فقه الاسلام 📚
СтатистикаРасули Аллоҳ ﷺ фармуданд : 🌴 "بَلِّغُوا عَنِّي وَلَوْ آيَةً" «Аз номи ман бирасонед, агарчи як оят бошад». 🌴 Ривояти Бухорӣ 3461🌴
- Последний пост
- 14 апр. 2025 г.
- Последнее чтение
- ещё не заходили
- Постов за неделю
- 0
- Всего постов
- 19
- Тип
- открытый
- Язык
- русский
- В каталоге с
- 12 авг.
- 1/24сутки в ленте
- —
- 1/48двое суток
- —
- 1/72трое суток
- —
Оценка по просмотрам недавних постов: пост набирает почти всё за первые сутки.
Посты
https://t.me/+LqEZPiuLWpYyMTYy
https://t.me/Bioiki0 Ҳазорҳо ҳадисҳои саҳеҳ метавонед дохил шуда бихонед ва амал кунед!
Китобхонаи мо аз назари китобҳои исломи бо забони форси ва араби! https://t.me/+yELaC4w2lPw5ZjRi
Намозҳои суннат пеш ё баъд аз фарзи намози зуҳр чанд ракаъат ҳастанд? Ҷавоб: بسم الله الحمدلله و الصلاة والسلام على رسول الله صلى الله عليه وسلم و على آله و اصحابه اجمعين. أما بعد: Бо тибқи суннати Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) суннати пеш аз фарзи зуҳр чаҳор ракаъат ва баъди фарзи зуҳр низ чаҳор ракаъат ё ду ракаъат собит шуда аст. Далелҳо: Матни ҳадис: مَن صلَّى قبلَ الظهرِ أربعًا وبعدَها أربعًا حرَّمه اللهُ على النارِ الراوي : أم حبيبة أم المؤمنين | المحدث : أحمد شاكر | المصدر : تخريج سنن الترمذي | الصفحة أو الرقم : 2/292 | خلاصة حكم المحدث : صحيح | التخريج : أخرجه الترمذي (427) واللفظ له، والنسائي (1817)، وابن ماجه (1160)، وأحمد (26764) باختلاف يسير. Тарҷума: Аз умми Ҳабиба модари муъминон ( رضى الله عنها ) ривоят, шуда аст ки Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) фармуданд: Касе пеш аз зуҳр чаҳор ракаъат ва баъди зуҳр чаҳор ракаъат намоз бихонад, Аллоҳ ҳаром мегардонад оташи дузахро барои ӯ. Саҳеҳ тирмизи рақами ҳадиси ( 427) лафзи ҳадис аз ӯст Ан-насои рақами ҳадис ( 1817) Ибни Моҷа рақами ҳадис ( 1160) Муснади имом Аҳмад рақами ҳадис ( 26764) Матни ҳадис: مَن حافَظَ على أربعِ رَكعاتٍ قبلَ الظُّهرِ وأربعٍ بعدَها حُرِّمَ على النَّارِ الراوي : أم حبيبة أم المؤمنين | المحدث : الألباني | المصدر : صحيح أبي داود الصفحة أو الرقم: 1269 | خلاصة حكم المحدث : صحيح Тарҷума: Аз умми Ҳабиба модари муъминон ( رضى الله عنها ) ривоят, шуда аст ки Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) фармуданд: Касе пеш аз зуҳр чаҳор ракаъат ва баъди зуҳр чаҳор ракаъат намоз-ҳо-ро муҳофизат кунад, Аллоҳ ҳаром мегардонад оташи дузахро барои ӯ. Абӯ Довуд рақами ҳадис ( 1269) Албатта дуруст фаҳм карда шавад, ки фазилати суннатҳои намози зуҳр бисёр аҷри бузурге доранд.
Аз АбдуЛлаҳ ибни шақиқ ( رحمه الله ) ривоят, шуда аст ки аз Оиша модарамон ( رضى الله عنها ) дар бораи намозҳои суннат дар рӯзона пурсидам ва Оиша модармон ( رضى الله عنها ) баён карданд. Матни ҳадис: سَأَلْتُ عَائِشَةَ عن صَلَاةِ رَسولِ اللهِ صَلَّى اللَّهُ عليه وسلَّمَ؛ عن تَطَوُّعِهِ، فَقالَتْ: كانَ يُصَلِّي في بَيْتي قَبْلَ الظُّهْرِ أَرْبَعًا، ثُمَّ يَخْرُجُ فيُصَلِّي بالنَّاسِ، ثُمَّ يَدْخُلُ فيُصَلِّي رَكْعَتَيْنِ الراوي : عائشة أم المؤمنين | المحدث : مسلم | المصدر : صحيح مسلم الصفحة أو الرقم: 730 | خلاصة حكم المحدث : [صحيح] Тарҷума: Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) дар хонаи ман пеш аз намози фарзи зуҳр чаҳор ракаъат намози нофила мехондан, сипас хориҷ мешуд ва бо мардум намози ( фарзи-ро ) мехондан, сипас дохил мешуд пас ду ракаъат намоз мехондан. Саҳеҳ Муслим рақами ҳадис ( 730 ). Албатта дуруст фаҳм карда шавад, ки аз ин ҳадиси саҳеҳ собит шуда аст, ки Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) пеш аз намози фарзи зуҳр чаҳор ракаъат бо як салом мехондан, сипас ба масҷид рафта бо мардум ҷамоъати намози фарзи зуҳр-ро адо мекардаанд, сипас ба хонаи худ омада ду ракаъати дигар намози нофила мехондан.
Аз АбдуЛлаҳ ибни Умар ва Хафса модари муъминон ( رضى الله عنهم ) ҳадиси саҳеҳ собит шуда аст, ки расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) пеш аз намози фарзи зуҳр ду ракаъат намози нофила мехондан ва баъди фарзи зуҳр низ ду ракаъат нофила мехондан. Матни ҳадис: أنَّ رَسولَ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عليه وسلَّمَ كانَ يُصَلِّي قَبْلَ الظُّهْرِ رَكْعَتَيْنِ، وبَعْدَهَا رَكْعَتَيْنِ الراوي : عبدالله بن عمر | المحدث : البخاري | المصدر : صحيح البخاري الصفحة أو الرقم: 937 | خلاصة حكم المحدث : [صحيح] التخريج : أخرجه مسلم (729) باختلاف يسير Тарҷума: Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) пеш аз фарзи зуҳр ду ракаъат намози ( нофила ) мехондан ва баъди фарзи зуҳр ду ракаъат намози нофила мехондан. Саҳеҳ Бухори рақами ҳадис ( 937) Саҳеҳ Муслим рақами ҳадис ( 729) Матни ҳадис: صَلَّيْتُ مع النبيِّ صَلَّى اللهُ عليه وسلَّمَ سَجْدَتَيْنِ قَبْلَ الظُّهْرِ، وسَجْدَتَيْنِ بَعْدَ الظُّهْرِ، وسَجْدَتَيْنِ الراوي : عبدالله بن عمر وحفصة أم المؤمنين | المحدث : البخاري | المصدر : صحيح البخاري | الصفحة أو الرقم : 1172- 1173 | خلاصة حكم المحدث : [صحيح] | التخريج : حديث ابن عمر: أخرجه مسلم (729) باختلاف يسير. وحديث حفصة: أخرجه مسلم (723) باختلاف يسير Тарҷума: Бо ҳамроҳи расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) пеш аз фарзи зуҳр ду ракаъат намоз хондам ва баъди фарзи зуҳр ду ракаъат хондам. Саҳеҳ Бухорӣ рақами ҳадис ( 1172, 1273) Албатта дуруст фаҳм карда шавад, ки аз ин нақли АбдуЛлаҳ ибни Умар ( رضى الله عنهما ) собит шуда аст ки бо ҳамроҳи расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) пеш ва баъд аз намози фарзи зуҳр ду ракаъати намози нофила хонда аст, локин чаҳор ракаъат хондан афзалтар аст.
Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) чаҳор ракаъат суннати пеш аз фарзи зуҳр ё ду ракаъат баъди фарзи зуҳр-ро тарк намекарданд. Аз Оиша модармон ( رضى الله عنها ) ривоят шуда аст ки гуфт: أنَّ النبيَّ صَلَّى اللهُ عليه وسلَّمَ كانَ لا يَدَعُ أرْبَعًا قَبْلَ الظُّهْرِ، ورَكْعَتَيْنِ قَبْلَ الغَدَاةِ. الراوي : عائشة أم المؤمنين | المحدث : البخاري | المصدر : صحيح البخاري الصفحة أو الرقم: 1182 | خلاصة حكم المحدث : [صحيح] التخريج : أخرجه مسلم (730) مطولاً باختلاف يسير Тарҷума: Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) тарк намекард чаҳор ракаъат ( суннати ) пеш аз зуҳр ва ду ракаъат ( суннати ) пеш аз фарзи фаҷр-ро. Саҳеҳ Бухорӣ рақами ҳадис ( 1182) Саҳеҳ Муслим рақами ҳадис ( 730 ). Матни ҳадис: كانَ رسولُ اللَّهِ صلَّى اللَّهُ علَيهِ وسلَّمَ لا يَدعُ أربعًا قبلَ الظُّهرِ ، ورَكْعتينِ قَبلَ الصُّبحِ الراوي : عائشة أم المؤمنين | المحدث : الألباني | المصدر : صحيح النسائي | الصفحة أو الرقم : 1757 | خلاصة حكم المحدث : صحيح | التخريج : أخرجه النسائي (1758) واللفظ له، وأخرجه البخاري (1182) بلفظ: "قبل الغداة"، ومسلم (730) مطولاً بلفظ: "قبل الفجر Тарҷума: Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) тарк намекард чаҳор ракаъат ( суннати ) пеш аз зуҳр ва ду ракаъат ( суннати ) пеш аз фарзи фаҷр-ро. Саҳеҳун-Насои рақами ҳадис ( 1757 ). ( 1758 ) лафзи ҳадис аз ӯст. Албатта дуруст фаҳм карда шавад, ки одати расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) ба мудомоват кардани чаҳор ракаъат суннати пеш аз зуҳр ва ду ракаъат пеш аз намози фарзи субҳ буда аст ва ин намозҳоро тарк намекарданд.
Асли тавҳид танҳо иқрор кардан бо забон нест, ки банда гӯяд, Аллоҳ Таъоло якаву ягона аст, балки ҳадаф аз тавҳид ин аст, ки ба воситаи он ризоги Аллоҳ Таъоло-ро ҷустуҷӯ кардан аст. Матни ҳадис: قالَ رَسولُ اللَّهِ صلَّى اللهُ عليه وسلَّمَ: فإنَّ اللَّهَ قدْ حَرَّمَ علَى النَّارِ مَن قالَ: لا إلَهَ إلَّا اللَّهُ، يَبْتَغِي بذلكَ وجْهَ اللَّهِ الراوي : عتبان بن مالك | المحدث : البخاري | المصدر : صحيح البخاري الصفحة أو الرقم: 1186 | خلاصة حكم المحدث : [صحيح] Тарҷума: Аз Ъитбон ибни Молики Ансори ( رضى الله عنه ) ривоят, шуда аст ки Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) гуфтанд: Дар ҳақиқат Аллоҳ ҳаром қарор дода аст оташи дӯзах -ро бар касе ки гӯяд: Нест маъбуди барҳақ ҷуз Аллоҳ, ҷустуҷӯ кунад бо он ризоги Аллоҳ Таъоло-ро. Саҳеҳ Бухорӣ рақами ҳадис ( 1186) Матни ҳадис: قالَ رَسولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عليه وسلَّمَ: فإنَّ اللَّهَ قدْ حَرَّمَ علَى النَّارِ مَن قالَ: لا إلَهَ إلَّا اللَّهُ، يَبْتَغِي بذلكَ وجْهَ اللَّهِ . الراوي : محمود بن الربيع الأنصاري | المحدث : البخاري | المصدر : صحيح البخاري | الصفحة أو الرقم : 425 | خلاصة حكم المحدث : [صحيح] Аз Маҳмуд ибни Рабиъи Ансори ( رضى الله عنه ) ривоят, шуда аст ки Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) гуфтанд: Дар ҳақиқат Аллоҳ ҳаром қарор дода аст оташи дӯзах -ро бар касе ки гӯяд: Нест маъбуди барҳақ ҷуз Аллоҳ, ҷустуҷӯ кунад бо он ризоги Аллоҳ Таъоло-ро. Саҳеҳ Бухорӣ рақами ҳадис ( 425) Албатта дуруст фаҳм карда шавад, асли тавҳид дарбар гирандаи муҳаббат ба Аллоҳ Таъоло ва хузуъ барои ӯ доштан ва ин чунин таслими воқеъи дар баробари тоъату ибодати ӯст ва ихлос доштан барои ибодат кардани ӯст ва баландтарин ҳадафи тавҳид ин аст, ирода доштан барои ёфт кардани ризоги Аллоҳ Таъоло аст. Ҳар як гӯяндаи тавҳид бояд ҳангоми ки бо суханаш иқрори ягонаги Аллоҳ Таъоло-ро мегӯяд, сипас бо қалбаш дасдиқ карда ва бо амали қалби ва ҷавориҳи ба талаботаш ҷавобгӯ бошад.
Ҳар мусалмоне ки хоҳ мард ё зан бошанд, агар пеши фолбине рафтанд ва ба гапи ӯ тасдиқ карданд, чил рӯза намозашон қабул намешавад, яъне аз он намоз ҳеҷ савобе барояшон нест. Матни ҳадис: مَن أتَى عَرَّافًا فَسَأَلَهُ عن شيءٍ، لَمْ تُقْبَلْ له صَلاةٌ أرْبَعِينَ لَيْلَةً. الراوي : بعض أزواج النبي صلى الله عليه وسلم | المحدث : مسلم | المصدر : صحيح مسلم الصفحة أو الرقم: 2230 | خلاصة حكم المحدث : [صحيح] Тарҷума: Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) фармуданд: Ҳар касе пеши фолбин рафт ва ба гапи ӯ тасдиқ кард, чил рӯз намозаш қабул карда намешавад. Матни ҳадис: مَن أَتَى عَرَّافًا فسأله عن شيءٍ فصَدَّقَهُ بما قال لم تُقْبَلْ له صلاةٌ أَرْبَعِينَ يومًا الراوي : بعض أزواج النبي صلى الله عليه وسلم | المحدث : الألباني | المصدر : غاية المرام | الصفحة أو الرقم : 284 | خلاصة حكم المحدث : صحيح Тарҷума: Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) фармуданд: Ҳар касе пеши фолбин рафт ва ба гапи ӯ тасдиқ кард, чил рӯз намозаш қабул карда намешавад. Албатта дуруст фаҳм карда шавад, ки фолбинҳо ду навъ мешаванд. Арроф ва Коҳин. Арроф ҳамон фолбине-ро мегӯянд, ки аз замони гузашта сӯҳбат мекунад дар бораи исрор-ҳо. Коҳин он фолбине-ро мегӯянд ки дар бораи исрорҳои замони меомада сӯҳбат мекунад. Ҳар мусалмон бояд ба ин ақида бошанд, ки ба ҷуз Аллоҳ Таъоло ҳеҷ махлуқе аз ғайб бо хабар нест. Ғайб -ро танҳо Аллоҳ Таъоло медонад ва ҳамаи фолбинҳо дурӯғ мегӯянд.
Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) барои ҳама ҳамчун паёмбар фиристода шуда аст, яъне барои сақалайн ( ҷинҳо ва инсонҳо). Албатта пеш аз рисолати Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ), ҳар паёмбаре ки даъват ба сӯйи якто парасти мекард, хос бар уммати худ буд, аммо Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) барои ҳамаи уммат паёмбар интихоб шуда аст. Баъди рисолати Расули ( صلى الله عليه وسلم ) уммат ба ду қисм тақсим шуданд. 1) Уммати даъват, ки онҳо аҳли китоб, яҳуду насор-ро ҳастанд. 2) Уммати иҷобат, онҳое ки Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم )-ро қабул карданд ва итоъати ӯро ба ҷой оварданд. Аллоҳ Таъоло гуфта аст: Матни оят: ﴿قُلۡ يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ إِنِّي رَسُولُ ٱللَّهِ إِلَيۡكُمۡ جَمِيعًا ﴾ Тарҷума: Бигӯ:( Ай Муҳаммад! ) Ай мардум! Дар ҳақиқат ман расули Аллоҳ ҳастам барои ҳамаи шумо. Сураи Аъроф ояти ( 158 ). Аллоҳ Таъоло расули худ-ро ( Муҳаммад صلى الله عليه وسلم )-ро амр карда аст, ки барои ҳамаи мардум бигӯяд, то онҳо фаҳманд ки ту расули Аллоҳ ҳасти барои ҳамаи онҳо. Матни ҳадис: Аз АбдуЛлаҳ ибни Ҷобир ( رضى الله عنهما ) ривоят, шуда аст ки Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) гуфт: وكانَ النبيُّ يُبْعَثُ إلى قَوْمِهِ خَاصَّةً وبُعِثْتُ إلى النَّاسِ عَامَّةً. الراوي : جابر بن عبدالله | المحدث : البخاري | المصدر : صحيح البخاري | الصفحة أو الرقم : 335 | خلاصة حكم المحدث : [صحيح] Тарҷума: Паёмбарон пеш аз ман махсус барои қавми худашон фиристода мешуданд ва ман ба сӯйи ҳамаи мардум фиристода шудаам. Матни ҳадис: وكانَ النبيُّ يُبْعَثُ إلى قَوْمِهِ خَاصَّةً، وبُعِثْتُ إلى النَّاسِ كَافَّةً، الراوي : جابر بن عبدالله | المحدث : البخاري | المصدر : صحيح البخاري الصفحة أو الرقم: 438 | خلاصة حكم المحدث : [صحيح] التخريج : أخرجه البخاري (438)، ومسلم (521) Тарҷума: Паёмбарон пеш аз ман махсус барои қавми худашон фиристода мешуданд ва ман ба сӯйи ҳамаи мардум фиристода шудаам. Албатта дуруст, фаҳм карда шавад, ки ҳадафи Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) барои аҳли китоб, даъвати воқеъи ҳисобида мешавад, ки онҳо итоъати расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) кунанд, то дар ҳақиқат пайрави аз Мӯсо ( عليه السلام ) ва пайрави аз Исо ( عليه السلام ) кунанд, зеро ҳамаи паёмбарони Аллоҳ Таъоло ба рисолати Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) ва ба охирин паёмбар буданаш имон доштанд, аммо аҳли китоб ба сабаби ҳасад доштанд ва тағйирот доданд ба асли китобҳояшон ва дар охир аз уммати даъват қарор гирифтанд.
Ду масъалаи муҳиме ки дарбардорандаи сабуки дар қазои Аллоҳ Таъоло аст. 1) Дуъо кардан. 2) Неки кардан. Дуъо кардан ( аз Аллоҳ Таъоло талаб кардан) пеши балои ки дар қазои Аллоҳ Таъоло ҷой дода шуда аст, пешгири мекунад. Неки кардан ба падару модар ва итоъати Аллоҳ Таъоло-ро бо тариқи неки анҷом доданд, сабаби баракат дар умр аст. Матни ҳадис: Аз Салмони форс ( رضى الله عنه ) ривоят, шуда аст ки Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) гуфт: لا يردُّ القضاءَ إلَّا الدُّعاءُ ، ولا يزيدُ في العمرِ إلَّا البرُّ الراوي : سلمان الفارسي | المحدث : الألباني | المصدر : صحيح الترمذي الصفحة أو الرقم: 2139 | خلاصة حكم المحدث : حسن التخريج : أخرجه الترمذي (2139)، والبزار (2540)، والطبراني (6/251) (6128) Тарҷума: Рад намекунад қазо-ро ҷуз дуъо ва изофа намешавад дар умр ҷуз неки кардан. Саҳеҳ Тирмизӣ рақами ( 2139 ). Матни ҳадис: Аз Савбон Мавлои Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم و ) ривоят, шуда аст ки Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) гуфт: - لا يزيدُ في العمرِ إلَّا البرُّ ولا يردُّ القدرَ إلَّا الدُّعاءُ ... الراوي : ثوبان مولى رسول الله صلى الله عليه وسلم | المحدث : الألباني | المصدر : صحيح ابن ماجه | الصفحة أو الرقم : 73 | خلاصة حكم المحدث : حسن Тарҷума: Рад намекунад қазо-ро ҷуз дуъо ва изофа намешавад дар умр ҷуз неки кардан. Саҳеҳ ибни Моҷа рақами ( 73 ). Албатта дуруст фаҳм карда шавад, ки Аллоҳ Таъоло дар дунё бо ҳикмати худаш барои ҳамаи ашё сабаб қарор дода аст. Қарор дода аст қазо-ро ва рад мекунад бо дуъо кардан ва дар умр баракат зиёд мешавад ба сабаби неки кардан. Ҳадафи Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) ин аст, Аллоҳ Таъоло муқаддар карда аст қазо-ро ва сабаб қарор дода аст дуъо кардан-ро ва дуъо кардан сабаб мебошад барои набудани нузули бало барои ҳамон шахс аз ҷониби Аллоҳ Таъоло. Ин чунин сабаби изофа шудан дар умр, иҳсон кардан ба падару модар ва хешу табор ва ба мардум ва тоъату ибодати Аллоҳ Таъоло мебошад, ки дар умраш баракат дода мешавад. Ҳар касе ки ин ду сабаби асли ҳаёти инсониро тарк кард ва даст ба гуноҳ зад, албатта Аллоҳ Таъоло барояш балои дар дунё нузул мекунад ва дар умраш баракат ёфт карда намешавад.
Раҳмати Аллоҳ Таъоло бисёр васеъ аст, зеро дар ин дунё аз сад дараҷа раҳмати худ як дараҷа раҳмати худ-ро бар махлуқоташ ато карда аст ва наваду нӯҳ дараҷаи раҳмати худро дар назди худ гузошта аст. Матни ҳадис: Аз Абӯ Ҳурайра ( رضى الله عنه ) ривоят, шуда аст ки Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) гуфт: إنَّ اللَّهَ خَلَقَ الرَّحْمَةَ يَومَ خَلَقَها مِائَةَ رَحْمَةٍ، فأمْسَكَ عِنْدَهُ تِسْعًا وتِسْعِينَ رَحْمَةً، وأَرْسَلَ في خَلْقِهِ كُلِّهِمْ رَحْمَةً واحِدَةً، فلوْ يَعْلَمُ الكافِرُ بكُلِّ الذي عِنْدَ اللَّهِ مِنَ الرَّحْمَةِ، لَمْ يَيْئَسْ مِنَ الجَنَّةِ، ولو يَعْلَمُ المُؤْمِنُ بكُلِّ الذي عِنْدَ اللَّهِ مِنَ العَذابِ، لَمْ يَأْمَن مِنَ النَّارِ. الراوي : أبو هريرة | المحدث : البخاري | المصدر : صحيح البخاري الصفحة أو الرقم: 6469 | خلاصة حكم المحدث : [صحيح] Тарҷума: Дар ҳақиқат, Аллоҳ Таъоло халқ кард раҳмат-ро рузе ки онро халқ кард сад дараҷа, пас гузошт наваду нӯҳ дараҷаи онро назди худаш ва як дараҷаи онро ирсол кард бар махлуқоташ як дараҷа раҳмати худ-ро. Пас, агар кофир медонист ба ҳамаи, ин ки назди Аллоҳ аз раҳматаш-ро, маъюсус ( ноумед) намешуд аз ҷаннат. Агар муъмини медонист бар ҳар ончи ки назди Аллоҳ аст аз азоб, дар амн намедонист аз азоб дӯзах. Саҳеҳ Бухори рақами ( 6469 ). Матни ҳадис: إنَّ اللهَ تعالى خلق الرحمةَ يومَ خلقها مائةَ رحمةٍ,فأمسك عنده تسعًا وتسعين رحمةً,وأرسل في خلقِه كلِّهم رحمةً واحدةً فلو يعلم الكافرُ بكل الذي عند اللهِ من الرحمةِ لم ييْأَسْ من الجنَّةِ,ولو يعلم المؤمنُ بالذي عند اللهِ من العذابِ لم يأمَنْ من النَّارِ الراوي : أبو هريرة | المحدث : الألباني | المصدر : صحيح الجامع | الصفحة أو الرقم : 1763 | خلاصة حكم المحدث : صحيح Тарҷума: Дар ҳақиқат, Аллоҳ Таъоло халқ кард раҳмат-ро рузе ки онро халқ кард сад дараҷа, пас гузошт наваду нӯҳ дараҷаи онро назди худаш ва як дараҷаи онро ирсол кард бар махлуқоташ як дараҷа раҳмати худ-ро. Пас, агар кофир медонист ба ҳамаи, ин ки назди Аллоҳ аз раҳматаш-ро, маъюсус ( ноумед) намешуд аз ҷаннат. Агар муъмини медонист бар ҳар ончи ки назди Аллоҳ аст аз азоб, дар амн намедонист аз азоб дӯзах. Саҳеҳул-ҷомеъ рақами ( 1763 ). Аллоҳ Таъоло дар рӯзи қиёмат бо он наваду нӯҳ раҳмати худ бар бандагонаш раҳм мекунад. Албатта дуруст фаҳм карда шавад, як дараҷаи раҳматаш ки дар байни махлуқоташ аст, ки байни ҳамдигар меҳру муҳаббат ва якдигар фаҳми мавҷуд аст.
Ҳар касе ки дар дунё зиндаги кард ва ба ҳамон ҳолаш дар рӯзи маҳшар аз қабраш хезонда мешавад. Аз Ҷобир ибни АбдуЛлаҳ ( رضى الله عنهما ) ривоят, шуда аст ки Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) гуфт: Матни ҳадис: مَنْ ماتَ على شيءٍ بَعثَهُ اللهُ عليْهِ الراوي : جابر بن عبدالله | المحدث : الألباني | المصدر : صحيح الجامع الصفحة أو الرقم: 6543 | خلاصة حكم المحدث : صحيح التخريج : أخرجه مسلم (2878) بنحوه، وأحمد (14373) واللفظ له Тарҷума: Касе бар чизе буд вафот кард ва бар ҳамон аз ( қабраш ) хезонда мешавад. Саҳеҳ Муслим рақами ( 2878 ). Имом Аҳмад рақами ( 14373 ) лафзи ҳадис аз ӯст. Саҳеҳул-ҷомеъ рақами ( 6543 ). Матни ҳадис: من مات على شيءٍ بعَثَه اللهُ عليه الراوي : جابر بن عبدالله | المحدث : محمد جار الله الصعدي | المصدر : النوافح العطرة | الصفحة أو الرقم : 407 | خلاصة حكم المحدث : صحيح | التخريج : أخرجه مسلم (2878) بنحوه، وأحمد (14373) واللفظ له Тарҷума: Касе бар чизе буд вафот кард ва бар ҳамон аз ( қабраш ) хезонда мешавад. Албатта дуруст фаҳм карда шавад, ки рӯзи қиёмат рӯзи ҷазо аст бар амалҳои ки дар дунё анҷом додаанд. Пас Аллоҳ Таъоло аз қабрашон ба ҳасби ақида ва амалҳои ки дар дунё буданд, хезонда мешаванд. Ҳадафи расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) ин аст, ки касе вафот кард бар чизе, яъне касе вафот кард аз амали аз амалҳои тоъати Аллоҳ Таъоло ва Расулаш ё маъсияти Аллоҳ Таъоло ва Расулаш. Ҳамчунин бо ҳамин ақида ва амалҳояш хезонда мешаванд. Марг барандаи шириниҳо аст ва ҳар касе ки дар ҳолати нифоқ ё бе намози ва ғайраҳо вафот кард ва бидонад яқин ки дар рӯзи қиёмат ҳамин гуна хезонда мешаванд.
Дар дуъо кардан ба даргоҳи Аллоҳ Таъоло оҷизи ва сусти накунед, зеро дуъо барои муъмин силоҳ ва сутуни дин аст Аз Анас ибни Молик ( رضى الله عنه ) ривоят, шуда аст ки Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) фармуд: Матни ҳадис: لا تعجِزوا في الدُّعاءِ فإنَّه لنْ يهلِكَ مع الدُّعاءِ أحَدٌ الراوي : أنس بن مالك | المحدث : ابن حبان | المصدر : صحيح ابن حبان | الصفحة أو الرقم : 871 | خلاصة حكم المحدث : أخرجه في صحيحه | التخريج : أخرجه العقيلي في ((الضعفاء الكبير)) (3/188)، وابن عدي في ((الكامل في الضعفاء)) (5/13)، والحاكم (1818) باختلاف يسير Тарҷума: Оҷизи ( нотавони ) нагуед дар дуъо кардан, пас дар ҳақиқат ҳаргиз ҳалок намегардад бо дуъо кардан касе. Саҳеҳ ибни Ҳиббон рақами ( 871 ). Ҳадафи расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) дар ин ҳадис ин аст, ки дар дуъо кардан ба даргоҳи Аллоҳ Таъоло нотавони накунед, зеро ҳамаи тақдири инсони хоҳ аз нек ё бад бошад. Ҳамаи мӯъминон бояд дар ҳамаи корҳои худашон дуъо ба даргоҳи Аллоҳ Таъоло кунанд ва Аллоҳ Таъоло дархости некӯ кунанд ва аз бадиҳо ба Аллоҳ Таъоло паноҳ талаб кунанд. Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) баён кардан, ки ҳаргиз шахси дуъо кунанда ҳалок намегардад, зеро дар ин ҳадиси муборак аз шаъни бузурги дуъо сӯхан рафта аст.
Дуъо афзал-тарин ибодат аст ва баъди намози фарзи дуъо кардан беҳтарин вақт аст барои иҷобат шудани он. Матни ҳадис: - قِيلَ يا رسولَ اللهِ : أيُّ الدعاءِ أسمَعُ قال جَوفَ الليلِ الآخِرِ ودُبُرَ الصلواتِ المكتوباتِ الراوي : أبو أمامة الباهلي | المحدث : الترمذي | المصدر : سنن الترمذي | الصفحة أو الرقم : 3499 | خلاصة حكم المحدث : حسن | التخريج : أخرجه الترمذي (3499)، والنسائي في ((السنن الكبرى)) (9936) Тарҷума: Аз Абӯ Умомаи Боҳили ( رضى الله عنه ) ривоят, шуда аст ки гуфт: Гуфта шуд: Ай Расули Аллоҳ! ( صلى الله عليه وسلم ) кадом вақт дуъо иҷобат шаванда аст? Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) фармуданд: Дили охири шаб ва паси ҳар намози фарзи. Албатта дуруст фаҳм карда шавад ки аз ин ҳадиси мубораки Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) дар бораи дуъо баъди намози фарзи ду масъала гирифта шуда аст. 1) Дуъо дар дохили намоз пеш аз салом додан. 2) Дуъо кардан баъди салом додан дар хориҷи намоз баъди зикрҳо. Албатта дар ин ду вақт дуъо бисёр кунед, зеро вақти иҷобати дуъо аст. Ин чунин дар дили охири шаб баъди намози таҳаҷҷуд.
Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) баъди намози фарзи чунин мегуфтанд, то фаҳм карда шавад, ки намози фарзи-ро адо карданд дар масҷид. Аз Савбон Мавлои Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) ривоят, шуда аст ки гуфт: Матни ҳадис: كانَ رَسولُ اللهِ صَلَّى اللَّهُ عليه وسلَّمَ، إذَا انْصَرَفَ مِن صَلَاتِهِ اسْتَغْفَرَ ثَلَاثًا وَقالَ: اللَّهُمَّ أَنْتَ السَّلَامُ وَمِنْكَ السَّلَامُ، تَبَارَكْتَ ذَا الجَلَالِ وَالإِكْرَامِ. قالَ الوَلِيدُ: فَقُلتُ لِلأَوْزَاعِيِّ: كيفَ الاسْتِغْفَارُ؟ قالَ: تَقُولُ: أَسْتَغْفِرُ اللَّهَ، أَسْتَغْفِرُ اللَّهَ. الراوي : ثوبان مولى رسول الله صلى الله عليه وسلم | المحدث : مسلم | المصدر : صحيح مسلم الصفحة أو الرقم: 591 | خلاصة حكم المحدث : [صحيح] Тарҷума: Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) вақте ки аз намоз фориғ мешуд ва се маротиба истиғфор мекард: أَسْتَغْفِرُ اللَّهَ، أَسْتَغْفِرُ اللَّهَ أَسْتَغْفِرُ اللَّهَ Сипас, ин дуъо-ро мегуфт: اللَّهُمَّ أَنْتَ السَّلَامُ وَمِنْكَ السَّلَامُ، تَبَارَكْتَ ذَا الجَلَالِ وَالإِكْرَامِ Саҳеҳ Муслим рақами ( 591 ). Матни ҳадис: كان إذا انصرفَ مِن صلاتِه استَغفرَ اللهَ ثلاثَ مرَّاتٍ ، ثمَّ قال : اللَّهمَّ أنتَ السَّلامُ ومنكَ السَّلامُ ، تَباركتَ يا ذا الجلالِ والإكرامِ الراوي : ثوبان مولى رسول الله صلى الله عليه وسلم | المحدث : البزار | المصدر : البحر الزخار | الصفحة أو الرقم : 10/113 | خلاصة حكم المحدث : إسناده حسن Тарҷума: Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) вақте ки аз намоз фориғ мешуд ва се маротиба истиғфор мекард: أَسْتَغْفِرُ اللَّهَ، أَسْتَغْفِرُ اللَّهَ أَسْتَغْفِرُ اللَّهَ Сипас, ин дуъо-ро мегуфт: اللَّهُمَّ أَنْتَ السَّلَامُ وَمِنْكَ السَّلَامُ، تَبَارَكْتَ ذَا الجَلَالِ وَالإِكْرَامِ Албатта дуруст фаҳм карда шавад, ки баъди ин се маротиба истиғфор кардан ва дуъои зикр карда шуда баъди намози фарзи ё ҷумъа метавонед, намози суннат ё нофила-ро адод кунед бо иваз кардани макони намози фарзи.
Ду намоз-ро бо ҳам пайваст карда хондан ҷоиз нест. Мисол: Вақте ки намози фарзи-ро ё намози ҷумъа-ро хондед, сипас бо тариқи аҷала аз ҷой хеста, намози суннат ё нофила-ро нахонед, то ин ки агар сухан накардед ё хориҷ нашудед аз макони ҷойи намози фарзи. Матни ҳадис: أنَّ نَافِعَ بنَ جُبَيْرٍ أَرْسَلَهُ إلى السَّائِبِ ابْنِ أُخْتِ نَمِرٍ، يَسْأَلُهُ عن شَيءٍ رَآهُ منه مُعَاوِيَةُ في الصَّلَاةِ، فَقالَ: نَعَمْ، صَلَّيْتُ معهُ الجُمُعَةَ في المَقْصُورَةِ، فَلَمَّا سَلَّمَ الإمَامُ قُمْتُ في مَقَامِي، فَصَلَّيْتُ، فَلَمَّا دَخَلَ أَرْسَلَ إلَيَّ، فَقالَ: لا تَعُدْ لِما فَعَلْتَ، إذَا صَلَّيْتَ الجُمُعَةَ، فلا تَصِلْهَا بصَلَاةٍ حتَّى تَكَلَّمَ، أَوْ تَخْرُجَ؛ فإنَّ رَسولَ اللهِ صَلَّى اللَّهُ عليه وسلَّمَ أَمَرَنَا بذلكَ؛ أَنْ لا تُوصَلَ صَلَاةٌ بصَلَاةٍ حتَّى نَتَكَلَّمَ، أَوْ نَخْرُجَ. [وفي رواية]: بمِثْلِهِ، غيرَ أنَّهُ، قالَ: فَلَمَّا سَلَّمَ قُمْتُ في مَقَامِي، وَلَمْ يَذْكُرِ الإمَامَ. الراوي : معاوية بن أبي سفيان | المحدث : مسلم | المصدر : صحيح مسلم الصفحة أو الرقم: 883 | خلاصة حكم المحدث : [صحيح] Аз Умар ибни Ато тобеъин ( رحمه الله ) ривоят, шуда аст ки гуфт: Нофеъ ибни Ҷубайр ( رضى الله عنه ) маро назди Соиб хоҳарзодаи Намир фиристод, то аз ӯ дар бораи чизе ки Муъовия ( رضى الله عنه ) дар намозаш дида аст, бипурсам. Соиб гуфт: Бале ман намози ҷумъа мехондам бо Муъовия ( رضى الله عنه ) дар ҳуҷраи махсуси, ки ( дар масҷид сохта шуда буд), вақте ки имом салом дод ва аз ҷоям хестам ва намоз хондам, ҳангоми Муъовия ( رضى الله عنه ) дохил шуд, шахсеро назди ман фиристод ва ба ман гуфт: Ин корат-ро такрор накун, вақте ки намози ҷумъаро хонди, пайваст ба он, то вақте ки сухан накарди ё хориҷ нашуди, намоз нахон, зеро Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) ба мо амр мекард, ки ҳеҷ намозе-ро бо намози дигар пайваст накунед, то вақте ки сӯҳбат накардед ё хориҷ нашудед. Саҳеҳ Муслим рақами ( 883 ). Аз Муъовия ибни Абӯ Сӯфиён ( رضى الله عنهما ) ривоят, шуда аст ки Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) фармуд: - لا تُوصِلْ صلاةً بصلاةٍ حتى تتكلمَ أو تخرجَ الراوي : معاوية بن أبي سفيان | المحدث : الألباني | المصدر : صحيح الجامع | الصفحة أو الرقم : 7478 | خلاصة حكم المحدث : صحيح Тарҷума: Пайваст накунед номози ( фарзи-ро) бо намози дигар, то сухан накардед ё хориҷ нашудед. Саҳеҳул-ҷомеъ рақами ( 7478 ) Албатта дуруст фаҳм карда шавад, ки ҳадафи пайваст накардани намози фарзи бо намозҳои нофила, ин аст ки намозҳои фарзи аз нофила ҷудо карда шаванд ва касе гумон накунад, ки намози фарзи изофа шуда ё ин ки ба ӯ иқтидо кунад.
Зане ки мӯъмин бошад ва дар ҳолати зоимон ва касали нифосаш вафот кард, ҳукми шаҳид дода мешавад. Матни ҳадис: تموتُ في نفاسِها شهيدةٌ. الراوي : - | المحدث : ابن تيمية | المصدر : مجموع الفتاوى | الصفحة أو الرقم : 24/293 | خلاصة حكم المحدث : صحيح Тарҷума: Зане ки дар ( бемори) нифос ( баъди тавалуд кардан) вафот кард, шаҳид аст. Матни ҳадис: والمرأةُ تموتُ بجُمْعٍ شهيدة. الراوي : جابر بن عتيك | المحدث : الألباني | المصدر : صحيح الجامع الصفحة أو الرقم: 3739 | خلاصة حكم المحدث : صحيح التخريج : أخرجه أبو داود (3111)، والنسائي (1846)، وأحمد (23804) باختلاف يسير، وابن ماجه (2803) بنحوه Тарҷума: Аз Ҷобир ибни Атик ( رضى الله عنه ) ривоят, шуда аст ки Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) фармуданд: Зане ки дар вақти ( таваллуд ё ҳомиладори ) вафот кард, шаҳид аст. Албатта дуруст фаҳм карда шавад, ки зане агар дар вақти ҳомиладорӣ ё таваллуд кардани фарзанд ё ҳангоми нифос баъди таваллуди фарзанд вафот кард, ҳукми шаҳид дода мешавад. Аммо ҳукми ин гуна шаҳид чунин аст, ки ғусл дода мешавад ва кафан карда мешавад, сипас намози ҷаноза барояш хонда мешавад.
Инсонҳои гумроҳ, аз ҷинҳо барои худашон бародароне доранд, ки онҳоро ба сӯйи гумроҳи даъват мекунанд ва он инсонҳо ки қабул мекунанд онҳоро. Ин ҷинҳо барои гумроҳ кардани ҳамон касоне ки онҳоро итоъат мекунанд, ҳаргиз кӯтоҳи намекунанд. Аллоҳ Таъоло дар Қуръон сураи Аъроф дар бораи ин масъала чунин баён карда аст. Матни оят: ﴿وَإِخۡوَٰنُهُمۡ يَمُدُّونَهُمۡ فِي ٱلۡغَيِّ ثُمَّ لَا يُقۡصِرُونَ﴾ Тарҷума: Бародарони онҳо ( аз шайтон-ҳои ҷинни ) онҳоро ( инсонҳои гумроҳ-ро) ба гумроҳи мекашонанд ва онҳо ( шайтон-ҳои ҷинни), сипас дар ин корашон кӯтоҳи намекунанд. Сураи Аъроф ояти ( 202 ) Аллоҳ Таъоло донандаи ботину зоҳир аст. Шайтон-ҳои ҷинни ки аз инсонҳо пинҳон ҳастанд ва шахсони гумроҳ-ро ба сӯйи гумроҳ карданд даъват мекунанд. Аллоҳ Таъоло ин шайтон-ҳои ҷинни -ро бародарони инсонҳои гумроҳ шуда ва итоъат кунанда аз шайтон баён карда аст. Албатта дуруст фаҳм карда шавад, ки дар асри имрӯз мушоҳида мекунем, бисёриҳо басирати маънави надоранд аз ин сабаб дидани ҳақиқат барояшон душвор аст ва пайрави аз ин бародарони шайётини худашон мекунанд. Ин шайтон-ҳои ҷинни ки онҳоро ба сӯйи гумроҳи даъват мекунанд ва барои даъвати худашон ҳеҷ кӯтоҳи намекунанд, зеро то инсонҳои гумроҳ-ро ба ҳалокати ухрави рӯбарӯ накунанд. Мисол: Бародари шайтони як шахси гумроҳро ба сӯйи қимор бози кардан, шароб нуши ё фурӯши он ё ба сӯйи дузди ё резондани хуни ноҳақ ва ғайраҳо даъват мекунанд, сипас он шахси гумроҳ аз даъвати онҳо итоъат мекунанд, сипас ба ин ҷиноятҳо даст мезананд ва ин ҷинни васваса кунанда бо шахси итоъат кунанда бо ҳам бародар мешаванд. Мӯъмину мусалмон бояд ҳангоми ин чунин васвасаҳои шайтон ва шайтонҳои ҷинни ё инси набояд пайрави кунанд, балки аз шарри онҳо ба Аллоҳ Таъоло паноҳ талаб кунанд, сипас амалан аз онҳо дури кунанд.