tgindex
Нури Ҳаёт 🌿

Нури Ҳаёт 🌿

Статистика

Барои пешниҳоди саволҳо ва дархостҳои худ, лутфан бо мо дар тамос шавед: 📱 Телеграм ва WhatsApp: +77073858393 📸 Instagram: 👉 @sarchashmayhayot 👈 🎥 TikTok: tiktok.com/@lightoffaith3.16 Мо бо хурсандӣ ба саволҳои шумо ҷавоб хоҳем дод!

Последний пост
14 авг.
Последнее чтение
15 авг.
Постов за неделю
4
Всего постов
29
Тип
открытый
Язык
tg
Категория
Instagram
В каталоге с
13 авг.
Подписчики
439
+7 за 2 дн.
Сутки
0
0,00%
Неделя
 
Месяц
 
Просмотров на пост
423
29 постов
Вовлечённость
96,4%
к подписчикам
Постов в день
0,6
всего 29
Упоминаний
0
каналов
Охват размещения
оценка
1/24сутки в ленте
117
1/48двое суток
134
1/72трое суток
144

Оценка по просмотрам недавних постов: пост набирает почти всё за первые сутки.

Посты

  • 🍏 Шайтон ба Одам-ато мева дод, лекин биҳиштро аз ӯ гирифт. Барои ҳамин, вақте бо ягон васваса ё нафс рӯ ба рӯ мешавед, фақат дар бораи он фикр накунед, ки аз ин чӣ ба даст меоред. Як бор андеша кунед, ки чиро аз даст дода метавонед! 🤔 Гуноҳ дар аввал ҳамеша ширин ва зебо метобад, неки охираш — фақат пушаймонӣ ва зиён аст. 🥀 Аз ин рӯ, аз паси чизе нагардед, ки фақат ҳамин ҳоло ба нафсатон ширин аст. Он роҳеро интихоб кунед, ки Худо аз он розӣ бошад ва шуморо ба оқибати нек барад. ✨ 📌 Умедворем ин суханон бароятон дарси ибрат мешавад. Ба наздиконатон ҳам равон кунед! #ҳикмат #андеша #насиҳат #ибрат

  • Забур 9:33-35: "Эй Худованд, бархез! Эй Худо, дасти Худро бардор, ҳалимонро фаромӯш накун. Чаро шарир ба Худо беэътиноӣ карда, дар дили худ мегӯяд: «Ту бозхост нахоҳӣ кард»? Ту мебинӣ, зеро ки Ту ба азоб ва кулфат менигарӣ, то ки бо дасти Худ сазо диҳӣ. Бечора худро ба Ту месупорад; мададгори ятим Ту ҳастӣ." ✨Бисёр вақтҳо дар зиндагӣ мо мебинем, ки одамони бад зулм мекунанд, ҳаққи дигаронро мехӯранд ва фикр мекунанд, ки барояшон ҳеҷ гап намешавад. Онҳо дар дили худ мегӯянд: "Эҳ, Худо парво надорад, касе маро ҷазо намедиҳад!" Лекин дар ин оятҳо нависанда ба Худо дуо карда, як ҳақиқати муҳимро хотиррасон мекунад: 🔹 Худо ҳамаашро мебинад! Ӯ ба тамоми азоб, дард ва ноҳақиҳои ин дунё нигоҳ мекунад. 🔹 Одамони бад беҷазо намемонанд. Худо дар вақташ ба ҳар кас сазои корашро медиҳад. 🔹 Худо пуштибони бечорагон аст. Вақте ки одам ҳеҷ кас ва ҳеҷ пуштибон надорад (мисли ятим ё шахси нотавон), Худо худаш ёрдамчӣ ва такягоҳи ӯ мешавад. 💡Агар дар зиндагӣ ба ягон ноҳақӣ ё рӯзҳои сахт гирифтор шудед, зиқ ва рӯҳафтода нашавед. Худро ба Худо супоред! Ӯ беҳтарин мададгор аст ва одамони хоксору ҳалимро ҳеҷ гоҳ партофта намеравад. 🙏❤️ 👇 Ба дӯстонатон ҳам равон кунед, то рӯҳбаланд шаванд! #оятҳо #рӯҳбаландӣ #имон #забур #худо_бо_мост

  • 🎙 Овози душман ва овози Худованд: Фарқ дар чист? 🌿 🌑 Овози душман — ин ҳамеша воҳима ва фишор аст. Вай аз қафоят тела медиҳад, маҷбур мекунад, ки аз тарсу ҳарос ва дар саросемагӣ қарор қабул кунӣ. Бо ташвишу изтироб дод мезанад, хобатро мепаронад ва барои хатоҳоят туро чунон сахт айбдор мекунад, ки тамоман ноумед мешавӣ ва дастат аз кор мемонад. ✨ Овози Худованд бошад — ин ҳамеша оромӣ ва роҳи наҷот аст. Он мисли як садои пасту ором меояд. Худованд туро саросема намекунад, балки оҳиста ва бо меҳр аз паси Худ мебарад. Ҳатто вақте ки Ӯ ба мо танбеҳ медиҳад ва хатоямонро нишон медиҳад, инро танҳо барои наҷот додани мо мекунад. Овози Ӯ ба дили одам чунон оромие мебахшад, ки ҳатто дар вақти сахттарин тӯфонҳои зиндагӣ ҳам метавонӣ хотирҷамъ ва беғамона хоб кунӣ. 🕊 Гӯши дили шумо бештар ба кадом овоз гӯш медиҳад? #Имон #Оромӣ #Худованд #Ҳикмат #Зиндагӣ #Рӯҳбаландӣ #Тоҷикистон

  • ЗАНГИ ПАДАР Як падар қарор дод, ки ба фарзандонаш занг зада, як гапи хеле муҳимро гӯяд. Аммо бо ҳамаашон гап зада натавонист. 📱 Фарзанди якум. Ба ӯ зангаш нарафт, чунки телефонаш хомӯш (выключен) буд. 🏃‍♂️ Фарзанди дуюм. Ӯ ба занг ҷавоб дод, лекин дар роҳ рафта-рафта гап мезад. Ӯ ба куҷое шитоб дошт, тез-тез парешон мешуд ва қариб ки гапи падарро гӯш намекард. 💬 Фарзанди сеюм. Ӯ ҳам телефонро бардошт. Лекин ба телефонаш пайдарпай зангҳои дигар, СМС ва хабарҳо меомаданд. Ӯ кӯшиш мекард, ки ба ҳамааш ҷавоб диҳад ва ҳамаро гӯш кунад. Барои ҳамин, баъди чанде бо азоб ба ёд овард, ки падараш ба ӯ чӣ гуфта буд. ❤️ Фарзанди чорум. Аммо ин фарзанд мунтазири занги падар буд. Ӯ ҳамин ки зангро дид, ҳамаи корҳояшро як сӯ монда, ҳар як сухани падарро бодиққат гӯш кард. Баъди сӯҳбат ӯ муддати дароз дар бораи гапҳои шунидааш фикр кард ва мувофиқи маслиҳати падараш амал намуд. Ва ин кор ба ӯ фоидаи калон овард. 📌 МАЪНОИ ИН МАСАЛ ДАР ЧИСТ? Занги падар — ин Каломи Худост, ки Худованд мехоҳад ба гӯши одам расонад. 📵 Фарзанде, ки телефонаш хомӯш буд — ба одамоне монанд аст, ки намехоҳанд Каломи Худоро шунаванд. Онҳо ҳатто роҳ намедиҳанд, ки ин суханон дар ҳаёти онҳо садо диҳад. Барои ҳамин, шайтон омада, ин суханро пеш аз он ки ба дилашон расад, медуздад. 🚶‍♂️ Фарзанде, ки дар роҳ гап мезад — ба касоне монанд аст, ки баъзан дар бораи Худо шунидан мехоҳанд, аммо барои Ӯ шуда, аз корҳояшон боздошта наметавонанд. Онҳо Каломро мешунаванд, лекин диққати лозима намедиҳанд. Барои ҳамин он тез аз ёд мебарояд ва ҳеҷ самарае намеорад. 🔔 Фарзанде, ки паиҳам зангҳои дигарро қабул мекард — мисли одамонест, ки ба Каломи Худо шавқ доранд, лекин ҳамроҳи он ба ҳаёташон овозаҳо, маслиҳатҳо ва ақидаҳои гуногунро низ ҷой медиҳанд. Дар натиҷа, он чи ки Худо гуфт, дар байни дигар гапҳо гум мешавад. Онҳо Каломро рад намекунанд, аммо вай дар ҳаёташон ҷойи аввалро намегирад. 📖 Аммо фарзанде, ки мунтазири занги падар буд — ба инсоне монанд аст, ки дар ҷустуҷӯи Каломи Худост. Вақте онро мешунавад, дар дили худ нигоҳ медорад, дар борааш фикр мекунад ва мувофиқи он амал мекунад. Маҳз ҳамин гуна муносибат мева меорад. ✨ «Пас, диққат диҳед, ки шумо чӣ тавр гӯш мекунед. Зеро ба касе, ки дорад, боз дода мешавад; ва аз касе, ки надорад, ҳатто он чи ки ба гумонаш дорад, гирифта мешавад.» (Луқо 8:18)

  • 🍎 Дарахти себро наҷунбонед... Вақте себ пухта расид, худаш меафтад. Ҳар як ҳодиса дар вақти лозима ва ҳамон тавре ки бояд шавад, рӯй медиҳад. ⏳ 📖 «Ҳар чиз вақту соати худро дорад...» Аммо ин «вақту соат» на он вақте фаро мерасад, ки мо худамонро тайёр ҳисоб мекунем. Балки он вақтест, ки Худо мебинад: мо барои қабул кардани он чизи мехостагиамон дар ҳақиқат омода ҳастем. 🌱 Баъзан мо саросема мешавем, зиқ мешавем ва бо зӯрӣ мехоҳем зудтар ба мақсад расем. Аммо нақшаи Худо беҳтарин аст. ✨ Ӯ на фақат медонад, ки ба мо чӣ лозим аст, балки инро ҳам медонад, ки кай додани он ба мо фоидаи ҳақиқӣ меорад. 🙏 Ба Худо таваккал кунед. Агар мева ҳанӯз хом бошад, демак вақташ наомадааст. Вақте ки фурсаташ мерасад, Худо Худаш онро ба дастони шумо мегузорад. 🤲

  • 📖 Кӯтоҳтарин оят дар Инҷил фақат аз ду калима иборат аст: «Исо гиря кард». (Юҳанно 11:35) 💧 Лекин дар ҳамин ду калима як дунё маъно аст. Масеҳ аз дарди мо бегона нест. Ӯ мушкилиҳои моро аз дур истода тамошо намекунад ва фақат бо гапҳои «дуруст»-у насиҳат кифоя намекунад. Ӯ ба ғами мо шарик мешавад ва ҳамроҳи мо гиря мекунад. 🌿 Ҳатто медонист, ки худи ҳозир Лаъзорро аз нав зинда мекунад, лекин боз ҳам ҳамроҳи онҳое, ки ғамдор буданд, гиря кард. ❤️ Дар Инҷил садҳо оят ҳаст. Лекин ҳамин ояти аз ҳама кӯтоҳ рост ба дил мезанад. Ин яке аз лаҳзаҳои таъсирбахштарин дар Китоби Муқаддас аст. ✨ Як факти шавқовар: Дар нусхаи аслии юнонӣ ҳам ин яке аз кӯтоҳтарин ҷумлаҳо дар Инҷил аст: ἐδάκρυσεν ὁ Ἰησοῦς — «Исо гиря кард». Баъзан калимаҳои аз ҳама кӯтоҳ дар Китоби Муқаддас чуқуртарин маъноро доранд. 🙏

  • 6 авг.556672

    ✨ Каломи имрӯз 📖 "Ва Худованд паноҳгоҳи мазлумон хоҳад буд, паноҳгоҳ дар лаҳзаҳои тангӣ. Ва орифони исми Ту ба Ту таваккал хоҳанд кард, чунки Ту, эй Худованд, толибони Худро тарк намекунӣ." (Забур 9:10-11) 📌 Худованд ҳимоятгари асосии мо дар рӯзҳои душвор аст. Касе, ки Ӯро мешиносад, метавонад ба Ӯ пурра бовар кунад, чунки Худо ҳаргиз пайравони худро тарк намекунад. 🛠 Агар имрӯз ба ягон душворӣ ё ташвиш рӯ ба рӯ шавед, кӯшиш накунед, ки ҳамаи борро танҳо худатон бардоред. Як лаҳза фикр кунед, нафаси чуқур кашед ва дар дили худ бигӯед: "Худо паноҳгоҳи ман аст, Ӯ вазъиятро назорат мекунад ва маро ҳеҷ гоҳ намепартояд".

  • без подписи

  • без подписи

  • без подписи

  • без подписи

  • 📌 Агар Китоби Муқаддас чизеро гуноҳ гӯяд, пас ин гуноҳ аст... Ва фикри одамоне, ки ба ин розӣ нестанд, дигар муҳим нест. 🔄 Одамон метавонанд фикрашонро иваз кунанд, лекин Каломи Худо ҳеҷ гоҳ дигар намешавад. ⚖️ Чӣ хуб асту чӣ бад, инро мардум не, балки худи Худо муайян мекунад. Барои ҳамин, имондори ҳақиқи ҳаёти худро на аз рӯи гапи мардум, балки дар асоси Каломи Худо месозад. 🙏

  • 💬 "Одил, ҳатто агар ҳафт бор афтад ҳам, боз бармехезад ва ба пеш меравад." — (Масалҳо 24:16) 💡 Аз хато кардан натарс — ин як қисми роҳи туст. ✅ Дар хатои худ дарнамон — биандеш, ки он ба ту чӣ омӯзонда метавонад.

  • 📖 Каломи Худо ба замон тобеъ нест... Каломи Худо кӯҳна намешавад ва ба синну сол нигоҳ намекунад — он барои ҳар як насл ҳамеша гапе барои гуфтан дорад. ✨ 🕊 Каломи Худо аз гузашта нақл мекунад, имрӯз ба мо роҳи ростро нишон медиҳад ва ояндаро бо дилпурӣ ба рӯямон мекушояд. ⏳ Барои ҳамин ҳам, он дар ҳама давру замон барои ҳар як насл даркор ва муҳим боқӣ мемонад. #КаломиХудо #Имон #Ҳаёт #Ҳақиқат #Умед #Насиҳат #Тоҷикистон

  • ✨ «Одамони пирро хор накун, чунки худи мо ҳам як рӯз пир мешавем.» Худованд аз мо мехоҳад, ки хурду калонро ҳурмат кунем, махсусан онҳоеро, ки умри дароз дидаанд. 🤲 Вақте ки мо ба калонсолон меҳрубониву ғамхорӣ мекунем, мо амри Худоро дар бораи дӯст доштани якдигар ба ҷо меорем. ❤️ ⏳ Фаромӯш накун, ки вақт барои ҳама баробар аст! #насиҳат #эҳтиром #ҳикмат #зиндагӣ #имон

  • ✨ Оё шумо аҳамият додаед, ки Исо дар ҷойҳои тамоман ғайричашмдошт таълим медод? Барои ӯ ягон ҷойи махсус ё саҳнаи калон даркор набуд — тамоми ҳаёташ минбари ӯ буд. 🌍 Ӯ дар куҷо бо мардум суҳбат мекард? ⛰ Дар болои кӯҳ ⛵️ Дар лаби кӯл аз даруни қаиқ 🏠 Дар хона ва ибодатгоҳ 🛣 Дар роҳ ва сари чоҳ ✝️ Ва ҳатто дар болои салиб... Исо мунтазири шунавандаҳои махсус ё шароити идеалӣ намешишт. Ӯ бо одамон дар ҳамон ҷое, ки буданд, гап мезад: хоҳ моҳигирони камбағал бошанд, хоҳ занҳо, андозғундорҳо ё сарбозони румӣ. 👥 Айнан барои ҳамин, таълимоти ӯ ба дили одамон зуд роҳ меёфт ва бениҳоят фаҳмову зинда буд! ❤️ 💡 Як факти шавқовар: Яке аз машҳуртарин мавъизаҳои Исо дар кӯли Ҷалил, рост аз даруни қаиқи моҳигирӣ гуфта шудааст (Луқо 5:1-3). Қаиқи Шимъӯни Петрус барои ӯ ҳамчун минбари муваққатӣ хизмат кард. Об бошад, мисли акустика (баландгӯяк) овозашро баландтар мекард — ва ҳазорҳо одамон аз лаби об истода, гапҳои ӯро бемалол мешуниданд! 🌊🔉 #Исо #Инҷил #Имон #Таълимот #ДалелҳоиКитобиМуқаддас #Христианӣ #Тафаккур

  • ✨ Худо мисли одамон нигоҳ намекунад... 👤 Вақте ки одамон ба Соро ҳамчун як зани бефарзанд нигоҳ мекарданд, Худо дар ӯ модари як халқи бузургро медид. 👦 Вақте ки одамон ба Довуд ҳамчун як чӯпонбачаи ҷавон нигоҳ мекарданд, Худо дар ӯ подшоҳи ояндаи Исроилро медид. ⛓ Вақте ки одамон Юсуфро як маҳбуси бечора медиданд, Худо дар ӯ ҳокими Мисрро медид. 💡 Барои ҳамин, ҳеҷ гоҳ зиқ нашавед, ки одамон дар бораи шумо чӣ хел фикр мекунанд ё шуморо кӣ меҳисобанд. Худо дар вуҷуди шумо чизи хеле калонтарро мебинад. Ӯ барои ҳаёти шумо як нақшаи аълову беназир дорад! 🤍 📖 "Худо мисли одамон нигоҳ намекунад." (1 Шоҳон 16:7)

  • 🙏 Озмоишҳои Худованд барои дили мо Худо давраҳои гуногуни зиндагиро барои он медиҳад, ки дили одамро бисанҷад ва қавӣ гардонад. 1. 🌾 Дар вақти фаровонӣ — шукронаи моро месанҷад. 2. 🤲 Дар вақти камбағалӣ — қаноати моро. 3. 🌑 Дар рӯзҳои торик — имони моро. 4. 🕰️ Дар ҳар вақту соат — фармонбардории моро. 💡 Яъне ин озмоишҳо барои шукрона, қаноат, имон ва фармонбардории мо мебошанд. ✊ Вафодор бошед, ҳатто вақте ки тарс доред! #имон #шукрона #ибодат #ҳикмат #тоҷикистон

  • 📖 «Худованд ба дилшикастагон наздик аст» (Забур 33:19) 💡 Баъзан ҳамин хел мешавад, ки ҳатто барои дуо кардан ягон қуввату мадор намемонад. ✅ Ҳеҷ гап не, айнан ҳаминро ба Худо бигӯ. Ӯ ҳолати туро мефаҳмад! 🕊 #оромӣ #имон #тоҷикистон #паём

  • 🤔 Шумо медонистед, ки бисёри пайғамбарон роҳи худро худашон интихоб намекарданд? ✨ Масалан, Ирмиё (Иеремия) ҳанӯз пеш аз таваллуд шуданаш даъват шуда буд: 📖 «Пеш аз он ки туро дар шиками модарат пайдо кунам, Ман туро мешинохтам ва пеш аз он ки ба дунё биёӣ, Ман туро махсус ҷудо кардам: барои халқҳо туро пайғамбар мондам» (Ирм. 1:5). ☝️ Ин нишон медиҳад, ки онҳоро маҳз худи Худованд интихоб кардааст. 💡 Як чизи аҷиб: Бисёри пайғамбарон дар аввал розӣ намешуданд, чунки мефаҳмиданд, ки ин чӣ гуна кори вазнин аст. 🔹 Мӯсо мегуфт, ки вай нағз гап зада наметавонад (Хур. 4:10). 🔹 Ирмиё баҳона мекард, ки ҳоло ҷавон аст ва гап заданро намедонад (Ирм. 1:6). 🔹 Юнус бошад, умуман аз супориши ба шаҳри Найнаво рафтан гурехтанӣ мешуд (Юн. 1:2-3). ❤️ Аммо ба ин нигоҳ накарда, Худованд ҳамеша ҳамроҳашон буд ва барои иҷро кардани вазифаашон ба онҳо ёрдам медод. #пайғамбарон #имон #китоби_муқаддас #оятҳо #дониш #ҳақиқат