурӣ ҷӯяд, фариштагон ӯро лаънат мекунанд то он даме ки бозгардад».[¹] (Муттафақун алайҳ: Саҳеҳ ал-Бухорӣ, Саҳеҳ Муслим) [1] Дар ин ҳадис ҳолате дар назар аст, ки зан бе узри шаръӣ аз ҳамбистарӣ ё ҳамхобагӣ бо шавҳараш худдорӣ намояд. Аммо агар узри шаръӣ дошта бошад, монанди беморӣ, зарар, хатар ё дигар узрҳои пазируфташуда, пас ин таҳдид ба ӯ дохил намешавад. Ҳатто агар зан дар ҳайз бошад, барои шавҳар ҷоиз аст аз он қисматҳои бадан, ки болотар аз изор (либоси поёнӣ) ҳастанд, баҳра барад. Чунонки аз Абдуллоҳ ибни Саъд ал-Ансорӣҳ ривоят шудааст, ки аз Расули Аллоҳ ﷺ пурсид: «Ҳангоми ҳайзи ҳамсарам чӣ чизе бароям ҳалол аст?» Фармуданд: «Бароят ҳар чизе, ки болотар аз изор бошад, ҳалол аст». (Сунани Абу Довуд; ҳадис саҳеҳ аст). چهل حدیث در احکام بانوان:حدیث شماره ۲۶ [باب: فرشتگان زني كه در شب فراش شوهرش را ترك می‌کند او را لعنت می‌کنند تا اينكه صبح كند] أبوهريره رضي الله عنه از رسول الله ﷺ روايت می‌کند كه فرمودند: اگر زن فراش شوهرش را ترك كند، فرشتگان همچنان او را لعنت می‌کنند تا اينكه به فراشش باز گردد. ---------------------- [1] متفق عليه.

  • Шарҳи бузургии ҳаққи шавҳар бар зан ٢٥ – عَنْ عَبْدِ اللَّهِ بْنِ أَبِى أَوْفَى قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللهِ ﷺ: «لَوْ كُنْتُ آمِرًا أَحَدًا أَنْ يَسْجُدَ لِغَيْرِ اللَّهِ ، لأَمَرْتُ الْمَرْأَةَ أَنْ تَسْجُدَ لِزَوْجِهَا ، وَالَّذِى نَفْسُ مُحَمَّدٍ بِيَدِهِ لاَ تُؤَدِّى الْمَرْأَةُ حَقَّ رَبِّهَا حَتَّى تُؤَدِّىَ حَقَّ زَوْجِهَا ، وَلَوْ سَأَلَهَا نَفْسَهَا وَهِىَ عَلَى قَتَبٍ لَمْ تَمْنَعْهُ». صحيح أخرجه أحمد وابن ماجه وابن حبان. 25 — Аз Абдуллоҳ ибни Абу Авфо رضي الله عنه ривоят аст, ки Расули Аллоҳ ﷺ фармуданд: «Агар ман ба касе амр мекардам, ки ба ғайри Аллоҳ саҷда[¹] кунад, ҳароина ба зан амр мекардам, ки ба шавҳараш саҷда намояд. Қасам ба Он Зоте, ки ҷони Муҳаммад дар дасти Уст, зан ҳаққи Парвардигорашро ба ҷо намеорад, то он гоҳ ки ҳаққи шавҳарашро адо намояд. Ва агар шавҳараш уро ба худ (барои ҳамбистарӣ) бихонад, ҳатто агар у бар болои маҳмали шутур бошад, набояд рад кунад». Аҳмад (4/381), Ибн Моҷҷаҳ (1853), Ибн Ҳиббан (4171). Ҳадис саҳиҳ. Ниг. «Саҳиҳ Ибн Моҷҷаҳ» 1515, «Саҳиҳ ал-Джами’ ас-сағир» 5295, «Саҳиҳ ат-Тарғиб ва-т-тарҳиб» 1938, «Ирвауль-ғалил» 7/55, «Адабу-з-зифаф» 211. [¹] Яъне ҳамчун нишонаи эҳтироми бисёр бузург ва итоаткорӣ. چهل حدیث در احکام بانوان:حدیث شماره ۲۵ [باب: اينكه حق شوهر بر همسر خود بسيار است] از عبدالله بن أبي أوفى ﷺ روايت است كه رسول الله ﷺ فرمودند: «اگر امر می‌کردم كه شخصى براى غير از خدا سجده كند، امر می‌کردم كه زن براى شوهر خود سجده كند، سوگند به كسى كه جانم در دست اوست، زن حق خدا را ادا نمی‌کند [يعنى از او قبول نمی‌شود] تا اينكه حق شوهرش را ادا نمايد، اگر از زن خود چيزى بخواهد، گرچه بر زين شترى هم باشد او را اجابت كرده و امتناع نمی‌ورزد. —------------------------------------------- [1] قنب: زينى كه بر كوهان (سنام) شتر گذاشته مىشود، كنايه بر اين است كه فوراً امر او را اجابت مىكند. [2] صحيح أخرجه أحمد وابن ماجه وابن حبان.